Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Роза Отунбоева ҳаводиси атрофи Отамбоевро шарҳ дод

Президенти пешини Қирғизистон Роза Отунбоева ҳаводиси атрофи Алмосбек Отамбоев ва бекорсозии дахлнопазирии ӯро шарҳ дод.

Отунбоева рӯзи 1-уми июл гуфт, онҳое, ки аз бекорсозии дахлнопазирӣ ва мақоми президентии пешини Отамбоев ба тааҷҷуб омадаанд, фаромӯш сохтаанд, ки "чи гуна ба таври содаву осон дахлнопазирии вакилӣ сарфи назар шуда буд, чи гуна вакилонро дар содир кардани ҷиноятҳои сангин айбдор сохтанд ва бидуни ризоияти порлумон ҳабс намуданд".

"Тақрибан ҳамаи талабҳо дар мавриди пароканда намудани порлумон ба он хотир садо медоданд, ки миёни шохаи қонунгузорро шикананд ва онро мутеи президент гардонанд. Ҳамаи ин ба тарсу шудани порлумон оварда расонад",-гуфт Отунбоева.

Отунбоева ҳамзамон аз он изҳори таассуф кард, ки додситонии кул "ҳанӯз" таъқибҳо ва фишорҳои замони президентии Отамбоевро тафтишу тасдиқ накардааст.

Порлумони он кишвар рӯзи 27 июн Алмосбек Отамбоевро аз мақоми президентии пешин маҳрум кард. Ин тасмим ба мақомоти қудратӣ иҷозат медиҳад, ки Отамбоевро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд. Алмосбек Отамбоев бовар дорад, ҳукумати кунунии кишвараш ба ин тартиб мехоҳад, рақиби сиёсиашро аз байн барад.

Дар Қазоқистон гӯшт камёфту гарон шуд

Дар Қазоқистон қимати гӯшт гарон шуд. Фурӯшандагон мегӯянд, гароншавии гӯшт ба боло рафтани қимати сӯзишворӣ ва хӯроки чорво рабт дорад. Ба иттилои расмӣ, Қазоқистон содироти гӯшти гову гӯсфанд ва хукро зиёд кардааст.

Муштариҳои молбозори деҳаи Жетигени вилояти Алмато мегӯянд, қимати як гӯсфанди дусола ба 130-145 доллар расидааст. Қимати гов ҳам соли ҷорӣ дар Қазоқистон боло рафт. Ба гуфтаи муштариҳо, як гови яксола ба ҳисоби миёна 523 доллар арзиш дорад.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар ҳамин фасл як гӯсфанд ба ҳисоби миёна 80 доллар қимат дошт.

Як кило гӯшти гов айни ҳол дар бозорҳои Қазоқистон 4-5 доллар, гӯшти асп 6-8 доллар, гӯшти гӯсфанд 5 доллар қимат дорад.

Вазорати кишоварзии Қазоқистон хабар медиҳад, ки соли 2018 дар ин кишвар бештар аз 1 миллион тонна гӯшт истеҳсол шудааст.

Расонаҳо: маргу мири одамон ҳангоми селфигирӣ афзудааст

Нашрияи фаронсавии Le Figaro хабар медиҳад, ки дар саросари ҷаҳон ҳолатҳои марги одамон ҳангоми гирифтани селфӣ бештар шудааст. Дар робита ба ин бархе кишварҳо тасмим гирифтаанд, қоидаҳои мушаххасеро ҷорӣ кунанд.

Барои мисол дар Ҳиндустон "минтақаҳои махсус барои селфӣ" ҷудо шудааст. Пулиси Русия миёни сокинон "Қоидаҳои селфигирии бехатар"-ро таблиғ мекунад. Пулис ҳамзамон огоҳ месозад, ки "ҳаёти инсон аз селфии хуб боқадртар аст". Соли 2019 дар ИМА 41 одам ҳангоми гирифтани селфӣ фавтиданд. Аксари онҳо касоне буданд, ки талош доштанд, дар Канюни Бузург селфӣ гиранд.

Сокинони Бразилия, Олмон, Ветнам бештар ҳангоми селфигирӣ дар дохили мошин ё мототсикл кушта шудаанд. Ҳамчунин шумори марги касоне зиёд шудааст, ки мехоҳанд, дар баландошёнаҳо ё куҳҳо селфӣ гиранд. Аз соли 2011 то 2017 дар саросари ҷаҳон 259 одам ҳангоми гирифтани селфӣ фавтидаанд.

Таърифи матбуоти Куриёи Шимолӣ аз мулоқоти Трампу Ким

Хабаргузории давлатии Куриёи Шимолӣ мулоқоти Ким Ҷонг Ун, раҳбари кишвар ва Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро “таърихӣ” ва “шигифтангез” номидааст. Дар гузориши КСНА аз субҳи 1-уми июл омадааст, ду раҳбар ба созиш расиданд, ки “муколамаи босамар дар бораи орӣ аз силоҳи атомӣ кардани нимҷазираи Куриёро аз сар бигиранду пеш баранд.”

Трамп ва Ким рӯзи 30-уми июн дар Минтақаи ҳоили ғайринизомӣ, ки ду Куриёро аз ҳам ҷудо мекунад, вохӯрданд. Онҳо ба ҳам даст доданд ва Доналд Трамп ба хоки Куриёи Шимолӣ ниҳод ва сипас ҳарду ба Куриёи Ҷанубӣ барои мулоқот баргаштанд. Ким Ҷонг Ун гуфт, қадам ниҳодани Трамп ба хоки Куриёи Шимолӣ, “амали далерона ва собитқадамона” аст, ки нишон медиҳад, “мо мехоҳем, гузаштаи нороҳаткунандаро хотима диҳем”.

Баъди 50 дақиқаи гуфтӯгу паси дарҳои баста бо Ким, Доналд Трамп гуфт, ки ду тараф дастур додаанд, ки ҳайатҳои Амрикову Куриёи Шимолӣ музокироти шахшудаи атомиро аз сар бигиранд. Ӯ афзуд, ки ба Ким Ҷонг Ун пешниҳод кардааст, ки ба Амрико сафар анҷом диҳад.

Расонаҳо: Исроил аз Лубнон Сурияро мушакборон кард

Расонаҳои расмии Сурия хабар доданд, ки нирӯҳои ҳавоии Исроил субҳи 1 июл мавзеъҳои артиши ин кишварро дар наздикии шаҳри Димишқ ва вилояти Ҳумс ҳадафи мушак қарор доданд.

Хабаргузории расмии SANA-и Сурия бо истинод ба як манбаи худ дар мақомоти низомии ин кишвар иттилоъ дод, ки мушакҳоро ҳавопаймоҳои Исроил аз ҳарими ҳавоии Лубнон партоб карданд.

Манбаъ дертар хабар дод, ки дар натиҷаи партоби мушакҳо дар наздикии Димишқ 4 сокини осоишта ҷон бохта, 21 тани дигар захмӣ шуданд. Намояндагони низомии Исроил субҳи 1 июл аз шарҳи хабари расонаҳои Сурия дар робита ба партоби мушакҳо худдорӣ карданд.

Дар Қирғизистон суръати ҳаракат дар роҳҳоро боло мебаранд

Вазорати умури дохилии Қирғизистон пешниҳод дорад, ки суръати ҳаракат дар баъзе аз роҳҳои байналмилалии ин кишвар то ба 110 километр дар 1 соат боло бурда шавад. Ба гуфтаи масъулони вазорат, боло бурдани суръати ҳаракат ба пешгирӣ аз тамбашавӣ дар роҳҳо мусоидат хоҳад кард.

ВУД мегӯяд, парки воситаҳои нақлиёти Қирғизистон солҳои охир бо мошинҳои баландсуръате пур мешавад, ки ба меъёрҳои замонавии бехатарӣ ҷавобгӯ ҳастанд. Бино ба пешниҳоди вазорат, суръат дар минтақаҳое боло бурда хоҳад шуд, ки шароити таъмини бехатарии ҳаракат дар он ҷойҳо таъмин аст.

Дар ҳоли ҳозир дар роҳҳои Қирғизистон барои ҳаракат бо суръати то 90 километр дар як соат иҷозат дода шудааст.

Дар Самарқанд бидуни хулосаи ЮНЕСКО сохтмон манъ шуд

Намояндагони ҳаракати умумимиллии "Юксалиш"-и Узбекистон баъди хабари эҳтимоли хориҷ кардани шаҳри Самарқанд аз Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО, аз шаҳр боздид карда, хостанд, бидуни хулосаи созмон дигар ҳеч гуна корҳои сохтмоние анҷом дод нашавад.

Охирҳои моҳи июни соли равон маълум шуд, ки дар ЮНЕСКО тасмим доранд, Самарқандро ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кунанд.

Дар баёнияи ЮНЕСКО гуфта шуда буд, ки бунёди хона, меҳмонсарой ва иншооти нави дигар ба биноҳои таърихии шаҳри Самарқанд, ки арзиши фарҳангӣ доранд, осеб мерасонад.

Дар пайи ин хабар намояндагони "Юксалиш" 28 июн аз Самарқанд боздид карда, гуфтанд, мақомот ҳақ надоранд, бидуни хулосаи ЮНЕСКО дар қисматҳои таърихии шаҳр корҳои сохтмонӣ анҷом диҳанд.

Пештар хабар дода шуд, ки коршиносони Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аз нақшаи бунёди як қатор меҳмонсарову иншооти нав дар шаҳри Самарқанд барои саммити Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар соли 2022 сахт нигаронанд.

Захмӣ шудани даҳҳо тан дар таркиши Кобул

Тибқи гузоришҳо, субҳи 1-уми июл таркиши сахте пойтахти Афғонистон шаҳри Кобулро ларзонд. Дар пайи ин таркиш, миёни ҳамлаварон ва нерӯҳои амниятии афғон даргириҳо сурат гирифтааст.

Нусрат Раҳимӣ, суханӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтааст, ки таркиш дар минтақаи Пули Маҳмудхон сурат гирифтааст. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати тандурустии Афғонистон, то ба ҳол 38 захмӣ ба ин бемористонҳо интиқол дода шуда ва имкон дорад, ки мошинҳои "Ёрии таъҷилӣ" маҷрӯҳони бештарро ба шифохонаҳо интиқол диҳанд. Як корманди бахши имдодӣ гуфтааст, ки шумораи маҷрӯҳон ба 50 нафар мерасад.

Муҳаммад Карим, як масъули пулис мегӯяд, мошини бамбгузоришуда дар берун аз бинои вазорати дифоъ ва қабл аз он, ки ҳамлаварон дохили бино шаванд ва ба тирандозӣ оғоз кунанд, мунфаҷир шуд. Пулис мегӯяд, ки нерӯҳои вижаи пулис маҳали ҳодисаро иҳота кардаанд. То ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Дар гузашта Толибон ва "Давлати исломӣ" масъулияти чандин ҳамлаҳои маргбор дар пойтахти Афғонистонро ба дӯш гирифта буданд.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки аз ду рӯз ба ин тараф дар Давҳа -- пойтахти Қатар, даври ҳафтуми музокирот миёни Амрико ва гурӯҳи Толибон барои поён додани ҷанг дар Афғонистон идома дорад.

Песков: суҳбати Мэй бо Путин дар бораи Скрипалҳо "тунд" буд

Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков мегӯяд, суҳбати сарвазири Бритониё Тереза Мэй бо президент Владимир Путин дар робита ба қазияи заҳролудшавии афсари пешини рус Сергей Скрипал "хеле тунд" буд.

Сухангӯи президентии Русия аз ироаи ҷузъиёти дигари суҳбати Путин бо Мэй худдорӣ кард. Вай танҳо гуфт, ҷониби Бритониё то ҳол ягон далелеро пешниҳод накардааст, ки айбдор будани Русияро дар қазияи заҳролудшавии Скрипал исбот кунад.

Мулоқоти Мэй ва Путин дар саммити "Бистгонаи бузург" дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор шуд. Як бахши ин мулоқот, ки ба қазияи афсари пешини рус бахшида шуда буд, пушти дарҳои баста баргузор гашт.

Русия даст доштани худро дар қазияи мазкур рад мекунад.

Президенти Русия 28 июн дар суҳбат бо нашрияи Financial Times гуфт, "бузургтарин ҷиноят дар рӯи замин хиёнат аст". Путин гуфт, ба назари ӯ, хиёнаткоронро набояд тавре ҷазо дод, ки дар шаҳри Солсберӣ рух дод, вале онҳо дар ҳар сурат бояд муҷозот шаванд.

Сергей Скрипал ва духтараш Юлия моҳи марти соли 2018 заҳролуд шуда буданд. Ба иттилои мақомоти Бритониё, ду ҷосуси Русия бо ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ вориди Бритониё шуда, дар дастаи дари хонаи Скрипалҳо заҳр молидаанд.

Дидори Раҳмон бо Путин ва Лукашенко дар Минск

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 30 июн дар мулоқоти ғайрирасмии ҳамтоёни беларус ва руси худ Аляксандр Лукашенко ва Владимир Путин ширкат кард. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, гуфт, сарони Русия ва Беларус масъалаҳои равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд. Ба навиштаи РИА Новости дертар ба ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ шуд.

Расонаҳои дигари Русия ва ҳам Беларус ин мулоқотро асосан бо зикри номҳои Путин ва Лукашенко зикр намуда, хабаргузории беларусси Белсат омадани Путинро "даъвати шахсии Лукашенко" ва ҳадафи онро ширкат дар расми поёни Бозиҳои дувуми аврупоӣ номид. Шабакаи "Спутник" изофа кард, ки дидори Путин ва Лукашенко дар зери айвоне ҷараён ёфт, ки президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Лукашенко ҳадя кардааст.

Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ дар Беларус ба сар мебурд. Гуфта шуд, ҳарсе раҳбар бо изофаи президенти Арманистон дар расми поёни бозиҳо ширкат доштанд.

Бино бар хабари сомонаи президенти Тоҷикистон дар дидори сеҷониба "масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар ҷаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалии ИДМ, СААД ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор дода шуд."

Обхезии фалокатбор дар ҷануби Сибир дар Русия

Минтақаи осебдида дар вилояти Иркутск

Мақомоти Русия гуфтанд, талафот аз обхезии фалокатбор дар ҷануби Сибир афзуда ва ба 5 нафар расидааст. Садҳо тани дигар осеб дидаанд. Вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия рӯзи 29-уми июн гуфт, дар натиҷаи обхезӣ, ки садҳо хонаро дар вилояти Иркутск зери об кард, 350 нафар захм бардоштаанд ва 100 нафар дар шифохона муолиҷа мегиранд.

Ба гуфтаи вазорат, як ҳавопаймои Ил-72 бо маводи лозим барои эҳтиёҷмандон ба минтақа расидааст. Хабаргузории давлатии “ТАСС” навишт, ки сел ба 4 ҳазор бинои истиқоматӣ, 29 роҳу пул ва 27 шаҳру деҳот дар шаҳри Братск зарар расонидааст. Фалокати табиӣ дар ғарби Кӯли Байкал рух дод ва мақомот мегӯянд, обхезиҳои дигар дар пешанд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия барои ошноӣ бо вазъ ба шаҳри Братск рафтааст.

"Сомон Эйр" аз иҷораи "Боинг 737 МАХ” даст кашидааст

Вебсайти маҷаллаи мӯътабари “Форбс” хабар додааст, ки ширкати “Сомон Эйр” аз иҷораи ҳавопаймои “Боинг 737 МАХ” даст кашида ва гуфтааст, ки сабаб нобоварӣ ба ҳавопаймо ва номуаянӣ дар замони баргашти он ба парвоз аст. Дар хабари маҷалла аз рӯзи 28-уми июн омадааст, ки қарор буд, то охири имсол “Сомон Эйр” як ҳавопаймои “Боинг 737 МАХ” -ро аз ширкати Air Lease Corporation ба иҷора бигирад.

Маҷалла аз қавли Томас Ҳаллам, мудири иҷроияи “Сомон Эйр” навиштааст, “Қарори иҷора муттавақиф шуд.” Ба гуфтаи Томас Ҳаллам, тасмим дар бораи иҷораро шӯрои мудирони ширкат гирифтааст, чун “онҳо дар бораи МАХ чизҳои манфӣ мешунаванд.” Суқути ду ҳавопаймои “Боинг 737 МАХ” дар Индонезия ва Эфиопия ба далели нуқс дар як нармафзори он сабаби марги 346 нафар шуд.

Парвози ин ҳавопайморо дар саросари ҷаҳон боздоштанд ва маълум нест, ки он кай дигарбора ба фазо бармегардад. Маҷаллаи “Форбс” навиштааст, ки даст кашидани “Сомон Эйр” аз иҷора нишондиҳандаи коҳиши боварӣ ба ин ҳавопаймо аст. “Сомон Эйр” як ширкати хусусӣ ба ҳисоб меравад, вале ба навиштаи “Форбс” ба ҳукумат иртиботи наздик дорад. Ҳоло ин ширкат 6 ҳавопаймои “Боинг” дорад.

ОПЕК+ коҳиши содироти нафтро баррасӣ мекунад

Акс аз бойгонӣ

Раҳбарони Русия ва Арабистони Саудӣ гуфтанд, ки гурӯҳи ОПЕК ва дигар тавлидкунандагони азими нафт мувофиқат кардаанд, ки қарори содироти тавлиди нафт барои боло бурдани қимати он дар бозорҳои ҷаҳонӣ тамдид карда шавад. Владимир Путин рӯзи 28-уми июн дар шаҳри Осака дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Гурӯҳи 20 дар гуфт, ки Русияву Арабистони Саудӣ тарафдори тамдид ҳастанд ва афзуд: “Бояд тасмим бигирем, ки 6 моҳ бошад, ё 9 моҳ. Шояд 9 моҳ шавад.”

Путин дар ин бора баъди мулоқот бо Муҳаммад Бин Салмон, валиаҳди шоҳи Арабистони Саудӣ сӯҳбат кард. Холид ал Фолиҳ, вазири энержии Саудӣ гуфт, ғолибан қарор барои 9 моҳи дигар тамдид мешавад, вале содироти нафт аз ҳаҷми муқарраршуда коҳиш нахоҳад ёфт.

Созмони ОПЕК, кишварҳои асосии тавлидкунандаи нафт, Русия ва дигар кишварҳои нафтхез гурӯҳеро бо номи ОПЕК+ таъсис доданд, то ки қимати нафтро дар бозорҳои ҷаҳонӣ ҳангоми бисёр паст шуданаш боло баранд ва ё баръакс ҳангоми боло рафтанаш бо арзаи зиёд ба бозор қимати онро поин биёранд. Муҳлати қарори пешин дар бораи то 1 миллиону 200 ҳазор бӯшка кам кардани содирот рӯзи 30-уми июн ба поён расид. Қарори навро рӯзҳои 1-ум ва 2-уми июл дар Вена баррасӣ мекунанд.

Даври нави гуфтӯгу бо Толибон дар Қатар оғоз шуд

Ҳайатҳо дар гуфтугӯҳои моҳи март

Даври нави гуфтугӯҳо миёни Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон ва намояндагони Толибон дар Қатар оғоз шудааст. Забеҳулло Муҷоҳид - сухангӯи Толибон, рӯзи 29-уми июн дар Твиттер навишт, “даври нӯҳуми музокирот байни намояндагони Амрико ва гурӯҳи музокиротии Аморати Исломӣ дар Доҳа шурӯъ шуд.”

Забеҳулло Муҷоҳид ба хабаргузории “Ассосиейтед Пресс” гуфтааст, тибқи барнома гуфтӯгу бояд субҳ оғоз меёфт, вале нисфирӯзӣ сар шуд. Толибон дар Қатар намояндагӣ доранд. Гуфтугӯҳо дар рӯзе оғоз ёфт, ки Толибон бо ҳамла ба гурӯҳҳои мусаллаҳи тарафдори давлат дар шимоли Афғонистон 26 нафарро куштанд. Ҷангҷӯёни Толиб ба гуфтаи сухангӯи гурӯҳ ба чанд посгоҳи амниятӣ дар ноҳияи Наҳрин дар Вилояти Бағлон ҳамла карданд ва 28 нафарро куштанду 12 тани дигарро маҷрӯҳ карданд. Сухангӯи ҳукумати вилояти Бағлон гуфт, ки 26 нафар талаф ёфтаанд.

Ҳайати Толибонро дар гуфтӯгуҳои Доҳа Мулло Абдулғанӣ Бародар, яке аз муассисони гурӯҳ раҳбарӣ мекунад. Интизор меравад, дар гуфтугӯҳо дар Доҳа, масъалаи ҷадвали замонии хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон баррасӣ шавад. Масъалаи дигар ин аст, ки Толибон бояд замонат бидиҳанд, ки ҳеҷ ҳамлаеро дар дохили кишвар тарҳрезӣ намекунанд. Толибон, ки соли 2001 дар амалиёти ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон сарнагун шуданд, қаламравҳои васеъро ҳанӯз ҳам зери назорат доранд. Онҳо ҳукумати Афғонистонро дастнишондаи Ғарб номида аз музокироти мустақим бо он сарпечӣ кардаанд.

Доналд Трамп ва Ким Ҷон Ун ба ҳам даст доданд

Доналд Трамп бо раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ дар Сеул дар рӯзи 30-уми июн.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, бо Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ дар Минтақаи ҳоили ғайринизомӣ дар байни ду Куриё даст дод ва қарор аст бо ҳам гуфтӯгу кунанд. Пеш аз парвозаш ба инҷо дар чархбол аз шаҳри Сеул пойтахти Куриёи Ҷанубӣ ӯ ба хабарнигорон гуфт, ки мунтазири дидор бо Ким Ҷонг Ун аст, «то ба ӯ даст дода, салом гӯяд.» Мулоқот рӯзи 30-уми июн сурат мегирад. Мун Ҷае-ин раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ гуфт, ки Трамп ва Ким ба ҳам «дасти сулҳ медиҳанд.»

Ду раҳбар дар гузашта ду бор дар бораи даст кашидани Куриёи Шимолӣ аз силоҳҳои атомӣ гуфтӯгу кардаанд. Ҳарчанд Доналд Трамп ва Ким Ҷонг Ун баъди ин мулоқотҳо ҳамдигарро ситоиш кардаанд, вале дар масъалаи орӣ кардани нимҷазираи Куриё аз силоҳи атомӣ пешрафти ночизе ҳосил шудааст.

Доналд Трамп баъди ширкат дар нишасти сарони кишварҳо Гурӯҳи 20 дар шаҳри Токио дар Ҷопон рӯзи 29-уми июн ба Сеул омад ва баъди мулоқот бо раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ гуфт, ки мехоҳад, бо Ким Ҷонг Ун дар Минтақаи ҳоили ғайринизомӣ гуфтӯгу кунад. Пхенян гуфт, ин як пешниҳоди «аҷиб» аст.

Беларус ба Тоҷикистон мусофирбари барқӣ ва трактор мефиристад

Қарор аст, Беларус ба Тоҷикистон 150 мусофирбари барқӣ ва ҳазор трактор фиристад. Дар ин бора телевизиони давлатии Беларус рӯзи 29-уми июн бо такя ба мақомоти он кишвар хабар дод. Онҳо гуфтаанд, дар ин замина тавофуқ ҳосил шудааст. Хадамоти матбуоти Тоҷикистон дар бораи овардани мусофирбари барқӣ ва тракторҳо чизе нагуфтааст, вале хабар дод, ки президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми июн аз корхонаи истеҳсоли трактор дидан кард. Мақомоти Беларус гуфтаанд, ҳоло дар Тоҷикистон сохтмони роҳҳову лӯлаи газ ҷараён дорад ва хоҷагии қишлоқ рушд мекунад ва талабот дар ин кишвар ба техникаи Беларус хеле зиёд аст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн бо сафари давлатӣ ба Беларус рафт. Интизор меравад, ӯ рӯзи 30-юми июн дар маросими ҷамъбасти Бозиҳои дуюми аврупоӣ дар варзишгоҳи “Динамо”-и Минск иштирок кунад. Тоҷикистону Беларус кишварҳои ҳамкор дар бахши сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёбанд. Рӯзи 28-уми июн ду кишвар созишномаи шарикии стратегиро низ имзо карданд. Лукашенко онро “шартномаи таърихие монанди парвоз ба кайҳон” номидааст. Бо ин ки Минск ва Душанбе шарикони сиёсӣ ҳастанд, на дар ҳама бахшҳо Беларус дархостҳои Тоҷикистонро иҷро кардааст. Аз ҷумла, дар чаҳор-панҷ соли гузашта чанд дархости Душанбе барои боздошт ва истирдоди дигарандешону мухолифон аз ҷониби Беларус иҷро нашуд. Мунтақидони ҳукумат бо ёрии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ тавонистанд, аз боздоштгоҳҳои Беларус озод шуда, ба кишварҳои дигар паноҳ баранд.

Сел дар Иркутск. Се нафар ҷон бохт, садҳо тани дигар осеб дид. Видео

Дар натиҷаи омадани сел ва зери об мондани хонаҳо дар вилояти Иркутски Русия се нафар ҷон бохтааст. Мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Русия рӯзи 29-уми июн гуфтанд, ки дар ин ҳодиса беш аз 350 нафар, аз ҷумла 33 кӯдак осеб дидаанд. Тақрибан сад нафар дар бемористон бистарӣ карда шудаанд. ҳанӯз амалиёти наҷот дар вилояти Иркутск идома дорад.

Раҳбари маҳаллии як ҳизби зидди Толибонро куштаанд

Сартоҷ Хон

Раҳбари маҳаллии ҳизби миллии авомии Покистон, як ҳизби секуляр ё дунявӣ, рӯзи 29-уми июн дар Пешовар кушта шуд.

Ду шӯришии савори мототсикл ба Сартоҷ Хон замоне ҳамла карданд, ки ӯ дар мошинаш нишаста буд. Ҳамла дар минтақаи Гулбаҳор сурат гирифтааст.

Хон яке аз чеҳраҳои муҳиму калидӣ алайҳи Толибон буд. Ҳизби ӯ аз амалиёти низомии зидди шӯришиён дар водии Свот ва минтақаҳои назди марзи Афғонистон пуштибонӣ мекунад.

То кунун масъулияти ҳамларо касе ё гуруҳе ба дӯш нагирифтааст. Аммо аъзои ҳизби миллии авомии Покистон мегӯянд, солҳои охир бештар ҳадафи “Таҳрики Толибони Покистон” қарор гирифтаанд. Ин ҳизб мегӯяд, аз соли 2007 то кунун "садҳо" раҳбарону фаъолонаш кушта шудаанд.

Трамп раҳбари Куриёи Шимолиро барои "салом" гуфтан ба DMZ хонд

Раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ун

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, Ким Чен Ун, раҳбари Куриёи Шимолиро барои мулоқот дар минтақаи ғайринизомӣ (DMZ) даъват кардааст.

Ин минтақа дар нимҷазираи Куриё ҷойгир аст ва Куриёи Шимоливу Куриёи Ҷанубиро аз якдигар ҷудо мекунад.

Трамп дар нишасти сарони кишварҳои "Гурӯҳи 20" дар шаҳри Осакаи Ҷопон иштирок кард. Ӯ рӯзи 29-уми июн дар Твиттер навишт, "пас аз мулоқоти бисёр муҳим" Ҷопонро барои дидор бо раиси ҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ тарк хоҳад кард.

Вай афзудааст, агар Ким Чен Ун ин навиштаи ӯро мебинад, омодааст дар ҷараёни сафараш дар минтақаи марзии DMZ бо раҳбари Куриёи Шимолӣ даст фишорад ва салом гӯяд.

Трамп ва Ким пеш аз ин ду дафъа бо ҳам вохӯрдаанд.

Иёлоти Муттаҳида талош дорад, то раҳбари Куриёи Шимолро ташвиқ кунад, ки аз барномаи силоҳи ҳастаии худ даст кашад.

Дидори раҳбарони Амрико ва Чин дар замони “ҷанги тиҷоратӣ”

Расонаҳои давлатии Чин хабар доданд, ки президенти Амрико Доналд Трамп ва раиси ҷумҳури Чин Сӣ Ҷинпинг тавофуқ кардаанд, пас аз мулоқот дар Ҷопон музокироти тиҷоратиро аз сар мегиранд.

Хабаргузории расмии “Синҳуа” рӯзи 29-уми июн навишт, Вашингтон зидди колоҳои Чин таърифаҳои нав ҷорӣ намекунад, он тавре ки Трамп пеш аз мулоқот таҳдид карда буд.

Трамп билофосила бардоштани таърифаҳои навро тасдиқ накард, аммо гуфт, “мо бо раиси ҷумҳур Сӣ Ҷинпинг мулоқоти хубе доштем. Ман онро аъло мегуфтам.”

“Мо дар роҳи дуруст ҳастем”, --- гуфт ӯ ва афзуд, ду тараф ба зудӣ изҳороти расмии худро эълон мекунанд.

Мулоқоти раҳбарони Амрикову Чин дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои “Гурӯҳи 20” дар шаҳри Осакаи Ҷопон рӯзи 29-уми июн баргузор шуд. Доналд Трамп дар оғози суҳбат гуфт, барои муомилаи “таърихӣ”-и тиҷоратӣ бо Чин боз аст. Дар замоне ки Ҷинпинг ба президенти Амрико гуфт, “гуфтугӯ” беҳтар аз “рӯёрӯӣ” аст.

Сӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, як рӯз пеш аз мулоқот бо Трамп дар Ҷопон гуфт:

“Дар ҳоли ҳозир бо шароити бисёр душвор ва ногувор дар ҷаҳон рӯбарӯ ҳастем. Ҳарчанд шоҳиди рушди иқтисод дар ҷаҳон мебошем, ҳамзамон шоҳиди рушди бесуботӣ ва нобоварӣ ҳастем. Хатари асосӣ ин аст, ки баъзе аз кишварҳои рушдёфта бо иқдоми якҷониба ва ҳимоят аз истеҳсоли дохилӣ боиси аз байн бурдани назми тиҷорати ҷаҳонӣ ва занҷираи истеҳсолот мешаванд. Ин ҳамчунин ба манфиати муштараки кишварҳои мо таъсир гузошта, сулҳу суботро дар саросари ҷаҳон зери соя меандозад."

То оғози мулоқот Трамп ба гуфтугӯи “пурҳосил” умедвор буд, вале исрор мекард, ки агар дар ҳалли баҳси тиҷоратии ду кишвар пешрафте ба даст наояд, ба афзоиши таърифаҳо ба молу маҳсулоти воридотии Чин идома хоҳад дод.

Даври нави гуфтушунид бо Толибон дар Қатар шуруъ шуд

Залмай Халилзод, намояндаи хоси Амрико барои сулҳи Афғонистон, даври нави гуфтугӯ бо Толибонро дар Доҳа, пойтахти Қатар, оғоз кард. Вашингтон талош дорад, ҳарчи зудтар ба низои 18-сола дар ин кишвари ҷангзада поён бахшад.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Доҳа, ба хабаргузории "Ассошиайтед Пресс" гуфтааст, музокирот субҳи 29-уми июн оғоз шуд. Интизор меравад, дар музокирот ба сари эҷоди як ҷадвали замонӣ барои хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон тамаркуз кунанд. Ҳамчунин, дар ин ҷаласа кафолати Толибон дар бораи анҷом надодани ҳамлаҳо баррасӣ хоҳад шуд.

Залмай Халилзод то кунун бо Толибон дар Доҳа шаш даври гуфтугӯро баргузор кардааст. Нишасти Доҳа ду рӯз баъди он баргузор мешавад, ки раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Покистон рафт, то аз кумаки Исломобод барои ба сари мизи гуфтушунид овардани Толибон баҳравар шавад.

Покистон ба музокироти ҳозираи сулҳ байни Вашингтону Толибон мусоидат кардааст. Вале Толибон музокироти мустақим бо намояндагони Кобулро рад кардаанд, чун онҳоро "дастнишонда"-и Амрико меноманд.

То 44 дараҷа. Ҳушдор аз гармои шадид дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон аз эҳтимоли ба шиддат гарм шудани ҳаво дар се рӯзи аввали моҳи июл хабар додаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, дар баъзе аз минтақаҳои кишвар гармии ҳаво то 44 дараҷа мерасад.

“Эҳтимоли омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг зиёд аст”, - гуфтанд дар ин ниҳод. Гармои шадид дар баландкӯҳҳо сабаби об шудани пиряхҳо, барф ва боло рафтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо мешавад.

Бархе аз сокинон мегӯянд, гармои шадид гирифторони бемории дилу фишорбаландиро азият медиҳад. Дар ҳоле ки сокинон мегӯянд, дар ин рӯзҳо бояд ба лаби ҳавзу дарёҳо бираванд, мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтаанд, “сокинон хеле эҳтиёткор бошанд, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ, ҳамчунин ҳузур дар назди дарёву дигар манбаъҳои об.”

Дар солҳои гузашта низ гармои шадид дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Мақомот соли 2015 чунин гарморо “арабӣ” ва дар солҳои баъдӣ расида аз Эрон хондаанд.

Тереза Мэй ба Путин гуфт, ки кай робитаҳо беҳтар мешавад

Тереза Мэй, нахуствазири Бритониё, ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, равобити кишварҳояшон замоне беҳбуд хоҳад ёфт, ки Маскав ба равиши, ба қавли ӯ, таҳдидкунанда ба амнияти байналмилалиро поён диҳад. Ин нуктаро сухангӯи Мэй эълон кард.

Нахуствазири Бритониё ва раиси ҷумҳури Русия рӯзи 28-уми июн дар ҳошияи нишасти сарони “Гурӯҳи 20” дар шаҳри Осакаи Ҷопон дидор карданд.

Тереза Мэй дар айни ҳол ба Владимир Путин гуфтааст, ду афсари истихбороти низомии Русияро ба онҳо таслим кунад. Бритониё ин афсаронро ба заҳролуд кардани як ҷосуси пешини рус ва духтараш муттаҳам медонанд.

Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар моҳи марти соли гузашта дар як боғ дар шаҳри Солсберии Бритониё дар ҳоли беҳушӣ ёфт шуданд. Сипас маълум шуд, ки онҳо ба воситаи як моддаи кимиёвии фалаҷкунандаи асаб, маъруф бо номи “Новичок”, заҳролуд шудаанд. Ин маводро Шӯравии собиқ истеҳсол кардааст.

Ҳук: Таҳримҳо ба Эрон ҳақ намедиҳанд, ки ӯҳдадории худро поймол кунад

Брайан Ҳук

Як мақоми баландпояи амрикоӣ гуфт, фишори иқтисодӣ ба Теҳрон таъсир мекунад, аммо афзуд, "таҳримҳо ба Эрон ҳақ намедиҳанд, ки ӯҳдадориҳои ҳастаии худро поймол кунад".

Дидгоҳи намояндаи вижаи Амрико оид ба Эрон Брайан Ҳук рӯзи 27-уми июн вобаста ба он садо дод, ки сарпарасти Пентагон Марк Эспер дар Брюссел бо вазирони дифои НАТО вохӯрд, то пуштибонии ҳампаймонони аврупоии худро барои амалҳои Амрико ба зидди Эрон ба даст орад.

Ҳук барои дидор бо дипломатҳои баландпояи Фаронса, Британия ва Олмон ба Париж рафт, дар ҳоле ки кишварҳои аврупоӣ талош доранд созишномаи ҳастаии соли 2015-ро наҷот диҳанд. Ин созиш барномаҳои ҳастаии Теҳронро коҳиш додааст.

Кишварҳои аврупоие, ки созишномаро имзо кардаанд мехоҳанд, аз афзоиши шиддати вазъ миёни Амрико ва Эрон пешгирӣ кунанд. Онҳо кӯшиш доранд, Теҳронро бовар кунонад, ки аз созиш хориҷ нашавад.

Доналд Трамп, президенти Амрико, соли гузашта аз созиш баромад. Ҳук ва дигар мақомҳои Иёлоти Муттаҳида кӯшиш доранд ҳампаймони худро бовар кунонад, ки таҳримҳои зараровар беҳтарин роҳ барои бозгашти Эрон ба сари мизи гуфтушунид аст.

Эрон гуфтааст, ки барнома дорад ба пеш равад ва ғанисозии уранро афзоиш диҳад. Ин қадамест, ки ба вайрон кардани созиши ҳастаӣ имкон медиҳад.

Брайан Ҳук дар мусоҳибае ба “Рейтерз” гуфт, агар Эрон ин корро анҷом диҳад, паёмадҳое хоҳад дошт.

Лукашенко хостори мулоқоти сеҷониба бо Раҳмон ва Путин шуд

Президенти Беларус Александр Лукашенко рӯзи 28 июн дар мулоқот бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки бо ширкати раҳбари Русия Владимир Путин дар Минск мулоқоти сеҷониба барпо кунанд. Расонаҳои давлатии Беларус ба нақли қавл аз Лукашенко навиштанд, ки қарор аст рӯзи 30 июн маросими ҷамъбасти Бозиҳои дуюми аврупоӣ баргузор шаванд ва барои тамошои он дар варзишгоҳи “Динамо”-и Минск президенти Русия Владимир Путин ҳам даъват шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 27 июн ба ин сӯ дар Минск бо як сафари давлатӣ қарор дорад, як тамошобини дигари ин бозиҳо мешавад. Лукашенко гуфт: “Барои баррасӣ масоили зиёде ҳаст. Фикр мекунам, ба ин музокираҳо Владимир Путинро ҳам ҷалб кунем, мешавад... Масоиле марбут ба ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СНГ ва СПАД вуҷуд дорад. Ба фикрам, шумо зид нестед”, гуфт раҳбари Беларус.

Тоҷикистону Беларус шарикони стратегӣ шуданд

Тоҷикистону Беларус кишварҳои ҳамкор дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёбанд. Вебсайти президенти Тоҷикистон рӯзи 28 июн дар бораи имзо шудани даҳ санади ҳамкорӣ, аз ҷумла, шартнома оид ба шарикии стратегӣ хабар дод. Ба иттилои Бахши беларусии Радиои Озодӣ, пас аз имзо шудани ин қарордод Лукашенко онро "шартномаи таърихие монанди парвоз ба кайҳон" номидааст.

Дар миёни дигар санадҳои имзошуда – созишномаҳои ҳамкорӣ дар миёни прокуратураҳои генералӣ, вазоратҳои маориф ва “Амонатбонк”-и Тоҷикистон ва “Белорусбанк” номбар шудаанд. Ба иттилои расмӣ, мизони додугирифти мол дар миёни ду кишвар дар 9 моҳи соли 2018 - 30,8 миллион долларро ташкил дод, ки 95 дарсади ин ҳамкориҳо марбут ба Беларус аст. Аз ин ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон трактор, шакар, яхдон, мебел, мошинҳои борбар, доруворӣ ва дигар молу маҳсулот меравад. Аз Тоҷикистон ба Беларус умдатан пахта, меваи хушк ва чормағз содир мешавад. Вале бо ин вуҷуд, дар панҷ соли охир ягон тарҳи муваффақи иқтисодии дуҷониба ном набаровардааст.

Бо ин ки Минску Душанбе шарикони сиёсӣ ҳастанд, на дар ҳама бахшҳо Беларус дархостҳои Тоҷикистонро бечунучаро иҷро кардааст. Аз ҷумла, дар чор-панҷ соли гузашта чандин дархости Душанбе барои боздошт ва истирдоди дигарандешону мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Беларус иҷро нашуд ва мунаққидони ҳукумат бо кӯмаки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ тавонистанд аз боздоштгоҳҳои Беларус озод шуда, ба кишварҳои дигар сафар кунанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
XS
SM
MD
LG