Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Эрон аз тасмими Вашингтон барои таҳрими Зариф танқид кард

Ҳасан Рӯҳонӣ ҳангоми суханронӣ дар Табрез

Эрон тасмими Вашингтонро дар бораи таҳрими Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, бахше аз маъракаи фишори густарда зидди Теҳрон ва иқдоми "кӯдакона" номид.

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи 11-уми август дар шаҳри Табрез гуфт, Вашингтон аз дипломати баландпояи Эрон “тарсидааст”.

"Онҳо (амрикоиҳо) рафтори кӯдакона доранд... Ҳар рӯз иддао мекунанд, ки мехоҳем бе ҳеч пешшарт суҳбат кунем... ва сипас вазири умури хориҷиро таҳрим мекунанд”, -- афзуд ӯ.

Вазорати молияи Амрико рӯзи 31-уми июл вазири умури хориҷии Эронро дар феҳрасти таҳримҳо қарор дод. Дар баёнияи Вазорати молияи Амрико гуфта шудааст, “Муҳаммадҷавод Зариф ба намояндагӣ ё аз тарафи раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ амал мекунад ё ба таври мустақим ё ғайримустақим барои раҳбар кор мекунад".

Тақрибан як моҳ пеш президенти Амрико Доналд Трамп раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаиро низ дар феҳрасти таҳримҳо ворид карда буд.

Танишҳо байни Эрону Амрико баъд аз он шиддат гирифт, ки Иёлоти Муттаҳида моҳи майи соли 2018 аз созиши ҳастаӣ бо Теҳрон хориҷ шуд. Ин созиш соли 2015 миёни қудратҳои ҷаҳон ва Эрон имзо шудааст. Раиси ҷумҳури Амрико онро ноқис донист.

Талаби чанд созмони ғайриҳукуматӣ аз мақомоти Қазоқистон

Боздошти Ерлан Болтабой, раиси эътилофи коргарони "Меҳнати сазовор". 17-уми июли соли 2019.

Гуруҳе аз созмонҳои ғайридавлатии Қазоқистон рӯзи 31-уми июл аз мақомоти он кишвар даъват карданд, ки қарори додгоҳҳо нисбат ба роҳбарони эътилофҳои коргарӣ ё профсоюзро бекор кунанд. Онҳо талаб доранд, ки мақомот қонунгузории миллиро дар бораи эътилофҳои коргарӣ бо қонунгузории байналмилалӣ мутобиқ созанд.

Додгоҳи Чимкент рӯзи 17-уми июл раиси эътилофи коргарони "Меҳнати сазовор" Ерлан Болтабойро 7 сол зиндонӣ кард. Болтабой айбҳои эълонкардаи додгоҳро рад менамояд.

Бюрои қазоқистонӣ оид ба ҳуқуқи инсон, созмони "Ташаббуси байналмилалии ҳуқуқӣ" ва бунёди "Либертӣ" дар изҳороти рӯзи 31-уми июл гуфтанд, айбномаи Болтабой "аз поймолшавии меъёрҳои қонунгузории Қазоқистон ва меъёрҳои байналхалқии озодии эътилоф дар бахши меҳнат шаҳодат медиҳад".

Раҳбарияти созмонҳо гуфтанд, мақомот ба ин тартиб, ба тарс додан ва маҳв кардани эътилофҳои мустақил идома медиҳанд. Ба гуфтаи муаллифон, ба ҳамин шева Лариса Харкова, роҳбари конфедератсияи эътилофҳои мустақили Қазоқистон маҳкум шуда буд.

Муаллифон дар изҳорот гуфтанд, ки мақомот роҳбарони зиндонии эътилофҳои мустақилро озод ва сафед кунанд. Онҳо ин муроҷиатро ба президент ва раиси Додгоҳи олӣ ирсол карданд.

Пулиси Маскав хонаи эътирозгаронро кофтукоб мекунад

Пулиси Маскав хонаи Алексей Миняйло, ки ҷамъоварандагони имзо ба тарафдорӣ аз раҳбари мухолифон Любов Соболро омӯзиш медод, кофтукоб кардаанд.

Созмони мустақили "ОВД-инфо" гуфт, кофтукоб рӯзи якуми август сурат гирифта, ба таҳқиқи тазоҳуроти рӯзи 27-уми июл рабт дорад. Ин тазоҳурот бо нишони эътироз зидди мақомоти Кумисюни марказии интихобот сурат гирифта буд, ки номзадҳои мустақил ва мухолифро ба интихоботи маҷлиси пойтахти Русия сабтином накардаанд.

Созмони "ОВД-инфо" мегӯяд, мақомоти амниятӣ 1373 тазоҳургарро дастгир кардаанд. Парвандаи онҳо бар асоси моддаи "бетартибӣ" ва "бетартибии оммавӣ"-и Кодекси ҷиноии Русия баррасӣ мешавад.

Баъд аз оғози тафтишот, пулис рӯзи 31-уми июл ба хонаи онҳое рафтааст, ки дар тазоҳурот иштирок кардаанд. Аз ҷумла, ба қароргоҳи раҳбари ҷунбиши "Блоки чап" Василий Кузмин ва раҳбари гуруҳи ҳомии ҳуқуқи "Агора" Павел Чиков.

Ба қавли Чиков, пулис аз одамон хостааст, санадеро имзо кунанд, ки дар сурати иштироки дигарбора дар тазоҳуроти бе иҷоза ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида хоҳанд шуд.

AI: Қазияи Аскаров беэътиноии Қирғизистон ба ҳуқуқи инсонро нишон дод

Азимҷон Аскаров

Созмони байналмилалии Афви Байанлмилал (Amnesty International) пас аз бетағйир мондани ҳукми ҳабси якумрии ҳомии ҳуқуқи қирғиз Азимҷон Аскаров бо нашри як изҳорот гуфт, мақомоти Қирғизистон бори дигар беэътиноии худ ба ҳуқуқи инсонро нишон доданд.

"Мо бори дигар шоҳиди тантанаи беадолатӣ дар Қирғизистон шудем. Ба мақомоти Қирғизистон чӣ халал мерасонд, агар масъулиятҳои худро дар асоси ҳуқуқи байналмилалӣ ва Конститутсияи ин кишвар нисбат ба Аскаров иҷро мекарданд? Посухи кӯтоҳ ба ин пурсиш беэътиноии комил нисбат ба ҳуқуқи инсон аст", -- гуфт муовини раҳбари Афви Байналмилал дар умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Денис Кривошеев дар шарҳи қарори ахири додгоҳи Чуй.

Азимҷон Аскаров баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо дар ҷануби Қирғизистон ва иштирок дар куштори корманди милиса боздошт шуд. Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки парвандаи Аскаровро бозбинӣ кунанд.

Ҳашт созмони ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Amnesty International, Human Rights Watch ва Civil Rights Defenders дар арафаи сафари Федерика Могеринӣ, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ба Қирғизистон аз ӯ даъват карданд, ки аз мақомоти Бишкек озодии фаврии Азимҷон Аскаровро дархост кунад.

Могеринӣ Баъди мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Бишкек дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, "Ҳамаи мавзуъҳои марбут ба Аскаров дар ҳоли баррасӣ аст".

Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон 30 июли соли равон парвандаи Аскаровро дубора баррасӣ карда, ҳукми ҳабси якумрии ӯро бетағйир гузошт. Ҳарчанд вакили дифои Аскаров ба бегуноҳии шахси зери ҳимояи худ исрор карда, гуфт, вазъи саломатиаш бад шудааст.

Додгоҳ нашрияи "Вечерний Бишкек"-ро ба молики пешинаш баргардонд

Додгоҳи шаҳрии Бишкеки Қирғизистон дар бораи тақсими саҳмияҳои ширкати Нашриёти "Вечерний Бишкек" қарор қабул кард. Дар ин бора Сергей Воронтсов, вакили мудофеи Александр Ким, молики пешини нашрия хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ҳамакнун соҳиби саҳмияҳои ширкати таблиғотии "Рубикон" ва нашрияи "Вечерний Бишкек" дубора Александр Ким таъйин шуд. "Чанд ҷузъиёти техникӣ боқӣ мондааст, вале додгоҳ бо қарори дирӯзиаш ҳамаро ба Ким баргардонд",-гуфт вакили мудофеъ.

Александр Ким, соҳиби пешини нашрияи "Вечерний Бишкек" моҳи феврали соли гузашта 6 сол шартан аз озодӣ маҳрум шуд. Ба ҷуз ин, додгоҳ ӯро вазифадор кард, ки ба соҳибмулки кунунии нашрия Александр Рябушкина бештар аз 390 ҳазор доллар ҷуброн пардозад.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати Александр Ким дар бораи азхудсозӣ ва исрофкории "амволи дар ихтиёрбудааш" соли 2016 боз шуд. Аз рӯи ин парванда Александр Рябушкин дар ибтидо шоҳид, вале баъдтар ҷабрдида эълон шуд.

Сарвазири Узбекистон намоиши "Муҳаббати сиёҳ"-ро дубора манъ кард

Телевизиони Узбекистон -- Zo'R TV намоиши филми бисёрсериягии туркии "Қара севда" (Муҳаббати сиёҳ)-ро ҳамагӣ се рӯз пеш оғоз шуда буд, дубора қатъ кард.

"Муҳаббати сиёҳ" феврали соли 2018, пас аз намоиши чандин серия бо дастури сарвазири Узбекистон аз эфир гирифта шуд. Як мансабдори узбек, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, намоиши филмро ин бор низ сарвазир Абдулло Орипов шахсан манъ кардааст.

Намояндаи телевизиони Zo'R TV бо таассуф гуфт, ки филми "Муҳаббати сиёҳ" бо дархости тамошобинони мазҳабӣ аз эфир бардошта шуд.

"Сангро ҳамеша ба дарахти мевадор ҳаво медиҳанд. Сангро ба дарахти себ партофтанд. Ин "ҳомиёни ахлоқ" ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Телеграм имзо ҷамъ карда, ба қабулгоҳи президент муроҷиат карданд ва дар ниҳоят намоиши филм манъ шуд. Ин филм бисёр машҳур ва дӯстдоштаи мардум буд",-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи мансабдори узбек, сарвазири Узбекистон 30-уми июл дар ҷаласаи видеоие ба қатъи намоиши филм дастур додааст. Мансабдори дигаре, ки дар ҷаласа иштирок дошт, гуфт, Орипов дар ин замина ба шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев муроҷиат кард.

Сарвазири Узбекистон 14 феврали соли 2018 низ "Муҳаббати сиёҳ"-ро танқид карда буд ва 16 феврал филм аз эфир гирифта шуд.

Филми "Муҳаббати сиёҳ" солҳои 2015-2017 аз сӯи коргардонҳои турк наворбардорӣ ва дар 28 кишвари дунё намоиш дода шудааст. Соли 2017 он беҳтарин филм дониста шуда, ҷоиза низ ба даст овардааст.

Президенти Узбекистон бо даъвати Лукашенко ба Минск рафтааст

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 31-уми июл бо даъвати ҳамтои белорусиаш Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба шаҳри Минск рафт.

Бино ба хабари хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии Узбекистон, Мирзиёевро дар фурудгоҳи Минск, сарвазири Белорус Сергей Румас ва вазири умури хориҷии ин кишвар Владимир Макей пешвоз гирифтанд.

Мирзиёев ва Лукашенко рӯзи 1-уми август дар Қасри истиқлоли шаҳри Минск гуфтугӯ хоҳанд кард. Дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангии ду кишвар баррасӣ хоҳанд шуд.

Дар поёни гуфтугӯ нашри изҳороти муштараки раҳбарони Белорусу Узбекистон ва имзои баъзе санадҳо дар назар аст.

Расонаҳо: Писари Усома бин Лодинро куштаанд

Амрико барои маълумот дар бораи Ҳамза бин Лодин 1 миллион доллар ҷоиза ваъда карда буд

Расонаҳои амрикоӣ рӯзи 31-уми июл аз кушта шудани Ҳамза бин Лодин, писари Усома бин Лодин, раҳбари пешини гуруҳи террористии "ал-Қоида" хабар доданд.

Дар ин бора ба як манбаъ дар маъмурияти президенти Амрико такя шудааст, ки номаш гуфта намешавад. Ба иттилои NBC News, дар Кохи Сафед бовар доранд, ки Ҳамза бин Лодин дар натиҷаи амалиёте бо иштироки низомиёни амрикоӣ кушта шудааст.

The New York Times навишт, амалиёти мазкур тайи ду соли ахир сурат гирифта, вале то чанд рӯзи пеш далелҳое рӯи даст набуданд, ки марги Ҳамзаро тасдиқ кунанд.

Департаменти давлатии Амрико расо як сол пеш хабар дод, ки Ҳамза бин Лодин беш аз 30 сол дорад ва барои маълумот дар бораи маҳалли будубоши ӯ 1 миллион доллар мукофот медиҳад.

Мукофот пас аз он эълом шуд, ки Ҳамза бин Лодин бо нашри наворҳои садоиву видеоӣ аз пайравони худ даъват кард, ба Амрико ва ҳампаймононаш ҳамла кунанд. Ӯ гуфт, қасоси марги падарашро хоҳад гирифт, ки соли 2011 дар натиҷаи як амалиёти хадамоти махсуси Амрико дар Покистон кушта шуд.

Яке аз писарони Усома бин Лодинро он замон ҳамроҳи падараш куштанд ва писари севумаш дар фаъолиятҳои террористӣ иштирок надошт.

Нашрияҳои Арабистони Саудӣ низ моҳи марти имсол хабар доданд, ки мақомоти ин кишвар шаҳрвандии Ҳамзаро бекор карданд.

Мақомот мегӯянд, 48 зани тоҷик дар зиндонҳои Ироқ "ҷабрдидаанд"

Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки 48 зани зиндонии тоҷикро аз маҳбасҳои Ироқу Сурия ба кишвар биоранд. Дар ин бора Марҳабо Олимӣ, муовини раиси Кумитаи занон, рӯзи 1-уми август дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе хабар дод.

Қаблан додгоҳҳои Ироқ як гуруҳ аз занони тоҷикро бо гуноҳи ҳамзистӣ бо ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ҳабси абад ва муддати тӯлонии зиндон маҳкум кардааст.

Марҳабо Олимӣ гуфт, "мақомот талош доранд, то исбот кунанд, ки қазияи онҳо на чун як террорист, балки чун як ҷабрдида баррасӣ ва аз маҳбас озод карда шаванд. Дар воқеъ, аксар заноне, ки имрӯз дар маҳбас қарор доранд, бо даъвати шавҳарони худ ба он ҷо рафтаанд.

"Шумо медонед, ки зани тоҷик ҳеч гоҳ аз супориши шавҳар саркашӣ намекунад ва бо исрори шавҳарон ба онҷо рафтаанд. Ҳукумат талош дорад, ки ҳаминро исбот кунад", - афзуд ӯ.

Ӯ дар ҷавоб ба суоли онки ин занонро дар Тоҷикистон чӣ интизор аст, гуфт: "қазияаашон бар асоси қонун баррасӣ мешавад".

Дар гузашта мақомоти Тоҷикистон даҳҳо кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба ватан оварда буданд. Вале онҳо мегӯянд, интиқоли занон аз зиндонҳои Ироқ ба Тоҷикистон осон нест, чун байни ду кишвар созишномаи табодули зиндониён имзо нашудааст.

Ба иттилои расмӣ, беш аз сад зани дигари тоҷик дар зиндонҳои Русия ва Чину Туркия ҳастанд. Дар Русия 90 зани тоҷик бо ҷурмҳои гуногун, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва куштор, зиндонӣ будаанд.

Келлӣ Крафт сафири нави Амрико дар Созмони Милал шуд

Келлӣ Крафт

Сенати Амрико номзадии Келлӣ Крафтро ба ҳайси сафири нави ин кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ кард.

Дар овоздиҳии рӯзи 31-уми июл ба тарафдорӣ аз хонум Крафт 56 узви Сенат раъйи мусбат доданд. Вале баъзе аз намояндагони Ҳизби демократ гуфтанд, ки Крафт таҷрибаи кофии сиёсӣ надорад.

Келлӣ Крафт қаблан ба ҳайси сафири Амрико дар Канада кор кардааст. Ӯ 56-сола ва яке аз муттаҳидони президенти Амрико Доналд Трамп аст.

Крафт дар мақоми сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид ҷойгузини Никки Ҳейлӣ шуд. Ҳейлӣ моҳи декабри соли гузашта аз намояндагии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид истеъфо дод.

Пешниҳоди кумаки Трамп ба Путин барои хомӯш кардани оташи ҷангалҳои Русия

Президенти ИМА Доналд Трамп бо ҳамтои русаш Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дода, барои хомӯш кардани сӯхтори ҷангалҳои Русия кумак пешниҳод кардааст. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба Кремл хабар дод. Суҳбат бо ташаббуси Кохи Сафед сурат гирифтааст.

Ба иттилои "РИА Новости", Путин барои пешниҳоди кумак ба Трамп миннатдорӣ баён карда, гуфтааст, агар лозим шуд, онро қабул хоҳад кард. Президенти Русия пешниҳоди кумакро гарави барқарории муносибатҳои чандҷонибаи ду кишвар номидааст.

Ҷониби Амрико суҳбати телефонии президентҳоро то ҳол шарҳ надодааст.

Пештар Путин дастур дод, ки ба хомӯш кардани сӯхтори ҷангал дар Сибир Вазорати дифои ин кишвар низ ҷалб шавад. Губернатори Красноярск Александр Усс шарҳ дода буд, ки чаро мақомот оташи ҷангалро хомӯш намекунанд. "Ин як падидаи маъмулии табиат аст, ки бо он мубориза бурдан бефоида мебошад",-изҳор дошт ӯ.

Дар масоҳатҳои бузурги ҷангалҳои Красноярск, вилояти Иркутск, Бурятия ва Якутия сӯхтор идома дорад. Ба иттилои "Сибир.Воқеият", масоҳати умумии сӯхтор аз марзи се миллион ҳектар гузаштааст.

Расонаҳои ғарбӣ сӯхтори мазкурро дар Русия бесобиқа меноманд.

Дар Арис ҳазорон манзили дар таркиш тахрибшуда дубора барқарор шуданд

Мақомоти Қазоқистон рӯзи чаҳоршанбеи 31-уми июл хабар доданд, ки дар шаҳри Арис 5 776 манзили аз таркиши анбори аслиҳа тахрибшуда барқарор шуд. Дар 2529 манзил охирин корҳои таъмиру тармим ба анҷом мерасад. То имрӯз сохтмончиён чаҳор манзили бисёрошёнаро ба истифода дода, таъмири куллиро дар 17 бисёрошёнаи дигар ба анҷом расониданд.

Ба иттилои расмӣ, 85 дарсади манзилҳои шаҳри Арис дар таркиши рӯзи 24-уми июн тахриб шуд. Мақомот ваъда карданд, ки манзилҳои тахрибшуда аз ҳисоби буҷаи давлат, кумакҳои башардӯстона ва бунёди махсуси ёриҳои шаҳрвандон таъмир мегарданд.

Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Қазоқистон, таркиши нахустин дар анбори аслиҳаи Арис соати 09:15 дақиқаи субҳи 24-уми июн рух дод. Мақомот худи он рӯз дар шаҳр ҳолати изтирорӣ эълом карда, 43 ҳазор сокини шаҳрро ба ҷои амн, аз ҷумла ба шаҳри Чимкент кӯчонданд.

Дар натиҷаи таркиш ва сӯхтори анбор се нафар - ду низомӣ ва як сокини осоишта ҷон бохтанд. Мақомоти қазоқ мегӯянд, низомии дувуми ҳалокшуда 32 сол дошта, корманди шартномавии Вазорати дифои Қаозиқистон ва сокини шаҳри Чимкент аст. Ҳамчунин 165 каси дигар барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд.

"Узбекконсерт" рэпсароёнро зери назорат мегирад

Одил Абдуқаҳҳоров, мудири "Узбекконсерт" дар мусоҳиба бо рӯзноманигорони маҳаллӣ гуфт, рушди рэпро дар он кишвар зери назорат мегирад.

"Ҳарчанд мо рэпро мамнуъ эълом кардем, он машҳуртар шуд. Ҳар чизи мамнуъшуда ҳамеша ҷолиб ҷилва мекунад. Рэпсароён ба дашном шуруъ карданд ва рафтори ғайриахлоқона ба намоиш гузоштанд, зеро мо ба онҳо таваҷҷуҳ накардему тарбия нанамудем. Мо ҳоло мехоҳем, бо рэпсароён ҳамкорӣ кунем. Метавон гуфт, ки мо рэпро зери назорат гирифтем. Акнун ҳадафи мо ин аст, ки ба рэпсароён фаҳмонем, онҳо бояд аз анъанаҳо ва фарҳанги миллӣ сароянд",-гуфт Одил Абдуқаҳоров.

Моҳи феврали соли ҷорӣ мудири "Узбекконсерт" аз овозхонон хост, дар бораи роҳбари давлат сурудҳои тавсифӣ насароянд. Сар аз моҳи июли соли 2017 инҷониб овозхонони Узбекистон танҳо он сурудҳоеро иҷро мекунанд, ки аз сӯи "Узбекконсерт" тасдиқ шудаанд. Мақомот мегӯянд, ин ташаббус ба хотири боло бурдани сифати бозори овозхонии Узбекистон аст.

Сарвазири Узбекистон ба Бишкек меравад

Абдулло Орипов, сарвазири Узбекистон имрӯз, 1-уми август, ба Қирғизистон меравад. Ба иттилои маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон, дар шаҳри Бишкек ҷаласаи байниҳукуматии Узбекистону Қирғизистон баргузор мешавад.

Мулоқоти пешини Орипов бо ҳамтои қирғизаш Муҳаммадқулӣ Абилғозиев моҳи марти соли гузашта барпо шуда буд. Дар мулоқоти пешин ду вазир "Харитаи роҳ"-и ҳамкориҳоро имзо карданд.

Аз замони сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбекистон, содироти мол ба Қирғизстон панҷ баробар афзудааст. Дар соли 2016 Узбекистон ба Қирғизистон дар ҳаҷми 6 миллион доллар мол интиқол дода буд. Дар соли 2018 ин нишондод ба 350 миллион доллар расид.

Парвандаи сокинони Бишкек барои шиорҳои "зиддипутинӣ" қатъ шуд

Пулиси Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ зидди зану шавҳареро қатъ кард, ки дар остонаи сафари президенти Русия Владимир Путин ба шаҳри Бишкек ҳамоиши эътирозии осоиштаеро баргузор карда буданд.

Нурлан Каримшакови 48-сола ва Гулзана Имоева 27-уми марти имсол, як рӯз пеш аз сафари Путин ба Қирғизистон дар назди сафорати Русия дар Бишкек ҳамоиши эътирозиеро баргузор карданд.

Ин фаъолон, ки дар даст шиорҳои "зиддипутинӣ" -- "Путин - хушунаткор", "Ишғолгар", "Қотил" ва "Мо ба пойгоҳи низомӣ ниёз надорем" доштанд, худи он рӯз боздошт ва ба "ангехтани бадбинии нажодӣ" айбдор шуданд.

"Тасмими қатъи парванда дар асоси хулосаи ташхиси забоншиноси ва равоншиносӣ гирифта шуд",-гуфт вакили дифои гумонбарон Замир Жоошев.

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) 29-уми марти соли равон мақомоти Бишкекро ба қатъи парвандаи ҷиноӣ зидди ин зану шавҳар даъват карда буд.

HRW бо нашри як изҳорот гуфт, "изҳори назари манфӣ ба ин ё он шахси алоҳидае, ки сиёсатмадор ё президенти кишваре аст, бадбинии нажодӣ зидди мардуми давлати ӯ шумурда намешавад".

Намоиши эътирозии мазкур дар арафаи сафари якрӯзаи Путин ба Қирғизистон баргузор шуд. Мақомоти Бишкеку Москва дар ҷараёни ин сафар дар баробари баррасии масоили дигар ҳамчунин ба созиш расиданд, ки барои пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон боз 60 ҳектар замин дода шавад.

Фурӯшгоҳҳои давлатии Ишқобод орди мағорбаста мефурӯшанд

Сокинони шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон аз сифати орде, ки фурӯшгоҳҳои давлатӣ ба онҳо пешниҳод мекунанд, шикоят доранд.

"Ҳамсояам аз фурӯшгоҳи давлатӣ як халта орди 50-килоӣ харид ва вақте онро кушоданд, пурра мағор баста, бӯйи баде ҳам мекардааст. Халтаи ордро ба фурӯшгоҳ баргардонданд, вале фурӯшандаҳо онро бозпас нагирифтаанд",-гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Фурӯшгоҳҳои давлатии Туркманистон ордро нисбат ба фурӯшгоҳҳои хусусӣ хеле арзон мефурӯшанд. Як халта орди 50-килоӣ дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ 50 манат арзиш дорад. (қурби расмӣ: 1 доллар 3,5 манат аст)

Ба гуфтаи хабарнигор, марди ҳамсояаш орди харидаи худро, ки фурӯшгоҳ бозпас нагирифт, ба наздиконаш, ба деҳа фиристодааст, то ба чорво бидиҳанд. Хабарнигор мегӯяд, сокинони Ишқобод вақтҳои ахир бо ин мушкил зуд-зуд рӯбарӯ мешаванд.

Тавре хабарнигори радио маълум кард, орди пастсифате, ки фурӯшгоҳҳои давлатии Ишқобод пешниҳод мекунанд, дар корхонаи орди пойтахти Туркманистон истеҳсол мешавад. Ин корхона ба ширкати давлатии "Туркмангаллаонумлерӣ" тааллуқ дорад.

Кумитаи забон гузаштан ба алифбои форсиро зарур надонист

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон табдили алифбои кириллӣ ба форсиро зарур намедонад. Гавҳар Шарофзода, раҳбари кумита рӯзи 31 - уми июл дар нишасти хабарӣ, дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ягон нақшае барои гузаштан ба хатти ниёгон вуҷуд надорад ва барои ин эҳтиёҷ ҳам нест.

Вай гуфт: “Дар хатти кириллие, ки имрӯз миллат ба он одат кардааст, меъёру талаботҳои муайяншудаи хати ниёгон мебинем. Ҳоҷати гузаштан ба ин хат нест.”

Вале дар айни замон ӯ таъкид кард, ки омӯзиши хатти форсӣ озод аст ва ҳар кас ҳақ дорад, ин алифборо аз худ кунаду ба фарзандон омӯзад. “Вале дар қонун оврада шудааст, ки омӯзиши хатти ниёгон озод аст ва ҳар кадоми мо метавонем аз ин сарчашмаи бебаҳои миллат истифода барем,” -- гуфт Гавҳар Шарофзода.

Баҳси гузаштан ба алифбои форсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам чанд сол боз идома дорад. Ахиран изҳороти Вазорати маориф ва илми кишвар ҳам ин баҳсро дубора доғ кард. Нуриддин Саид, вазири маориф ҳам дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки Тоҷикистон “ҳеҷ гоҳ нияти аз хатти киррилӣ ба хатти форсӣ гузаштанро надошт” ва барои ин зарурат ҳам нест.

Ин ҳам дар ҳолест, ки як гурӯҳи зиёиёни тоҷик мӯътақиданд, ки гузаштан ба хатти ниёгон Тоҷикистонро ба ҳавзаҳои илмиву адабии кишварҳои ҳамзабонаш –Эрону Афғонистон – наздик мекунад. Аммо ба бовари мухолифони ин пешниҳод, ин масир кишварро аз роҳи рушд баръакс ба ақиб хоҳад андохт. Гузариш ба хати форсӣ ба бовари ин гурӯҳ метавонад ба ҷараёни саводомӯзии насли нав латма занад.

Дар Тоҷикистон мавзӯи бозгашт ба хати ниёкон бахусус дар солҳои 1980-ум зиёд матраҳ ва баррасӣ шудааст. Рӯшанфикрону фаъолони миллӣ хати кириллиро монеи рушди забон ва сабаби аз осори аслии ниёкон бебаҳра мондани насли Шӯравӣ меномиданд.

Бо инки ҳукумати Тоҷикистон ҳеч гоҳ ба мавзӯи ислоҳи эҳтимолии ҳуруфи тоҷикӣ рӯ наовардааст, баҳсу баррасиҳо дар ин замина ҳамеша вуҷуд дошт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густарда идома дорад.

Тоҷикистон феҳрасти ягонаи номҳои ҷуғрофӣ таҳия мекунад

Шаҳри Панҷакент

Дар Тоҷикистон Феҳристи ягонаи номҳои ҷуғрофӣ таҳия мешавад. Ин фаҳраст ҳам тарзи дурусти навишти номи мавзеҳои ҷуғрофии Тоҷикистонро бо забони русӣ ва забонҳои дигар муайян хоҳад кард. Бо ин ҳадаф дар назди Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гурӯҳи вижаи корие таъсис ёфта, дарстурамали тарзи дурусти навишти номи мавзеҳои ҷуғрофиро таҳия кардаанд.

Саодатшо матробиён муовини раҳбари Кумитаи забон дар нишасти хабарии рӯзи 31 уми июл, гуфт, дар асоси ин дастурамал ҳоло Феҳрасти давлатии номҳои ҷуғрофӣ таҳия мешавад. Ба гуфтаи Матробиён, мушкилот дар навишти мавзеҳои ҷуғрофии тоҷикӣ бо забонҳои русӣ ва ғайр онҳоро ба таҳияи ин феҳраст водор кард. «Ҳамин мушкилот буд, яъне номҳои тоҷикӣ зимни навиштан бо дигар забонҳо тарҷума мешуданд ва тибқи талафузи он забон навишта мешуданд. Мисли Кулоб дар шакли Куляб, Ҳисор дар шакли Гиссар, Панҷакент дар шакли Пенджикент»

Масъулини Кумитаи забон ва истилоҳот мегӯянд, баъди нашру таҳияи феҳрасти давлатии номҳои ҷуғрофӣ, ин номҳо дар забонҳои дигар ҳам бояд дар шакли тоҷикӣ истифода шаванд. Саодатшо Матробиён мегӯяд, ном тарҷуманашаванда аст: «Танҳо бо дарназардошти баъзе аз қоидаҳои забонҳои дигар, дигар дар ҳама ҳолат номҳо дар шакле, ки ҳаст истифода бояд шавад. Масалан дар забони тоҷикӣ овозҳое ҳастанд ки дар забони русӣ нест. Мисли ҷ қ ҳ,»

Баъди таҳия феҳраст, он барои тасдиқ ба ҳукумат пешниҳод мешавад. Дар сурати қабул шудани он ба гуфтаи масъулини забон, тарзи ягонаи навишти мавзеҳои ҷуғрофӣ ба вуҷуд меоянд. Дар айни замон Гавҳар Шарофзода, раҳбари Кумитаи забон ва истилоҳот аз он нороҳати кард, ки хабарнигорон зимни истифодаи номи кишварҳо ба ҷои Узбекистон, Узбакистон ва ба ҷои Роcсия Русия ё Маскав менависанд.Ӯ афзуд: “Дар доираи санадҳои меёрии ҳамчун давлати Росия муайян шуда бошад, мо ҳуқуқи давлати Русия гуфтан надорем. Вай Росия аст, вай Узбекистон аст”

Дар зимн масъулини кумитаи забон мегӯянд, таҳқиқи гурӯҳи кории онҳо дар шаҳру вилоятҳои кишвар муайян кардааст, ки дар Суғд 176 ва дар Хатлон 550 номи мавзеҳои ҷуғрофӣ ба “талаботи меъёри забони тоҷикӣ ва суннати номгузори миллӣ” ҷавобгӯ нест.

Биноба иттилои ин ниҳод дар 6 моҳи ахир дар додгоҳҳои кишвар барои риоя накардани қонуни забон 10 парвандаи маъмурӣ баррасӣ шудааст.

"Роғун" дар 6 моҳ 210,5 млн киловат-соат барқ истеҳсол кардааст

Чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" дар шаш моҳи аввали соли равон 210,5 миллион киловат соат нерӯи барқ истеҳсол кардааст. Чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" ҳудуди як моҳ хомӯш шуда буд.

Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи 31-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар нимсол аз "Роғун" 210,5 миллион киловат соат нерӯи барқ харидаанд.

Чархаи якуми "Роғун" моҳи ноябри соли гузашта фаъол шуд. Ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша то соли 2021 барқ истеҳсол мекунанд ва баъдан иваз мешаванд.

"Роғун" аз тарҳи пурхарҷтарин дар Тоҷикистон аст. Соле миллионҳо сомонӣ барои он сарф мешавад. Манбаи харҷ аз будҷаи давлат ва пулест, ки дар оғози сохтмон аз мардум дар ивази саҳмияҳо ҷамъ кардаанд ва евробондҳое, ки ба маблағи панҷсад миллион доллар ба ширкатҳои хориҷӣ фурӯхта шуд.

"Барқи тоҷик" қимати аслии як киловат барқро 29 дирам эълон кард

Ширкати "Барқи тоҷик" баъд аз баҳсҳои зиёд дар бораи арзиши аслии нерӯи барқ дар Тоҷикистон қимати онро эълон кард. Ба гуфтаи масъулини ширкат, арзиши аслии як киловат-соат нерӯи барқ дар Тоҷикистон 29 дирам будааст.

Рустам Маҷидзода, сардори бахши молияи "Барқи тоҷик" рӯзи 31-уми июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, "арзиши аслии як киловат нерӯи барқ бо назардошти бозгашти маблағҳои сармоягузорӣ қариб 29 дирамро ташкил медиҳад".

Ин масъули "Барқи тоҷик" гуфт, бо инки арзиши аслии ҳар киловат нерӯи барқ дар Тоҷикистон 29 дирам аст, аммо онҳо ҳар киловат барқро каме бештар аз 22 дирам нарх гузоштаанд.

Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" дар гузашта аз посух додан ба суоли онки ҳар киловат барқ дар кишвар чӣ қадар аст худдорӣ мекарданд. Акнун дар ин ширкат мегӯянд, барои истеҳсоли барқ хароҷотҳои зиёд мекунанд ва қимати он бояд аз ҳисоби фурӯш рӯёнда шавад.

Аз ҷумла, масъулини ширкат гуфт, хароҷотҳои онҳо бештар ин хариди дастгоҳ барои нерӯгоҳҳо, сӯзишворӣ барои марказҳои барқу гармидиҳӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон барқ асосан дар нерӯгоҳҳои обию барқӣ ва як қисми он дар маркази барқу гармидиҳӣ истеҳсол мешаванд. Коршиносон дар гузашта арзиши аслӣ ё хароҷот барои ҳар киловат барқ дар кишвар ҳудуди 10 дирам арзёбӣ карда буданд.

Мақомоти "Барқи тоҷик" дар ҳоле арзиши барқи истеҳсолшударо 29 дирам гуфт, ки баъзе аз ширкатҳо азҷумла корхонаи "Талко" ҳар киловат барқро дар давраи тобистон 7,2 дирам мегирад.

"Барқи тоҷик" яке аз ширкатҳои пурмушкил дар Тоҷикистон мебошад, ки солҳост барои фаъолияти ношаффоф ва қарзҳояш, ки ҳоло аз марзи 23-миллиард сомонӣ гузаштаанд, интиқод мешавад.

Муовини собиқи вазир ба 14 соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи Қирғизистон, Азимхон Юсупалиев, муовини собиқи вазири нақлиётро бо гуноҳи ришваситонӣ ба 14 соли зиндон маҳкум кардааст. Додгоҳи ноҳияи “1-уми май” рӯзи 30-уми июл гуфт, ки гуноҳи Азимхон Юсупалиев, ки мехост, барои додани ҳаққи бозсозии як шоҳроҳ бештар аз 500 ҳазор доллар ришва бигирад, собит шуд. Ӯро моҳи декабри соли гузашта ҳангоми гирифтани бархе аз ин пул аз як ширкати сохтмонӣ дастгир карданд.

Фарди миёнарав дар додани ришва Болот Токтобоев ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст. Беҳрӯз Гулрузов, намояндаи ширкати сохтмонии Итолиё дар Алмаато барои пешниҳоди ришва бештар аз 25 ҳазор доллар ҷарима шудааст. Баъди боздошти Азимхон Юсупалиев дар моҳи декабр, вазири нақлиёт Ҷамшедбек Халилов зери танқиди сахти ҷомеа қарор гирифт ва раиси ҷумҳур Сооронбой Ҷеенбеков маҷбур шуд, ӯро аз мақомаш барканор кунад.

Мухолифат ба сохтмони қаҳвахона дар минтақаи бостонии Бухоро

Акс аз бойгонӣ.

Саидҷон Мақсудов, тоҷири 34-сола иҷозаи сохтмони қаҳвахонаро дар канори мадрасаи Нодир Девонбегӣ дар маркази Бухорои Узбекистон пайдо кард. Додани иҷозаи сохтмон норозигии фаъолони фарҳангӣ ва блогнависони маҳаллиро ба бор овард. Як мақомдорои ҳукумати шаҳри Бухоро гуфт, ҷудосозии замин барои сохтмони қаҳвахона 26-уми августи соли 2018 қонунӣ анҷом шудааст.

"Дар кӯчае ки Мақсудов мехоҳад, қаҳвахона созад, манзили падараш ҷойгир аст. Он манзилро давлат соҳиб шуд. Дар иваз барои Мақсудов 120 метри мураббаъ замин ҷудо карданд. Дар ин замин вай наметавонад, хонаи бисёрошёна созад. Ба вай иттилоъ доданд, ки набояд ёдгориҳои таърихиро хароб кунад",-гуфт манбаъ.

Саидҷон Мақсудов гуфт, ният дорад, дар ин замин қаҳвахона ва маркази иттилоотии сайёҳӣ созад. "Муҳимтар аз ҳама - дар ин макон барои сайёҳон ҳоҷатхона сохта мешавад. Шумо медонед, ки камбуди ҳоҷатхона дар Бухоро дида мешавад",-гуфт Мақсудов.

Блогнависи маҳаллӣ Умед Ғафуров мегӯяд, боғчаи наздики мадрасаи Нодир Девонбегӣ ҷузъи ҷудонашавандаи зебоии шаҳр аст. Вай мегӯяд, буридани дарахтони ин боғча ва сохтани қаҳвахона кори нодурст аст.

Вазири фарҳанги Узбекистон Бахтиёр Сайфуллоев дар соли 2018 гуфта буд, ки дар саросари Узбекистон ба 259 мероси фарҳангӣ зиёни ҷиддӣ расонида шудааст. Ба гуфтаи вай, бисёре аз иншоот ба далели сохтмонҳои нав дар наздикии онҳо зарар дидаанд.

Трамп ваъда кард, эҳтимоли заҳролуд шудани Навалнийро меомӯзад

Доналд Трамп, президенти ИМА дар бораи эҳтимоли заҳролудшавии мухолифи рус Александр Навалний дар боздоштгоҳ иттилоъ ёфтааст. Вай ҳамзамон ваъда кард, ки ин хабарро меомӯзад.

Дар "Твиттер" ҷузъе аз мусоҳибаи роҳбари ИМА нашр шуд, ки рӯзноманигорон аз вай мепурсанд, оё дар бораи заҳролудшавии эҳтимолии яке аз роҳбарони мухолифони Русия огоҳӣ дорад. Трамп посух медиҳад: "Ман дар ин бора шунидам, дар ин бора чизе намедонам, вале хоҳам омӯхт".

Навалний субҳи 28-уми июл аз боздоштгоҳи Москва ба бемористон бурда шуд. Ба иттилои расмӣ, дар бадани вай ҳассосият (аллергия) пайдо шудааст. Вале табиби Навалний гуфт, ташхиси ҳассосият дуруст нест. Ин табиб гуфт, дар боздоштгоҳ мумкин аст, Навалний аз моддае заҳролуд шуда аст.

Навалний мегӯяд, пештар аз ин ҳаргиз ҳассосияте надошт. Вай низ бовар дорад, ки ӯро дар боздоштгоҳ заҳролуд кардаанд.

Алексей Навалний бо айби вайронсозии такрории тартиби баргузории чорабиниҳои оммавӣ 30 рӯз ҳабси маъмурӣ шуд. Додгоҳ гуфт, Навалний аз сокинон хостааст, рӯзи 28 июл дар эътирози ғайриқонунӣ ба ҷонибдорӣ аз номзадҳои мустақили интихоботи Думаи шаҳри Москва ширкат кунанд.

Дар Қазоқистон барои "мубаллиғони терроризм" ҳукми тӯлонӣ хостанд

Айбдоркунандаи давлатӣ дар додгоҳи ноҳияи Алмолини шаҳри Алмато барои айбдоршавандаҳои парвандаи "таблиғи терроризм" ва "ангехтани бадбинӣ" муҳлати тӯлонии зиндон хост.

Аз нуҳ тани шомили парвандаи мазкур ба 4 тан айб эълом шуд. Инҳо Жулдизбек Таурбекови 40-сола аст, ки парвандааш ба далели беморӣ ба баррасии алоҳида гирифта шудааст. Се тани дигари айбдоршавандаҳо - Болатбек Нургалиеви 40-сола, Бекет Минбасови 36-сола ва Ернар Саматови 39-сола ҳастанд, ки додситонӣ барои онҳо 9-солӣ зиндон талаб кард. Барои панҷ тани дигари шомили парвандаи таблиғи терроризм додситон 7,5-солӣ зиндон талаб намуд.

Максат Даурбоев, муфаттиши парвандаи мазкур гуфт, гуноҳи айбдоршавандаҳо исбот шудааст. Муфаттиш гуфт, онҳо дар ҷараёни баррасии парванда талош карданд, ки бо рад кардани айбҳо худро бегуноҳ нишон диҳанд. Ба гуфтаи муфаттиш, айбдоршаванда Болатбек Нургалиев гуруҳи "таблиғи терроризм ва паҳнсозии салафия" таъсис дода, дигаронро ба гуруҳ ҷалб сохтааст.

Вале айбдоршавандаҳо гуфтанд, баракс, ақидаҳои зиддитеррористиро таблиғ мекарданд.

Дар доираи парвандаи мазкур 9 мард аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон ба ҷавобгарӣ ҷалб шудаанд. Баррасии парванда ибтидои моҳи марти соли ҷорӣ шуруъ шуд.

Кореяи Шимолӣ дар як ҳафтаи охир бори дувум мушак озмоиш кард

Кореяи Шимолӣ 31-уми июл ду мушаки кутоҳпарвоз озмоиш кард. Камтар аз як ҳафта пеш ин кишвар ҳамингуна мушакро озмоиш карда буд.

Низомиёни Кореяи Ҷанубӣ гуфтанд, ҳар ду мушак наздики 250 километр бо баландии 30 километр парвоз карданд. Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ аз Кореяи Шимолӣ хостанд, ки озмоишро қатъ кунад.

Кореяи Шимолӣ дар навбати худ, тамринҳои муштараки ИМА ва Кореяи Ҷанубиро танқид мекунад. Тамрини навбатии ду кишвар охири тобистони соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст. Пхенян ин тамринро "омодагӣ ба ҳамла" меномад.

Моҳи июни соли ҷорӣ Доналд Трамп, президенти ИМА ва роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин дар минтақаи ғайринизомии сарҳади ду Корея мулоқот карданд. Трамп ба сарҳади Кореяи Шимолӣ ворид шуд ва баъдан бо Ким Чен Ин ба сарҳади Кореяи Ҷанубӣ баргашт.

Ду раҳбар дар гузашта ду бор дар бораи даст кашидани Кореяи Шимолӣ аз силоҳҳои атомӣ гуфтӯгу кардаанд. Ҳарчанд Доналд Трамп ва Ким Чен Ин баъди ин мулоқотҳо ҳамдигарро ситоиш кардаанд, вале дар масъалаи орӣ кардани нимҷазираи Корея аз силоҳи атомӣ пешрафти ночизе ҳосил шудааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

"Ҳудуди ним млн шаҳрванди то 30-солаи Тоҷикистон аз таҳсил дур мондаанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00
XS
SM
MD
LG