Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Додгоҳ баррасии шикояти маҳбуси сиёсии пешинро оғоз кард

Самандар Қуқанов

Додгоҳи олии Узбекистон рӯзи 12-уми июн баррасии шикояти маҳбуси сиёсии пешин ва собиқ вакили Шӯрои олии Узбекистони ҶСШ Самандар Қуқанови 73-соларо оғоз кард, ки иддао дорад, бидуни асос наздики 24 сол дар зиндон нигаҳдорӣ шудааст.

Дар ин бора яке аз иштирокчиёни мурофиа -- раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи "Эзгулик"-и шаҳри Тошканд Абдураҳмон Ташанов хабар дод.

"Иштирок озод буд. Дар толор ба ҷуз аз фаъолони маданӣ, ҳомиёни ҳуқуқ, намояндагони созмони "Ҳюман Райтс Вотч" ва сафоратхонаҳои хориҷӣ ҳам ҳузур доштанд", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Ташанов, дар мурофиаи нахустин айбномаи порагирӣ, фасодкорӣ ва ташкили гуруҳи ҷиноие хонда шуд, ки соли 1993 зидди Қуқанов эълом карда буданд. Вале Қуқанову вакили дифоаш гуфтанд, ин айбҳои сохтае ҳастанд, ки дар давраи президентии Ислом Каримов зиддаш бо ангезаҳои сиёсӣ эълом шуданд.

Ёдрас мешавем, қарор буд Додгоҳи олии Узбекистон шикояти Қуқановро 15 май баррасӣ кунад, вале он замон ба далели вакили дифоъ надоштани ҷониби даъвогар мурофиаро ба таъхир гузоштанд. Мурофиаи навбатӣ 3-юми июли имсол баргузор мешавад.

Қуқанов соли 1993 бо айби талаф додани амволи давлатӣ боздошт шуд ва дар маҷмуъ наздики 24 сол дар зиндон нишаст. Ӯ ягона маҳбуси сиёсии узбек аст, ки тӯлонитарин муҳлатро дар зиндон гузарондааст.

Путин гуфт, Маскав аз пуштибонии Игор Додон даст намекашад

Владимир Путин ва Игор Додон

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, аз пуштибонии раиси ҷумҳури Молдова Игор Додон даст намекашад. Додон президенти тарафдори Маскав аст.

Ин дар ҳолест, ки миёни ду ҳукумати рақиб дар Молдова баҳсҳои душвори сиёсӣ ҷараён дорад ва ду тараф қонунӣ будани худро эълон мекунанд.

Путин аз ҳукумати нави Молдова, ки рӯзи 8-уми июн ташкил шуд, дастгирӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, раҳбарони порлумон аз Ҳизби сотсиалистии дӯсти Маскав – Додон муомилаеро бо як созмони тарафдори Иттиҳоди Аврупо (ACUM) барҳам заданд.

Иттиҳоде, ки аз 101 курсӣ 61-тояшро дар порлумон дорад, ACUM ном дошта, роҳбари он Мая Санду ҳукумати навро роҳбарӣ мекунад. Он ҳамчунин эълом кард, ки мақсадаш аз ҳукумат рондани ҳизби демократи ҳоким, нахуствазир Павел Филип буд.

Додгоҳи конститутсионии Молдова рӯзи 9-уми июн ҳукумати Сандуро ғайриконститутсионӣ номид ва фаъолияти Додон, раҳбари пешини Ҳизби сотсиалистиро мутаваққиф кард.

Сипас Филип ҳамчун президенти муваққат вориди амал шуд, порлумонро пароканда кард ва хостори баргузории интихобот дар 6-уми сентябр шуд.

Фалокат дар ду киштии нафткаш дар Халиҷи Умон

Қувваҳои баҳрии Амрико мегӯянд, пас аз гирифтани паёмҳои ҷудогона дар бораи фалокат дар ду киштии нафткаш дар Халиҷи Умон, ки аз рӯи гузоришҳо ҳамла шудааст, ёрӣ мерасонанд.

Воқеаи 13-уми июн як моҳ пас аз ҳамла ба чаҳор киштии нафткаши Имороти Муттаҳидаи Араб рӯй дод, ки вазъро миёни Теҳрону Вашингтон ва ҳампаймонони Амрико дар Халиҷи Форс тезу тунд кард.

“Мо аз ҳамлаҳои гузоришшуда ба киштиҳои нафткаш дар Халиҷи Умон огоҳ ҳастем,” -- гуфт намояндаи флоти панҷуми дар Баҳрайн ҷойгиршуда дар як изҳорот.

“Қувваҳои баҳрӣ дар минтақа ду паём гирифтанд, яке дар соати 6:12-и субҳ ба вақти маҳаллӣ ва дигаре соати 7-и субҳ. Киштиҳои баҳрии Амрико дар ин минтақа ҳастанд ва кумак мерасонанд”, -- гуфта шудааст дар изҳорот.

Роҳбарии байналмилалии киштиҳо, ширкате, ки яке аз киштиҳоро идора мекунад - Front Altair - гуфт, таркиш сабаби сӯхтор дар киштиҳо шудааст. Ҳайати ҳарду киштӣ бе хавфу хатар аз киштиҳо бароварда шуданд.

Боздошти беш аз 950 иштирокдори эътирозҳои осоишта дар Қазоқистон

Додгоҳи Қазоқистон 957 нафарро барои иштирок дар ҳамоишҳои эътирозии бидуни иҷозати шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид. 670 кас аз 6 то 15 шабонарӯз ҳабс ва 115 тани дигар ҷарима шудаанд.

Дар ин бора Сапарбек Нурпеисов, як масъули Додситонии кулли Қазоқистон имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Нурсултон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҷазои 311 кас бо назардошти вазъи оилавиашон кам ва озод карда шуданд. "63 нафари дигар имрӯз озод мешаванд. Дар боздоштгоҳ 180 кас боқӣ хоҳанд монд. Онҳо ба муҳлати аз 6 то 15 рӯз ҳабс гаштаанд", - изҳор дошт Нурпеисов.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон, ки 9 июн баргузор шуд, бо эътирози дастаҷамъии сокинон ва боздошти садҳо нафар анҷомид. Дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато боздоштҳо то 10 июн низ идома ёфта, рӯзи эъломи натиҷаҳои интихобот дар шаҳрҳои Чимкент ва Оқтеппа низ боздоштҳо сурат гирифтанд.

Президенти нави Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев пас аз эъломи натиҷаи интихобот дар шарҳи ҳамоишҳои зиддиҳукуматии Нурсултон ва Алмато аз кори пулис тавсиф карда, боздошти тазоҳургаронро "зарур" номид.

Ҳамсари нахуствазири Исроил 14 ҳазор евроро ба давлат бармегардонад

Соро Натаняҳу, ҳамсари сарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу наздики 14 ҳазор евроеро ба давлат бармегардонад, ки харҷи ғизоҳои гарон кардааст. Додситонии кулли Исроил бо Натаняҳу дар ин бора 12 июн созиш ҳосил карданд. Ин созишро бояд додгоҳ тасдиқ кунад.

Дар айбномаи додгоҳ омадааст, ки Соро Натаняҳу дар солҳои 2010 то 2013 дар маҷмуъ дар ҳаҷми 43 ҳазор евро аз тарабхонаҳо ғизои гаронарзиш фармоиш додааст. Дар ҳоле, ки дар қароргоҳи сарвазир ошпаз фаъолият мекунад. Маоши ошпаз аз буҷаи давлат пардохт мешавад.

Додситонҳо мегӯянд, ҳамсари сарвазир аз ноогоҳии кормандони дастгоҳи сарвазир сӯистифода кардааст. Аммо Соро Натаняҳу мегӯяд, ғизоҳоро на вай, балки шахси дигар супориш додааст.

Ҷеенбеков: Масъалаи ақаллиятҳои миллии Чин кори дохилии он кишвар аст

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон дар мулоқот бо роҳбари Чин Си Ҷинпин доир ба масъалаи ақалиятҳои қавмии он кишвар изҳори назар кард.

"Масъалаи ақалиятҳои миллии Чин - кори дохилии он кишвар аст", - гуфт Ҷеенбеков.

Дар ҳамин ҳол вай афзуд, неруҳое ҳастанд, ки густариши ҳамкориҳои Чину Қирғизистонро намехоҳанд.

Иттилоъ дар бораи ташкили урдугоҳҳои махсуси бозтарбияи ақалиятҳои миллӣ, аз ҷумла мусалмонони Шинҷони Чин аз соли 2017 ба ин сӯ дар расонаҳо нашр мегардад.

Шоҳидон мегӯянд, шароити урдугоҳҳо сахт ва муносибат бераҳмона аст. Бархе аз вуҷуди шиканҷа низ иттилоъ медиҳанд. Ҳомиёни ҳуқуқ бовар доранд, ки ҳадафи аслии ташкили урдугоҳҳо "маҳвсозии ҳувияти ақалиятҳои миллӣ аст".

Аммо Пекин гузоришҳои расонаҳо ва ҳомиёни ҳуқуқро дар бораи урудгоҳҳояш "дурӯғу буҳтон" меномад. СММ гуфт, эҳтимол дорад, дар чунин урдугоҳҳо то як миллион одам нигаҳдорӣ шаванд.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар охири соли 2018 чанд гирдиҳамоие бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба вазъи қирғизтаборони Шинҷон ташкил шуда буд. Моҳи январи соли ҷорӣ гирдиҳамоии маъруф ба "зиддичинӣ" дар маркази Бишкек бо боздошти эътирозгарон анҷомид.

Имрӯзҳо роҳбари Чин бо сафари давлатӣ дар Қирғизистон қарор дорад.

Муфтии Бухоро фармони буридани тути 700-соларо содир кард

Рӯзи 9 июн тути хушкшудаи оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбандро дар ноҳияи Кагони вилояти Бухоро буриданд, ки қариб 700 сол умр дошт. Намояндаи оромгоҳ гуфт, қисме аз тути хушкшуда ба осорхона тақдим шудааст.

Гуфта мешавад, тути хушкшуда бо фатвои раиси Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон, муфти Усмонхон Олимов бурида шудааст. "Саҷда кардан ба чубу санг нишони ширк аст", - гуфтааст муфтӣ.

Усмонхон Олимов дар муроҷиаташ ба имом-хатиби вилояти Бухоро Ҷобир Элов гуфтааст, "тасмими буридани дарахти қадимии ҳудуди оромгоҳ дар якҷоягӣ бо мақомоти масуъли Бухоро гирифта шудааст".

Муфтии Ӯзбекистон аз имом-хатиби вилояти Бухоро хостааст, ки дарахти хушкшударо бибуранд, зеро одамони зиёде аз кишварҳои мухталиф гирди дарахт чарх зада, аз вай мурод меҷӯянд. Кормандони оромгоҳи Нақшбанд гуфтанд, дарахтро рӯзи 9 июн буриданд.

Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба буридани дарахт назари манфӣ баён карданд. Корбарон гуфтанд, набояд осори таърихӣ маҳв карда шавад.

Баҳоуддини Нақшбандӣ - асосгузори равияи Нақшбандияи суфӣ аст. Вай соли 1389 вафот кардааст.

Дар остонаи ҷаласаи СҲШ мулоқоти президентони Қирғизистону Чин барпо шуд

Раҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, як созмони минтақавии таҳти раҳбарии Маскав ва Пекин рӯзи 13 июн барои ширкат дар ҷаласаи дурӯзаи сарони кишварҳои узв дар Бишкек ҷамъ мешаванд.

Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон созмони сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии Авруосиёро дар оғози солҳои 2000-ум таъсис дода, ду сол пеш ба узвияти он Ҳинду Покистон ҳам шомил шуданд. Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон дар ин созмон нақши нозирро доранд.

Дар остонаи ҷаласаи СҲШ дар Бишкек, президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ҳамкориҳои дуҷониба ва амнияти минтақавиро бо президенти Чин Сӣ Ҷинпин баррасӣ кард. Дар ин бора дафтари президенти Қирғизистон хабар дод.

Ҷеенбеков баъди музокираҳо гуфт, ки Бишкек ва Пекин “дар амри мубориза бо се душман – терроризм, экстремизм ва ҷудоиталабӣ дидгоҳи воҳид доранд”.

Ӯ инчунин афзуд, Қирғизистон аз мавқеи Чин дар робита бо Тайван ҳимоят мекунад, ки мегӯяд, “Тайван бахши ҷудоинопазири Чин мебошад ва Қирғизистон дар ин замина аз Чин ҳимоят мекунад”.

Пекин ҷазирақаламравро ба унвони як минтақаи шӯришӣ арзёбӣ мекунад ва ҳамеша таъкид кардааст, ки чун бахше аз қаламрави Чин ва воҳиди маъмурӣ дар ҳайати Чин арзёбӣ шавад.

Ҷеенбеков инчунин гуфт, ки ҳамоиш додани аққалиятҳои қирғиз ва дигар аксар мардуми бумии мусалмонтабор дар минтақаи Шинҷони шимолу ғарби Чин “кори дохилии Чин” мебошад. Ӯ гуфт, “Қирғизистон дар ин масъала ҳам аз мавқеи раҳбарияти Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳимоят мекунад”.

Дар идомаи рӯз қарор аст ба Бишкек президенти Русия Владимир Путин ҳам ворид шавад ва бо президенти Қирғизистон Ҷеенбеков ва нахуствазири Ҳинд Нарендра Модӣ мулоқоти ҷудогона барпо кунад.

Кремлин инчунин гуфт, ки раҳбари Русия инчунин қарор аст дар ҳошияи нишасти СҲШ бо раҳбарони Чин ва Муғулистон як ҷаласаи сегона барпо кунад.

Баъди ин ҷаласа, ки то 14 июн идома мекунад, Путин, Сӣ ва раҳбарони Осиёи Марказиву мақомоти даҳҳо кишварҳо ба Душанбе барои ширкат дар конфронсаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё
мераванд.
Путин пеш аз сафар ба Бишкек рӯзи 13 июн гуфт, ки дар ин ҳамоиш қарор аст вазъи Афғонистон, созиши ҳастаӣ бо Эрон ва дигар масоил мавриди баррасӣ қарор гирад.

Пулиси Москва беш аз 500 ҷонибдори Голуновро дастгир кард

Дар шаҳри Москва ба ҷонибдорӣ аз рӯзноманигори нашрияи "Медуза" Иван Голунов ва зидди парвандаи сохтаи ӯ, ки бо гумони паҳни маводи мухаддир боздошт шуд, роҳпаймоии бидуни иҷозат баргузор гашт. Дар он чандин ҳазор одам иштирок карданд.

Эътирозгарон нимаи рӯзи 12-уми июн дар назди муҷассамаи Грибоедов ва гулгашти Чистопруд ҷамъ шуда, ба самти бинои Раёсати умури дохилии шаҳри Москва дар Петровка ҳаракат карданд. Вале сарбозони Горди миллӣ ва кормандони пулис пеши роҳи онҳоро бастанд.

Ба иттилои "ОВД-Инфо", дар натиҷа дасти кам 513 нафар боздошт шуданд. Ҳамаи онҳоро ба идораи пулис интиқол дода, зидди баъзеашон бо ҷурми нақзи қонун дар бораи тазоҳурот санад тартиб доданд. Ба онҳо то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таҳдид мекунад.

Пулис дар ҷараёни пароканда кардани роҳпаймоӣ аз нерӯ, чӯбдасти резинӣ ва мошинҳои обпош истифода кард. Зидди яке аз роҳпаймоён барои он санад тартиб доданд, ки "Иван Голунов" садо кардааст. Ба гуфтаи пулис, он шиори зиддиҳукуматӣ буд.

Дар миёни боздоштшудагон хабарнигорони Бахши русии Радиои Озодӣ, "МБХ медиа", "Новая газета", "Коммерсант", "Дожд", Reuters ва The Village низ буданд. Бештари кормандони расонаҳоро дертар ҷавоб доданд, вале Иля Азар, Елизавета Нестерова ва Евгений Берг то бегоҳ дар шуъбаи пулис монданд. Зидди онҳо ҳамчун созмондиҳандагони роҳпаймоӣ санад тартиб дода шудааст.

Вазорати умури дохилии Русия шаби-уми 12 июн хабар дод, ки дар шуъбаҳои пулис танҳо чаҳор нафар монда, дастгиршудаҳои боқӣ озод шуданд.

Хабарнигори рус Иван Голуновро рӯзи 6-уми июн дар Москва дастгир ва ба фурӯши маводи мухаддир муттаҳам карданд. Пулис гуфт, аз ҷузвдони Голунов ва хонааш маводи мухаддир ёфтааст. Вале дертар ин парванда қатъ карда шуд. Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия, рӯзи 11-уми июн гуфт, даст доштани Голунов дар ҷиноят "тасдиқ нашуд".

Худи Голунов таъкид карда буд, ки мақомот мехоҳанд, ба ин васила аз ӯ барои гузоришҳояш дар бораи фасоду ришвахорӣ интиқом гиранд. Ӯ гуфт, маводи мухаддирро дар сумкааш ҷой кардаанд.

Иван Голунов бо гузоришҳои таҳқиқотиаш дар мавзӯи коррупсия дар миёни мақомоти давлатӣ дар Маскав ва атрофи он шинохта шудааст. Вай дар гузашта дар телевизиони “Дожд” бо Леонид Парфенов ва Ксения Собчак кор карда, бо расонаҳое ба мисли РБК, "Ведомости", Forbes ва "Слон" ҳамкорӣ доштааст.

Дар Узбекистон либоси ягонаи мактабиро ҳатмӣ намекунанд

Шерзод Шерматов, вазири маорифи халқии Узбекистон гуфт, либоси ягонаи мактабӣ дар соли хониши 2019-2020 ҷорӣ намешавад. Ба гуфтаи вазир, истеҳсоли либоси ягонаи мактабӣ барои хонандагони аз синфи 1 то 11 харҷи зиёд хоҳад дошт. Саноати нассоҷии Узбекистон, эҳтимол, аз ӯҳдаи духтани либос намебарояд.

Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон ҳам пештар аз ин дар саҳифаи Facebook назари ҳамсон баён карда буд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пештар вазорати маорифи халқии Узбекистон ба волидон ёдовар шуд, ки либоси ягонаи мактабӣ дар соли хониши 2019-2020 ҳатмӣ мешавад. Девони вазирони Узбекистон 15-уми августи соли 2018 дар бораи либоси ягонаи мактабӣ қарор қабул карда буд.

Ҷонибдории беш аз 40 вакили порлумон аз лағви дахлнопазирии Отамбоев

Дар порлумони Қирғизистон бештар аз 40 вакил ба ҷонибдорӣ аз бекорсозии дахлнопазирии президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев раъй доданд. Дар ин бора вакили порлумон Канат Исоев дар ҷаласаи рӯзи 12-уми июн хабар дод. Вай аз раиси порлумон Достон Ҷумабеков хост, ки муроҷиати вакилонро ба кумитаҳои дахлдори порлумон ирсол кунад.

Отамбоев дар як ҷамъомад рӯзи 8-уми июн аз фаъолиятҳои порлумон интиқод кард. Президенти пешин гуфт, омода аст, 10 ҳазор одамро ҷамъ орад ва ҳамаро аз Кохи сафед биронад. Чанде аз вакилони порлумон дар ҷаласаи рӯзи 12-уми июн ба интиқодҳои Отамбоев посух доданд. Исо Омурқулов, вакили порлумон гуфт, Отамбоев мебояд "хомӯш нишинад".

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон 16-уми май қонунеро имзо кард, ки усули ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани президентҳои пешинро фароҳам меорад. Акнун президентҳои пешини Қирғизистон ҳаққи дахлнопазирии мутлақро надоранд, аммо барои ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани онҳо порлумон бояд айб эълом ва Додситонии кул онро бояд тасдиқ кунад.

Дар Қирғизистон Роза Отунбоева ва Алмосбек Отамбоев президентҳои пешин шинохта мешаванд. Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев баъди инқилобҳои мардумӣ аз қудрат ронда шуданд ва расман президенти пешин эътироф намешаванд.

Пулиси Алмато беш аз 200 нафарро боздошт кард

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон пулис боздошти сокинонро рӯзи 12-уми июн идома дод. Бино бар иттилои охирин, дар он шаҳр бештар аз 200 одам боздошт шудааст. Дар бархе аз кӯчаҳои Алмато мағозаву дорухона ва ошхонаҳои сарироҳӣ баста шудаанд.

Пулис майдони Остонаи шаҳри Алматоро муҳосира кард. Пулис мегӯяд, одамонро ба хотири он боздошт кард, ки аз сокинон хостаанд, дар эътирозҳои ғайриқонунӣ ширкат варзанд.

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҳам пулис дар кӯчаҳо навбатдорӣ мекард. Дар шаҳри Чимкент низ дар маконҳои серодам пулис ба навбатдорӣ баромад. Дар ин се шаҳр рӯзҳои 9 ва 10-уми июн сокинон зидди баргузории интихоботи президентии қабл аз муҳлат эътироз карданд.

Тоҷикистону Уганда дар як зина дар Шохиси Суботи Ҷаҳонӣ

Ҷанҷол дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон.

Як муассисаи таҳқиқотӣ мегӯяд, дар як соли гузашта, таҳдид ба субот дар Тоҷикистон зиёд шудааст ва аз ин ҷиҳат кишвар дар Шохиси Суботи Ҷаҳонӣ дар муқоиса ба соли 2018 баҳои андаке паст гирифтааст. Дар ин шохис, ки Пажӯҳишгоҳи Иқтисод ва Сулҳ нашр кард, омадааст, ки омилҳои бесуботӣ дар Тоҷикистон дар соли 2019 назар ба соли гузашта зиёдтар шудааст.

Дар раддабандии созмон Тоҷикистон ҳамроҳ бо Уганда дар мақоми 105-ум қарор гирифтаанд ва аз кишварҳои ба ҳисоб мераванд, ки суботу амнияташро ба ҳадди миёна таъмин аст. Шохиси Суботи Ҷаҳонӣ ба асоси 23 меъёр таҳия мешавад ва аз ҷумла, омилҳои дохиливу хориҷӣ, робита бо ҳамсояҳо, ҳуқуқи инсону шароити иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар бар мегирад.

Ду ошӯб дар зиндонҳо муддати камтар аз ним сол, бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон ва бесуботтар шудани Афғонистони ҳамсоя аз ҷумлаи омилҳои хатарзо ба амният ва суботи Тоҷикистон будаанд. Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, солҳои охир субот ва амният таҳкими бештар ёфта, рӯйдодҳои ҷудогона наметавонанд, баёнгари вазъи умумӣ бошанд.

Дар Шохиси Суботи Ҷаҳонӣ Афғонистон Сурияро пас гузошта дар поёнтарин зина қарор дорад ва бесуботтарин кишвари ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Исландия дар садри ҷадвал аст, чун суботу амнияташ назар ба ҳар ҷойи дигари ҷаҳон мустаҳкамтар будааст.

ИМА хабари озодии Закка аз зиндони Эронро истиқбол кард

Бейрут, 11 июн. Закка баъди озод шуданаш аз зиндони Эрон

ИМА қарори Эронро дар заминаи аз зиндон озод кардани як шаҳрванди Лубнон истиқбол кард ва изҳори умедворӣ кард, ки чунин тасмим дар нисбати амрикоиҳои дигар ҳам гирифта мешавад. Ин мард бо иттиҳоми ҷосусӣ ба манфиати Вашингтон ба зиндон маҳкум шуда буд. Департаменти давлатии ИМА рӯзи 11 июн гуфт, ки Вашингтон аз хабари озод шудани Низор Закка хушҳол шуд ва аз нақши Лубнон дар талошҳояш барои “хатми ҳабси ғайриқонунӣ” систоиш намуд. “Умедвор ҳастем, ки барои амрикоиҳои дигари боздоштшуда дар Эрон хабари озод шудани ҷаноби Закка як аломати мусбат хоҳад буд”.

Мақомоти ИМА талаб карда буданд, ки чандин шаҳрвандони дугонаи эрониву амрикоӣ, ки бо иттиҳомоти гуногун дар Эрон пушти панҷара қарор доранд, озод шаванд. Теҳрон гуфтааст, ки шаҳрвандии дугонаро эътироф намекунад.

Закка баъди озод шуданаш аз зиндони Эрон рӯзи 11 июн ба Бейрут парвоз кард. Ӯ як сокини Вашингтон ва дорандаи корти сабзи ИМА буда, раҳбари як ширкати фанновариҳои компютерии арабӣ буд, ки барои рушди интернет дар Ховари Миёна кор мекард. Соли 2016 ин марди 52-сола дар ҷосусӣ гунаҳгор ва ба 10 соли зиндон ва пардохти 4,2 миллион доллар ҷарима маҳкум шуд. Худи Закка ин иттиҳомотро рад кардааст.

Боздошти даҳҳо нафар ҳангоми роҳпаймоӣ дар Маскав

Пулиси Маскав даҳҳо эътирозгарро, ки рӯзи 12-уми июн ба ҳимоят аз журналисти таҳқиқотгар Иван Голунов ба раҳпаймоӣ баромаданд, боздошт кардааст.

Голунов рӯзи 10-уми июн бо иттиҳоми фурӯши маводи мухаддир дастгир ва шоми 11-уми июн озод шуд. Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия, гуфт, ки иттиҳоми зидди Иван Голунов тасдиқ нашуд ва парванда қатъ гардид.

Бино ба гузориши расонаҳо ва шоҳидон, Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолиф ва чанде аз хабарнигорон дар миёни боздоштшудаҳо ҳастанд. Гурӯҳи "ОВД-инфо", ки ҷараёни эътирозҳо ва боздоштҳоро назорат мекунад, гуфт, дар робита ба раҳпаймоӣ ба камияш 94 нафар дастгир шудааст.

Созмондиҳандагони роҳпаймоии рӯзи 12-уми июн шаби гузашта дар Фейсбук навиштанд, ки мақомот ба онҳо иҷоза надодаанд. Шаҳрдории Маскав аз сокинони пойтахти Русия хостааст, тазоҳурот накунанд.

Вале тақрибан 25 ҳазор нафар рӯзи 11-уми июн дар Фейсбук гуфтанд, моиланд ё нақша доранд, дар тазоҳуроти рӯзи чаҳоршанбе иштирок кунанд. Баъзе аз эътирозгарон гуфтанд, мехоҳанд парвандаҳои дигари марбут ба маводи мухаддир, ки ба назари онҳо сохтааст, таҳқиқ шавад.

Яке аз онҳо рӯзи 12-уми июн гуфт, "Иван Голуновро имкони баргардонидан буд. Афсӯс, ҳар касеро намешавад баргардонд. Мо ба як эътилофи ягона ниёз дорем. Дар чунин рӯз ман онро муҳим медонам."

Иван Голунов, хабарнигори "Медуза", бо гузоришҳои таҳқиқотиаш дар мавзӯи коррупсия дар миёни мақомоти давлатӣ дар Маскав ва атрофи он шинохта шудааст. Вай дар гузашта дар телевизиони "Дождь", РБК, "Ведомости" ва Forbes кор кардааст.

Ситоиши Помпео аз Гурҷистон ва интиқод аз Русия

Мамука Бохтадзе ва Майк Помпео

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео раҳбарияти Гурҷистонро ба унвони “кишвари илҳомбахши НАТО” ситоиш ва “идомаи ишғоли қаламравҳое дар Қафқози Ҷанубӣ аз ҷониби Русия”-ро маҳкум кард. Помпео дар мулоқоти рӯзи 11 июнаш бо нахуствазири Гурҷистон Мамука Бохтадзе дар Вашингтон гуфт: “Гурҷистон барои тақвияти тамомияти арзии худ, ишғоли ғайриқонунии қаламравҳои Гурҷистон аз ҷониби Русия ва нодида гирифтани ӯҳдадориҳояш дар заминаи оташбас мубориза бурдааст”.

Августи соли 2008 Гурҷистони иборат аз 3,7 миллион ҷамъият аз ҳузури идомаёбандаи низомии Русия, ки боиси эҷоди таниш дар минтақа гардид, бо Маскав вориди як ҷанги кӯтоҳмуддат шуд. Маскав ҳазорҳо нирӯяшро дар ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон мустақар кард ва баъди ин истиқлолияти онҳоро ба расмият шинохт. Саломе Зурабишвилӣ, президенти Гурҷистон рӯзи 10 июн пешгӯӣ кард, ки Тифлис дубора қаламравҳои аздастдодаашро бозпас мегардонад ва гуфт, “тадриҷан мардуми қаламравҳои ишғошуда дарк мекунанд, ки дар самти шимолӣ, яъне Русия умед ба оянда буда наметавонад”.

Теҳрон ба пешвози нахуствазири Ҷопон омода мешавад

Акс аз январи соли 2014, форуми иқтисодии Давос

Нахуствазири Ҷопон Шинзо Абе бо умеди коҳиши таниш дар равобити Вашингтону Теҳрон рӯзи 12 июн ба Эрон сафар мекунад. Қарор аст Абе бо президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва раҳбари олӣ Оятулло Алии Хоманеӣ мулоқот кунад. Ин нахустин сафари раҳбари Ҷопон ба Эрон дар давоми наздики 40 соли охир мебошад. Баъди соле пеш тарки созиши ҳастаӣ бо Теҳрон кардани Вашингтон, Эрон дар ҳолати ихтилоф бо ИМА қарор гирифт. Вашингтон як қатор таҳримҳоро болои Эрон ҷорӣ кард ва гуфт, ки ин тасмим дар посух ба харобкориҳои Эрон дар Ховари Миёна гирифта шуд.

Пеш аз парвоз ба Теҳрон, Шинзо Абе гуфт, ки Ҷопон хостори сулҳ ва субот дар Ховари Миёна аст.

Дар остонаи сафари Абе ба Теҳрон, рӯзи 11 июн вазири хориҷаи Ҷопон Таро Коно пушти дарҳои баста бо ҳамкори эрониаш Муҳаммад Ҷавод Зариф дидору гуфтугӯ кард.

Токио яке аз наздиктарин муттафиқони ИМА дар Осиё аст ва инчунин бо Теҳрон робитаҳои наздик дорад. Вале бархе коршиносон шубҳа доранд, ки ин сафар натиҷа медиҳад. Мунаққидон мегӯянд, ки сафари мазкур дар остонаи интихоботи моҳи июли соли ҷорӣ ба манфиати Абе аст, ки мехоҳад худро як раҳбари муҳими сатҳи байналмилалӣ нишон диҳад.

Амрико ба Лаҳистон неруи иловагии низомӣ мефиристад

Доналд Трамп, президенти ИМА имрӯз, 12 июн дар робита ба нақшаи ҷойгирсозии низомиҳои амрикоӣ дар Лаҳистон изҳороти муҳиме нашр мекунад. Изҳорот ба "ояндаи ҳамкориҳо дар бахши амният" рабт хоҳад дошт, навиштанд расонаҳои амрикоӣ.

Қарор аст, изҳороти Трамп баъди гуфтугӯяш бо президенти Лаҳистон Анҷей Дуда нашр шавад. Дуда дар гузашта даъват карда буд, ки дар ҳудуди кишварҳои узви НАТО пойгоҳи доимии низомии амрикоӣ таъсис дода шавад. Расонаҳо бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки қарор аст, то 1000 низомии амрикоӣ ба Лаҳистон фиристода шавад.

Айни ҳол дар Лаҳистон наздики 4 ҳазор низомии амрикоӣ ҳузур дорад. Теъдоди аввали низомиҳои амрикоӣ ба Лаҳистон дар соли 2017 фиристода шуда буданд.

ИМА ба ин тартиб хост, собит созад, ки барои рафъи хатарҳои эҳтимолие, ки мумкин аст, аз сӯи Русия сар зананд, дар паҳлӯи кишварҳои узви НАТО қарор мегирад. Ғасби Қрим аз сӯи Москва ва ҳимояти ҷудоихоҳони шарқи Украина аз сӯи Русия боиси нигаронии амиқи Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтик шуд.

Русия ба муҳоҷирони Қирғизистону Қазоқистон нафақа медиҳад

Русия ба муҳоҷирони меҳнатии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё нафақа мепардозад. Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон дар иттиҳоди зери роҳбарии Русия аъзо ҳастанд.

Мақомоти Русия гуфтанд, муҳоҷирон ҳатто дар сурати ба кишварҳои худ баргаштан, низ нафақа дарёфт хоҳанд кард.

Ин меъёр дар шартномаи таъмини нафақаи иттиҳод ворид шудааст, ки дар ҳоли таҳия гардидан аст. Пардохти нафақа аз соли 2020 шуруъ ва ҳамасола афзоши меёбад.

Меъёрҳое, ки дар ҳоли ҳозир амал мекунанд, пардохти нафақаро танҳо ба касоне пешбинӣ кардаанд, ки дар Русия зиндагии доимӣ доранд. Ба ин тартиб, муҳоҷироне, ки Русияро тарк мекунанд, нафақа намегиранд.

Ба иттилои вазорати меҳнати Русия, дар солҳои 2020-2021 фонди нафақа аз рӯи шартномаи нав 166 миллион рубли изофӣ пардохт хоҳад кард. Аммо бо гузашти ҳар сол ҳаҷми пардохтҳо бештар мешаванд.

Айни ҳол, бино бар қонунгузории Русия, корфармо аз ҳисоби маоши муҳоҷири меҳнатӣ ба фонди нафақа андоз мепардозад. Вале муҳоҷирон наметавонанд, даъвои нафақа кунанд. Фонди нафақаи Русия шарҳ надод, ки андозҳои муҳоҷирон ба кӣ пардохта мешаванд.

Тоқаев ба ҳайси президенти Қазоқистон савганд ёд кард

Қосимҷомарт Тоқаев

Президенти тозаинтихоби Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев имрӯз, 12 июн бо адои савганд корро ба ҳайси раисҷумҳури дувуми ин кишвар оғоз кард.

Бино ба иттилои расмӣ, Тоқаев дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии 9 июн 71 дарсади раъйи иштирокдоронро ба даст овард.

Ин бори дувум аст, ки ӯ ба ҳайси президенти Қазоқистон савганд ёд мекунад. Бори охир моҳи марти соли равон, пас аз истеъфои президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳамчун президенти муваққат савганд ёд карда буд. Тоқаев то он замон раиси Палатаи болоии порлумони Қазоқистон буд ва ҳоло ба ҷои ӯ духтари калонии Назарбоев -- Дариға Назарбоева палатаро раҳбарӣ мекунад.

Тоқаев дар шарҳи гомҳои ояндааш дар сиёсати дохилии Қазоқистон гуфт, стратегияи ҳамтои пешини худро идома медиҳад ва нақши президентро дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвараш коҳиш доданӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи талошҳо ба ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкорон, ҳимояти сармояҳо ва "ташкили табақаи миёна" равона хоҳад шуд. Вай ваъда дод, ки "ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад".

Нозирони маъмурияти Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфтанд, интихоботи президентии Қазоқистон, ки дар он Тоқаев баранда эълом шуд, бо нақзи бешумори озодиҳои асосӣ ва меъёрҳои демократӣ баргузор гашт.

Дар Қазоқистон эътирозҳо бо шиори "Тоқаев президенти ман нест" ҷараён доранд. Тазоҳургарон мегӯянд, интихобот одилона ва шаффоф набуд. Пулис ҳудуди 700 эътирозгарро боздошт карда, 550 тани онҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Тақрибан 40 000 доллар кумаки UNDP ба осебдидаҳои сел

Баъзе аз созмонҳои байналмилалӣ ба осебдидаҳои сел дар чанд ноҳияи вилояти Хатлон кумак кардаанд.

Барномаи Рушди Созмони Милал (UNDP) рӯзи 11-уми июн дар эъломияе гуфт, ба беш аз 900 оила дар Фархору Восеъ ва Панҷ ба маблағи тақрибан чиҳил ҳазор доллар ёрӣ намуд. Ин хонаводаҳо дар натиҷаи борону сел ё беҷо шудаанд ва ё ҷиҳози зарурии хонаашонро аз даст додаанд.

Кумакҳои UNDP аз дегу рахти хоб, собун, хамираи дандоншӯӣ ва маводи дигар иборат аст. Масъулони созмон гуфтанд, ин ёрии аввал ва зарурӣ барои зарардидаҳо аст. "Кумакҳои дигар баъди ҳисоби зиёни сел расонда хоҳад шуд", -- гуфтанд дар созмон.

Бо гузашти даҳ рӯз аз харобкориҳои сел дар гӯшаҳои гуногуни кишвар то ҳанӯз зиёни онро ҳисоб накардаанд. Мақомот мегӯянд, дар ин замина як комиссияи махсус кор мекунад.

Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз созмонҳои байналмилалӣ барои рафъи оқибатҳои сел кумак хоста буд.

Дар даҳ рӯзи ахир борону сел дар шаҳрҳои Конибодому Панҷакенти вилояти Суғд, ноҳияҳои Фархору Восеъ ва Панҷи вилояти Хатлон даҳҳо манзилро вайрон ва чандин оиларо беҷо кард. Дар ин ҳодисаҳо дар Панҷакенту Хуросон ва Панҷ чаҳор нафар ҷон бохтанд.

Баъзе аз сокинон шикоят доштанд, ки ба танҳоӣ оқибатҳои селро рафъ мекунанд ва ҳанӯз аз мақомот кумак нагирифтаанд.

Рӯзи 12-уми июн як манбаи Радиои Озодӣ хабар дод, ки баъзе аз сокинон ҳангоми бартараф кардани оқибатҳои сел дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ ба бемориҳои гуногуни пӯст гирифтор шудаанд. Маркази бемориҳои пӯсти ноҳия гуфтааст, ба онҳо кумаки тиббӣ мерасонад ва доруи бепул медиҳад.

Марди маъюб ҳамсарашро кушт ва дар саҳни ҳавлӣ гӯр кард

Азиз Азизов.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровии вилояти Суғд як марди маъюби гурӯҳи якум ҳамсари худро бо асо ба қатл расонида, дар чуқурии семетраи назди хонааш гӯр кардааст.

Ба иттилои раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, Азиз Азизови 54 сола, ки маҷрӯҳи гурӯҳи якум буда, аз як пой маҳрум аст, шаби 11-ум ба 12-уми октбяри соли 2018 бо завҷаш Малоҳат Ҷумаева муноқиша карда, бо асояш ба сару рӯи ӯ якчанд маротиба мезанад, ки дар натиҷа ӯ ба ҳалокат мерасад.

Ҷумаева 43-сола завҷаи дувуми Азизов буд ва дар хонаи навбунёде дар мавзеи Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сар мебурд. Ба гуфтаи мақомот, пас аз қатли ҳамсараш, Азизов "ҷасадро бо селофан ва матои синтетикӣ печонида, дар чуқурии семетраи назди ҳавлӣ гӯронида, барои пинҳон намудани ҷинояти худ ду мошин шағал оварда, ба рӯи он мерезад".

Ба гуфтаи тафтишот, Азизов дар ин мудат миёни хешу наздикон овоза паҳн мекунад, ки Малоҳат Ҷумаеваро талоқ додааст ва гӯё ӯ ба муҳоҷирати корӣ рафтааст. Аммо бо гузашти тақрибан ҳашт моҳ, ҳодиса ошкор гашта, муфаттишон аз чуқурии семетрии назди хонаи Азизов ҷасади Ҷумаевро ошкор ва берун оварданд.

Азизов ва Ҷумаев ба ҷуз аз фарзандон аз оилаҳои якуми хеш, се фарзанди муштарак доштаанд. Айни замон дар нисбати Азизов бо моддаи 104-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "одамкушӣ" парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Вокуниши худи Азизов ба ин қазия маълум нест, чун ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

Азиз Азизов қаблан дар моҳи майи соли 2014 ба Радии Озодӣ арз карда буд, ки якуним сол пеш дар "Тоҷиксодиротбонк" ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ пасандоз монда, маблағашро бозпас гирифта наметавонад. Пас аз ин шикваи Азиз Азизов маълум шуд, ки корманди "Тоҷиксодиротбонк" маблағи пасандози ӯро аз худ карда, умуман дар суратҳисоби бонк нагузоштааст.

Маркази Бишкекро аз микроавтобусҳо "тоза" мекунанд

Шаҳрдории Бишкек мегӯяд, тасмим дорад, ҳаракати микроавтобусҳоро дар кӯчаҳои марказии пойтахти Қирғизистон манъ кунад. Дар ин бора 10-уми июн дар коллегияи шаҳрдории Бишкек хабар дода шуд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии шаҳрдории Бишкек, қарор аст, ҳаракати микроавтобусҳо дар хиёбони Чуй, кӯчаҳои Ибраимову Боконбоева ва гулгашти Горди ҷавон манъ карда шавад.

Ба масъулони зирабт дастур дода шудааст, ки дар давоми як моҳ пешниҳодҳои худро дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба меъёрҳои ҳуқуқии бахши нақлиёти шаҳр, таҳияи лоиҳаи таъйини масири автобусҳо ва ширкатҳои масъули ҳамлу нақли мусофирон ироа кунанд.

Дар шаҳри Бишкек ҳамарӯза беш аз 2500 микроавтобус, ҳудуди 250 автобус ва троллейбус ба мусофиркашонӣ машғуланд.

Зеленский ба намояндаи ҳизби Тимошенко мақоми баланд дод

Президенти Украина Владимир Зеленский бо имзои як фармон вакили порлумон аз Ҳизби "Баткившина" Владислав Бухаревро раиси Хадамоти иктишофи хориҷии ин кишвар таъйин кард.

Владислав Бухарев пас аз тағйири қудрат дар Украина дар соли 2014 муовини раиси Хадамоти амнияти миллии ин кишвар шуда буд. Ӯ тирамоҳи он сол аз ҳисоби Ҳизби "Баткившина"-и сарвазири пешини Украина Юлия Тимошенко вакили порлумон интихоб гашт.

Ба иттилои расонаҳои украинӣ, Бухарев бо медали "Барои ҳамкории низомӣ"-и Хадамоти федеролии амнияти Русия қадрдонӣ шудааст. Худи ӯ гуфт, медалро барои мусоидат дар пешгирии интиқоли миқдори бузурги маводи мухаддир аз Амрикои Лотинӣ ба Аврупо дарёфт кардааст.

Владимир Зеленский рӯзи сешанбе фармони таъйини раҳбарони як қатор ниҳодҳои дигари давлатиро низ имзо кард. Раисони 15 вилоятро иваз карда, ду муовини раиси Хадамоти амнияти Украинаро ба истеъфо фиристод. Ӯ ҳамчунин аз порлумон хост, додситони кул Юрий Лутсенкоро аз мақомаш барканор кунад.

Додгоҳи конститутсионии Украина рӯзи сешанбе ба баррасии фармони Зеленский дар бораи пароканда шудани порлумон ва эъломи интихоботи нав оғоз кард. Як қатор вакилони порлумони Украина бар инанд, ки фармон хилофи Конститутсия аст.

Узбекистон маҳдудиятҳои содиротии маснуоти заргариро бекор кард

Узбекистон сар аз 1-уми июл қоидаҳои нави содироти маснуоти заргариро ба хориҷ ҷорӣ мекунад. Акнун ҳамаи монеаҳо ва маҳдудиятҳои содироти маснуоти заргарии гаронарзиш ба хориҷ бардошта мешавад. Дар ин бора Нодир Мирахмедов, муовини раиси эътилофи "Узбекзаргарсаноат" ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додааст.

"То ин замон содироти маснуоти заргарие манъ буд, ки аз 5 ҳазор доллар бештар арзиш дошт. Ин ҳам қатъиян манъ набуд, вале ҳуҷҷатгузориаш бештар буд. Ба ҷуз ин, пардохти иловагӣ дошт",-гуфт вай.

Ба гуфтаи Мирахмедов, ҳолатҳое буд, ки саёҳони хориҷӣ аз Самарқанду Бухоро мехостанд, маснуоти заргарӣ харидорӣ кунанд, аммо баъди он ки мефаҳмиданд, ҳуҷҷатгузории он мушкил дорад, аз раъйи худ мегаштанд.

"Акнун ҳар шахси воқеӣ метавонад, маснуоти заргарии мавриди писанди худро харидорӣ карда, ба хориҷ барад. Дар маҷмуъ, ин як қадами бузургест барои истеҳсолкунандаи ватанӣ",-гуфт вай.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG