Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Намоишгоҳи Маскав мизбони наққошиҳои рассоми тоҷик

Намоишгоҳи «Artstory»-и шаҳри Маскав наққошиҳои Аъзам Атахонов рассоми тоҷики муқими Русияро ба намоиш гузоштааст. Намоиш рӯзи 6-уми июн оғоз шуд ва то 28-уми июли идома мекунад.

Атахонов рӯзи 6-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар намоишгоҳ 45 асар, гулчине аз офаридаҳои ӯ аз соли 2006 ба инҷониб ба намоиш гузошта шуданд. Азам Атахонов гуфт, асарҳои шоирони классик ба мисли Ҷомиву Румӣ, наққошони Руми қадим ва Италия, рассомони қадимии рус сарчашмааи илҳомаш ҳастанд.

«Асари шоир, оҳангсоз ва рассом дар кулл касро ба самт равона мекунанд, ба сӯи маънӣ. Бинобар ин мо намоишгоҳро “Достони маънӣ” ном гузоштем» - иброз дошт Атахонов.

Аъзам Атахонов
Аъзам Атахонов

Дар асарҳои Атахонов бештар зебоиҳои табиат, офаридаҳои дасти инсон, меъморӣ, боғу деҳот, хона ва ҳунарҳои мардумӣ таҷассум ёфтааст. Асарҳои Азам Атахонов дар Музейи давлатии санъати халқҳои шарқи Маскав, Осорхонаи санъати тасвирии Тотористон ва Осорхонаи санъати тасвирии ба номи Камолиддин Беҳзод дар Душанбе нигоҳ дошта мешаванд.

Ба ҷуз ин наққошиҳои ӯро коллексионерон аз Амрико, Канада, Фаронса, Дания, Олмон ва Русия харидаанд ва дар хазинаҳои худ нигоҳ медоранд. Азам Атахонов зодаи Душанбе ва хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии пойтахт аст. Аз соли 1989 дар Маскав зиндагӣ мекунад.

Таҷлили 75-умин солгарди Ди Дей дар Фаронса

Доналд Трамп ба собиқадорони амалиёт изҳори сипос кард.

Раҳбарони кишварҳои ғарбӣ дар Нормандия ҷамъ омада ва хотираи қурбониёни Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ва собиқадорони ин ҷангро гиромӣ доштанд. Рӯзи 6-уми июн онҳо аз 75-умин солгарди шуруи амалиёти кишварҳои ҳампаймон барои озодии шимоли Фаронса аз дасти Олмони фашистиро таҷлил карданд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар ҳузури чанде аз собиқадорони ин амалиёт, ки бо номи Ди Дей шинохта мешавад, “шарифтарин инсонҳои амрикоиҳое, номид ки зиндагӣ доранд.”

Амалиёти баҳрӣ рӯзи 6-уми июни соли 1944 шурӯъ шуд. Дар маросим Тереза Мей, нахуствазири Бритониё, Эманнуел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ширкат карданд. Тереза Мей ва Эммануел Макрон ҳам ба собиқадорони ин амалиёт, ки аксарияташон дар аробаи маълулӣ буданд, изҳори сипос карданд.

Бонки Ҷаҳонӣ ба тарҳи шабакаи оби Душанбе 30 млн доллар дод

Бонки Ҷаҳонӣ барои тарҳи шабакаи об ва фозилоби Душанбе 30 миллион доллар ҷудо кардааст.

Дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе рӯзи 6-уми июн гуфт, бо сабаби кӯҳна шудани инфрасохтори мавҷуда, ҳаҷми талафоти об назаррас аст ва аксари вақт хидматрасонӣ қатъ мегардад.

Лоиҳа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки яке аз ноҳияҳои бузургтарин ва сераҳолии шаҳр аст, татбиқ мегардад. Қубури обгузар ва обкашҳои ёридиҳандаро иваз хоҳанд кард.

Аз соли 2002 ба ин сӯ, Бонки Ҷаҳонӣ бо ҳадафи бехатар кардани оби ошомиданӣ дар Душанбе тақрибан 50 миллион доллар сармоягузорӣ намудааст.

Баъди сел дар Деҳаи Шифо, 20 оиларо ба ҷойи амн бурдаанд

Баъд аз сели харобиовар дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ, ки чандин хонаро зери обу лой гузошт, аъзои бист хонаводаро ба ҷойи амн кӯчондаанд.

Фазлиддин Назарзода, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Рудакӣ, рӯзи 6-уми июн гуфт, асосан занону кӯдакон ва солхӯрдаҳоро дар бинои мактаби рақами 7-и деҳа ҷойгир намуданд. “Ба онҳо хӯрок ва ҷойи хоб дода шудааст”, -- афзуд ӯ.

Интиқоли сокинони деҳаи офатзадаи ноҳияи Рӯдакӣ ба макони амн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00

Сели шаби 1-уми июн дар маҷмӯъ 8 манзил ва таҳхонаро дар деҳаи Оби Шифо зери об гузошт. Сокинон аз дохили манзил ва ҳавлиҳояшон обу лой мекашонанд.

Мулло Бобоев, сокини деҳаи Оби Шифо гуфт, баландии об дар дохили манзилаш ба 60-70 сантиметр расида буд ва ҳама ашёи хонааш зарар диданд. Ӯ мегӯяд, “дар ин хонаҳо дар як-ду моҳ хоб карда намешавад.”

Боронҳои шадид ва сели шаби 1-уми июн ба киштзори мардуми деҳа, низ зиёни ҷиддӣ расонидааст. Бархе аз аз деҳқонон мегӯянд, акнун аз ҳосили имсолаи зироаташон умеди зиёд надоранд.

Борону сел дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ чандин хона ва роҳҳоро хароб кард. Дар ин ҳодисаҳо дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Хуросон се нафар ҷон бохтанд.

Дар Қирғизистон шабакаи таҳияи шиносномаҳои қалбакӣ ошкор шуд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар медиҳад, ки як шакаби таҳиясозии шиносномаҳои қалбакии Қирғизистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ошкор шудааст.

Ба иттилои тафтишот, эҳтимол дорад, ҷангҷӯёни гуруҳҳои террористӣ низ аз ҳуҷҷатҳои мазкур истифода карда бошанд.

Дар фурудгоҳи "Манас"-и шаҳри Бишкек 2 июн шаҳрванди як кишвари ҳамсояи Қирғизистон боздошт шудааст, ки мехост, бо шиносномаи қалбакӣ ба Туркия парвоз кунад.

Дар фурудгоҳ ҳамзамон роҳбари гуруҳи ҷиноиро боздошт ва аз вай як шиносномаи дигари қалбакӣ пайдо шуд. Аз манзили роҳбари гуруҳи ҷиноӣ як шиносномаи дигарро пайдо карданд.

Боздоштшудаҳо ба маҳбаси КДАМ интиқол дода шудаанд.

Узбекистон пас аз 13 сол ба хабарнигори BBC иҷозати фаъолият дод

Вазорати умури хориҷии Узбекистон иттилоъ дод, ки Авазбек Тоҳировро 4 июни соли 2019 ҳамчун хабарнигори Би-би-сӣ расман сабти ном кард.

Фаъолияти Бахши узбекии Би-би-сӣ дар Узбекистон 13 сол пеш қатъ шуда буд.

Мақомоти Узбекистон баъди ҳодисаҳои хунини Андиҷон дар соли 2005 дафтарҳои як қатор расонаҳои байналмилалии хориҷӣ, аз ҷумла Би-би-сӣ, Садои Амрико ва Радиои Озодиро дар ин кишвар бастанд.

Бино ба иттилои хабаргузории "Фарғона", фаъолияти Бахши узбекии Би-би-сӣ барои расман сабти ном кардани хабарнигори худ дар Ӯзбекистон ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2016 дархост фиристода буд.

Мақомоти узбек як сол пеш хабарнигори Садои Амрико Навбаҳор Имомоваро низ расман сабти ном карданд. Вазорати умури хориҷии Узбекистон моҳи апрели соли равон ба хабарнигори "Фарғона" Андрей Кудряшов низ расман иҷозати фаъолият дод.

Палатаи ҳисоби Русия: Ҳабси Калвӣ сармояҳоро мегурезонад

Алексей Кудрин

Алексей Кудрин, раиси Палати ҳисоби Русия имрӯз дар ҷараёни ҷаласаи Форуми байналхалқии иқтисодӣ дар шаҳри Санк-Петербург ҳабси муассиси бунёди Baring Vostok, тоҷири амрикоӣ Майкл Калвиро "барои иқтисод шоковар" номид.

Кудрин гуфт, баъди ҳабси вай фирори сармоя аз Русия ду баробар афзуда, аз ибтидои сол ба 40 миллиард доллар расидааст.

Вакилони мудофеи Калвӣ 31 май аз Кумитаи тафтишотии Русия хостанд, ки иҷозат диҳад, вай дар форуми иқтисодии Петербург ширкат варзад. Аммо кумита ба дархости вакилони мудофеъ посух надод.

Форуми байналхалқии иқтисодии Петербург рӯзҳои 6-8 июн баргузор мешавад.

Майкл Калвӣ миёнаҳои моҳи феврал боздошт шуд. Тафтишот мегӯяд, вай 2,5 миллард рублро аз бонки "Шарқӣ" рабудааст. Калвӣ айби эъломшударо рад мекунад.

Талаби истеъфои мансабдор баъд аз таҳқири хабарнигор

Туйгунаалӣ Абдураҳимов

Туйгунаалӣ Абдураҳимов, намояндаи масъули ҳукумати вилояти Чуйи Қирғизистон дар ҳузури рӯзноманигорон сару садоҳои ахирро шарҳ дод.

Ин мансабдор чанде пеш мусоҳиба бо хабарнигореро рад кард, ки чеҳрааш ба ӯ писанд набуд.

"Ман бо телевизиони "Ала-Тоо 24" мусоҳиба мекардам, ки хабарнигор якбора пурсид, ман дар куҷо будам ва чаро дер омадам. Ман гуфтам, ки ин мушкили ман аст ва вай додситон нест. Бале, ман гуфтам, ки чеҳрааш ба ман писанд нест. Чеҳраи ман ба вай писанд нест. Ин зиндагист", -- гуфт Абдраимов.

Вай ҳамчунин гуфт, бархе аз хабарнигорон фурӯхташуда ҳастанд ва барқасдона иғво меангезанд.

Абудраҳимов узрхоҳӣ накард ва баъди мубоҳиса бо хабарнигорон толори мулоқотро фавран тарк намуд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз намояндаи масъули вилояти Чуй талаби узрхоҳӣ ва истеъфоро доранд.

Рӯзи 5-уми июн дар деҳаи Ороки ноҳияи Сокулуки Қирғизистон миёни сокинони маҳаллӣ низоъ бархост. Як хабарнигор хост, бо мансабдор мусоҳиба анҷом диҳад. Аммо Абудраҳимов гуфт, намехоҳад, ба суолҳои хабарнигор посух диҳед, "зеро чеҳрааш мақбул нест".

"Ба ман чеҳраи шумо писанд нест. Шумо чеҳраи нозебое доред", -- гуфт мансабдор. Баъди ин корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ истеъфои ӯро талаб карданд.

Пикет ва муроҷиати мухолифони тоҷик дар Аврупо

Аз 3 то 5-уми июн дар чанд шаҳри Аврупо, аз ҷумла Варшава, Бонн ва Вена пикети фаъолони сиёсӣ ва блогерону мухолифони тоҷик баргузор шуд. Онҳо раҳоии маҳбусони, ба гуфтаашон, сиёсӣ ва хатми шиканҷа дар зиндонҳоро талаб кардаанд.

Вале мақомоти Тоҷикистон пайваста вуҷуди маҳбусони сиёсӣ ва шиканҷа дар зиндонҳоро рад мекунанд.

Вайсиддин Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷик дар хориҷа, рӯзи 5-уми июн дар номае ба Радиои Озодӣ навишт, онҳо нисбат ба ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат низ норозигӣ карданд. Одинаев мегӯяд, дар ин замина ба САҲА ва Кумисюни Аврупо муроҷиатнома супурда шуд.

Дар ин муроҷиатнома аз ҷумла ба ҷавобгарӣ кашидани масъулони ошӯбҳои хунин дар зиндонҳо, таҳқиқи мустақилонаи ҳодиса, нашри рӯйхати пурраи қурбониёну захмиён ва ислоҳоти куллӣ дар низоми зиндонҳои Тоҷикистон талаб шудааст.

Дар ошӯби шаби 19-уми майи имсол дар зиндони шаҳри Ваҳдат, ба гуфтаи мақомот се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ошӯбро маҳбусони узви гурӯҳҳои тундрав анҷом доданд.

Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия гуфт, нисбат ба 25 маҳбус бо иттиҳоми ташкили ошӯб парванда боз шудааст ва таҳқиқи ҳодиса аз тарафи муфаттишони Додситонии кул идома дорад. Қаблан як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ гуфта буд, нисбат ба нозирони маҳбаси Ваҳдат низ парванда кушодаанд.

Дар ним соли охир ин ошӯби дувум дар зиндонҳои Тоҷикистон буд. Аз он пеш, моҳи ноябри соли 2018 дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд ошӯби хунин сар зад. Мақомот гуфтанд, дар ин ҳодиса 23 маҳбус ва ду зиндонбон кушта шуданд.

Рӯзи 4-уми июн Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон "аз ошӯб ва бетартибиҳо дар муассисаҳои ислоҳии кишвар" нигаронӣ кард ва хостори "тафтиши беғаразона ва саривақтии сабабҳои рух додани ошӯб" шуд. Масъулони Эътилоф дар баёнияи расмӣ гуфтанд, ки "аз шумораи зиёди қурбониён ва истифодаи қувваю яроқи оташфишон ҳангоми фурӯ нишондани ошӯб нигаронем."

Онҳо аз мақомот хостанд, бояд афроди гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз натиҷаи тафтишот мардум огоҳ карда шаванд.

Умед Бобоматов, хабарнигори "Озодлик"-ро ба Узбекистон роҳ надоданд

Умед Бобоматов

Мақомоти Узбекистон Умед Бобоматов, хабарнигори "Озодлик", бахши узбекии Радиои Озодиро ба кишвар роҳ надоданд. Бобоматов солҳо боз дар Маскав кор мекунад.

Вай рӯзи 4-уми июн бо ҳавопаймо аз Маскав ба Тошканд рафт, вале баъди ним соат аз он ҷо ихроҷ ва дубора ба Русия фиристода шуд.

Мақомот дар санаде гуфтаанд, ки ба ӯ "иҷозаи вуруд ба Ҷумҳурии Узбекистон дода нашуд", вале шарҳ надодаанд, ки чаро.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи Умед Бобоматов ҳатто дар замони ҳукумати Ислом Каримов роҳи ӯ ба Узбекистон баста набуд.

Вай дар Фейсбук қарори ихроҷаш аз Узбекистонро ба фаъолияти журналистиаш рабт дод ва навишт, "дар ҳоле ки афроди муттаҳам ба ифротгароӣ ва терроризм ба кишвар бармегарданд, журналист ба як нафари хатарноктар табдил ёфтааст."

Умед Бобоматов ин ҳодисаро "огоҳӣ ба худу ҳамкоронаш" донист. Моҳи майи имсол баъзе аз блогнависон дар Узбекистон маъракаи зидди бахши узбекии Радиои Озодиро оғоз карданд.

Раҳбарони Чину Русия дар Маскав аз чӣ гуфтанд?

Раҳбарони Чину Русия рӯзи 5-уми июн дар бораи таҳкими равобити миёни Маскаву Пекин суҳбат карданд. Сӣ Ҷинпин бо сафари серӯза дар Русия қарор дорад.

Ду раҳбар дар шаш соли гузашта сӣ бор бо ҳам мулоқот кардаанд ва ин ҳаштумин сафари Сӣ Ҷинпин ба Русия баъд аз соли 2012 будааст.

Равобити миёни Русияву Чин дар ҳоли инкишоф буда, дар ҳоли ҳозир дар беҳтарин ҳолат қарор дорад. Ҳарду ҷониб аз якдигар ҳимоят мекунанд.

Владимир Путин, президенти Русия, таъкид кард, ки Маскаву Пекин ба масоили муҳими ҷаҳонӣ мавқеи яксон доранд. Ӯ хабар дод, ки Маскаву Пекин мувофиқат карданд, дар тиҷорати байниҳамдигарӣ истифодаи рублу юанро тавсеа бахшанд.

Муносибатҳои миёни Маскаву Вашингтон баъд аз буҳрони Украина, ҷанги Сурияу иттиҳомҳои Амрико дар мавриди мудохилаи Русия дар интихоботи президентии ин кишвар дар соли 2016 тира шудааст ва Чин низ бо Амрико танишҳои тиҷоратӣ дорад.

Сӣ Ҷинпин рӯзи чаҳоршанбе дар ҳузури ҳамтои русаш Владимир Путин бо ишораи ғайримустақим ба иқдомҳои Амрико гуфт, "сиёсати истифода аз қувва дар ҳоли шакл гирифтан мебошад".

Низоъ дар минтақаи туркманнишин. Мақомот: Байниқавмӣ нест

Дар ноҳияи Соколуки Қирғизистон субҳи 5-уми июн пас аз намози ид миёни наврасон задухӯрд сурат гирифт.

Як навраси маҷруҳ ба беморхона интиқол ёфта, феълан вазъаш муътадил арзёбӣ мешавад. Гумонбарони ҳодиса низ дастгир ва зидди онҳо бо банди "авбошӣ" парванда боз шудааст.

Вале ба иттилои пулиси вилояти Чӯйи Қирғизистон, худи он рӯз, пас аз ҳодиса хешони навраси латтукӯбшуда гирди ҳам омада, дар натиҷаи низои мазкур 15 хона осеб дидааст. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳамчунин мошин ва амволи дигари сокинони деҳаи Ороки поин зарар дидаанд.

Дар ҳоли ҳозир тамоми ҳайати шахсии Идораи пулиси вилояти Чӯй бо раҳбарии худи вазири умури дохилии Қирғизистон Кашкар Ҷунушалиев ва намояндаи ҳукумат дар маҳалли ҳодиса қарор доранд.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, ҳодиса бо ангезаҳои маишӣ сар зада, он хусусиятӣ байниқавмӣ надорад.

Деҳаи Ороки поин дар ҷанубу ғарби шаҳри Бишкек ҷойгир аст. Дар он 340 хонаводаи қирғизу туркмантабор зиндагӣ мекунанд.

Бино ба иттилои пулис, дар робита ба ҳодисаи мазкур 25-30 нафар дастгир ва ба шуъба интиқол дода шуданд.

Додситони кулли пешини Қирғизистонро ба ҳабс гирифтанд

Аида Салянова

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 5-уми июн додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Саляноваро то охири моҳ ба ҳабс гирифт.

Вакили мудофеъ Рабига Сиддиқова гуфт, онҳо аз додгоҳ хоста буданд, бо назардошти доштани ду кӯдаки ноболиғ шахси зери ҳимояашро аз озодӣ маҳрум накунанд.

Ба гуфтаи Сиддиқова, зидди Салянова бар асоси банди "коррупсия" ва баёноти додситони махсуси пешин парванда боз шудааст. Вале вакили дифоъ иддао дорад, ки баёноти мазкур бе далел аст.

Аида Салянова рӯзи 3-юми июн дар доираи парвандаи озодсозии ғайриқонунии ҷинояткори бонуфуз Азиз Батукаев барои бозпурсӣ ба шуъбаи пулис даъват шуд. Дар ҷараёни бозпурсӣ ӯро бо додситони пешини низомӣ Майрамбек Акматалиев ва муовини пешини додситони кулли ин кишвар Людмила Усмонов рӯбарӯ карданд. Дар натиҷа тасмим гирифта шуд, ки Саляноваро боздошт кунанд.

Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Пештар Салянова дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, аз озод шудани Батукаев замоне хабар ёфт, ки ӯ аллакай аз Қирғизистон берун рафта буд.

Мансабдори узбек гуфт, зердастонашро шабонарӯзӣ кор мефармояд

Расонаҳо садоеро нашр карданд, ки гӯиё ба Шавкат Яхшибоев, як мақомдори ҳукумати Хоразми Узбекистон тааллуқ дорад. Дар садо шунида мешавад, ки чӣ гуна мансабдор зердастонашро таҳдид мекунад.

Вай аз ҷумла мегӯяд, зердастонро "ба занҷир мебандад ва маҷбур мекунад, ки 3-4 шабонарӯз кор кунанд".

"Шумо пастфитратед, шуморо бояд азоб дод, ҳадафи мо - азоб додани шумост", - мегӯяд мансабдор.

Ба гуфтаи нафаре, ки садоро фиристод, ин таҳдидҳои мансабдор дар ҷараёни як ҷамъомад дар утоқи кории Яхшибоев садо додаанд.

"Ҷамъомад рӯзи 26-уми май баргузор шуда ва то нисфи шаб идома кард. Дар ҷамъомад мудирони мактабҳои мусиқии минтақа ширкат доштанд", - гуфт шоҳиди ҳодиса.

Аммо дар суҳбат бо расонаҳо Шавкат Яхшибоев гуфт, касеро таҳдид накардааст.

Манобеъ мегӯянд, Шавкат Яхшибоев пеш аз сафари президенти Олмон ва сарвазири Русия ба Хоразм хонандагони мактабҳои мусиқиро зери офтоби сӯзон маҷбур кардааст, ки тамрин намоянд ва ба истиқболи меҳмонон омода шаванд.

Таъсиси ҷунбиши "Бедории миллӣ" пеш аз интихобот дар Қазоқистон

Гурӯҳе аз фаъолон дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 5-уми июн ҷунбиши "Бедории Қазоқистон"-ро таъсис доданд. Онҳо даъват карданд, ки низоми интихоботӣ ва қонунгузории ин кишвар ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонда шавад.

Сиёсатмадор Димаш Алжанов ҳангоми муаррифии эъломия гуфт, он барои кумак ба ташаккули ниҳодҳои демократӣ ва ҷумҳурии демократии порлумонӣ равона шудааст.

"Мо дарк мекунем, ки рушди ояндаи кишвари мо ва имкони ишитирок дар равандҳои сиёсӣ аз гузаштан ба модели нави идорӣ - идораи порлумонӣ вобаста аст", - гуфт вай.

Муассисони ҳаракат гуфтанд, вобастаи ҳеч ҳизби сиёсӣ нестанд ва ҳеч созмони хориҷие ҳам ба онҳо кумаки молӣ намерасонад. Ба гуфтаи муассисон, аъзои ҳаракат дар ҳоли афзоиш аст ва намояндагони онҳо дар ҳамаи минтақаҳои Қазоқистон ҳузур доранд.

Қатъи таъқибҳои сиёсӣ, ҳисоботдиҳанда будани пулис дар назди ҷомеа, таъмини мустақилии додгоҳҳо ва даст кашидан аз таҷрибаи таъйини додрасҳо аз сӯи президент аз принсипҳои эъломия унвон шудаанд.

Таъсиси ҳаракат дар ҳолест, ки 9-уми июн дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии президентӣ доир мегардад.

Зеленский ба Радиои Озодӣ дар толори варзиш мусоҳиба дод

Президенти Украина Володимир Зеленский ба Бахши украинии Радиои Озодӣ дар толори варзиш дар Бруссел мусоҳиба дод.

Дар ин гуфтугӯ бо хабарнигори Бахши украинии Радиои Озодӣ Григорий Жигалов, ки низ мисли президент дар велотренажёр нишаста буд, раҳбари Украина ба пурсишҳое дар бораи эҳтимоли вуруди кишвараш ба НАТО ва Иттиҳоди Аврупо, мушкилоташ бо порлумон, беқурбшавии эҳтимолии пулии миллии Украина, вазъият дар Донбасс ва муносибаташ ба вазирони амалкунанда посух дод.

Аз ҷумла Зеленский самтгирии кишварашро ба сӯйи НАТО ва Иттиҳоди Аврупо тасдиқ намуд. «Мо кишвари мустқилем ва ҳаққи интихоб аз мост,» – гуфт президент. Вай аммо афзуд, бо эҳтиром ба ҳуқуқи мардуми кишвараш ин масъалаҳо, вақте ки омода шуданд, дар назархоҳии умумӣ ҳал хоҳанд гашт.

Президенти Украина вазъи мураккаби иқтисодии кишварашро тасдиқ намуд, аммо овозаҳоро дар бораи эҳтимоли беқурбшавии эҳтимолии пулии миллӣ рад кард. Ҳамзамон ӯ дар бораи омодагии Иттиҳоди Аврупо ба кумаки молии Украина изҳори назар кард.

Духтари 11-сола дар Варзоб ба дарё афтод ва ҷон бохт

Як хонандаи мактаб дар деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб ба дарё афтода, ҷон бохтааст. Мутриба Ваҳҳобидиноваи 11-сола дар синфи чаҳорум мехонд.

Наздиконаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Мутриба 5-уми июн, дар рӯзи таҷлил аз Иди Фитр, ҳамроҳи хоҳари ҳафтсолааш ба кӯча баромада буд.

"Ҳарду хостаанд, ки аз болои пули чӯбин гузаранд, нохост ба дарё афтодаанд. Ҷасади Мутрибаро дар оромгоҳи деҳа дафн карданд", -- гуфт яке аз наздикони ӯ ба Радиои Озодӣ.

Сафар Шарофов, омӯзгори мактаб дар деҳаи Такоб, низ гуфт, "мардум хоҳари Мутрибаро наҷот доданд, вале натавонистанд, худи ӯро зуд аз об берун кашанд."

Дар гузашта низ баъзе аз хонандагони мактаб ба дарё афтодаанд. Аз ҷумла, моҳи апрели соли гузашта ду духтар – як хонандаи синфи 8 ва як хонандаи синфи 11 дар ноҳияи Рашт ҳангоми суратгирӣ аз болои санг лағжида дар дарёи Сурхоб ғарқ шуданд.

Доналд Трамп гуфт, омодаи гуфтугӯ бо Эрон аст, вале...

Доналд Трамп бо малика Елизабет

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, ки барои музокира бо Эрон омодааст, вале ҳамзамон афзуд, "ҳамеша эҳтимоли иқдоми низомӣ зидди Теҳрон вуҷуд дорад".

Трамп, ки бо сафари давлатӣ дар Бритониё аст, рӯзи 5-уми июн ба телевизиони ITV гуфт, "аз замоне ки ман корро сар кардам, Эрон як кишвари ххасмона буд."

Вай афзуд, "онҳо дар он замон кишвари террористи рақами яки дунё буданд ва, мумкин аст, имрӯз ҳам бошанд."

Президент Трамп гуфт, ҳеч майле ба ҷанг бо Эрон надорад, аммо "ҳамеша эҳтимоли иқдоми низомӣ ҳаст."

Доналд Трамп ба ин суол, ки омодааст бо раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфтугӯ кунад, ҷавоб дод: "Бале, албатта. Беҳтар медонам, ки гуфтугӯ кунем."

Шарҳи Трамп дар ҳоле садо дод, ки танишҳо байни Эрону Амрико ва муттаҳидонаш дар Халиҷи Форс афзоиш ёфтааст.

Вашингтон соли гузашта аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун шуд. Ин созиш соли 2015 байни қудратҳои бузурги ҷаҳон ва Эрон имзо шуда буд. Бар асоси он Эрон бояд аз таҳримҳои иқтисодӣ озод шуда, дар иваз барномаи ҳастаиашро коҳиш медод.

Доналд Трамп гуфт, шартҳои созишнома ба қадри зарурӣ "сахт набуд", то Эронро аз барномаҳои ҳастаӣ ва мушакиаш боздорад. Вашингтон зидди Теҳрон таҳримҳои нав ҷорӣ карда, бо нигаронӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ аз сӯи Эрон ҳузури низомиашро дар Ховари Миёна низ тақвият додааст.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, рӯзи 5-уми июн гуфт, "Эрон фирефтаи пешниҳоди Трамп дар бораи музокира нахоҳад шуд ва ҳамчунин аз барномаи мушакии худ даст нахоҳад кашид".

"Ин ҳиллаи сиёсӣ наметавонад мақомоти Эрон ва миллати Эронро ба дом андозад", -- гуфт Хоманаӣ.

Пизишкон аз кушта шудани даҳҳо эътирозгар хабар доданд

Кумитаи марказии пизишкони Судон рӯзи 5-уми июн гуфт, дар амалиёти ду рӯзи ахир барои саркӯби эътирозгарон дар шаҳри Хартум 60 нафар кушта шудааст.

Қаблан ин кумита гуфта буд, аз замоне ки амалиёт барои пароканда кардани эътирозгарон оғоз шуд, беш аз 300 нафар захмӣ гардидаанд. Боз ҳам рақами мушаххаси маҷруҳон маълум нест, чун Шӯрои низомии интиқолӣ интернетро дар чанд минтақа қатъ кардааст.

Шӯрои низомии интиқолӣ, ки баъд аз барканории раиси ҷумҳури пешин Умар ал-Башир аз ду моҳ ба ин сӯ қудратро дар даст дорад. Ин шӯро ҳамагуна тавофуқ бо мухолифинро бекор кард.

Мухолифон эълони артиши Судонро, ки гуфт, дар нӯҳ моҳ интихобот баргузор мешавад, рад кард. Мухолифон гуфтанд, ба маъракаи худ барои дур сохтани низомиён аз қудрат идома медиҳанд.

Ҳамлагарон дар Синойи Миср 10 нерӯи амниятиро куштаанд

Мақомоти Миср гуфтанд, ки ҳамлаварон дар нимҷазираи Синой 10 нерӯи амниятиро куштаанд.

Ҳамла рӯзи 4-уми июн ба як посгоҳи нерӯҳои амниятӣ замоне сурат гирифт, ки мардум барои намози ид гирдиҳам омада буданд.

То ҳол кадом гуруҳ масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Мақомоти Миср мегӯянд, ҳамлаварон талош кардаанд, ба тарафи саҳро гурезанд. Дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ 5 тани онҳо кушта шудаанд.

Миср чаҳор сол боз дар шимоли Синой бо ифротгароёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” даст ба гиребон аст.

Ҳалокати се сарбози украинӣ дар ҷанг бо ҷудоиталабон

Дар натиҷаи даргирӣ бо ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи Украина, се сарбози ин кишвар кушта ва се нафари дигар маҷруҳ шудааст.

Вазорати мудофиаи Украина рӯзи 5-уми июн гуфт, ҷудоиталабон аз мушакҳои зидди тонк ва норинҷакандоз истифода карда, "дар шабонарӯзи гузашта 16 бор бандҳои созиши оташбасро вайрон намуданд".

Бар асоси созиши Минск, истифода аз силоҳҳои вазнин, аз ҷумла мушакҳои зидди тонк манъ аст.

Вазорати мудофиаи Украина гуфт, нерӯҳои ин кишвар як ҷангҷӯи ҷудоиталабро кушта ва як нафари дигарро маҷруҳ кардаанд.

Аз моҳи апели соли 2014 ба ин тараф дар ҷанги байни нерӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони зери ҳимояти Русия 13 ҳазор нафар кушта шудаанд. Ҷудоиталабон назорати минтақаҳои Донетск ва Луганскро дар ихитёр доранд.

Оташбас ба унвони бахше аз созишномаи Минск (сентябри 2014 - феврали 2015) ба коҳиши муноқишаҳо сабаб шуд, вале мушкилро пурра ҳал накард.

Оташбаси нав ҳаштуми март ба даст омад, вале ду тараф якдигарро барои нақзи он муттаҳам карданд.

Президенти Чин бо сафари расмӣ вориди Русия шуд

Президенти Чин Сӣ Ҷинпин бо ҳадафи рушди ҳамкориҳои стратегии миёни Пекин ва Маскав вориди Русия шуд. Дар фурудгоҳи Внуково, ки ҳавопаймои раҳбари Чин он ҷо нишаст, Ҷинпинро мувофиқ бо муқаррароти пешвози меҳмони расмӣ пазироӣ карданд.

Қарор аст чанде баъд бо президенти Русия Владимир Путин дар Кремлин дидору гуфтугӯ анҷом диҳад. Ҷинпин қарор аст дар Форуми иқтисодии Санкт-Петербург ҳам иштирок кунад, ки қарор аст бо раҳбарии Путин рӯзҳои 6 то 8 июн баргузор шавад.

Хабаргузориҳои русӣ дар нақли қавл аз Ҷинпин гуфтанд, ки “ин сафар барои рушди ҳамкориҳои Чину Русия, ҳамкориҳои фарогир ва додугирифтҳои стратегӣ дар аҳди нав мусоидат мекунад”.

Ҷинпин гуфтааст, ки бовар дорад ин сафар натиҷаҳои пурбор хоҳад дошт.

Ишғоли минтақаи украинии Қрим, ки боиси мушкил шудани робитаҳои миёни Маскав ва ҳамкорони ғарбиаш шуд, Русияро водор кард, ки бештар бо ҳамсояҳои шарқиаш наздик шавад.

Мушовири президенти Русия дар умури сиёсати хориҷӣ Юрий Ушаков гуфт, сафари Сӣ Ҷинпин “рӯйдоди асосии муносибатҳои дуҷониба” ба шумор меравад. Хабаргузориҳои Русия ба нақл аз Ушаков менависанд, Сӣ ва Путин дар бораи “густариши коршарикии фарогир ва ҳамкориии стратегӣ дар марҳалаи нав” як эъломияи якҷоя ба имзо хоҳанд расонд.

Рӯзи гузашта Русия ва Чин ба Шӯрои Амнияти Созморни Милал имкон надоданд, қатъномаеро роҷеъ ба вазъият дар Судон ба тасвиб расонад.

Даҳҳо ҳазор нафар истеъфои сарвазири чехро талаб карданд

Тазоҳуроти 4 июн дар Прага

Наздик ба 120 ҳазор нафар дар Прага хостори истеъфои сарвазир Андрей Бабиш ва вазири адлияи таъйинкардаи ӯ Мария Бенешова шуданд, ки калонтарин намоиши эътирозӣ пас аз “инқилоби махмалӣ”-и соли 1989 аст.

Норозиён ҳукуматро ба фишор бар сари низоми додгоҳии кишвар айбдор карданд.

Эътироз дар Чехия замоне афзоиш ёфт, ки полис сарвазирро ба қаллобӣ айбдор кард ва хостори посух гуфтани ӯ дар додгоҳ шуд. Тазоҳуркунандагон нигаронанд, ки вазири адлия метавонад ба парванда таъсир расонад.

Пештар дар натиҷаи дарз додани маълумот гузориши нотамоми Шӯрои Аврупо паҳн гашт, ки бино бар он Бабиш барои бархӯрди манфиатҳо танқид шудааст. Гуфта мешавад, кумакҳои Иттиҳоди Аврупо ба ширкате дода шудаанд, ки ба сарвазири амалкунанда тааллуқ дошт.

Дар гузориши худ намояндагони Иттиҳоди Аврупо ба натиҷае расиданд, ки Андрей Бабиш ҳамгоми кор дар мақоми сарвазири кишвар ҳамоно ба фаъолияти ширкати Agrofert раҳбарӣ мекунад. ИН, ба гуфтаи мансабдорони Шӯрои Аврупо, тазоди манфиатҳоро ба миён меорад. Сарвазир ин гумонҳоро рад мекунад.

Тазоҳуроти 4 июнро дар Прага гуруҳи «Миллион лаҳза барои демократия» созмон дод. Ба ғайр аз мардум дар он ҳамчунин вакилони чандин ҳизби мухолиф низ ширкат варзиданд.

Андрей Бабиш аз соли 2017 сарвазири Ҷумҳурии Чех аст. Бабиш, раҳбари ҳизби авомгарои ANO яке аз сарватмандтарин афроди кишвар буда, дороии ӯ 3,7 миллиард доллар баровард мешавад.

Русия ва Украина дар масъалаи Донбасс ба ҳам паём доданд

Назари Русия ба ҳалли низоъ дар Донбасс маълум аст, аммо тарафи украин ҳанӯз дар бора назар надодааст, гуфт сухангӯи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Руси Дмитрий Песков.

Владимир Путин масъалаи эҳёи гуфтушуниди марбут ба Донбассро дар чаҳорчӯби «ҳамоиши Нормандия» баррасӣ кард, вале назари Киев дар ин бора ҳоло рушан нест, ба ин сабаб нишаст баргузор намешавад, гуфт Песков.

Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз ҳайати музокиракунандаи Украина низ муайян нашудааст ва тараф «вазифаи хонагияш»-ро ба ҷой наовардааст.

Дар ин байн рӯзномаи "Украинская правда" изҳороти раҳбари гуруҳи группы "Океан Елзи" ва ҳизби сиёсии "Голос" Святослав Вакарчукро нашр намуд, ки мегӯяд, президент, дасти ӯ ва порлумон «ниҳоят қонунеро қабул кунанд, ки шеваи муносибат бо Русияро ҳамчун кишвари таҷовузкор муайян намояд». Вай афзуд, дар ин самт бояд ба меъёрҳои дугона роҳ дода нашвад.

3 июн маълум гашт, ки ҳайати Украинаро дар гуфтушуниди Минск президенти дувуми Украина Леонид Кучма раҳбарӣ хоҳад кард. Дар ин бора раҳбари феърии ин кишвар Володимир Зеленский гузориш дод. Кучма дар солҳои 2014–2018 низ ба ҳайати Украина дар музокироти Гуруҳи сеҷонибаи тамос сари масъалаи Донбасс сарварӣ кардааст. Вай мегӯяд, дар ин самт масъалаҳое ҳастанд, ки ҳалли онҳо бояд бо қонунгузориҳои Украина мушаххас шавад.

Трамп сафари амрикоиҳоро ба Куба маҳдуд кард

Ҳукумати президенти ИМА Доналд Трамп қариб ҳамаи имкониятҳои қонунии сафари шаҳрвандони ин кишвар ба Кубаро, ки ҳукумати президенти пешин Барак Обама ҷорӣ карда буд, бекор кард.

Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳида қоидаҳои навро мунташир намуд, ки бар пояи онҳо сафарҳои дастҷамъонаи омӯзишии шаҳрвандони ИМА ба Куба ва саёҳат дар киштиҳои ҷаҳонгардӣ, ҳавопаймо ва заврақҳои хусусӣ манъ мешавад. Қоидаҳои нав фаврӣ ҳукми иҷро мегиранд ва танҳо сафарҳое истисно хоҳанд буд, ки агар одамон аллакай чипта харидаанд, ба роҳ баромадаанд ё дар қаламрави Куба ҳастанд.

Маҳдудиятҳои нав ба фиристодани пул аз ҷониби амрикоиҳои кубаиасл ба хешовандонашон дахл намекунад. Ҳамчунин парвози ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба Куба бекор намешаванд, вале доираи одамоне, ки метавонанд, ба ин кишвар сафар кунанд бо хешовандон ё ашхосе, ки сафари корӣ анҷом медиҳанд, маҳдуд мегардад. Сухангӯи Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳида гуфт, дар моҳҳои наздик маҳдудиятҳои дигаре зидди Куба ҷорӣ хоҳанд шуд.

Вазири корҳои хориҷии Куба Бруно Родригес Парриля, ки соли 2015 дар Вашингтон сафорати Кубаро ифтитоҳ карда буд, маҳдудиятҳои навро «ҳамла ба ҳуқуқи байнулмилал ва поймолшавии зишти ҳаққи ҳамаи кубагиҳо» номид.

Қоидаи нави маҳдудкунанда баёнгари сиёсати нави ИМА мебошанд, ки мушовири Трамп дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон моҳи апрел эълом дошт. Ин равиш аз сиёсатҳои президенти пешин Барак Обама, ки робитаҳои дар солҳои 1960 кандашудаи ду кишварро барқарор намуд, фарқ мекунад. Ҳукумати Трамп Кубаро дар пуштибонӣ аз ҳукумати президент Николас Мадуро дар Венесуэла айбдор медонад ва Ҳавана инро рад мекунад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG