Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Марги сарбозони покистонӣ дар ҳамлаҳои Вазиристони Шимолӣ

Акс аз бойгонӣ

Рӯзи 8-уми июн дар таркиши бомбаи канори роҳ дар Вазиристони Шимолӣ ду сарбози покистонӣ кушта ва се тани дигар маҷруҳ шудаанд. Мақомоти низомии Покистон гуфтанд, сарбозон минтақаро назорат мекарданд ва мошини онҳо ба маводи таркандаи худсохт бархӯрдааст.

Аз он пештар, рӯзи 7-уми июн, дар ҳодисаи мушобеҳ дар минтақаи Датта Хели Вазиристони Шимолӣ чаҳор узви артиши Покистон кушта ва чаҳор тани дигар захмӣ гардиданд.

Толибони Покистон масъулияти ҳамлаи рӯзи ҷумъаро ба дӯш гирифтанд.

Ҳамон рӯз дар Гариуми Вазиристони Шимолӣ як нафари ношинос як сарбози покистониро куштааст.

Дар чанд соли ахир нерӯҳои Покистон дар Вазиристони Шимолӣ зидди ҷангҷӯён, аз ҷумла Толибони Покистон амалиёт гузарондааст. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, минтақа нисбатан ором шуд, мушкил ҳамоно мондааст. Гуфта мешавад, дар як моҳи охир дар ноҳияи Хор Қамар дастикам даҳ сарбоз кушта ва 35 нафар маҷруҳ шудаанд.

Голунов расман ба фурӯши маводи мухаддир муттаҳам шуд

Иван Голунов

Иван Голунов, хабарнигори таҳқиқотгар дар Русия, расман ба ҷинояти марбут ба маводи мухаддир муттаҳам шуд. Созмонҳои байналмилалии хабарнигорӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон гуфтанд, мақомот ӯро ба хотири гузоришҳояш ҷазо медиҳанд.

Вакили мудофеъ Павел Чиков гуфт, нафари зери ҳимояти ӯ ба фурӯши маводи мухаддир “дар ҳаҷми калон” муттаҳам шудааст. Додгоҳи Маскав тасмим мегирад, ки муҳлати боздошти ӯро дароз кунад ё на.

Журналисти маъруф Иван Голунов, ки барои вебсайти мустақили хабарии Meduza, қароргоҳаш дар Латвия кор мекунад, рӯзи 6-уми июн дар Маскав дастгир шуд. Полис гуфт, гӯё дар дохили борхалтаи ӯ маводи мухаддири навъи мефедрон пайдо шудааст. Вале хабарнигор гуфтааст, ин мавод аз они ӯ нест ва нашъаро дар дохили сумкааш ҷой додаанд.

Иван Голунов дар бораи нақшаҳои коррупсионии мақомдорони Маскав гузоришҳои зиёд навишта, дар гузашта дар телевизиони “Дождь” кор кардааст. Садҳо журналист озодии ӯро талаб карданд.

Отамбоев: Агар ман ҳукумат мехостам, аз қудрат намерафтам

Алмосбек Отамбоев дар гирдиҳамоии зидди коррупсия дар Бишкек. Рӯзи 8-уми июни соли 2019

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон, гуфт, ки ҳадафи ӯ ҷавон кардани аъзои ҳукумат буд ва ба ин хотир барои дар қудрат мондан кӯшиш накард.

Вай рӯзи 8-уми июн ҳангоми тазоҳуроти зидди ришвахорӣ дар назди бинои “Медиа форум”-и Бишкек гуфт, агар ҳукумат зарур мебуд, имкони дар қудрат монданаш вуҷуд дошт.

“Маро ба он муттаҳам мекунанд, ки гӯиё дар ҳоли чанг задан ба ҳукумат ҳастам ва ба кори онҳо халал мерасонам. Агар ба ман ҳукумат лозим мебуд, беҳтараш аз қудрат намерафтам. Соли 2016 ҳангоми раъйпурсӣ пешниҳод мекардем, ки як нафар метавонад ду дафъа пайиҳам президент шавад. Фикр мекунам, бисёре аз мардум аз ман пуштибонӣ мекарданд”, -- афзуд ӯ.

Раиси ҷумҳури пешини Қирғизистон гуфт, ҳадафи онҳо дигар буд. “Мо ҳукумати ҷавон мехостем. Ҷавонтарин нахуствазири мо 39 сол дошт. Ин замоне буд, ки ҳанӯз Зеленский ва Пашиняну дигарон ба қудрат нарасида буданд. Яке аз вазирони мо 32-сола буд. Ва бояд оқсақол-президент ба ҷавонҳо кумак мекарду бас.”

Алмосбек Отамбоев гуфт, вале баъди тағйири ҳукумат кор ранги дигар гирифт ва дар навбати аввал Сафар Исҳоқов, нахуствазири пешин ва ҷавони Қирғизистонро дастгир карданд.

Отамбоев аз соли 2011 то 2017 президенти Қирғизистон буд. Ӯ ва раиси ҷумҳури ҳозира Сооронбой Ҷеенбеков ҳамсаф буданд, вале баъди ба аз қудрат рафтани Отамбоев ва ба сари ҳукумат омадани Ҷеенбеков дар мухолфиат бо якдигар қарор гирифтанд.

Як сокини Душанбе аз ошёнаи 8-ум афтод ва ҷон бохт

Як сокини шаҳри Душанбе аз ошёнаи ҳаштуми бинои бисёртабақа дар кӯчаи Бухорои пойтахт ба замин афтодааст. Ҳодиса баъд аз зуҳри 8-уми июн рух дод. Баъзе аз шоҳидон гуфтанд, мард фавтидааст ва ҷасадро аз назди фурӯшгоҳи "Тантана" бурдаанд. "Ин бино нав аст ва ҳамсояҳо якдигарро хуб намешиносанд. Барои ҳамин, то ҳол мардум намедонанд, ки чӣ иттифоқ афтодааст. Як дафъа модараш ба берун баромад ва дар вазъияти хуб набуд. Ӯро дубора ба хона дароварданд", -- гуфт мусоҳиби мо. То ҳанӯз далели ба поин афтидани ин мард маълум нест. Рӯшан нест, ӯ худро ба замин партофта ё тасодуфӣ афтидааст. Мақомот ҳанӯз дар ин бора хабар надоданд.

Трамп гуфт, бо Мексика дар масъалаи муҳоҷират “забон” ёфтанд

Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, бо Мексика дар масъалаи муҳоҷират ба созиш расидаанд. Вай рӯзи 8-уми июн дар ин бора дар “Твиттер” хабар дод.

Трамп навишт, “хушҳолам, ки ба Шумо хабар медиҳам. Амрико ва Мексика дар ин маврид мувофиқатномаро имзо карданд.” Бино бар ин, ба қавли ӯ, ҷорӣ кардани таърифаи нав ба молҳои воридотии Мексика, ки қарор буд аз 10-уми июн иҷро шавад, барои муддати номаълум ба таъхир афтод.

Президент Трамп навиштааст, ҳукумати Мексика дар ивази ин кор, тавофуқ кардааст, барои пешгирӣ ҳаракати муҳоҷирон ба марзҳои ҷанубии Амрико чораҳои сахттар мебинад.

Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Амрико, ин иқдом саба мешавад, ки убури муҳоҷирони ғайриқонӯнӣ тавассути Мексика ба Иёлоти Муттаҳида камтар шавад.

Эълони Доналд Трамп дар ҳоле садо дод, ки мақомҳои Амрико ва Мексика чанд рӯз боз музокира доштанд. Сафири Мексика дар Вашингтон гуфтааст, ҳарду ҷониб барои пешгирӣ аз ҳаракати муҳоҷирони ғайриқонунӣ якҷоя талош хоҳанд кард.

Интихоботи президентии Қазоқистон. Бори аввал – бе Назарбоев

Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Қазоқистон рӯзи 9-уми июн баргузор мешавад. Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Қазоқистон гуфт, дар дохилу хориҷ даҳ ҳазор нуқта ва ҳавзаи овоздиҳӣ ташкил кардаанд.

Бори аввал дар варақаҳои овоздиҳӣ номи президенти пешин Нурсултон Назарбоев дарҷ нашудааст. Ин раҳбари худкома, ки тақрибан се даҳа бе танаффус дар курсии президентӣ такя зада буд, моҳи марти имсол ва дар 78-солагӣ аз сари ҳукумат рафт. Вале раҳбари доимии Шӯрои амният ва ҳизби ҳокими “Нур Отан” монд.

Дар интихоботи рӯзи якшанбе ҳафт номзад ба мақоми президентӣ миёни ҳам сабқат мекунанд. Яке аз онҳо президенти муваққат Қосимҷомарт Тоқаев аст, ки аз пуштибонии раиси ҷумҳури пешин Назарбоев бархӯрдор аст.

Баъзе аз созмонҳои мухолифон интихоботи президентии Қазоқистонро бойкот кардаанд.

Аз соли 1991 то кунун дар Қазоқистон панҷ интихоботи президентӣ баргузор шудааст. Се интихобот ғайринавбатӣ ё зудҳангом буд ва ғолибаш ҳам Нурсултон Назарбоев.

Нозирони ғарбӣ ягон дафъа интихоботҳои Қазоқистонро озоду одилона ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ эътироф накардаанд.

Таҳримҳои Амрико зидди саноати коркарди нафту гази Эрон

Вазорати молияи Амрико

Вазорати молияи Амрико зидди саноати коркарди нафту гази Эрон таҳримҳо ҷорӣ кард. Ин қадам бахше аз иқдомҳо дар заминаи ворид кардани фишор ба Эрон аст, то барои маҳдуд кардани барномаҳои ҳастаӣ ва мушакии худ вориди музокира шавад.

Вазорати молияи Амрико рӯзи 7-уми июн таҳримҳо алайҳи ширкати саноати коркарди нафту гази Халиҷи Форсро эълон кард. Ин ширкати бузург ва фоидаовари коркарди нафту газ дар Эрон аст.

Таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ин ширкат ва 39 ширкати мутааллиқ ба он ва фурӯшандагони хориҷиашро ҳадаф қарор медиҳад.

Дар эъломияи Вазорати молияи Амрико гуфта шудааст, ки ширкати саноати коркарди нафту гази Халиҷи Форс аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон пуштибонии молӣ мекунад. Вашингтон қаблан Сипоҳро "созмони террористии хориҷӣ" хондааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар соли 2018 ин кишварро аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун кард.

Бар асоси ин созиш, ки дар соли 2015 миёни Эрону қудратҳои ҷаҳон имзо шуд, Теҳрон дар ивази коҳиши таҳримҳо барномаи ҳастаишро камтар мекард.

Вале Трамп гуфт, ин созиш нуқс дорад, зеро дар он ба барномаи ҳастаии Эрон ва ҳимояти ин кишвар аз терроризм пардохта нашудааст.

Гулбарг аз саҳнаи театри Полша саргузаштҳои худро мегӯяд

Акс аз бойгонӣ

Шоми 7 июн дар саҳнаи Zygmunt Hübner Powszechny – як театри Варшава нахустнамоише бо номи «Бонувони паноҳанда» ба саҳна гузошта шуд, ки дар он занҳои муҳоҷир қиссаҳои худро баён мекунанд. Коргардони ин намоишнома Катарина Сингиера мегӯяд, чор зани муҳоҷир аз Тоҷикистон, Ироқ, Доғистону Чеченистон ва ҳамчунин ҳунарпешаҳои Полша аз саргузаштҳои талхи худ қисса мекунанд.

Дар нақши паноҳандаи тоҷик – зане аз Тоҷикистон бо номи Гулбарг Сайфова, модари чор фарзанд аст, ки бо далелҳои сиёсӣ тарки кишвар карда дар Полша муқимӣ шудааст. Ин зан аз рӯзгори осудаву хонаи гармаш дар Тоҷикистон, фаъолиятҳои сиёсӣ ва билохира дар Полша - як кишвари аврупоӣ паноҳанда шуданаш қисса мекунад.

Дар муаррифии намоишнома гуфта мешавад, ки ба идораи умури хориҷиҳои ҳукумати Полша соли 2018 беш аз 4 ҳазор хориҷӣ дар ҷустуҷӯи ҳимояти байналмилалӣ ариза додаанд ва аз миёни онҳо 185 нафар бо чунин ҳимояти ҳуқуқӣ бархурдор шудаанд. «Аз саҳнаи театр аз роҳи баёни саргузаштҳои худ ин занҳо дар бораи муштаракот ва тафовутҳои зиндагиву воқеиятҳои зиндагиашон бо занҳои дигар мегӯянд», навишта шудааст дар муаррифиномаи намоишнома.

Катарина Сингиера дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ дар лаҳзаҳое чанд пеш аз шурӯи намоишнома гуфт, дар Полша муҳоҷирони зиёде зиндагӣ мекунанд ва ин намоишнома бо ҳадафи фароҳам кардани имконият ба муҳоҷирон дар баёни саргузаштҳои онҳо ба саҳна гузошта шуд. «Ман ба занҳои муҳоҷир имкон додам, ки қиссаҳои худро аз замони берун шуданашон аз ватан бигӯянд», мегӯяд коргардон. «Гулбарг аз Тоҷикистон маҷбур шудааст бо сабабҳои сиёсӣ кишварро тарк кунад. Ин зан бо чор кӯдакаш ба Полша ома два ҳоло ӯ дар ин ҷо аст. Ман зарур донистам, ки ба сокинони Полша дар бораи ин муҳоҷирон нақл кунам, чунки бисёри онҳо дар бораи ин мардум ҳеҷ хабаре надоранд. Бисёриҳо дар ин ҷо хаёл мекунанд, ки муҳоҷирон дар ҷустуҷӯи зиндагии хуби иқтисодӣ меоянд. Вале қаҳрамонҳои ман афроди таҳсилкарда ҳастанд ва дар ватанашон зиндагии хубе доштанду маҷбур онро тарк карданд. Ҳоло дар Полша онҳо бояд дубора худро пайдо кунанд».

Коргардон мегӯяд, ки ин намоишнома ба мақомот дар Полша ва Аврупо ҳам паём медиҳад, ки бояд бо муҳоҷирон муносибати хуб раво бинанд, то ки онҳо тавонанд баъди маҳрумиятҳову мушкилот дубора ба зиндагии шоиста рӯ оваранд.

Дар се соли охир садҳо тоҷикистонӣ талош карданд дар Аврупо ҳаққи паноҳандагӣ бигиранд ва яке аз ин кишварҳо Полша аст, ки аввалинкишвари узви Иттиҳоди Аврупо баъди тарки қаламрави Беларус – як ҷумҳурии шӯравии собиқ ва ҳамсарҳади Русия мебошад. Дар миёни паноҳҷӯён фаъолони сиёсӣ, аъзои созмонҳои дар Тоҷикистон мамнӯъшудани ҳизби наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24» низ ҳастанд. Раёсати кор бо хориҷиҳои ҳукумати Полша мегӯяд, аз соли 2016 то 2019 дар маҷмӯъ 1219 шаҳрванди Тоҷикистон аз Полша дархости паноҳандагӣ кардаанд. Дар маҷмӯъ аз миёни аризадодаҳо 85 нафар посухи мусбат гирифта, 367 нафар посухи манфӣ дарёфт карданд. Боқимондаҳо аз дархости худдаст кашида, ба кишварҳои дигар, ғолибан Аврупои ғарбӣ сафар кардаанд.

Тоҷикистон муҳлати боздошти Шамил Ҳакимовро дароз кард

Акс аз саҳифаи "Шоҳидони Яҳво"

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд муҳлати боздошти Шамил Ҳакимов, узви 68-солаи созмони насронии "Шоҳидони Яҳво"-ро то 26-уми июни имсол дароз кардааст. Фаъолияти ин созмон аз соли 2007 боз дар Тоҷикистон мамнуъст.

Шамил Ҳакимов моҳи феврали имсол дастгир шудааст. Созмони “Форум 18” навишт, алайҳи ӯ бо моддаи “барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ” парванда кушодаанд. Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ин амал аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Бино ба хабари “Форум 18”, Шамил Ҳакимов гӯиё ҷамъияти “Шоҳидони Яҳво”-ро раҳбарӣ мекард.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол қазияи Шамил Ҳакимовро расман шарҳ надодаанд. Вале созмони “Форум 18” навишт, ки Ҳакимов аз фишори баланд азият мекашад ва чанд вақт пеш аз боздошт пояшро ҷарроҳӣ карда буд. Ин созмон аз шеваи бархӯрди мақомот бо Шамил Ҳакимов нигаронӣ кардааст.

Фаъолияти “Шоҳидони Яҳво” дувоздаҳ сол боз дар Тоҷикистон манъ аст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, фаъолияти созмонро ба хотири даъваташ барои сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ боздоштанд, ки мухолиф бо қонуни асосии Тоҷикистон аст. Ин созмон чанд дафъа талош кард, дубора сабтином шавад, вале натавонист.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ҳудуди 70 созмони динии ғайриисломӣ сабтином шудааст, ки аксари онҳо масеҳӣ ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистон дастикам даҳ сол боз назорат аз болои созмонҳои динӣ, чи исломӣ ва чи ғайриисломиро шиддат бахшидаанд. Дар пайи тасвиби қонуни нави дин дар соли 2009, чанд созмони ғайриисломӣ натавонистанд аз сабтиноми дубора гузаранд.

Бархӯрди мақомоти Тоҷикистон бо созмонҳои динӣ солҳо боз аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ танқид мешавад. Вале мақомот мегӯянд, шароит барои фаъолияти пайравони ҳамаи динҳо муҳайёст.

HRW: Дар ҳукумати нав бояд "мерос"-и Назарбоев ҷой наёбад

Мира Риттман, намояндаи созмони Дидбони ҳуқуқи башар

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) гуфт, аз эҳтимол дур аст, ки интихоботи президентии рӯзи 9-уми июн дар Қазоқистон "аз интихоботҳои пешина фарқ дошта бошад".

Интихоботҳое, ки ба қавли масъулони созмон, аз тарафи нозирони мустақил ноозод ва ноодилона баҳогузорӣ шудаанд.

Ин изҳорот рӯзи 5-уми июн зери номи "Интихоботи Қазоқистон ва интиқоле, ки вуҷуд надорад" аз номи муҳаққиқи созмони Human Rights Watch (HRW) Мира Риттман нашр шуд. Дар он гуфта шудааст, ки ҳукумати Қазоқистон мисли пешин худкома боқӣ мондааст.

Риттман навиштааст, солҳои охир мақомоти Қазоқистон зидди фаъолон, ҳомиёни ҳуқуқ, рӯзноманигорон, вакилони мудофеъ ва дигарон аз парвандаҳои ҷиноӣ кор гирифта, талош кардаанд, онҳоро хомӯш созанд.

Мира Риттман мегӯяд, бо назардошти пуштибонии мақомоти қудратӣ аз Қосимҷомарт Тоқаев аз эҳтимол дур аст, ки интихоботи президентии кунунӣ аз интихоботҳои гузашта фарқе дошта бошад.

"Аммо мероси Назарбоев - таъқиб, ҳабси мунтақидон, таҳдиди дигарандешон ва таҳаммул накардани озодии матбуот - бояд дар Қазоқистони оянда ҷой надошта бошад", - мегӯяд Риттман.

Интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар Қазоқистон рӯзи якшанбеи 9-уми июн баргузор мешавад. Дар ин интихобот ҳафт довталаб иштирок мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба нишасти раҳбарони СҲШ ба Бишкек меравад

Роҳбарони 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистону Русия, Чин, Қазоқистон, Узбекистон, Ҳинд ва Покистон барои иштирок дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷамъ меоянд.

Президентҳои Афғонистон, Белорус, Эрон ва Муғулистон низ ба ҳайси нозир дар ин нишаст ширкат мекунанд. Дар ин бора аз дастгоҳи президенти Қирғизистон рӯзи 7-уми июн хабар доданд.

Дар поёни нишаст имзои наздик ба 20 ҳуҷҷат дар назар аст. Қарор аст, саммит рӯзҳои 13-14-уми июн баргузор шавад.

Дар робита ба ин чорабинӣ дар пойтахти Қирғизистон аз 1 то 20-уми июн баргузории иқдоми эътирозӣ танҳо дар гулгашти Горкий иҷозат дода мешавад.

Соли 2018 нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Чин баргузор ва раёсати ин созмон ба Қирғизистон интиқол дода шуда буд.

20 млн еврои Иттиҳоди Аврупо ба сохтмони нерӯгоҳ дар Бадахшон

Вазорати энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн хабар дод, ки Иттиҳоди Аврупо барои сохтани нерӯгоҳи барқи обии "Себзор" дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон 20 миллион евро медиҳад.

Неругоҳ дар дарёи Шоҳдара сохта шуда, маблағи Иттиҳоди Аврупо харҷи сохтмонро пурра мепӯшонад.

Сохтмони неругоҳ ҳанӯз соли 2015 оғоз ёфта буд. Нерӯгоҳи "Себзор" 10 МВт иқтидор хоҳад дошт. Мақомот мегӯянд, барқи ин неругоҳ на танҳо вилоятро таъмин мекунад, балки ба Афғонистон ҳам содирот мешавад.

Баъд аз гузоштани санги асос корҳои сохтмонӣ қатъ шуданд. Оғози соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки барои иҷрои тарҳи нерӯгоҳи "Себзор" сармоягузор меҷӯяд.

Фаъолияти пинҳонии устоҳои сартарош ва холкӯбӣ дар Ишқобод

Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон, сартарош ва устоҳои холкӯбӣ пас аз фишори мақомот ба фаъолияти пинҳонӣ гузаштаанд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ навишт, ки бештари онҳо дар ҳоли ҳозир дар хонаҳо кор мекунанд.

Бастани кошонаву сартарошхонаҳо дар пойтахти Туркманистон охирҳои моҳи май оғоз шуд.

Соҳибони сартарошхона, кошонаҳои ҳусн ва ҳуҷраҳои масҳгарӣ гуфтанд, ки ба иллати дароз нашудани иҷозатномаи корашон маҷбуранд фаъолиятро қатъ кунанд. Ин марказҳо бештар дар хиёбонҳои марказии Ишқобод ҷойгир буданд.

Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, ҳоло қарор аст, ба ҷои онҳо дӯконҳои фурӯши хӯрокворӣ ба фаъолият оғоз кунанд.

Дар пайи баста шудани сартарошхона ва кошонаҳои ҳусн дар пойтахти Туркманистон, таъқиби устоҳои холкӯбӣ низ оғоз шудааст. Пулиси Ишқобод аз нимаи дувуми моҳи майи имсол ҳамаи сокинонеро, ки баданашон холкӯбӣ шудааст, дастгир ва ному маҳали зисти устоҳоро мепурсанд.

Се фурудгоҳро бе музояда ба ширкати оффшор доданианд

Интизор меравад, ширкати "Новапорт", ки қароргоҳаш дар шаҳри Маскав аст, идораи фурудгоҳҳои Самарқанд, Урганҷ ва Намангони Узбекистонро ба даст бигирад.

Созиши пешакӣ дар ин бора ҳангоми сафари ахири сарвазири Русия Дмитрий Медмедев ба шаҳри Тошканд ҳосил шудааст.

"Созишномаро 30-юми май мудири ширкат Роман Тротсенко ва муовини аввали вазири нақлиёти Узбекистон дар ҳузури сарвазирони ду кишвар имзо карданд. Албатта, ин ҳоло дар шакли ёддошт аст. Ширкатҳо паҳлӯҳои иқтисодии тарҳро меомӯзанд ва танҳо пас аз нашри хулосаи онҳо санади ниҳоиро имзо мекунанд", - гуфт намояндаи ширкати "Новапорт".

Ба қавли ӯ, пас аз имзои санади мазкур ширкати русӣ барои муддати тӯлонӣ идораи фурудгоҳҳоро ба даст мегирад.

Дар Узбекистон ҳамаи фурудгоҳҳо дар ихтиёри давлат буда, онҳоро ширкати давлатии ҳавопаймоии "Узбекистон ҳаво йӯлларӣ" идора мекунад. Бино ба хабарҳо, ҳоло ин ширкат зери қарз мондааст. Ҳукумати Узбекистон нақшаи худро барои додани фурудгоҳҳо ба ширкати хориҷӣ ифшо намекунад ва барои идораи онҳо низ музояда эълон нашудааст.

7 ҷангҷӯи ДИИШ, ки аз асорати Толибон раҳо шуд, аз ИДМ будааст

Ҳафт асири гурӯҳи Толибон аз ҳисоби ҷангҷӯёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил будаанд.

Ахиран нерӯҳои Афғонистон дар пайи як амалиёт дар вилояти Форёб 83 нафарро аз зиндони Толибон раҳо карданд. Дар байни онҳо 10 тан аз саркардаҳои ДОИШ низ будааст.

Як мақоми афғон рӯзи 6-уми июн ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, се нафари онҳо зодагони Тоҷикистонанд, ки дар гузашта узви гуруҳи террористии “Ансоруллоҳ” будаанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи ин мақоми афғон, чаҳор нафар шаҳрвандони Узбекистон ва як тани дигар уйғур будааст.

Дар баёнияи расмии Вазорати дифои Афғонистон гуфта шудааст, ки ҳашт шаҳрванди хориҷиро дастгир кардаанд, вале дар бораи аз куҷо будани онҳо ҳеч ишора нашудааст.

Мақомот гуфтаанд, ҳашт ҷангҷӯи хориҷиро ба ихтиёри Раёсати амнияти вилояти Форёб супурдаанд.

Ҷанни Инфантино дубора президенти ФИФА интихоб шуд

Ҷанни Инфантино

Конгресси 69-уми ФИФА (Федератсиюни байналмилалии футбол), ки рӯзи 5-уми июн дар Порис баргузор шуд, Ҷанни Инфантиноро аз нав ба вазифаи президенти ин ташкилоти ҷаҳонӣ интихоб кард.

Инфантинои 49-солаи швейтсарӣ ягона номзад ба ин вазифа буд. Ӯ аз моҳи феврали соли 2016 ба ФИФА раҳбарӣ мекунад.

То ӯ президенти ФИФА Йозеф Блаттер буд. Вай соли 2015 дар пайи моҷарои давомдори марбут ба фасоди густарда дар ФИФА билохира баъди 17 соли раҳбарӣ ба футболи ҷаҳонӣ канор рафт.

Ҷанни Инфантино вазифаи президенти ФИФА-ро то соли 2023 ба зимма дорад. Вай нӯҳумин президент дар таърихи ин ташкилот аст, ки барои аввалин бор моҳи феврали соли 2016 дар конгресси ғайринавбатии ФИФА интихоб шуда буд.

Мақомоти олии қонунбарори ФИФА, ҳамчунин Ҳисоботи молиявиро барои соли 2018 ва буҷаи соли 2020-ро тасдиқ кард.

Конгресси 70-уми ФИФА моҳи майи соли 2020 дар Аддис-Абеба (Эфиопия) доир мегардад.

Марат Зокирови 63-сола – боз як қурбонии сел дар Тоҷикистон

Бар асари омадани сел дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон як сокини 63-солаи ноҳия ҷон бохтааст. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 7-уми июн гуфтанд, “Марат Зокиров дар саҳро гӯсфанд мечаронд ва зери сел монд.” Тафсилоти аз ин бештар дар даст нест. Ҳодиса рӯзи шашуми июн рух додааст. Марат Зокиров дар деҳаи “Пешқадам”-и ноҳияи Панҷ мезист ва чӯпонӣ мекард. Дар як ҳафтаи ахир дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сел омад ва даҳҳо манзили сокинон ва роҳҳоро вайрон кард. Дар ин ҳодиса дар Панҷакент ва Хуросон се нафар ҷон бохтанд. Мақомот мегӯянд, зиёни сел пурра ҳисоб нашудааст.

Эътилоф хост, болои муттаҳидони Мадуро фишори бештар оранд

Эътилофи минтақавии кишварҳои Амрико аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кард, то болои муттафиқони Вэнесуэлла, аз ҷумла Русия, фишори бештар оранд.

Онҳо гуфтанд, бояд бӯҳрон дар ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ рафъ гардида, "ҳукуамти ғайриқонунӣ" аз қудрат дур шавад.

Рӯзи 6-уми июн гурӯҳи Лима, ки дар он шумораи зиёди кишварҳои амрикоӣ имзо гузоштаанд, изҳорот пахш намуд. Ин гуруҳ таъкид кардааст, ки кишварҳои пуштибони режими президенти Вэнесуэлла Николас Мадуро бояд зери фишори бештар қарор гиранд. Аз ҷумла, Русия, Чин, Куба ва Туркия.

Гурӯҳи Лима дар соли 2017 ташкил шуда, ҳадафи он пайдо намудани ҳалли бӯҳрон дар Вэнесуэлла аст, ки зери ҳукмронии Мадуро қарор дорад.

Фармондеҳи амрикоӣ гуфт, чаро Теҳрон “ақибнишинӣ” кард

Фармондеҳони воломақоми нерӯҳои мусаллаҳи Амрико мегӯянд, ирсоли нерӯҳои иловагии амрикоӣ ба Халиҷи Форс боис шуд, ки Теҳрон аз нақшаи ҳамла болои нерӯҳои Амрико даст кашад.

Дар айни замон генерал Френк Маккензӣ таъкид мекунад, ки таҳдид аз сӯи Эрон ҳанӯз ҳам воқеист.

Рӯзи 6-уми июн дар шаҳри Бағдод фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико Маккензӣ дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон иброз дошт ки эҳтимол барои рафъи таҳдиди Эрон сафарбарии нерӯҳои иловагӣ дархост шавад.

Парасторе дар Олмон барои куштори 85 бемор ҳукми абад гирифт

Додгоҳи шаҳри Олденбурги Олмон 6 июн парастори пешин Нилс Хёгелро ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Ӯ дар куштори 85 бемор дар ду беморхонаи Олмон дар солҳои 2000–2005 айбдор дониста шуд.

Ҳукми додгоҳ ҳамчунин пеш аз муҳлат озод шудани парасторро манъ мекунад. Дар ин бора телевизиони "Настояшее Время" хабар дод.

Хёгел дар додгоҳ аз хешу наздикони беморони кушташуда узр хост. "Аз ҳамаи афроде, ки ба онҳо даст расондаам, узр мехоҳам", - гуфт ӯ.

Парастори 42-сола дар беморхонаҳои Олденбург ва Делменхорст кор мекард. Ӯ бори нахуст тобистони соли 2005 дар куштори беморон гумонбар дониста шуд. Яке аз кормандони беморхона он замон гуфта буд, ки Хёгел ба беморон аз меъёр зиёд дору медиҳад.

Дар натиҷа додгоҳи Олденбург соли 2008 парасторро барои кӯшиши анҷоми куштор 7,5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Хёгел дар соли 2015 дар чандин куштор ва кӯшиши қатл айбдор дониста шуд. Дертар маълум шуд, ки ӯ ба беш аз 200 бемори қалб аз меъёри муайяншуда зиёд дору додааст. Ин беморон аз 34 то 96 сол доштанд.

Муфаттишон моҳи июни соли 2016 тавонистанд даст доштани Хёгелро дар 37 куштор исбот кунанд. Онҳо барои ин кор маҷбур шуданд, беш аз 130 қабрро бозкушоӣ намоянд. 60 бемори ӯ бо вуҷуди аз меъёр зиёд истеъмол кардани дору зинда монданд.

Туркманистон интиқоли пул дар дохили кишварро қатъ кард

Аз моҳи апрели соли ҷорӣ бонкҳои Туркманистон хизматрасонии интиқоли маблағро дар дохили кишвар қатъ кардаанд. Дар ин бора хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ иттилоъ дод.

"Бонки тиҷории Туркманистон "Halkbank" хизматрасонии "Гират"-ро қатъ кард. Ин ягона хизматрасонии интиқоли маблағ дар дохили кишвар буд. Бонкҳои дигар ҳам аз имконияти интиқоли маблағ дар дохили кишвар маҳрум шуданд", - гуфт хабарнигор.

Вай мегӯяд, баъди қатъи хизматрасонии мазкур, сокинон тариқи почта ба ҳамдигар маблағ мефиристанд.

"Почта 10 дарсад музд мегирад. Барои сокинон ин гарон аст, аммо интихоби дигар надоранд", - гуфт хабарнигори Радиои Озодӣ.

Ба ҷуз ин, тариқи бонк маблағ дар як рӯз мерасид, ҳамакнун тариқи почта давоми чанд ҳафта мерасад.

Радиои Озодӣ натавонист, назари бонки давлатии "Halkbank"-ро дар ин робита пайдо кунад.

Ҷаримаи мудири коллеҷ баъд аз қазияи таҷовузи як хонанда

Додгоҳи шаҳри Қӯқанди Узбекистон ҳафтаи гузашта мудири Коллеҷи саноати сабуки Қӯқанд, мудири анбор ва як шахси дигарро маҳкум кард.

Додгоҳ онҳоро дар сӯистифодаи мақоми хидматӣ, аз они худ кардан ва сохтакорӣ айбдор намуд.

Тирамоҳи соли 2018 мудир бо айби сӯистифодаи мақоми хидматӣ ва чанд коргари ин муассиса бо айби таҷовуз ба номуси хонандагон боздошт шуда буданд. Дар ин коллеҷ ҳудуди 200 духтари душвортарбия аз саросари Узбекистон таълим мегиранд.

Айбдоршавандаҳо мутаносибан аз 3 ҳазор то 9 ҳазор доллар ҷарима ва аз толори додгоҳ озод шуданд.

Тирамоҳи соли гузашта хабар расид, ки як хонандаи 16-солаи коллеҷи мазкур ҳомила аст. Мақомот мудири коллеҷро бо айби сӯистифодаи мақом ва чанд корманди ин коллеҷро бо айби хушунати ҷинсӣ боздошт карданд.

Расонаҳо дар бораи ҳукми додгоҳ дар робита ба айби таҷовуз ба номуси хонанда хабар намедиҳанд. Баррасии парвандаи таҷовуз пушти дарҳои баста сурат гирифта ва ҳукми додгоҳ низ эълом нашудааст.

Муовини вазири маорифи Қазоқистон ба фасодкорӣ муттаҳам шуд

Элмира Суханбердиева

Сухангӯи Хадамоти мубориза зидди коррупсияи Қазоқистон Жанна Бастарова гуфт, муовини пешини вазири маорифи ин кишвар Элмира Суханбердиева дар гирифтани пора, соҳибкории ғайриқонунӣ ва сӯистифода аз мақом айбдор мешавад.

Жанна Бастарова ҷузъиёти парвандаро шарҳ надод ва танҳо афзуд, ки тафтишот идома дорад.

Ин ниҳод 5 июн хабар дода буд, ки зидди муовини пешини вазири маориф парванда боз кард. Вале ному насаби гумонбар ва ҷузъиёти парвандаро ифшо накард. Танҳо 6 июн маълум шуд, ки додгоҳи шаҳри Нурсултони Қазоқистон ӯро барои ду моҳ, то 2 август ба ҳабс гирифтааст.

Хадамот моҳи гузашта аз оғози тафтишот зидди раҳбари Маркази миллии тестии Қазоқистон Рамазон Олимқулов низ хабар дода буд.

Элмира Суханбердиеваи 47-сола то таъйин шуданаш ба вазифаи муовинии вазир чандин сол мудири маорифи пойтахти Қазоқистон буд. Солҳои 2007 ва 2009 дар вазифаҳои раҳбарӣ дар ширкати радио ва телевизиони "Қазоқистон" кор кардааст.

Аз сафири Туркия дар Қирғизистон хостанд, ки дахолат накунад

Сафири Туркия дар Бишкек Комил Фурот 6 июн барои боздид аз деҳаи Ороки вилояти Чуйи Қирғизистон, ки ахиран миёни сокинонаш низоъ бархост, ба Вазорати умури хориҷии ин кишвар эҳзор шуд.

"Ба сафири Туркия нотаи эътирозӣ дода, даъват карданд, ки ба умури дохилии Қирғизистон дахолат накунад ва ба қонунгузории миллии кишвар эҳтиром гузорад", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Дар деҳаи Ороки ноҳияи Сокулуки вилояти Чуй 5 июн ҳангоми намози ид миёни наврасон занозанӣ сар зада, дар натиҷа ду кас бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шуданд.

Дар деҳа наздикони захмиён ҷамъ шуда, низоеро барангехтанд. Ба иттилои пулис, ҷамъшудаҳо хонаеро оташ зада, шишаҳои 12 манзили зисти дигар ва мошинҳоро шикастанд.

Ба маҳалли ҳодиса сафири Туркия дар Бишкек ҳозир шуда, бо сокинони маҳаллӣ мулоқот кард. Ӯ дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, барои бурдани як корманди сафорат ба он деҳа рафт. Вале корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ боздиди дипломати туркро аз маҳалли низоъ дахолат ба умури дохилии Қирғизистон номиданд.

Порлумони Украина истеъфои раисони ниҳодҳои қудратиро қабул накард

Порлумони Украина талаби истеъфои вазири умури хориҷӣ Павел Климкин, вазири дифоъ Степан Полторак ва раиси Хадамоти амнияти миллии он кишвар Василий Гритсакро рад кард. Лоиҳаи қонуни пешниҳодии президент Владимир Зеленский дар ин бора раъйи заруриро дар порлумон ба даст наовард.

Климкин истеъфои худро 17 май эълом карда буд. Аз Полторак ва Гритсак худи Зеленский ҳангоми савгандёдкуниаш даъват кард, ки ба истеъфо бираванд, аммо тасмими ниҳоиро дар ин замина бояд порлумони Украина мегирифт.

Пештар вакилони порлумони Украина истеъфои сарвазири ин кишвар Владимир Гройсманро низ ҷонибдорӣ накарданд. Ҳамчунин лоиҳаи қонуни дигари пешниҳодии Зеленский, ки барои дороии ғайриқонунии мансабдорон ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мекард, баррасӣ нашуд.

Президенти нави Украина пас аз адои савганд порлумонро пароканда эълом кард. Вале ҳайати кунунии он то интихоботи пеш аз муҳлат амал хоҳанд кард. Интихоботи нави порлумонии Украина 21 июл эълом шуд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Сармояҳои барбодрафта? Шикваи онҳое, ки аз "Нури Раҳмон" хона мехостанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00
XS
SM
MD
LG