Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Бӯҳрони сиёсӣ дар Молдова амиқтар меравад

Тазоҳурот дар Кишинёв

Бӯҳрони сиёсӣ дар Молдова амиқтар меравад, чун Додгоҳи Олӣ раиси ҷумҳур Игор Додонро аз салоҳиятҳояш маҳрум кард. Павел Филип, ки ҷойгузини раиси ҷумҳур шуд, порлумонро барканор ва интихоботи пеш аз мӯҳлат эълон кард.

Баъди ин ҳазорон нафар дар маркази пойтахти Молдова дар шаҳри Кишинёв ҷамъ омаданд ва аз ҳимояти худро аз Павел Филип эълон карданд. Игор Додон қарори додгоҳро сахт танқид кард ва гуфт, ҳизби рақиб Ҳизби Демократ, ки як фарди сарватманд онро дастгирӣ мекунад, мехоҳад дар қудрат бимонад.

Бӯҳрони сиёсӣ бесуботӣ дар Молдоваро бештар мекунад, ки яке аз кишварҳои фақири Аврупо ва олуда ба ришвахорӣ маҳсуб мешавад. Дар он нерӯҳои сиёсӣ ба ду ҷабҳа тақсим шудаанд, қисме аз Русия тарафдорӣ мекунанд, қисми дигар тарафдори ҳамкориҳои наздик бо Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд.

Раиси ҷумҳури собиқи Покистонро дастгир карданд

Осиф Алӣ Зардорӣ ҳангоми хуруҷ аз додгоҳ.

Мақомоти Покистон, Осиф Алӣ Зардориро раиси ҷумҳури собиқро бо иттиҳоми фасодкорӣ дастгир кардаанд. Гурӯҳе аз кормандони Идораи мубориза бо коррупсия дар Покистон рӯзи 10-уми июн Осиф Алӣ Зардориро дар қароргоҳаш дар шаҳри Исломобод дастгир кардаанд.

Чанд соат пештар аз ин додгоҳи Покистон дархости тамдиди васиқа барои Осиф Алӣ Зардорӣ ва хоҳари ӯро рад кард, ки ба пулшӯӣ муттаҳам мешаванд.

Зардорӣ, ҳамраиси Ҳизби Мардумии Покистон, ҳизби мухолифи давлат ва хоҳараш Фарёл Талпур аз додгоҳ хоста буданд, ки онҳоро бо тамдиди мӯҳлати ивази васиқа дар озодӣ бигузорад. Зардорӣ, вакили порлумон ва хоҳараш дар толори додгоҳ буданд, вале баъди эълони қарори додгоҳ ҳам дастгир нашуданд. Амри боздошти хоҳари ӯ Талпур ҳанӯз содир нашудааст.

Идораи мубориза бо коррупсия дар Покистон раиси ҷумҳури собиқ ва хоҳарашро ба дуздии 150 миллион рупия ва ё 1 миллион доллар муттаҳам мекунад. Зардорӣ ва Талпур ин иттиҳомро беасос меноманд. Идораи мазкур баъди ба қудрат расидани нахуствазир Имрон Хон чанд сиёсатмадорро бо иттиҳоми ришвахорӣ дастгир кардааст. Додгоҳи Олии Покистон Навоз Шариф нахуствазири пешини Покистонро бо айни иттиҳом аз мақомаш барканор кард. Осиф Алӣ Зардорӣ аз соли 2008 то соли 2013 раиси ҷумҳури Покистон буд.

Вазирони Эрону Олмон созиши атомиро баррасӣ карданд

Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Ҳейко Маас

Ҳейко Маас, вазири корҳои хориҷии Олмон зимни сафараш ба Теҳрон бо ҳамтои эронии худ Муҳаммадҷавод Зариф роҳҳои ҳифзи созиши атомии соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳониро барассӣ кардааст. Ҳейко Маас бо Ҷавод Зариф дар рӯзи 10-уми июн мулоқот дошт ва қарор аст, бо раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ низ мулоқот кунад.

Қабл аз сафар ба Теҳрон Ҳейко Маас изҳори умедворӣ кард, ки гуфтугӯҳо ба ду тараф имкон медиҳанд, “роҳҳои созандаи” нигаҳ доштани созиши атомиро пайдо кунанд. Айни замон Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфтааст, “мехоҳад бидонад, ки шарикон барои наҷоти созиш ба ноил шудаанд.”

Баъди хуруҷи Амрико аз созиш дар моҳи майи соли 2018 Фаронсаву Бритониё ва Олмон талош доштанд, созишро ҳифз кунанд. Амрико баъди хуруҷ таҳримоти нафасгиркунанда ба зидди иқтисоди Эронро барқарор кард. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки созиши атомӣ ба қадре сахт нест, ки монеи дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ шавад.

Фарди ношиносе идораи "Сноб"-ро хароб кард

Дар Маскав шаби 9 ба 10 июн шахси номаълуме ба бинои воқеъ дар кӯчаи Берсеневская набережная дар шаҳри Маскав ворид шуда, тамоми компютеру дастгоҳҳои марбут ба идораи расонаи «Сноб»-ро шикаст. Ҳамлаи шахси ношинос инчунин дар утоқи ҳамсоя бо бахши хабарии «Сноб» сабт шудааст. Як манбаъ ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, ки полис таҳқиқи ҳодисаро шурӯъ кардааст.

Сардабири «Сноб» Ксения Чудинова дар телеграм-канали идора гуфтааст, ки ба идораи нашрия сабабҳои ин ҳамла маълум нест. Худи журналистон бо сабаби дар дохили идора кор кардани муфаттишон ба идора ворид шуда наметавонанд ва феълан гуфта намешавад, ки ҳаҷми хисороти воридшуда чӣ қадар аст.

Дар вебсайти нашрия гуфта шудааст, ки ба дохили идораи нашрия як мард ворид шуд ва дари шишаиро шикаст. Инчунин ҳамлагар «махсусан компютер ва мониторҳои iMac-ро хароб кард”. Дафтраи кории дуюме, ки дар ин ҳамла осеб дид, ба як “ширкати бегона мансуб аст”.

Ксения Чудинова гуфт, қарор шуд, ки дар ин шароит як қисми журналистони “Сноб” ба таври мувақаттӣ дар дафтари кории идораи телевизионии "Дождь" корро идома диҳанд.

"Сноб" як вебсайти хабарию таҳлилии мустақил аст, ки дар бораи ҳаводиси Русия аз дидгоҳи интиқодӣ менависад.

Хабарнигорони Русия ба ҳимояти Голунов бархостаанд

Иван Голунов

Хабарнигорону фаъолони сиёсӣ ва тарафдорони Иван Голунов хабарнигори таҳқиқгар қасд доранд, рӯзи 12-уми июн бо талаби раҳоии ӯ раҳпаймоӣ кунанд. Иван Голунов, ки ба фурӯши маводи мухаддир муттаҳам мешавад, айни замон дар ҳабси хонагӣ аст. Гурӯҳе аз кормандони чанд расонаи Русия бо нашри як баёнияе дар Фейсбук рӯзи 10-уми июн гуфтанд, ки аз мақомот иҷозаи раҳпаймоӣ намегиранд, то ба ин васила ба мақомот фишор биёранд, ки иттиҳомот ба зидди хабарнигорро лағв кунанд.

Онҳо гуфтаанд, ки парвандаи Иван Голунов, ки дар бораи фасоду ришвахорӣ дар миёни мақомоти баландпоя гузориш медод, беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ аст. Баргузоркунандагон мегӯянд, ки дар даст мақолаҳои Иван Голуновро хоҳанд дошт.

Тазоҳургарон талаб хоҳанд кард, ки хабарнигор озод шавад ва онҳое, ки гӯё ба борхалтаи ӯ ва дар утоқаш дар Маскав маводи мухаддир андохтаанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Рӯзи 10-уми июн се нашрияи мустақили Русия дар саҳифаи аввали худ мақолаҳои яксон нашр карда, иттиҳомот ба зидди Голуновро шубҳабарангез номиданд. “Ведомости”, “Коммерсант” ва РБК як шиор навиштаанд “Ман ва мо Сергей Голунов ҳастем”.

Махфират Ҳамроқулова дар Душанбе консерт медиҳад

Махфират Ҳамроқулова.

Махфират Ҳамроқулова, овозхони маъруфи тоҷик рӯзи 22-юми июн дар шаҳри Душанбе барномаи консертӣ баргузор мекунад. Дар ин бора Исматуллоҳ Холзода, ҳунарманди собиқадори кишвар дар саҳфаи "Фейсбук"-и худ хабар додааст.

Исматулло Холзода навишт, "аз раҳи дур омадааст, то мухлисонашро бо сурудҳои дилангезаш шод гардонад. Ҳанӯз ҳам садояш побарҷост, равшандил ва завқи баланд дорад. Мухлисонашро пазмон шудааст".

Барномаи ҳунарии Махфират Ҳамроқулова дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев доир мешавад. Ба гуфтаи Исматулло Холзода, дар ин барнома ҳунармандони шинохта Умар Зиёев, Раҳима Шалоэр, Баҳодур Неъматов ва дигарон иштирок ва ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.

Овозхони маъруф Махфират Ҳамроқулова аз чандин сол ба ин тараф дар Амрико ба сар мебарад. Ӯ то замони тарк кардани Тоҷикистон, дар ансамбли эстрадии "Гулшан" кору фаъолият мекард.

Ансамбли эстрадии “Гулшан” аз нахустин дастаҳои мусиқии тоҷик аст, ки дар соли 1964 таъсис шуда ва бо номи Муқаддас Набиева, Хурмои Ширин, Тоҷиддини Муҳиддин, Қароматуллоҳи Қурбон, Махфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр, Умар Зиёев, Баҳодури Неъмат ва чанде дигарон то ҳол вирди забони мардум аст.

Тоқаев дар интихоботи Қазоқистон 70%-и овозҳоро соҳиб шудааст

Дар Қазоқистон натиҷаи назарпурсии расмии интихобкунандагонро эълом карданд. Тибқи назарсанҷии ду маркази ҷомеашиносии Қазоқистон, номзади ҳизби ҳокими "Нур Отан" ва президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаев дар интихоботи президентии 9-уми июн тақрибан 70%-и овозҳоро ба даст овардааст.

Дания Еспаева, нахустин зани номзад ба мақоми президентии Қазоқистон ва вакили порлумони ин кишвар аз Ҳизби "Оқ жол" 5 дарсади раъйи мардуми кишварашро соҳиб шудааст. Номзадҳои дигар аз як то чаҳор дарсадӣ овоз гирифтаанд.

Ба огаҳии Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон, дар интихоботи президентии пеш аз муҳлати ин кишвар 77 дарсади шаҳрвандони дорои ҳаққи раъй иштирок кардаанд.

Маъракаи раъйдиҳии 9-уми июн дар таърихи навини Қазоқистон чаҳорумин интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ аст. Дар 30 сол бори нахуст аст, ки интихоботи президентии ин кишвар бе ҳузури Нурсултон Назарбоев баргузор мешавад.

Дар рӯзи интихобот дар шаҳрҳои Нурсултон, Алмато ва Чимкенти Қазоқистон тазоҳурот баргузор шуда, эътирозгарон сокинонро ба таҳрими интихобот даъват карданд. Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Қазоқистон, рӯзи интихобот дар ду шаҳри бузурги ин кишвар ҳудуди 500 кас боздошт шуданд.

Сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Қосимҷомарт Тоқаев

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Қосимҷомарт Тоқаевро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи президентии Қазоқистон, табрик гуфтааст. Тибқи назарсанҷиҳо, Қосимҷомарт Тоқаев дар ин интихобот аз ҳамаи номзадҳо раъйи бештар ба даст овардааст. Комиссияи интихоботии Қазоқистон то ба ҳол натиҷаҳои расмиро эълон накардааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбати телефонӣ бо Қосимҷомарт Тоқаев, роҷеъ ба муносибатҳои ин ду кишвари шарики стратегӣ, низ сӯҳбат кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ва Қосимҷомарт Тоқаев масъалаҳои саммити қарибулвуқӯи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро, ки қарор аст авохири ҳафтаи ҷорӣ дар Душанбе баргузор шавад, баррасӣ намуданд.

Хабари гуфтугӯи телефонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Қосимҷомарт Тоқаев дар сайти расмии президенти Тоҷикистон ва хабаргузории давлатии "Ховар" нашр шуд ва баъдан ин ду ниҳод онро аз саҳифаҳои худ бардоштанд. Манобеъ дар дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон инро ба "то ҳол расман эълон нашудани натиҷаи интихоботи раёсати ҷумҳури Қазоқистон", рабт доданд.

Тибқи назарсанҷии ду маркази ҷомеашиносии Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаев дар интихоботи президентии 9-уми июн тақрибан 70 дарсади овозҳоро ба даст овардааст.

Дания Еспаева, нахустин зани номзад ба мақоми президентии Қазоқистон ва вакили порлумони ин кишвар аз Ҳизби "Оқ жол" 5 дарсади раъйи мардуми кишварашро соҳиб шудааст. Номзадҳои дигар аз як то чаҳор дарсадӣ овоз гирифтаанд.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Қазоқистон, рӯзи интихобот дар ду шаҳри бузурги ин кишвар ҳудуди 500 кас боздошт шуданд.

Дар Алмаато ва Нурсултон наздики 500 касро боздошт карданд

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Қазоқистон, дар шаҳрҳои Алмаато ва Нурсултони он кишвар наздики 500 одам ба идораи пулис бурда шудааст. Боздоштҳои густардаи рӯзи 9-уми июн дар ду шаҳри калонтарини Қазоқистон, инчунин дар шаҳри Чимкент сурат гирифтанд.

Марат Кожаев, ноиб-аввали вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, боздоштшудаҳо талош доштанд "вазъи иҷтимоиро ноором кунанд". Вай гуфт, пулис дар доираи қонун амал кардааст. Ноиб-аввали вазири корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, иттилоъ дар бораи марги як эътирозгар ҳақиқат надорад.

Дар Қазоқистон рӯзи 9-уми июн интихоботи президентӣ баргузор шуд. Додситонии кулли он кишвар 7-уми июн бо пахши як огоҳинома гуфт, вайрон кардани тартиботи баргузории ҷамъомадҳои сулҳомез ҷавобгарӣ дорад. Касоне, ки ба эътироз баромада буданд, ба таҳрими интихобот даъват карданд.

Миёни боздоштшудаҳои рӯзи 9-уми июн, кормандони расонаҳо ҳам ҳастанд.

Додситонии Узбекистон фишори равонӣ ба Гулнора Каримоваро рад кард

Додситонии кулли Узбекистон иттилоъ дар бораи фишори равонӣ ба Гулнора Каримова, духтари президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро рад кард. Каримова айни ҳол дар зиндони занонаи Зангиота адои ҳукм мекунад. "Вазъи сиҳатии вай муътадил аст, ҳангоми зарурат ёрии тиббӣ дарёфт мекунад",-иттилоъ медиҳад додситонӣ.

Пештар аз ин Грегуар Манжа, вакили дифои швейтсарии Каримова гуфта буд, ки нафари таҳти ҳимояташ таҳти фишори равонии доимӣ қарор дорад. "Ӯро табобат намекунанд. Баъди охирин дидори мо Каримоваро фавран аз табобатгоҳи зиндон берун бурданд",-навишт вакили мудофеъ дар шабакаи иҷтимоии "Твиттер".

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18-уми декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1-уми июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Узбекистон ба Гулнора Каримова наздик ба 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

Хабарнигори рус дар ҳабси хонагӣ мемонад

Иван Голунов

Додгоҳи Русия амр додааст, ки Иван Голунов, хабарнигори таҳқиқгар, ки дар Маскав бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир дастгир шуд, то замони анҷоми тафтиш дар ҳабси хонагӣ бимонад. Додгоҳи Маскав рӯзи 8-уми июн дархости додситонҳо барои нигаҳдории Иван Голунов дар боздоштгоҳро рад кард ва гуфт, ӯро дар ҳабси хонагӣ нигаҳ доранд.

Хабарнигорро рӯзи 6-уми июн дастгир карданд ва ӯ ба фурӯши “миқдори зиёди” маводи мухаддир муттаҳам мешавад. Барои ин ҷиноят дар Русия аз 10 то ба 20 соли зиндон ҷазо муқарраро шудааст. Голунов мегӯяд, ки ҳеҷ гуноҳе надорад ва иттиҳомот ба зидди ӯ бофтаву сохта аст ва мақомот мехоҳанд, ба ин васила аз ӯ барои гузоришҳояш дар бораи фасоду ришвахорӣ дар байни раҳбарони баландпоя ниқор бигиранд.

Бар асоси амри додгоҳи ноҳияи Никулино, Иван Голунов бояд то 8-уми август дар ҳабси хонагӣ бимонад. Хабарнигори вебсайти Медуза, ки дар Латвия қароргоҳ дорад, дар маркази Маскав дастгир шуд. Мақомот мегӯянд, аз ӯ чанд баста маводи мамнуи мефедрон гирифтанд.

Раиси ҳизби олмонӣ хостаи ҳамҳизбонашро рад кард

Аннегрет Крамп Карренбауер

Раҳбари Ҳизби Масеҳиёни Демократ дар Олмон даъвати теъдоде аз ҳамсафонаш барои сабуктар кардани таҳримот ба зидди Русиро рад кард ва гуфт, таҳримот то замоне, ки Русия рафтораш дар Қрим ва шарқи Украинаро тағйир надиҳад, набояд аз байн бардошта шаванд.

Раиси ҳизб Аннегрет Крамп Карренбауер рӯзи 8-уми июн гуфт, “то замоне, ки рафтори Русия онҷо тағйир накунад, ҳеҷ имконе барои тағйир дар ҳамкориҳои иқтисодӣ нахоҳад буд.” Пештар аз ӯ намояндаи дигари Ҳизби Масеҳиёни Демократи Олмон Майкл Кретсшмер, раиси Вилояти Саксонияи Олмон баръакси ақидаро баён кард. Ӯ рӯзи 7-уми июн дар Форуми Иқтисодии Санкт Петербург бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мулоқот кард ва баъдан дар Твиттер навишт, ки “барои ҳамкориҳои беҳтар, зарур аст, то ба таҳримот хотима дода шавад.”

Ҳизби Масеҳиёни Демократи Олмон, ҳизби Ангела Меркел садри аъзами кишвар аст. Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико соли 2014 баъди ишғоли нимҷазираи Қрими Украина аз тарафи Русия ва кӯмаки ин кишвар ба ҷудоиталабон дар шарқи Украина ба зидди Маскав таҳримоти молӣ эъмол карданд.

Ҳасан Рӯҳонӣ ҳафтаи оянда ба Душанбе меравад

Ҳасан Рӯҳонӣ

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ҳафтаи оянда ба Душанбе сафар мекунад. Расонаҳои Эрон навиштаанд, ки ӯ бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти 5-уми сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё ба Тоҷикистон меравад.

Нишаст рӯзҳои 14-15-уми июн сурат мегирад ва қарор аст, дар он раҳбарони даҳҳо кишвари Осиё ширкат кунанд. Сафари Ҳасан Рӯҳонӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳои хубе надоранд. Душанбе, ки як замон аз шарикони наздики Теҳрон ба ҳисоб мерафт, дар чанд соли ахир Ҷумҳурии исломиро ба ҳимоят аз терроризм муттаҳам кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё мумкин аст, раҳбарони Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Камбоҷа, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Россия, Тайиланд, Туркия ва Ӯзбекистон ширкат кунанд.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё анҷумани байналмилалӣ аст, ки дар он умдатан масоили амниятӣ дар Осиё баррасӣ мешавад. Тирамоҳи соли 2018 раёсат дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.

Тавсияи милиса ба сокинони ноҳияҳо: Ду рӯз бе зарурат ба Душанбе наоед.

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти интизомӣ аз сокинони ноҳияҳои Тоҷикистон хостаанд, ду рӯзи нимаи моҳи июн бе зарурат ба Душанбе наоянд. Раёсати умури дохилии Душанбе бо нашри як огаҳии расмӣ дар вебсайти вазорати умури дохилӣ гуфт, ба сабаби баргузории нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё чанд роҳи марказии Душанбе як қисмати шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ баста мешавад.

Нишасти мазкур, ки дар он қарор аст, раҳбарони 27 кишвар ширкат варзанд, рӯзҳои 15 ва 16-уми июн дар Душанбе сурат мегирад. Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд, ҷиҳати дар сатҳи баланд сурат гирифтани Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё ҳаракати ҳама гуна нақлиёт тавассути кӯчаҳои ба номи Аҳмади Дониш, Айнӣ, Рӯдакӣ, Сомонӣ, Ганҷавӣ ва роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ то километри 21-ум назди истироҳатгоҳи «Кохи Малика» манъ карда мешавад.”

Барои ҳамин раёсат ба сокинони шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон тавсия додааст, ки рӯзҳои 14-15-уми июн бе зарурият ба қаламрави Душанбе наоянд. Айни замон аз сокинони пойтахт хоста шудааст, ки дар ин ду рӯз бо мошин ба ҷойи кор, ё дигар маҳал нараванд ва аз нақлиёти умумӣ истифода баранд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё мумкин аст, раҳбарони Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Камбоҷа, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Россия, Тайиланд, Туркия ва Ӯзбекистон ширкат кунанд.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё анҷумани байналмилалӣ аст, ки дар он умдатан масоили амниятӣ дар Осиё баррасӣ мешавад. Тирамоҳи соли 2018 раёсат дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.

Марги сарбозони покистонӣ дар ҳамлаҳои Вазиристони Шимолӣ

Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 8-уми июн дар таркиши бомбаи канори роҳ дар Вазиристони Шимолӣ ду сарбози покистонӣ кушта ва се тани дигар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти низомии Покистон гуфтанд, сарбозон минтақаро назорат мекарданд ва мошини онҳо ба маводи таркандаи худсохт бархӯрдааст.

Аз он пештар, рӯзи 7-уми июн, дар ҳодисаи мушобеҳ дар минтақаи Датта Хели Вазиристони Шимолӣ чаҳор узви артиши Покистон кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ гардиданд.

Толибони Покистон масъулияти ҳамлаи рӯзи ҷумъаро ба дӯш гирифтанд.

Ҳамон рӯз дар Гариуми Вазиристони Шимолӣ як нафари ношинос як сарбози покистониро куштааст.

Дар чанд соли ахир нерӯҳои Покистон дар Вазиристони Шимолӣ зидди ҷангҷӯён, аз ҷумла Толибони Покистон амалиёт гузарондааст. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, минтақа нисбатан ором шуд, мушкил ҳамоно мондааст. Гуфта мешавад, дар як моҳи охир дар ноҳияи Хор Қамар дастикам даҳ сарбоз кушта ва 35 нафар маҷруҳ шудаанд.

Голунов расман ба фурӯши маводи мухаддир муттаҳам шуд

Иван Голунов

Иван Голунов, хабарнигори таҳқиқотгар дар Русия, расман ба ҷинояти марбут ба маводи мухаддир муттаҳам шуд. Созмонҳои байналмилалии хабарнигорӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон гуфтанд, мақомот ӯро ба хотири гузоришҳояш ҷазо медиҳанд.

Вакили мудофеъ Павел Чиков гуфт, нафари зери ҳимояти ӯ ба фурӯши маводи мухаддир “дар ҳаҷми калон” муттаҳам шудааст. Додгоҳи Маскав тасмим мегирад, ки муҳлати боздошти ӯро дароз кунад ё на.

Журналисти маъруф Иван Голунов, ки барои вебсайти мустақили хабарии Meduza, қароргоҳаш дар Латвия кор мекунад, рӯзи 6-уми июн дар Маскав дастгир шуд. Полис гуфт, гӯё дар дохили борхалтаи ӯ маводи мухаддири навъи мефедрон пайдо шудааст. Вале хабарнигор гуфтааст, ин мавод аз они ӯ нест ва нашъаро дар дохили сумкааш ҷой додаанд.

Иван Голунов дар бораи нақшаҳои коррупсионии мақомдорони Маскав гузоришҳои зиёд навишта, дар гузашта дар телевизиони “Дождь” кор кардааст. Садҳо журналист озодии ӯро талаб карданд.

Отамбоев: Агар ман ҳукумат мехостам, аз қудрат намерафтам

Алмосбек Отамбоев дар гирдиҳамоии зидди коррупсия дар Бишкек. Рӯзи 8-уми июни соли 2019

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, гуфт, ки ҳадафи ӯ ҷавон кардани аъзои ҳукумат буд ва ба ин хотир барои дар қудрат мондан кӯшиш накард.

Вай рӯзи 8-уми июн ҳангоми тазоҳуроти зидди ришвахорӣ дар назди бинои “Медиа форум”-и Бишкек гуфт, агар ҳукумат зарур мебуд, имкони дар қудрат монданаш вуҷуд дошт.

“Маро ба он муттаҳам мекунанд, ки гӯиё дар ҳоли чанг задан ба ҳукумат ҳастам ва ба кори онҳо халал мерасонам. Агар ба ман ҳукумат лозим мебуд, беҳтараш аз қудрат намерафтам. Соли 2016 ҳангоми раъйпурсӣ пешниҳод мекардем, ки як нафар метавонад ду дафъа пайиҳам президент шавад. Фикр мекунам, бисёре аз мардум аз ман пуштибонӣ мекарданд”, -- афзуд ӯ.

Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон гуфт, ҳадафи онҳо дигар буд. “Мо ҳукумати ҷавон мехостем. Ҷавонтарин нахуствазири мо 39 сол дошт. Ин замоне буд, ки ҳанӯз Зеленский ва Пашиняну дигарон ба қудрат нарасида буданд. Яке аз вазирони мо 32-сола буд. Ва бояд оқсақол-президент ба ҷавонҳо кумак мекарду бас.”

Алмосбек Отамбоев гуфт, вале баъди тағйири ҳукумат кор ранги дигар гирифт ва дар навбати аввал Сафар Исҳоқов, нахуствазири пешин ва ҷавони Қирғизистонро дастгир карданд.

Отамбоев аз соли 2011 то 2017 президенти Қирғизистон буд. Ӯ ва раиси ҷумҳури ҳозира Сооронбой Ҷеенбеков ҳамсаф буданд, вале баъди ба аз қудрат рафтани Отамбоев ва ба сари ҳукумат омадани Ҷеенбеков дар мухолфиат бо якдигар қарор гирифтанд.

Як сокини Душанбе аз ошёнаи 8-ум афтод ва ҷон бохт

Як сокини шаҳри Душанбе аз ошёнаи ҳаштуми бинои бисёртабақа дар кӯчаи Бухорои пойтахт ба замин афтодааст. Ҳодиса баъд аз зуҳри 8-уми июн рух дод. Баъзе аз шоҳидон гуфтанд, мард фавтидааст ва ҷасадро аз назди фурӯшгоҳи "Тантана" бурдаанд. "Ин бино нав аст ва ҳамсояҳо якдигарро хуб намешиносанд. Барои ҳамин, то ҳол мардум намедонанд, ки чӣ иттифоқ афтодааст. Як дафъа модараш ба берун баромад ва дар вазъияти хуб набуд. Ӯро дубора ба хона дароварданд", -- гуфт мусоҳиби мо. То ҳанӯз далели ба поин афтидани ин мард маълум нест. Рӯшан нест, ӯ худро ба замин партофта ё тасодуфӣ афтидааст. Мақомот ҳанӯз дар ин бора хабар надоданд.

Трамп гуфт, бо Мексика дар масъалаи муҳоҷират “забон” ёфтанд

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, бо Мексика дар масъалаи муҳоҷират ба созиш расидаанд. Вай рӯзи 8-уми июн дар ин бора дар “Твиттер” хабар дод.

Трамп навишт, “хушҳолам, ки ба Шумо хабар медиҳам. Амрико ва Мексика дар ин маврид мувофиқатномаро имзо карданд.” Бино бар ин, ба қавли ӯ, ҷорӣ кардани таърифаи нав ба молҳои воридотии Мексика, ки қарор буд аз 10-уми июн иҷро шавад, барои муддати номаълум ба таъхир афтод.

Президент Трамп навиштааст, ҳукумати Мексика дар ивази ин кор, тавофуқ кардааст, барои пешгирӣ ҳаракати муҳоҷирон ба марзҳои ҷанубии Амрико чораҳои сахттар мебинад.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Амрико, ин иқдом саба мешавад, ки убури муҳоҷирони ғайриқонӯнӣ тавассути Мексика ба Иёлоти Муттаҳида камтар шавад.

Эълони Доналд Трамп дар ҳоле садо дод, ки мақомҳои Амрико ва Мексика чанд рӯз боз музокира доштанд. Сафири Мексика дар Вашингтон гуфтааст, ҳарду ҷониб барои пешгирӣ аз ҳаракати муҳоҷирони ғайриқонунӣ якҷоя талош хоҳанд кард.

Интихоботи президентии Қазоқистон. Бори аввал – бе Назарбоев

Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қазоқистон рӯзи 9-уми июн баргузор мешавад. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Қазоқистон гуфт, дар дохилу хориҷ даҳ ҳазор нуқта ва ҳавзаи овоздиҳӣ ташкил кардаанд.

Бори аввал дар варақаҳои овоздиҳӣ номи президенти пешин Нурсултон Назарбоев дарҷ нашудааст. Ин раҳбари худкома, ки тақрибан се даҳа бе танаффус дар курсии президентӣ такя зада буд, моҳи марти имсол ва дар 78-солагӣ аз сари ҳукумат рафт. Вале раҳбари доимии Шӯрои амният ва ҳизби ҳокими “Нур Отан” монд.

Дар интихоботи рӯзи якшанбе ҳафт номзад ба мақоми президентӣ миёни ҳам сабқат мекунанд. Яке аз онҳо президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаев аст, ки аз пуштибонии раиси ҷумҳури пешин Назарбоев бархӯрдор аст.

Баъзе аз созмонҳои мухолифон интихоботи президентии Қазоқистонро бойкот кардаанд.

Аз соли 1991 то кунун дар Қазоқистон панҷ интихоботи президентӣ баргузор шудааст. Се интихобот ғайринавбатӣ ё зудҳангом буд ва ғолибаш ҳам Нурсултон Назарбоев.

Нозирони ғарбӣ ягон дафъа интихоботҳои Қазоқистонро озоду одилона ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ эътироф накардаанд.

Таҳримҳои Амрико зидди саноати коркарди нафту гази Эрон

Вазорати молияи Амрико

Вазорати молияи Амрико зидди саноати коркарди нафту гази Эрон таҳримҳо ҷорӣ кард. Ин қадам бахше аз иқдомҳо дар заминаи ворид кардани фишор ба Эрон аст, то барои маҳдуд кардани барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии худ вориди музокира шавад.

Вазорати молияи Амрико рӯзи 7-уми июн таҳримҳо алайҳи ширкати саноати коркарди нафту гази Халиҷи Форсро эълон кард. Ин ширкати бузург ва фоидаовари коркарди нафту газ дар Эрон аст.

Таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ин ширкат ва 39 ширкати мутааллиқ ба он ва фурӯшандагони хориҷиашро ҳадаф қарор медиҳад.

Дар эъломияи Вазорати молияи Амрико гуфта шудааст, ки ширкати саноати коркарди нафту гази Халиҷи Форс аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон пуштибонии молӣ мекунад. Вашингтон қаблан Сипоҳро "созмони террористии хориҷӣ" хондааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар соли 2018 ин кишварро аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун кард.

Бар асоси ин созиш, ки дар соли 2015 миёни Эрону қудратҳои ҷаҳон имзо шуд, Теҳрон дар ивази коҳиши таҳримҳо барномаи ҳастаишро камтар мекард.

Вале Трамп гуфт, ин созиш нуқс дорад, зеро дар он ба барномаи ҳастаии Эрон ва ҳимояти ин кишвар аз терроризм пардохта нашудааст.

Гулбарг аз саҳнаи театри Полша саргузаштҳои худро мегӯяд

Акс аз бойгонӣ

Шоми 7 июн дар саҳнаи Zygmunt Hübner Powszechny – як театри Варшава нахустнамоише бо номи «Бонувони паноҳанда» ба саҳна гузошта шуд, ки дар он занҳои муҳоҷир қиссаҳои худро баён мекунанд. Коргардони ин намоишнома Катарина Сингиера мегӯяд, чор зани муҳоҷир аз Тоҷикистон, Ироқ, Доғистону Чеченистон ва ҳамчунин ҳунарпешаҳои Полша аз саргузаштҳои талхи худ қисса мекунанд.

Дар нақши паноҳандаи тоҷик – зане аз Тоҷикистон бо номи Гулбарг Сайфова, модари чор фарзанд аст, ки бо далелҳои сиёсӣ тарки кишвар карда дар Полша муқимӣ шудааст. Ин зан аз рӯзгори осудаву хонаи гармаш дар Тоҷикистон, фаъолиятҳои сиёсӣ ва билохира дар Полша - як кишвари аврупоӣ паноҳанда шуданаш қисса мекунад.

Дар муаррифии намоишнома гуфта мешавад, ки ба идораи умури хориҷиҳои ҳукумати Полша соли 2018 беш аз 4 ҳазор хориҷӣ дар ҷустуҷӯи ҳимояти байналмилалӣ ариза додаанд ва аз миёни онҳо 185 нафар бо чунин ҳимояти ҳуқуқӣ бархурдор шудаанд. «Аз саҳнаи театр аз роҳи баёни саргузаштҳои худ ин занҳо дар бораи муштаракот ва тафовутҳои зиндагиву воқеиятҳои зиндагиашон бо занҳои дигар мегӯянд», навишта шудааст дар муаррифиномаи намоишнома.

Катарина Сингиера дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ дар лаҳзаҳое чанд пеш аз шурӯи намоишнома гуфт, дар Полша муҳоҷирони зиёде зиндагӣ мекунанд ва ин намоишнома бо ҳадафи фароҳам кардани имконият ба муҳоҷирон дар баёни саргузаштҳои онҳо ба саҳна гузошта шуд. «Ман ба занҳои муҳоҷир имкон додам, ки қиссаҳои худро аз замони берун шуданашон аз ватан бигӯянд», мегӯяд коргардон. «Гулбарг аз Тоҷикистон маҷбур шудааст бо сабабҳои сиёсӣ кишварро тарк кунад. Ин зан бо чор кӯдакаш ба Полша ома два ҳоло ӯ дар ин ҷо аст. Ман зарур донистам, ки ба сокинони Полша дар бораи ин муҳоҷирон нақл кунам, чунки бисёри онҳо дар бораи ин мардум ҳеҷ хабаре надоранд. Бисёриҳо дар ин ҷо хаёл мекунанд, ки муҳоҷирон дар ҷустуҷӯи зиндагии хуби иқтисодӣ меоянд. Вале қаҳрамонҳои ман афроди таҳсилкарда ҳастанд ва дар ватанашон зиндагии хубе доштанду маҷбур онро тарк карданд. Ҳоло дар Полша онҳо бояд дубора худро пайдо кунанд».

Коргардон мегӯяд, ки ин намоишнома ба мақомот дар Полша ва Аврупо ҳам паём медиҳад, ки бояд бо муҳоҷирон муносибати хуб раво бинанд, то ки онҳо тавонанд баъди маҳрумиятҳову мушкилот дубора ба зиндагии шоиста рӯ оваранд.

Дар се соли охир садҳо тоҷикистонӣ талош карданд дар Аврупо ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд ва яке аз ин кишварҳо Полша аст, ки аввалинкишвари узви Иттиҳоди Аврупо баъди тарки қаламрави Беларус – як ҷумҳурии шӯравии собиқ ва ҳамсарҳади Русия мебошад. Дар миёни паноҳҷӯён фаъолони сиёсӣ, аъзои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯъшудани ҳизби наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24» низ ҳастанд. Раёсати кор бо хориҷиҳои ҳукумати Полша мегӯяд, аз соли 2016 то 2019 дар маҷмӯъ 1219 шаҳрванди Тоҷикистон аз Полша дархости паноҳандагӣ кардаанд. Дар маҷмӯъ аз миёни аризадодаҳо 85 нафар посухи мусбат гирифта, 367 нафар посухи манфӣ дарёфт карданд. Боқимондаҳо аз дархости худдаст кашида, ба кишварҳои дигар, ғолибан Аврупои ғарбӣ сафар кардаанд.

Тоҷикистон муҳлати боздошти Шамил Ҳакимовро дароз кард

Акс аз саҳифаи "Шоҳидони Яҳво"

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд муҳлати боздошти Шамил Ҳакимов, узви 68-солаи созмони насронии "Шоҳидони Яҳво"-ро то 26-уми июни имсол дароз кардааст. Фаъолияти ин созмон аз соли 2007 боз дар Тоҷикистон мамнуъст.

Шамил Ҳакимов моҳи феврали имсол дастгир шудааст. Созмони “Форум 18” навишт, алайҳи ӯ бо моддаи “барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ” парванда кушодаанд. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин амал аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Бино ба хабари “Форум 18”, Шамил Ҳакимов гӯиё ҷамъияти “Шоҳидони Яҳво”-ро раҳбарӣ мекард.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол қазияи Шамил Ҳакимовро расман шарҳ надодаанд. Вале созмони “Форум 18” навишт, ки Ҳакимов аз фишори баланд азият мекашад ва чанд вақт пеш аз боздошт пояшро ҷарроҳӣ карда буд. Ин созмон аз шеваи бархӯрди мақомот бо Шамил Ҳакимов нигаронӣ кардааст.

Фаъолияти “Шоҳидони Яҳво” дувоздаҳ сол боз дар Тоҷикистон манъ аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, фаъолияти созмонро ба хотири даъваташ барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ боздоштанд, ки мухолиф бо қонуни асосии Тоҷикистон аст. Ин созмон чанд дафъа талош кард, дубора сабтином шавад, вале натавонист.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 70 созмони динии ғайриисломӣ сабтином шудааст, ки аксари онҳо масеҳӣ ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистон дастикам даҳ сол боз назорат аз болои созмонҳои динӣ, чи исломӣ ва чи ғайриисломиро шиддат бахшидаанд. Дар пайи тасвиби қонуни нави дин дар соли 2009, чанд созмони ғайриисломӣ натавонистанд аз сабтиноми дубора гузаранд.

Бархӯрди мақомоти Тоҷикистон бо созмонҳои динӣ солҳо боз аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ танқид мешавад. Вале мақомот мегӯянд, шароит барои фаъолияти пайравони ҳамаи динҳо муҳайёст.

HRW: Дар ҳукумати нав бояд "мерос"-и Назарбоев ҷой наёбад

Мира Риттман, намояндаи созмони Дидбони ҳуқуқи башар

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) гуфт, аз эҳтимол дур аст, ки интихоботи президентии рӯзи 9-уми июн дар Қазоқистон "аз интихоботҳои пешина фарқ дошта бошад".

Интихоботҳое, ки ба қавли масъулони созмон, аз тарафи нозирони мустақил ноозод ва ноодилона баҳогузорӣ шудаанд.

Ин изҳорот рӯзи 5-уми июн зери номи "Интихоботи Қазоқистон ва интиқоле, ки вуҷуд надорад" аз номи муҳаққиқи созмони Human Rights Watch (HRW) Мира Риттман нашр шуд. Дар он гуфта шудааст, ки ҳукумати Қазоқистон мисли пешин худкома боқӣ мондааст.

Риттман навиштааст, солҳои охир мақомоти Қазоқистон зидди фаъолон, ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон, вакилони мудофеъ ва дигарон аз парвандаҳои ҷиноӣ кор гирифта, талош кардаанд, онҳоро хомӯш созанд.

Мира Риттман мегӯяд, бо назардошти пуштибонии мақомоти қудратӣ аз Қосимҷомарт Тоқаев аз эҳтимол дур аст, ки интихоботи президентии кунунӣ аз интихоботҳои гузашта фарқе дошта бошад.

"Аммо мероси Назарбоев - таъқиб, ҳабси мунтақидон, таҳдиди дигарандешон ва таҳаммул накардани озодии матбуот - бояд дар Қазоқистони оянда ҷой надошта бошад", - мегӯяд Риттман.

Интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон рӯзи якшанбеи 9-уми июн баргузор мешавад. Дар ин интихобот ҳафт довталаб иштирок мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба нишасти раҳбарони СҲШ ба Бишкек меравад

Роҳбарони 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистону Русия, Чин, Қазоқистон, Узбекистон, Ҳинд ва Покистон барои иштирок дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷамъ меоянд.

Президентҳои Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон низ ба ҳайси нозир дар ин нишаст ширкат мекунанд. Дар ин бора аз дастгоҳи президенти Қирғизистон рӯзи 7-уми июн хабар доданд.

Дар поёни нишаст имзои наздик ба 20 ҳуҷҷат дар назар аст. Қарор аст, саммит рӯзҳои 13-14-уми июн баргузор шавад.

Дар робита ба ин чорабинӣ дар пойтахти Қирғизистон аз 1 то 20-уми июн баргузории иқдоми эътирозӣ танҳо дар гулгашти Горкий иҷозат дода мешавад.

Соли 2018 нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Чин баргузор ва раёсати ин созмон ба Қирғизистон интиқол дода шуда буд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Путин ва Зеленский имкони сулҳ дар шарқи Украинаро баҳс карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00
XS
SM
MD
LG