Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Трамп аз Ҷинпинг хост, ки ба буҳрони Ҳонгконг поён диҳад

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, аз раҳбари Чин Сӣ Ҷинпиг хостааст, шахсан бо тазоҳургарон дар Ҳонгконг вохӯрда, ба бӯҳроне, ки ҳафтаҳо боз эътирози ҷонибдорони демократияро дар мустамликаи пешини Бритониё ба амал овардааст, поён диҳад.

Ин суханони Трамп рӯзи 15-уми август ҳангоме садо дод, ки Пекин, расонаҳои давлатӣ ва раҳбарони тарфдори Чин дар Ҳонконг гуфтанд, Чин омодааст “нооромиҳоро тез пахш кунад” ва агар бӯҳрон “идоранашаванда” шавад, намехоҳад “даст рӯи даст гузошта, тамошо кунад”.

Трамп ба хабарнигорон гуфт, “агар Сӣ Ҷинпинг бо гурӯҳи намояндагони эътирозгарон гуфтугӯ кунад, шарт мекунам, мушкилро дар 15 дақиқа ҳал мекунад”. Вале ҳамзамон афзуд, “медонам, ин аз он корҳое нест, ки ӯ кунад, аммо ба гумонам фикри баде нахоҳад буд”.

Норозигиҳои ҳафтаҳои охир дар Ҳонконг дар эътироз ба муқаррароти нав дар бораи додани муттаҳамон ба Чин сар шуд. Ҳарчанд муқаррарот бекор карда шуд, эътирозҳо бо гузашти вақт ба ҳаракати густардатаре барои демократия табдил шуд.

Як сайёҳ аз Русия ба дарёи Хингоби Тоҷикистон афтодааст

Акс аз бойгонӣ

Як сайёҳ аз Русия ҳангоми гузаштан аз пули болои дарёи Хингоб дар деҳаи Арзунги ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) ба дарё афтодааст.

Мақомоти Идораи ҳолатҳои фавқулодда мегӯянд, ҷустуҷӯи ҷасади ӯ чаҳор рӯз боз идома дорад. Ин сайёҳ ҳамроҳи се нафари дигар аз Русия ба тамошои гӯшаҳои Тоҷикистон омада, онҳоро як сокини шаҳри Турсунзода ҳамроҳӣ доштааст.

Рӯзибек Шарифзода, сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ), рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Ирина Претиковаи 61-сола ва ҳамроҳонаш ният доштаанд, ки тавассути пули дарёи Хингоб ба тарафи ноҳияи Ҷиргатол бираванд. "Ҳамин рӯз дар маҳалли ҳодиса будам. Ҷараёни об дар ҷое, ки ин зан афтодааст, беҳад тунд аст",-гуфт Шарифзода.

Мақомот мегӯянд, кормандони пулис ва наҷотбахшон ҷасадро ҷустуҷӯ доранд. Се сайёҳи дигар аз Русия ва як сокини шаҳри Турсунзода баъд аз ин ҳодиса ба қафо ба Душанбе баргаштаанд.

Талоши мо барои пайдо кардани ин сайёҳон бенатиҷа буд. Маълум нест, Ирина Претикова дар чӣ шароит ба дарё афтодааст.

Ҷараёни оби баъзе аз дарёҳои Тоҷикистон тез аст ва дар чандин ҳолат ҷасади сарозершудагон баъд аз гузашти ҳафтаҳо аз соҳили рӯд ёфт шудааст.

Расонаҳо: Трамп харидори ҷазираи Гренландия аст

Доналд Трамп, президенти ИМА борҳо нимшухиву нимҷиддӣ бо мушовиронаш имконияти харидории ҷазираи Гренландияро баррасӣ кардааст. Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба манобеъ дар Кохи Cафед иттилоъ медиҳад.

Гренландия вилояти худмухтори кишвари Дания аст. Ҳарчанд ин ҷазира қаламрави бузурге дорад, аммо дар ҳудуди он ҳамагӣ 56 ҳазор одам зиндагӣ мекунад.

Трамп аз мушовиронаш пурсидааст, ки оё ИМА метавонад, қонунан соҳиби ин ҷазираи дорои захираҳои бойи табиӣ шавад. Трамп ҳамчунин аз ҳуқуқдонҳои Кохи Cафед хостааст, ки паҳлӯҳои қонунии ин масъаларо омӯзанд.

Ибтидои моҳи сентябри соли ҷорӣ Трамп ба Дания сафар хоҳад кард, аммо ба навиштаи The Wall Street Journal, муҳокимаи доду гирифти Гренландия дар дастури кори сафар қарор надорад.

Таваҷҷуҳи Трамп ба Гренландия замоне ҷалб шуд, ки Дания дар пайдо 591 миллион доллар - харҷи таъминоти моддии нимҷазира - ба мушкил мувоҷеҳ шуд. Трамп ба маҳзи иттилоъ ёфтан дар бораи ин мушкилии Дания, хостори харидории Гренландия шуд.

Хоҳиши харидани Гренландия нав нест. Соли 1867 - замоне ки ИМА Аляскаро аз Русия харид, департаменти давлатии Амрико имконияти харидории Гренландияву Исландияро омӯхта буд.

Баъди Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ президенти вақти ИМА Гаррӣ Труман дар ивази Гренландия ба Дания 100 миллион доллар пешниҳод карда буд. Аммо Дания розӣ нашуд. ИМА дар ҳоли ҳозир дар Гренландия пойгоҳи низомӣ дорад.

Дар Туркманистон қимати маҳсулот дубора боло меравад

Ба нақли сокинони шаҳри Ишқободи Туркманистон, дар ҳоли ҳозир дар он шаҳр болоравии қимати маҳсулот мушоҳида мешавад. Дар бархе аз мағозаҳои давлатӣ тухму сабзӣ камёфт шудааст.

Сокинон мегӯянд, дар бозор ин маҳсулот бо нархи гаронтар фурӯхта мешавад.

Дар мағозаҳои давлатии Туркманистон ба сокинон маҳсулоти нисбатан арзон фурӯхта мешавад. Вале дар мағозаҳои хусусӣ ва бозорҳо ин маҳсулот гаронтар аст. Гуфта мешавад, тухми мурғ дар бозорҳо нисбат ба мағозаҳои давлатӣ ду баробар гаронтар аст.

Дар ҳоле, ки маҳсулоти ниёзи аввалия дар мағозаҳои давлатӣ камёфт мешавад, дар бозорҳо қимати он боло меравад.

Зидди ҳамсари Алмосбек Отамбоев парванда боз шуд

Раиса Отамбоева, ҳамсари Алмосбек Отамбоев

Зидди Раиса Отамбоева, ҳамсари президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, дар доираи парвандаи собиқ раҳбари бахши ислоҳоти додгоҳӣ ва волоияти қонуни дастгоҳи иҷроияи президенти ин кишвар Манас Арабоев айб эълом шудааст.

"Имрӯз огоҳ шудам, ки дар доираи парвандаи Арабоев зидди ман айб эълон карданд. Бояд бигӯям, ки ман ҳеч гоҳ ба умури додгоҳҳо дахолат накардаам, зеро медонам, ки сиёсат як чизи ифлос аст ва бинобар ин, кӯшиш мекардам, ба он дахолат накунам", - гуфт Отамбоева.

Дар Додситонии кулли Қирғизистон хабари боз шудани парванда зидди ҳамсари Алмосбек Отамбоевро тасдиқ карданд.

Ҳамсари Отамбоев бар ин аст, ки дар Қирғизистон "таъқиби хонаводаи ӯ ва ҷонибдорони президенти пешин оғоз шудааст". Ӯ ин ҳарфҳоро дар назди бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, ки додгоҳи сайёр дар онҷо масъалаи ҳабси пешакии шавҳарашро баррасӣ мекунад, ба рӯзноманигорон баён дошт.

"Писари калонии Отамбоев - Сейитбек Отамбоев ба таври ваҳшиёна латтукӯб шудааст. Ҳоло ӯро ҳар рӯз бо асо барои бозпурсӣ ба Кумитаи амният мебаранд. Зидди ҷияни Отамбоев ду парванда боз шудааст", - изҳор дошт Раиса Отамбоева.

Ҳамсари Отамбоев аз президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков хост, таъқиби хонаводаи ӯро қатъ кунад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳукуматдорони пешини қирғиз фарзандону ҳамсарони мухолифони сиёсии худро таъқиб накарда буданд.

Манас Арабоев рӯзи 2-юми июн бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд. Ӯ гӯиё ба нафъи гуруҳҳои ҷинояткор аз мақомаш истифода карда, ба ғасби рейдерии иншооти соҳибкорони хориҷӣ низ айбдор мешавад.

Телевизиони "Ала-Тоо 24" 2 июл бо пахши як гузориши вижа ҳамсари Отамбоевро ба ғасби рейдерии моликияти сармоягузорони хориҷӣ айбдор кард. Дар он гузориш Арабоев зидди Отамбоева шоҳидӣ медод. Арабоев 5 июл аз боздоштгоҳ озод ва ҳабси хонагӣ шуд.

Ба Каримҷон барои наҷоти Мавзуна ва Фотима ҷоиза доданд

Каримҷон Вализода

Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Хатлон ба як хонандаи мактаб дар ноҳияи Вахш, ки дар рӯзи Иди Қурбон ду кӯдакро аз марг наҷот дод, ҷоизаи ҷасорат супурдааст.

Иди Қурбони имсола барои хоҳарон Мавзунаи 8-сола ва Фотимаи 6-сола қариб бо фоҷиа меанҷомид.

Ҳарду ҳангоми идгардак ба дарё афтоданд ва Каримҷон Вализода, хонандаи синфи 11-ум онҳоро аз шохоби дарёи Вахш берун кашид.

Хабари наҷоти ду кӯдак рӯзи 12-уми август дар Радиои Озодӣ нашр шуд. Мақомот гуфтанд, баъд аз он Каримҷон Вализодаро ёфта ва ба ӯ сипосгузорӣ карданд.

Қаблан мақомоти ноҳияи Вахш ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки агар Каримҷон Вализода, хонандаи синфи 11-уми мактаби рақами 21 намебуд, кӯдакон ҷон медоданд.

Каримҷон Вализода ва хонаводааш рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ӯ танҳо масъулияти шаҳрвандии худро иҷро кардааст. Аммо аз онки ӯро қадрдонӣ карданд, хушҳол аст ва дар оянда низ ба мушкили дигарон бефарқ нахоҳад буд.

Тафсилоти бештари ҳодисаро бо пахш кардани ин ҷумла бихонед

Таҷовузи гуруҳии як шаҳрванди Узбекистон дар Ҳинд

Шаҳрванди 31-солаи Узбекистон, ки тариқи интернет бо марди ҳиндие ошно шуда буд, баъди расидан ба Деҳлӣ таҷовузи гуруҳӣ шуд. Дар ин бора расонаҳои Ҳиндустон иттилоъ доданд. Хешовандони шаҳрванди Узбекистон низ дар Тошканд бо расонаҳо суҳбат карданд.

"Вай бо марди ҳиндӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинос шуд. Хешовандон ба духтар кумак карданд, ки ба Ҳиндустон равад. Ду моҳ пеш вай ба Деҳлӣ рафт. Рӯзи шанбе тамос гирифт ва гуфт, ки "маро заданду таҷовуз карданд". Мо ба вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиат кардем, вале ҳоло посухе нагирифтем",-гуфт як пайванди шаҳрванди таҷовузшудаи Ӯзбекистон.

Чанде аз расонаҳои ҳиндӣ рӯзи 12 август дар бораи таҷовузи гуруҳӣ шудани шаҳрванди Узбекистон хабар доданд.

Телевизиони India-TV ​хабар дод, ки рӯзи душанбеи 12 август ду мард бо гумони ширкат дар таҷовузи гуруҳии шаҳрванди Узбекистон боздошт шудаанд.

Ба навиштаи расонаҳои дигар, "ҷавони ҳиндӣ бо шаҳрванди Узбекистон рӯзи 10 август ба назди ду дӯсти дигараш рафт. Рӯзи 12 август шаҳрванди Узбекистон аз латту кӯб ва таҷовузи гуруҳӣ шуданаш ба пулис шикоят бурд".

Вуруди ду узви мусулмони Конгресс ба Исроил манъ шуд

Исроил вуруди ду узви демократи Палатаи намояндагони ИМА Рашида Тлайб ва Илҳон Умарро ба ҳудуди худ манъ кард. Ин ду нафар нахустин занони мусулмоне ҳастанд, ки узви Конгресси ИМА интихоб шудаанд.

Тлайб ва Умар бо интиқодҳои худ аз президенти ИМА Доналд Трамп ва сиёсати Исроил нисбат ба Фаластин маъруфанд. Онҳо ба ҷонибдорӣ аз ҳаракати фаластинии зиддиисроилии "Таҳрим, худдорӣ аз сармоягузорӣ" даъват карда буданд. Бар асоси қонунҳои Исроил, вуруди ҷонибдорони ҳаракати мазкур ба ин кишвар манъ аст.

Трамп дар Твиттер навишт, ки агар Исроил ба вуруди Тлайб ва Умар иҷозат диҳад, заъфи худро нишон хоҳад дод.

Раҳбари демократҳо дар Конгресс Нэнси Пелосӣ гуфт, аз ин тасмими мақомоти Исроил сахт нороҳат аст. Раҳбари ақалияти демократҳо дар Сенат Чак Шумер аз Исроил даъват кард, ки тасмими худро бозбинӣ кунад. Ба гуфтаи Умар, қарори манъи вуруд ба Исроил таҳқиромез аст. Тлайб дар навбати худ онро заъфи Исроил номид.

Сафири Исроил дар ИМА Рон Дермер моҳи июл гуфт, ба хотири эҳтироми Конгресси ИМА ва муносибатҳои Амрикову Исроил ба Тлайб ва Умар иҷозат медиҳанд, ки ба кишвараш ворид шаванд.

Расонаҳо навиштанд, ки аъзои Конгресс тасмим доштанд, дар ҷараёни сафари худ аз Масҷиди Ал-Ақсо низ дидан кунанд. Масҷид дар қисме аз шаҳри Байтулмуқаддас қарор дорад, ки Исроил онро дар натиҷаи ҷанги соли 1967 ҳамроҳ бо Соҳили ғарбӣ ғасб карда буд.

Тлайб зани фаластинитаборест, ки дар иёлати Мичиган ба дунё омадааст. Умар замони кудакияш аз Сомалӣ ба ИМА муҳоҷир шудааст.

Ба наздикони сарбози кушташудаи туркман кумаки ғизоӣ расониданд

Баъди нашри хабари расонҳо дар бораи вазъи хонаводаи сарбози кушташудаи неруҳои мусаллаҳи Туркманистон, мақомоти он кишвар ба наздикони сарбоз кумаки ғизоӣ расониданд.

"Ба хонаводаи сарбози кушташуда Сулаймон Оразов барои баргузории маросимҳои ёдбудӣ кумаки ғизоӣ расонида шуд. Ба онҳо як гӯсфанд, 50 кило биринҷ, як халта себ, 20 кило равған доданд", - гуфт як сокини маҳаллӣ.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, ки ҷасади Сулаймон Оразови 19-сола охири моҳи июл ба хешовандонаш дода шуд. Мақомоти Туркманистон ба хешовандони сарбоз гуфтанд, вай аз заҳролудшавӣ фавтидааст.

Ҳоло қисми низомии №2108 Сарҳадобод ба хонаводаи сарбоз кумак расонидааст. Сулаймон Оразов дар ин қисми низомӣ адои хизмат мекард.

Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқ: Қонуни ҳамоишҳои осоишта сокинонро тундгаро мекунад

Сардори Бюрои байналмилалии ҳуқуқи инсон ва риояи қонунҳои Қазоқистон Евгений Жовтис 15 август дар як ҳамоиш дар шаҳри Нурсултон гуфт, қонуни ин кишвар дар бораи тазоҳуроту ҷамъомадҳои осоишта ва таҷрибаи иҷрои он ба тундгаро шудани шаҳрвандон мусоидат мекунад.

Ба гуфтаи Жовтис, ин гуфтаҳоро натиҷаи таҳлиле исбот кард, ки онҳо тайи ним соли ахир анҷом доданд. Ӯ мегӯяд, манъи баргузории тазоҳурот сокинонро аз имкони расонидани мавқеи худ дар робита ба масъалаҳои муҳим ба мақомот маҳрум месозад. Дар натиҷа сокинон маҷбур мешаванд, ки дар муносибат бо мақомот тундтар амал кунанд.

"Ба созмони мо садҳо нафаре муроҷиат карданд, ки тайи ду-се моҳи ахир барои иштирок дар тазоҳуроту ҷамъомадҳои беиҷозат ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Бештари онҳо на танҳо созмондиҳандаи тазоҳурот, ҳатто иштирокчӣ набуданд. Онҳо роҳгузароне буданд, ки мехостанд чизеро ба навор гиранд",-афзуд ӯ. Вай изҳор дошт, ки қонунгузории Қазоқистон бар хилофи меъёрҳои байналмилалӣ аст.

Пулиси Қазоқистон аз 9 то 13 июни соли равон ҳудуди чор ҳазор одамеро боздошт кард, ки даст ба тазоҳурот зада буданд. Дар ин бора худи вазири умури дохилии он кишвар Ерлан Тургумбоев хабар дод. Ҳамоишҳои эътирозӣ дар пасманзари интихоботи пеш аз муҳлати президентии Қазоқистон оғоз шуданд. Эътирозгарон интихоботро ғайриқонунӣ номида, сокинонро ба таҳрими он даъват карданд.

Собиқ додситони кулли Қирғизистон ҳабси хонагӣ шуд

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ҳукми додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Саляноваро ба ҳабси хонагӣ иваз ва аз боздошт озод кард. Ба гуфтаи хоҳари Салянова -- Чинора Турдалиева, қарори додгоҳ дар ин замина 15 августи соли равон содир шудааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон, Саляноваро 15 август барои бозпурсӣ аз боздоштгоҳ ба Хадамоти тафтишотии вазорат бурдаанд ва ӯ онҷо гуфтааст, ки омодааст, бо муфаттишон ҳамкорӣ кунад ва бинобар ин, ҳукми боздошти вай ба ҳабси хонагӣ тағйир дода шудааст.

Зидди Салянова бар асоси банди "коррупсия" ва баёноти додситони махсуси пешин парванда боз кардаанд.

Аида Салянова 3 июн дар доираи парвандаи озодсозии ғайриқонунии ҷинояткори бонуфуз Азиз Батукаев барои бозпурсӣ ба шуъбаи пулис даъват шуд. Дар ҷараёни бозпурсӣ ӯро бо додситони пешини низомӣ Майрамбек Акматалиев ва муовини пешини додситони кулли ин кишвар Людмила Усмонов рӯбарӯ карданд. Дар натиҷа тасмим гирифта шуд, ки Саляноваро боздошт кунанд.

Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Пештар Салянова дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, аз озод шудани Батукаев замоне хабар ёфт, ки ӯ аллакай аз Қирғизистон берун рафта буд.

Тақдири норӯшани Grace-1. ИМА киштии нафткаши Эронро "забт кард"

Сарнавиши киштии нафткаши эроние, ки интизор мерафт аз тарафи Гибралтар озод карда шавад, норӯшан мемонад.

Иёлоти Муттаҳида дар дақиқаҳои охир, ки киштӣ раҳо карда мешуд, дар ҷои асосии рӯёрӯӣ миёни Теҳрон ва Лондон кӯшиш кард, киштиро забт кунад.

Ҳукумати Гибралтар рӯзи 15-уми август дар як изҳорот гуфт, “Вазорати адлияи Амрико барои ба даст овардани киштии “Grace 1” бо як қатор айбномаҳое, ки акнун баррасӣ мешаванд, дархост кардааст".

Рӯзномаи “Хронил” гузориш додааст, ки дархости Амрико "чанд соат пеш аз он расид, ки ҳукумати Гибралтар киштии “Grace 1”-ро озод карданӣ буд”. Бино ба ин гузориш, додраси додгоҳ Антони Дадли гуфтааст, агар дархости ИМА намебуд, "киштӣ рафта буд”.

Ин киштиро рӯзи 4-уми июл мақомоти Гибралтар бо ёрии нирӯҳои баҳрии салтанатии Бритониё боздоштанд.

Ҳинд барҳам задани мақоми Кашмирро "шукӯҳ" хонд. Покистон: "рӯзи сиёҳ"

Нахуствазири Ҳиндустон Нарендра Моди гуфтааст, барҳам задани мақоми вижаи Кашмире, ки аз тарафи Деҳлӣ идора карда мешавад, минтақаро ба "шукӯҳ"-и пештараи худ баргардонда ва дар пешрафти кишвар "нақши муҳим" хоҳад бозид.

Моди рӯзи 15-уми август ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҳиндустон ба мардум рӯ овард ва гуфт, қарори пешинаи Кашмир фасод, хешутаборӣ ва беадолатиро афзоиш дод.

Дар Кашмири таҳти идораи Ҳиндустон аз 4-уми август равуои шабонарӯзӣ кам карда шуда, алоқа ба пуррагӣ канда гардидааст.

Ҳиндустон пеш аз бекор кардани мақоми Кашмири мусалмоннишин, ки нисбат ба аёлатҳои дигари он бартарии бештар дошт, ба ин амал даст задааст.

Покистон ин амали Ҳиндустонро аз рӯи қонунҳои байнулмилалӣ ғайриқонунӣ эълон карда ва ба истилоҳ “Рӯзи сиёҳ”-ро ҷашн мегирад, ки ба ҷашни Рӯзи Истиқлолияти Ҳиндустон ҳамзамон омадааст.

Дар ин рӯз дар саросари Покистон ва Кашмири таҳти идорааш раҳпаймоҳиҳои нави эътирозӣ барномарезӣ шудааст. Рӯзномаҳо дар кишвар бо ҳошияҳои сиёҳ чоп шудаанд ва ҳаштегҳои #15AugustBlackDay дар Твиттер гузаронда мешавад. Сиёсатмадорон, аз ҷумла сарвазир Имрон Хон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ расмҳои худро дигар карда, ба ҷои онҳо тасвирҳои сиёҳ гузоштаанд.

Кашмир миёни Покистон ва Ҳиндустон ҳисса карда шудааст, аммо ҳарду кишвар даъво доранд, ки ин минтақаро ба пуррагӣ аз худ кунанд. Ду кишвари дорои яроқи ҳастаӣ пас аз ҳисса шудани Кашмир дар соли 1947 ду ҷангро аз сар гузаронидаанд.

Президенти Узбекистон ҷалби соҳибкоронро ба сабзакорӣ манъ кард

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 13 август фармонеро содир кард, ки бар асоси он Шӯрои вазирони Қарақалпоқистон, ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳри Тошканд, ноҳияҳо ва дигар шаҳрҳо ҳақ надоранд:

- соҳибкоронро ба фаъолиятҳое ҷалб созанд, ки мустақиман шомили уҳдадориҳои онҳо нест, аз ҷумла ба сармоягузорӣ ва корҳои хайрия, корҳои ободонӣ, сабзакорӣ, ҷамъоварии оҳану коғазпора ва корҳои дигар;

- соҳибкоронро ба ҳар гуна корҳои мавсимии кишоварзӣ (кишту ҷамъоварии ҳосил) ва дигар чорабиниҳои марбут ба ҷалби нерӯи меҳнатӣ, маблағ ва дигар харҷҳои молӣ;

- бо ҷалби иҷбории соҳибкорон ҷаласа баргузор кунанд.

Қирғизистонро ба ҳифзи "озодии баён" даъват доранд

Созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи рӯзноманигорон -- "Гузоришгарони бидуни марз" аз мақомоти Қирғизистон даъват дорад, ки ба телевизиони мухолифи "Апрел" имкон диҳанд, то дубора пахши барномаҳои худро ба роҳ монад.

Пахши барномаҳои "Апрел" пас аз боздошти молики ӯ -- президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ки 8 август сурат гирифт, қатъ шуд. Неруҳои махсуси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон як рӯз пас аз боздошти Отамбоев ба коргоҳи телевизион дар шаҳри Бишкек рафта, ба дари он муҳр заданд. Мудири телевизион Дмитрий Ложниковро муфаттишон 13 август 5 соат бозпурсӣ карданд.

Вале раҳбари бахши "Гузоришгарони бидуни марз" дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Иоханн Бирр​ дар изҳороти худ гуфтааст, ки ҳеҷ гуна тафтишот барои нақзи озодии расонаҳо баҳона шуда наметавонад. Бахусус, дар мавриди телевизиони "Апрел", ки зидди ӯ то ҳол ҳеч гуна айбе эълом накардаанд.

Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии расонаҳо Ҳарлем Дезир низ дар робита ба баста шудани телевизиони "Апрел" нигаронӣ баён кард. "Маро ҳабси дороии "Апрел" ва қатъи фаъолияти он нигарон кардааст. Ман аз мақомоти дахлдори Қирғизистон даъват мекунам, ки ин қарор бозбинӣ шавад. Озодӣ ва гуногунандешии расонаҳо ҳатто дар вазъиятҳои мушкил низ бояд ҳифз шавад",-афзуд ӯ.

Омӯзгорони мактабҳои Намангон аз рухсатӣ бозхонд шуданд

Омӯзгорони мактабҳои миёнаи вилояти Намангони Узбекистон шикоят доранд, ки дар ҳавои гарм аз рухсатӣ бозхонд ва иҷборан барои баҳисобгирии аҳолии вилоят сафарбар карда шудаанд.

Ба гуфтаи яке аз омӯзгорони Намангон, ки нахост номаш ифшо шавад, даҳҳо ҳамкори ӯ аз 5 август дар ба дари хонаи сокинон мегарданд. "Мудири мактаб ҳафтаи гузашта аз мо хост, ки рухсатиро қатъ карда, ба кор бароем. Дар ҷаласа гуфт, раҳбарияти маорифи вилоят дастур додааст, ки хона ба хона гардем. Ба гармии ҳаво нигоҳ накарда, дар ба дари хона мегардем ва аз сокинон хоҳиш мекунем, ки варақаро пур кунанд. Агар ин амро иҷро накунем, ҷои корро аз даст хоҳем дод", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Омӯзгорони мактабҳои дигари вилояти Намангон низ ба шарти ифшо нашудани номашон ин хабарро тасдиқ карданд. "Моро маҷбур доранд, ки вазифаи кумита ва раисони маҳаллаҳоро иҷро кунем. Мо бояд то оғози соли хониш варақаҳоро пур карда, ба раҳбарият супорем",-гуфт яке аз омӯзгорони дигари Намангон.

Дар ҳукумати вилояти Намангон тасдиқ карданд, ки дар саросари вилоят баҳисобгирии дубораи аҳолӣ идома дорад. Ба гуфтаи масъулони ҳукумати Намангон, ҳадафи асосии ин иқдом аз байн бурдани бекорӣ, муайян кардани афроди ниёзманд мебошад.

Вале намояндаи ҳукумати Намангон гуфт, ҳеч кас дастур надодааст, ки омӯзгорон аз рухсатӣ бозхонд ва иҷборан дар ба дари хонаҳо фиристода шаванд.

Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов моҳи июни гузашта дар як ҷаласа гуфта буд, ки минбаъд омӯзгорон ҳукуматҳои маҳаллиро итоат намекунанд ва ба корҳои ҷамъиятӣ низ ҷалб нахоҳанд шуд.

Хатари селфароӣ интиқоли обро ба се шаҳраки Алмато қатъ кард

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон баъди эълони хатари селфароӣ дар шаҳракҳои Қарагайлӣ, Таусамалӣ ва Курамис интиқоли оби ошомиданӣ қатъ шуд. Дар ин бора 15-уми август расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд.

Расонаҳо менависанд, дарёи Қарагайлӣ манбаи ягонаи оби ошомидании ин се шаҳрак аст. Ба гуфтаи мақомоти Алмато, дар ҳоли ҳозир оби дарё гилолуд буда, то соф шудани он ба шаҳракҳои мазкур бо мошин об мекашонанд.

Субҳи 14-уми август мақомоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Алмато гуфтанд, хатари рахна шудани дарёи Қарагалӣ мавҷуд аст. Аммо баъдтар хатар рафт шуд.

Доналд Трамп хост, Чин бо Ҳонгконг бархӯрди инсонӣ кунад

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо ҳамтои чиниаш Сӣ Ҷинпинг

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Чин дар пайи созиши тиҷоратӣ бо Вашингтон аст, “вале аввал бояд бо Ҳонгконг бархӯрди инсонӣ кунад”. Доналд Трамп дар ин бора рӯзи 14-уми август дар “Твиттер” ишора кард.

Вай афзуд, ҳеч шак надорад, ки раиси ҷумҳури Чин хоҳони ҳар чӣ зудтар рафъ шудани мушкили Ҳонгконг аст ва метавонад ин корро кунад.

Пеш аз ин, Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои шаҳрвандони ин кишвар ҳушдор дода буд, ки ҳангоми сафар ба Ҳонгконг эҳтиёт кунанд.

Ин ҳушдор ба хотири нигарониҳои мавҷуд дар заминаи ҳаракати нерӯҳои Чин дар наздикии марз бо Ҳонгконг сурат гирифтааст. Даҳ ҳафта боз дар Ҳонгконг тазоҳуроти тарафдорони демократия идома дорад.

Эътирозҳо бар зиди тарҳи супурдани муттаҳамон ба Чин оғоз шуд. Мунтақидон мегӯянд, дар сурати супурдани ин афрод ба ихтиёри Чин, ҳуқуқи онҳо поймол мешавад ва бо хатар рӯбарӯ мегарданд.

Ҳонгконг қаблан зери итоати Бритониё буд ва дар соли 1997 дар ивази кафолати худмухторӣ ва ҳамаи озодиҳо дубора ба Чин супурда шуд.

Корманди Горди миллии Русия духтарандари 2-солаашро куштааст

Дар Кемерово корманди пешини Горди миллии Русия Андрей Кобилин духтарандари дусолаи худро ба қатл расондааст. Ба иттилои хабаргузории "Город Nовостей". Додгоҳи Кемерово баррасии парвандаи мазкурро оғоз кардааст.

Бино ба фарзияи муфаттишон, Кобилини 23-сола моҳи сентябри соли 2018, ки он замон корманди Горди миллии Русия буд, дар хона ҳамроҳи духтарандараш танҳо будааст. Кӯдак инҷикӣ карда, Кобилин хостааст, вайро ором кунад. Дар ҳаммом ба рӯи кӯдак об рехтааст ва ӯ дар натиҷа нафасгир шудааст. Айбдоршаванда мегӯяд, танҳо мехост, кӯдакро ба худ биёрад. Модари кӯдак дар ин бора ба пулис хабар надода, барои пинҳон кардани ҷиноят кумак кардааст.

Модарбузурги кӯдак пас аз ду моҳи ин ҳодиса ба пулис шикоят карда, гуфтааст, кӯдакро ба онҳо нишон намедиҳанд. Вале кормандони пулис он замон ба шикояти пиразан аҳамият надодаанд ва гуфтаанд, ки ҷои нигаронӣ нест.

Марги кӯдак танҳо моҳи январи соли 2019 ошкор шудааст. Дар натиҷа Кобилинро аз мақом барканор ва боздошт карданд. Ба ӯ ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад.

Ширкатҳое, ки дар бораи Узбекистон филм меофаранд, кӯмак мешаванд

Сар аз соли оянда ҳукумати Узбекистон қисман харҷи ширкатҳои хориҷиеро мепӯшонад, ки дар бораи ин кишвар филм меофаранд.

Дар фармони Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон "Дар бораи рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ" омадааст, "ҳангоми сохтани маҳсулоти аудиовизуалӣ дар ҳудуди Узбекистон аз сӯи ширкатҳои хориҷӣ, 20 дарсади харҷи онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат пӯшонида мешавад".

Дар ҳудуди кишварҳои ИДМ чунин таҷриба дар ҳоли ҳозир танҳо дар Узбекистон роҳандозӣ хоҳад шуд.

Ба ҷуз ин, ширкатҳое, ки мехоҳанд, дар бораи таърих ва шахсиятҳои таърихии Узбекистон филми мустанад созанд, дар ҳаҷми то 333 ҳазор доллар барои як филм, кумак дарёфт хоҳанд кард.

Дар Узбекистон 627 шаҳрванди аз 50-сола боло мехоҳанд, донишҷӯ шаванд

Маркази давлатии санҷиши дониш дар Узбекистон хабар медиҳад, ки ҳазор сокини калонсоли ин кишвар "барои шомил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳо" ҳуҷҷат супурданд. Дар Узбекистон соли ҷорӣ маҳдудияти синну солиро барои довталабони маълумоти олӣ бекор карданд.

Ба иттилои мақомоти маорифи он кишвар, то санаи 13 август шумори довталабони то 25-сола 862 ҳазору 977 кас, довталабони аз 25 то 30-сола 103 276 кас, аз 40 то 50-сола 14 014 тан ва аз 50-сола боло 627 касро ташкил медиҳад.

Моҳи июли имсол Тухтамиш Султонови 80-сола аз вилояти Сурхандарёи он кишвар куҳансолтарин довталаб унвон шуд. Султонов якбора ба ду донишгоҳ - равияи биологии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва факултаи тиббии намояндагии Академияи тиббии Тошканд дар Тирмиз ҳуҷҷат супурд.

Пештар аз ин дар Фарғона пиразани 72-сола якбора ба се донишгоҳ ҳуҷҷат супурда буд.

Шарофат Тошеваи 67-сола аз вилояти Навоии Узбекистон довталаби Донишкадаи давлатии омӯзгории Навоӣ шуд.

Гумонбари куштори сарбоз дар амалиёти боздошти Отамбоев дастгир шуд

Дар робита ба куштори сарбози неруҳои махсуси Кумитаи амнияти Қирғизистон дар ҷараёни амалиёти боздошти президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев, як нафар дастгир шудааст. Хабарро вакили дифои ҷониби ҷабрдида Кайрат Загибоев тасдиқ кард.

Як қатор расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба манобеи худ дар мақомоти қудратии Қирғизистон иттилоъ доданд, ки сарбоз бо силоҳи худаш кушта шуда, гумонбар ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад. Дар мақомоти қудратии Қирғизистон гуфтанд, ки парвандаи куштори сарбозро Вазорати умури дохилии ин кишвар таҳқиқ дорад. Масъулони вазорат гуфтанд, хабарҳо дар ин бораро дертар шарҳ медиҳанд.

Амалиёти боздошти Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош 7-8 август сурат гирифта, президенти пешини Қирғизистон дар рӯзи дувум таслим шуд. Дар натиҷаи задухурди неруҳои махсус бо ҷонибдорони Отамбоев 170 нафар осеб дида, як сарбоз кушта шуд.

Додситонии кулли Қирғизистон 13 август зидди Отамбоев, ки дар ҳабс аст, бо бандҳои "Ташкили бетартибиҳои оммавӣ", "Ташкили сӯиқасд" ва "Ташкили гаравгонгирӣ" айб эълом кард. Вакили дифои ӯ 14 август хабар дод, ки дар робита ба бинои "Форум" ва Маркази гармидиҳии Бишкек зидди шахси зери ҳимояаш ду айбди дигар эълом карданд.

Додгоҳи шаҳрии Бишкек 16 август масъалаи тағйири ҳукми ҳабси пешакии Отамбоевро баррасӣ хоҳад кард.

Муовини вазири умури дохилии Қирғизистон Курсан Асанов, ки амалиёти Отамбоевро раҳбарӣ мекард, аз мақом барканор шуда, зиддаш парванда боз кардаанд. Маҳз дар натиҷаи гуфтугӯи Асанов Отамбоев худро ба мақомот таслим карда буд.

Масоҳати сӯхтор дар Қазоқистон 5 баробар афзоиш ёфт

.

Масоҳати сӯхтор дар заминҳои ноҳияи Каркаралии Қазоқистон панҷ баробар афзоиш ёфта, дар як шабонарӯз ба беш аз 2 700 ҳектар расидааст.

Муовини вазири умури дохилии Қазоқистон Юрий Илин 14 август, дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, вазъ дар Каркаралӣ номусоид аст.

Ба гуфтаи ӯ, ба хомуш кардани оташсӯзӣ тамоми бахшҳои Кумитаи хоҷагии ҷангали Қазоқистон, ниҳодҳои давлатии маҳаллӣ ва Вазорати умури дохилии ин кишвар сафарбар шудаанд.

Дар заминҳои ноҳияи Каркаралӣ 12 август алафҳои хушк оташ гирифта, ҳоло сӯхтор то ба ҷангали ноҳия низ доман задааст. Раиси Каркаралӣ 13 август дар ҳудуди ноҳия вазъи изтирорӣ эълом кард.

Bloomberg: Facebook паёмҳои садоиро рамзкушоӣ мекард

Шабакаи иҷтимоии Facebook тайи муддати тӯлонӣ барои рамзкушоии паёмҳои садоии корбаронаш ба ширкатҳои севум маблағ пардохт кардааст. Дар ин бора Bloomberg бо истинод ба манобеи худ дар ширкатҳои мазкур иттилоъ додааст.

Раҳбарияти Фейсбук тасдиқ кард, ки чунин амалро фармоиш додааст. Вале дар суҳбат бо CNet афзуд, ки сар аз ҳафтаи гузашта иҷрои ин барномаро ба монандаи " Apple ва Google" мавқуф гузоштанд. Раҳбарияти шабака мегӯяд, ба ин кор маҷбур буданд. Кормандони кирошуда гӯё санҷиданд, рамзкушоии сабтҳои зеҳни маснуие, ки Фейсбук истифода мебарад, то кучо дақиқ имкон дорад. Ба бовари раҳбарияти Фейсбук, кормандони мазкур намедонистанд, ки ин наворҳо дар куҷо ва чи гуна сабт шудаанд.

Шабакаи иҷтимоии Фейсбук борҳо ба он айбдор шудааст, ки бидуни огоҳии корбарон маълумоти шахсии онҳоро на танҳо ҷамъоварӣ, балки ба ҷонибҳои севум мефурӯшад. Раҳбари Facebook Марк Сукерберг моҳи апрели соли 2018 маҷбур шуд, дар Конгресси ИМА ба ҳамаи суолҳо дар ин замина посух гӯяд. Аз ҷумла, ӯ гуфта буд, ки Фейсбук "суханҳои шуморо гӯш намекунад".

Ҳамчунин моҳи гузашта маълум шуд, ки ширкатҳои Apple, Amazon ва Alphabet низ гуфтугӯи корбаронро сабт мекардаанд.

Додгоҳи баррасии шикоятҳои ИМА ҳафтаи гузашта шикояти Фейсбукро аз болои қарори Комиссияи федеролии Амрико қонеъ накард. Комиссия шабакаи иҷтимоиро ба ҷамъоварии ғайриқонунӣ, ҳифзи маълумоти шахсии миллионҳо корбар бидуни иҷозат айбдор ва ба пардохти 5 миллиард доллар ҷарима вазифадор кард.

Додхоҳии волидони панҷ муттаҳам ба ошӯб аз Омбудсмен. ВИДЕО

Модарони маҳбусони зиндони Хуҷанд ба ҳукми фарзандонашон розӣ нестанд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Наздикони панҷ нафар аз маҳкумшудагон бо ҷурми даст доштан дар ошӯби зиндони шаҳри Хуҷанд аз шиканҷа шудани пайвандони худ ба Омбудсмени Тоҷикистон шикоят кардаанд.

Онҳо аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хостаанд, ки фарзандонашонро аз наздик дида, ба мушкилашон расидагӣ кунад.

Волидони Фарҳод Содиқов, Нусратулло Қодиров, Далер Бобоев, Сафрониддин Шомуродов ва Алишер Ҳамидов бовар доранд, ки фарзандонашон "зери шиканҷа гуноҳро ба дӯш гирифтаанд". Пештар мақомот ҳамагуна шиканҷа ва латту кӯби муттаҳамонро рад карда буданд.

Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа рӯзи 14-уми август хабар дод, ки номаи ин панҷ нафар ба Омбудсмен фиристода шудааст. Ниҳоди Омбудсмен ҳанӯз дар бораи дастрас кардани нома чизе нагуфтааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Додгоҳи олии Тоҷикистон охири моҳи июли имсол ҳукми 33 нафарро бо ҷурми ташкил ва даст доштан дар ошӯби зиндони рақами сеи Хуҷанд эълон кардааст. Мақомоти Додгоҳи олӣ ҳукмро шарҳ надоданд.

Як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми август гуфт, се нафар ба ҳабси абад маҳкум шуда, дигарон аз 19 то 24 сол ҳукм гирифтаанд.

Пайвандони панҷ нафар аз ин маҳкумшудаҳо дар номаи худ ба Омбудсмен гуфтаанд, "наздикони мо худро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор намешуморанд, чун ҳамаи нишондоди онҳо зери таъсири шиканҷа гирифта шудааст."

Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа порае аз номаи волидонро низ нашр кард, ки дар он чунин гуфта шудааст: "Аз зоҳир ва суханони онҳо маълум гардид, ки пайдарҳам зери азобу шиканҷа қарор доштаанд. Шахсан ба мо иброз доштанд, ки барои ба ӯҳда гирифтани ин ҷиноятҳо дар рафти тафтишот онҳоро ба қувваи барқ пайваст намуда, зери латту кӯби шадид қарор додаанд."

Мурофиаи гумонбарони ошӯб дар зиндони Хуҷанд паси дарҳои баста сурат гирифтааст ва маълум нест оё муттаҳамон ин нуктаҳоро дар додгоҳ низ баён кардаанд, ё не ва вокуниши мақомот ба он чӣ будааст. Вакилони мудофеъ аз ҳамагуна шарҳ худдорӣ мекунанд.

Ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд шаби 7 ба 8-уми ноябри соли 2018 иттифоқ афтод. Дар ин ҳодиса, ба ҳисоби расмӣ, 25 нафар, аз ҷумла ду маъмури зиндон кушта шуданд. Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтааст.

Қаблан мақомот гуфта буданд, ки ошӯбгарон мехостанд, аз зиндон фирор кунанд, вале ҳомиёни ҳуқуқ ва баъзе зиндониён гуфта буданд, ки гӯё бадрафтории посбонҳои зиндон бо маҳбусон ва шароити бади зиндон яке аз сабабҳои аслии ошӯб будааст.

Баъд аз ним сол шаби 19-уми майи имсол дар зиндони шаҳри Ваҳдат низ ошӯб сар зад ва бар асари он се нозири зиндон ва 29 маҳбус кушта шуданд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 22-уми ноябри соли 2019
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG