Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Як зани муттаҳам ба "тарғиби терроризм" дар Қазоқистон аз зиндон озод шуд

Жанна Умироваи 37-сола, ки бо айби "ангехтани бадбинии динӣ" ва "тарғиби терроризм" зиндонӣ шуда буд, имрӯз аз ҳабс озод гардид.

Дар ин бора худи Умирова ба расонаҳо иттилоъ дод. Вай гуфт, баъди озодиаш ба манзилаш дар шаҳри Капшагай рафтааст.

Бо гузашти 15 рӯз аз содиршавии ҳукми додгоҳ Умирова ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шуда, ҳамакнун вай боқии ҳукмро дар ҳабси хонагӣ адо мекунад.

Жанна Умирова модари ду фарзанди ноболиғ аст, ки онҳоро ба танҳоӣ тарбият мекунад. Шавҳари вай дар моҳи июни соли 2017 бо айби "ангехтани адовати динӣ" ва "тарғиби терроризм" 5 сол зиндонӣ шуд.

Парвандаи Жанна Умироваро Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон баррасӣ кард. Солҳои охир даҳҳо сокини Қазоқистон бо айби ангехтани адовати динӣ ва тарғиби терроризм зиндонӣ шудаанд.

Вакили пешини Қирғизистонро авф накарданд

Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон ҳукми зиндони вакили пешини ин кишвар Содир Жапаровро кам накард.

Додгоҳ рӯзи 19 август ба дархости вакилони мудофеи Содир Жапаров ҷавоби рад дод. Жапаров бо қарори додгоҳи ноҳияи Аламудини он кишвар 11,5 сол зиндонӣ шудааст.

"Ҳамаро бар асоси қонуни авф озод мекунанд, вале ба Содир Жапаров ҷавоби рад доданд. Мо тамоми далелҳоро нишон додем, ки чаро Жапаров бояд авф шавад. Қарори додгоҳ ғайриқонунӣ буд. Мо ба додгоҳи олӣ шикоят мебарем",-гуфт Шарабиддин Токтосунов, вакили мудофеи Жапаров.

Содир Жапаров, вакили пешини порлумон ва раиси ҳизби "Мекенчил" дар ташкили ҷамъомади эътирозии Қароқул ва асир гирифтани роҳбари вақти Қароқул Эмилбек Каптагаев дар соли 2013 айбдор шудааст. Додгоҳ ӯро дар соли 2018 ба муҳлати 11,5 сол зиндонӣ кард.

Трамп гуфт, харидори ҷазираи Гренландия аст

Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, ки Вашингтон воқеан имкониятҳои харидории ҷазираи Гренландияро аз Дания баррасӣ мекунад. Пештар аз ин дар ин бора расонаҳо бо такя ба манобеи худ хабар дода буданд. Трамп хабари мазкурро тасдиқ кард ва ҳамзамон афзуд, ин мавзуъ дар авлавият қарор надорад.

Вай гуфт, Дания бо идора кардани Гренландия танҳо маблағ аз даст медиҳад. Трамп аз эҳтимол дур надонист, ки ин мавзуъро бо мақомоти Дания ҳангоми сафари моҳи сентябраш баррасӣ кунад.

Сарвазири Дания Метте Фредериксен тасмими Трампро дар бораи харидани ҷазира ҳазён номид. Сарвазир афзуд, тасмим надорад, мавзуи мазкурро бо Трамп баррасӣ кунад. Мақомоти ҷазираи худмухтори Гренландия ҳам гуфтанд, сарзамини онҳо фурӯхта нахоҳад шуд.

Гренландия - калонтарин ҷазираи кураи замин аст, ки қисмати бештарашро пирях пӯшонида аст. Аҳолии ин ҷазира ҳамагӣ 56 ҳазор касро ташкил медиҳад. ИМА дар ин ҷазира пойгоҳи низомӣ дорад.

Президенти Узбекистон ба Туркманистон меравад

Масъалаи омодагӣ ба сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Туркманистон дар ҷараёни машварати сиёсии вазирони умури хориҷии ду кишвар дар шаҳри Ишқобод баррасӣ шудааст.

"Дар вохурӣ ба тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ, робитаҳои фарҳангиву инсондустӣ, аз ҷумла барқарорсозии парвози ҳавопаймо дар масири Тошканд-Ишқобод, роҳандозии ҳаракати автобусҳои мусофирбар миёни вилоятҳои Узбекистону Туркманистон ва содагардонии тартиби равуои сокинон ба кишварҳои ҳамдигар таваҷҷуҳи бештар шудааст",- омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Узбекистон.

Ҷонибҳо ҳамчунин имкони тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупоро баҳс кардаанд.

Вазирони умури хориҷии Туркманистону Узбекистон -- Рашид Мередов ва Абдулазиз Комилов дар охир Барномаи ҳамкории вазоратохонаҳои хориҷии ду кишварро барои солҳои 2020-2021 имзо кардаанд.

Меркел ва Орбан суқути Деворҳои оҳаниро таҷлил мекунанд

Орбан Меркелро дар шаҳри Шопрон пазироӣ мекунад

Нахуствазири Венгрия Виктор Орбан дар шаҳри ғарбии Шопрон рӯзи 19 август садри аъзами Олмон Ангела Меркелро пазироӣ кард, ки ба хотири таҷлил аз ҳодисаи таърихии суқути Деворҳои Оҳанӣ дар соли 1989 сафар кардааст. Орбан ва Меркел барои таҷлили 30-солагии як маросими маъруф бо номи “Пикники аврупоӣ” мулоқот мекунанд, ки дар марзи Венгрияву Австрия соли 1989 баргузор шуд ва дар ҷараёни он ҳудудан 600 нафар аз сокинони Олмони Шарқӣ марзро убур карда ба Ғарб фирор карданд. Ин ҳодисаи аввалини убури шумори хеле зиёди олмониҳои шарқӣ ба ғарб баъди дар соли 1961 бунёд шудани девори Берлин мебошад ва се моҳ баъди он худи девор ҳам суқут дода шуд.

Нахуст Меркел ва Орбан дар як маросиме дар калисои шаҳри Щопрон иштирок карданд ва қарор аст дар нишасти матбуотии муштарак ҳам ҳозир шаванд.

Бо ин вуҷуд, ки ду раҳбар аз байн рафтани саддҳоро дар Аврупо таҷлил мекунанд, масъалаи тарзи мудирияти марзҳо дар ҳудудҳои Иттиҳодияи Аврупо яке аз масоили мавриди ихтилофи ду кишвар дар солҳои охир боқӣ мемонад.
Орбан аз мунаққидони шадидлаҳни қарори соли 2015-уми Меркел дар заминаи боз кардани сарҳад ба рӯи муҳоҷирон аз Ховари Миёна мебошад. Мулоқоти охирини онҳо ҳам баъди се соли ин ҳодисаҳо дар июли соли гузашта дар Берлин сурат гирифт. Он замон Меркел Орбанро барои сиёсати шадиди зиддимуҳоҷираташ интиқод карда онро зиддиинсонӣ номида буд.

Дар Узбекистон ширкати "Ҳамагуна тиҷорат хуб аст" сабти ном шуд

Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, шаҳрдори Тошканд.

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон ширкати "LYUBAYA BIZNES XOROSHA" (Ҳама гуна тиҷорат хуб аст)-ро сабти ном карданд. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоии Узбекистон аксе аз сомонаи Кумитаи давлатии омори ин кишвар нашр шуд, ки хабарнигорони расонаи Kun.uz тасмим гирифтанд, дурустии онро бисанҷанд.

Тавре хабарнигорон дақиқ карданд, дар воқеъ ширкате бо ин ном 16 августи соли равон дар пойтахти Узбекистон ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои Kun.uz, "LYUBAYA BIZNES XOROSHA" бо савдои яклухти ғайримушаххас машғул хоҳад шуд. Будҷаи ширкат 3 миллиард сӯмро ташкил дода, муассиси он як зан аст.

Моҳи майи соли равон шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев дар ҷараёни барномаи "Alter Ego" гуфта буд, ки "ҳама гуна тиҷорат хуб аст". Ин сухани шаҳрдори Тошкандро сокинони Узбекистон ба масхара кашида, он сари забонҳои омма қарор гирифт.

Путину Макрон вазъ дар Украинаро баррасӣ хоҳанд кард

Акс аз моҳи июни соли 2019

Рӯзи 19 август қарор аст президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин дидору мулоқот кунад. Дар меҳвари гуфтугӯҳои миёни ду раҳбар, ки қарор аст дар соҳилҳои баҳри Миёназамин дар макони Форт Брегансон баргузор шавад, талошҳо барои хатми низоъҳои миёни ҷудоиталабони рӯ ба Маскав ва нирӯҳои ҳукуматӣ дар шарқи Украина баррасӣ хоҳад шуд. Инчунин, интизор меравад, ки ду раҳбар ихтилофҳои ахир дар атрофи барномаи ҳастаии Эрон ва низоъҳо дар Сурияро ба баррасӣ мегиранд.

Ин мулоқот дар ҳоле барпо мешавад, ки моҳи ҷорӣ президенти Украина Владимир Зеленский аз Путин хост, ки барои хотима додан ба низоъҳо дар шарқи кишвараш мусоидат кунад. Аз апрели соли 2014 то имрӯз дар ин низоъҳо беш аз 13 ҳазор нафар кушта шуданд.

Зеленский пойфишорӣ дорад, ки ҷанг дар Украина аз роҳи дипломатӣ ҳалли худро пайдо кунад ва ба баргузории даври нави музокирот дар чаҳорчӯби Нормандия, яъне бо ширкати Фаронса, Олмон, Украина ва Русия даъват кард. Як мақоми ҳукуматии фаронсавӣ ба оҷонсии Франс Пресс гуфт, ки Путин бояд ба ин даъвати Зеленский посух диҳад.

Президенти Афғонистон: "Паноҳгоҳҳои ДИИШ-ро нобуд мекунем!"

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ таҳдид кард, ки ҳама паноҳгоҳҳои амни гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро дар қаламрави Афғонистон нобуд мекунад. Ҳушдори президент дар паи он садо дод, ки рӯзи 17 август дар натиҷаи бомбаборони як маъракаи арӯсӣ дар Кобул дасти кам 63 нафар, аз ҷумла кӯдакон кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳе марбут ба “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифт. Дар ин ҳодиса 200 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Изҳороти президенти Афғонистон дар ҳоле садо дод, ки рӯзи 19 август Афғонистон 100-умин солгарди истилолият аз Бритониёро таҷлил мекунад. Ғанӣ гуфт, “барои ҳар қатра хуни рехтаи мардуми оддӣ ниқор мегирем”. Ӯ гуфт, ки мубориза зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” бояд бар асоси як барномаи вижа ба роҳ монда шавад.

Бомбаборони пурхушунати ду рӯз пешро вазири хориҷаи Амрико Майк Помпео ҳам маҳкум кард ва гуфт, ки ин ҳодисаи террористӣ “ҳамла алайҳи инсоният аст”.

Нархи нерӯи гармӣ дар Душанбе боло бурда шуд

Нархи нерӯи гармӣ дар шаҳри Душанбе барои сокинон ва ташкилоту идораҳои будҷавӣ ва ҳам хусусӣ баланд бардошта шуд. Тибқи фармони Ҳукумати Тоҷикистон, ки 31-уми июл тасдиқ ва дар махзани ягонаи ҳуқуқии Вазорати адлия рӯзи 19-уми август ҷой шудааст, нархи нерӯи гармӣ барои 1 метри мураббаи манзили сокинон дар Душанбе 1 сомониву 18 дирам муқаррар шудааст. То ба ҳол сокинон барои 1 метри мураббаъ 1 сомониву 3 дирам пардохт мекарданд.

Бо нархи нав таъиншуда нархи нерӯи гармӣ барои як манзили ду ҳуҷрагӣ, ки ба ҳисоби миёна 40 метри мураббаъ аст, сокинон дар як моҳ бояд беш аз 47 сомонӣ пардохт кунанд.

Бо ҳамин қарор ҳамчунон нархи нерӯи гармӣ барои иншоотҳои будҷавӣ ва ҳам хусусӣ боло бурда шудааст. Аз ин ба баъд ташкилотҳои будҷавӣ барои 1 Гкалл нерӯи гармӣ 98 сомониву 67 дирам пардохт мекунанд. То ин замон идораҳои будҷавӣ ба ин миқдор гармӣ 67,44 сомонӣ мепардохтанд.

Ташкилоту идораҳои дигар мувофиқи ин қарор барои 1 Гкалл гармӣ минбаъд 113 сомониву 47 дирам пардохт хоҳанд кард.

То ду соли пеш аксарияти бинову иншоотҳои Душанбе аз нерӯи гармии марказонида шуда маҳрум буданд. Аммо бо ба кор даромадани Маркази гарму барқидиҳии Душанбе-2 ки бо 380 миллион доллар қарзи Чин сохта шуд, аксарияти бинову иншоотҳои шаҳр ба манбаи нерӯи гармӣ васл шуданд.

Дар Душанбе маъмулан мавсими гармидиҳӣ миёнаҳои моҳи ноябр шурӯъ шуда, то охири моҳи март идома мекунад.

Писари Отамбоев: "Ҳамаи амволи эъломшуда аз падарам нестанд"

Қодирбек Отамбоев, писари президенти пешин ва боздоштшудаи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мегӯяд, Додситонии кулли ин кишвар қасдан ҷомеаро дар робита ба дороиҳои ҳабсшудаи падараш фиреб ва таҳрик медиҳад.

Ба гуфтаи Отамбоеви хурдӣ, ба хонаводааш авмолеро номнавис кардаанд, ки дар асл ба онҳо тааллуқ надоранд. "Аз 120 иншоот ва амволе, ки мақомот рӯйхат кардаанд, 101 тоашон ба Отамбоев ва аъзои оилаи ӯ тааллуқ надоранд. Ҳамчунин ширкати "Қирғизавтомаш" аз соли 2007 аз мо нест",-афзудааст ӯ.

Қодирбек Отамбоев гуфтааст, хонаводаи ӯ танҳо дар бонки "Қирғизистон" ҳисоби бонкӣ доранд, ки соли 2002 боз шудааст. Телевизиони "Апрел" низ дар ягон бонк ва вилояти Ҷалолобод амвол надорад. Иттиҳодияи радио ва телевизион низ аз хонаводаи ӯ нест.

"Амволи боқӣ, ба ҷуз аз хонаи воқеъ дар деҳаи Қой-Тош пеш аз давраи президентии Отамбоев харидорӣ шудаанд. Дар рӯйхати мақомот ҳатто хонаи бунёдкардаи падарбузургамро, ки соли 1985 вафот кардааст, шомил кардаанд. Падари ман ҳанӯз дар солҳои 90-ум ҳамчун соҳибкори муваффақ шинохта мешуд. Ӯ дороии худро на аз ҳисоби вазифаи давлатӣ, балки аз соҳибкорӣ ба даст овардаааст",-навиштааст ӯ.

Додситонии кулли Қирғизистон 16 август хабар дод, ки тамоми амвол, ҳисобҳои бонкии Отамбоев, дороии "Қирғизавтомаш", "ТВ Апрел" ва "Медиа Форум" ба ҳабс гирифта шуданд. Алмосбек Отамбоев дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Қирғизистон қарор дошта, зиддаш бар пояи чандин банд айб эълом кардаанд.

Меркел: "Олмон ба бурунрафти бидуни созиши Бритониё аз ИА омодааст"

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел 18-уми август гуфт, барои ҳукумати кишвараш бурунрафти Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо (ИА) бидуни созиш ғайриинтизор нахоҳад буд.

Меркел афзуд, ки агар Бритониё бар асоси созиш аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шавад беҳтар аст. "Вале ҳукумати Олмон ба гузинаҳои дигар низ омодааст",-иқтибос овардааст "Мавҷи Олмон" аз суханони Меркел.

Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон борҳо гуфта буд, ки кишвараш ҳатто бидуни созиш ҳам бошад то 31 октябр аз иттиҳод хориҷ мешавад.

Раиси Ҳизби мухолифи коргари Бритониё Ҷеремӣ Корбин бар ин аст, ки ҳукумат салоҳият надорад, ки кишварашро бидуни созиш аз иттиҳод хориҷ кунад. Ӯ 14 август ба раҳбарони аҳзоби мухолиф ва вакилони порлумони кишвараш нома навишт. Корбин мехоҳад, аз бурунрафти кишвараш бидуни созиш пешгирӣ кунад. Аз ҷумла, ӯ пешниҳод кард, ки барои изҳори нобоварӣ ба Ҷонсон раъйгирӣ баргузор шавад.

Мағозаҳои Туркманистон либоси мактабиро қарз медиҳанд

Мағозаҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон ба харидорон либоси мактабиро қарз пешниҳод мекунанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии он кишвар 15 август хабар доданд.

Тоҷирон дар даҳлези хонаҳо эълони бо қарз фурӯхтани либосҳои мактабиро насб мекунанд. Дар солҳои гузашта чунин иқдоме дар Туркманистон мушоҳида нашуда буд.

Ба навиштаи расонаҳо, тоҷирон маҷбуранд, молашонро ба ҳар шакли ки имкон дорад, ба фурӯш бароранд. Зеро, дар ин авохир қобилияти харидории сокинон кам шудааст.

Тоҷирон ба сокинон барои пардохти арзиши либоси мактабӣ то 3 моҳ муҳлат медиҳанд.

Либоси мактабӣ дар Туркманистон барои духтарон аз куртаи сабз, нимтанаи сафед ва тоқии анъанавӣ, барои писарон аз шиму костюми сиёҳ ва куртаи сафед иборат аст.

Дар Узбекистон милиса нисбати фурӯшандаҳои эътирозгар аз нерӯ кор гириф

Акс аз бойгонӣ.

Дар бозори ноҳияи Оққурғони вилояти Тошканди Узбекистон рӯзи 13-уми август даҳҳо зан дар робита ба сохтмони мағоза дар макони савдои онҳо эътироз карданд. Дар наворе, ки дар расонаҳо нашр шуд, дида мешавад, ки чӣ гуна занони савдогар бо кормандони милиса баҳс мекунанд. Ба гуфтаи як шоҳид, сабаби эътирози занон сохтмони мағозаест, ки дар макони тиҷорати онҳо бунёд мешавад.

"Ин занҳо дар канори роҳ савдо мекунанд. Ҷои савдои онҳо ҳамеша серодам аст. Ҳамин заминро ба кадоме аз соҳибкорон фурӯхтаанд ва соҳибкор ба сохтмони мағоза шуруъ кардааст. Сохтмон хашми занонро ба бор овард. Онҳо девори сохтмонро вайрон карданд. Милиса ба ҷои ҳодиса ҳозир ва яке аз занҳоро боздошт кард. Занони дигар бо милиса баҳсу даъво карданд ва сардори пулис дастур дод, ки дигарон боздошт нашаванд ва зани боздоштшударо низ раҳо карданд",-гуфт шоҳиди ҳодиса.

Як мақомдори ноҳияи Оққурғон гуфт, баъди эътирози занон сохтмони мағоза боз дошта шудааст. Ба гуфтаи вай, занон ба тиҷорат машғул ҳастанд.

Ҳукумат ҳазорон нафарро дар пинҳонсозии даромадҳояшон айбдор кард

Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон рӯзи 17 август хабар дод, ки наздики 21 ҳазор хонавода ба хотири "дарёфти кумакҳои давлатӣ" даромадҳояшонро пинҳон медоранд.

Вазорати мазкур мегӯяд, таҳлили кормандони ин ниҳод нишон дод, ки бархе аз сокинон даромадҳояшонро барқасдона кам нишон медиҳанд. Вазорат хабар дод, ки дар якҷоягӣ бо ҳокимиятҳои маҳаллӣ "кумакҳои пардохтшударо бармегардонад".

Кумакҳои суроғавии иҷтимоӣ дар Қазоқистон соли ҷорӣ баъди он рӯи даст гирифта шуд, ки модарони серфарзанд дар саросари он кишвар бо талаби кумак ба кӯча баромаданд. Модарон хостори кумакҳои бештари иҷтимоӣ ва имтиёзҳои давлатӣ шуданд. Даъвои модарон баъди он шуруъ шуд, ки 4 феврал панҷ тифли як хонавода дар оташсӯзии манзили зисти муваққате кушта шуданд.

27 феврали соли ҷорӣ президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар як ҷамъомад гуфт, ки кумаки иҷтимоӣ ба сокинони ниёзманд дар ҳаҷми то 70 дарсади маоши ҳадди ақал ва пардохти ҳадди ақал барои ҳар кадом кӯдак дар хонаводаҳои ниёзманд 21 ҳазор танга муқаррар карда шавад.

Моҳи майи соли ҷорӣ вазири меҳнати Қазоқистон хабар дод, ки бештар аз 160 ҳазор хонаводаи ниёзманд кумаки суроғавии иҷтимоӣ дарёфт кардааст.

Ашраф Ғанӣ ҳамла ба Кобулро "ғайриинсонӣ" номид

Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамлаи хунин ба ҷашни арӯсӣ дар Кобулро ҳамлаи барбарона номида ва ба шиддат маҳкум кард. Дар ин бомбгузории маргталабона дар шоми 17-уми август, 63 нафар кушта ва 182 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ӯ ҳамчунин ҷаласаи фавқуллодаи мақомоти амниятиро даъват кард, то роҳҳои пешгирӣ аз чунин ҳодиса дар он баррасӣ шавад. Гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ масъулияти бомбгузориро бар ӯҳда гирифт, ҳарчанд дар гузашта бардурӯъ масъулияти ҳамлаҳои дигарро ҳам бар дӯш гирифтааст. Ашраф Ғанӣ рӯзи 18-уми август дар Твиттер навишт, ки “Ман ҳамлаи ғайриинсонӣ ба толори арӯсӣ дар шаби гузаштаро маҳкум мекунам.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон бо ирсоли паёме аз тариқи Вотсапп ба Хабаргузории Олмон, бобмгузорӣ дар ҷашни арӯсиро маҳкум кардааст. Ин ҳамла, ки хунинтарин дар имсол ба ҳисоб меравад, дар замоне ба вуқуъ пайваст, ки Амрико саъй дорад ба ҷанги 18 сола бо Толибон дар Афғонистон хотима бидиҳад ва бино ба гузоришҳо тарафҳо дар ин замина ба созиш наздик шудаанд. Айни замон Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки Толибон ҳам дар ин ҳамла нақш доранд, чун ба террористон минбар медиҳанд. Баъзе аз хабаргузориҳо навиштаанд, ки масъулияти ҳамларо ДОИШ бар дӯш гирифта ва гуфтааст, ки ҳадафи ҳамла муртадҳо буданд.

Ҳамлаи ҳусиҳо ба корхонаҳои газу нафти Саудӣ

Дар ҷанги дохилии Яман то кунун ҳазорон нафар кушта шудаанд.

Ҳусиёни ошӯбгар дар Яман мегӯянд, бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ба чанд таъсисот ва корхонаҳои нафту гази Арабистони Саудӣ ҳамла кардаанд. Яке аз сухангӯёни ин ошӯбгарони таҳти ҳимояти Эрон рӯзи 17-уми август бо нашри баёнияе гуфт, онҳо барои ҳамла ба полоишгоҳҳои нафт ва гази ширкати давлатии Арамко 10 дрон ва ё ҳавопаймои бесарнишинро ба кор бурдаанд. Дар баёния гуфта нашудааст, ки ҳамла кай сурат гирифт.

Ширкати Арамко дар як баёния гуфт, ҳамла сабаби сӯхтори хурде дар як корхонаи газ шудааст, вале ҳеҷ таъсире дар истеҳсоли нафт надоштааст. Ошӯбгарони ҳусӣ, ки шаҳри Санъо ва тамоми дигар манотиқи аҳолинишини Яманро дардаст доранд, ҳамлаҳо ба зидди Арабистони Саудиро бештар кардаанд. Дар посух ба ин эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саудӣ мавзеъҳои ҳусиёнро бомборон кардааст. Ҳамлаҳо талошҳои Созмони Милал барои хотима додан ба ҷанг дар Яманро мушкил кардааст. Дар ҷанги дохилии ин кишвар то кунун ҳазорон нафар кушта шудаанд.

Боздошти як исроилитабори амрикоӣ дар Украина

Хадамоти Амниятии Украина гуфт, маъмурони амниятӣ як исроилитабори амрикоиро, ки ҳангоми истирдод ба Исроил гурехт, дигарбора дастгир кардаанд. Дар хабари расмии хадамот, ки рӯзи 18-уми август дар вебсайташ нашр шуд, омадааст, ки Амос Дов Силверро дар яке аз минтақаҳои Украина дастгир кардаанд.

Дар баёния омадааст, ки фарди муттаҳам ба раҳбарии як ҳалқаи интернетии фурӯшандаи маводи мухаддир “дар ояндаи наздик бар асоси қонунгузорӣ истирдод мешавад.” Се маъмури Хадамоти Амниятии Украинаро низ бо иттиҳоми кумак дар фирори Амос Дов Силвер аз фурудгоҳи Борисполи Киев дастгир кардаанд.

Ин ҷавонро моҳи март барои мудирияти як ҳалқаи интернетии фурӯши маводи мухаддир, ки аз Амрико то ба Украинаву Исроилу Олмон фаъолият мекард, дастгир карданд. Ӯ барои муомилаҳои пинҳонӣ аз Телеграм истифода мебурдааст. Пулиси Исроил мегӯяд, ки фоидаи ҳалқаи мазкур даҳҳо миллион долларо ташкил медодааст.

Сиву ду нафар дар садамае дар Перм маҷрӯҳ шудаанд

Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи бархӯрдани автобуси мусофирбаре ба девор дар шаҳри Перми Русия як нафар кушта ва 32 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Хабаргузории давлатии ТАСС гуфт, дар миёни осебдидагон кӯдакон ҳастанд ва вазъи сиҳатии яке аз онҳо бисёр вазнин будааст.

Ба гуфтаи мутахассисон, ронанда ба сабаби пеш омадани мушкили фаннӣ дар автобус, натавонистааст, онро идора кунад ва ба девори бетонии канори роҳ бархӯрдааст. Маълум нест, дар ин фалокат шаҳрвандони Тоҷикистон осеб дидаанд, ё не.

Идомаи тазоҳуроти азим дар Ҳонконги Чин

Тазоҳурот дар рӯзи 18-уми август.

Дар идомаи тазоҳуроти 11 ҳафтаина ҳазорон нафар рӯзи 18-уми август дар маркази Ҳонконг ҷамъ омаданд, то мухолифаташон ба талошҳои Чин барои тақвият бахшидани нуфузи сиёсиашро баён кунанд. Ҳонконг як шаҳри Чин аст, ки системаи сиёсӣ ва мудирияташ фарқ мекунад.

Ҷабҳаи Ҳуқуқи Маданӣ, як ҳаракати тарафдори демократия дар Ҳонконг гуфт, умедвор аст, мардуми зиёде дар тазоҳуроти имрӯза ширкат мекунанд. Дар тазоҳуроти рӯзҳои пешин, маъмурони пулис гурӯҳҳое аз эътирозгаронро бо калтак ва истифода аз гази ашковар пароканда карданд. Ҳукумати Чин гуфт, тазоҳурот “наздик ба терроризм” шудааст. Рӯзи 17-уми август тақрибан 50 ҳазор нафар дар тазоҳурот ширкат карданд. Хабарнигорон мегӯянд, бо вуҷуди баъзе аз кашмакашҳо бо маъмурони пулис, тазоҳурот дар умум осоишта гузашт.

Тазоҳурот моҳи июн ва баъди он оғоз шуд, ки Ҳонконг хост, қонунеро қабул кунад, ки иҷоза медод, муттаҳамон ба ҷиноят аз инҷо ба Чин истирдод шаванд. Баъди фишори мардум раиси шаҳр Керрӣ Лам, гуфт, ки қонун “мурда” аст, вале онро расман лағв накард. Ҳонконг то соли 1997 як мустамликаи Бритониё буд ва системаи хоси иқтисодиву мудирият дорад. Дар он сол Бритониё дигарбора Ҳонконгро ба Чин баргардонд.

Раҳоии 4 зани эронӣ, ки дар майдони футбол дастгир шуданд

Фурӯғ Алоӣ, муаллифи ин акс низ баъди боздошт раҳо шуд.

Мақомоти Эрон чаҳор занеро, ки барои вуруди ғайриқонунӣ ба майдони футбол дастгир шуданд, раҳо кардаанд. Дар ин бора созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 17-уми август хабар дод. Торо Сипаҳруфар, намояндаи ин созмон дар Твиттер навишт, ки ин чаҳор занро, ки рӯзи 12-уми август хостаанд, бо либоси мардона ба тамошои футболи мардон бираванд, дар ивази васиқа аз боздоштгоҳ раҳо кардаанд. Дар Эрон занон ҳақ надоранд, футболи мардонро дар майдон тамошо кунанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар, ки дар Ню Йорк қароргоҳ дорад, аз давлати Эрон хоста буд, ин занонро аз зиндони Қарчак дар ҷануби Теҳрон озод кунад. Минки Ворден, яке аз мудирони созмон рӯзи 16-уми август гуфт, ки ФИФА, Федератсиюни Байналмилалии Футбол бояд ба зидди Эрон барои роҳ надодани занон ба тамошои футбол таҳрим эъмол кунад, чун ин кор табъизи занон аст. Дар миёни чаҳор зане, ки боздошт шуданд, Заҳро Хушнавоз як фаъоли ҳуқуқи занон дар Эрон низ буд.

Паёми Толибон баъд аз кушта шудани бародари Охунзода

Ҳайбатуллоҳ Охунзода

Толибони Афғонистон гуфтанд, ки кушта шудани бародари раҳбари онҳо дар бомбгузории рӯзи 16-уми август дар Покистон монеи музокироти сулҳ бо Амрико нахоҳад шуд.

Бино ба хабари расонаҳо, Ҳафиз Аҳмадуллоҳ, бародари хурдии Ҳайбатуллоҳ Охунзода, дар таркиши масҷиде дар Кветта кушта шудааст. Худи Охунзода ҳангоми таркиши бомба дар масҷид набудааст.

Як намояндаи Толибон рӯзи 17-уми август тавассути телефон ва аз як маҳалли номушаххас ба хабаргузории "Рейтерс" гуфтааст, "агар касе фикр кунад, ки шаҳодати раҳбарони мо монеи расидан ба ҳадафҳои мо мешавад, дар биҳишти дурӯғин зиндагӣ мекунад."

Ин намояндаи Толибон бо ишора ба музокироти сулҳ бо Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, "мо ба ҳадафи худ наздик ҳастем".

Дар таркиши рӯзи 16-уми август дар масҷиде дар Кветта беш аз чаҳор нафар кушта ва беш аз бист тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Касе масъулияти ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Кохи Сафед хабар дод, ки президент Доналд Трамп рӯзи 16-уми август бо мақомҳои баландпоя дар бораи сулҳи Афғонистон мулоқот кардааст. Вашингтон мегӯяд, музокирот бо Толибон “идома меёбад”.

Амрико ният дорад, ки ба ҷанги тақрибан 18-сола дар Афғонистон поён диҳад. То кунун ҳашт даври музокироти сулҳи Амрико бо Толибон баргузор шудааст.

Кохи Сафед гуфт, раванди сулҳи Афғонистон "идома меёбад"

Кохи Сафед мегӯяд, ки музокироти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бо мақомоти баландпояи ин кишвар дар бораи гуфтугӯҳои сулҳи Афғонистон “бисёр хуб анҷом шуд”. Ба иттилои манбаъ, гуфтугӯҳо бо Толибон “идома меёбад”. Мақомоти Амрико рӯзи 16-уми август аз мулоқоти Трамп бо мушовиронаш хабар доданд.

Ҳадафи ин мулоқот гуфтугӯҳо бо Толибон дар бораи хуруҷи эҳтимолии нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва ҷустуҷӯи як ҳалли сиёсӣ барои ҷанги тақрибан 18-сола хонда шудааст.

Доналд Трамп баъд аз мулоқоти рӯзи ҷумъа дар Твиттер навишт, як мулоқоти бисёр хуб дар мавриди Афғонистонро тамом кард. Кохи Сафед дар як хабарнома гуфтааст, Трамп дар ин маврид бо Майк Пенс – муовини раиси ҷумҳур, Майк Помпео – вазири умури хориҷӣ, Марк Эспер – вазири дифоъ, Ҷон Болтон – мушовири амнияти миллӣ, Ҷина Ҳаспел – раиси идораи истихбороти марказӣ ва Залмай Халилзод – намояндаи вижаи Иёлоти Муттаҳида барои сулҳи Афғонистон мулоқот кардааст.

Дар хабарнома гуфта шудааст: "Мо бо идомаи ҳамкории наздик бо ҳукумати Афғонистон, дар пайи даст ёфтан ба як созишномаи сулҳ, бо шумули коҳиши хушунатҳо ва барқарории оташбас ҳастем, то бовар ҳосил кунем, ки аз хоки Афғонистон дигар ҳаргиз таҳдиде ба Амрико ё ҳампаймонҳояш сар нахоҳад зад.”

Залмай Халилзод барои поён бахшидан ба ҷанги Афғонистон бо Толибон дар Қатар ҳашти даври гуфтугӯҳоро анҷом додааст. Вашингтон гуфт, мехоҳад созиш то аввали моҳи сентябри имсол ниҳоӣ шавад.

Ҳалокати ҳашт нафар дар сӯхтори меҳмонхонае дар Украина

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина гуфтанд, ки дар сӯхтори меҳмонхонаи хусусӣ дар Одесса ҳашт нафар ҷон бохта, даҳ тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ҳодиса бомдоди 17-уми август рух додааст.

Владимир Зеленский, президенти Украина, рӯзи шанбе дар Facebook навишт, вазъи чаҳор нафар аз маҷруҳон хеле вазнин аст.

Хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи Украина иттилоъ дод, ки барои хомӯш кардани сӯхтор тақрибан се соат зарур шудааст. Мақомоти Одесса гуфтанд, аз маҳалли ҳодиса 150 нафарро ба ҷойи дигар кӯчонданд.

Таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст, то сабабҳои сар задани сӯхторро мушаххас кунад.

Зеленский гуфтааст, "дар як шаб ҳашт касро аз даст додем, вале на аз ҷангу тирпаронӣ, балки аз хунукназарӣ." Раиси ҷумҳури Украина афзудааст, шахсан қазияро назорат мекунад, ки гунаҳкорон ҷазо бигиранд.

Иди себу ангур -- ду иди дигари расмӣ дар Тоҷикистон

Бо як амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки рӯзи 17-уми августи имсол нашр шуд, иди ангур ва себ низ расмӣ гардидааст.

Хадамоти матбуотии президент навишт, аз ин ба баъд "ҳар сол шанбеи сеюми моҳи август Иди ангур ва шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ баргузор карда мешавад." Аз мақомоти вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ хоста шудааст, ки вобаста ба идҳои мазкур маъракаҳо баргузор кунанд.

Дар гузашта дар Тоҷикистон иди асалу ҷашнвораи харбуза таҷлил мешуд ва борҳо мавриди интиқоди мухолифон қарор гирифтааст. Мунтақидон мегӯянд, мақомот ба ҷои эҷоди ҷойҳои корӣ, поин кардани андоз ва ва ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандон ба баргузории маъракаҳои серхарҷ рӯй овардаанд. Мақомот мегӯянд, ин идҳо ба хотири рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳавасманд кардани деҳқонон аст.

Гузоришгари СММ: Вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон ташвишовар аст

Ҷовид Раҳмон

Ҷовид Раҳмон, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башари Эрон гуфт, соли гузашта дар ин кишвар маҳдудияти озодии баён ва адами муҳокимаҳои мунсифона афзоиш ёфтааст.

Вай ҳамчунон ба хотири омори баланди эъдомҳо дар Эрон аз ҳукумати Теҳрон интиқод кард.

Раҳмон дар гузориши "Вазъияти ҳуқуқи башарӣ дар ҷумҳурии исломии Эрон" ба ин мавридҳо ишора кардааст.

Ин гузориш, ки дар моҳи гузашта тартиб шуда, рӯзи 16-уми август дар Маҷмаи умумии Созмони Милал пешкаш шуд.

Ҷовид Раҳмон дар гузориши худ ба хотири таъйини муҷозоти марг барои онҳое, ки ба зино, ҳамҷинсгароӣ, фасод ва куфргӯӣ муттаҳаманд, ибрози нигаронӣ кардааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Дар Узбекистон камбуди газу нерӯи барқ мардумро ба кӯчаҳо баровард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00
XS
SM
MD
LG