Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Тоҷикистону Уганда дар як зина дар Шохиси Суботи Ҷаҳонӣ

Ҷанҷол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон.

Як муассисаи таҳқиқотӣ мегӯяд, дар як соли гузашта, таҳдид ба субот дар Тоҷикистон зиёд шудааст ва аз ин ҷиҳат кишвар дар Шохиси Суботи Ҷаҳонӣ дар муқоиса ба соли 2018 баҳои андаке паст гирифтааст. Дар ин шохис, ки Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ нашр кард, омадааст, ки омилҳои бесуботӣ дар Тоҷикистон дар соли 2019 назар ба соли гузашта зиёдтар шудааст.

Дар раддабандии созмон Тоҷикистон ҳамроҳ бо Уганда дар мақоми 105-ум қарор гирифтаанд ва аз кишварҳои ба ҳисоб мераванд, ки суботу амнияташро ба ҳадди миёна таъмин аст. Шохиси Суботи Ҷаҳонӣ ба асоси 23 меъёр таҳия мешавад ва аз ҷумла, омилҳои дохиливу хориҷӣ, робита бо ҳамсояҳо, ҳуқуқи инсону шароити иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар бар мегирад.

Ду ошӯб дар зиндонҳо муддати камтар аз ним сол, бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон ва бесуботтар шудани Афғонистони ҳамсоя аз ҷумлаи омилҳои хатарзо ба амният ва суботи Тоҷикистон будаанд. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, солҳои охир субот ва амният таҳкими бештар ёфта, рӯйдодҳои ҷудогона наметавонанд, баёнгари вазъи умумӣ бошанд.

Дар Шохиси Суботи Ҷаҳонӣ Афғонистон Сурияро пас гузошта дар поёнтарин зина қарор дорад ва бесуботтарин кишвари ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Исландия дар садри ҷадвал аст, чун суботу амнияташ назар ба ҳар ҷойи дигари ҷаҳон мустаҳкамтар будааст.

ИМА хабари озодии Закка аз зиндони Эронро истиқбол кард

Бейрут, 11 июн. Закка баъди озод шуданаш аз зиндони Эрон

ИМА қарори Эронро дар заминаи аз зиндон озод кардани як шаҳрванди Лубнон истиқбол кард ва изҳори умедворӣ кард, ки чунин тасмим дар нисбати амрикоиҳои дигар ҳам гирифта мешавад. Ин мард бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Вашингтон ба зиндон маҳкум шуда буд. Департаменти давлатии ИМА рӯзи 11 июн гуфт, ки Вашингтон аз хабари озод шудани Низор Закка хушҳол шуд ва аз нақши Лубнон дар талошҳояш барои “хатми ҳабси ғайриқонунӣ” систоиш намуд. “Умедвор ҳастем, ки барои амрикоиҳои дигари боздоштшуда дар Эрон хабари озод шудани ҷаноби Закка як аломати мусбат хоҳад буд”.

Мақомоти ИМА талаб карда буданд, ки чандин шаҳрвандони дугонаи эрониву амрикоӣ, ки бо иттиҳомоти гуногун дар Эрон пушти панҷара қарор доранд, озод шаванд. Теҳрон гуфтааст, ки шаҳрвандии дугонаро эътироф намекунад.

Закка баъди озод шуданаш аз зиндони Эрон рӯзи 11 июн ба Бейрут парвоз кард. Ӯ як сокини Вашингтон ва дорандаи корти сабзи ИМА буда, раҳбари як ширкати фанновариҳои компютерии арабӣ буд, ки барои рушди интернет дар Ховари Миёна кор мекард. Соли 2016 ин марди 52-сола дар ҷосусӣ гунаҳгор ва ба 10 соли зиндон ва пардохти 4,2 миллион доллар ҷарима маҳкум шуд. Худи Закка ин иттиҳомотро рад кардааст.

Боздошти даҳҳо нафар ҳангоми роҳпаймоӣ дар Маскав

Пулиси Маскав даҳҳо эътирозгарро, ки рӯзи 12-уми июн ба ҳимоят аз журналисти таҳқиқотгар Иван Голунов ба раҳпаймоӣ баромаданд, боздошт кардааст.

Голунов рӯзи 10-уми июн бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир дастгир ва шоми 11-уми июн озод шуд. Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия, гуфт, ки иттиҳоми зидди Иван Голунов тасдиқ нашуд ва парванда қатъ гардид.

Бино ба гузориши расонаҳо ва шоҳидон, Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолиф ва чанде аз хабарнигорон дар миёни боздоштшудаҳо ҳастанд. Гурӯҳи "ОВД-инфо", ки ҷараёни эътирозҳо ва боздоштҳоро назорат мекунад, гуфт, дар робита ба раҳпаймоӣ ба камияш 94 нафар дастгир шудааст.

Созмондиҳандагони роҳпаймоии рӯзи 12-уми июн шаби гузашта дар Фейсбук навиштанд, ки мақомот ба онҳо иҷоза надодаанд. Шаҳрдории Маскав аз сокинони пойтахти Русия хостааст, тазоҳурот накунанд.

Вале тақрибан 25 ҳазор нафар рӯзи 11-уми июн дар Фейсбук гуфтанд, моиланд ё нақша доранд, дар тазоҳуроти рӯзи чаҳоршанбе иштирок кунанд. Баъзе аз эътирозгарон гуфтанд, мехоҳанд парвандаҳои дигари марбут ба маводи мухаддир, ки ба назари онҳо сохтааст, таҳқиқ шавад.

Яке аз онҳо рӯзи 12-уми июн гуфт, "Иван Голуновро имкони баргардонидан буд. Афсӯс, ҳар касеро намешавад баргардонд. Мо ба як эътилофи ягона ниёз дорем. Дар чунин рӯз ман онро муҳим медонам."

Иван Голунов, хабарнигори "Медуза", бо гузоришҳои таҳқиқотиаш дар мавзӯи коррупсия дар миёни мақомоти давлатӣ дар Маскав ва атрофи он шинохта шудааст. Вай дар гузашта дар телевизиони "Дождь", РБК, "Ведомости" ва Forbes кор кардааст.

Ситоиши Помпео аз Гурҷистон ва интиқод аз Русия

Мамука Бохтадзе ва Майк Помпео

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео раҳбарияти Гурҷистонро ба унвони “кишвари илҳомбахши НАТО” ситоиш ва “идомаи ишғоли қаламравҳое дар Қафқози Ҷанубӣ аз ҷониби Русия”-ро маҳкум кард. Помпео дар мулоқоти рӯзи 11 июнаш бо нахуствазири Гурҷистон Мамука Бохтадзе дар Вашингтон гуфт: “Гурҷистон барои тақвияти тамомияти арзии худ, ишғоли ғайриқонунии қаламравҳои Гурҷистон аз ҷониби Русия ва нодида гирифтани ӯҳдадориҳояш дар заминаи оташбас мубориза бурдааст”.

Августи соли 2008 Гурҷистони иборат аз 3,7 миллион ҷамъият аз ҳузури идомаёбандаи низомии Русия, ки боиси эҷоди таниш дар минтақа гардид, бо Маскав вориди як ҷанги кӯтоҳмуддат шуд. Маскав ҳазорҳо нирӯяшро дар ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон мустақар кард ва баъди ин истиқлолияти онҳоро ба расмият шинохт. Саломе Зурабишвилӣ, президенти Гурҷистон рӯзи 10 июн пешгӯӣ кард, ки Тифлис дубора қаламравҳои аздастдодаашро бозпас мегардонад ва гуфт, “тадриҷан мардуми қаламравҳои ишғошуда дарк мекунанд, ки дар самти шимолӣ, яъне Русия умед ба оянда буда наметавонад”.

Теҳрон ба пешвози нахуствазири Ҷопон омода мешавад

Акс аз январи соли 2014, форуми иқтисодии Давос

Нахуствазири Ҷопон Шинзо Абе бо умеди коҳиши таниш дар равобити Вашингтону Теҳрон рӯзи 12 июн ба Эрон сафар мекунад. Қарор аст Абе бо президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва раҳбари олӣ Оятулло Алии Хоманеӣ мулоқот кунад. Ин нахустин сафари раҳбари Ҷопон ба Эрон дар давоми наздики 40 соли охир мебошад. Баъди соле пеш тарки созиши ҳастаӣ бо Теҳрон кардани Вашингтон, Эрон дар ҳолати ихтилоф бо ИМА қарор гирифт. Вашингтон як қатор таҳримҳоро болои Эрон ҷорӣ кард ва гуфт, ки ин тасмим дар посух ба харобкориҳои Эрон дар Ховари Миёна гирифта шуд.

Пеш аз парвоз ба Теҳрон, Шинзо Абе гуфт, ки Ҷопон хостори сулҳ ва субот дар Ховари Миёна аст.

Дар остонаи сафари Абе ба Теҳрон, рӯзи 11 июн вазири хориҷаи Ҷопон Таро Коно пушти дарҳои баста бо ҳамкори эрониаш Муҳаммад Ҷавод Зариф дидору гуфтугӯ кард.

Токио яке аз наздиктарин муттафиқони ИМА дар Осиё аст ва инчунин бо Теҳрон робитаҳои наздик дорад. Вале бархе коршиносон шубҳа доранд, ки ин сафар натиҷа медиҳад. Мунаққидон мегӯянд, ки сафари мазкур дар остонаи интихоботи моҳи июли соли ҷорӣ ба манфиати Абе аст, ки мехоҳад худро як раҳбари муҳими сатҳи байналмилалӣ нишон диҳад.

Амрико ба Лаҳистон неруи иловагии низомӣ мефиристад

Доналд Трамп, президенти ИМА имрӯз, 12 июн дар робита ба нақшаи ҷойгирсозии низомиҳои амрикоӣ дар Лаҳистон изҳороти муҳиме нашр мекунад. Изҳорот ба "ояндаи ҳамкориҳо дар бахши амният" рабт хоҳад дошт, навиштанд расонаҳои амрикоӣ.

Қарор аст, изҳороти Трамп баъди гуфтугӯяш бо президенти Лаҳистон Анҷей Дуда нашр шавад. Дуда дар гузашта даъват карда буд, ки дар ҳудуди кишварҳои узви НАТО пойгоҳи доимии низомии амрикоӣ таъсис дода шавад. Расонаҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки қарор аст, то 1000 низомии амрикоӣ ба Лаҳистон фиристода шавад.

Айни ҳол дар Лаҳистон наздики 4 ҳазор низомии амрикоӣ ҳузур дорад. Теъдоди аввали низомиҳои амрикоӣ ба Лаҳистон дар соли 2017 фиристода шуда буданд.

ИМА ба ин тартиб хост, собит созад, ки барои рафъи хатарҳои эҳтимолие, ки мумкин аст, аз сӯи Русия сар зананд, дар паҳлӯи кишварҳои узви НАТО қарор мегирад. Ғасби Қрим аз сӯи Москва ва ҳимояти ҷудоихоҳони шарқи Украина аз сӯи Русия боиси нигаронии амиқи Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтик шуд.

Русия ба муҳоҷирони Қирғизистону Қазоқистон нафақа медиҳад

Русия ба муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё нафақа мепардозад. Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон дар иттиҳоди зери роҳбарии Русия аъзо ҳастанд.

Мақомоти Русия гуфтанд, муҳоҷирон ҳатто дар сурати ба кишварҳои худ баргаштан, низ нафақа дарёфт хоҳанд кард.

Ин меъёр дар шартномаи таъмини нафақаи иттиҳод ворид шудааст, ки дар ҳоли таҳия гардидан аст. Пардохти нафақа аз соли 2020 шуруъ ва ҳамасола афзоши меёбад.

Меъёрҳое, ки дар ҳоли ҳозир амал мекунанд, пардохти нафақаро танҳо ба касоне пешбинӣ кардаанд, ки дар Русия зиндагии доимӣ доранд. Ба ин тартиб, муҳоҷироне, ки Русияро тарк мекунанд, нафақа намегиранд.

Ба иттилои вазорати меҳнати Русия, дар солҳои 2020-2021 фонди нафақа аз рӯи шартномаи нав 166 миллион рубли изофӣ пардохт хоҳад кард. Аммо бо гузашти ҳар сол ҳаҷми пардохтҳо бештар мешаванд.

Айни ҳол, бино бар қонунгузории Русия, корфармо аз ҳисоби маоши муҳоҷири меҳнатӣ ба фонди нафақа андоз мепардозад. Вале муҳоҷирон наметавонанд, даъвои нафақа кунанд. Фонди нафақаи Русия шарҳ надод, ки андозҳои муҳоҷирон ба кӣ пардохта мешаванд.

Тоқаев ба ҳайси президенти Қазоқистон савганд ёд кард

Қосимҷомарт Тоқаев

Президенти тозаинтихоби Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев имрӯз, 12 июн бо адои савганд корро ба ҳайси раисҷумҳури дувуми ин кишвар оғоз кард.

Бино ба иттилои расмӣ, Тоқаев дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии 9 июн 71 дарсади раъйи иштирокдоронро ба даст овард.

Ин бори дувум аст, ки ӯ ба ҳайси президенти Қазоқистон савганд ёд мекунад. Бори охир моҳи марти соли равон, пас аз истеъфои президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳамчун президенти муваққат савганд ёд карда буд. Тоқаев то он замон раиси Палатаи болоии порлумони Қазоқистон буд ва ҳоло ба ҷои ӯ духтари калонии Назарбоев -- Дариға Назарбоева палатаро раҳбарӣ мекунад.

Тоқаев дар шарҳи гомҳои ояндааш дар сиёсати дохилии Қазоқистон гуфт, стратегияи ҳамтои пешини худро идома медиҳад ва нақши президентро дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвараш коҳиш доданӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи талошҳо ба ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкорон, ҳимояти сармояҳо ва "ташкили табақаи миёна" равона хоҳад шуд. Вай ваъда дод, ки "ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад".

Нозирони маъмурияти Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфтанд, интихоботи президентии Қазоқистон, ки дар он Тоқаев баранда эълом шуд, бо нақзи бешумори озодиҳои асосӣ ва меъёрҳои демократӣ баргузор гашт.

Дар Қазоқистон эътирозҳо бо шиори "Тоқаев президенти ман нест" ҷараён доранд. Тазоҳургарон мегӯянд, интихобот одилона ва шаффоф набуд. Пулис ҳудуди 700 эътирозгарро боздошт карда, 550 тани онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Тақрибан 40 000 доллар кумаки UNDP ба осебдидаҳои сел

Баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ ба осебдидаҳои сел дар чанд ноҳияи вилояти Хатлон кумак кардаанд.

Барномаи Рушди Созмони Милал (UNDP) рӯзи 11-уми июн дар эъломияе гуфт, ба беш аз 900 оила дар Фархору Восеъ ва Панҷ ба маблағи тақрибан чиҳил ҳазор доллар ёрӣ намуд. Ин хонаводаҳо дар натиҷаи борону сел ё беҷо шудаанд ва ё ҷиҳози зарурии хонаашонро аз даст додаанд.

Кумакҳои UNDP аз дегу рахти хоб, собун, хамираи дандоншӯӣ ва маводи дигар иборат аст. Масъулони созмон гуфтанд, ин ёрии аввал ва зарурӣ барои зарардидаҳо аст. "Кумакҳои дигар баъди ҳисоби зиёни сел расонда хоҳад шуд", -- гуфтанд дар созмон.

Бо гузашти даҳ рӯз аз харобкориҳои сел дар гӯшаҳои гуногуни кишвар то ҳанӯз зиёни онро ҳисоб накардаанд. Мақомот мегӯянд, дар ин замина як комиссияи махсус кор мекунад.

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз созмонҳои байналмилалӣ барои рафъи оқибатҳои сел кумак хоста буд.

Дар даҳ рӯзи ахир борону сел дар шаҳрҳои Конибодому Панҷакенти вилояти Суғд, ноҳияҳои Фархору Восеъ ва Панҷи вилояти Хатлон даҳҳо манзилро вайрон ва чандин оиларо беҷо кард. Дар ин ҳодисаҳо дар Панҷакенту Хуросон ва Панҷ чаҳор нафар ҷон бохтанд.

Баъзе аз сокинон шикоят доштанд, ки ба танҳоӣ оқибатҳои селро рафъ мекунанд ва ҳанӯз аз мақомот кумак нагирифтаанд.

Рӯзи 12-уми июн як манбаи Радиои Озодӣ хабар дод, ки баъзе аз сокинон ҳангоми бартараф кардани оқибатҳои сел дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ ба бемориҳои гуногуни пӯст гирифтор шудаанд. Маркази бемориҳои пӯсти ноҳия гуфтааст, ба онҳо кумаки тиббӣ мерасонад ва доруи бепул медиҳад.

Марди маъюб ҳамсарашро кушт ва дар саҳни ҳавлӣ гӯр кард

Азиз Азизов.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровии вилояти Суғд як марди маъюби гурӯҳи якум ҳамсари худро бо асо ба қатл расонида, дар чуқурии семетраи назди хонааш гӯр кардааст.

Ба иттилои раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Азиз Азизови 54 сола, ки маҷрӯҳи гурӯҳи якум буда, аз як пой маҳрум аст, шаби 11-ум ба 12-уми октбяри соли 2018 бо завҷаш Малоҳат Ҷумаева муноқиша карда, бо асояш ба сару рӯи ӯ якчанд маротиба мезанад, ки дар натиҷа ӯ ба ҳалокат мерасад.

Ҷумаева 43-сола завҷаи дувуми Азизов буд ва дар хонаи навбунёде дар мавзеи Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сар мебурд. Ба гуфтаи мақомот, пас аз қатли ҳамсараш, Азизов "ҷасадро бо селофан ва матои синтетикӣ печонида, дар чуқурии семетраи назди ҳавлӣ гӯронида, барои пинҳон намудани ҷинояти худ ду мошин шағал оварда, ба рӯи он мерезад".

Ба гуфтаи тафтишот, Азизов дар ин мудат миёни хешу наздикон овоза паҳн мекунад, ки Малоҳат Ҷумаеваро талоқ додааст ва гӯё ӯ ба муҳоҷирати корӣ рафтааст. Аммо бо гузашти тақрибан ҳашт моҳ, ҳодиса ошкор гашта, муфаттишон аз чуқурии семетрии назди хонаи Азизов ҷасади Ҷумаевро ошкор ва берун оварданд.

Азизов ва Ҷумаев ба ҷуз аз фарзандон аз оилаҳои якуми хеш, се фарзанди муштарак доштаанд. Айни замон дар нисбати Азизов бо моддаи 104-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "одамкушӣ" парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Вокуниши худи Азизов ба ин қазия маълум нест, чун ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Азиз Азизов қаблан дар моҳи майи соли 2014 ба Радии Озодӣ арз карда буд, ки якуним сол пеш дар "Тоҷиксодиротбонк" ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ пасандоз монда, маблағашро бозпас гирифта наметавонад. Пас аз ин шикваи Азиз Азизов маълум шуд, ки корманди "Тоҷиксодиротбонк" маблағи пасандози ӯро аз худ карда, умуман дар суратҳисоби бонк нагузоштааст.

Маркази Бишкекро аз микроавтобусҳо "тоза" мекунанд

Шаҳрдории Бишкек мегӯяд, тасмим дорад, ҳаракати микроавтобусҳоро дар кӯчаҳои марказии пойтахти Қирғизистон манъ кунад. Дар ин бора 10-уми июн дар коллегияи шаҳрдории Бишкек хабар дода шуд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии шаҳрдории Бишкек, қарор аст, ҳаракати микроавтобусҳо дар хиёбони Чуй, кӯчаҳои Ибраимову Боконбоева ва гулгашти Горди ҷавон манъ карда шавад.

Ба масъулони зирабт дастур дода шудааст, ки дар давоми як моҳ пешниҳодҳои худро дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба меъёрҳои ҳуқуқии бахши нақлиёти шаҳр, таҳияи лоиҳаи таъйини масири автобусҳо ва ширкатҳои масъули ҳамлу нақли мусофирон ироа кунанд.

Дар шаҳри Бишкек ҳамарӯза беш аз 2500 микроавтобус, ҳудуди 250 автобус ва троллейбус ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Зеленский ба намояндаи ҳизби Тимошенко мақоми баланд дод

Президенти Украина Владимир Зеленский бо имзои як фармон вакили порлумон аз Ҳизби "Баткившина" Владислав Бухаревро раиси Хадамоти иктишофи хориҷии ин кишвар таъйин кард.

Владислав Бухарев пас аз тағйири қудрат дар Украина дар соли 2014 муовини раиси Хадамоти амнияти миллии ин кишвар шуда буд. Ӯ тирамоҳи он сол аз ҳисоби Ҳизби "Баткившина"-и сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенко вакили порлумон интихоб гашт.

Ба иттилои расонаҳои украинӣ, Бухарев бо медали "Барои ҳамкории низомӣ"-и Хадамоти федеролии амнияти Русия қадрдонӣ шудааст. Худи ӯ гуфт, медалро барои мусоидат дар пешгирии интиқоли миқдори бузурги маводи мухаддир аз Амрикои Лотинӣ ба Аврупо дарёфт кардааст.

Владимир Зеленский рӯзи сешанбе фармони таъйини раҳбарони як қатор ниҳодҳои дигари давлатиро низ имзо кард. Раисони 15 вилоятро иваз карда, ду муовини раиси Хадамоти амнияти Украинаро ба истеъфо фиристод. Ӯ ҳамчунин аз порлумон хост, додситони кул Юрий Лутсенкоро аз мақомаш барканор кунад.

Додгоҳи конститутсионии Украина рӯзи сешанбе ба баррасии фармони Зеленский дар бораи пароканда шудани порлумон ва эъломи интихоботи нав оғоз кард. Як қатор вакилони порлумони Украина бар инанд, ки фармон хилофи Конститутсия аст.

Узбекистон маҳдудиятҳои содиротии маснуоти заргариро бекор кард

Узбекистон сар аз 1-уми июл қоидаҳои нави содироти маснуоти заргариро ба хориҷ ҷорӣ мекунад. Акнун ҳамаи монеаҳо ва маҳдудиятҳои содироти маснуоти заргарии гаронарзиш ба хориҷ бардошта мешавад. Дар ин бора Нодир Мирахмедов, муовини раиси эътилофи "Узбекзаргарсаноат" ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додааст.

"То ин замон содироти маснуоти заргарие манъ буд, ки аз 5 ҳазор доллар бештар арзиш дошт. Ин ҳам қатъиян манъ набуд, вале ҳуҷҷатгузориаш бештар буд. Ба ҷуз ин, пардохти иловагӣ дошт",-гуфт вай.

Ба гуфтаи Мирахмедов, ҳолатҳое буд, ки саёҳони хориҷӣ аз Самарқанду Бухоро мехостанд, маснуоти заргарӣ харидорӣ кунанд, аммо баъди он ки мефаҳмиданд, ҳуҷҷатгузории он мушкил дорад, аз раъйи худ мегаштанд.

"Акнун ҳар шахси воқеӣ метавонад, маснуоти заргарии мавриди писанди худро харидорӣ карда, ба хориҷ барад. Дар маҷмуъ, ин як қадами бузургест барои истеҳсолкунандаи ватанӣ",-гуфт вай.

Русия ба муҳоҷирони Қирғизистон, Қазоқистон ва Арманистон нафақа мепардозад

Русия ба муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё нафақа мепардозад. Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон дар иттиҳоди зери роҳбарии Русия аъзо ҳастанд. Мақомоти Русия гуфтанд, муҳоҷирон ҳатто дар сурати ба кишварҳои худ баргаштан, низ нафақа дарёфт хоҳанд кард.

Ин меъёр дар шартномаи таъмини нафақаи иттиҳод ворид шудааст, ки дар ҳолия таҳия гардидан аст. Пардохти нафақа аз соли 2020 шуруъ ва ҳамасола афзоиш меёбад. Меъёрҳое, ки дар ҳоли ҳозир амал мекунанд, пардохти нафақаро танҳо ба касоне пешбинӣ кардаанд, ки дар Русия зиндагии доимӣ доранд. Ба ин тартиб, муҳоҷироне, ки Русияро тарк мекунанд, нафақа намегиранд.

Ба иттилои вазорати меҳнати Русия, дар солҳои 2020-2021 фонди нафақа аз рӯи шартномаи нав 166 миллион рубли изофӣ пардохт хоҳад кард. Аммо бо гузашти ҳар сол ҳаҷми пардохтҳо бештар мешаванд.

Айни ҳол, бино бар қонунгузории Русия, корфармо аз ҳисоби маоши муҳоҷири меҳнатӣ ба фонди нафақа андоз мепардозад. Вале муҳоҷирон наметавонанд, даъвои нафақа кунанд. Фонди нафақаи Русия шарҳ надод, ки андозҳои муҳоҷирон ба кӣ пардохта мешаванд.

Занозании хонандагони мактаб дар Кӯлоб. Як нафар бистарӣ шуд

Акс аз бойгонӣ

Дар занозанӣ миёни хонандагони мактаб дар шаҳри Кӯлоб чанд нафар захмӣ шудааст. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дастикам яке аз хонандагонро дар бемористони вилоятӣ бистарӣ карданд. Таҳқиқи ҳодиса аз тарафи маъмурони милиса идома дорад. Занозанӣ рӯзи 11-уми июн байни баъзе аз хонандагони мактабҳои рақами 5 ва 8-и Кӯлоб рух додааст. Ангезаи задухӯрд маълум нест. Мақомот гуфтанд, танҳо пас аз анҷоми тафтишот маълумот хоҳанд дод. Вале бархе аз шоҳидон гуфтанд, дар занозанӣ гӯиё аз корд истифода шудааст. Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон миёни хонандагони мактаб занозанӣ ба амал меояд. Дар гузашта дар чунин занозаниҳо дар Душанбе чанд нафар захмӣ ва кушта шудаанд.

Ду чӯпон дар ағбаи Яғноб бенишон шудаанд

Ду чӯпон дар наздикии ағбаи Яғноб бенишон шуда, теъдоди зиёде аз рамаи мол дар н ҷо нобуд гаштааст.

Чӯпон Каримбой Мавлонов дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт бар асари барфи шадид ва туман рама пароканда шуда, нимаш дар ағбаи “Ғузн” дармонд ва қисми дигараш ба тарафи ағбаи “Яғноб” гузашт. “Дирӯз ҳаво офтобӣ буд, мо фикр кардем, ки аз ағба мегузарему ба тарафи Яғноб меравем, лекин ҳаво тағйир хурда барфи зиёд борид ҳаво ба дараҷе сард аст, мо маҷбур шудем рамаро гузорему поинтар фароем, ҳоло он ду чупон Лутфуллою Охун, ки ҳарду аз ноҳияи Ғончиянд, гум шудаанд”.

Қозӣ Қозиев, сардори Бахши ҳолатҳои изтирории Куҳистони Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба кӯмаки чӯпонон хоҳанд расид.

Раиси хоҷагии деҳқонии "Сурхкат"-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Мунавваршоҳ Мунавваров хабар дод, ки гӯсфандони талафшуда аз он сокинони деҳаи Сурхкати ноҳияи Мастчоҳ будаанд, ки чанде пеш аз Мастчоҳи нав ба чарогоҳҳои Кӯҳистон оварда шудаанд.

Аз маҳбаси Толибон дар Афғонистон 44 зиндониро озод карданд

Дар як амалиёти нерӯҳои махсуси афғон дар вилояти Бағлон 44 зиндонӣ озод карда шуданд.

Хонзод Мазлумёр, фармондори ноҳияи Бағлон, рӯзи 11-уми июн гуфт, дар миёни озодшудагон шаҳрвандон ва низомиёни давлатӣ буданд, ки рӯзи гузашта дар як амалиёти махсус озод карда шуданд.

Толибон ҳанӯз дар бораи ҳамла изҳори назар накардаанд.

Моҳи гузашта намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон гуфт, ба асирони афғоне, ки аз тарафи гурӯҳи ҷангҷӯён дар зиндон нигоҳ дошта мешуданд, бадрафторӣ ва амалҳои монанд ба шиканҷа шудааст.

Намояндагии СММ ин баҳогузории худро пас аз мусоҳиба бо 13 нафари дастгиршуда аз гурӯҳи 53-нафарӣ кард, ки моҳи апрели имсол аз боздоштгоҳи Толибон дар вилояти ҷанубии Урузгон озод карда шуданд. Ба қавли зиндониён, Толибон баъзе аз асиронро куштаанд.

HRW аз СММ хост, ба парвандаҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон тавваҷуҳ кунад

Human Rights Watch (Дидбони ҳуқуқи башар) аз Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ҳангоми баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба таври махсус ба сарнавишти онҳое таваҷҷуҳ кунад, ки бо далелҳои сиёсӣ маҳкум шудаанд. Ҷаласа моҳи июли имсол дар Женева баргузор хоҳад шуд.

Дар муроҷиати Дидбони ҳуқуқи башар аз 11-уми июн гуфта мешавад, аз соли 2014 то кунун беш аз 150 нафар аз фаъолони сиёсиву ҷамъиятӣ, ҳуқуқшиносон, мухолифони сиёсӣ ва дигарон "бар асоси заминаҳои сиёсӣ" ба зиндон маҳкум шудаанд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша вуҷуди зиндониҳои сиёсӣ дар маҳбасҳои ин кишварро рад кардаанд. Мақомот мегӯянд, онҳое, ки дар гузоришҳои байналмилалӣ ҳамчун зиндонии сиёсӣ зикр мешаванд, барои аъмоли ҷиноӣ ҳукм гирифтаанд, на фаъолияти сиёсӣ.

Аммо ба навиштаи Human Rights Watch, "дар фазои афзоиши саркӯбҳои сиёсӣ ва маҳдудиятҳои озодии баён, ки аз соли 2015 оғоз шудааст, даҳҳо нафар ҳукми тӯлонӣ гирифта, ҳукми онҳо дар дохили зиндон ҳам поймол мешавад".

Фаъолони ҳуқуқ аз сарнавишти даҳҳо нафар ёдовар шуда, аз СММ хостаанд, ки мавқеи ҳукумати Тоҷикистонро нисбат ба вазъи нигаҳдории ин шахсиятҳо ва имкони бозбинии парвандаҳояшон бипурсад.

Human Rights Watch инчунин ба ошӯбҳо дар зиндони Хуҷанд ва Ваҳдат дар моҳҳои ноябри соли гузашта маи имсол таваҷҷӯҳ кардааст. Масъулони созмон гуфтанд, дар дохили зиндон шароити зоҳиран “ихтилоф миёни пайравони ДИИШ ва ҲНИТ” эҷод шудааст ва ин ҳолат “ба ҷони зиндониҳои сиёсӣ аз ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ хатар эҷод мекунад”.

Феълан мақомоти тоҷик ба ин изҳорот вокуниш накардаанд. Вале ба иттилои расмӣ, қарор аст, рӯзҳои 2-3-юми июл дар Женева гурӯҳе аз ҳукумати Тоҷикистон дар нишасте бо аъзои Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал ширкат кунад.

Дар ин нишасти солона давлати Тоҷикистон ба Созмони Милал гузориш медиҳад, ки дар чанд соли гузашта барои иҷрои ӯҳдадориҳояш дар риояи ҳуқуқи инсон ва Паймони байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ чӣ корҳоеро анҷом додааст.

Навбати посух додан ба намояндагони Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 3-юми июл аст ва интизор меравад, дар ин муколама аз муноқиша дар Хоруғ дар соли 2014 сар карда то ба мамнӯъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва ба зиндон андохтани раҳбарони он суолҳое садо диҳанд.

Ҳалокати 6 нафар дар сӯхтори бемористони касалиҳои рӯҳии Украина

Сӯхтор дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ. Одесса. 10-уми июни 2019

Мақомоти Украина гуфтанд, дар сӯхтори бемористони касалиҳои рӯҳӣ дар шаҳри Одесса 6 нафар ҷон бохтаанд. Сӯхтор рӯзи 10-уми июн дар бинои яктақабаи шифохона рух додааст.

Масъулони идораи ҳолатҳои фавқулодаи Украина гуфтанд, панҷ нафари дигарро дар бемористон бистарӣ кардаанд.

Бар асоси гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ, дар миёни ҳалокшудаҳо як наврас низ ҳаст.

Сабаби сӯхтор то ҳол маълум нест. Пулиси Украина гуфт, дар ин бора парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, ибрози таассуф кард ва дастур дод, ки барои таҳқиқи сӯхтор як комиссияи махсус ташкил диҳанд.

Дар эътирозҳои Қазоқистон дар 2 рӯз 700 касро боздошт кардаанд

Муовини вазири умури дохилии Қазоқистон Марат Кожаев гуфт, "ҳудуди 200 тани онҳо"-еро, ки 9-уми июн дар натиҷаи эътирозҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Нурсултон боздошт шуда буданд, ба вилоятҳои Акмолин ва Қарағанда интиқол доданд.

Ба гуфтаи Кожаев, ин тасмим ба хотири камии ҷой дар боздоштгоҳҳои пойтахти Қазоқистон гирифта шудааст. Ӯ афзуд, ки боздоштшудаҳо бо қарори додгоҳи Нурсултон ба ҳабс гирифта шуданд, вале нагуфт, ки муҳлати ҷазояшонро дар куҷо адо мекунанд.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ чанде пеш хабар дода буд, ки иштирокдорони боздоштшудаи эътирозҳои ахирро аз пойтахти Қазоқистон мебароранд. Вакилони дифоъ ва фаъолони маданӣ низ пештар дар ин бора хабар дода буданд.

Вазорати умури дохилии Қазоқистон 11-уми июн хабар дод, ки дар ҳамоишҳои эътирозии Алмато ва Нурсултон рӯзи 10-уми июн "ҳудуди 200 кас" боздошт ва ба шуъбаи пулис интиқол дода шуданд. "Рӯзи якум дар ду шаҳр 500 кас боздошт ва 400 нафарашон ҷарима шуданд. Рӯзи дувум аз 200 нафари боздоштшуда 150 танашон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд", - изҳор дошт намояндаи расмии вазорат Нурдилда Ораз.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон, ки 9-уми июн баргузор шуд, бо эътирози дастаҷамъии сокинон ва боздошти садҳо нафар анҷомид. Дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато боздоштҳо то 10-уми июн низ идома ёфта, рӯзи эъломи натиҷаҳои интихобот дар шаҳрҳои Чимкент ва Оқтеппа низ боздоштҳо сурат гирифтанд.

Тоқаев пас аз эъломи натиҷаҳои интихобот дар шарҳи ҳамоишҳои зиддиҳукуматии Нурсултон ва Алмато аз кори пулис тавсиф карда, боздошти тазоҳургаронро "зарур" номид.

Расонаҳо: Бародари Ким Чен Ин эҳтимол хабаррасони мақомоти ИМА буд

Ким Чен Нам

Бародари Ким Чен Ин, роҳбари Куриёи Шимолӣ эҳтимол дорад, ки хабаррасони Раёсати марказии иктишофии Амрико буд.

Дар ин бора нашрияи амрикоии The Wall Street Journal бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳад.

Ба навиштаи нашрия, бародари Ким Чен Ин борҳо бо кормандони иктишофии Амрико мулоқот карда, ҳамзамон пеш аз маргаш дар моҳи феврали соли 2017 дар Малайзия ба мулоқоти намояндагони иктишофии Амрико равона буд.

Дар ҳамин ҳол, манобеъ дар ҳукумати Амрико мегӯянд, Ким Чен Нам, бародари Ким Чен Ин солҳои тӯлонӣ берун аз Куриёи Шимолӣ зиндагӣ мекард ва дар бораи он кишвар иттилои кофӣ надошт.

Ким Чен Нам моҳи феврали соли 2017 дар фурудгоҳи Куала-Лумпури Малайзия кушта шуд.

Рӯймолчаи заҳролудро ба рӯи вай партофтанд ва вай дар чанд лаҳза вафот кард. Ду зан бо айби қатли Нам зиндонӣ шуданд. Вакилони мудофеи занҳо гуфтанд, ки онҳоро бо роҳи фиреб ба қатли Нам ҷалб карда буданд. Занҳо гуфтанд, фикр мекарданд, дар кадом "мазҳакае" ширкат мекунанд. Айни замон ҳар ду зан аз зиндон раҳо шудаанд.

Ким Чен Нам писари калонии роҳбари пешини Куриёи Шимолӣ буд. Дар ибтидо ӯро меросбари ҳукумати Куриёи Шимолӣ унвон мекарданд. Вале вай ба хашми роҳбари Куриёи Шимолӣ гирифтор ва ба хориҷ фирор кард.

Баъди марги падараш Ким Чен Ин - бародари хурдии Ким Чен Нам сари қудрат омад. Нам аз сиёсатҳои Куриёи Шимолӣ интиқод мекард. Мақомоти Куриёи Ҷанубӣ мегӯянд, эҳтимол дорад, мақомоти махсуси Куриёи Шимолӣ дар куштори Нам даст дошта бошанд.

Лоиҳаи манъи истихроҷи уран дар Қирғизистон ба порлумон рафт

Лоиҳаи қонун "Дар бораи манъи фаъолияти марбут ба иктишоф ва истихроҷи уран дар Қирғизистон" ба порлумони он кишвар фиристода шуд. Ин лоиҳаро чанд вакили порлумон таҳия кардааст.

Лоиҳаи мазкур ба хотири ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, ҳуқуқи сокинон ба зиндагӣ, меҳнат ва истироҳати шоиста, таъмини амнияти радиатсионӣ ва муҳитзистӣ, ҳифзи замин, иншоотӣ обӣ, муҳити растаниҳо ва ҳайвоноти Қирғизистон таҳия шудааст.

Дар сурати қабули қонун фаъолияти марбут ба корҳои иктишофӣ ва истихроҷи уран дар конҳои он кишвар манъ ва иҷозатномаҳое, ки аз пеш барои истихроҷи уран дода шуда буданд, ба маҳзи ба иҷро даромадани қонун бекор мегарданд.

Соҳибони "манзилҳои президентӣ"-ро ба ҳабси хонагӣ гирифтаанд

Сокини вилояти Андиҷон Муяссар Раҳимова мегӯяд, ҳамроҳи се зани дигаре, ки пас аз баргашти президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз хонаҳои нави "туҳфашуда" берун карда шуданд, зери фишори мақомот қарор доранд.

Хабари ба ҳабси хонагӣ гирифта шудани яке аз ин занон Хуршеда Тиллоеваи 35-соларо ҳамсояҳояш низ тасдиқ карданд.

Раҳимова ва Шоиста Бокироваро 10-уми июн ба додситонӣ даъват кардаанд. Ба гуфтаи вай, дар додситонӣ аз онҳо баёнот гирифтаанд.

"Ҳозир аз додситонии вилояти Андиҷон омадам. Мақомот ба Тиллоева, ки бо Бахши узбекии Радиои Озодӣ суҳбат карда буд, дастур додаанд, аз хона набарояд. Пас аз нашри гузориши радио моро низ ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Вале бо вуҷуд ман аз роҳи худ барнагаштам ва талаб дорам, ки хонаи туҳфакардаи президентро баргардонанд", - афзуд ӯ.

Сокини Андиҷон Хуршеда Тиллоева дар арафаи сафари Мирзиёев ба ин вилоят ба воситаи телевизион баромад карда, хабар дод, ки президент ба ӯ хона туҳфа кард.

Вале пас аз баргашти президент мақомот ӯро аз хонаи нав берун карда, гуфтаанд, ки "он соҳиби дигар дорад". Тиллоева охирҳои моҳи май бо Бахши узбекии Радиои Озодӣ дар ин бора суҳбат карда буд.

Се муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон нав шуд

Маҷлиси рӯзи 10-уми майи соли 2019

Абдусалом Раҳимзода, Нарзулло Маликзода ва Каъбатулло Меликзода муовинони нави раиси Кумитаи андози Тоҷикистон таъйин шуданд. Дар ин бора рӯзи 11-уми июн қарори ҳукумати Тоҷикистон содир шуд.

Дар бораи Абдусалом Раҳимзода ва Каъбатулло Меликзода иттилои кофӣ дар даст нест. Вале Нарзулло Маликзода қаблан дар мақоми сардори Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андоз кор кардааст.

Ин таъйинот баъди як моҳи мулоқоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо намояндагони бахшҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар сурат гирифт.

Дар ин ҷаласа мақомот барои роҳ додан ба камбудҳо “гап” шуниданд ва танҳо пас аз чаҳор рӯзи он ду муовини раиси Кумитаи андоз Пӯлодҷон Юсуфӣ ва Лола Сафарзода аз вазифаи муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон барканор шуданд.

Рӯзи 11-уми июн дар Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳам чанд тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба фармони президенти Тоҷикистон Аҳтам Акрамов додраси Додгоҳи олӣ ба сабаби бемории тӯлонӣ ва иҷро карда натавонистани вазифаи худ бозхонд шудааст.

Ҳамчунин раисиҷумҳур пешниҳод кардааст, Шавкат Лутфуллозода муовини аввали раис ва Хусрав Давлатзода, Маҳмад Раҳмонзода ва Рухшона Ҳаким додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон шаванд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар саммити Душанбе иштирок мекунад

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия авохири ҳафтаи равон ба Душанбе сафар мекунад. Ҳадаф аз сафари оқои Эрдуғон иштирок дар нишасти 5-уми сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё гуфта мешавад.

Дафтари Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон дар як хабарномаи кӯтоҳ гуфтааст, сафари Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзҳои 14-15-уми июн сурат мегирад. Нишасти 5-уми сарони Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё низ рӯзҳои 14-15-уми июн сурат мегирад ва қарор аст, дар он раҳбарони чандин кишвари Осиё ширкат кунанд.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ба Осиё мумкин аст, раҳбарони Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Камбоҷа, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Россия, Тайиланд, Туркия ва Ӯзбекистон ширкат кунанд.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё анҷумани байналмилалӣ аст, ки дар он умдатан масоили амниятӣ дар Осиё баррасӣ мешавад. Тирамоҳи соли 2018 раёсат дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз Чин ба Тоҷикистон гузашт.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG