Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Таркиш дар корхонаи "Кристалл"-и Русия. Даҳҳо нафар маҷруҳ шуд

Дар корхонаи истеҳсоли маводи тарканда дар шаҳри Дзержински вилояти Нижегороди Русия таркиш ба вуқуъ пайваст.

Мақомоти Русия гуфтанд, бар асари таркиши рӯзи 1-уми июн дар корхонаи "Кристалл" дастикам 38 нафар маҷруҳ шудааст. Дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш нест.

Бино ба хабари оҷонсии “Интерфакс” ва “ТААС” дар натиҷаи таркиш як бахши корхона қисман хароб шуда, сӯхтор ба амал омадааст. Дар чандин навори видеоӣ, ки ба Интернет роҳ ёфт, садои баланди таркиш шунида мешавад ва дуди ғафс дар ҳоли баланд шудан ба ҳаво аст.

Дмитрий Красанов, муовини волии Нижегород, дар суҳбат бо телевизионҳои маҳаллӣ гуфт, “ду нафар нопадид шудаанд”. Хабаргузории “Интерфакс” навишт, Глеб Никитин, раиси ҳукумати Нижегород нишасти фавқулода даъват кард.

Малик Салмон Эронро ба ҳимоят аз шибҳанизомиён айбдор кард

Салмон бин Абдулазиз, подшоҳи Арабистони Саудӣ

Дар яке аз шадидтарин ҳамлаҳои лафзии худ ба Эрон, шоҳи Саудӣ Теҳронро ба "пуштибонӣ аз шибҳанизомиён" муттаҳам кард, ки ба гуфтаи ӯ "таҳдиде барои таъмини манбаъҳои нафтии ҷаҳон ва амнияти минтақа аст".

Малик Салмон рӯзи 1-уми июн дар нишасти изтирории Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Макка ҳамлаи чанде пеш ба киштиҳои нафткаш дар соҳили Имороти Муттаҳидаи Араб ва ҳамлаи бесарнишинҳо ба муассисаҳои тавлиди нафти Саудиро "амали террористӣ" номид. Вай дар ҷамъи ҳозирон гуфт: "Мо тасдиқ мекунем, ки ин ҳамлаҳои тахрибкорона нафақат ба Саудӣ ва минтақаи Халиҷи Форс, балки ба амнияти ҳавонавардӣ ва таъмини ҷаҳон бо энержӣ равона шудааст."

Шоҳи Саудӣ гуфт, ҳамлаи дронҳо ба муассисаи тавлиди нафти ин кишвар аз тарафи шӯришиёни ҳусӣ дар Яман анҷом шудааст. Вай шӯришиёни ҳусиро "шибҳанизомиёни террористи зери ҳимояти Эрон" ном бурд.

Арабистони Саудӣ (суннинишин) зери ҳимояти Амрико яке аз рақибони асосии Эрон (асосан шианишин) аст ва ҳарду барои касби нуфузи бештар дар минтақа сабқат доранд. Ҳафтаҳои охир таниш дар гулӯгоҳи Ҳурмуз, яке аз роҳҳои калидӣ барои ҳамлу нақли нафт дар даҳонаи Халиҷи Форс афзоиш ёфтааст ва Эрон таҳдид карда, ки онро мебандад.

Дар оғози моҳи гузашта Вашингтон бо зикри таҳдидҳо аз тарафи Эрон нерӯҳояшро дар Ховари Миёна ва Халиҷи Форс тақвият дод.

Эрон даст доштани худ дар ҳамлаҳои ахирро рад кардааст. Аббос Мӯсавӣ, муовини сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, ба хабаргузории ИРНА гуфтааст, "Арабистони Саудӣ моҳи мубораки Рамазон ва шаҳри муқаддаси Маккаро барои ба даст овардани суди сиёсӣ ва иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон истифода кардааст."

Арабистони Саудӣ моҳи гузашта ин нишасти изтирориро даъват карда буд, то мавқеи ягонаи кишварҳои мусалмонӣ ва арабиро зидди Эрон эҷод кунад. Вале мақомоти Ироқ, ки ҳам бо Эрон ва ҳам Амрико ҳамкории қавӣ доранд, гуфтаанд, "амният ва субот дар Эрон ба нафъи давлатҳои мусалмонӣ ва арабист".

Дар тирандозӣ дар Вирҷиния дастикам 12 нафар кушта шуд

Дар тирпаронии як марди зоҳиран "норозӣ" дар бинои ҳукумати шаҳри соҳилии Вирҷинияи Амрико дастикам 12 нафар кушта шудаанд.

Полис рӯзи 31-уми май гуфт, марди мусаллаҳ пеш аз он ки аз тарафи нерӯҳои давлатӣ кушта шавад, чаҳор нафари дигарро захмӣ кардааст. Яке аз захмиён маъмури полис аст. Мақомот мегӯянд, ӯ ба далели ин ки либоси зидди гулӯла пӯшида буд, осеби ҷиддӣ надидааст.

Ҷеймс Сервера, раиси полис, гуфт, марди ҳамлавар дар бинои ҳукумати шаҳри соҳилии Вирҷиния ба кормандон "яксара" тир кушод.

Ба иттилои расмӣ, тирандоз дар бахши хадамоти коммуналӣ фаъолият дошт. Ҳодиса замоне иттифоқ афтод, ки соат чаҳори бегоҳ шуда буд ва кормандон барои берун рафтан аз идора омода медиданд. Ангезаи ҳамла ошкор нашудааст.

Солҳои ахир дар Амрико куштори одамон бо истифода аз силоҳи оташфишон бештар шудааст ва бисёре аз сокинон мехоҳанд қонуни назорати силоҳ бозбинӣ шавад.

Садамаи маргбор. Ҳалокати се ҷавон дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Акс аз бойгонӣ

Бар асари садамаи худраве дар роҳи Душанбе-Хуҷанд се нафар ҷон бохтаанд. Ҳодиса шаби 30-юми май дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, ки бахше аз роҳи Душанбе-Хуҷанд аст, иттифоқ афтодааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 1-уми июн дар хабарномае гуфт, Фаррух Додоев, сокини 31-солаи шаҳри Истаравшан, ҳангоми ҳаракат дар роҳи Душанбе-Хуҷанд “аз ӯҳдаи идораи мошин набаромад”, ба мошини тамғаи “Тойота Прадо” бархӯрдааст. Ронандаи ин мошин дар навбати худ ба як мошини боркашон задааст.

“Дар натиҷа, ронандаи мошини “Мерседес-Бенс” Фаррух Додоев ҷароҳати вазнин бардошта, дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расид. Ҳамчунин мусофирони дигари мошини мазкур, Азизҷон Ҷалолов ва Насим Ҳакимов дар беморхона ҷон доданд”, -- гуфта шудааст дар хабарномаи Вазорати умури дохилӣ.

Мақомот мегӯянд, ронандаи мошини тамғаи “Тойота-Прадо” бо се мусофираш маҷруҳ шуда, дар шифохона бистарианд. Таҳқиқот дар ин замина идома дорад. То ҳол наздикони ҳалокшудаҳо ваё осебдидагон дар бораи ҳодиса чизе нагуфтаанд.

Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Аксари ин садамаҳо, ба гуфтаи мақомот, аз беэҳтиётӣ сар задаанд.

Дар оғози майи имсол вакили порлумони Тоҷикистон Ҷамшед Муртазозода барои пешгирӣ аз садамаҳои маргбор пешниҳод кард, ки ҷаримаи ронандаҳоро боло баранд. Вале сокинон мегӯянд, баъзе ронандагон интихобӣ муҷозот мешаванд ва ба ҳамин хотири ҳамагуна қонун нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро кам нахоҳад кард.

IAEA: Эрон бар асоси созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳон амал кард

Бинои Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ дар Вена

Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ (IAEA) мегӯяд, Эрон ба ваъдааш бар асоси созиши ҳастаии соли 2015 бо қудратҳои бузурги ҷаҳон идома медиҳад, агарчи захираҳои ураниюми ғанишуда бо дараҷаи поин ва обҳои сангини ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Бар асоси гузориши чаҳормоҳаи Оҷонс, ки рӯзи 31-уми май ба кишварҳои узви ин идора ирсол шуд, Эрон бар асоси маҳдудиятҳое, ки дар мувофиқатнома зикр шудааст, амал кардааст.

Эрон соли 2015 бо шаш қудрати бузурги ҷаҳон тавофуқ кард, ки дар ивази коҳиши таҳримҳои байналмилалӣ, барномаи ҳастаиашро маҳдуд мекунад.

Амрико дар соли гузашта аз ин созиш берун шуд. Президент Доналд Трамп тавофуқномаи атомиро бо Эрон ноқис хонд ва дубора зидди ин кишвар таҳримҳо ҷорӣ кард.

Дар як моҳ дар Идлиби Сурия 948 нафар кушта шудааст

Дар натиҷаи афзоиши ҷангҳо дар як моҳи гузашта дар вилояти Идлиби Сурия 948 тан кушта шудаанд.

Созмони назорат аз ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 31-уми май гуфт, тақрибан сесад нафари онҳо афроди мулкӣ, аз ҷумла кӯдакон ҳастанд. Ин талафот дар натиҷаи тирандозии низомиёни Русия ва нерӯҳои Сурия давлатии сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи масъулони созмон, дар ҷараёни ҳамин муддат 22 нафар, ба шумули даҳ кӯдак, дар натиҷаи тирандозии шӯришён ба минтақаҳои зери назорати нерӯҳои тарафдори режими Башор Асад кушта шудаанд.

Дар моҳи сентябри соли гузашта ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳуҷумҳои зиёди нерӯҳои тарафдори режими Сурия ба вилояти Идлиб ва минтақаҳои атрофи он як тавофуқ сурат гирифт. Ин минтақаҳо дар назорати гурӯҳи “Таҳрири Шом” аст.

Ба гуфтаи созмони назорат аз ҳуқуқи башари Сурия, аммо режими Сурия ва муттаҳиди он Русия аз моҳи апрел ба ин сӯ ҳамлаҳои маргбори ҳавоиро ба манотиқи таҳти назорати шӯришён бештар кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл, рӯзи 31-уми май гуфт, дар вилояти Идлиб ба оташбас ниёз буд ва лозим аст, ки террористон тирандозӣ болои афроди мулкӣ ва муассисаҳоро бас кунанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Туркия аз гурӯҳҳои мухталифи шӯришён, вале Русияву Эрон аз режими Башор Асад ҳимоят мекунанд.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарии муштарак бо Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар Берлин гуфт, “мо мушкилоти мухталифро мавриди баҳси қарор хоҳем дод. Табъан дар мавриди вазъияти Сурия ва авзои хеле шикананда дар Либия гуфтугӯ хоҳем кард.”

Ба гуфтаи мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, аз моҳи апрели имсол ба ин тараф дар натиҷаи ҷангҳо дар Сурия ҳудуди 270 ҳазор тан бе ҷо шудаанд. Идораҳои СММ маҷбур шудаанд, ки дар баъзе аз минтақаҳои ин кишвар фаъолияти худро муваққатан боздоранд.

Раиси ҷамъияти "Помир" дар Санкт-Петербург даргузашт

Бахтибек Бердов

Бахтибек Бердов, роҳбари ҷамъияти "Помир" дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ва вакили шӯрои мунитсипиалӣ аз ҳизби "Русияи воҳид" рӯзи 30-юми май дар 54-солагӣ даргузашт. Қарор аст, ӯро дар оромгоҳи мусалмонони Санкт-Петербург дафн кунанд. Бахтибек Бердов соли 1965 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зода шуда, бештар бо лақаби "Бабек" маъруф буд. Вай солҳои 1984-1986 дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Шӯравии собиқ хидмат ва соли 2000 Донишгоҳи омӯзгории ба номи Гертсен ва баъдан Академияи хидмати давлатии ҳавзаи Шимолу Ғарбро хатм кардааст. Солҳои охир дар Омӯзишгоҳи захираҳои об кор мекард. Қаҳрамони Аврупо, ноиб-қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва чаҳор даъфа қаҳрамони Петербург оид ба каратэ буд. Сомонаи "Pamir Daily News" рӯзи 31-уми май навишт, ки Бахтибек Бердов новобаста аз маҳал ба муҳоҷирони корафтодаи тоҷик кумак мекард. Ин вебсайт айни замон навишт, ӯ дар гузашта яке аз мухолифони Душанбеи расмӣ буд, вале солҳои охир бо мақомот ва сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамкории фаъол дошт.

Масъулияти таркиш дар Кобулро Толибон ба ӯҳда гирифтанд

Толибон масъулияти таркиши маргбори як мошини ҳомили бомбаро ба ӯҳда гирифтанд. Ин ҳодиса субҳи 31 май дар Кобул, пойтахти Афғонистон рух дод ва ин таркиши дуюми пурқурбонӣ дар давоми ду рӯзи ахир дар ин кишвар мебошад. Дар ин таркиш, ки дар маҳаллаи Яккатути Кобул рух дод, тибқи гузоришҳо 7 нафар куштаву захмӣ шуданд. Як шоҳиди ин таркиш ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ки дар паи таркиши ногаҳонӣ ҳадди аққал як марди маҷрӯҳро ба бемористон интиқол додааст.

Таркиш лаҳзаҳое рух дод, ки корвони низомии амрикоиҳо аз ин маҳалла убур мекард. Сухангӯи низомиёни амрикоӣ гуфт, ки дар ин ҳодиса чор низомии онҳо ҷароҳати сабук бардоштаст. Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Нусрат Раҳимӣ ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, ки дар ин ҳодиса чор раҳгузар кушта ва се нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид, ки ҳамларо кори дасти ин гурӯҳи шӯришӣ номид, бидуни овардани далеле иддао кард, ки дар таркиш 10 сарбози амрикоӣ кушта шуд.

Фаронсаву Олмон хостори азсаргирии музокироти сулҳи Украина шуданд

Президенти Украина дар сӯҳбат бо вазирони хориҷаи Олмону Фаронса дар Киев

Вазирони хориҷаи Фаронсаву Олмон гуфтанд, ки ин кишварҳо хостори азсаргирии музокирот барои хатми низоъҳои мусаллаҳона дар Украина мебошанд. Вазири олмонӣ Ҳейко Маас ва ҳамкори фаронсавиаш Жан Ив Ле-Дриан рӯзи 30 май дар як нишасти матбуотӣ гуфтанд, ки дар Киев бо президенти нави Украина Владимир Зеленский як сӯҳбати фавқулодда хубе анҷом додаанд. Фаронсаву Олмон пуштибонҳои муҳими ҷараёни сулҳи Украина мавсум ба “созишномаи Минск” мебошанд, ки ҳадафаш пешбурди музокирот бо ҷудоиталабони рӯ ба Кремлин ба хотири хатми ҷангҳо дар шарқи Украина мебошад.

Шурӯъ аз апрели соли 2014 дар низоъҳои мусаллаҳонаи шарқи Украина ҳудудан 13 ҳазор нафар кушта шудаанд. Низоъҳои мусаллаҳона дар қаламравҳои минтақаҳои Донетск ва Луҳанск дар шаҳри Украина ҷараён доранд. Маас гуфт, ки фурсати муносиби азсаргирии музокираҳо бар асоси созишномаи Минск фаро расидааст. Ӯ гуфт, ки шонси воқеии барқарории сулҳ фаро расидааст ва президент Зеленский ҳам гуфтааст, ки барқарории сулҳ дар авлавияти кори ӯ хоҳад буд.

Помпео Эронро дар ҳамла ба нафткашонҳои Иморот айбдор кард

13 май, бандари Фуҷайра. Киштии "ANDREA VICTORY" осеб дидааст

Вазири хориҷаи ИМА Майк Помпео гуфт, ки Эрон дар оғози моҳи май ба хотири фишор овардан дар афзоиши нархи нафти хом ба киштиҳои нафткаши Имроти Муттаҳидаи Араб ҳамла кардааст. Помпео ин нуктаро дар остонаи сафараш ба Аврупо рӯзи 30 май баён кард. Қабл аз ин мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Ҷон Болтон гуфт, ки шаҳодати ҳамлаи эрониҳо ба нафткашонҳои Иморотро ҳафтаи оянда дар ихтиёри Шӯрои амнияти СММ қарор медиҳад.

Ба савол дар бораи ин ки оё Помпео ин шаҳодатҳоро дидааст ё на, ӯ гуфт: “Бале. Сафир Болтон онро дуруст кардааст”. Теҳрон даст доштанаш дар ҳама гуна ҳамлаҳоро рад карда мегӯяд, ки ин иттиҳомот “соддалавҳона” буда дар навбати худ Вашингтонро барои “ниятҳои бад”-аш дар минтақа айбдор кард. Инчунин рӯзи 30 май намояндаи вижаи ИМА дар умури Эрон ҳушдори Вашингтонро такрор кард, ки агар Эрон манфиатҳои Амрико дар минтақаро ҳадаф қарор диҳад, ИМА посухи низомӣ хоҳад дод.

Тафтиши телефони наздикони муҳоҷирон дар Туркманистон

Дар ноҳияи Саяти вилояти Лебапи Туркманистон кормандони мақомоти қудратӣ хона ба хона гашта, телефону симкорти сокинонеро тафтиш мекунанд, ки наздиконашон дар муҳоҷирати корӣ дар Туркия ҳастанд.

"Кормандони пулис ва амният ба хонаҳо омада, мепурсанд, ки фарзанд ё наздиконатон дар Туркия чӣ кор мекунанд? Бо онҳо тамос мегиред? Чӣ қадар пул мефиристанд?" - гуфт як манбаъ аз Саят.

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, маъмурони ҳифзи ҳуқуқи туркман ҳатто телефону симкортҳои бархе аз сокинонро барои тафтиш бо худ бурдаанд ва ҳудуди 15 рӯз мешавад, барнагардондаанд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналмилалӣ пайваста ҳукумати Туркманистонро барои нақзи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон танқид мекунанд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ борҳо хабар дода буд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон телефонҳои сокинонро мусодира карда, маълумоти шахсии онҳоро тафтиш мекунанд.

Дар вилояти Дашоғузи Туркманистон моҳи марти соли гузашта маъмурони пулис телефонҳои кормандони буҷавӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимиро дастаҷамъона мусодира карда буданд.

Тирпаронӣ дар марзи Қирғизистону Узбекистон: як кас захмӣ шуд

Дар минтақаи Тогуз-Булаки ноҳияи Аравани Қирғизистон, ки бо Узбекистон ҳаммарз аст, рӯзи 31-уми май тирпаронӣ сурат гирифт. Дар ин бора аз Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар доданд.

Марзбонони Қирғизистон дар наздикии марз ду мошинеро бо рақамҳои давлатии Узбекистон хостанд, боз доранд, вале ронандагон ба фармони онҳо итоат накарданд. "Мошинҳо бо вуҷуди оташкушоии огоҳкунанда ҳаракатро идома доданд. Марзбонон маҷбур шуданд, ки ба чархи мошинҳо паронанд, дар натиҷа як шаҳрвандӣ Ӯзбекистон захмӣ шуд", - омадааст дар иттилоияи хадамот.

Дар робита ба ҳодисаи мазкур раҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо муовини раҳбари Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки ба маҳалли ҳодиса барои тафтиши муштарак намояндагони худро фиристанд.

Қирғизистону Узбекистон 1378 километр марзи муштарак доранд ва то ҳол 1170 километри он аломатгузорӣ шудааст.

Фаъолони Бишкек зидди фасодкорӣ тазоҳурот мекунанд

Фаъолони мадании шаҳри Бишкеки Қирғизистон тасмим доранд, бо баргузории як тазоҳуроти осоишта аз мақомот муборизаи воқеиро бо коррупсия талаб кунанд. Ҳомии ҳуқуқ Рита Карасартова тариқи саҳифаи шахсияш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мардумро ба тазоҳурот даъват кардааст.

"Агар мо ҳозир даст ба иқдомҳои ҷиддӣ назанем ва ислоҳотро талаб накунем, дар мо чизе тағйир нахоҳад ёфт. Шумо аз мубориза бо фасод қонеъ ҳастед? Аз фаъолияти Кумитаи амнияти давлатии Қирғизистон қаноатмандед? Шумо розиед, ки миллионҳо будҷаро давр бизананд ва ҳама муборизаҳо бо таъқибҳои сиёсӣ бианҷоманд?",-суол гузоштааст ӯ.

​Ҳомии ҳуқуқи қирғиз аз сокинони норозии кишвараш даъват кардааст, ки барои баргузории тазоҳуроти осоишта таҳти шиори "Ба хотири муборизаи воқеӣ бо коррупсия" 3-юми июн дар майдони Бишкек ҷамъ шаванд.

"Дар давоми як соат ба президент ва порлумон нишон хоҳем дод, ки аз шеваи мубориза бо коррупсия дар кишвар розӣ нестем. Хоҳиш мекунам, ин иттилоъро ба дигарон ҳам расонед",-навиштааст Карасартова.

Русия дар канори "Ҳайдаркӯл"-и Узбекистон нерӯгоҳи ҳастаӣ месозад

Ширкати русии "Росатом" тасдиқ кард, ки бунёди нирӯгоҳи ҳастаиро дар Узбекистон солҳои 2020-2021 оғоз карданист. Қарор аст, ин нерӯгоҳ дар наздикии обанбори "Ҳайдаркӯл" дар ноҳияи Фориши вилояти Ҷизах бунёд шавад.

"Чандин гузина баррасӣ ва майдони зебое бо номи "Ҳайдаркӯл" интихоб карда шуд. Ин майдонро хуб медонем, вале бояд гуфт, ки тасмими ниҳоӣ пас аз дарёфти иҷозатнома барои бунёди нирӯгоҳ дар макони мазкур гирифта мешавад",-иқтибос овардааст хабаргузории ТАСС аз суханони раҳбари "Росатом" Алексей Лихачев.

Ба гуфтаи Лихачев, "Росатом" тасмим дорад, то охирҳои соли 2020 иҷозатномаи бунёди нахустин нерӯгоҳи ҳастаиро дар Узбекистон дарёфт ва сохтмони онро то соли 2021 оғоз кунад. Ҳайдаркӯл дар шимолу шарқи Узбекистон ҷойгир аст ва аз нигоҳи масоҳат пас аз баҳри Арал дувумин кӯли бузургтарин дар минтақа ба шумор меравад.

Масъалаи бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Узбекистон ҳанӯз дар солҳои 80-уми асри XX матраҳ шуда буд. Вале иҷрои тарҳ ба иллати хатари зиёди заминларза ба таъхир афтод. Ширкати русии "Росатом" аз ибтидои асри XXI ба бунёди нерӯгоҳ сахт талош дорад ва ҳукумати Узбекистону Русия низ моҳи декабри соли 2017 дар ин замина созишномаеро имзо карданд.

Лихачев он замон гуфта буд, ки Русия пешниҳод дорад, маҷмуаи иборат аз ду блоки энержӣ сохта шавад. Иқтидори нирӯгоҳ аз 2300 МВт иборат хоҳад буд. Ин миқдор барқ 20% талаботи Узбекистонро таъмин мекунад. Бино бар барномарезии мақомоти Узбекистон, нерӯгоҳи ҳастаӣ то 4 миллиард метри мукааби гази табииро сарфа мекунад ва солона то 600 миллион доллар даромад меорад.

Тибқи нақша, нерӯгоҳ бояд то соли 2030 мавриди истифода қарор гирад. Ҳукумати Русия барои бунёди он ба Узбекистон қарз хоҳад дод.

Дар Қазоқистон се нафар бо 8 норинҷак боздошт шуданд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон 30-юми май хабар дод, ки се сокини маҳаллиро бо гумони хариду фурӯши дастгоҳи тарканда боздошт кард.

Ба огаҳии кумита, гумонбарон 28-уми май "ҳангоми хариду фурӯши норинҷак" дар вилояти Алмато дастгир карда шуданд. Аз онҳо ҳашт норинҷаки навъи РГД-5 мусодира кардаанд.

Хадамоти матбуотии кумита қазияро аз ин бештар шарҳ надодааст ва танҳо афзуда, ки тафтишот идома дорад.

Мусофирони як автобус дар Ишқобод дуздеро дастгир ва "ҷазо" доданд

Дар яке аз автобусҳои мусофиркашонии шаҳри Ишқободи Туркманистон рӯзи 28-уми май дузди кисабуреро дастгир карданд. Ба гуфтаи шоҳидон, мусофирон дуздро дастгир ва бо латту кӯб аз автобус берун карданд.

"Ҷолиб ин ки мусофирон, нахостанд пулисро даъват кунанд. Онҳо ба пулис эътимод надоранд ва намехоҳанд, пулис дахолат кунад. Одамон медонанд, ки пулис аз дузд ҳақ меситонад ва ӯро раҳо мекунад",-гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Шоҳиди дигари ҳодиса гуфт, бештари сокинони Ишқобод мехоҳанд, мушкилоташонро бидуни дахолати пулис ҳал кунанд.

Додгоҳи Туркия 74 низомии пешинро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард

Додгоҳе дар Туркия 74 низомии пешинро барои кӯшиши табаддулоти давлатӣ дар моҳи июни соли 2016 ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Ба иттилои хабаргузории Anadolu, 56 тани онҳо ҷазои худро дар зиндони низомаш сахт адо мекунанд.

Дар доираи парвандаҳои марбут ба табаддулоти давлатии Туркия ҷамъан 152 нафар ба ҳайси гумонбар иштирок доранд. Дар робита ба 31 парванда ҳукми сафедкунанда содир шудааст.

Ба огаҳии додгоҳ, табаддулотгарон сардори пешини Ситоди кулли артиши Туркия Хулусӣ Акарро ба гарав гирифта, аз пойгоҳи низомии ҳавоии Акинҷӣ ба қароргоҳи сарвазир бурдаанд. Халабон Уғур Капан, ки Акарро интиқол дода буд, ба 29 ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст.

Кӯшиши нокоми табаддулоти давлатӣ дар Туркия шаби 16-уми июни соли 2016 сурат гирифт. Дар натиҷаи он 250 одам кушта ва 2200 тани дигар захмӣ шуданд. Мурофиаи додгоҳии нахустин дар робита ба кӯшиши табаддулоти мазкур моҳи декабри соли 2017 оғоз ва нахустин ҳукм моҳи январи соли 2018 содир шуд.

Бино ба иттилои сомонаи Turkey Purge, пас аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ беш аз 96 ҳазор нафар боздошт шуда, зидди зиёда аз 500 кас тафтишот оғоз гашта буд.

Анқара мегӯяд, табаддулоти нокомро руҳонии мухолифи турки муқими ИМА Фатҳуллоҳ Гюлен созмон додааст. Мақомоти турк аз Вашингтон талаб доранд, ки ӯро ба ватан истирдод кунад.

Доналд Туск: Сарез хеле зебо аст, вале...

Акс аз саҳифаи фейсбукии Доналд Туск, президенти Шӯрои Аврупо гирифта шудааст

Доналд Туск дар саҳифаи фейсбукии худ рӯзи 30 май аксҳое аз манзараҳои Сарез ва ҳайати мақомоти тоҷику аврупоиро нашр карда навишт: “Тағйироти табиатро дар ин ҷо мешавад мушоҳида кард. 5 пирях аллакай нопадид шуд, сатҳи об боло меравад. Тағйироти иқлим як масъалаи ҷаҳонӣ аст, ки мо бояд муштаракан бо он мубориза барем”.

Ин нахустин изҳороти президенти Шӯрои Аврупо дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон аст, ки дар саҳифаи ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук баъди ошноӣ бо кӯли Сарез нашр шуд. Доналд Туск дар садри ҳайати баландпояи мақомоти Иттиҳодияи Аврупо шоми 29 май ба Тоҷикистон омад ва нахуст бо чархбол ба тамошои кӯли Сарез парвоз кард. Ҳадафи ин сафар – мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, баррасии стратегияи нави ИА барои Осиёи Марказӣ, ошноӣ бо мушкилоти марбут ба тағйироти иқлим ва масоили амниятӣ мебошад.

Рӯзи 29 май бархе намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он изҳори нороҳатӣ карданд, ки президенти Шӯрои Аврупо мулоқоту гуфтугӯи ҷудогонае бо намояндагони созмонҳои маданӣ ва матбуот доир накард, то ки, ба гуфтаи онҳо, “масоили марбут ба зиндониҳои сиёсӣ, фишор болои авдкатҳо, бастани интернет” ва масоили дигар матраҳ шавад.

Рӯзи 30 май сухангӯи Доналд Туск ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар дидору гуфтугӯ бо президент Раҳмон президенти Шӯрои Аврупо қарор аст масоили ҳуқуқи башарро низ матраҳ кунад.

Верховная Рада истеъфои нахуствазирро қабул накард

Парлумони Украина бо истеъфои нахуствазир Владимир Ҳройсман мухолифат кард. Дар овоздиҳие, ки рӯзи 30 май дар Верховная Рада баргузор шуд, аз 226 вакил танҳо 97 нафар ба ҷонибдории истеъфои Ҳройсман овоз доданд. Баъди савгандёдкунии президент Владимир Зеленский дар таърихи 20 май, ӯ аз ҳукумат тақозо кард, ки ба истеъфо равад ва ба баргузории интихоботи зудраси парлумонӣ амр дод.

Худи Ҳройсман дар суханронии худ дар парлумон гуфт:

“Ман дар вазифаи худ монданӣ нестам. Ман аризаи истеъфои худро додам ва тасмим имрӯз бо шумо аст. Аз сӯи дигар, ман ҳамеша як шахси бомасъулият будам ва ҳеҷ гоҳ аз масъулият наҳаросидам. Ҳамаи ин се соли охир ҳар субҳ ҳар рӯз ман масъулияти худро дар баробари ин кишвар бахубӣ дарк кардаам”

Рӯзи панҷшанбе маъмурияти Зеленский эълон кард, ки президент шахсан аз парлумон дархост намуд, ки вазири хориҷа Павло Климкин, вазири дифоъ Степан Полторак ва раиси Хадамоти амният Васил Ҳритсакро аз мақомашон баркарор кунад. Дафтари президент гуфтааст, ки ҷараёни барканории додситони кулл Юрий Лутсенко муваққатан боздошта мешавад.

Интихоботи парлумонӣ дар моҳи июл баргузор мешавад. Вале дар овоздиҳии изтирории рӯзи 22 май аъзои Верховная Рада бо баррасии тағйирот ба қонун мухолифат карда Зеленскийро дар бораи чолишҳое ҳушдор додааст, ки дар пешорӯи кори нави панҷсолааш қарор дорад.

Маргталабе 6 нафарро дар коллеҷи Маршал Фаҳим кушт

Ҳамла дар инҷо сурат гирифт.

Дар натиҷаи як ҳамлаи маргталабона дар назди дарвозаи яке аз омӯзишгоҳҳои низомӣ дар шаҳри Кобул дасти кам 6 нафар кушта шудаанд. Мақомоти Афғонистон гуфт, ки бомбгузори маргталаб рӯзи 30-уми май дар назди дарвозаи Коллеҷи низомии ба номи Маршал Фаҳим тарконд.

Ҳамла дар замоне сурат гирифтааст, ки донишҷӯён аз коллеҷ, яке аз омӯзишгоҳҳои аслии низомӣ берун меомаданд. Фирдавс Фаромурз, сухангӯи пулиси Кобул гуфт, ки бомбгузор ҳангоми наздик шудан ба сарбозон худро таркондааст.

Ба қавли ӯ, “Бар асоси иттиллои муқаддамотӣ шаш нафар кушта ва шаш тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.” Касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Айни замон вазорати дифои Афғонистон рӯзи 30-уми май гуфт, ки нерӯҳои махсус 28 нафарро аз як зиндони Толибон дар вилояти Зобул озод кардаанд. Дар натиҷаи амалиёт ду ҷангҷӯи Толибро куштаанд.

Сухангӯи Туск: Дар мулоқот бо Раҳмон масоили ҳуқуқи башар ҳам матраҳ мешавад

Брюссел, декабри соли 2015. Эмомалӣ Раҳмон дар меҳмонии ИА ва Доналд Туск

Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар мулоқот бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе дар баробари масоили мисли стратегияи нави ИА барои ОМ, мудирияти марзҳо, масоили оби минтақа, дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва масоили минтақавӣ инчунин дар робита бо мушкилот дар бахши ҳуқуқи башар сӯҳбат хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи 30 май дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ сухангӯи Туск – Пребен Ааман хабар дод. “Дар робита бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, - ба гуфтаи Ааман, - Иттиҳодияи Аврупо дар чаҳорчӯби муколамаҳои ҳуқуқи башар бо Тоҷикистон амал мекунад, ки аз ҷумла, бархе парвандаҳои инфиродиро низ дар бар мегирад”.

Ба гуфтаи ин мақоми ИА, худи сафари Туск ба стратегияи нави Осиёи Марказӣ “аломати рӯшани аҳамияти афзояндаи ин минтақа дар чашми ИА мебошад”, гуфт сухангӯи раҳбари ИА.

Раҳбари аршади Иттиҳодияи Аврупо бо нахустин сафари расмӣ шоми 29 май вориди Душанбе шуд ва қарор аст бо мақомоти Тоҷикистон стратегияи нави Иттиҳодияи Аврупо барои Осиёи Марказиро баррасӣ кунад. Бо ин ҳадаф шоми 30 май дидору гуфтугӯи Доналд Туск бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар гирифта шудааст.

Стратегияин нави ИА, ки барои ҳафт соли оянда пешбинӣ шудааст, бо ҳадафи кӯмак дар рушди кишварҳои минтақа, мубориза бо таҳдидҳои амниятии мисли терроризму экстремизм, муқобила бо паёмадҳои тағйироти иқлим, ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва волоияти қонун роҳандозӣ мешавад.

Тоҷикистон гуфтааст, ки дар доираи ин барнома мехоҳад кӯмаки ИА-ро дар амри тақвияти соҳаи энергетикаи ин кишвар дарёфт кунад.

Боздиди президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск аз Тоҷикистон рӯзи 30 май аз сафар ба Бадахшон ва ошноӣ бо кӯли Сарез шурӯъ шуд.

кӯли Сарез
кӯли Сарез

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва барномаи Фокус дар вилояти Бадахшон рӯзи 30 май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳайати аврупоӣ барои ошноӣ бо кӯли Сарез савори чархболҳо ба ин маҳал ҳозир шуда, “тахминан як соат дар ин ҷо буданд”. Дар ин сафар онҳоро раиси вилояти Бадахшон Ёдгор Файзов ҳамроҳӣ кардааст. “Онҳо якбора ба ноҳияи Рӯшон парвоз карда, аз он ҷо ба Сарез рафтанд. Меҳмонҳои аврупоӣ ба Хоруғ ташриф наоварданд”, гуфт як корманди барномаи Фокус дар Хоруғ.

Дар остонаи сафари Туск ба Тоҷикистон як мақоми ҳукуматӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳадафи сафари президенти Шӯрои Аврупо ба Тоҷикистон – ошноӣ бо вазъи пиряхҳои Помир ва вазъи кӯли Сарез аст. Ин манбаъ, ки нахост ном бурда шавад, ҳамчунин гуфт, "азбаски тағйирёбии иқлим дар сархати сиёсатҳои ҷаҳонии ИА аст, бо хоҳиши ҷониби аврупоӣ ҳайат аз вазъи пиряхҳои Тоҷикистон ва кӯлҳо дар баландкӯҳ дидан мекунад."

Кӯли Сарез дар натиҷаи заминларзаи соли 1911 ба миён омада, 17 километри мукааб об дорад. Сатҳи оби он сол ба сол боло меравад. Дар сурати рахна шудани кӯл ба гуфтаи мутахассисон мумкин аст, фалокати азиме ба вуҷуд биёяд, чун қаламравҳои васеъ на танҳо дар Тоҷикистон, балки кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ зери об мемонанд. Мақомоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмону кишварҳои хориҷӣ тадбирҳои ҷилавгирӣ аз рахнашавии кӯлро ба роҳ мондаанд. Доналд Туск нахустин дипломати баландпояи аврупоӣ аст, ки аз Тоҷикистон дидан мекунад ва аз ҳамин назар, ба қавли ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, "дорои аҳамияти сиёсист".

Барномаи сафари Туск инчунин ошноӣ бо бархе манотиқи дигари Тоҷикистонро ҳам дар назар мегирад ва бо мулоқоти шомгоҳӣ бо президент ва изҳороти матбуотӣ ба анҷом мерасад. Барномаи сафар мулоқот ва гуфтугӯҳо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва саволу ҷавоб бо хабарнигорони Тоҷикистонро дар назар намегирад ва ин чиз мояи нороҳатии бархе фаъолони ҳуқуқи инсон дар кишвар шуд.

Русия милисаи собиқро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард

Додгоҳи олии Русия дархости бознигарии ҳукми додгоҳи зинаҳои поёниро дар робита ба Евгений Чуплинский рад ва ҳукми зиндони абадро бетағйир боқӣ гузошт. Чуплинский, сокини Новосибирск дар куштори 19 зан айбдор аст.

Тафтишот мегӯяд, корманди пешини милиса 19 занро ваҳшиёна кушта ва пора пора кардааст. Вай ин кушторро аз соли 1998 то 2005 анҷом додааст. Вай он замон дар раёсати корҳои дохилии Новосибирск кор мекард.

Корманди пешини милисаро танҳо дар соли 2016 боздошт карданд. Вай айбро эътироф ва бо тафтишот ҳамкорӣ кард. Табибон гуфтанд, Чуплинский аз ҷиҳати равонӣ комилан сиҳат аст.

Аммо хилофи эътирофҳои пешин, вай моҳи апрели соли 2017 гуфт, ҷинояте содир накардааст. Дӯстон ва наздикони Чуплинский бовар надоранд, ки вай куштор анҷом додааст.

Дар Узбекистон аз омӯзгорон иҷборан "садақаи фитр" меситонанд

Дар вилояти Андиҷони Узбекистон омӯзгорони мактабҳои миёнаро маҷбур доранд, ки ба ҳисоби бунёди хайрияи "Вақф"-и ин кишвар пул гузаронанд.

Ба гуфтаи омӯзгорон, аз ҳар нафари онҳо пешакӣ имзо мегиранд, ки розӣ аст, аз моҳонааш ҳамчун садақаи фитр 50 ҳазор сӯм (6 доллар) бигиранд. Мудири яке аз мактабҳои Андиҷон низ тасдик кард, ки аз маоши омӯзгорон маблағи муайянеро ҳамчун садақаи фитр меситонанд.

Вале як намояндаи бунёди "Вақф" гуфт, ин маърака бо ташаббуси мақомоти маҳалҳо роҳандозӣ шуда, раҳбарияти бунёд ба касе дастур надодааст ва хайр кардан ба ҳисоби онҳо низ кори ихтиёрӣ аст.

Ба гуфтаи яке аз омӯзгорони ноҳияи Андиҷон, ки нахост номаш бурда шавад, аз муаллимони мактабҳо бори нахуст садақаи фитр ҷамъ карда мешавад. Омӯзгорони мактабҳои дигари ноҳия низ тасдиқ карданд, ки мақомот аз онҳо барои бунёд пул талаб доранд.

Муовини мудири яке аз мактабҳои Андиҷон гуфт, маъракаи мазкур бо дастури раҳбарияти Идораи маорифи вилоят роҳандозӣ шудааст. "Аз вилоят ба мудири маорифи ноҳия дастур додаанд ва мудири маориф низ дар навбати худ ба раҳбарони мактабҳо дастур дод. Ҳамаи омӯзгоронро маҷбур доранд, ки дар рӯйхат имзо гузошта, ба муҳосиб диҳанд. Ин кор дар ҳамаи мактабҳо дида мешавад",-афзуд ӯ.

Яке аз имомҳои вилояти Андиҷон гуфт, маъракаи ҷамъоварии садақаи фитр дар тамоми вилоят ҷараён дорад. "Аз омӯзгорони мактабҳо 50-ҳазорсӯмӣ ва аз кормандони корхонаҳои дигар бештар гирифта мешавад. Ҳоло ҳамаи имомҳо кӯча ба кӯча гашта, пул мепурсанд. Мардум норозӣ ҳастанд ва мегӯянд, пули додаашон то ба ниёзмандон намерасад",-изҳор дошт имом.

Ёдрас мешавем, моҳи апрели соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабаре паҳн шуд, ки гӯиё раҳбари бунёди хайрияи "Вақф" ҳамчун нақлиёти хидматӣ гаронтарин мошини истеҳсоли Узбекистон - "Малибу-2"-ро харидааст. Намояндагони бунёд гуфтанд, ки мошинро ба хотири пешвоз гирифтани меҳмонҳои хориҷӣ харидаанд.

Афсари тоҷик барои бо дос задан ба сари сарбоз ҷазо гирифт

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе як афсари вазорати дифоъро барои бадрафторӣ бо як сарбоз ҷазо додааст. Дар ҳукми додгоҳ, ки рӯзи 30-уми май нашр шуд омадааст, ки Комрон Саидмамадов, фармондеҳи гуруҳи 30 нафаррии ротаи посбони фахрии вазорати дифоъ барои бо дост ба сари сарбоз задан ҷазо гирифт.

Ба гуфтаи додгоҳ, ӯ Комрон Саидмамадов баъди онки як зертобеаш ба сабаби ҳассосият ва ё аллергия доштан аз даравидани алафи назди майдони сафороӣ худдорӣ мекунад, бо дос ба сари ӯ мезанад ва ӯро маҷрӯҳ мекунад. Ҳодиса моҳи апрел рух додааст. Додгоҳ амр додааст, ки аз лейтенант Комрон Саидамадов, барои риоят накардани ойинномаи ҳарбӣ барои як сол аз 15 дар сади музди кораш ба фоидаи давлат ситонида шавад.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, “Дар давраи адои ҷазо Комрон Саидамадов ба мансаби баланд таъин кардан ё ба ӯ додани рутбаи ҳарбии баландтар манъ аст”. Назари вакили дифоъ ва ё худи Комрон Саидмамадов ба Радиои Озодӣ маълум нест. Аммо бадрафторӣ бо сарбозон дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон як мушкили доғ боқӣ мемонад.

Аз Қирғизистон дар чанд сол ба хориҷ $250 млн бурда шудааст

Тибқи санадҳое, ки дастраси Бахши қирғизии Радиои Озодӣ шуд, тайи чанд соли ахир аз Қирғизистон дасти кам 250 миллион долларро ба хориҷ бурдаанд. Рӯзноманигори радио Алӣ Токтакунов дар пайи таҳқиқи худ муайян кард, ки як қисми ин пулҳо ба ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ ворид гаштааст. Вале манбаъҳои муътамад мегӯянд, пуле, ки ба хориҷ аз Қирғизистон бурдаанд, беш аз 700 миллион доллар аст.

Расидҳои бонкӣ нишон медиҳанд, ки шаҳрванди Чин Айэркин Саймаитӣ ҷамъан ба 13 кишвар, аз ҷумла Туркия, Бритониё, АМА, Олмон ва Русия садҳо миллион доллар фиристодааст. Худи Саймаитӣ солҳои 2015-2017 аз Туркия бо номи ҳамсараш ба ҳисоби бунёди хайрияи ба номи Исмоил Матраимов дар Қирғизистон $2 338 700 гузарондааст.

Ин бунёд ба номи Руслан Матраимов -- бародари хурдии муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов сабти ном аст. Худи ӯ дар суҳбат бо радио гуфт, ки Саймаитӣ ва ҳамсарашро намешиносад ва аз онҳо пуле ҳам дарёфт накардааст. Бунёди "Исмоил Матраимов" солҳои ахир чорабиниҳои варзишиеро бо иштироки мансабдорони баландпоя баргузор мекунад.

Муовини раиси Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон Эмил Жамгирчиев 27-уми май гуфт, санҷиши дороиҳои Матраимов ба зудӣ ба поён мерасад. Бояд гуфт, санҷиши дороиҳои Райимбек Матраимов панҷ сол мешавад, идома дорад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Гуфтугӯ бо Анваршоҳ Мирзоев дар бораи вазъи футболи тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:18 0:00
XS
SM
MD
LG