Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Сокинони Ҳонконг даҳ ҳафта бидуни таваққуф эътироз доранд

Дар Ҳонконг рӯзҳои шанбеву якшанбе бо талаби ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани мақомоти маҳаллӣ ва қатъи хушунати пулис эътироз баргузор шуд. Ҳазорон сокини Ҳонконг ҳафтаи даҳум аст, ки зидди сиёсати чингароёнаи мақомоти маҳаллӣ эътироз доранд.

Пулис рӯзи 11 август барои пароканда кардани эътирозгарон аз гази ашковар кор гирифт. Дар ҳамин ҳол, дар фурудгоҳи байналхалқии Ҳонконг эътирози серӯзае таҳти шиори "Озодӣ ба Ҳонконг" идома дошт.

Чин эътирозҳои Ҳонконгро шадидан маҳкум кард. Мақомоти Чин ба ширкатҳои Ҳонконг фишор оварданд, ки онҳо дар навбати хуб нисбат ба коргароне чораҷӯӣ кунанд, ки дар иқдомҳои эътирозӣ ширкат доранд.

Ҳонконг ҳеч гоҳе давлати мустақил набуд. Дар муддатҳои мухталиф он аз сӯи Чин, Бритониё, Ҷопон идора мешуд. Соли 1997 Ҳонконг ба ихтиёри Чин гузашт. Вале Ҳонконг аз худмухтории расмӣ ва ҳаққи интихоби мустақилонаи роҳбар бархӯрдор аст.

Кобул аз шеваи истиқболи Толибон дар Узбекистон эътироз кард

Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон дар робита ба қабули ҳайати ҳаракати "Толибон", нисбати Узбекистон эътироз баён кард.

Сибғатулло Аҳмадӣ, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Афғонистон гуфт, ҳукумати Афғонистон аз ҳамкориҳо дар масъалаи барқарории сулҳ истиқбол мекунад. Аммо ба гуфтаи вай, "қабули расмӣ" ва хосияти мулоқоти охир ба барқарории гуфтугӯҳо байни мақомоти афғон ва Толибон мусоидат намекунад. Ин мақомдори Афғонистон даъват кард, ки ба нақши калидии ҳукумат ва мардуми Афғонистон дар раванди музокирот эҳтиром гузошта шавад.

Дар вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 8 август мулоқоти намояндагии сиёсии "Толибон" дар шаҳри Давҳаи Қатар, бо роҳбарии Мулло Бародар Охунд баргузор шуд. Дар ин мулоқот масъалаи барқарории сулҳ дар Афғонистон баррасӣ шуд.

"Мулло Бародар аз ҷониби Узбекистон барои таваҷҷуҳи доимӣ ба масъалаи Афғонистон сипосгузорӣ кард. Вай гуфт, бо талошҳои Узбекистон масъалаи Афғонистон дубора дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт", - омадааст дар хабари вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.

Ҳаракати "Толибон" аз пешниҳоди баргузории даври навбатии гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон дар шаҳри Самарқанд истиқбол кард.

Мақомоти Қирғизистон пешниҳоди манъи нӯшобаҳои неруафзоро доранд

Вазорати кишоварзӣ, саноати ғизоӣ ва обёрии Қирғизистон лоиҳаи манъи истеҳсол ва фурӯши машруботи неруафзоро ба баррасии умум гузошт.

Дар лоиҳа омадааст, ки Русия соли 2017 машруботи омехта бо алкул ё спирти этил ва маводи неруафзоро манъ кард ва дар ҳоли ҳозир зиёнҳои ин навъи машрубот таҳқиқ мешавад.

Ба иттилои вазорати кишоварзии Қирғизистон, ҳамин гуна маҳдудият дар Қирғизистон низ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Қонуни Қирғизистон "Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва фурӯши алкули этил, маводи алкулӣ, фурӯши чакана ва истеъмоли маводи алкулии неруафзо ва машруботи сабук" низ пешбинӣ мекунад, ки истеҳсол ва фурӯши машруботи сабуки неруафзо манъ шавад.

Ҳангоми хомушкунии сӯхтор дар Қазоқистон ҷасади мардеро пайдо карданд

Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон тафтиши ҳалокати мардеро оғоз кард, ки ҷасадаш дар маҳалли сӯхтори куҳи "Теппаи сабз" пайдо шудааст.

Дар куҳи "Теппаи сабз" 11 август сӯхтор сар зад, ки масоҳати он тақрибан ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дертар наҷотдиҳандагон хабар доданд, ки ҳангоми хомуш кардани оташ ҷасади мардеро пайдо карданд.

Департаменти пулиси Алмато гуфт, маъмурони ин ниҳод дар ҳоли ҳозир шахсияти ҷасад ва сабабҳои марги ӯро таҳқиқ доранд. Барои муайян кардани сабабҳои марг як қатор ташхисҳо анҷом мешаванд.

Тоҷикистон, Чин ва Узбекистон масири нави интиқоли молро созмон медиҳанд

Узбекистон, Тоҷикистон ва Чин мехоҳанд, интиқоли молро ба воситаи масири нави "Тирмиз -Душанбе-Кошғар" ба роҳ монанд.

Чанд рӯз пеш барои санҷиш дар ин масир корвони мошинҳо - ду мошинӣ аз ҳар кишвар ба ҳаракат даромад. Расонаҳо бо истинод ба Вазорати нақлиёти Узбекистон хабар доданд, ки масири мазкур 1422 километр тӯл дорад.

"Ҳадафи асосии ташкили масир тақвияти интиқоли мол ба воситаи мошинҳо аз Чин ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва баръакс аст. Ҳамчунин он яке аз роҳҳои алтернативии дигари интиқоли молҳои Узбекистон тавассути бандарҳои Чин ба кишварҳои севум аст",-мегӯянд масъулони Вазорати нақлиёти Узбекистон.

Ширкати муштараки Чину Узбекистон -- Silk Road International моҳи сентябри соли гузашта интиқоли молро ба воситаи масири "Тошканд - Андиҷон - Ӯш - Эркештам - Кошғар" ва баръакс бар роҳ монда буданд.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли равон барои афзоиши тавонмандии бахши ҳамлу нақли кишвараш "харитаи роҳ"-еро тасдиқ кард. Харита, аз ҷумла ташкили ҳаракати санҷишии мошинҳо дар масири Узбеистон-Тоҷикистон-Чинро пешбинӣ мекунад.

Дар Самарқанд наздикони бемор табибро латтукӯб карданд

Табиби беморхонаи ноҳияи Қушрободи вилояти Самарқанд Отабек Сирлибоеви 24-соларо наздикони як бемор латтукӯб карданд. Ҳодиса 7 август дар беморхонаи Қушробод рух дода, табиб дар ҳолати вазнин бистарӣ шудааст.

"Ду мард бемореро оварданд. Ман дар интиқоли бемор ба онҳо кумак кардам. Яке аз онҳо дар бораи табибон бадгӯӣ кард ва ман аз ӯ хостам, ки табибонро дашном надиҳад, онҳо ба беморон кумак мекунанд. Вале дар посух ӯ маро низ дашном дода, латтӯб кард. Ҳар дуяшон маро зери мушту лагад қарор доданд",-изҳор дошт Сирлибоев.

Як корманди пулиси Қушробод бо тасдиқи хабари латтукӯби табиб гуфт, тафтиши ҳодиса оғоз шудааст.

Вале ба гуфтаи Сирлибоев, муроҷиати онҳо ба пулис то ҳол натиҷае надодааст. "Аз замони латтукӯби ман се рӯз гузаштааст. Кормандони пулис парвое надоранд. Латтукӯбкунандагон низ дар озодӣ ҳастанд", - афзуд табиби қушрободӣ.

Бино ба омори Вазорати тандурустии Узбекистон, тайи солҳои 2017-2018 ҷамъан 300 табиб аз сӯи наздикони беморон латтукӯб шудаанд.

Раиси пешини Кумитаи амнияти Қирғизистон ба бозпурсӣ даъват шуд

Раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Абдил Сеғизбоев 13 август бояд барои бозпурсӣ ба Раёсати тафтишотии Вазорати умури дохилии ин кишвар ҳозир шавад. Дар ин бора наздикони Сеғизбоев хабар доданд.

Пештар расонаҳо хабар доданд, ки Сеғизбоев дар робита ба ҳаводиси деҳаи Кой-Тош ба ҳабс гирифта шудааст. Вале наздиконаш ин хабарро рад карда, гуфтанд, кормандони пулис ба хонаи раиси пешини Кумитаи амният даъватнома оварда буданд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки ӯ ба ҳайси кӣ ва дар доираи кадом парванда бозпурсӣ мешавад.

Абдил Сағизбоев 7 август, дар рӯзи аввали амалиёти боздошти президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар Кой-Тош захмӣ шуда, ба беморхона интиқол ёфта буд.

Дар доираи парвандаи ҳаводиси Кой-Тош то ҳол сардори пешини дастгоҳи президент Фарид Ниёзов, аъзои Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Алга Киличов, Кияз Смайлов ва Амантур Жамгирчиев то 8 октябр ба ҳабс гирифта шудаанд.

Онҳо дар гаравгонгирии сарбозони неруҳои махсусе айбдор мешаванд, ки 7 август барои боздошти Отамбоев ба деҳаи Кой-Тош рафта буданд. Зиддашон бо бандҳои "гаравгонгирӣ" ва "ташкили бертартибии оммавӣ" парванда боз шудааст.

Худи Отамбоев, ки бо қарори додгоҳ то 26 август ба ҳабс гирифта шудааст, дар фасодкорӣ айбдор мешавад.

Боздошти 325 нафар дар эътирозҳои оммавии Русия

Дар ҷараёни эътирозҳои оммавӣ барои интихоботи шаффоф дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Ростове-на-Дону ва Брянск 325 кас боздошт шуданд. Ба иттилои "ОВД-Инфо", пулис дар Москва 229, дар Петербург 81, дар Ростове-на-Дону 13 ва дар Брянск 2 нафарро дастгир кардааст.

Дар хиёбони Сахарови пойтахти Русия 10 август бо талаби роҳ додани номзадҳои мустақил ба интихоботи маҷлиси шаҳрӣ тазоҳуроти боиҷозат баргузор шуд. Эътирозгарон ҳамчунин хостанд, парвандаҳое, ки зидди иштирокдорони тазоҳуроти беиҷозати 27 июл боз шудааст, қатъ шаванд.

Ба иттилои "Ҳисобкунаки сафед", дар эътирозҳо ҳудуди 60 ҳазор одам иштирок доштанд. Вале пулис шумори эътирозгаронро 20 ҳазор номид.

Дар шаҳри Петербург ба ҷонибдорӣ аз тазоҳургарони Москва эътирози беиҷозат баргузор шуд. Бархе аз фаъолон гуфтанд, эътирози инфиродӣ баргузор мекунанд ва он ба иҷозат ниёз надорад.

Дар Москва аз 14 июл ба ин сӯ ҳамоишҳои эътирозии оммавӣ идома доранд. Дар ҳоли ҳозир 13 кас ба ташкили "бетартибии оммавӣ" ва "хушунат нисбат ба кормандони пусли" айбдор мешаванд. ​

Кумаки фаъолони мадании қазоқ ба хонаводаҳои маҳбусони сиёсӣ

Фаъолони мадании қазоқ 10-умуи август дар шаҳри Алмато барои хонаводаи "маҳбусони сиёсӣ" дар ин кишвар кумак ҷамъоварӣ карданд.

Иштирокчии иқдом Даниёр Хасенов гуфт, наздик ба сад нафар ба хонаводаи се модар – Оксана Шевчук, Жазира Демеуова ва Гулзипа Ҷаукерова, фаъолони маданӣ Еркина Қозиева, фаъолони ҳабсшудаи Алмато Жумагулова ва Кенжебек Абишев ғизо, либос ва лавозимоти мактабӣ кумак карданд.

Ба гуфтаи Хасенов, минбаъд ҳар моҳ ба хонаводаҳои маҳбусони сиёсии қазоқ кумак хоҳанд кард. Ӯ гуфт, кормандони пулис рафти иқдомро назорат карданд, вале ба баргузории он монеа эҷод накарданд.

Дар шаҳри Толдиқурғони Қазоқистон ҳам рӯзи шанбе иқдоми ҷамъоварии кумак барои маҳбусони сиёсӣ баргузор гашт.

Дар шаҳрҳои гуногуни Қазоқистон тайи ҳафтаҳои ахир ба ҷонибдорӣ аз шаҳрвандоне, ки бо ангезаҳои сиёсӣ аз сӯи мақомот таъқиб мешаванд ё дар зиндонанд, ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор мешавад.

Иштирокдорони ҳамоишҳо раҳоии маҳбусони сиёсӣ, аз ҷумла президенти пешин ва зиндонии ширкати "Казатомпром" Мухтор Ҷакишев, фаъоли маданӣ Макс Бокаев, шоир ва дигарандеш Арон Отабекро талаб доранд.

Ҳукми Яҳёев. Даҳ соли зиндон барои $60 000 зиён ба "Роғун"

Раиси ширкати "Фаровон-2016" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои тасарруфи беш аз 600 ҳазор сомонӣ пуле, ки барои хариди маҳсулот ба нерӯгоҳи "Роғун" пешбинӣ шуда буд, ба 10 соли ҳабс маҳкум шудааст.

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қосим Яҳёевро барои "азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон" ва "сохтакории аснод" гунаҳкор донистааст.

Дар ҳоли ҳозир назари вакили мудофеъ ва ё наздикони Яҳёев дастрас нест.

Баррасии парвандаро раёсати Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд анҷом додааст.

Карим Иброҳимзода, сардори ин раёсат охири ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарии худ дар Хуҷанд гуфт, раиси ширкати "Фаровон-2016" бояд барои нерӯгоҳи “Роғун” электроди зангназананда мехарид.

“Беш аз 1 тоннаву 200 кило электрод харида, беш аз 600 ҳазор сомонии боқимондаро аз худ кардааст”, -- шарҳ дод ӯ.

Қаблан додгоҳ раиси ширкати “Умед-88”-ро барои гирифтани миллионҳо сомонӣ пули “Роғун” ва дар вақташ барнагрдондани он зиндонӣ кардааст.

Эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ва истифода аз гази ашковар дар Ҳонгконг

Пулиси Ҳонгконг барои пароканда кардани эътирозгарон аз гази ашковар истифода намудааст. Тазоҳуроти норозиён дар Ҳонгконг даҳ рӯз боз идома дорад.

Бо вуҷуди мамнуъ шудани тазоҳурот ва роҳпаймоиҳо дар ин шаҳр, рӯзи 11-уми август ҳазорон нафар ба хиёбонҳо баромада, роҳи марказӣ ба сӯи ҳукуматро бастанд. Дар назар аст, ин эътирозҳо дар чанд минтақаи Ҳонгконг баргузор шавад.

Эътирозгарон қонуни истирдоди гунаҳкорон ба Чинро намепазиранд ва онро рад мекунанд. Ҳукумати Чин аз ин қонун пуштибонӣ кардааст.

Раҳбари Ҳонконг аз тарафдорони Пекин аст ва ҳушдор додааст, ки шаҳр бо буҳрон рӯбарӯст. Ба қавли ӯ, ин буҳрон ҷиддитар аз бемории сироятиест, ки соли 2003 вазъияти Ҳонгконгро бад карда буд ва ё мисли буҳрони ҷаҳонии соли 2008-ум аст, ки қомати иқтисоди бисёре аз кишварҳоро "шикастааст".

Мақоми нави Файзуллозода. Аз дастгоҳи ҳукумат ба шӯрои амният

Шараф Файзуллозода

Генерали тоҷик Шараф Файзуллозода муовини дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон таъйин шудааст. Дар ин бора рӯзи 10-уми август амри раиси ҷумҳур содир шуд.

Файзуллозода то ин дам сардори раёсати дифоъ ва тартиботи ҳуқуқии дастгоҳи иҷроияи президент буд.

Вай дар гузашта дар мақоми сардори cитоди нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Номи Шараф Файзуллозода бори охир моҳи январи соли 2014 дар пайи даргирии нерӯҳои марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон, ки чанд кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт, расонаӣ шуда буд.

Он вақт ӯ нахустин мақоми давлатӣ буд, ки баъд аз чанд муддати хомӯшии ҷониби Тоҷикистон қазияро шарҳ дод. Ӯ гуфта буд, тирпарронии рӯзи 11-уми январи 2014 байни марзбонҳои ду кишвари ҳамсоя дар қаламрави Тоҷикистон сурат гирифта, сарбозони тоҷик “ба хотири пешгирӣ аз идомаи оташи пулемётҳо ва камонҳои снайперии он тараф даст ба истифодаи миномётҳо задаанд”.

Ин изҳороти генерали тоҷик боис ба норозигии мақомоти Қирғизистон шуд. Бишкек ба Душанбе нота фиристод, вале Файзулллозода гуфт, аз гапаш намегардад.

СММ таркиш дар Либия ва кушта шудани се узвашро маҳкум кард

Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, таркиши маргбореро, ки боис ба кушта шудани се узви ин созмон дар Либия шуд, маҳкум кардааст.

Рӯзи 10-уми август дар Бенғозӣ, шарқи Либия, як мошини бомбгузоришуда мунфаҷир шуд. Хабаргузории “Рейтерс” ба нақл аз мақомҳои тандурустии Либия гузориш дод, ки яке аз кормандони Созмони Милал хориҷӣ будааст.

Пеш аз ин, гузориш шуда буд, ки ҳукумати Троблус (Триполи) ва нерӯи худхондаи Артиши миллии Либия зери раҳбарии генерал Халифа Ҳафтар оташбаси пешниҳодии Созмони Милалро барои ҷилавгирӣ аз ҷанг дар пойтахт дар рӯзҳои ид пазируфта буданд.

Ҳукумати Троблус аз ҳимояти Созмони Милали Муттаҳид бархӯрдор аст.

Як мушовири низомии Амрико дар Ироқ кушта шудааст

Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида гуфт, як мушовири низомии амрикоии нерӯҳои амниятии Ироқ дар амалиёте дар вилояти Найнаво кушта шудааст.

Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи 10-уми август дар баёнияе гуфт, “яке аз хидматгузорони Амрико ҳангоми иҷрои маъмурияти нерӯҳои амниятии Ироқ дар ин кишвар кушта шуд." Ҳувияти ин низомии амрикоӣ ҳанӯз эълон нашудааст.

Нерӯҳои амниятии Ироқ чанде пеш алайҳи боқимондаҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” чанд амалиёти низомиро ба роҳ монд.

Ҳукумати Ироқ дар соли 2017 пирӯзии худро дар ҷанг алайҳи ДОИШ эълон кард. Ин гуруҳи тундрав соли 2014 бахшҳои бузурге аз Ироқро тасарруф карда буд.

Эътилофи ба раҳбарии Амрико нерӯҳои амниятии Ироқро дар ҷанг алайҳи ДОИШ кумак кардааст.

Таҷлили Иди Қурбон дар пасманзари таҳдиди ҷарима барои дастархони бодабдаба

Субҳи 11-уми август дар масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон намози Иди Қурбон хонда шуд. Баъд аз он афроди тавоно қурбонӣ карданд, дигарон ба аёдати беморон ва ё зиёрати қабри гузаштагон рафтанд.

Дастикам се сол боз масъалаи таҷлил аз идҳои мусалмонӣ, ки Иди Қурбон яке аз он аст, ба мушкил мувоҷеҳ шудааст. Соли 2017 мақомот бо вуҷуди он ки рӯзи Иди Қурбон расман истироҳат буд, хонандагону омӯзгоронро ба мактаб даъват карданд.

Соли гузашта ва имсол мақомот хостанд, ки маъракаи “идгардак”-и кӯдакон маҳдуд шавад ва дастархони идона бодабдаба набошад. Мақомоти Кумитаи дин як ҳафта пеш ҳушдор доданд, ки дар рӯзи Иди Қурбон дар хонаҳои сокинон “рейд” мегузаронанд ва соҳибони дастархонҳои пурхарҷро то 5 ҳазор сомонӣ (беш аз 500 доллар) ҷарима мекунанд.

Бархе аз сокинон гуфтанд, бо нигаронӣ аз чунин ҳушдори мақомот натавонистанд дастархони худро он гунае, ки мехостанд оро диҳанд. "Аз як тараф маълум нест, ки дастархонаи бодабдаба гуфта чиро дар назар доранд. Аз сӯи дигар намегӯянд, ки ба рӯи дастархон чиро бигузорем, чиро не", - гуфт Суҳайл, як сокини Душанбе.

Интизор меравад, натиҷаи “рейд” рӯзҳои баъд эълон шавад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чанд сол пеш ҳангоми таҳияи беш аз 500 номгӯи фарҳанги ғайримоддӣ Иди Қурбонро ба қатори ҷашнҳои нимфаъол дар кишвар шомил карда буд. Муаллифон гуфтанд, "қаламрави таҷлили Иди Қурбон чандон густарда нест". Нуктае, ки бисёре аз сокинон бо он розӣ нестанд.

Мухолифон дигарбора дар Маскав тазоҳурот карданд. ВИДЕО

Раҳпаймоӣ дар Маскав

Тарафдорони мухолифон дар Русия дар шаҳри Маскав ҷамъ омаданд, то дигарбора барои роҳ додани намояндагони онҳо ба интихоботи маҷлиси шаҳрӣ пофишорӣ кунанд. Дар намоишҳои эътирозии пешина дар шаҳри Маскав, дар рӯзҳои 27-уми июл ва 3-уми август маъмурони пулис тазоҳургаронро барои ширкат дар намоишҳои бидуни иҷоза калтаккӯб карданд ва бештар аз 2300 нафар ҳам дастгир шуданд.

Дар рӯзи 10-уми август ҳарчанд тазоҳурот бе дахолати маъмурони пулис гузашт, аммо дар поёни рӯз теъдоде аз эътирозгарон дастгир шуданд.

Тазоҳуроти ҳазорон нафар дар шаҳри Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:02 0:00

Бархӯрди дурушт бо тазоҳургаронро ҳомиёни ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ танқид карданд, аммо мақомоти Русия баръакс рафтор бо намояндагони мухолифонро сахттар карда ва баъзе аз довталабони ширкат дар интихоботро дастгир карданд. Ёздаҳ нафар ба ҷиноят муттаҳам мешаванд, чун ба гуфтаи мақомот онҳо мардумро ба “бетартибии оммавӣ” даъват кардаанд. Баръакси ду тазоҳуроти пешина, мақомот ин дафъа ба тазоҳурот иҷоза доданд. Вазорати умури хориҷии Русия нерӯҳои хориҷӣ, аз ҷумла сафорати Амрико ва телевизиони Олмонро ба барангехтани тазоҳурот муттаҳам кард.

Намоишҳои эътирозӣ дар Маскав аввали моҳи июл ва баъди он шурӯъ шуд, ки мақомоти интихоботӣ ба номзадҳои мустақил иҷоза надоданд, дар интихоботи Мосгордума ширкат кунанд. Онҳо гуфтанд, ин довталабон имзои кофӣ барои сабти ном ҷамъ наовардаанд, аммо мухолифон мегӯянд, ин баҳонае барои роҳ надодани мухолифон ба маҷлиси шаҳрӣ аст.

Ҳалокати 13 нафар дар натиҷаи лағжиши хок дар Чин

Акс аз бойгонист.

Дар натиҷаи тӯфоне, ки як миллион нафарро дар Чин беҷо кард, 13 нафар кушта ва 16 тани дигар нопадид шудаанд. Тӯфон сабаби лағжиши хок ва чунин мусибат шудааст. Хабаргузории давлатии “Синхуа” рӯзи 10-уми август хабар дод, ки тӯфон дар ҳамин рӯз ба вилояти шарқии Жейҷианг расид ва суръати тундбод дар як соат 187 километрро ташкил медиҳад.

Мақомот қабл аз расидани тӯфон ба бештар аз як миллион нафар амр доданд, ба ҷойҳои амн бираванд. Дар ин вилоят ҳаракат кардан айни замон бисёр сахт аст. Парвози ҳазорон ҳавопаймо дар шарқи Чин ва баъусус аз фурудгоҳҳои азими Шанхайро манъ карданд. Ҳаракати 200 қатор аз шаҳри Ҷинан дар вилояти Шангдон низ то рӯзи душанбе муттавақиф шуд.

Талафот аз таркиш дар Архангелск зиёдтар будааст

Пойгоҳи низомии Нёнокса. Акс аз соли 2011

Мақомоти Русия гуфтанд, талафот аз таркишу сӯхтори шубҳабарангез дар як воҳиди низомӣ дар вилояти Архангелск афзудааст. Ширкати давлатии “Росатом” рӯзи 10-уми август эълон кард, ки “Дар натиҷаи садама дар як муҳаррик бо сӯхти моеъ дар пойгоҳи озмоишӣ дар вилояти Архангелск, 5 корманди Росатом ҳалок шуда, 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Рӯзе пештар аз ҳалокати фақат 2 нафар гузориш доданд.

Вазорати дифои Русия гуфт, ки вақти озмоиши “системаи партобӣ” дар рӯзи 8-уми август муҳаррик оташ гирифтааст. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки фалокат дар наздикии шаҳраки Нёнокса, маҳалли озмоишгоҳи мушакҳои баллистикӣ барои киштиҳои зериобии атомӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба гуфтаи вазорати дифо, дар натиҷаи таркиш “ҳеҷ гуна моддаҳои кимиёӣ ба ҳаво хориҷ нашудааст” ва меъёри радиатсия ва ё ташшашӯъ муқаррарӣ аст. Аммо дар шаҳри Северодинск 30 километр дуртар аз маҳалли сӯхтор ва таркиш “афзоиши якбора ва кӯтоҳ”-и радиатсия мушоҳида шудааст. Айни замон ба гуфтаи мақомот, мизони ташашӯъ ба ҳолати муқаррарӣ баргаштааст.

Муроҷиату ҳушдори БДА ба сокинон пеш аз Иди Қурбон

Акс аз бойгонӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ронандагон дар кишвар хостааст, рӯзи 11-уми август эҳтиёткор бошанд, чун ба сабаби Иди Қурбон гаштугузори мардум дар кӯчаву хиёбонҳо зиёд мешавад.

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ, ки тобеи вазорат аст, рӯзи 10-уми август бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, “Ронандагони муҳтарам, чун дар ин рӯз дар роҳҳо гаштугузори мардум зиёд мегардад, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт боэҳтиёт бошед.”

Дар ин баёния ҳамчунин аз волидон хоста шудааст, ки дар ин рӯз фарзандони худро беназорат нагузоранд. Дар Тоҷикистон садамаҳои нақлиётӣ ҳар рӯз сабт мешаванд ва солона на камтар аз 300 нафар ҷон медиҳанд. Рӯзе пештар вазорат хабар дод, ки дар натиҷаи як тасодуф дар ноҳияи Деваштич духтараки 6-солае зери чархи мошин монда, ҷон додааст.

Зилзила Душанбеву Роғунро ларзонд

Заминларзаи заифе имрӯз Душанбе пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Роғун маҳалли нерӯгоҳи барқи обии азим ва чанде аз гӯшаҳои дигари кишварро такон дод. Маркази зилзиласанҷӣ рӯзи 10-уми август, хабар дод, ки зилзила соати 11:43 сурат гирифт ва нерӯи он дар Душанбе ва Роғун се дараҷа бар асоси ҷадвали Рихтер буд.

Дар маркази заминларза дар 265-километрии ҷанубу шарқи Душанбе дар марз бо Афғонистон нерӯи он ба 3.4 дараҷа мерасид. Ҷое ва ё касе осеб надидааст. Тоҷикистон яке аз кишварҳои зилзилахези ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва солона дар он на камтар аз 3 ҳазор заминларза сабт мешавад. Заминларзаҳо бо нерӯи бештар аз 3 дараҷаӣ, ки эҳсос мешаванд, аҳёнан рух медиҳанд.

Раҳмон аз раҳбарони нав хост, "пайваста омӯзанд"

Зимни мулоқот бо афроде, ки нав таъйин шудаанд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури чанд қарору фармон, теъдоде аз мақомоти баландпояро аз вазифаҳояшон озод ва афроди дигарро ба ҷойи онҳо таъйин кардааст. Дафтари раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 10-уми август, гуфт, аз ҷумла Зикрихудо Самадзода, раиси ноҳияи Ишкошимро ба кори дигар гузаронидаанд ва ба ҷойи ӯ, Мусо Мирзозодаро таъйин кардааст.

Дар мақоми қаблан холишудаи муовини аввали фармондеҳи нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон Ҳикматулло Пиракзода таъйин шудааст. Шоиста Саидмуродзодаро муовини вазири нақлиёт ва Маҳмадкарим Соҳибзода, муовини мудири муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” таъйин шудаанд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот аз ин афрод хост, “бо таҷрибаву дониши андӯхта қаноат накарда, пайваста омӯзанд, бо техника ва технологияи муосир кор карданро дар мадди аввал гузошта, забонҳои хориҷиро аз бар намоянд. Ба рӯйдоду воқеаҳои ҷаҳони муосир баҳои объективӣ дода, таҷрибаи мустақилона қарор карданро доро бошанд.”

Нашри маълумоти шахсии дипломати ИМА дар Чин ҷанҷол барангехт

Иёлоти Муттаҳида Чинро, ки акс ва ҷузъиёти шахсии як дипломати амрикоиро чоп кард, "режими авбош" номидааст.

Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико Морган Ортагус дар нишасти матбуотӣ гуфт, "фикр намекунам, ки ифшои маълумоти шахсии дипломати амрикоӣ бо аксу номи фарзандонаш эътирози расмӣ бошад. Ин корест, ки як режими авбош хоҳад кард."

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Амрико пас аз он нашр шуд, ки рӯзномаи Ҳонгконг "Та Кунг Па" як акси дипломати ИМА-ро нашр кард.

Рӯзнома ӯро Ҷули Эдеҳ аз бахши сиёсии консулгарӣ шинос намудааст, ки бо роҳбари эътирозҳои донишҷӯён дар меҳмонхонаи боҳашамат сӯҳбат доштааст. Дар зери акс навишта шудааст: "Дахолати нирӯҳои хориҷӣ".

Рӯзи 8-уми август Пекин ба Вашингтон паём дод, ки "мудохиларо ба корҳои Ҳонгконг бас кунад" ва ба гуфтааш "ба шӯришҳои зидди Чин" поён диҳад.

Муносибатҳои Амрико ва Чин дар пасманзари ҷанги тиҷоратӣ ва рақобат барои нуфузи низомӣ дар ғарби Уқёнуси Ором ва масъалаҳои дигар тезу тунд шудааст.

Эътилофи зидди шиканҷа аз вазъи Раҳматуллои Раҷаб изҳори нигаронӣ кард

Валамат Иброҳимзода

9-уми август, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бар пояи дархости ҳамсари маҳбус Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб барои баррасии қазияи ӯ ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муроҷиат намуд.

Валамат Иброҳимзода, ҳамсари Раҳматуллои Раҷаб, изҳор доштааст, ки ҳуқуқи шавҳари ӯ, узви зиндонии ҳизби феълан дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ поймол мешавад.

Ҳафтаи гузашта фарзанди Раҳматуллои Раҷаб низ аз вазъи падари худ дар маҳбас изҳори нигаронӣ карда буд.

Дар посух ба шикояти наздикони ин маҳбус охири моҳи май мақомоти интизомӣ гуфта буданд, ки Раҳматуллои Раҷаб бо иттиҳоми риоя накардани қоидаҳои маҳбас ба ҳуҷраи ҷазо интиқол ёфтааст.

Трамп президенти Фаронсаро барои "паём" ба Эрон танқид кард

Доналд Трамп, президенти Амрико, Эммануэл Макрон – раиси ҷумҳури Фаронсаро айбдор кард, ки ба Эрон барои эҳтимоли гуфтушунид бо Вашингтон паёмҳои "носозгор" мефиристад.

"Эрон дучори душвории молии ҷиддӣ мебошад. Онҳо ноумедона аз паси музокирот бо Амрико ҳастанд, аммо аз ҳамаи онҳое, ки ният доранд моро намояндагӣ кунанд, паёмҳои носозгор дода мешаванд, аз ҷумла президенти Фаронса Макрон", -- навишт Трамп рӯзи 8-уми август дар Twitter.

Вай афзудааст, "медонам, ки Эммануэл нияти нек дорад, ҳамон тавр ки дигарон доранд, аммо ҳеҷ касе наметавонад ба ҷои Иёлоти Муттаҳида гап занад, ба ҷуз аз худи Иёлоти Муттаҳида."

Маълум нест, ки Трамп дар паёмҳои худ ба чӣ ишора кардааст ва Кохи Сафед шарҳе надодааст.

Доналд Трамп моҳи майи соли 2018 аз созишномаи ҳастаии Эрон, ки бо шаш қудрати ҷаҳонӣ имзо гузоштааст, даст кашид ва дубора таҳримҳои сахттарро ба Теҳрон бор кард. Ӯ гуфт, шартҳои созишномаи 2015 барои пешгирӣ аз тавлиди силоҳи ҳастаӣ чандон сахт набуданд.

Раиси ҷумҳури Амрико изҳор дошт, ки омодааст бо раҳбарони Эрон сӯҳбат кунад, аммо Теҳрон гуфт, пеш аз ҳама таҳримҳо бояд бардошта шаванд.

Фаронса, дар якҷоягӣ бо Бритониё, Олмон, Русия ва Чин, дар созишномаи ҳастаии соли 2015 монданд ва Вашингтонро водор карданд, ки дар созишнома монад.

Дар оғози ҳафтаи равон "Ал-Монитор" дар гузорише гуфт, ки раҳбари Фаронса президенти Эрон Ҳасани Рӯҳониро барои вохӯрӣ бо Трамп ба нишасти G7 даъват кард, ки охири моҳи август дар Фаронса баргузор хоҳад шуд.

Як дипломати фаронсавӣ ин гузоришро инкор кард ва ба хабаргузории Reuters гуфт, "бартарӣ ин аст, ки Эрон ба ӯҳдадориҳои ҳастаии худ пойбанд аст."

Ба ҷонибдорӣ аз роҳбари пешини "Қазатом" эътироз доир шуд

Дар шаҳри Семеи Қазоқистон рӯзи 9 август ба ҷонибдорӣ аз роҳбари пешини ширкати миллии "Қазатомпром" Мухтор Ҷакишев эътирозҳои алоҳида баргузор шуд. Ҷакишев дар зиндони Семе адои ҳукм мекунад.

Динора Муборак, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бо шиори "Ман озодии Мухтор Ҷакишевро талаб мекунам" назди зиндон омад. Фаъоли дигар Дилора Актолкинова бо шиори "Озодӣ ба Мухтор Ҷакишев ва ҳамаи зиндониёни сиёсӣ" назди бинои додситонӣ ҳозир шуд. Фаъолон баъди ним соат пароканда шуданд.

Дар Семе аз ибтидои ҳафта бори дувум аст, ки чунин эътирозҳо баргузор мешаванд. Баъд аз он ки додгоҳ дар таърихи 24 июл ҳукми ҳабси Ҷакишевро бе тағйир боқӣ гузошт, даҳҳо иқдом дар шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон бо талаби озодии вай барпо шуд.

Мухтор Ҷакишев моҳи майи соли 2009 боздошт шуд. Додгоҳ ӯро соли 2010 дар фасодкорӣ айбдор ва 14 сол зиндонӣ кард. Чанде аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар соли 2013 Мухтор Ҷакишевро маҳбуси сиёсӣ эътироф карданд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ҷарима ва пардохтҳои ҳатмӣ дар Тоҷикистон гарон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00
XS
SM
MD
LG