Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Гулбарг аз саҳнаи театри Полша саргузаштҳои худро мегӯяд

Акс аз бойгонӣ

Шоми 7 июн дар саҳнаи Zygmunt Hübner Powszechny – як театри Варшава нахустнамоише бо номи «Бонувони паноҳанда» ба саҳна гузошта шуд, ки дар он занҳои муҳоҷир қиссаҳои худро баён мекунанд. Коргардони ин намоишнома Катарина Сингиера мегӯяд, чор зани муҳоҷир аз Тоҷикистон, Ироқ, Доғистону Чеченистон ва ҳамчунин ҳунарпешаҳои Полша аз саргузаштҳои талхи худ қисса мекунанд.

Дар нақши паноҳандаи тоҷик – зане аз Тоҷикистон бо номи Гулбарг Сайфова, модари чор фарзанд аст, ки бо далелҳои сиёсӣ тарки кишвар карда дар Полша муқимӣ шудааст. Ин зан аз рӯзгори осудаву хонаи гармаш дар Тоҷикистон, фаъолиятҳои сиёсӣ ва билохира дар Полша - як кишвари аврупоӣ паноҳанда шуданаш қисса мекунад.

Дар муаррифии намоишнома гуфта мешавад, ки ба идораи умури хориҷиҳои ҳукумати Полша соли 2018 беш аз 4 ҳазор хориҷӣ дар ҷустуҷӯи ҳимояти байналмилалӣ ариза додаанд ва аз миёни онҳо 185 нафар бо чунин ҳимояти ҳуқуқӣ бархурдор шудаанд. «Аз саҳнаи театр аз роҳи баёни саргузаштҳои худ ин занҳо дар бораи муштаракот ва тафовутҳои зиндагиву воқеиятҳои зиндагиашон бо занҳои дигар мегӯянд», навишта шудааст дар муаррифиномаи намоишнома.

Катарина Сингиера дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ дар лаҳзаҳое чанд пеш аз шурӯи намоишнома гуфт, дар Полша муҳоҷирони зиёде зиндагӣ мекунанд ва ин намоишнома бо ҳадафи фароҳам кардани имконият ба муҳоҷирон дар баёни саргузаштҳои онҳо ба саҳна гузошта шуд. «Ман ба занҳои муҳоҷир имкон додам, ки қиссаҳои худро аз замони берун шуданашон аз ватан бигӯянд», мегӯяд коргардон. «Гулбарг аз Тоҷикистон маҷбур шудааст бо сабабҳои сиёсӣ кишварро тарк кунад. Ин зан бо чор кӯдакаш ба Полша ома два ҳоло ӯ дар ин ҷо аст. Ман зарур донистам, ки ба сокинони Полша дар бораи ин муҳоҷирон нақл кунам, чунки бисёри онҳо дар бораи ин мардум ҳеҷ хабаре надоранд. Бисёриҳо дар ин ҷо хаёл мекунанд, ки муҳоҷирон дар ҷустуҷӯи зиндагии хуби иқтисодӣ меоянд. Вале қаҳрамонҳои ман афроди таҳсилкарда ҳастанд ва дар ватанашон зиндагии хубе доштанду маҷбур онро тарк карданд. Ҳоло дар Полша онҳо бояд дубора худро пайдо кунанд».

Коргардон мегӯяд, ки ин намоишнома ба мақомот дар Полша ва Аврупо ҳам паём медиҳад, ки бояд бо муҳоҷирон муносибати хуб раво бинанд, то ки онҳо тавонанд баъди маҳрумиятҳову мушкилот дубора ба зиндагии шоиста рӯ оваранд.

Дар се соли охир садҳо тоҷикистонӣ талош карданд дар Аврупо ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд ва яке аз ин кишварҳо Полша аст, ки аввалинкишвари узви Иттиҳоди Аврупо баъди тарки қаламрави Беларус – як ҷумҳурии шӯравии собиқ ва ҳамсарҳади Русия мебошад. Дар миёни паноҳҷӯён фаъолони сиёсӣ, аъзои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯъшудани ҳизби наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24» низ ҳастанд. Раёсати кор бо хориҷиҳои ҳукумати Полша мегӯяд, аз соли 2016 то 2019 дар маҷмӯъ 1219 шаҳрванди Тоҷикистон аз Полша дархости паноҳандагӣ кардаанд. Дар маҷмӯъ аз миёни аризадодаҳо 85 нафар посухи мусбат гирифта, 367 нафар посухи манфӣ дарёфт карданд. Боқимондаҳо аз дархости худдаст кашида, ба кишварҳои дигар, ғолибан Аврупои ғарбӣ сафар кардаанд.

Тоҷикистон муҳлати боздошти Шамил Ҳакимовро дароз кард

Акс аз саҳифаи "Шоҳидони Яҳво"

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд муҳлати боздошти Шамил Ҳакимов, узви 68-солаи созмони насронии "Шоҳидони Яҳво"-ро то 26-уми июни имсол дароз кардааст. Фаъолияти ин созмон аз соли 2007 боз дар Тоҷикистон мамнуъст.

Шамил Ҳакимов моҳи феврали имсол дастгир шудааст. Созмони “Форум 18” навишт, алайҳи ӯ бо моддаи “барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ” парванда кушодаанд. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин амал аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Бино ба хабари “Форум 18”, Шамил Ҳакимов гӯиё ҷамъияти “Шоҳидони Яҳво”-ро раҳбарӣ мекард.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол қазияи Шамил Ҳакимовро расман шарҳ надодаанд. Вале созмони “Форум 18” навишт, ки Ҳакимов аз фишори баланд азият мекашад ва чанд вақт пеш аз боздошт пояшро ҷарроҳӣ карда буд. Ин созмон аз шеваи бархӯрди мақомот бо Шамил Ҳакимов нигаронӣ кардааст.

Фаъолияти “Шоҳидони Яҳво” дувоздаҳ сол боз дар Тоҷикистон манъ аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, фаъолияти созмонро ба хотири даъваташ барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ боздоштанд, ки мухолиф бо қонуни асосии Тоҷикистон аст. Ин созмон чанд дафъа талош кард, дубора сабтином шавад, вале натавонист.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 70 созмони динии ғайриисломӣ сабтином шудааст, ки аксари онҳо масеҳӣ ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистон дастикам даҳ сол боз назорат аз болои созмонҳои динӣ, чи исломӣ ва чи ғайриисломиро шиддат бахшидаанд. Дар пайи тасвиби қонуни нави дин дар соли 2009, чанд созмони ғайриисломӣ натавонистанд аз сабтиноми дубора гузаранд.

Бархӯрди мақомоти Тоҷикистон бо созмонҳои динӣ солҳо боз аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ танқид мешавад. Вале мақомот мегӯянд, шароит барои фаъолияти пайравони ҳамаи динҳо муҳайёст.

HRW: Дар ҳукумати нав бояд "мерос"-и Назарбоев ҷой наёбад

Мира Риттман, намояндаи созмони Дидбони ҳуқуқи башар

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) гуфт, аз эҳтимол дур аст, ки интихоботи президентии рӯзи 9-уми июн дар Қазоқистон "аз интихоботҳои пешина фарқ дошта бошад".

Интихоботҳое, ки ба қавли масъулони созмон, аз тарафи нозирони мустақил ноозод ва ноодилона баҳогузорӣ шудаанд.

Ин изҳорот рӯзи 5-уми июн зери номи "Интихоботи Қазоқистон ва интиқоле, ки вуҷуд надорад" аз номи муҳаққиқи созмони Human Rights Watch (HRW) Мира Риттман нашр шуд. Дар он гуфта шудааст, ки ҳукумати Қазоқистон мисли пешин худкома боқӣ мондааст.

Риттман навиштааст, солҳои охир мақомоти Қазоқистон зидди фаъолон, ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон, вакилони мудофеъ ва дигарон аз парвандаҳои ҷиноӣ кор гирифта, талош кардаанд, онҳоро хомӯш созанд.

Мира Риттман мегӯяд, бо назардошти пуштибонии мақомоти қудратӣ аз Қосимҷомарт Тоқаев аз эҳтимол дур аст, ки интихоботи президентии кунунӣ аз интихоботҳои гузашта фарқе дошта бошад.

"Аммо мероси Назарбоев - таъқиб, ҳабси мунтақидон, таҳдиди дигарандешон ва таҳаммул накардани озодии матбуот - бояд дар Қазоқистони оянда ҷой надошта бошад", - мегӯяд Риттман.

Интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон рӯзи якшанбеи 9-уми июн баргузор мешавад. Дар ин интихобот ҳафт довталаб иштирок мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба нишасти раҳбарони СҲШ ба Бишкек меравад

Роҳбарони 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистону Русия, Чин, Қазоқистон, Узбекистон, Ҳинд ва Покистон барои иштирок дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷамъ меоянд.

Президентҳои Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон низ ба ҳайси нозир дар ин нишаст ширкат мекунанд. Дар ин бора аз дастгоҳи президенти Қирғизистон рӯзи 7-уми июн хабар доданд.

Дар поёни нишаст имзои наздик ба 20 ҳуҷҷат дар назар аст. Қарор аст, саммит рӯзҳои 13-14-уми июн баргузор шавад.

Дар робита ба ин чорабинӣ дар пойтахти Қирғизистон аз 1 то 20-уми июн баргузории иқдоми эътирозӣ танҳо дар гулгашти Горкий иҷозат дода мешавад.

Соли 2018 нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Чин баргузор ва раёсати ин созмон ба Қирғизистон интиқол дода шуда буд.

20 млн еврои Иттиҳоди Аврупо ба сохтмони нерӯгоҳ дар Бадахшон

Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн хабар дод, ки Иттиҳоди Аврупо барои сохтани нерӯгоҳи барқи обии "Себзор" дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон 20 миллион евро медиҳад.

Неругоҳ дар дарёи Шоҳдара сохта шуда, маблағи Иттиҳоди Аврупо харҷи сохтмонро пурра мепӯшонад.

Сохтмони неругоҳ ҳанӯз соли 2015 оғоз ёфта буд. Нерӯгоҳи "Себзор" 10 МВт иқтидор хоҳад дошт. Мақомот мегӯянд, барқи ин неругоҳ на танҳо вилоятро таъмин мекунад, балки ба Афғонистон ҳам содирот мешавад.

Баъд аз гузоштани санги асос корҳои сохтмонӣ қатъ шуданд. Оғози соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки барои иҷрои тарҳи нерӯгоҳи "Себзор" сармоягузор меҷӯяд.

Фаъолияти пинҳонии устоҳои сартарош ва холкӯбӣ дар Ишқобод

Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон, сартарош ва устоҳои холкӯбӣ пас аз фишори мақомот ба фаъолияти пинҳонӣ гузаштаанд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ навишт, ки бештари онҳо дар ҳоли ҳозир дар хонаҳо кор мекунанд.

Бастани кошонаву сартарошхонаҳо дар пойтахти Туркманистон охирҳои моҳи май оғоз шуд.

Соҳибони сартарошхона, кошонаҳои ҳусн ва ҳуҷраҳои масҳгарӣ гуфтанд, ки ба иллати дароз нашудани иҷозатномаи корашон маҷбуранд фаъолиятро қатъ кунанд. Ин марказҳо бештар дар хиёбонҳои марказии Ишқобод ҷойгир буданд.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳоло қарор аст, ба ҷои онҳо дӯконҳои фурӯши хӯрокворӣ ба фаъолият оғоз кунанд.

Дар пайи баста шудани сартарошхона ва кошонаҳои ҳусн дар пойтахти Туркманистон, таъқиби устоҳои холкӯбӣ низ оғоз шудааст. Пулиси Ишқобод аз нимаи дувуми моҳи майи имсол ҳамаи сокинонеро, ки баданашон холкӯбӣ шудааст, дастгир ва ному маҳали зисти устоҳоро мепурсанд.

Се фурудгоҳро бе музояда ба ширкати оффшор доданианд

Интизор меравад, ширкати "Новапорт", ки қароргоҳаш дар шаҳри Маскав аст, идораи фурудгоҳҳои Самарқанд, Урганҷ ва Намангони Узбекистонро ба даст бигирад.

Созиши пешакӣ дар ин бора ҳангоми сафари ахири сарвазири Русия Дмитрий Медмедев ба шаҳри Тошканд ҳосил шудааст.

"Созишномаро 30-юми май мудири ширкат Роман Тротсенко ва муовини аввали вазири нақлиёти Узбекистон дар ҳузури сарвазирони ду кишвар имзо карданд. Албатта, ин ҳоло дар шакли ёддошт аст. Ширкатҳо паҳлӯҳои иқтисодии тарҳро меомӯзанд ва танҳо пас аз нашри хулосаи онҳо санади ниҳоиро имзо мекунанд", - гуфт намояндаи ширкати "Новапорт".

Ба қавли ӯ, пас аз имзои санади мазкур ширкати русӣ барои муддати тӯлонӣ идораи фурудгоҳҳоро ба даст мегирад.

Дар Узбекистон ҳамаи фурудгоҳҳо дар ихтиёри давлат буда, онҳоро ширкати давлатии ҳавопаймоии "Узбекистон ҳаво йӯлларӣ" идора мекунад. Бино ба хабарҳо, ҳоло ин ширкат зери қарз мондааст. Ҳукумати Узбекистон нақшаи худро барои додани фурудгоҳҳо ба ширкати хориҷӣ ифшо намекунад ва барои идораи онҳо низ музояда эълон нашудааст.

7 ҷангҷӯи ДИИШ, ки аз асорати Толибон раҳо шуд, аз ИДМ будааст

Ҳафт асири гурӯҳи Толибон аз ҳисоби ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил будаанд.

Ахиран нерӯҳои Афғонистон дар пайи як амалиёт дар вилояти Форёб 83 нафарро аз зиндони Толибон раҳо карданд. Дар байни онҳо 10 тан аз саркардаҳои ДОИШ низ будааст.

Як мақоми афғон рӯзи 6-уми июн ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, се нафари онҳо зодагони Тоҷикистонанд, ки дар гузашта узви гуруҳи террористии “Ансоруллоҳ” будаанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи ин мақоми афғон, чаҳор нафар шаҳрвандони Узбекистон ва як тани дигар уйғур будааст.

Дар баёнияи расмии Вазорати дифои Афғонистон гуфта шудааст, ки ҳашт шаҳрванди хориҷиро дастгир кардаанд, вале дар бораи аз куҷо будани онҳо ҳеч ишора нашудааст.

Мақомот гуфтаанд, ҳашт ҷангҷӯи хориҷиро ба ихтиёри Раёсати амнияти вилояти Форёб супурдаанд.

Ҷанни Инфантино дубора президенти ФИФА интихоб шуд

Ҷанни Инфантино

Конгресси 69-уми ФИФА (Федератсиюни байналмилалии футбол), ки рӯзи 5-уми июн дар Порис баргузор шуд, Ҷанни Инфантиноро аз нав ба вазифаи президенти ин ташкилоти ҷаҳонӣ интихоб кард.

Инфантинои 49-солаи швейтсарӣ ягона номзад ба ин вазифа буд. Ӯ аз моҳи феврали соли 2016 ба ФИФА раҳбарӣ мекунад.

То ӯ президенти ФИФА Йозеф Блаттер буд. Вай соли 2015 дар пайи моҷарои давомдори марбут ба фасоди густарда дар ФИФА билохира баъди 17 соли раҳбарӣ ба футболи ҷаҳонӣ канор рафт.

Ҷанни Инфантино вазифаи президенти ФИФА-ро то соли 2023 ба зимма дорад. Вай нӯҳумин президент дар таърихи ин ташкилот аст, ки барои аввалин бор моҳи феврали соли 2016 дар конгресси ғайринавбатии ФИФА интихоб шуда буд.

Мақомоти олии қонунбарори ФИФА, ҳамчунин Ҳисоботи молиявиро барои соли 2018 ва буҷаи соли 2020-ро тасдиқ кард.

Конгресси 70-уми ФИФА моҳи майи соли 2020 дар Аддис-Абеба (Эфиопия) доир мегардад.

Марат Зокирови 63-сола – боз як қурбонии сел дар Тоҷикистон

Бар асари омадани сел дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон як сокини 63-солаи ноҳия ҷон бохтааст. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн гуфтанд, “Марат Зокиров дар саҳро гӯсфанд мечаронд ва зери сел монд.” Тафсилоти аз ин бештар дар даст нест. Ҳодиса рӯзи шашуми июн рух додааст. Марат Зокиров дар деҳаи “Пешқадам”-и ноҳияи Панҷ мезист ва чӯпонӣ мекард. Дар як ҳафтаи ахир дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сел омад ва даҳҳо манзили сокинон ва роҳҳоро вайрон кард. Дар ин ҳодиса дар Панҷакент ва Хуросон се нафар ҷон бохтанд. Мақомот мегӯянд, зиёни сел пурра ҳисоб нашудааст.

Эътилоф хост, болои муттаҳидони Мадуро фишори бештар оранд

Эътилофи минтақавии кишварҳои Амрико аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кард, то болои муттафиқони Вэнесуэлла, аз ҷумла Русия, фишори бештар оранд.

Онҳо гуфтанд, бояд бӯҳрон дар ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ рафъ гардида, "ҳукуамти ғайриқонунӣ" аз қудрат дур шавад.

Рӯзи 6-уми июн гурӯҳи Лима, ки дар он шумораи зиёди кишварҳои амрикоӣ имзо гузоштаанд, изҳорот пахш намуд. Ин гуруҳ таъкид кардааст, ки кишварҳои пуштибони режими президенти Вэнесуэлла Николас Мадуро бояд зери фишори бештар қарор гиранд. Аз ҷумла, Русия, Чин, Куба ва Туркия.

Гурӯҳи Лима дар соли 2017 ташкил шуда, ҳадафи он пайдо намудани ҳалли бӯҳрон дар Вэнесуэлла аст, ки зери ҳукмронии Мадуро қарор дорад.

Фармондеҳи амрикоӣ гуфт, чаро Теҳрон “ақибнишинӣ” кард

Фармондеҳони воломақоми нерӯҳои мусаллаҳи Амрико мегӯянд, ирсоли нерӯҳои иловагии амрикоӣ ба Халиҷи Форс боис шуд, ки Теҳрон аз нақшаи ҳамла болои нерӯҳои Амрико даст кашад.

Дар айни замон генерал Френк Маккензӣ таъкид мекунад, ки таҳдид аз сӯи Эрон ҳанӯз ҳам воқеист.

Рӯзи 6-уми июн дар шаҳри Бағдод фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико Маккензӣ дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон иброз дошт ки эҳтимол барои рафъи таҳдиди Эрон сафарбарии нерӯҳои иловагӣ дархост шавад.

Парасторе дар Олмон барои куштори 85 бемор ҳукми абад гирифт

Додгоҳи шаҳри Олденбурги Олмон 6 июн парастори пешин Нилс Хёгелро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Ӯ дар куштори 85 бемор дар ду беморхонаи Олмон дар солҳои 2000–2005 айбдор дониста шуд.

Ҳукми додгоҳ ҳамчунин пеш аз муҳлат озод шудани парасторро манъ мекунад. Дар ин бора телевизиони "Настояшее Время" хабар дод.

Хёгел дар додгоҳ аз хешу наздикони беморони кушташуда узр хост. "Аз ҳамаи афроде, ки ба онҳо даст расондаам, узр мехоҳам", - гуфт ӯ.

Парастори 42-сола дар беморхонаҳои Олденбург ва Делменхорст кор мекард. Ӯ бори нахуст тобистони соли 2005 дар куштори беморон гумонбар дониста шуд. Яке аз кормандони беморхона он замон гуфта буд, ки Хёгел ба беморон аз меъёр зиёд дору медиҳад.

Дар натиҷа додгоҳи Олденбург соли 2008 парасторро барои кӯшиши анҷоми куштор 7,5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Хёгел дар соли 2015 дар чандин куштор ва кӯшиши қатл айбдор дониста шуд. Дертар маълум шуд, ки ӯ ба беш аз 200 бемори қалб аз меъёри муайяншуда зиёд дору додааст. Ин беморон аз 34 то 96 сол доштанд.

Муфаттишон моҳи июни соли 2016 тавонистанд даст доштани Хёгелро дар 37 куштор исбот кунанд. Онҳо барои ин кор маҷбур шуданд, беш аз 130 қабрро бозкушоӣ намоянд. 60 бемори ӯ бо вуҷуди аз меъёр зиёд истеъмол кардани дору зинда монданд.

Туркманистон интиқоли пул дар дохили кишварро қатъ кард

Аз моҳи апрели соли ҷорӣ бонкҳои Туркманистон хизматрасонии интиқоли маблағро дар дохили кишвар қатъ кардаанд. Дар ин бора хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ дод.

"Бонки тиҷории Туркманистон "Halkbank" хизматрасонии "Гират"-ро қатъ кард. Ин ягона хизматрасонии интиқоли маблағ дар дохили кишвар буд. Бонкҳои дигар ҳам аз имконияти интиқоли маблағ дар дохили кишвар маҳрум шуданд", - гуфт хабарнигор.

Вай мегӯяд, баъди қатъи хизматрасонии мазкур, сокинон тариқи почта ба ҳамдигар маблағ мефиристанд.

"Почта 10 дарсад музд мегирад. Барои сокинон ин гарон аст, аммо интихоби дигар надоранд", - гуфт хабарнигори Радиои Озодӣ.

Ба ҷуз ин, тариқи бонк маблағ дар як рӯз мерасид, ҳамакнун тариқи почта давоми чанд ҳафта мерасад.

Радиои Озодӣ натавонист, назари бонки давлатии "Halkbank"-ро дар ин робита пайдо кунад.

Ҷаримаи мудири коллеҷ баъд аз қазияи таҷовузи як хонанда

Додгоҳи шаҳри Қӯқанди Узбекистон ҳафтаи гузашта мудири Коллеҷи саноати сабуки Қӯқанд, мудири анбор ва як шахси дигарро маҳкум кард.

Додгоҳ онҳоро дар сӯистифодаи мақоми хидматӣ, аз они худ кардан ва сохтакорӣ айбдор намуд.

Тирамоҳи соли 2018 мудир бо айби сӯистифодаи мақоми хидматӣ ва чанд коргари ин муассиса бо айби таҷовуз ба номуси хонандагон боздошт шуда буданд. Дар ин коллеҷ ҳудуди 200 духтари душвортарбия аз саросари Узбекистон таълим мегиранд.

Айбдоршавандаҳо мутаносибан аз 3 ҳазор то 9 ҳазор доллар ҷарима ва аз толори додгоҳ озод шуданд.

Тирамоҳи соли гузашта хабар расид, ки як хонандаи 16-солаи коллеҷи мазкур ҳомила аст. Мақомот мудири коллеҷро бо айби сӯистифодаи мақом ва чанд корманди ин коллеҷро бо айби хушунати ҷинсӣ боздошт карданд.

Расонаҳо дар бораи ҳукми додгоҳ дар робита ба айби таҷовуз ба номуси хонанда хабар намедиҳанд. Баррасии парвандаи таҷовуз пушти дарҳои баста сурат гирифта ва ҳукми додгоҳ низ эълом нашудааст.

Муовини вазири маорифи Қазоқистон ба фасодкорӣ муттаҳам шуд

Элмира Суханбердиева

Сухангӯи Хадамоти мубориза зидди коррупсияи Қазоқистон Жанна Бастарова гуфт, муовини пешини вазири маорифи ин кишвар Элмира Суханбердиева дар гирифтани пора, соҳибкории ғайриқонунӣ ва сӯистифода аз мақом айбдор мешавад.

Жанна Бастарова ҷузъиёти парвандаро шарҳ надод ва танҳо афзуд, ки тафтишот идома дорад.

Ин ниҳод 5 июн хабар дода буд, ки зидди муовини пешини вазири маориф парванда боз кард. Вале ному насаби гумонбар ва ҷузъиёти парвандаро ифшо накард. Танҳо 6 июн маълум шуд, ки додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон ӯро барои ду моҳ, то 2 август ба ҳабс гирифтааст.

Хадамот моҳи гузашта аз оғози тафтишот зидди раҳбари Маркази миллии тестии Қазоқистон Рамазон Олимқулов низ хабар дода буд.

Элмира Суханбердиеваи 47-сола то таъйин шуданаш ба вазифаи муовинии вазир чандин сол мудири маорифи пойтахти Қазоқистон буд. Солҳои 2007 ва 2009 дар вазифаҳои раҳбарӣ дар ширкати радио ва телевизиони "Қазоқистон" кор кардааст.

Аз сафири Туркия дар Қирғизистон хостанд, ки дахолат накунад

Сафири Туркия дар Бишкек Комил Фурот 6 июн барои боздид аз деҳаи Ороки вилояти Чуйи Қирғизистон, ки ахиран миёни сокинонаш низоъ бархост, ба Вазорати умури хориҷии ин кишвар эҳзор шуд.

"Ба сафири Туркия нотаи эътирозӣ дода, даъват карданд, ки ба умури дохилии Қирғизистон дахолат накунад ва ба қонунгузории миллии кишвар эҳтиром гузорад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Дар деҳаи Ороки ноҳияи Сокулуки вилояти Чуй 5 июн ҳангоми намози ид миёни наврасон занозанӣ сар зада, дар натиҷа ду кас бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шуданд.

Дар деҳа наздикони захмиён ҷамъ шуда, низоеро барангехтанд. Ба иттилои пулис, ҷамъшудаҳо хонаеро оташ зада, шишаҳои 12 манзили зисти дигар ва мошинҳоро шикастанд.

Ба маҳалли ҳодиса сафири Туркия дар Бишкек ҳозир шуда, бо сокинони маҳаллӣ мулоқот кард. Ӯ дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, барои бурдани як корманди сафорат ба он деҳа рафт. Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ боздиди дипломати туркро аз маҳалли низоъ дахолат ба умури дохилии Қирғизистон номиданд.

Порлумони Украина истеъфои раисони ниҳодҳои қудратиро қабул накард

Порлумони Украина талаби истеъфои вазири умури хориҷӣ Павел Климкин, вазири дифоъ Степан Полторак ва раиси Хадамоти амнияти миллии он кишвар Василий Гритсакро рад кард. Лоиҳаи қонуни пешниҳодии президент Владимир Зеленский дар ин бора раъйи заруриро дар порлумон ба даст наовард.

Климкин истеъфои худро 17 май эълом карда буд. Аз Полторак ва Гритсак худи Зеленский ҳангоми савгандёдкуниаш даъват кард, ки ба истеъфо бираванд, аммо тасмими ниҳоиро дар ин замина бояд порлумони Украина мегирифт.

Пештар вакилони порлумони Украина истеъфои сарвазири ин кишвар Владимир Гройсманро низ ҷонибдорӣ накарданд. Ҳамчунин лоиҳаи қонуни дигари пешниҳодии Зеленский, ки барои дороии ғайриқонунии мансабдорон ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мекард, баррасӣ нашуд.

Президенти нави Украина пас аз адои савганд порлумонро пароканда эълом кард. Вале ҳайати кунунии он то интихоботи пеш аз муҳлат амал хоҳанд кард. Интихоботи нави порлумонии Украина 21 июл эълом шуд.

Намоишгоҳи Маскав мизбони наққошиҳои рассоми тоҷик

Намоишгоҳи «Artstory»-и шаҳри Маскав наққошиҳои Аъзам Атахонов рассоми тоҷики муқими Русияро ба намоиш гузоштааст. Намоиш рӯзи 6-уми июн оғоз шуд ва то 28-уми июли идома мекунад.

Атахонов рӯзи 6-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, дар намоишгоҳ 45 асар, гулчине аз офаридаҳои ӯ аз соли 2006 ба инҷониб ба намоиш гузошта шуданд. Азам Атахонов гуфт, асарҳои шоирони классик ба мисли Ҷомиву Румӣ, наққошони Руми қадим ва Италия, рассомони қадимии рус сарчашмааи илҳомаш ҳастанд.

«Асари шоир, оҳангсоз ва рассом дар кулл касро ба самт равона мекунанд, ба сӯи маънӣ. Бинобар ин мо намоишгоҳро “Достони маънӣ” ном гузоштем» - иброз дошт Атахонов.

Аъзам Атахонов
Аъзам Атахонов

Дар асарҳои Атахонов бештар зебоиҳои табиат, офаридаҳои дасти инсон, меъморӣ, боғу деҳот, хона ва ҳунарҳои мардумӣ таҷассум ёфтааст. Асарҳои Азам Атахонов дар Музейи давлатии санъати халқҳои шарқи Маскав, Осорхонаи санъати тасвирии Тотористон ва Осорхонаи санъати тасвирии ба номи Камолиддин Беҳзод дар Душанбе нигоҳ дошта мешаванд.

Ба ҷуз ин наққошиҳои ӯро коллексионерон аз Амрико, Канада, Фаронса, Дания, Олмон ва Русия харидаанд ва дар хазинаҳои худ нигоҳ медоранд. Азам Атахонов зодаи Душанбе ва хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии пойтахт аст. Аз соли 1989 дар Маскав зиндагӣ мекунад.

Таҷлили 75-умин солгарди Ди Дей дар Фаронса

Доналд Трамп ба собиқадорони амалиёт изҳори сипос кард.

Раҳбарони кишварҳои ғарбӣ дар Нормандия ҷамъ омада ва хотираи қурбониёни Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум ва собиқадорони ин ҷангро гиромӣ доштанд. Рӯзи 6-уми июн онҳо аз 75-умин солгарди шуруи амалиёти кишварҳои ҳампаймон барои озодии шимоли Фаронса аз дасти Олмони фашистиро таҷлил карданд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар ҳузури чанде аз собиқадорони ин амалиёт, ки бо номи Ди Дей шинохта мешавад, “шарифтарин инсонҳои амрикоиҳое, номид ки зиндагӣ доранд.”

Амалиёти баҳрӣ рӯзи 6-уми июни соли 1944 шурӯъ шуд. Дар маросим Тереза Мей, нахуствазири Бритониё, Эманнуел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ширкат карданд. Тереза Мей ва Эммануел Макрон ҳам ба собиқадорони ин амалиёт, ки аксарияташон дар аробаи маълулӣ буданд, изҳори сипос карданд.

Бонки Ҷаҳонӣ ба тарҳи шабакаи оби Душанбе 30 млн доллар дод

Бонки Ҷаҳонӣ барои тарҳи шабакаи об ва фозилоби Душанбе 30 миллион доллар ҷудо кардааст.

Дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе рӯзи 6-уми июн гуфт, бо сабаби кӯҳна шудани инфрасохтори мавҷуда, ҳаҷми талафоти об назаррас аст ва аксари вақт хидматрасонӣ қатъ мегардад.

Лоиҳа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки яке аз ноҳияҳои бузургтарин ва сераҳолии шаҳр аст, татбиқ мегардад. Қубури обгузар ва обкашҳои ёридиҳандаро иваз хоҳанд кард.

Аз соли 2002 ба ин сӯ, Бонки Ҷаҳонӣ бо ҳадафи бехатар кардани оби ошомиданӣ дар Душанбе тақрибан 50 миллион доллар сармоягузорӣ намудааст.

Баъди сел дар Деҳаи Шифо, 20 оиларо ба ҷойи амн бурдаанд

Баъд аз сели харобиовар дар деҳаи Оби Шифои ноҳияи Рӯдакӣ, ки чандин хонаро зери обу лой гузошт, аъзои бист хонаводаро ба ҷойи амн кӯчондаанд.

Фазлиддин Назарзода, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Рудакӣ, рӯзи 6-уми июн гуфт, асосан занону кӯдакон ва солхӯрдаҳоро дар бинои мактаби рақами 7-и деҳа ҷойгир намуданд. “Ба онҳо хӯрок ва ҷойи хоб дода шудааст”, -- афзуд ӯ.

Интиқоли сокинони деҳаи офатзадаи ноҳияи Рӯдакӣ ба макони амн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:47 0:00

Сели шаби 1-уми июн дар маҷмӯъ 8 манзил ва таҳхонаро дар деҳаи Оби Шифо зери об гузошт. Сокинон аз дохили манзил ва ҳавлиҳояшон обу лой мекашонанд.

Мулло Бобоев, сокини деҳаи Оби Шифо гуфт, баландии об дар дохили манзилаш ба 60-70 сантиметр расида буд ва ҳама ашёи хонааш зарар диданд. Ӯ мегӯяд, “дар ин хонаҳо дар як-ду моҳ хоб карда намешавад.”

Боронҳои шадид ва сели шаби 1-уми июн ба киштзори мардуми деҳа, низ зиёни ҷиддӣ расонидааст. Бархе аз аз деҳқонон мегӯянд, акнун аз ҳосили имсолаи зироаташон умеди зиёд надоранд.

Борону сел дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон низ чандин хона ва роҳҳоро хароб кард. Дар ин ҳодисаҳо дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Хуросон се нафар ҷон бохтанд.

Дар Қирғизистон шабакаи таҳияи шиносномаҳои қалбакӣ ошкор шуд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар медиҳад, ки як шакаби таҳиясозии шиносномаҳои қалбакии Қирғизистон барои шаҳрвандони хориҷӣ ошкор шудааст.

Ба иттилои тафтишот, эҳтимол дорад, ҷангҷӯёни гуруҳҳои террористӣ низ аз ҳуҷҷатҳои мазкур истифода карда бошанд.

Дар фурудгоҳи "Манас"-и шаҳри Бишкек 2 июн шаҳрванди як кишвари ҳамсояи Қирғизистон боздошт шудааст, ки мехост, бо шиносномаи қалбакӣ ба Туркия парвоз кунад.

Дар фурудгоҳ ҳамзамон роҳбари гуруҳи ҷиноиро боздошт ва аз вай як шиносномаи дигари қалбакӣ пайдо шуд. Аз манзили роҳбари гуруҳи ҷиноӣ як шиносномаи дигарро пайдо карданд.

Боздоштшудаҳо ба маҳбаси КДАМ интиқол дода шудаанд.

Узбекистон пас аз 13 сол ба хабарнигори BBC иҷозати фаъолият дод

Вазорати умури хориҷии Узбекистон иттилоъ дод, ки Авазбек Тоҳировро 4 июни соли 2019 ҳамчун хабарнигори Би-би-сӣ расман сабти ном кард.

Фаъолияти Бахши узбекии Би-би-сӣ дар Узбекистон 13 сол пеш қатъ шуда буд.

Мақомоти Узбекистон баъди ҳодисаҳои хунини Андиҷон дар соли 2005 дафтарҳои як қатор расонаҳои байналмилалии хориҷӣ, аз ҷумла Би-би-сӣ, Садои Амрико ва Радиои Озодиро дар ин кишвар бастанд.

Бино ба иттилои хабаргузории "Фарғона", фаъолияти Бахши узбекии Би-би-сӣ барои расман сабти ном кардани хабарнигори худ дар Ӯзбекистон ҳанӯз дар моҳи декабри соли 2016 дархост фиристода буд.

Мақомоти узбек як сол пеш хабарнигори Садои Амрико Навбаҳор Имомоваро низ расман сабти ном карданд. Вазорати умури хориҷии Узбекистон моҳи апрели соли равон ба хабарнигори "Фарғона" Андрей Кудряшов низ расман иҷозати фаъолият дод.

Палатаи ҳисоби Русия: Ҳабси Калвӣ сармояҳоро мегурезонад

Алексей Кудрин

Алексей Кудрин, раиси Палати ҳисоби Русия имрӯз дар ҷараёни ҷаласаи Форуми байналхалқии иқтисодӣ дар шаҳри Санк-Петербург ҳабси муассиси бунёди Baring Vostok, тоҷири амрикоӣ Майкл Калвиро "барои иқтисод шоковар" номид.

Кудрин гуфт, баъди ҳабси вай фирори сармоя аз Русия ду баробар афзуда, аз ибтидои сол ба 40 миллиард доллар расидааст.

Вакилони мудофеи Калвӣ 31 май аз Кумитаи тафтишотии Русия хостанд, ки иҷозат диҳад, вай дар форуми иқтисодии Петербург ширкат варзад. Аммо кумита ба дархости вакилони мудофеъ посух надод.

Форуми байналхалқии иқтисодии Петербург рӯзҳои 6-8 июн баргузор мешавад.

Майкл Калвӣ миёнаҳои моҳи феврал боздошт шуд. Тафтишот мегӯяд, вай 2,5 миллард рублро аз бонки "Шарқӣ" рабудааст. Калвӣ айби эъломшударо рад мекунад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG