Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Тақдири норӯшани Grace-1. ИМА киштии нафткаши Эронро "забт кард"

Сарнавиши киштии нафткаши эроние, ки интизор мерафт аз тарафи Гибралтар озод карда шавад, норӯшан мемонад.

Иёлоти Муттаҳида дар дақиқаҳои охир, ки киштӣ раҳо карда мешуд, дар ҷои асосии рӯёрӯӣ миёни Теҳрон ва Лондон кӯшиш кард, киштиро забт кунад.

Ҳукумати Гибралтар рӯзи 15-уми август дар як изҳорот гуфт, “Вазорати адлияи Амрико барои ба даст овардани киштии “Grace 1” бо як қатор айбномаҳое, ки акнун баррасӣ мешаванд, дархост кардааст".

Рӯзномаи “Хронил” гузориш додааст, ки дархости Амрико "чанд соат пеш аз он расид, ки ҳукумати Гибралтар киштии “Grace 1”-ро озод карданӣ буд”. Бино ба ин гузориш, додраси додгоҳ Антони Дадли гуфтааст, агар дархости ИМА намебуд, "киштӣ рафта буд”.

Ин киштиро рӯзи 4-уми июл мақомоти Гибралтар бо ёрии нирӯҳои баҳрии салтанатии Бритониё боздоштанд.

Ҳинд барҳам задани мақоми Кашмирро "шукӯҳ" хонд. Покистон: "рӯзи сиёҳ"

Нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Моди гуфтааст, барҳам задани мақоми вижаи Кашмире, ки аз тарафи Деҳлӣ идора карда мешавад, минтақаро ба "шукӯҳ"-и пештараи худ баргардонда ва дар пешрафти кишвар "нақши муҳим" хоҳад бозид.

Моди рӯзи 15-уми август ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҳиндустон ба мардум рӯ овард ва гуфт, қарори пешинаи Кашмир фасод, хешутаборӣ ва беадолатиро афзоиш дод.

Дар Кашмири таҳти идораи Ҳиндустон аз 4-уми август равуои шабонарӯзӣ кам карда шуда, алоқа ба пуррагӣ канда гардидааст.

Ҳиндустон пеш аз бекор кардани мақоми Кашмири мусалмоннишин, ки нисбат ба аёлатҳои дигари он бартарии бештар дошт, ба ин амал даст задааст.

Покистон ин амали Ҳиндустонро аз рӯи қонунҳои байнулмилалӣ ғайриқонунӣ эълон карда ва ба истилоҳ “Рӯзи сиёҳ”-ро ҷашн мегирад, ки ба ҷашни Рӯзи Истиқлолияти Ҳиндустон ҳамзамон омадааст.

Дар ин рӯз дар саросари Покистон ва Кашмири таҳти идорааш раҳпаймоҳиҳои нави эътирозӣ барномарезӣ шудааст. Рӯзномаҳо дар кишвар бо ҳошияҳои сиёҳ чоп шудаанд ва ҳаштегҳои #15AugustBlackDay дар Твиттер гузаронда мешавад. Сиёсатмадорон, аз ҷумла сарвазир Имрон Хон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ расмҳои худро дигар карда, ба ҷои онҳо тасвирҳои сиёҳ гузоштаанд.

Кашмир миёни Покистон ва Ҳиндустон ҳисса карда шудааст, аммо ҳарду кишвар даъво доранд, ки ин минтақаро ба пуррагӣ аз худ кунанд. Ду кишвари дорои яроқи ҳастаӣ пас аз ҳисса шудани Кашмир дар соли 1947 ду ҷангро аз сар гузаронидаанд.

Президенти Узбекистон ҷалби соҳибкоронро ба сабзакорӣ манъ кард

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 13 август фармонеро содир кард, ки бар асоси он Шӯрои вазирони Қарақалпоқистон, ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳри Тошканд, ноҳияҳо ва дигар шаҳрҳо ҳақ надоранд:

- соҳибкоронро ба фаъолиятҳое ҷалб созанд, ки мустақиман шомили уҳдадориҳои онҳо нест, аз ҷумла ба сармоягузорӣ ва корҳои хайрия, корҳои ободонӣ, сабзакорӣ, ҷамъоварии оҳану коғазпора ва корҳои дигар;

- соҳибкоронро ба ҳар гуна корҳои мавсимии кишоварзӣ (кишту ҷамъоварии ҳосил) ва дигар чорабиниҳои марбут ба ҷалби нерӯи меҳнатӣ, маблағ ва дигар харҷҳои молӣ;

- бо ҷалби иҷбории соҳибкорон ҷаласа баргузор кунанд.

Қирғизистонро ба ҳифзи "озодии баён" даъват доранд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон -- "Гузоришгарони бидуни марз" аз мақомоти Қирғизистон даъват дорад, ки ба телевизиони мухолифи "Апрел" имкон диҳанд, то дубора пахши барномаҳои худро ба роҳ монад.

Пахши барномаҳои "Апрел" пас аз боздошти молики ӯ -- президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки 8 август сурат гирифт, қатъ шуд. Неруҳои махсуси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон як рӯз пас аз боздошти Отамбоев ба коргоҳи телевизион дар шаҳри Бишкек рафта, ба дари он муҳр заданд. Мудири телевизион Дмитрий Ложниковро муфаттишон 13 август 5 соат бозпурсӣ карданд.

Вале раҳбари бахши "Гузоришгарони бидуни марз" дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Иоханн Бирр​ дар изҳороти худ гуфтааст, ки ҳеҷ гуна тафтишот барои нақзи озодии расонаҳо баҳона шуда наметавонад. Бахусус, дар мавриди телевизиони "Апрел", ки зидди ӯ то ҳол ҳеч гуна айбе эълом накардаанд.

Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии расонаҳо Ҳарлем Дезир низ дар робита ба баста шудани телевизиони "Апрел" нигаронӣ баён кард. "Маро ҳабси дороии "Апрел" ва қатъи фаъолияти он нигарон кардааст. Ман аз мақомоти дахлдори Қирғизистон даъват мекунам, ки ин қарор бозбинӣ шавад. Озодӣ ва гуногунандешии расонаҳо ҳатто дар вазъиятҳои мушкил низ бояд ҳифз шавад",-афзуд ӯ.

Омӯзгорони мактабҳои Намангон аз рухсатӣ бозхонд шуданд

Омӯзгорони мактабҳои миёнаи вилояти Намангони Узбекистон шикоят доранд, ки дар ҳавои гарм аз рухсатӣ бозхонд ва иҷборан барои баҳисобгирии аҳолии вилоят сафарбар карда шудаанд.

Ба гуфтаи яке аз омӯзгорони Намангон, ки нахост номаш ифшо шавад, даҳҳо ҳамкори ӯ аз 5 август дар ба дари хонаи сокинон мегарданд. "Мудири мактаб ҳафтаи гузашта аз мо хост, ки рухсатиро қатъ карда, ба кор бароем. Дар ҷаласа гуфт, раҳбарияти маорифи вилоят дастур додааст, ки хона ба хона гардем. Ба гармии ҳаво нигоҳ накарда, дар ба дари хона мегардем ва аз сокинон хоҳиш мекунем, ки варақаро пур кунанд. Агар ин амро иҷро накунем, ҷои корро аз даст хоҳем дод", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Омӯзгорони мактабҳои дигари вилояти Намангон низ ба шарти ифшо нашудани номашон ин хабарро тасдиқ карданд. "Моро маҷбур доранд, ки вазифаи кумита ва раисони маҳаллаҳоро иҷро кунем. Мо бояд то оғози соли хониш варақаҳоро пур карда, ба раҳбарият супорем",-гуфт яке аз омӯзгорони дигари Намангон.

Дар ҳукумати вилояти Намангон тасдиқ карданд, ки дар саросари вилоят баҳисобгирии дубораи аҳолӣ идома дорад. Ба гуфтаи масъулони ҳукумати Намангон, ҳадафи асосии ин иқдом аз байн бурдани бекорӣ, муайян кардани афроди ниёзманд мебошад.

Вале намояндаи ҳукумати Намангон гуфт, ҳеч кас дастур надодааст, ки омӯзгорон аз рухсатӣ бозхонд ва иҷборан дар ба дари хонаҳо фиристода шаванд.

Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов моҳи июни гузашта дар як ҷаласа гуфта буд, ки минбаъд омӯзгорон ҳукуматҳои маҳаллиро итоат намекунанд ва ба корҳои ҷамъиятӣ низ ҷалб нахоҳанд шуд.

Хатари селфароӣ интиқоли обро ба се шаҳраки Алмато қатъ кард

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон баъди эълони хатари селфароӣ дар шаҳракҳои Қарагайлӣ, Таусамалӣ ва Курамис интиқоли оби ошомиданӣ қатъ шуд. Дар ин бора 15-уми август расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд.

Расонаҳо менависанд, дарёи Қарагайлӣ манбаи ягонаи оби ошомидании ин се шаҳрак аст. Ба гуфтаи мақомоти Алмато, дар ҳоли ҳозир оби дарё гилолуд буда, то соф шудани он ба шаҳракҳои мазкур бо мошин об мекашонанд.

Субҳи 14-уми август мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Алмато гуфтанд, хатари рахна шудани дарёи Қарагалӣ мавҷуд аст. Аммо баъдтар хатар рафт шуд.

Доналд Трамп хост, Чин бо Ҳонгконг бархӯрди инсонӣ кунад

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо ҳамтои чиниаш Сӣ Ҷинпинг

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Чин дар пайи созиши тиҷоратӣ бо Вашингтон аст, “вале аввал бояд бо Ҳонгконг бархӯрди инсонӣ кунад”. Доналд Трамп дар ин бора рӯзи 14-уми август дар “Твиттер” ишора кард.

Вай афзуд, ҳеч шак надорад, ки раиси ҷумҳури Чин хоҳони ҳар чӣ зудтар рафъ шудани мушкили Ҳонгконг аст ва метавонад ин корро кунад.

Пеш аз ин, Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор дода буд, ки ҳангоми сафар ба Ҳонгконг эҳтиёт кунанд.

Ин ҳушдор ба хотири нигарониҳои мавҷуд дар заминаи ҳаракати нерӯҳои Чин дар наздикии марз бо Ҳонгконг сурат гирифтааст. Даҳ ҳафта боз дар Ҳонгконг тазоҳуроти тарафдорони демократия идома дорад.

Эътирозҳо бар зиди тарҳи супурдани муттаҳамон ба Чин оғоз шуд. Мунтақидон мегӯянд, дар сурати супурдани ин афрод ба ихтиёри Чин, ҳуқуқи онҳо поймол мешавад ва бо хатар рӯбарӯ мегарданд.

Ҳонгконг қаблан зери итоати Бритониё буд ва дар соли 1997 дар ивази кафолати худмухторӣ ва ҳамаи озодиҳо дубора ба Чин супурда шуд.

Корманди Горди миллии Русия духтарандари 2-солаашро куштааст

Дар Кемерово корманди пешини Горди миллии Русия Андрей Кобилин духтарандари дусолаи худро ба қатл расондааст. Ба иттилои хабаргузории "Город Nовостей". Додгоҳи Кемерово баррасии парвандаи мазкурро оғоз кардааст.

Бино ба фарзияи муфаттишон, Кобилини 23-сола моҳи сентябри соли 2018, ки он замон корманди Горди миллии Русия буд, дар хона ҳамроҳи духтарандараш танҳо будааст. Кӯдак инҷикӣ карда, Кобилин хостааст, вайро ором кунад. Дар ҳаммом ба рӯи кӯдак об рехтааст ва ӯ дар натиҷа нафасгир шудааст. Айбдоршаванда мегӯяд, танҳо мехост, кӯдакро ба худ биёрад. Модари кӯдак дар ин бора ба пулис хабар надода, барои пинҳон кардани ҷиноят кумак кардааст.

Модарбузурги кӯдак пас аз ду моҳи ин ҳодиса ба пулис шикоят карда, гуфтааст, кӯдакро ба онҳо нишон намедиҳанд. Вале кормандони пулис он замон ба шикояти пиразан аҳамият надодаанд ва гуфтаанд, ки ҷои нигаронӣ нест.

Марги кӯдак танҳо моҳи январи соли 2019 ошкор шудааст. Дар натиҷа Кобилинро аз мақом барканор ва боздошт карданд. Ба ӯ ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.

Ширкатҳое, ки дар бораи Узбекистон филм меофаранд, кӯмак мешаванд

Сар аз соли оянда ҳукумати Узбекистон қисман харҷи ширкатҳои хориҷиеро мепӯшонад, ки дар бораи ин кишвар филм меофаранд.

Дар фармони Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон "Дар бораи рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ" омадааст, "ҳангоми сохтани маҳсулоти аудиовизуалӣ дар ҳудуди Узбекистон аз сӯи ширкатҳои хориҷӣ, 20 дарсади харҷи онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат пӯшонида мешавад".

Дар ҳудуди кишварҳои ИДМ чунин таҷриба дар ҳоли ҳозир танҳо дар Узбекистон роҳандозӣ хоҳад шуд.

Ба ҷуз ин, ширкатҳое, ки мехоҳанд, дар бораи таърих ва шахсиятҳои таърихии Узбекистон филми мустанад созанд, дар ҳаҷми то 333 ҳазор доллар барои як филм, кумак дарёфт хоҳанд кард.

Дар Узбекистон 627 шаҳрванди аз 50-сола боло мехоҳанд, донишҷӯ шаванд

Маркази давлатии санҷиши дониш дар Узбекистон хабар медиҳад, ки ҳазор сокини калонсоли ин кишвар "барои шомил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳо" ҳуҷҷат супурданд. Дар Узбекистон соли ҷорӣ маҳдудияти синну солиро барои довталабони маълумоти олӣ бекор карданд.

Ба иттилои мақомоти маорифи он кишвар, то санаи 13 август шумори довталабони то 25-сола 862 ҳазору 977 кас, довталабони аз 25 то 30-сола 103 276 кас, аз 40 то 50-сола 14 014 тан ва аз 50-сола боло 627 касро ташкил медиҳад.

Моҳи июли имсол Тухтамиш Султонови 80-сола аз вилояти Сурхандарёи он кишвар куҳансолтарин довталаб унвон шуд. Султонов якбора ба ду донишгоҳ - равияи биологии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва факултаи тиббии намояндагии Академияи тиббии Тошканд дар Тирмиз ҳуҷҷат супурд.

Пештар аз ин дар Фарғона пиразани 72-сола якбора ба се донишгоҳ ҳуҷҷат супурда буд.

Шарофат Тошеваи 67-сола аз вилояти Навоии Узбекистон довталаби Донишкадаи давлатии омӯзгории Навоӣ шуд.

Гумонбари куштори сарбоз дар амалиёти боздошти Отамбоев дастгир шуд

Дар робита ба куштори сарбози неруҳои махсуси Кумитаи амнияти Қирғизистон дар ҷараёни амалиёти боздошти президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев, як нафар дастгир шудааст. Хабарро вакили дифои ҷониби ҷабрдида Кайрат Загибоев тасдиқ кард.

Як қатор расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба манобеи худ дар мақомоти қудратии Қирғизистон иттилоъ доданд, ки сарбоз бо силоҳи худаш кушта шуда, гумонбар ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад. Дар мақомоти қудратии Қирғизистон гуфтанд, ки парвандаи куштори сарбозро Вазорати умури дохилии ин кишвар таҳқиқ дорад. Масъулони вазорат гуфтанд, хабарҳо дар ин бораро дертар шарҳ медиҳанд.

Амалиёти боздошти Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош 7-8 август сурат гирифта, президенти пешини Қирғизистон дар рӯзи дувум таслим шуд. Дар натиҷаи задухурди неруҳои махсус бо ҷонибдорони Отамбоев 170 нафар осеб дида, як сарбоз кушта шуд.

Додситонии кулли Қирғизистон 13 август зидди Отамбоев, ки дар ҳабс аст, бо бандҳои "Ташкили бетартибиҳои оммавӣ", "Ташкили сӯиқасд" ва "Ташкили гаравгонгирӣ" айб эълом кард. Вакили дифои ӯ 14 август хабар дод, ки дар робита ба бинои "Форум" ва Маркази гармидиҳии Бишкек зидди шахси зери ҳимояаш ду айбди дигар эълом карданд.

Додгоҳи шаҳрии Бишкек 16 август масъалаи тағйири ҳукми ҳабси пешакии Отамбоевро баррасӣ хоҳад кард.

Муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Курсан Асанов, ки амалиёти Отамбоевро раҳбарӣ мекард, аз мақом барканор шуда, зиддаш парванда боз кардаанд. Маҳз дар натиҷаи гуфтугӯи Асанов Отамбоев худро ба мақомот таслим карда буд.

Масоҳати сӯхтор дар Қазоқистон 5 баробар афзоиш ёфт

.

Масоҳати сӯхтор дар заминҳои ноҳияи Каркаралии Қазоқистон панҷ баробар афзоиш ёфта, дар як шабонарӯз ба беш аз 2 700 ҳектар расидааст.

Муовини вазири умури дохилии Қазоқистон Юрий Илин 14 август, дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, вазъ дар Каркаралӣ номусоид аст.

Ба гуфтаи ӯ, ба хомуш кардани оташсӯзӣ тамоми бахшҳои Кумитаи хоҷагии ҷангали Қазоқистон, ниҳодҳои давлатии маҳаллӣ ва Вазорати умури дохилии ин кишвар сафарбар шудаанд.

Дар заминҳои ноҳияи Каркаралӣ 12 август алафҳои хушк оташ гирифта, ҳоло сӯхтор то ба ҷангали ноҳия низ доман задааст. Раиси Каркаралӣ 13 август дар ҳудуди ноҳия вазъи изтирорӣ эълом кард.

Bloomberg: Facebook паёмҳои садоиро рамзкушоӣ мекард

Шабакаи иҷтимоии Facebook тайи муддати тӯлонӣ барои рамзкушоии паёмҳои садоии корбаронаш ба ширкатҳои севум маблағ пардохт кардааст. Дар ин бора Bloomberg бо истинод ба манобеи худ дар ширкатҳои мазкур иттилоъ додааст.

Раҳбарияти Фейсбук тасдиқ кард, ки чунин амалро фармоиш додааст. Вале дар суҳбат бо CNet афзуд, ки сар аз ҳафтаи гузашта иҷрои ин барномаро ба монандаи " Apple ва Google" мавқуф гузоштанд. Раҳбарияти шабака мегӯяд, ба ин кор маҷбур буданд. Кормандони кирошуда гӯё санҷиданд, рамзкушоии сабтҳои зеҳни маснуие, ки Фейсбук истифода мебарад, то кучо дақиқ имкон дорад. Ба бовари раҳбарияти Фейсбук, кормандони мазкур намедонистанд, ки ин наворҳо дар куҷо ва чи гуна сабт шудаанд.

Шабакаи иҷтимоии Фейсбук борҳо ба он айбдор шудааст, ки бидуни огоҳии корбарон маълумоти шахсии онҳоро на танҳо ҷамъоварӣ, балки ба ҷонибҳои севум мефурӯшад. Раҳбари Facebook Марк Сукерберг моҳи апрели соли 2018 маҷбур шуд, дар Конгресси ИМА ба ҳамаи суолҳо дар ин замина посух гӯяд. Аз ҷумла, ӯ гуфта буд, ки Фейсбук "суханҳои шуморо гӯш намекунад".

Ҳамчунин моҳи гузашта маълум шуд, ки ширкатҳои Apple, Amazon ва Alphabet низ гуфтугӯи корбаронро сабт мекардаанд.

Додгоҳи баррасии шикоятҳои ИМА ҳафтаи гузашта шикояти Фейсбукро аз болои қарори Комиссияи федеролии Амрико қонеъ накард. Комиссия шабакаи иҷтимоиро ба ҷамъоварии ғайриқонунӣ, ҳифзи маълумоти шахсии миллионҳо корбар бидуни иҷозат айбдор ва ба пардохти 5 миллиард доллар ҷарима вазифадор кард.

Додхоҳии волидони панҷ муттаҳам ба ошӯб аз Омбудсмен. ВИДЕО

Модарони маҳбусони зиндони Хуҷанд ба ҳукми фарзандонашон розӣ нестанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Наздикони панҷ нафар аз маҳкумшудагон бо ҷурми даст доштан дар ошӯби зиндони шаҳри Хуҷанд аз шиканҷа шудани пайвандони худ ба Омбудсмени Тоҷикистон шикоят кардаанд.

Онҳо аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хостаанд, ки фарзандонашонро аз наздик дида, ба мушкилашон расидагӣ кунад.

Волидони Фарҳод Содиқов, Нусратулло Қодиров, Далер Бобоев, Сафрониддин Шомуродов ва Алишер Ҳамидов бовар доранд, ки фарзандонашон "зери шиканҷа гуноҳро ба дӯш гирифтаанд". Пештар мақомот ҳамагуна шиканҷа ва латту кӯби муттаҳамонро рад карда буданд.

Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа рӯзи 14-уми август хабар дод, ки номаи ин панҷ нафар ба Омбудсмен фиристода шудааст. Ниҳоди Омбудсмен ҳанӯз дар бораи дастрас кардани нома чизе нагуфтааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Додгоҳи олии Тоҷикистон охири моҳи июли имсол ҳукми 33 нафарро бо ҷурми ташкил ва даст доштан дар ошӯби зиндони рақами сеи Хуҷанд эълон кардааст. Мақомоти Додгоҳи олӣ ҳукмро шарҳ надоданд.

Як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми август гуфт, се нафар ба ҳабси абад маҳкум шуда, дигарон аз 19 то 24 сол ҳукм гирифтаанд.

Пайвандони панҷ нафар аз ин маҳкумшудаҳо дар номаи худ ба Омбудсмен гуфтаанд, "наздикони мо худро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор намешуморанд, чун ҳамаи нишондоди онҳо зери таъсири шиканҷа гирифта шудааст."

Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа порае аз номаи волидонро низ нашр кард, ки дар он чунин гуфта шудааст: "Аз зоҳир ва суханони онҳо маълум гардид, ки пайдарҳам зери азобу шиканҷа қарор доштаанд. Шахсан ба мо иброз доштанд, ки барои ба ӯҳда гирифтани ин ҷиноятҳо дар рафти тафтишот онҳоро ба қувваи барқ пайваст намуда, зери латту кӯби шадид қарор додаанд."

Мурофиаи гумонбарони ошӯб дар зиндони Хуҷанд паси дарҳои баста сурат гирифтааст ва маълум нест оё муттаҳамон ин нуктаҳоро дар додгоҳ низ баён кардаанд, ё не ва вокуниши мақомот ба он чӣ будааст. Вакилони мудофеъ аз ҳамагуна шарҳ худдорӣ мекунанд.

Ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд шаби 7 ба 8-уми ноябри соли 2018 иттифоқ афтод. Дар ин ҳодиса, ба ҳисоби расмӣ, 25 нафар, аз ҷумла ду маъмури зиндон кушта шуданд. Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтааст.

Қаблан мақомот гуфта буданд, ки ошӯбгарон мехостанд, аз зиндон фирор кунанд, вале ҳомиёни ҳуқуқ ва баъзе зиндониён гуфта буданд, ки гӯё бадрафтории посбонҳои зиндон бо маҳбусон ва шароити бади зиндон яке аз сабабҳои аслии ошӯб будааст.

Баъд аз ним сол шаби 19-уми майи имсол дар зиндони шаҳри Ваҳдат низ ошӯб сар зад ва бар асари он се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд.

Паёми Имрон Хон ба мардуми Кашмир дар рӯзи истиқлоли Покистон

Имрон Хон

Имрон Хон, сарвазири Покистон, ба одамоне, ки дар Кашмири зери назорати Ҳинд зиндагӣ мекунанд, ҳамбастагии худро баён кардааст.

Ӯ рӯзи 14-уми август дар изҳороте бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти Покистон гуфт, “онҳо қурбонии зулми Ҳиндустон ҳастанд."

Хон афзуд: “Рӯзи истиқлолият як имконият барои хушбахтии бузург аст, аммо имрӯз мо аз бадбахтии бародарони кашмириамон ғамгинем. Бародарони кашмириамонро бовар мекунонам, ки дар бари онҳо ҳастем."

Президенти Покистон Ориф Алвӣ дар маросиме дар Исломобод низ бо чунин паёме баромад кард ва гуфт: "Мо бо онҳо мемонем. Имрӯз ҳамроҳи онҳо ҳастем ва ҳамин гуна давом хоҳем дод."

Кашмири зери назорати Ҳиндустон, ки минтақаи мусулмоннишин аст, ҳафтаи гузашта пас аз он ки Деҳлии Нав банди қонунеро дар Сарқонуни Ҳиндустон бекор кард, баста шудааст.

Ин банди қонун ба ин минтақа нисбат ба дигар иёлатҳои Ҳиндустон мустақилияти бештарро кафолат медод.

Сарвазир Нарендра Модӣ гуфт, ин амал имкон медиҳад, Ҳиндустон минтақаро аз “терроризм ва ҷудоихоҳӣ” халос кунад.

Покистон ин амали Ҳиндустонро аз рӯи қонунҳои байналмилалӣ ғайриқонунӣ номид. Ин кишвар бо боздоштани савдои дуҷониба ва ҳама робитаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бо ҳамсояи худ ва, инчунин, берун кардани сафири Деҳлии Нав аз Исломобод ба Ҳиндустон посух дод.

СҶТ: Дар Қазоқистон бемории сурхак дар ҳоли густариш аст

Ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), дар кишварҳое амсоли Қазоқистон, Ангола, Камерун, Чад, Нигерия, Филиппин, Судони Ҷанубӣ, Судон ва Тайланд бемории сурхак дар ҳоли густариш аст. Дар ин бора дар гузориши нимсолаи СҶТ зикр шудааст, ки 13 август нашр гардид.

Дар нимсолаи аввали 2019 баъди соли 2006 бори аввал сатҳи рекордии бемории сурхак ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои созмон, дар саросари ҷаҳон 364 ҳазор мавриди гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шудааст.

Дар гузориш омадааст, ки сатҳи баланди гирифторӣ дар қитъаи Африқо мушоҳида мешавад, ки онҷо шумори гирифторон даҳ баробар афзудааст.

Ба иттилои созмон, дар Қазоқистон аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ 3 414 мавриди гирифторӣ ба сурхак сабт шудааст. Аз рӯи ин нишондод, Қазоқистон дар ҷаҳон мақоми панҷумро касб кардааст.

СҶТ мегӯяд, сабаби рушди беморӣ худдорӣ аз ваксинзанӣ аст.

Писари Отамбоев ба мубориза зидди худкомагии мақомот даъват кард

Қодирбек Отамбоев.

Қодирбек Отамбоев, писари Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон аз мухолифон даъват кард, зидди худкомагии мақомот муборизаи қонуниро шуруъ кунанд. Навори муроҷиати Қодирбек Отамбоев дар Фейсбук нашр шуд. Ҳаводиси 7-8 августро писари Отамбоев ҳамчун "авҷи раванди маҳви неруҳои мухолифин" унвон кард.

"Аммо ин бор мо набояд мунтазир монем, ки кай ба суроғи ҳар кадоми мо меоянд. Ин маънои онро дорад, ки имрӯз ҳамаи нерӯҳои мухолифин бояд дарк кунанд - ояндаи давлат дар хатар аст. Мо бояд ба худкомагии давлат муқобилаи сахт нишон диҳем. Агар дар интихоботи оянда эътилофи мухолифин пирӯз шавад - эътилофи мухолифин зидди диктатура, пас мо метавонем, вазъро тағйир диҳем", - гуфт Қодирбек Отамбоев.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 27 июн дахлнопазирии Алмосбек Отамбоевро бекор кард. То он замон комисияи вакилон зидди вай шаш айб эълом карда буд. Додситонӣ хулоса кард, ки 5 айби эъломшуда асоснок аст. Отамбоеви калонӣ гуфт, айбҳо ангезаи сиёсӣ доранд. Президенти пешинро барои бозпурсӣ ба вазорати корҳои дохилӣ даъват карданд, вале вай ҳозир нашуд.

Рӯзҳои 7-8 август дар манзили Отамбоев дар деҳаи Кой-Тоши вилояти Чуй бо ҳадафи иҷборан ба бозпурсӣ ҳозир кардани президенти пешин ҳамла сурат гирифт. Баъди боздошт нисбати Отамбоев дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани дузди қонунӣ Азиз Батукаев, бо моддаҳои "Фасодкорӣ" ва "Иштирок дар ҷиноят" парванда боз шуд. Бо қарори додгоҳ, Отамбоев то 26 август ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Додситонии Қирғизистон 13 август хабар дод, ки нисбати президенти пешин дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош чанд парвандаи дигар боз шудааст.

Трамп пардохтҳои гумрукиро барои маҳсулоти чинӣ ба таъхир гузошт

Рӯзи сешанбе дар бозори молии Уолл-стрит қурби саҳмияҳо баъди изҳори назари Доналд Трамп, президенти ИМА боло рафт. Трамп гуфт, тасмим дорад, пардохтҳои гумрукиро барои маҳсулоти чинӣ ба таъхир андозад.

Арзиши саҳмияҳои 80% ширкатҳое, ки дар бозори молии амрикоӣ ба фурӯш гузошта шудаанд, якборо боло рафт.

Трамп эълом кард, ки тасмим дорад, ҷорисозии пардохтҳои иловагии гумрукиро барои молҳои содиротии Чин ба таъхир гузорад. Ин тасмим сармоягузоронро умедвор сохт, ки аз ҷанги молӣ байни ИМА ва Чин нигарон буданд.

Коршиносон мегӯянд, маҳсулоте, ки мебоист аз онҳо пардохти иловагии гумрукӣ ситонида шавад, асосан кишоварзӣ ва саноатӣ аст. Абзорҳои техникӣ ва молҳои ниёзи ҳаррӯза шомили рӯйхати пардохтҳои иловагӣ намешуданд.

Соли гузашти ҳукумати Трамп ба бисёре аз молҳои чинӣ андози 10% ҷорӣ кард. Баҳори имсол ин андоз ба 25 дарсад расид. Трамп эълом карда буд, ки дертар 10 дарсади дигар илова хоҳад кард. Андози 10-дарсадии охир бояд 1 сентябр ба иҷро медаромад, аммо дирӯзи эълом шуд, ки то миёнаҳои моҳи декабр ба таъхир гузошта мешавад.

Узбекистон барои шаҳрвандони 20 кишвари дигар визаро бекор кард

Акс аз бойгонӣ.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 12 август фармон "Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ"-ро дар кишвараш имзо кард.

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, сар аз 1 январи соли 2020 барои шаҳрвандони 20 кишвари дар зер омада ба муҳлати 30 шабонарӯз низоми бидуни раводид (виза) ҷорӣ хоҳад шуд.

Антигуа ва Барбуда

Барбадос

Белиз

Гренада

Ҷумҳурии Доминикана

Мексика

Ҷумҳурии Гватемала

Ҷумҳурии Гондурас

Ҷумҳурии Коста-Рика

Ҷумҳурии Куба

Ҷумҳурии Никарагуа

Ҷумҳурии Панама

Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго

Ҷумҳурии Салвадор

Сент-Винсент ва Гренадинӣ

Сент-Люсия

Иттиҳоди ҷазираҳои Баҳамасҳо

Иттиҳоди Доминика

Федератсияи Сент-Китса ва Невиса

Ямайк

Ҳадафи фармон баланд бардоштани самаранокии ислоҳоти соҳаи ҷаҳонгардӣ, афзоиши шумори шаҳрвандони хориҷӣ ва иҷрои консепсияи рушди соҳаи туризм барои солҳои 2019-2025 гуфта шудааст.

Як маҳбус аз зиндони Тошканд фирор кардааст

Маҳбуси 43-сола Олимҷон Абдуллоев тақрибан як моҳ пеш аз зиндони сукунатии рақами 51-и шаҳри Тошканд фирор кардааст.

Ба гуфтаи як корманди Раёсати зиндонҳои Узбекистон, Абдуллоев ҳадафи пайгарди қонунӣ қарор дода шудааст. Ҳамсуҳбати мо гуфт, маҳбуси фирорӣ бо ҷурми "куштори барқасдона" 20 сол зиндонӣ шуда буд.

"Пас аз адои 15 соли ҷазо ӯро ба бахши сукунатӣ интиқол дода буданд. То ба озодӣ баромаданаш 5 сол монда буд. Вале бо афроди ҷинояткор созиш карда, шиносномаро дарёфт ва фирор намудааст",-афзуд ӯ.

Яке аз маҳбусони зиндони рақами 51 гуфт, Абдуллоев дар маҳбас кафшергар буд ва ба гурехтани ӯ меҳнати иҷборӣ сабаб шудааст.

"Яке аз раҳбарони зиндон ҳар моҳ аз ӯ 100 доллар талаб мекард. Ба Абдуллоев гуфта буд, ки "агар пулро пардохт кунӣ, инҷо ором мегардӣ". Абдуллоев устои хуб буд. Вайро маҷбур мекарданд, ки ҳар моҳ дарвозаҳои хуб бисозад. Вале вақтҳои ахир аз дарди чашм ранҷ мебурд. Ба воситаи Телеграм ба ман навишт, ки аз ин фишорҳо хаста шуда, фирор кардааст. Фаҳмида мешавад, косаи сабраш лабрез шудааст",- изҳор дошт маҳбус.

Як корманди маҳбаси рақами 51 гуфт, дар ҳоли ҳозир таҳқиқ доранд, ки чаро хабари фирори маҳбус махсус дер эълом шудааст.

Расонаҳо: Стивен Э. Бигун - номзад ба мақоми сафирии ИМА дар Русия

Президенти ИМА Доналд Трамп номзадии Стивен Э. Бигунро, ки дар гуфтугӯҳо бо Кореяи Шимолӣ Вашингтонро намояндагӣ мекард, ба мақоми сафирии кишвараш дар Русия баррасӣ дорад. Дар ин бора Reuters бо истинод ба як манбаъ дар Кохи Сафед хабар дод. Расонаи Vox ду рӯз пеш бо такя ба ду шахси наздик ба Трамп хабар дод, ки Бигун номзади асосӣ ба мақоми сафирии ИМА дар Русия аст.

Сафорати ИМА дар Москва ҳафтаи гузашта номаи Ҷон Ҳатсман ба Трампро нашр кард, ки гуфта буд, 3 октябр аз мақоми худ канор хоҳад рафт. Дар ҳоли ҳозир дар бораи номзадҳои дигари эҳтимолӣ ба мақоми сафирии ИМА дар Русия маълумоте рӯи даст нест.

Стивен Бигуни 56-сола улуми дипломатия ва забони русиро дар Донишгоҳи Мичиган омӯхтааст. Ӯ ибтидои солҳои 90-ум раҳбари намояндагии Пажуҳишгоҳи байналмилалии ҷумҳуриявӣ дар Москва ва дар замони президентии Ҷорҷ Буши хурдӣ дар Кохи Сафед мушовири умури хориҷӣ буд.

Дар Самарқанд як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оташ гирифт

Рӯзи 12 август дар шаҳри Самарқанди нуқтаи фурӯши сӯзишворие оташ гирифт. Дар ин бора хадамоти давлатии сухторнишонии Узбекистон иттилоъ дод. Дар хабари расмӣ омадааст, ки оташ соати 17:27 дақиқа рух дод.

Гуфта мешавад, ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар наздикии коллеҷ ё Омӯзишгоҳи захираи олимпӣ ҷойгир аст. Хадамоти сухторнишонӣ мегӯяд, оташ давоми 20 дақиқа хомӯш карда шуд.

"Дар рафти сухтор фавтидагон ё захмбардоштагон ба қайд гирифта нашуданд",-омадааст дар хабар. Сабабҳои сухтор дақиқ карда мешавад.

Эрон ҷои нигаҳдории рӯзноманигори боздоштшударо пинҳон мекунад

Кумитаи ҳимоят аз журналистон мақомоти Эронро даъват кард, ки тасвирбардор ва рӯзноманигор Нушин Ҷаъфариро фавранд озод кунанд. Ҷаъфарӣ 3 август бар асоси айбҳои тасдиқношуда боздошт шудааст.

"Ин амали мақомоти Эрон, ки беш аз як ҳафта мешавад, рӯзноманигорро бе асос дар як ҷои номуайян нигаҳ медоранду имкони тамос гирифтан бо наздиконашро намедиҳанд, нафратовар аст", – гуфт ҳамоҳангсози барномаҳои Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ Шериф Мансур рӯзи 12 август.

Нушин Ҷаъфариро 3 август дар наздикии манзили зисташ дар шаҳри Теҳрон боздошт карда, ба ҷои номаълум бурданд. Мақомоти Эрон худи он рӯз хонаи рӯзноманигорро бозҷӯӣ карда, чандин ашёи ӯ, аз ҷумла телефон ва дурбинашро мусодира карданд.

Дар ҳоли ҳозир зидди рӯзноманигор чӣ айб эълом шудааст, маълум нест.

Бар пояи "Шохиси умумиҷаҳонии озодии матбуот", Эрон соли равон дар миёни 180 кишвари дунё дар мақоми 170-ум ҷой гирифтааст.

Ҳукми зиндони соҳиби автобусе, ки дар он 52 муҳоҷири узбек сӯхтанд

Додгоҳи ноҳияи Сариоғоши Қазоқистон соҳиби автобусеро 3 сол аз озодӣ маҳрум кард, ки ибтидои соли гузашта дар натиҷаи оташгирифтани он дар шоҳроҳи вилояти Оқтеппаи ин кишвар 52 муҳоҷири узбек ҷон бохтанд.

Хадамоти матбуотии додгоҳ 13 август иттилоъ дод, ки талаби ҷониби ҷабрдидаҳо қонеъ ва шаҳрванди 46-солаи Қазоқистон Ордухон Мехтиев барои ба истифода додани воситаи нақлиёти корношоям зиндонӣ шуд. Худи Мехтиев дар додгоҳ гуфт, ки аз ҳукм розӣ нест.

Автобуси ҳомили муҳоҷирон 18 январи соли 2018 дар масири Чимкент - Самара оташ гирифт. Дар ин автобус 57 мусофир ҳузур дошт, ки 52 тани онҳо дар ҷои ҳодиса ҷон бохтанд. Ҳамаи ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Узбекистон буданд. Аз шумори умумӣ 2 мусофир ва 3 ронанда шаҳрвандони Қазоқистон буданд, ки дар ҳодисаи мазкур осеб надиданд.

Додгоҳи шаҳри Оқтеппа 9 ноябр ронандагони автобусро 5-солӣ зиндонӣ кард. Додгоҳ онҳоро ҳамчунин вазифадор кард, ки ба хонаводаи ҳар шаҳрванди ҳалокшудаи Узбекистон 5400-долларӣ ҷуброн пардозанд.

Баъд аз қазияи Отамбоев муовини вазирро аз кор ронданд

Курсан Асанов ва Алмосбек Отамбоев. Рӯзи 8-уми августи 2019

Курсан Асанов, муовини вазири умури дохилии Қирғизистон, барои "хиёнат ба манфиатҳои мақомоти милиса" ва "аз даст додани боварӣ" аз мақомаш ронда шуд.

Асанов шаби 8-уми августи имсол амалиёти боздошти президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро раҳбарӣ мекард ва ӯро ба таслим шудан водор намуда буд. Ин амалиёт ду рӯз давом кард ва дар натиҷаи он як афсари амниятӣ кушта ва даҳҳо тан захмӣ шуданд.

Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон рӯзи 13-уми август гуфт, қарори аз кор рондани Курсан Асанов "баъд аз тафтиши дохилӣ" гирифта шудааст.

"Натиҷаи тафтишотро ба Додситонии кул фиристодаанд, то ба он баҳои ҳуқуқӣ бидиҳанд", -- гуфтанд дар ВКД-и Қирғизистон.

Курсан Асанов рӯзи 7-уми август бо тарафдорони президенти пешин Алмосбек Отамбоев дар Қой-Тош, канори шаҳри Бишкек, музокирот кард. Вай рӯзи ҳаштуми август Отамбоевро дар хонааш водор намуд, ки таслим шавад.

Алмосбек Отамбоев қабл аз таслим шудан аз Курсан Асанов хост, ки метавонанд ӯро парронанд, вале ба тарафдоронаш даст нарасонанд. Асанов ҳам ба ӯ ваъда дод, ки "касеро намепарронанд ва намезананд".

Президенти пешин ҳоло дар боздошт аст ва ӯро дар доираи парвандаи озодшавии яке аз сарони олами ҷиноӣ Азиз Батукаев ба фасод ва шарикӣ дар ҷиноят муттаҳам карданд.

Додситонии кулли Қирғизистон рӯзи 13-уми август Отамбоевро ҳамчунин ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ, тарҳрезии куштор ва ташкили нооромӣ гумонбар донист.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Барфи аввал дар Душанбе (бидуни шарҳ)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00
XS
SM
MD
LG