Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Доналд Туск: Сарез хеле зебо аст, вале...

Акс аз саҳифаи фейсбукии Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо гирифта шудааст

Доналд Туск дар саҳифаи фейсбукии худ рӯзи 30 май аксҳое аз манзараҳои Сарез ва ҳайати мақомоти тоҷику аврупоиро нашр карда навишт: “Тағйироти табиатро дар ин ҷо мешавад мушоҳида кард. 5 пирях аллакай нопадид шуд, сатҳи об боло меравад. Тағйироти иқлим як масъалаи ҷаҳонӣ аст, ки мо бояд муштаракан бо он мубориза барем”.

Ин нахустин изҳороти президенти Шӯрои Аврупо дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аст, ки дар саҳифаи ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук баъди ошноӣ бо кӯли Сарез нашр шуд. Доналд Туск дар садри ҳайати баландпояи мақомоти Иттиҳодияи Аврупо шоми 29 май ба Тоҷикистон омад ва нахуст бо чархбол ба тамошои кӯли Сарез парвоз кард. Ҳадафи ин сафар – мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, баррасии стратегияи нави ИА барои Осиёи Марказӣ, ошноӣ бо мушкилоти марбут ба тағйироти иқлим ва масоили амниятӣ мебошад.

Рӯзи 29 май бархе намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он изҳори нороҳатӣ карданд, ки президенти Шӯрои Аврупо мулоқоту гуфтугӯи ҷудогонае бо намояндагони созмонҳои маданӣ ва матбуот доир накард, то ки, ба гуфтаи онҳо, “масоили марбут ба зиндониҳои сиёсӣ, фишор болои авдкатҳо, бастани интернет” ва масоили дигар матраҳ шавад.

Рӯзи 30 май сухангӯи Доналд Туск ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар дидору гуфтугӯ бо президент Раҳмон президенти Шӯрои Аврупо қарор аст масоили ҳуқуқи башарро низ матраҳ кунад.

Верховная Рада истеъфои нахуствазирро қабул накард

Парлумони Украина бо истеъфои нахуствазир Владимир Ҳройсман мухолифат кард. Дар овоздиҳие, ки рӯзи 30 май дар Верховная Рада баргузор шуд, аз 226 вакил танҳо 97 нафар ба ҷонибдории истеъфои Ҳройсман овоз доданд. Баъди савгандёдкунии президент Владимир Зеленский дар таърихи 20 май, ӯ аз ҳукумат тақозо кард, ки ба истеъфо равад ва ба баргузории интихоботи зудраси парлумонӣ амр дод.

Худи Ҳройсман дар суханронии худ дар парлумон гуфт:

“Ман дар вазифаи худ монданӣ нестам. Ман аризаи истеъфои худро додам ва тасмим имрӯз бо шумо аст. Аз сӯи дигар, ман ҳамеша як шахси бомасъулият будам ва ҳеҷ гоҳ аз масъулият наҳаросидам. Ҳамаи ин се соли охир ҳар субҳ ҳар рӯз ман масъулияти худро дар баробари ин кишвар бахубӣ дарк кардаам”

Рӯзи панҷшанбе маъмурияти Зеленский эълон кард, ки президент шахсан аз парлумон дархост намуд, ки вазири хориҷа Павло Климкин, вазири дифоъ Степан Полторак ва раиси Хадамоти амният Васил Ҳритсакро аз мақомашон баркарор кунад. Дафтари президент гуфтааст, ки ҷараёни барканории додситони кулл Юрий Лутсенко муваққатан боздошта мешавад.

Интихоботи парлумонӣ дар моҳи июл баргузор мешавад. Вале дар овоздиҳии изтирории рӯзи 22 май аъзои Верховная Рада бо баррасии тағйирот ба қонун мухолифат карда Зеленскийро дар бораи чолишҳое ҳушдор додааст, ки дар пешорӯи кори нави панҷсолааш қарор дорад.

Маргталабе 6 нафарро дар коллеҷи Маршал Фаҳим кушт

Ҳамла дар инҷо сурат гирифт.

Дар натиҷаи як ҳамлаи маргталабона дар назди дарвозаи яке аз омӯзишгоҳҳои низомӣ дар шаҳри Кобул дасти кам 6 нафар кушта шудаанд. Мақомоти Афғонистон гуфт, ки бомбгузори маргталаб рӯзи 30-уми май дар назди дарвозаи Коллеҷи низомии ба номи Маршал Фаҳим тарконд.

Ҳамла дар замоне сурат гирифтааст, ки донишҷӯён аз коллеҷ, яке аз омӯзишгоҳҳои аслии низомӣ берун меомаданд. Фирдавс Фаромурз, сухангӯи пулиси Кобул гуфт, ки бомбгузор ҳангоми наздик шудан ба сарбозон худро таркондааст.

Ба қавли ӯ, “Бар асоси иттиллои муқаддамотӣ шаш нафар кушта ва шаш тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.” Касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Айни замон вазорати дифои Афғонистон рӯзи 30-уми май гуфт, ки нерӯҳои махсус 28 нафарро аз як зиндони Толибон дар вилояти Зобул озод кардаанд. Дар натиҷаи амалиёт ду ҷангҷӯи Толибро куштаанд.

Сухангӯи Туск: Дар мулоқот бо Раҳмон масоили ҳуқуқи башар ҳам матраҳ мешавад

Брюссел, декабри соли 2015. Эмомалӣ Раҳмон дар меҳмонии ИА ва Доналд Туск

Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар мулоқот бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе дар баробари масоили мисли стратегияи нави ИА барои ОМ, мудирияти марзҳо, масоили оби минтақа, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили минтақавӣ инчунин дар робита бо мушкилот дар бахши ҳуқуқи башар сӯҳбат хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи 30 май дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ сухангӯи Туск – Пребен Ааман хабар дод. “Дар робита бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, - ба гуфтаи Ааман, - Иттиҳодияи Аврупо дар чаҳорчӯби муколамаҳои ҳуқуқи башар бо Тоҷикистон амал мекунад, ки аз ҷумла, бархе парвандаҳои инфиродиро низ дар бар мегирад”.

Ба гуфтаи ин мақоми ИА, худи сафари Туск ба стратегияи нави Осиёи Марказӣ “аломати рӯшани аҳамияти афзояндаи ин минтақа дар чашми ИА мебошад”, гуфт сухангӯи раҳбари ИА.

Раҳбари аршади Иттиҳодияи Аврупо бо нахустин сафари расмӣ шоми 29 май вориди Душанбе шуд ва қарор аст бо мақомоти Тоҷикистон стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказиро баррасӣ кунад. Бо ин ҳадаф шоми 30 май дидору гуфтугӯи Доналд Туск бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар гирифта шудааст.

Стратегияин нави ИА, ки барои ҳафт соли оянда пешбинӣ шудааст, бо ҳадафи кӯмак дар рушди кишварҳои минтақа, мубориза бо таҳдидҳои амниятии мисли терроризму экстремизм, муқобила бо паёмадҳои тағйироти иқлим, ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва волоияти қонун роҳандозӣ мешавад.

Тоҷикистон гуфтааст, ки дар доираи ин барнома мехоҳад кӯмаки ИА-ро дар амри тақвияти соҳаи энергетикаи ин кишвар дарёфт кунад.

Боздиди президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск аз Тоҷикистон рӯзи 30 май аз сафар ба Бадахшон ва ошноӣ бо кӯли Сарез шурӯъ шуд.

кӯли Сарез
кӯли Сарез

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва барномаи Фокус дар вилояти Бадахшон рӯзи 30 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳайати аврупоӣ барои ошноӣ бо кӯли Сарез савори чархболҳо ба ин маҳал ҳозир шуда, “тахминан як соат дар ин ҷо буданд”. Дар ин сафар онҳоро раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов ҳамроҳӣ кардааст. “Онҳо якбора ба ноҳияи Рӯшон парвоз карда, аз он ҷо ба Сарез рафтанд. Меҳмонҳои аврупоӣ ба Хоруғ ташриф наоварданд”, гуфт як корманди барномаи Фокус дар Хоруғ.

Дар остонаи сафари Туск ба Тоҷикистон як мақоми ҳукуматӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳадафи сафари президенти Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон – ошноӣ бо вазъи пиряхҳои Помир ва вазъи кӯли Сарез аст. Ин манбаъ, ки нахост ном бурда шавад, ҳамчунин гуфт, "азбаски тағйирёбии иқлим дар сархати сиёсатҳои ҷаҳонии ИА аст, бо хоҳиши ҷониби аврупоӣ ҳайат аз вазъи пиряхҳои Тоҷикистон ва кӯлҳо дар баландкӯҳ дидан мекунад."

Кӯли Сарез дар натиҷаи заминларзаи соли 1911 ба миён омада, 17 километри мукааб об дорад. Сатҳи оби он сол ба сол боло меравад. Дар сурати рахна шудани кӯл ба гуфтаи мутахассисон мумкин аст, фалокати азиме ба вуҷуд биёяд, чун қаламравҳои васеъ на танҳо дар Тоҷикистон, балки кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ зери об мемонанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмону кишварҳои хориҷӣ тадбирҳои ҷилавгирӣ аз рахнашавии кӯлро ба роҳ мондаанд. Доналд Туск нахустин дипломати баландпояи аврупоӣ аст, ки аз Тоҷикистон дидан мекунад ва аз ҳамин назар, ба қавли ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, "дорои аҳамияти сиёсист".

Барномаи сафари Туск инчунин ошноӣ бо бархе манотиқи дигари Тоҷикистонро ҳам дар назар мегирад ва бо мулоқоти шомгоҳӣ бо президент ва изҳороти матбуотӣ ба анҷом мерасад. Барномаи сафар мулоқот ва гуфтугӯҳо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва саволу ҷавоб бо хабарнигорони Тоҷикистонро дар назар намегирад ва ин чиз мояи нороҳатии бархе фаъолони ҳуқуқи инсон дар кишвар шуд.

Русия милисаи собиқро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард

Додгоҳи олии Русия дархости бознигарии ҳукми додгоҳи зинаҳои поёниро дар робита ба Евгений Чуплинский рад ва ҳукми зиндони абадро бетағйир боқӣ гузошт. Чуплинский, сокини Новосибирск дар куштори 19 зан айбдор аст.

Тафтишот мегӯяд, корманди пешини милиса 19 занро ваҳшиёна кушта ва пора пора кардааст. Вай ин кушторро аз соли 1998 то 2005 анҷом додааст. Вай он замон дар раёсати корҳои дохилии Новосибирск кор мекард.

Корманди пешини милисаро танҳо дар соли 2016 боздошт карданд. Вай айбро эътироф ва бо тафтишот ҳамкорӣ кард. Табибон гуфтанд, Чуплинский аз ҷиҳати равонӣ комилан сиҳат аст.

Аммо хилофи эътирофҳои пешин, вай моҳи апрели соли 2017 гуфт, ҷинояте содир накардааст. Дӯстон ва наздикони Чуплинский бовар надоранд, ки вай куштор анҷом додааст.

Дар Узбекистон аз омӯзгорон иҷборан "садақаи фитр" меситонанд

Дар вилояти Андиҷони Узбекистон омӯзгорони мактабҳои миёнаро маҷбур доранд, ки ба ҳисоби бунёди хайрияи "Вақф"-и ин кишвар пул гузаронанд.

Ба гуфтаи омӯзгорон, аз ҳар нафари онҳо пешакӣ имзо мегиранд, ки розӣ аст, аз моҳонааш ҳамчун садақаи фитр 50 ҳазор сӯм (6 доллар) бигиранд. Мудири яке аз мактабҳои Андиҷон низ тасдик кард, ки аз маоши омӯзгорон маблағи муайянеро ҳамчун садақаи фитр меситонанд.

Вале як намояндаи бунёди "Вақф" гуфт, ин маърака бо ташаббуси мақомоти маҳалҳо роҳандозӣ шуда, раҳбарияти бунёд ба касе дастур надодааст ва хайр кардан ба ҳисоби онҳо низ кори ихтиёрӣ аст.

Ба гуфтаи яке аз омӯзгорони ноҳияи Андиҷон, ки нахост номаш бурда шавад, аз муаллимони мактабҳо бори нахуст садақаи фитр ҷамъ карда мешавад. Омӯзгорони мактабҳои дигари ноҳия низ тасдиқ карданд, ки мақомот аз онҳо барои бунёд пул талаб доранд.

Муовини мудири яке аз мактабҳои Андиҷон гуфт, маъракаи мазкур бо дастури раҳбарияти Идораи маорифи вилоят роҳандозӣ шудааст. "Аз вилоят ба мудири маорифи ноҳия дастур додаанд ва мудири маориф низ дар навбати худ ба раҳбарони мактабҳо дастур дод. Ҳамаи омӯзгоронро маҷбур доранд, ки дар рӯйхат имзо гузошта, ба муҳосиб диҳанд. Ин кор дар ҳамаи мактабҳо дида мешавад",-афзуд ӯ.

Яке аз имомҳои вилояти Андиҷон гуфт, маъракаи ҷамъоварии садақаи фитр дар тамоми вилоят ҷараён дорад. "Аз омӯзгорони мактабҳо 50-ҳазорсӯмӣ ва аз кормандони корхонаҳои дигар бештар гирифта мешавад. Ҳоло ҳамаи имомҳо кӯча ба кӯча гашта, пул мепурсанд. Мардум норозӣ ҳастанд ва мегӯянд, пули додаашон то ба ниёзмандон намерасад",-изҳор дошт имом.

Ёдрас мешавем, моҳи апрели соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки гӯиё раҳбари бунёди хайрияи "Вақф" ҳамчун нақлиёти хидматӣ гаронтарин мошини истеҳсоли Узбекистон - "Малибу-2"-ро харидааст. Намояндагони бунёд гуфтанд, ки мошинро ба хотири пешвоз гирифтани меҳмонҳои хориҷӣ харидаанд.

Афсари тоҷик барои бо дос задан ба сари сарбоз ҷазо гирифт

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе як афсари вазорати дифоъро барои бадрафторӣ бо як сарбоз ҷазо додааст. Дар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 30-уми май нашр шуд омадааст, ки Комрон Саидмамадов, фармондеҳи гуруҳи 30 нафаррии ротаи посбони фахрии вазорати дифоъ барои бо дост ба сари сарбоз задан ҷазо гирифт.

Ба гуфтаи додгоҳ, ӯ Комрон Саидмамадов баъди онки як зертобеаш ба сабаби ҳассосият ва ё аллергия доштан аз даравидани алафи назди майдони сафороӣ худдорӣ мекунад, бо дос ба сари ӯ мезанад ва ӯро маҷрӯҳ мекунад. Ҳодиса моҳи апрел рух додааст. Додгоҳ амр додааст, ки аз лейтенант Комрон Саидамадов, барои риоят накардани ойинномаи ҳарбӣ барои як сол аз 15 дар сади музди кораш ба фоидаи давлат ситонида шавад.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, “Дар давраи адои ҷазо Комрон Саидамадов ба мансаби баланд таъин кардан ё ба ӯ додани рутбаи ҳарбии баландтар манъ аст”. Назари вакили дифоъ ва ё худи Комрон Саидмамадов ба Радиои Озодӣ маълум нест. Аммо бадрафторӣ бо сарбозон дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон як мушкили доғ боқӣ мемонад.

Аз Қирғизистон дар чанд сол ба хориҷ $250 млн бурда шудааст

Тибқи санадҳое, ки дастраси Бахши қирғизии Радиои Озодӣ шуд, тайи чанд соли ахир аз Қирғизистон дасти кам 250 миллион долларро ба хориҷ бурдаанд. Рӯзноманигори радио Алӣ Токтакунов дар пайи таҳқиқи худ муайян кард, ки як қисми ин пулҳо ба ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ ворид гаштааст. Вале манбаъҳои муътамад мегӯянд, пуле, ки ба хориҷ аз Қирғизистон бурдаанд, беш аз 700 миллион доллар аст.

Расидҳои бонкӣ нишон медиҳанд, ки шаҳрванди Чин Айэркин Саймаитӣ ҷамъан ба 13 кишвар, аз ҷумла Туркия, Бритониё, АМА, Олмон ва Русия садҳо миллион доллар фиристодааст. Худи Саймаитӣ солҳои 2015-2017 аз Туркия бо номи ҳамсараш ба ҳисоби бунёди хайрияи ба номи Исмоил Матраимов дар Қирғизистон $2 338 700 гузарондааст.

Ин бунёд ба номи Руслан Матраимов -- бародари хурдии муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов сабти ном аст. Худи ӯ дар суҳбат бо радио гуфт, ки Саймаитӣ ва ҳамсарашро намешиносад ва аз онҳо пуле ҳам дарёфт накардааст. Бунёди "Исмоил Матраимов" солҳои ахир чорабиниҳои варзишиеро бо иштироки мансабдорони баландпоя баргузор мекунад.

Муовини раиси Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон Эмил Жамгирчиев 27-уми май гуфт, санҷиши дороиҳои Матраимов ба зудӣ ба поён мерасад. Бояд гуфт, санҷиши дороиҳои Райимбек Матраимов панҷ сол мешавад, идома дорад.

Нурсултон Назарбоев соҳиби як унвони дигар шуд

Вакилони сенати Қазоқистон дар ҷаласаи рӯзи 30-юм май аз додани унвони "сенатори фахрӣ" ба президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев ҷонибдорӣ карданд. Додани унвони "сенатори фахрӣ"-ро ба Нурсултон Назарбоев президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар маросими савгандёдкуниаш дар охирҳои моҳи март пешниҳод карда буд.

Тоқаев дирӯз дар оғози ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) низ эълом кард, ки бо пешниҳоди раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба Нурсултон Назарбоев унвони "раҳбари фахрии ИИАО" дода шуд. Худи Назарбоев пеш аз ҷаласа президентҳои Русия, Белорус ва Қирғизистонро бо ордени ба номи худ қадрдонӣ кард.

"Додани унвони "сенатори фахрӣ" маънои эътирофи хидматҳои таърихии президенти нахустини Қазоқистонро дорад, ки ҳамчун бунёдгузори давлати Қазоқистон ба хотири ҳифзи Конститутсия, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандон анҷом додааст",-омадааст дар иттилоияи сенат.

Нурсултон Назарбоев, ки моҳи март аз мақомаш истеъфо дод, имсол ба сини 79 медарояд. Ӯ зимоми қудратро дар Қазоқистон ҳанӯз пеш аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар соли 1989 ба даст гирифт. Соли 1990 бори нахуст президенти Қазоқистон интихоб шуда, дар чандин интихоботҳои президентии баъдӣ низ баранда эълом гашт. Муҳлати президентии ахири ӯ соли 2020 ба поён мерасид. Вай соли 2017 "дарозумртарин президент" дар кишварҳои пасошӯравӣ эълом шуд.

Расонаҳои Қазоқистон бори нахуст соли 2016 дар бораи бад шудани саломатии Назарбоев расман хабар доданд, ки боиси лағви сафараш ба Арманистон шуда буд. Баъд аз ин Назарбоев тасмим гирифт, салоҳиятҳои президентро байни ҳукумат ва порлумони Қазоқистон тақсим ва духтари калонияшро узви палатаи болоии порлумон таъйин кунад.

Фаъолон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, таҳрими пахтаи Узбекистонро бекор накунанд

Гуруҳе аз ҳомиёни ҳуқуқи Узбекистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, ки феълан таҳрими пахтаи узбекиро бекор накунанд. Дар сомонаи Маъмурияти назорати ҳуқуқ ба меҳнат дар Осиёи Марказӣ муроҷиати фаъолон нашр шудааст. Ин маъмурият давоми чандин сол масъалаи меҳнати маҷбуриро дар пахтазорҳои Узбекистон омӯхтааст.

"Мо мушоҳида кардем, ки нақбканон, кормандони соҳаи барқ, кормандони корхонаи кимиё, кормандони милиса, низомиҳо, соҳибкорон, кормандони соҳаи нафту газ, бахши бонкӣ ба ноҳияҳои дурдаст бурда шуда, то 15-уми ноябри соли 2018 пахта ҷамъоварӣ кардаанд",-омадааст дар муроҷиати фаъолон.

Фаъолон гуфтаанд, ки таҳрими пахтаи Узбекистон бояд то замоне нигаҳ дошта шавад, ки ин кишвар меҳнати маҷбуриро комилан аз байн набарад. Моҳи апрел Созмони ҷаҳонии меҳнат хабар дод, ки дар соли 2018 дар Узбекистон наздики 170 000 одам иҷборан ба пахтачинӣ сафарбар шудаанд.

25-уми март ИМА таҳрими пахтаи узбекиро бекор кард.

Эътилофи байналхалқии ширкатҳои пахтаи Cotton Campaign соли 2010 бо ҳадафи таҳрими Узбекистон таъсис шуда буд. Эътилоф гуфт, дар Узбекистон кӯдакону калонсолон ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб мешаванд. Тамғаҳои маъруфи тиҷоратие амсоли Nike, Zara, GAP, Levi's, H & M, UNIQLO ва ғайраҳо ба ин маърака ҳамроҳ шуда буданд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ муовини сарвазири Узбекистон Танзила Норбоева дар ҷараёни сафараш ба ИМА бо намояндагони созмонҳои байналхалқӣ гуфтугӯ карда, аз онҳо хост, ки таҳрими пахтаи узбекиро бекор кунанд.

Афви 764 нафар ба муносибати Шаби Қадр дар Туркманистон

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон ба муносибати шаби Лайлатулқадр дар Иди Рамазон 764 зиндониро афв кардааст.

Сафармурод Ниёзов, раиси ҷумҳури пешини Туркманистон айни корро дар Иди Рамазон мекард. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури худкомаи Туркманистон, ки тамоми ҷанбаҳои ҷомеаро зери назорат дорад, дар остонаи ҳар иди давлативу мазҳабӣ Қонуни афв қабул мекунад.

Ӯ дар остонаи ҷашни Наврӯз ҳам 2000 ҳазор нафарро авф кард. Аммо зиндониёни сиёсӣ аксаран аз Қонуни афв берун мемонанд.

Амрикову Сурия сулҳ дар Сурияро баррасӣ кардаанд

Ҳашт сол аст, ки ҷанг дар Сурия идома дорад.

Дипломатҳои Амрико ва Русия чораҳоеро баррасӣ мекунанд, ки дар ниҳоят ба Сурия имкон медиҳад “ба миёни ҷомеаи байналмилалӣ баргардад” Аммо бояд тарафҳо сари чанд масъала барои хотима додан ба ҷанги тӯлонии дохилӣ дар ин кишвар ба мувофиқа бирасанд.

Ҷим Ҷефрӣ, фиристодаи хоси Амрико барои Сурия рӯзи 29-уми май баъди нишасти паси дарҳои бастаи Шӯрои Амният ба хабарнигорон гуфт, Вашингтон ва Маскав барои поён додан ба ҷанги ҳаштсола “масъалаҳоро қадам ба қадам ҳал кунанд” ва барои ин қабули қарорҳои сахте зарур мешаванд.

Баёнияи Ҷим Ҷеффрӣ, аломате аз ҳамкориҳои нави Русия ва Амрико барои поён додан ба ҷанги Сурия аст. Дар ин ҷанг Русияву Амрико Эрону Туркия ва аз тарафи дигар гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ва созмонҳои террористии дигар шомил шудаанд.

Ҷим Ҷеффрӣ гуфт, Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико моҳи марти имсол дар шаҳри Сочӣ дар Русия нақшаеро баррасӣ кардаанд, ки “ба ҳукумати Сурия иҷоза медиҳад, бо риояти Қатъномаи 2254 Созмони Милал ба ҷомеаи байналмилалӣ баргардад.”

Русия ҳамроҳ бо Эрон яке аз ҳомиёни асосии Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия ҳастанд ва Амрикову Туркия аз гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат ҳимоят мекунанд. Қатъномаи 2254 аз рӯзи 30-уми июни соли 2012 хоҳони музокироти сулҳ, тарҳи нави Қонуни асосӣ ва интихобот зери сарпарастии Созмони Милал аст.

Қатли зани покистонӣ, ки гирифтори вируси ВИЧ СПИД буд

Падару модари Ума ва худи ӯ гирифтори ВИЧ СПИД шудаанд.

Пулиси Покистон мегӯяд, як мард занашро, ки ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор буд, ба хиёнат муттаҳам карда куштааст. Ин зан аз як маҳалле дар вилояти Синд буд, ки онҷо 700 нафар аксаран кудакон ба бемории вируси норасоии масунияти бадан сироят шудаанд ва як табибро сабаби сирояти онҳо медонанд.

Мақомоти Покистон рӯзи 29-уми май гуфтанд, ки зани 32-соларо дар рустои Сикарпур дар наздикии шаҳри Ларкана дар маҳалли хуруҷи беморӣ куштаанд. Доман задани ВИЧ СПИД дар инҷо мардуми минтақаро ваҳшатзада кардааст. Ба гуфтаи мақомот, сабаби паҳн шудани беморӣ, Музаффар Гангаро, як табиби гирифтор ба беморист, ки аз моҳи апрел ба сирояти мардуме, ки барои муолиҷа меомаданд, шурӯъ кардааст.

Табибро ҳамин моҳ ва баъд аз он дастгир карданд, ки ташхиси тиббӣ сирояти вирус ба садҳо нафарро собит кардааст. Пулис мегӯяд, мумкин аст, Музаффар Гангаро дониста мардумро ба вирус олуда кардааст. Мақомот мегӯянд, зани кушташуда модари чаҳор фарзанд буда ва ба бемории вируси норасоии масунияти бадан гирифтор шудааст, аммо шавҳараш ӯро ба хиёнат муттаҳам кардааст. Мардро бо иттиҳоми қатл дастгир кардаанд.

Дар вилояти Синд дар Покистон дастрасӣ ба хадамоти тиббӣ бисёр бад аст ва мардум ҳам дар бораи вирус бисёр кам медонанд. Аммо мутахасисон мегӯянд, густариши бемории ВИЧ СПИД дар Покистон метавонад, ба сабаби риоят нашудани меъёрҳои беҳдоштӣ дар бемористонҳо бошад. Бемории мазкур дар Покистон назар ба ҳар кишвари дигари Осиё бештар паҳн шудааст.

Яғнобро ба мамнӯъгоҳ ва "Парки Яғноб" табдил медиҳанд

Ҳукумати Тоҷикистон бо як қарор, қаламрави Яғноб, як минтақаи кӯҳистонӣ ва маҳалли зисти қавми яғнобиро ба мамнӯъгоҳ ва ё "Парки Яғноб" табдил медиҳад. Дар Оҷонси ҷангал рӯзи 30-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳукумат аз ин ниҳод ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тақозо намудааст, ки дар фурсати наздик қитъаи "Порки Яғноб"-ро дар мавзеи Яғноб мушаххас намуда, сарфу харҷи онро ба ҳукумат пешниҳод кунад.

Дар қарор зикр шудааст, ки "Парки Яғноб" аз ҳисоби заминҳои давлатӣ ва мавзеъҳои минтақаи Яғноб, ки дар тобеияти ноҳияи Айнӣ мебошад, ташкил шавад. Аз дафтари матбуоти Оҷонсии ҷангал рӯзи 30-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳадаф аз ин иқдом, ҳифзи мероси фарҳангӣ, кашфи гӯшаҳои бостоншиносӣ, рушди сайёҳӣ ва пешбурди корҳои иктишофиву илмӣ ва аз ҷумла таҳқиқи забони яғнобӣ мебошад.

Дар ҳоли ҳозир роҳи мошингард то минтақаи Яғноб вуҷуд надорад ва давоми сол ҳамагӣ 5 моҳ имкони роҳ ёфтан ба Яғноб имконпазир мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар 13 деҳаи ин минтақа ҳамагӣ 500 нафар зиндагӣ мекунанд ва як мактаби чаҳорсола фаъол аст. Забони қавми яғнобӣ аз забонҳои қадимаи суғдӣ ба ҳисоб меравад ва онҳое, ки бо забон сӯҳбат мекунанд, бисёр кам мондаанд.

Бо вуҷуди мушкилгузар будани роҳи он, бархе бостоншиносон ва сайёҳон барои ошноӣ бо забони яғнобӣ ҳамчун як шохаи зиндаи забонӣ суғдӣ, ба ин минтақа сафар мекунанд. Қаблан дар Яғноб 32 деҳа вуҷуд дошт, вале мардуми он ба ноҳияи Зафаробод, Варзоб ва атрофи Душанбе кӯч дода шуданд.

Зиндонии машҳури қирғиз мехоҳад, шоҳидони парвандааш бо Қуръон қасам бихӯранд

Ҳомии ҳуқуқ Азимҷон Аскаров, ки бо айби ташкили бетартибиҳои оммавӣ дар Қирғизистон ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст, ба сардори пулиси ноҳияи Бозор -Қурғони ин кишвар Азизбек Осконбоев муроҷиатномаеро ирсол кард.

Аскаров, аз ҷумла навиштааст, ки ӯ дар куштори корманди пулис Сулаймонов даст надорад. Ҳамчунин аз Осконбоев хостааст, 17 нафареро, ки зиддаш баёнот додаанд, дубора бозпурсӣ кунад.

"Агар ин дуруғгӯён китоби Қуръонро дар даст гирифта, баёноти худро такрор кунанд, дигар ман барои ҳимояти худ ба ҷое нахоҳам навишт. Ҷазои ҷинояткории онҳоро аз Худованд мунтазир мешавам",-гуфтааст ӯ.

Азимҷон Аскаров бо айбномаи ташкили бетартибиҳо ва даст доштан дар куштори корманди пулис дар ҷараёни даргирии байниқавмии қирғизҳо ва узбектаборон дар моҳи июни соли 2010 ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуда, зинаҳои болоии додгоҳ низ ин ҳукмро ҳимоят карданд.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон хост, парвандаи Аскаров бознигарӣ шавад. Кумита гуфт, ҳомии ҳуқуқи машҳури қирғиз ғайриқонунӣ боздошту шиканҷа шуда, дар шароити хеле бад нигаҳдорӣ мешавад.

Дертар додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон парвандаи вайро дубора баррасӣ кард, вале ҳукми зинаи аввалро бетағйир гузошт. Як қатор созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ҳанӯз ҳам исрор доранд, ки Аскаров ғайриқонунӣ ҳабс шудааст.

Дар Тоҷикистон нақшаи даъват ба артиш иҷро шуд

Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш хабар дод. Мавсими даъвати баҳории ҷавонони аз 18 то 27-солаи тоҷик барои хидмат дар артиш рӯзи якуми апрел оғоз гардида буд.

Орифҷон Нозимов, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нақшаи даъвати ҷавонон ба артиш дирӯз, 29-уми май пурра анҷом ёфт. Ӯ таъкид намуд, ки нақшаи даъватро нахуст Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, баъдан шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва сипас вилоятҳои Суғду Хатлон баробар иҷро намуданд.

Дар ҳоле, ки ҳамсӯҳбатамон мегӯяд, нақшаи даъвати ҷавонон бидуни мушкил иҷро гардид, дар ин мавсими даъват чанд навори "облава" дар Душанбе ва минтақаҳои дигари кишвар ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва боиси баҳсҳои тунд шуд.

Ҳар сол ҳазорҳо ҷавони аз 18 то 27-солаи тоҷик ба хидмати ҳатмии аскарӣ ҷалб мешаванд. Бино ба иттилои расмӣ, теъдоди афроди сини даъватӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки 150 ҳазор нафари онҳо аз хизмат расман озоданд. Яъне, ё писари ягонаи хонаводаанд, беморанд ва ё имтиёзи дигаре доранд.

Хидмат дар артиш яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон аст. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, мушкилоте ба мисли зӯргӯӣ ва камбуди ғизо бисёре аз ҷавононро аз хидмат "гурезондааст".

Барои баъзе таҳсил дар донишгоҳ ва ё муҳоҷирати корӣ роҳи халосӣ аз хидмат дар артиш шудааст. Дар чунин шароит, нақшаи даъват ба артиш на ҳамеша сари вақт иҷро мешавад ва ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, мақомот аз ҷалби маҷбурӣ ё "облава" кор мегиранд.

Нигаронии ИМА аз эҳтимоли озмоиши силоҳи ҳастаӣ дар Русия

Дар Вазорати дифои ИМА аз эҳтимоли озмоиш шудани силоҳи ҳастаӣ дар Русия изҳори нигаронӣ карданд. Сардори Идораи иктишофии Пентагон Роберт Эшлӣ гуфт, эҳтимол дорад, Москва силоҳи ҳастаии камқудратро озмоиш мекунад.

Аз ҷумла, Вашингтон мегӯяд, Русия ба эҳтимоли зиёд, созишномаи манъи ҳамагуна озмоишҳои ҳастаиро риоя намекунад. Кишварҳо бо имзои санад ба озмоишҳои мазкур моратория эълом карда буданд. Ба гуфтаи Роберт Эшлӣ, Русия барои анҷоми ин навъи озмоиш имкони техникиро дорад.

Созишномаи манъи озмоишҳои ҳастаиро кишварҳои узви СММ соли 1996 таҳия карда буданд. Зери он то ба ҳол 185 кишвар имзо гузоштааст. Аммо ба далели он ки 7 кишвари узв, аз ҷумла ИМА, Чин ва Эрон санадро имзо накардаанд, он то ба ҳол ба иҷро надаромадааст. Русия созишномаи мазкурро соли 2000 ба тасвиб расонд.

Дар 10 соли ахир 1,9 млн сокини Туркманистон ба хориҷ рафтаанд

Манбаъҳои огоҳ иттилоъ медиҳанд, ки давоми 10 соли охир 1 миллиону 879 ҳазор шаҳрванди Туркманистон ба хориҷ рафтаанд. "Бар асоси иттилое, ки Кумитаи омор ҷамъ овардааст, давоми солҳои 2008-2018 зиёда аз 1 миллиону 879 ҳазор шаҳрванд ба хориҷ рафта, дубора наомадаанд", - гуфт як манбаъ.

"Ин иттилоъ махфӣ аст. Ба ҳамин далел, натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ нашр нашуд. Барӯйхатгирӣ баргузор гардид, натиҷаҳо ҷамъоварӣ шуданд, аммо президент аз натиҷаҳо қонеъ набуд ва дастур дод, ки нашр нашаванд. Маълум шуд, ки ҳудуди 2 миллион аҳолии қобили меҳнат тарки кишвар кардаанд",-хабар дод манбаъ.

Шумори аҳолии кишвар, аз ҷумла иттилоъ дар бораи муҳоҷират барои ҳукумати Туркманистон ғайриинтизор буд. "Нақл мекунанд, ки вақте ин иттилоъро ба президент расониданд, вай хашмгин шуд",-гуфт манбаи огоҳ.

Ҳукумати Туркманистон иттилоъ дар бораи шаҳрвандони ба хориҷрафтаро нашр намекунад. Ҳамчунин дар бораи шумори аҳолӣ иттилои расмие мавҷуд нест.

Дар Узбекистон либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ мешавад

Вазорати маорифи халқии Узбекистон ба волидон ёдовар шуд, ки шуруъ аз соли хониши 2019-2020 либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ мешавад. Соли хониши 2018-2019 либоси ягонаи мактабӣ ихтиёрӣ буд. Аз соли нави хониш ин либос ҳатмӣ мешавад.

Ҷамъияти "Узтукимачиликсаноат" рӯйхати муассисаҳоеро тартиб медиҳад, ки дар минтақаҳои Узбекистон либоси мактабӣ истеҳсол мекунанд. Дар ҳар кадом ноҳия ва шаҳр дар нуқтаҳои барои мардум мувофиқ дӯкони фурӯши либоси мактабӣ таъсис хоҳад шуд.

Вазорат мегӯяд, либоси мактабӣ ба қимати бозор фурӯхта мешавад. Мудирони мактабҳо ва омӯзгорон аз дахолат кардан ба раванди хариду фурӯши либос манъ шудаанд.

Қазоқистониҳои дар садамаи Италия зарардидаро ба ватанашон меоранд

Вазорати тандурустии Қазоқистон бо як ҳавопаймои махсус ду шаҳрванди ин кишварро, ки дар як садама дар Италия маҷруҳ шуданд, ба ватан меорад. Вазорати тандурустии Қазоқистон мегӯяд, вазъи сиҳатии маҷруҳон сангин арзёбӣ мешавад ва ба ҳамин далел, интиқоли онҳо бо ҳавопаймои махсус сурат мегирад.

Вазорат мегӯяд, интиқоли онҳо ба шаҳри Алмато рӯзҳои наздик анҷом мешавад. Садамае, ки дар он 9 қазоқистонӣ маҷруҳ шуданд, субҳи 2-юми май дар вилояти Тоскани Италия рух дод. Дар он садама як шаҳрванди Русия ба ҳалокат расид.

Назарбоев раҳбари фахрии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шуд

Дар шаҳри Нурсултон, пойтахти Қазоқистон рӯзи 29-уми май ҷаласаи Шӯрои олии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор шуд.

Президенти муваққати Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар оғози ҷаласа гуфт, раисҷумҳури Русия Владимир Путин пешниҳод дорад, ки "бо назардошти саҳми Нурсултон Назарбоев дар умури ҳамгироӣ" ба ӯ унвони раҳбари фахрии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дода шавад.

Дар саммити мазкур, ки бахшида ба 5-умин солгарди таъсисёбии ин созмон баргузор шуд, раҳбарони панҷ кишвари узв -- Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок карданд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меҳмони фахрӣ даъват шуда буд.

Нурсултон Назарбоев, ки моҳи март аз мақомаш истеъфо дод, имсол ба сини 79 медарояд. Ӯ зимоми қудратро дар Қазоқистон ҳанӯз пеш аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, дар соли 1989 ба даст гирифт. Соли 1990 бори нахуст президенти Қазоқистон интихоб шуда, дар чандин интихоботҳои президентии баъдӣ низ баранда эълом гашт. Муҳлати президентии ахири ӯ соли 2020 ба поён мерасид. Вай соли 2017 "дарозумртарин президент" дар кишварҳои пасошӯравӣ эълом шуд.

Расонаҳои Қазоқистон бори нахуст соли 2016 дар бораи бад шудани саломатии Назарбоев расман хабар доданд, ки боиси лағви сафараш ба Арманистон шуда буд. Баъд аз ин Назарбоев тасмим гирифт, салоҳиятҳои президентро байни ҳукумат ва порлумони Қазоқистон тақсим ва духтари калонияшро узви палатаи болоии порлумон таъйин кунад.

Мюллер: Ҳадаф муттаҳам кардани Трамп ба ҷиноят набуд

Роберт Мюллер

Роберт Мюллер бори нахуст пас аз поёни таҳқиқоти дусолааш дар мавриди дахолати Русия дар интихоботи Амрико гуфт, ҳадаф муттаҳам кардани Доналд Трамп ба ҷиноят набуд.

Вай рӯзи 29-уми май дар Вазорати адлияи Амрико гуфт, агар барои суханронӣ дар Конгресс ҳам даъват шавад, ҳеч иттилоеро берун аз ончи дар гузоришаш нашр кардааст, ба забон нахоҳад овард.

Шарҳи додситони вижа дар ҳоле садо дод, ки чанд таҳқиқоти демократҳои Конгресс дар робита ба гузориши Мюллер ва, инчунин, тиҷорат ва муомилаҳои Трамп идома дорад.

Роберт Мюллер рӯзи чаҳоршанбе дар шарҳи худ як нуктаи асосии гузоришашро такрор кард, ки Русия дар маъракаи интихоботи президентии соли 2016 дахолат кардааст.

Гузориши Мюллер моҳи гузашта нашр шуд.

Президенти Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон омад

Доналд Туск

Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо, шоми 29-уми май вориди Душанбе шуд ва ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон пешвоз гирифт. Туск сафари худро ба чанд кишвари Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон оғоз кард. Вай рӯзи 30-юми май бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот ва аз чанд мавзеи кишвар дидан мекунад. Вале аз рӯи барномаи сафари ӯ мулоқоташ бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар назар нест. Ҳарчанд намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки ба ӯ дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон ва дастрасӣ ба Интернет ва озодии баён гуфтании зиёд доранд. Доналд Туск пас аз анҷоми сафараш дар Тоҷикистон ба Қазоқистону Узбекистон меравад.

Тафсилоти бештарро дар бораи сафари Туск дар инҷо хонед

Тоқаев дар мубоҳисаҳои телевизионӣ иштирок намекунад

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти муваққати Қазоқистон бо раиси ҷумҳури пешин Нурсултон Назарбоев

Қосимҷомарт Тоқаев дар мубоҳисаҳои телевизионӣ байни номзадҳо ба мақоми президенти Қазоқистон иштирок намекунад.

Дар ин бора намояндагони президенти муваққат рӯзи 29-уми май ба матбуот хабар доданд. Интихоботи президентӣ дар Қазоқистон рӯзи 9-уми июни имсол баргузор хоҳад шуд.

Тасмими ахир эҳтимол боис ба интиқоди бештар аз интихобот хоҳад шуд, ки мухолифони ҳукумат мегӯянд, озоду мунсифона нахоҳад гузашт ва ҳатман Тоқаевро ба қудрат хоҳад расонд. Президент дар Қазоқистон барои панҷ сол интихоб мешавад.

Чанд соат пеш аз мубоҳисаҳои телевизионӣ, Эрлан Карин, ёвари Тоқаев ва ҳизби ҳокими "Нур Отан" хабар доданд, ки ба ҷойи ӯ раиси ситоди интихоботиаш Маулен Ашимбоев иштирок мекунад.

Онҳо гуфтанд, Қосимҷомарт Тоқаев дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё иштирок дорад. Ин нишаст рӯзи 29-уми май дар Нурсултон, пойтахти Қазоқистон, баргузор шуд.

Мунтақидон танзими вақти мубоҳисаро зери шубҳа бурданд, ки ба Тоқаев имкон додааст, дар баҳсҳо иштирок накунад.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев моҳи марти имсол пас аз сӣ сол аз қудрат канор рафт. Вай ба ҳайси раҳбари доимии Шӯрои амният ва раиси ҳизби ҳокими "Нур Отан" хоҳад монд.

Нозирони байналмилалӣ ягон интихоботи даврони ҳукумати Назарбоевро мувофиқ ба меъёрҳои демократӣ надонистаанд.

Волкер фаъолиятҳои Русияро дар шарқи Украина "ишғолгарӣ" номид

Курт Волкер

Намояндаи хоси Амрико барои Украина фаъолиятҳои Русияро дар шарқи Украина "ишғолгарӣ" номид.

Курт Волкер рӯзи 28-уми май аз Маскав хост, ки ба иҷрои ваъдаҳои худ бар асоси созишномаи Минск оғоз кунад. Вай гуфт, Украина ҳам бояд масъулиятҳои худро ба ҷо орад.

Ҳадафи мувофиқатномаи Минск, ки соли 2015 имзо шудааст, поён додан ба ҷанги байни нерӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони зери ҳимояти Русия дар шарқи Украина аст.

Волкер дар суҳбати видеоӣ бо хабарнигорон аз Вашингтон дар мавриди ояндаи Украина зери раҳбарии президенти нав Владимир Зеленский суҳбат кард.

Ӯ гуфт: "Мо ба Владимир Зеленский дар бораи афроди ҷудогона ягон тавсияи хос надодем, зеро ба усули мудирият ва сиёсатҳое, ки вай иҷро мекунад, таваҷҷуҳ дорем. Дар бораи ваъдаи раисҷумҳур Зеленский барои ислоҳот дар Украина, мубориза бо фасод, ислоҳи низоми адлия ва ҳокимияти қонун. Мо аз ин усул ва сиёсатҳо пурра ҳимоят мекунем ва мунтазири ҳамкорӣ бо ӯ ҳастем."

Владимир Зеленскийи 41-сола, ҳаҷвнигор ва бозингари бе ҳеҷ гузаштаи сиёсӣ, рӯзи 21-уми апрели имсол дар даври дувуми интихоботи президентии Украина Петро Порошенкоро шикаст дод. Вай рӯзи 20-уми май ба ҳайси раисҷумҳур савганд ёд кард ва расман ба кор оғоз намуд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Путин ва Зеленский имкони сулҳ дар шарқи Украинаро баҳс карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00
XS
SM
MD
LG