Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

"Хомӯшӣ" дар Чин. Солгарди 30-юми рӯйдодҳои хунини Тянанмен

Дар Чин аз 30-юмин солгарди саркӯби эътирозгарони тарафдори демократия “хомӯшона” ва бо афзоиши чораҳои амниятӣ ёдоварӣ карданд.

Бо ин вуҷуд, гузоришҳо ҳокист, ки чандин нафар дастгир шудаанд. Пулис дар берун аз истгоҳи метрои майдони Тянанмен (дар Пекин) асноди сайёҳон ва мусофиронро баррасӣ мекард.

Хабарнигорони хориҷӣ иҷозаи дастрасӣ ба ин майдонро наёфтанд ва пулис ба онҳо ҳушдор додааст, ки акс нагиранд. Дар Чин дар бораи саркӯби эътирозҳои майдони Тянанмен ошкоро чизе гуфта намешавад ва ҳукумати ин кишвар ҳам аз он рӯйдод бо баргузории маросими расмӣ ёд намекунад.

Донишомӯзону коргарон дар баҳори соли 1989 дар майдони Тянанмен гирдиҳам омада ва хостори тағйири демократӣ ва поёни фасод дар Чин шуданд.

Пас аз чанд рӯзи эътироз, ҳукумати коммунистии Чин танҳову сарбозонро ба ин майдони Пекин фиристод. Нерӯҳои чинӣ эътирозгарону раҳгузаронро таъқиб карданд. Бисёре аз муътаризон дар сеюм ва чаҳоруми июни соли 1989 ткушта ва захмӣ шуданд.

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, муътаризони соли 1989-ро "қаҳрамонони мардуми Чин" хонд, ки ба гуфтаи ӯ “30 сол пеш "шуҷоъона" хостори ҳуқуқашон шуда буданд”.

Сафорати Чин дар Вашингтон ин суханони Помпеоро “дахолат дар умури дохилии Чин” хондааст.

Ҳодисаи нохуш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ин аксро Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати Исфара дар Фейсбук нашр кард

Шаҳбоз Ғанизода, сокини 28-солаи Исфара мегӯяд, бошандагони деҳаи Оқсойи ноҳияи Бодканди Қирғизистон ба мошини ӯ санг партофта, монеи ҳаракаташ ба сӯи Ворух шудаанд. Роҳи миёни Исфара ва Ворух аз ҳудуди Қирғизистон мегузарад. Ҳодиса рӯзи 4-уми июн иттифоқ афтодааст.

Ҷониби Тоҷикистон онро "иғво" номид. Мақомоти расмии Қирғизистон ҳанӯз вокуниш накардаанд. Вале баъзе аз расонаҳои ин кишвар ҳодисаро садамаи нақлиётӣ арзёбӣ намуданд.

Шаҳбоз Ғанизода ҳамроҳи модар ва кӯдакаш аз шаҳри Исфара ба Ворух ҳаракат доштааст. Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, рӯзи 4-уми июн гуфт, сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон "барқасдона монеи ҳаракаташ шуда, баъдан ӯро барои роҳ надодан ба мошини КАМАЗ муттаҳам ва мошинашро сангборон кардаанд".

Илёсзода гуфт, "дар натиҷа шишаи қафои мошини Шаҳбоз Ғанизода пора-пора шуда, кӯдаки 6-7 солаи ӯ аз ин ҳодиса тарсидааст ва ӯро барои муоина ба бемористон бурдаанд."

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз расонаҳои Қирғизистон ҳодисаро садамаи нақлиётӣ қаламдод кардаанд. Хабаргузории "Турмуш" навишт, "Шаҳбоз Ғанизода мошинро идора карда натавонист ва ба КАМАЗ, ки онро шаҳрванди Қирғизистон идора мекард, бархӯрд."

Феълан мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Исфара ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин ҳисоб 519 километраш мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои таъйину аломатгузоринашуда гоҳ-гоҳ ҷангу даъвову кашмакаш барои обу чарогоҳу замин рух медиҳад ва ба хунрезӣ ҳам кашидааст.

Тазоҳурот ҳангоми мулоқоти Доналд Трамп бо Тереза Мэй

Ҳангоми мулоқоти президенти Амрико бо нахуствазири Бритониё дар Лондон даҳҳо ҳазор нафар дар кӯчаҳои ин шаҳр тазоҳурот карданд. Мулоқоти Доналд Трамп ва Тереза Мэй рӯзи 4-уми июн сурат гирифт.

Нахуствазири Бритониё дар оғози суҳбат гуфт, "мо пайваста бо ҳам кор кардаем ва ҳамчунон ҳамкорӣ мекунем, барои мустаҳкам кардан, шакл додан ва таъсир гузоштан ба иқтисоди ҷаҳон ва қонуну қоида ва рукнҳои он. Зеро мо ба бозори озоду шаффоф ва боз бовар дорем."

Як рӯз пеш аз ин раҳбари Амрико меҳмони боифтихори малика Элизабет буд. Малика дар суханронии худ бештар ба аҳамияти муносибатҳои ду кишвар таъкид кард.

Доналд Трамп дар навбати худ аз равобити махсуси Вашингтону Лондон ситоиш намуд ва солрӯзи набарди Норманди ҳангоми ҷанги дувуми ҷаҳониро зикр кард.

Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки Доналд Трамп чандон аз маҳбубияти мардуми Бритониё бархӯрдор нест.

Мушкили шаҳодатномаи ронандагии занҳо дар Туркманистон

Дар Туркманистон бонувон ҳангоми дарёфти шаҳодатномаи нави ронандагӣ ва тамдиди муҳлати онҳо бо мушкил рӯбарӯ мешаванд.

Ба иттилои бахши туркмании Радиои Озодӣ, аз ҷумла дар шаҳри Ишқобод пулис ба занон шаҳодатномаи нави ронандагӣ намедиҳад ва муҳлати истифодаи санадро тамдид намекунад.

"Вақте занҳо барои тамдиди муҳлати шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба пулис муроҷиат мекунанд, ҷавоби рад мегиранд. Ба онҳо ошкоро мегӯянд, ки "ба занҳо шаҳодатнома намедиҳанд", - иттилоъ дод хабарнигори радио дар Ишқобод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон дар пойтахти Туркманистон таҷрибаи гирифтани шаҳодатномаҳои ронандагии бонувон идома дорад. "Бо ҳар баҳона шаҳодатномаҳои ронандагии бонувонро гирифта, санади муваққатӣ медиҳанд ва сипас барнамегардонанд", - афзуд хабарнигор.

Дар Туркманистон шаҳодатномаи ронандагӣ барои 10 сол дода мешавад.

Чин ба Қирғизистон ба маблағи беш аз $4 млн техникаи низомӣ дод

Ҳукумати Чин ба пулиси Қирғизистон автобус, микроавтобус, мошинҳои зиреҳпӯши пулис ва техникаи дигар тақдим кард. Арзиши умумии ин техника ба наздики 4,3 миллион доллар мерасад.

Рӯзи 3-юми июн дар шаҳри Бишкек муаррифии техникаи тақдимшуда баргузор гардид.

Кашкар Ҷунушалиев, вазири корҳои дохилии Қирғизистон, гуфт, техникаи тақдимшуда дар боло бурдани сатҳи мубориза бо ҷинояткориҳо ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳангоми баргузории самити Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой нақши муҳим хоҳанд дошт.

Моҳи майи соли ҷорӣ Ҷунушалиев бо вазири амнияти ҷамъиятии Чин Чжао Кэчжӣ дар мавриди расонидани кумаки техникӣ ба Қирғизистон ба созиш расида буданд.

Самити навбатии Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзи 14-15-уми июн дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад.

Президенти Узбекистон дар моҳи Рамазон 575 маҳбусро афв кард

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба моҳи Рамазон бо имзои як фармон садҳо маҳбусеро афв кард, ки "аз сидқи дил пушаймон шуда, ба роҳи рост баргаштаанд".

Бар пояи фармон, ҷамъан 575 маҳбус афв шуданд. Аз ин миён, 361 нафар аз зиндон озод гашта, муҳлати ҷазои 214 зиндонии дигар кам мешавад.

Дар миёни маҳбусони афвшуда 7 нафари аз 60-сола боло, 6 зан ва як шаҳрванди хориҷӣ низ ҳастанд.

Шавкат Мирзиёев барои иҷрои фармон вазорату идораҳои дахлдори Узбекистонро вазифадор карда, ба мақомоти маҳалҳо дастур додааст, ки барои баргаштани маҳбусони озодшуда ба зиндагии осоишта шароити заруриро фароҳам ва онҳоро бо ҷои кор таъмин кунанд.

Собиқ Додситони кулли Қирғизистон боздошт шуд

Додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Салянова пас аз бозпурсии 48-соатӣ боздошт шуд. Саляноваро дар доираи парвандаи озодсозии ғайриқонунии ҷинояткори бонуфуз Азиз Батукаев ба бозпурсӣ даъват карда буданд.

Дар ҷараёни бозпурсӣ додситони кулли пешини Қирғизистон бо додситони пешини низомӣ Майрамбек Акматалиев ва муовини пешини додситони кулли ин кишвар Людмила Усмонов рӯбарӯ карда шуданд. Сипас тасмим гирифта шуд, ки Саляноваро боздошт кунанд.

Ба иттилои вакили порлумони Қирғизистон Алмамбет Шикмаматов, бозпурсии Салянова 3-юми июн, соати 15:00 оғоз шуда буд.

Пештар комиссияи вакилони порлумони Қирғизистон пас аз омӯзиши раҳоии Батукаев рӯйхати 28 мансабдореро таҳия кард, ки дар ғайриқонунӣ озод кардани ҷинояткори қирғиз даст доранд.

Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Пештар Салянова дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, аз озод шудани Батукаев замоне хабар ёфт, ки ӯ аллакай аз Қирғизистон берун рафта буд.

Эътирози занони Ҷопон ба талаботи пӯшидани пойафзори пошнабаланд

Дар Ҷопон бонувон зидди қоидаи либоспӯшие эътироз доранд, ки онҳоро вазифадор мекунад, дар ҷои кор пойафзори пошнабаланд бипӯшанд. Ба иттилои The Guardian, эътирозҳо бо ташаббуси ҳунарманд ва нависандаи ҷопонӣ Юми Исикава оғоз шуданд.

Фаъолони ҷопонӣ бо роҳандозии як флешмоб дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукумати ин кишвар даъват доранд, ки талаботи пӯшидани пойафзори пошнабаландро дар ҷои кор барои занон бекор кунад. Ҳудуди 19 ҳазор сокини Ҷопон аз ташаббуси мазкур ҷонибдорӣ мекунанд.

Исикава пас аз мулоқот бо намояндагони Вазорати меҳнати Ҷопон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, мақомот аз талаби бонувони коргар ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳунарманди ҷопонӣ қоидаи мазкури либоспӯшии бонувонро дар Ҷопон як навъи табъиз ё озори ҷинсӣ номид.

Соли 2017 дар чандин вилояти Канада низ мақомот ширкатҳоро вазифадор карданд, ки талаботи пӯшидани пойафзори пошнабаландро барои занон бекор кунанд. Ин таҷриба хатарнок ва табъиз номида шуд. Худи он сол дар Филиппин ҳам чунин қонуне ба имзо расид.

Ҳудуди заминҳои иҷораи Русия дар Қазоқистон васеътар шуд

Ҳукумати Русия тарҳи созишномаи масири нави партоби мушакбари "Союз-2" аз пойгоҳи "Байконур"-ро бо Қазоқистон ба тасвиб расонд.

Он дар шимоли пойгоҳ ҷойгир буда, қисматҳои ҷудошудаи мушакбар дар ҳудуди вилояти Костанойи Қазоқистон хоҳанд афтид. Бино ба гузориши телевизиони "Настоящее Время", ин минтақа ба заминҳое, ки Русия аз Қазоқистон иҷора гирифта буд, шомил намешуд. Матни созишномаи нав, ки барои панҷ сол имзо шуд, дар сомонаи иттилои ҳуқуқӣ нашр гаштааст.

Русия мушакбари "Союз-2"-ро барои партоби дастгоҳҳои кайҳонӣ истифода мекунад ва созишномаҳои имзошуда ба партоби мушак аз Байконур дар тӯли сол, ба ҷуз аз 1 апрел то 30 июн иҷозат медиҳанд. Вале "Роскосмос" ва ширкати русиву қазоқии "Байтерек", ки Байконурро ба иҷора гирифтаанд, бояд мақомоти маҳаллиро пешакӣ огаҳ кунанд, то дар сурати зарурат сокинони атрофро ба ҷойҳои бехавф интиқол диҳанд.

Русия барои иҷораи заминҳои нав ба Қазоқистон солона 460 ҳазор доллар пардохт мекунад. Вале агар партобҳо аз меъёри созишшуда бештар шаванд, ин маблағ 50 ҳазор доллари дигар афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳанӯз дар ибтидои соли 2018 маълум шуда буд, ки Русия барои ба иҷора гирифтани заминҳои иловагӣ бо Қазоқистон гуфтугӯ дорад.

Дар Ишқобод бахшида ба Рӯзи дучарха рекорди нав гузошта шуд

Дар Туркманистон Рӯзи дучархаро бо дучархасавории оммавӣ ва рекорди нави миллӣ таҷлил карданд. Расонаҳои Туркманистон хабар медиҳанд, ки ин бор дучархасаворони туркман бо тӯлонитарин намоиши дучархасаворӣ вориди Китоби рекордҳои Гиннес шуданд.

Дучархасаворони иборат аз 2019 одам дар як хат саф кашида, дар масофаи муайяне аз ҳамдигар 3300 метрро тай карданд. Ин рекорд 1-уми июн, дар остонаи Рӯзи дучарха гузошта шуд, ки ҳамасола 3-юми июн Рӯзи умумиҷаҳонии дучарха таҷлил мешавад.

Туркманистон ташаббускори эълом кардани Рӯзи дучарха аст. Ин рӯзро соли 2018 эълом карданд. Дар робита ба ин Иттиҳоди байналхалқии дучархасаворон роҳбари Туркманистонро бо сертификат қадрдонӣ кард.

Дар Туркманистон варзиши дучархасаворӣ дар сатҳи давлатӣ таблиғ мешавад. Кормандони давлатӣ, донишҷӯён, хонандагони мактаб ба маъракаҳои дучархасаворӣ ҷалб мешаванд.

Ин дувумин рекорди Туркманистон дар бахши варзиши сартосарии дучархасаворӣ аст. Соли 2018 иштирокчиёни варзиши дучархасаворӣ, бо ҳузури президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои "Густардатарин дарси варзиши дучархасаворӣ" вориди Китоби рекордҳои Гиннес шуда буданд.

Чин ба Қирғизистон дар ҳаҷми $4,3 млн техникаи низомӣ дод

Ҳукумати Чин ба пулиси Қирғизистон автобус, микроавтобус, мошинҳои зиреҳпӯши пулис ва техникаи дигар тақдим кард. Арзиши умумии ин техника ба наздики 4,3 миллион доллар мерасад. Рӯзи 3-юми июн дар шаҳри Бишкек муаррифии техникаи тақдимшуда баргузор гардид.

Кашкар Ҷунушалиев, вазири корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, ки техникаи тақдимшуда дар боло бурдани сатҳи мубориза бо ҷинояткориҳо ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳангоми баргузории саммити Созмони ҳамкориҳои Шангхай (СҲШ) нақши муҳим хоҳанд дошт.

Моҳи майи соли ҷорӣ Ҷунушалиев бо вазири амнияти ҷамъиятии Чин Чжао Кэчжӣ дар мавриди расонидани кумаки техникӣ ба Қирғизистон ба созиш расида буданд.

Саммити навбатии СҲШ 14-15 июн дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад.

Дар Узбекистон қимати газу барқ боло нарафт

Қимати газ ва барқ дар Узбекистон аз 1-уми июн гарон нашуд. Ин дар ҳолест, ки пештар аз гароншавии он хабар расида буд.

Нашрияи "Сухани халқ" 3-юми июн хабар дод, девони вазирони он кишвар 31-уми майи соли 2019 қарори содагардонии гузариш ба низоми бозорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои сӯхтро қабул кард.

Зимнан қарори боло бурдани қимати газ ва барқ аз 1-уми июни соли 2019 бекор шуд. Расонаҳо пештар хабар дода буданд, ки 1 киловатт неруи барқ аз 250 сӯми кунунӣ ба 280 сӯм ва як метри мукааб газ аз 320 сӯми кунунӣ ба 350 сӯм боло бурда мешавад.

Бори охир дар Узбекистон тарофаҳо моҳи ноябри соли 2018 гарон шуда буданд. Он замон якбора бензин, маводи сӯхти дизелӣ, неруи барқ, газ, оби гарм ва низоми гармидиҳӣ боло рафта буд.

Боздошти "нозири бахши додгоҳӣ"-и Қирғизистон

Манас Арабоев.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки роҳбари пешини шуъбаи ислоҳоти додгоҳӣ ва қонунияти дастгоҳи президент Манас Арабоев боздошт шудааст.

Ба иттилои кумита, боздошти вай дар доираи парвандаи ғасби худсаронаи иншооти соҳибкории сармоягузорони хориҷӣ сурат гирифтааст. Манас Арабаев бо моддаи "фасодкорӣ" гумонбар мешавад. Мақомот ӯро рӯзи 2-юми июн боздошт ва ба боздоштгоҳи КДАМ фиристоданд.

Замони президентии Алмосбек Отамбоев гуфта мешуд, ки Манас Арабоев низоми додгоҳиро назорат мекунад.

Аммо моҳи июли соли 2018 додситонии кулли Қирғизистон баъди омӯзиши эҳтимоли дахолати Арабоев ба низоми додгоҳӣ, аз кушодани парванда худдорӣ кард. Тафтишот ҷой доштани ҷиноятро ошкор накард.

Додгоҳи Гаага ба баррасии даъвои Украина зидди Русия шуруъ кард

Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи байналхалқии СММ дар Гаага рӯзи 3-юми июн ба баррасии даъвои "Украина зидди Русия" шуруъ мекунад. Баррасии додгоҳӣ то 7-уми июн идома хоҳад кард. Украина Русияро дар сармоягузории терроризм ва вайрон кардани Конвенсияи байналхалқии мубориза бо сармоягузории терроризм айбдор мекунад.

Президенти пешини Украина Петр Порошенко дар ибтидои соли 2017 дастури шикоят бурдан ба додгоҳро дода буд. "Русия бояд барои хушунаткориҳояш ҷавоб гӯяд. Се сол аст, ки Русия ҳуқуқи байналхалқиро вайрон мекунад, се сол аст, ки ғасби Қримро идома медиҳад, шарқи кишвари моро дар вилоятҳои Донетск ва Луҳанск идома медиҳад, сиёсати маҳвсозиро дар Қрим пиёда мекунад",-гуфта буд Порошенко.

Елена Зеркал, муовини вазири корҳои хориҷии Украина дар умури аврупогароӣ гуфт, дар ибтидо додгоҳ ҷониби Русияро гӯш хоҳад кард. Русия мегӯяд, додгоҳи Гаага ҳаққи баррасии ин масъаларо надорад. "Русия тамоми талошашро харҷ кард, ки ин парванда ба баррасӣ гирифта нашавад",-гуфт муовини вазир.

Ба гуфтаи вай, Украина ҳанӯз соли гузашта парвандаи иборат аз 17 ҳазору 500 саҳифаро ба додгоҳ таслим карда буд. Қисме аз ин мавод рӯзи 3-юми июн дар сомонаи додгоҳ нашр хоҳад шуд.

"Ҳангоми посухдиҳии Русия ҷаҳон дар бораи "шӯришгарон", "ҷанги шаҳрвандӣ дар Украина", "наҷотдиҳии сокинони рустабор", "баргардонии Қрим" хоҳад шунид. Мо омодаи таблиғоти Русия ҳастем. Мо омодаи муаррифии мавқеи ҳуқуқиамон ҳастем ва талош мекунем, ки ҳақ будани худро дар додгоҳ собит кунем",-гуфт хонум Зеркал.

Пештар аз ин Додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ қарор кард, ки Русия ба ширкати "Укрнафт" бештар аз 44 млн доллар ҷуброн пардозад. Русия баъди ғасби Қрим дар соли 2014 амволи ширкати мазкурро "миллӣ" гардонид.

Шикояти Песков аз боздошти тоҷири амрикоӣ

Майкл Калвей

Сухангӯи раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, ҳукумат мехоҳад, сармоягузори шинохтаи амрикоӣ Майкл Калвей, ки дар ҳабси хонагӣ аст, дар форуми маъруфи иқтисодии Русия ҳузур дошта бошад. Майкл Калвей ба тақаллуби молӣ муттаҳам мешавад, ҳарчанд худаш иттиҳомот дар ин заминаро рад кардааст. Форуми иқтисодии Санкт Петербург ҳафтаи оянда баргузор мешавад.

Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин рӯзи 3-уми июн бо ишора ба номи Майкл шикоят кард, ки “вазъи маъюскунандае” бо ӯ пеш омадааст ва афзуд, ҳукумати Русия ӯро ҳамчун “тоҷири қобили эътимоде медонад, ки ба тиҷорат дар Русия кӯмак мекунад.” Айни замон ӯ гуфт, волоиятии қонун бояд таъмин шавад ва афзуд, ки ҳукумат ба парвандаи Майкл Калвей мудохила намекунад. Дмитрий Песков гуфт, “Мо албатта мехоҳем, Майкл дар байни ширкатдорони форум бошад”.

Ин нишасти иқтисодӣ, ки барои ҷалби сармоягузорон ба иқтисоди Русия ҳар сол баргузор мешавад, рӯзҳои 6 ва 8-уми июн дар шаҳри Санкт Петербург сурат мегирад. Боздошти Майкл Калвей, ки соли 1994 ширкати молии хусусии “Баринг Восток Капитал Партнерс”-ро таъсис додааст, сармоягузорони Ғарбӣ ва тоҷирони худи Русияро ҳайратзада кард. Онҳо омилҳои боздошт ва муҳокимаро ӯро шубҳабарангез медонанд.

Озарбойҷон хариди 10 Боинг-ро ба таъхир андохт

Ҳавопаймо аз соли 2017 вориди бозор шуд, аммо ҳоло аз парвоз мондааст.

Ширкати ҳавопаймоии “АЗАЛ”-и Озарбойҷон эълон кард, ки хариди ҳавопаймои Боинг 10737 Макс ба таъхир андохтааст. Аз ин пештар сухангӯи ширкат гуфт, ки ширкати бузург аз хариди ин ҳавопаймоҳо даст кашидааст. Сабаб ба гуфтаи Пошо Кесаминси, сухангӯи ширкат “омилҳои амниятӣ” будааст. Ӯ рӯзи 3-уми июн ба хабарнигорон гуфтааст, “АЗАЛ тасмим гирифт, ки ба сабабҳои амниятӣ аз ширкати Боинг 10 ҳавопаймо нахарад ва қарордоди марбутаро лағв кард”.

Баъди суқути ҳавопаймои серхаридори Боинг 737 Макс дар шаҳри Аддис Абебаи Эфиопия кишварҳои зиёде парвози ин ҳавопайморо дар фазои худ манъ карданд. Дар ин фалокат дар рӯзи 3-уми март 157 нафар кушта шуданд. Ҳавопаймо ба ширкати Эфиопия эйрлайнз тааллуқ дошт. Аз ин пеш бо айни мушкил ҳавопаймои Лайон Эйр аз Индонезия дар моҳи окятбр суқут кард ва 189 нафар ҳалок шуданд. Ҳавопаймои навро Боинг соли 2017 вориди бозор кард.

Тазоҳуроти занони қазоқ дар назди Кохи президент

Тазоҳуроти занон дар назди қасри президент

Як ҳафта қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Қазоқистон даҳҳо зан дар назди кохи раиси ҷумҳурӣ дар шаҳри Нурсултон пойтахти кишвар эътироз карданд. Онҳо хостанд, имтиёзҳои иҷтимоӣ ва манзил барои мардум бештар карда шавад.

Тазоҳургарон аз мақомот мехостанд, ки ваъдаҳояшон барои кӯмаки молӣ ва тақсими хона ба оилаҳои серфарзанд ва занони танҳоро иҷро кунанд. Онҳо “Хонаи дуруст барои фарзандони мо” шиор медоданд ва талаб карданд, ки нахуствазир Аскар Мамин, раиси ҷумҳури муваққат Қосимҷомарт Токаев ва Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқ бо онҳо суҳбат кунад.

Бердибек Сафарбоев, вазири кор ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар мақомоти расмӣ бо тазоҳургарон мулоқот карда ва аз онҳо хостанд, ба бинои порлумон раванд, вале тазоҳургарон нарафтанд. Баъди ҳалокати панҷ кӯдак дар як хонаи фақирона дар Қазоқистон дар моҳи феврал талабу эътироз дар масъалаи хона зиёд шуд.

Ифшогари урдӯгоҳҳои Чин аз Қазоқистон рафт

Сайрагул Саутбой дар додгоҳи Алмаато. Акс аз бойгонист.

Сайрагул Саутбой, як шаҳрванди қазоқтабори Чин, ки шаҳодаташ дар додгоҳ, “ӯрдугоҳҳои тарбиявӣ” дар шимолуғарби кишварро ошкор кард, Қазоқистонро тарк кардааст, чун ба ӯ ҳаққи паноҳандагӣ надодаанд. Айман Умаров, вакили дифои ӯ рӯзи 3-уми июн дар Фейсбук навишт, ки фарди зери ҳимояташ Қазоқистонро тарк карда ва ба қавли ӯ ба “яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон рафтааст.”

Сайрагул Саутбой бисёр мехост дар Қазоқистон паноҳандагии сиёсӣ бигирад, вале моҳи август додгоҳ ӯро ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам кард. Ӯро озод карданд ва ба Чин ҳам насупурданд. Сайрагул Саутбой моҳи апрел аз Чин гурехт ва дар додгоҳ гуфт, ки ҳазорон нафар аз аққалиятҳои қазоқ, уйғӯр ва дигар мусулмононро мақомоти Чин дар вилояти Шинҷон дар урдӯгоҳҳои махсус ба истилоҳ “тарбияи сиёсӣ” нигаҳ медоранд.

Мақомоти Созмони Милал гуфтаанд, ки дар Чин тахминан як миллион уйғӯр дар “марказҳои зидди ифротгароӣ” нигаҳ дошта мешаванд ва миллионҳо нафари дигарро ба урдӯгоҳҳои тарбиявӣ мефиристанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бо ин афрод бадрафторӣ сурат мегирад ва онҳоро маҷбур мекунанд, мухолифи эътиқоду арзишҳои динии худ рафтор намоянд.

Сафари давлатии Доналд Трамп ба Бритониё оғоз шуд

Доналд Трамп ва ҳамсараш ҳангоми вуруд ба Лондон.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо сафари серӯзаи давлатӣ вориди Бритониё шуд. Ӯ ва ҳамсараш Мелания рӯзи 3-уми июн бо хонаводаи салтанатии Бритониё ва аз ҷумла Малика Элизаветаи дуввум дар Кохи Букингем мулоқот карданд.

Пеш аз вуруд ба Лондон, ӯ раиси ин шаҳр Содиқ Хонро дар Твиттер “як бозандаи сангдил” номид, чун ӯ ҳукумати Бритониёро барои истиқболи бошукӯҳи Доналд Трамп танқид кард. Сафари Трамп ба Лондон дар замоне сурат мегирад, ки Бритониё ба сабаби масъалаи хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо ба бӯҳрони сиёсӣ гирифтор шудааст.

Тереза Мей нахустазири кишвар чанде пеш истеъфо дод. Трамп қабл аз сафар баёнияҳои баҳсбарангезе дар бораи Бритониё дод ва аз ҷумла гуфт, ки Борис Ҷонсон, вазири собиқи умури хориҷӣ метавонад, як нахуствазири “олӣ” бошад.

Ӯ гуфт, ки вориси Тереза Мей пули хуруҷ ба Иттиҳодияи Аврупоро напардозад ва ин иттиҳодияро бе ҳеҷ созише тарк кунад. Ҳангоми наҳори давлатии Доналд Трамп бо Элизаветаи дуввум, садҳо нафар қасд доранд, ба нишони эътироз аз сафари ӯ “наҳории мардумӣ” ташкил кунанд .

Дар Алмато чанд эътирозгарро ҳабси хонагӣ карданд

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон шаби 1-уми июн ду зан - Жазира Демеуова ва Гулзипа Ҷаукероваро ба ҳабси хонагӣ гирифт. Додгоҳ гуфт, ин ду зан аъзои созмони мамнуъ ҳастанд ва ба ин тартиб, онҳоро то 1 моҳ ҳабси хонагӣ кард. Чанде пештар додгоҳ нисбати модари танҳо Оксана Шевчук низ айни ҳамин ҳукмро содир карда буд. Додгоҳ гуфт, вай узви ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" аст.

Ҷаукерова ва Демеуова дар додгоҳ гуфтанд, ки аъзои созмони "Интихоби демократии Қазоқистон" нестанд, аммо ҳамзамон афзуданд, барномаи ин ҳаракат ба онҳо писанд аст.

Жазира Демеуова, Гулзипа Ҷаукерова ва Оксана Шевчук аз шумори даҳҳо боздоштшудаҳои эътирози 1-уми май дар шаҳри Алмато ҳастанд. Ин се танро ҳамзамон 9-уми май низ ҳангоми роҳпаймоии "Полки абадӣ" боздошт карда буданд. Миёнаҳои моҳи май хабар расид, ки онҳоро дар ҳамкорӣ бо ҳаракати мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" гумонбар мекунанд.

Дар Қирғизистон корҳои иктишофӣ ва кандани уран манъ шуд

Дар Қирғизистон корҳои иктишофӣ дар майдонҳои дорои иҷозатнома бо ҳадафи пайдо кардани уран манъ шуд. Ин фармонро сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев имзо кард. Бар асоси фармон, то танзим шудани ин масъала дар сатҳи қонунгузорӣ, корҳои иктишофӣ ва кандани уран манъ мешавад.

Моҳи апрели соли ҷорӣ дар Қирғизистон дар пасманзари нақшаҳои коркарди кони урани вилояти Иссиқкӯл эътирози мардумӣ сар зад. Фаъолон дар шаҳрҳои Бишкек, Балиқчӣ, Қаракӯл ва дар наздикии кон эътироз баргузор карданд.

Дар робита ба норозигии мардум ҳукумати он кишвар 22-юми апрел фаъолияти ширкати "ЮрОсиё дар Қирғизистон"-ро дар кон муваққатан манъ кард. 25-уми апрел фаъолияти ширкат дар кон комилан манъ шуд. Ширкат гуфт, ки тасмим дорад, технологияи безарарро барои кандани уран кор фармояд.

Порлумони Қирғизистон 2-юми май қарор қабул кард, ки коркарди конҳои уран дар Қирғизистон манъ шавад.

Дар пойтахти Туркманистон навбатпоӣ барои биринҷу шакар идома дорад

Ин рӯзҳо пушти дари мағозаҳои давлатии пойтахти Туркманистон навбатпоии тӯлонии харидорони шакар, биринҷ ва равғани растанӣ мушоҳида мешавад.

"Шумори навбатпоён то 100 тан мерасад. Миёни онҳо занон бо кӯдакони ширхор, куҳансолон, кӯдакону наврасон ҳам ҳастанд. Онҳо аз субҳи содиқ назди мағоза меоянд",-гуфт як сокини Ишқобод.

Ба гуфтаи ин сокин, барои ҳар кас на бештар аз се кило биринҷ ва як кило шакар фурӯхта мешавад.

Расонаҳо хабар медиҳанд, дар ҳоле пушти дари мағозаҳои давлатӣ навбатпоӣ мушоҳида мешавад, ки дар бозорҳои он шаҳр қимати маҳсулот боло меравад.

Дар Туркманистон ду соли охир камчинии маҳсулоти ниёзи аввалия дида мешавад. Навбатпоӣ барои шакар, равған, тухми мурғ ва орду нон ба анъана табдил шудааст.

Ироқ ду шаҳрванди Фаронсаро ба қатл маҳкум кард

Рашид Қосим, зодаи Фаронса ва узви ДИИШ.

Додгоҳе дар шаҳри Бағдод ду шаҳрванди Фаронсаро барои узвият дар гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” ба қатл маҳкум кардааст. Додситонҳои Ироқ дар ин бора рӯзи 2-уми июн хабар доданд. Ҳамингуна дар як ҳафтаи гузашта 9 нафар шаҳрванди Фаронса бо айни иттиҳом дар Ироқ ба қатл маҳкум шуданд.

Ин афрод аз ҷумлаи 12 шаҳрванди Фаронса ҳастанд, ки размандагони курди зери ҳимояти Амрико дар Сурия дастгир карда ва моҳи январ ба Ироқ супурдаанд. Фаронса гуфтааст, ҳама кори мумкинро мекунад, то ҳукми ин афрод дар Ироқ иҷро нашавад. Дидбони Ҳуқуқи Башар мақомоти Ироқро ба истифодаи “усулҳои гуногуни шиканҷа” муттаҳам карда ва гуфтааст, Фаронсаву дигар кишварҳо набояд муҳокимаи шаҳрвандонашро ба кишварҳои дорои додгоҳҳои табъизгар вогузор кунанд.

Помпео: "Омодаи гуфтугӯи бе пешшарт бо Эрон ҳастем"

Майк Помпео

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, кишвараш омодаи гуфтугӯ бе “пешшарт” бо Эрон аст, вале фишор ба онро идома медиҳад. Ӯ дар ин бора рӯзи 2-уми июн баъди мулоқот бо ҳамтои швейтсариягиаш Игнасио Касис дар шаҳри Белинзона сухан гуфт.

Швейтсария ба ҳайси миёнарав, аз Амрико дар Эрон намояндагӣ мекунад. Аз ин пештар дар рӯзи 1-уми июн раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтааст, агар Амрико бо эҳтиром рафтор кунад, мумкин аст, Эрон бо он кишвар музокирот анҷом диҳад.

Танишҳо байни Амрикову Эрон баъд аз он авҷ гирифт, раиси ҷумҳур Доналд Трамп, Амрикоро аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ ва таҳримоти иқтисодӣ ба зидди онро аз нав барқарор кард. Ӯ моҳи майи имсол аз кишварҳои ҷаҳон хост, воридоти нафти Эронро бас кунанд, дар акси ҳол ба таҳримоти Амрико дучор мешаванд. Чанде пештар Амрико нерӯҳои ҷангиаш дар Ховари Миёнаро тақвият дод ва гуфт, нерӯҳоро барои муҳофизати манофеъ аз таҳдидҳои эҳтимолии Эрон фиристодааст. Ҳарду Амрикову Эрон гуфтаанд, ки хоҳони ҷанг нестанд.

Рӯҳонӣ гуфтааст, бо Амрико гуфтугӯ мекунем, агар...

Ҳасан Рӯҳонӣ

Як хабаргузории нимарасмии Эрон навиштааст, раиси ҷумҳур Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтааст, агар Амрико бо эҳтиром рафтор кунад, мумкин аст, Эрон бо он кишвар музокирот анҷом диҳад. Хабаргузории Форс бо нашри ин хабар аз қавли Ҳасан Рӯҳонӣ навиштааст, ки Эронро наметавон бо фишор ба гуфтугу моил кард.

Хабаргузории Форс аз қавли Рӯҳонӣ навиштааст: "Мо тарафдори музокироти мантиқӣ ҳастем, ба шарте ки тарафи муқобил дар мизи музокирот бо эҳтиром рафтор кунад ва ба муқаррароти байналмилалӣ эҳтиром бигузорад.”

Раиси ҷумҳури Эрон дар ин бора рӯзи 1-уми июн суҳбат кардааст ва дар замоне, ки танишҳо байни Амрикову Эрон авҷ гирифтааст. Ин танишҳо баъд аз он авҷ гирифт, раиси ҷумҳур Доналд Трамп, Амрикоро аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ ва таҳримоти иқтисодӣ ба зидди онро аз нав барқарор кард.

Ӯ моҳи майи имсол аз кишварҳои ҷаҳон хост, воридоти нафти Эронро бас кунанд, дар акси ҳол ба таҳримоти Амрико дучор мешаванд. Чанде пештар Амрико нерӯҳои ҷангиаш дар Ховари Миёнаро тақвият дод ва гуфт, нерӯҳоро барои муҳофизати манофеъ аз таҳдидҳои эҳтимолии Эрон фиристодааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG