Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Садама дар Бухоро. Нӯҳ муҳоҷири тоҷик маҷруҳ шуданд

Дар садамаи мусофирбаре дар ҳудуди вилояти Бухоро нӯҳ муҳоҷири тоҷик маҷруҳ шудаанд.

Ин мусофирбари хурди навъи «Мерседес» 18 нафарро аз Русия меовард. Садама рӯзи 19-уми август дар ҳудуди ноҳияи Ҷондори Узбекистон рух додааст.

Мақомот мегӯянд, чархи мусофирбар кафида, «мошин аз роҳ ба берун баромад».

Бино ба хабари расонаҳои Узбекистон, нӯҳ муҳоҷири тоҷикро бо захмҳои гуногун ба бемористон бурдаанд. Ба шаш нафари онҳо ҷавоб шудааст, се тани дигар дар шифохона ҳастанд.

Дар робита ба ин ҳодиса парванда боз гардидааст.

Дар оғози моҳи август низ як мусофирбари ҳомили муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Рязани Русия ба садама дучор шуд. Дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як духтари 14-сола ҷон бохта, ҳашт тани дигар (ду шаҳрванди Русия) захмӣ шуданд. Ин мусофирбар низ дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон буд.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Бархе барои муддати тӯлонӣ дар онҷо мемонанд, бархеи дигар дар се ё чаҳор моҳ дубора ба ватан бармегарданд. Онҳо мегӯянд, азбаски нархи билети ҳавопаймо гарон аст, бештар аз хадамоти мусофирбарҳо истифода мекунанд.

Шубҳаҳо дар бораи бештар будани зиёни таркиш дар Архангелск

Пас аз чанд рӯзи таркиши шубҳабарангез дар як озмоишгоҳи мушакҳои баллистикӣ дар Русия ин нигаронӣ ба вуҷуд омадааст, ки Маскав миқёси зарарро пинҳон медорад. Бино ба иттилои расмӣ, дар таркиши рӯзи 8-уми август панҷ нафар кушта шуданд.

Созмони паймони манъи фарогири озмоишҳои ҳастаӣ дар Вена гуфт, ҳангоми таркиш чаҳор дастгоҳи ташхиси радиатсия дар Русия ба таври асроромез аз кор мондаанд. Лассина Зербо, масъули созмон, рӯзи 19-уми август дар Твиттер навишт, дар ду истгоҳи ташхиси радиатсия гуфтаанд, ки “мушкили техникӣ” доранд.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи душанбе дар нишасти хабарии якҷоя бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар Фаронса гуфт, “ҳеҷ хатаре онҷо нест ва ҳеҷ заминае барои афзоиши тобиши радиатсия ҳам вуҷуд надорад. Коршиносон, аз ҷумла коршиносони мустақил, ба онҷо фиристода шуданд ва онҳо вазъро таҳти назорат доранд”.

Қаблан низ мақомоти Русия гуфта буданд, ки дар натиҷаи таркиш “ҳеҷ гуна моддаҳои кимиёӣ ба ҳаво хориҷ нашудааст”. Аммо дар шаҳри Северодинск, 30 километр дуртар аз маҳалли таркиш, “афзоиши якбора ва кӯтоҳ”-и радиатсия мушоҳида шудааст.

Ҳушдори Амрико ба Юнон дар бораи киштии ҷанҷолии Эрон

Иёлоти Муттаҳида рӯзи 19-уми август ба Юнон ва ҳамаи бандарҳои баҳри Миёназамин барои расондани ёрӣ ба киштии нафткаши эронӣ огоҳӣ додааст. Дар ин бора хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як намояндаи расмии Департаменти давлатии Амрико гузориш дод.

Вашингтон гумон мезанад, ин киштии нафткаши эронӣ, ки ба Сурия нафт мебурд, ба як созмони таҳримшуда пайванд дорад. Ҳаргуна ёрӣ чун дастгирии моддӣ ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба шумор меравад, ки Вашингтон онро як созмони террористии хориҷӣ медонад.

Ин мақоми Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, ёрирасонӣ ба киштии нафткаш, ба муҳоҷирати эҳтимолӣ ва паёмадҳои ҷиноятӣ оварда мерасонад.

Огоҳӣ ба киштии "Адриан Дарё 1" дода шудааст, ки пештар "Грейс 1" ном бурда мешуд ва рӯзи 19-уми август пас аз 45 рӯз аз Гибралтар рафт. Ба гумони Бритониё, ин киштӣ таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Сурияро вайрон кардааст ва дар боздошт буд.

Мақомоти расмӣ дар Гибралтар рӯзи 18-уми август дархости Амрикоро дар бораи нигоҳ доштани киштии нафткаш инкор карданд ва ба киштӣ иҷоза доданд бо нафте, ки 130 миллион доллар нарх дошт, бандари Гибралтарро тарк кунад.

Вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео рӯзи 19-уми август ба телевизиони Fox News гуфт, озод шудани киштӣ "нохуш" буд. "Агар Эрон фоидаи бори киштиро ба даст орад, он гоҳ сипоҳи он барои идома додани маъракаи террористии худ пул, сарват ва захираҳои бештар хоҳад дошт", -- гуфт Помпео.

Дэвид Хейл дар саммити С5+1 дар Қазоқистон ширкат мекунад

Дэвид Хейл, муовини котиби давлатии ИМА дар умури масоили сиёсӣ рӯзҳои 20 то 23 август ба Осиёи Марказӣ меояд. Ҳадафи асосии сафари вай ширкат дар саммити панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон дар рӯзи 21 август аст.

Дар доираи саммити маъруф ба С5+1 Хейл бо намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон гуфтугӯ мекунад.

"Онҳо талошҳои муштараки барқарории равобити густарда, шукуфоӣ ва амнияти Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд",-омадааст дар хабари департаменти давлатии ИМА.

Мулоқоти С5+1 моҳи ноябри соли 2015 "бо ҳадафи ҳалли масоили муштараки амниятиву иқтисодӣ, беҳсозии тиҷорати минтақавӣ ва рушди минбаъдаи тиҷорату сармоягузории ИМА дар минтақа" таъсис шуда буд.

Хейл ҳамчунин бо мақомоти дигари Қазоқистон мулоқот хоҳад кард.

Алмосбек Отамбоев то 26 октябр дар ҳабс мемонад

Муҳлати ҳабси пешакии президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев то 26 октбяр тамдид шуд. Дар ин бора додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек қарор қабул кард.

Бар асоси қарори пешин, Отамбоев то 26 август ба ҳабс гирифта шуда буд. Замир Жоошев, вакили мудофеи Отамбоев гуфт, ки ин қарор "поймолсозии навбатии қонун аст".

"Додгоҳ дархости додситонро қонеъ кард. Чунин муҳокимаҳо бояд дар бинои додгоҳ ва ошкоро баргузор шаванд. Вале ин бор ҳам баррасии додгоҳӣ дар бинои КДАМ барпо шуд. Ин хилофи қонун аст",-гуфт вакили мудофеъ.

Рӯзи 16 август додгоҳи сайёри ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек дар бинои КДАМ барпо шуд, ки он замон дархости вакилони мудофеи Отамбоев дар бораи бозбинии ҳукми ҳабси пешакӣ рад гардид.

Рӯзҳои 7-8 август дар манзили Отамбоев дар деҳаи Кой-Тоши вилояти Чуй бо ҳадафи иҷборан ба бозпурсӣ ҳозир кардани президенти пешин ҳамла сурат гирифт. Баъди боздошт нисбати Отамбоев дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани дузди қонунӣ Азиз Батукаев, бо моддаҳои "Фасодкорӣ" ва "Иштирок дар ҷиноят" парванда боз шуд. Бо қарори додгоҳ, Отамбоев то 26 август ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Додситонии Қирғизистон 13 август хабар дод, ки нисбати президенти пешин дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош чанд парвандаи дигар боз шудааст.

Ҷамъоварии пул аз хонандагон барои харидани парчам ва аксҳои президент

Дар мактабҳои миёнаи вилояти Марии Туркманистон аз хонандагон талаб мекунанд, ки барои харидани парчам, аксҳои президент ва дигар эҳтиёҷҳо маблағ ҷамъ оранд. Аммо волидони кӯдакон мегӯянд, эҳтимол дорад, омӯзгорон барои эҳтиёҷҳои худ ин маблағро ҷамъоварӣ мекунанд.

"Як омӯзгор аз мактаби шаҳри Байрамалии вилояти Марӣ аз хонандагони синфи 11 бештар аз 100-долларӣ талаб дорад. Вай мегӯяд, ин маблағро барои харидани парчам, акси президент, ҳуҷҷатҳо ва дигар лавозимот сарф мекунад",-гуфт як сокини маҳаллӣ.

Сокинон мегӯянд, омӯзгорон барои ҷамъоварии маблағ хонандагонро аз таҳсили тобистона бозхонд мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи волидон, омӯзгорон таҳдид кардаанд, ки насупоридани маблағ ба баҳои хатмкунандагон дар поёни сол таъсир хоҳад дошт.

Эрон ИМА-ро ҳушдор дод, то "Grace 1"-ро боздошт накунад

Теҳрон Вашингтонро ҳушдор дод, ба боздошти киштии нафткаши эроние талош накунад, ки шаби якшанбе ҳудуди обии Гибралтарро тарк карда, бино ба баъзе маълумот, озими бандари Каламатаи Юнон шудааст.

Киштии Grace 1 ҳомили 2 миллион бушка нафти хом буда, дар говсандуқи утоқи капитани он ҳудуди як миллион доллар нақдина мавҷуд аст. "Grace 1"-ро мақомоти Бритониё 4 июли соли равон бо гумони нақзи таҳримҳо ва интиқоли нафт ба Сурия боздошт карданд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар посух ду ҳафта баъд киштии нафткаши Stena Impero-ро бо парчами Бритониё дар нақзи "қоидаҳои обии байналмилалӣ" айбдор ва боздошт намуд. Stena Impero ҳоло ҳам дар ҳабс аст.

ИМА дар робита ба он, ки мақомоти Гибралтар дархости ҳабси киштии Эронро рад ва онро озод карданд, "таассуфи амиқ" изҳор намуд. "Grace 1" гӯиё ба шарти он озод шудааст, ки нафтро дар бандарҳои шомили рӯйхати таҳримшудаҳои Иттиҳоди Аврупо холӣ нахоҳад кард.

Ҳабси "Grace 1"-ро Вазорати адлияи ИМА рӯзи ҷумъа дархост карда буд. Вазорат Эронро ба нақзи қонунҳои зиддитеррористиву мубориза бо пулшӯӣ ва истифодаи ғайриқонунии низоми молии Амрико барои интиқоли нафт ба Сурия айбдор мекунад.

ИМА моҳи апрели соли равон Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро ба руйхати созмонҳои террористӣ шомил карда буд.

Шаҳрдори Фарғона дар 10 дақиқа беш аз сад бор зертобеонашро дашном медиҳад

Uzbekistan - Fergana destroyed the roof of the house where people live. Photo agency "Fergana"

Бахши узбекии Радиои Озодӣ навори садоиеро дастрас кард, ки 14 августи соли равон дар бинои шаҳрдории Фарғона сабт шудааст. Дар ин навор садои марде шунида мешавад, ки зертобеони худро дашном медиҳад.

Муаллифони навори сидақиқаӣ мегӯянд, он мард раиси шаҳри Фарғона Ҳомид Ҳабибиддинов аст. Тавре дар навор шунида мешавад, шаҳрдори Фарғона бештар аз ҳама раҳбари Идораи манзил ва хоҷагии коммуналӣ Алишер Муминовро дашном медиҳад.

Ҳабибиддинов ҳамчунин Муминови 35-сола ва зертобеонашро барои иҷро накардани дастури худ дар мавриди таъмири биноҳои баландошёна ба хушунати ҷинсӣ таҳдид мекунад.

"Шумо маро хуб мешиносед. Агар фаҳмам, ки каме ҳам бошад, дурӯғ мегӯед, ҳамаатонро ... мекунам",-таҳдид мекунад ӯ.

Шаҳрдори Фарғона ҳамчунин 8 корманди Идораи манзил ва хоҷагии коммуналиро даҳҳо бор дашном медиҳад.

Муовини шаҳрдори Фарғона оид ба рушди саноат, сохтмон ва хоҷагии коммуналӣ Шариф Ниёзматов гуфт, суханҳои қабеҳи шаҳрдор ба нафъи худи мансабдоронанд. "Ӯ падари шаҳр аст. Ӯ фарзанди худро мезанад, дашном медиҳад. Ҳар як сухани ӯ барои шумо бояд дору бошад. Шумо ҳамаи суханҳои ӯро бояд хуб қабул кунед. Вай барои он ин хел мегӯяд, ки шумо кор кунед",-афзуд Ниёзматов.

Худи Муминов тасдиқ кард, ки шаҳрдори Фарғона ӯро дар он ҷаласа дашном дода, суханҳои таҳқиромез гуфт ва чанд рӯз пас маҷбур кардааст, ки бо хоҳиши худ ариза навишта, аз кор биравад. Ба гуфтаи Муминов, Ҳабибиддинов вайро барои иҷро накардани дастури ғайриқонунияш аз мақом барканор кард.

Ду корманди дигари Идораи манзил ва хоҷагии коммуналии шаҳрдории Фарғона низ тасдиқ карданд, ки садои дар навор сабтшуда ба шаҳрдор Ҳабибиддинов тааллуқ дорад.

Алайҳи Гулнора Каримова айбҳои нав эълом шуд

Додситонии кулли Узбекистон зидди Гулнора Каримова, духтари калонии президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов бо бандҳои "дуздии амволи давлатӣ", "созиш алайҳи манфиатҳои давлат" ва "азхудкунии моли дигарон" парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Ба огаҳии додситонӣ, ба боз шудани парванда шикояти сокинон ва маълумоти ирокардаи ширкати ҳуқуқии байналмилалӣ сабаб шуданд.

"Тавре маълум гашт, Каримова бо шахсони дигар созиш карда, саҳмияҳои "Кувасайсемент" ва "Бекободсемент"-ро, ки ба давлат тааллуқ доштанд, бо нархи арзонтар соҳиб шудааст. Сипас ӯ саҳмияҳои мазкурро ба соҳибкорони хориҷӣ дода, бо ҳимояти фаъолияти ғайриқонунии онҳо ба давлат зарари калон расондааст",-омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин гӯиё духтари калонии Каримов бо таҳдиду зӯрӣ амволи шаҳрвандон ва ширкатҳои гуногунро аз худ кардааст.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Узбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

Омурбек Бабанов дар робита ба бонки "Қирғизистон" бозпурсӣ шуд

Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон сиёсатмадори мухолиф ва номзади пешин ба мақоми президентии ин кишвар Омурбек Бабановро, ки ахиран аз хориҷ ба ватан баргашт, бозпурсӣ кард.

Бабанов дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ӯро дар доираи парвандаи марбут ба Бонки "Қирғизистон" бозпурсӣ карданд. Вале аз ҷузъиёти он худдорӣ кард. Ҳамчунин маълум гашт, ки ӯ 20 августи соли равон барои бозпурсӣ ба Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон даъват шудааст.

Раиси ҳизби "Республика"-и Қирғизистон Омурбек Бабанов 9 август аз Русия ба ватан баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи шаҳри Бишкек садҳо ҷонибдораш пешвоз гирифтанд.

Омурбек Бабанов пас аз интихоботи президентии Қазоқистон дар соли 2017 кишварро тарк карда, гуфт, ки аз сиёсат канор рафтааст. Зидди ӯ ду парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Парвандаи аввал дар натиҷаи як суханрониаш дар доираи маъракаи пешазинтихоботӣ дар шаҳри Ӯш бар пояи банди "Ангехтани адовати миллӣ ва нажодӣ" кушода шуд.

Парвандаи дувум бар пояи банди "Даъвати оммавӣ барои сарнагун сохтани сохти конститутсионӣ" боз гашт.

Ёдрас мешавем, Бабанов молики бонки "Қирғизистон" аст.

Дар занозании Петербург се муҳоҷири узбек захмӣ шуданд

Дар натиҷаи як задухӯрди гуруҳӣ дар ноҳияи Фрунзенскийи Санкт-Петербург се шаҳрванди Узбекистон захмӣ шуданд. Дар ин бора Вазорати умури хориҷии Узбекистон 18 август хабар дод.

Ба огаҳии Консулгарии Узбекистон, 16 август дар занозании гуруҳӣ дар Санкт-Петербург се шаҳрванди ин кишвар аз тири силоҳи травматикӣ захмӣ шуданд. Вазъи онҳо вазнини миёна арзёбӣ мешавад.

"Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳодисаро тафтиш доранд. Консулгарӣ бо ниҳодҳои дахлдор дар тамос буда, вазъро зери назорат аст",-омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Узбекистон.

Расонаҳои ТАСС ва "Фонтанка" 17 август хабар доданд, ки 7 нафар - шаҳрвандони Озарбойҷону Узбекистон дар бозори Петербург занозанӣ карданд. Дар натиҷа чанд нафар аз силоҳи травматикӣ захмӣ шуда, ба беморхона интиқол ёфтанд.

Омӯзгорони Хоразмро ба харидани парда маҷбур кардаанд

Дар шаҳри Урганҷи вилояти Хоразми Узбекистон омӯзгорони мактаби русии №30 шикоят доранд, ки 30 дарсади маоши моҳи августашон барои харидории парда ва ҷевон ба синфхонаҳо ситонида хоҳад шуд.

Омӯзгорон сабтеро фиристодаанд, ки дар он масъалаи харидории пардаву ҷевон барои синфхонаҳо баррасӣ шудааст. Дар он мудири мактаб Пулод Орозов ба омӯзгорон мегӯяд, ки барои харидории пардаву ҷевон 20 миллион сӯм (2105 доллар) лозим аст ва он аз маоши моҳи августи онҳо гирифта мешавад.

Омӯзгорон мегӯянд, баъди эътироз ба ин тасмими раҳбарияти мактаб таҳдид шуданд, ки ҷои кори худро аз даст хоҳанд дод. Яке аз омӯзгорони мактаби №30 ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҳамеша як қисми маоши онҳоро намедиҳанд.

"Пулҳо дар ихтиёри мудир ҳастанд. Ба ҷуз ин, аз мо талаб мекунанд, то хаттӣ баёнот диҳем, ки ин пулҳоро бо хоҳиши худ медиҳем. Вале дар асл он фасодкории маҳз аст. Мо барои мактаб пулро дареғ намедорем, вале кӣ кафолат медиҳад, ки пулҳо ба ҷайби мудир ё каси дигар намераванд?", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Мудири мактаби рақами 30 Пулод Орозов хабарҳо дар ин заминаро қотеона рад кард. "Ҳамааш сафсата аст. Ман кафолат медиҳам, ки аз маоши омӯзгорон маблағе ситонида намешавад. Рӯзи душанбе онҳоро ҷамъ карда, огаҳ хоҳам кард, ки маоши моҳи августро пурра дарёфт хоҳанд кард",-изҳор дошт ӯ. Мудир аз шарҳи навор худдорӣ кард.

ИМА як мушаки болдорро озмоиш кард

Вазорати дифои ИМА эълом кард, ки як мушаки болдорро озмоиш намуд. То се ҳафтаи пеш озмоиши чунин мушак дар асоси созишномае, ки миёни ИМА ва Русия амал мекард, манъ буд.

Пас аз қатъи иҷрои Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвози ИМА ва Русия имкониятҳо барои озмоиши аслиҳаи нав фароҳам шуданд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Пентагон, мушаке, ки рӯзи якшанбе аз ҷазираи Сан-Николаси Калифорния партоб шуд, беш аз 500 километр парвоз карда, ҳадафро маҳв кард.

Пештар ИМА бар асоси Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз ҳақ надошт, мушакеро бисозад, ки аз 500 то 5 500 километр парвоз мекунад. Вашингтон аз ин созишнома, ки соли 1987 бо Иттиҳоди Шӯравӣ имзо карда буд, 2 августи соли равон хориҷ шуд. Дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, ки Русия тайи чандин сол онро нақз мекард.

Шикояти модарони серфарзанди қазоқ аз сатҳи пасти кӯмакҳои иҷтимоӣ

Бештар аз 40 модари серфарзанд рӯзи душанбеи 19 август дар назди ҳукумати шаҳри Нурсултони Қазоқистон ҷамъ омада, аз сатҳи пасти кумакҳои иҷтимоие шикоят карданд, ки аз сӯи давлат ба хонаводаҳои камбизоат расонида мешавад.

Бахтиёр Макен, муовини раиси шаҳр дар ҳузури модарони ҷамъшуда гуфт, ки давлат барои ҳар кадом кӯдак аз хонаводаҳои камбизоат дар остонаи соли таҳсил тақрибан 78-долларӣ ҷудо мекунад. Вай ҳамчунин гуфт, ки ҳафт мағозаи шаҳри Нурсултон барои хонаводаҳои камбизоат либоси арзон пешниҳод мекунад.

Замони мулоқоти занон бо масъулони ҳукумати шаҳр, атрофи занони серфарзандро кормандони милиса иҳота карда, даҳҳо автобус ва мошини ёрии таъҷилӣ ҳам оварда шуд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ ҳангоми оташ гирифтани манзили муваққатии як оила дар шаҳри Нурсултон панҷ фарзанди он хонавода кушта шуд. Дар пайи эътирозҳои модарони серфарзанд, Нурсултон Назарбоев, президенти вақти Қазоқистон ҳукуматро ба истеъфо фиристод.

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти нави Қазоқистон моҳи апрели соли ҷорӣ қонуни кумакҳои иҷтимоӣ ба хонаводаҳои камбизоатро имзо кард. Бар асоси ин қонун, ҳар хонавода моҳона сари фарзанд то 21 ҳазор танга кумакпулӣ дарёфт мекунад.

Дар Туркманистон дубора камчинии сӯзишворӣ мушоҳида мешавад

Ронандагони вилояти Марии Туркманистон ба камчинии бензин рӯ ба рӯ шуданд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, дар ҳоли ҳозир дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ бензини навъи АИ-95 умуман фурӯхта намешавад.

"Дар ҳама нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ танҳо бензини навъи АИ-80 ва АИ-92 дида мешавад",-гуфт як сокини маҳаллӣ рӯзи 19-уми август.

Дар вилояти Лебапи он кишвар низ камчинии бензини навъи АИ-95 мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи сокинон, дар ин вилоят бензини навъи АИ-92 ҳам камёфт шудааст.

"Дар Лебап ҳамон бензини навъи 80-ро ҳам ба як мошин танҳо 5 литр мефурӯшанд. Дар ҳама нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ навбатпоии тӯлонӣ дида мешавад",-гуфт як сокини вилояти Лебап.

Дар ибтидои тобистони имсол бензини навъи босифат дар Туркманистон камёфт шуд. Ба гуфтаи сокинон, ба ҷуз аз шаҳри Ишқобод дар ҳеҷ кадом аз вилоятҳои дигари он кишвар бензини навъи А-92 ва А-95 пайдо кардан имкон надошт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки пулис ронандагонро барои истифодаи бензини бесифат ҷарима мекунад.

Як зани муттаҳам ба "тарғиби терроризм" дар Қазоқистон аз зиндон озод шуд

Жанна Умироваи 37-сола, ки бо айби "ангехтани бадбинии динӣ" ва "тарғиби терроризм" зиндонӣ шуда буд, имрӯз аз ҳабс озод гардид.

Дар ин бора худи Умирова ба расонаҳо иттилоъ дод. Вай гуфт, баъди озодиаш ба манзилаш дар шаҳри Капшагай рафтааст.

Бо гузашти 15 рӯз аз содиршавии ҳукми додгоҳ Умирова ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шуда, ҳамакнун вай боқии ҳукмро дар ҳабси хонагӣ адо мекунад.

Жанна Умирова модари ду фарзанди ноболиғ аст, ки онҳоро ба танҳоӣ тарбият мекунад. Шавҳари вай дар моҳи июни соли 2017 бо айби "ангехтани адовати динӣ" ва "тарғиби терроризм" 5 сол зиндонӣ шуд.

Парвандаи Жанна Умироваро Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон баррасӣ кард. Солҳои охир даҳҳо сокини Қазоқистон бо айби ангехтани адовати динӣ ва тарғиби терроризм зиндонӣ шудаанд.

Вакили пешини Қирғизистонро авф накарданд

Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон ҳукми зиндони вакили пешини ин кишвар Содир Жапаровро кам накард.

Додгоҳ рӯзи 19 август ба дархости вакилони мудофеи Содир Жапаров ҷавоби рад дод. Жапаров бо қарори додгоҳи ноҳияи Аламудини он кишвар 11,5 сол зиндонӣ шудааст.

"Ҳамаро бар асоси қонуни авф озод мекунанд, вале ба Содир Жапаров ҷавоби рад доданд. Мо тамоми далелҳоро нишон додем, ки чаро Жапаров бояд авф шавад. Қарори додгоҳ ғайриқонунӣ буд. Мо ба додгоҳи олӣ шикоят мебарем",-гуфт Шарабиддин Токтосунов, вакили мудофеи Жапаров.

Содир Жапаров, вакили пешини порлумон ва раиси ҳизби "Мекенчил" дар ташкили ҷамъомади эътирозии Қароқул ва асир гирифтани роҳбари вақти Қароқул Эмилбек Каптагаев дар соли 2013 айбдор шудааст. Додгоҳ ӯро дар соли 2018 ба муҳлати 11,5 сол зиндонӣ кард.

Трамп гуфт, харидори ҷазираи Гренландия аст

Доналд Трамп, президенти ИМА гуфт, ки Вашингтон воқеан имкониятҳои харидории ҷазираи Гренландияро аз Дания баррасӣ мекунад. Пештар аз ин дар ин бора расонаҳо бо такя ба манобеи худ хабар дода буданд. Трамп хабари мазкурро тасдиқ кард ва ҳамзамон афзуд, ин мавзуъ дар авлавият қарор надорад.

Вай гуфт, Дания бо идора кардани Гренландия танҳо маблағ аз даст медиҳад. Трамп аз эҳтимол дур надонист, ки ин мавзуъро бо мақомоти Дания ҳангоми сафари моҳи сентябраш баррасӣ кунад.

Сарвазири Дания Метте Фредериксен тасмими Трампро дар бораи харидани ҷазира ҳазён номид. Сарвазир афзуд, тасмим надорад, мавзуи мазкурро бо Трамп баррасӣ кунад. Мақомоти ҷазираи худмухтори Гренландия ҳам гуфтанд, сарзамини онҳо фурӯхта нахоҳад шуд.

Гренландия - калонтарин ҷазираи кураи замин аст, ки қисмати бештарашро пирях пӯшонида аст. Аҳолии ин ҷазира ҳамагӣ 56 ҳазор касро ташкил медиҳад. ИМА дар ин ҷазира пойгоҳи низомӣ дорад.

Президенти Узбекистон ба Туркманистон меравад

Масъалаи омодагӣ ба сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Туркманистон дар ҷараёни машварати сиёсии вазирони умури хориҷии ду кишвар дар шаҳри Ишқобод баррасӣ шудааст.

"Дар вохурӣ ба тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ, робитаҳои фарҳангиву инсондустӣ, аз ҷумла барқарорсозии парвози ҳавопаймо дар масири Тошканд-Ишқобод, роҳандозии ҳаракати автобусҳои мусофирбар миёни вилоятҳои Узбекистону Туркманистон ва содагардонии тартиби равуои сокинон ба кишварҳои ҳамдигар таваҷҷуҳи бештар шудааст",- омадааст дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Узбекистон.

Ҷонибҳо ҳамчунин имкони тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла СММ ва Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупоро баҳс кардаанд.

Вазирони умури хориҷии Туркманистону Узбекистон -- Рашид Мередов ва Абдулазиз Комилов дар охир Барномаи ҳамкории вазоратохонаҳои хориҷии ду кишварро барои солҳои 2020-2021 имзо кардаанд.

Меркел ва Орбан суқути Деворҳои оҳаниро таҷлил мекунанд

Орбан Меркелро дар шаҳри Шопрон пазироӣ мекунад

Нахуствазири Венгрия Виктор Орбан дар шаҳри ғарбии Шопрон рӯзи 19 август садри аъзами Олмон Ангела Меркелро пазироӣ кард, ки ба хотири таҷлил аз ҳодисаи таърихии суқути Деворҳои Оҳанӣ дар соли 1989 сафар кардааст. Орбан ва Меркел барои таҷлили 30-солагии як маросими маъруф бо номи “Пикники аврупоӣ” мулоқот мекунанд, ки дар марзи Венгрияву Австрия соли 1989 баргузор шуд ва дар ҷараёни он ҳудудан 600 нафар аз сокинони Олмони Шарқӣ марзро убур карда ба Ғарб фирор карданд. Ин ҳодисаи аввалини убури шумори хеле зиёди олмониҳои шарқӣ ба ғарб баъди дар соли 1961 бунёд шудани девори Берлин мебошад ва се моҳ баъди он худи девор ҳам суқут дода шуд.

Нахуст Меркел ва Орбан дар як маросиме дар калисои шаҳри Щопрон иштирок карданд ва қарор аст дар нишасти матбуотии муштарак ҳам ҳозир шаванд.

Бо ин вуҷуд, ки ду раҳбар аз байн рафтани саддҳоро дар Аврупо таҷлил мекунанд, масъалаи тарзи мудирияти марзҳо дар ҳудудҳои Иттиҳодияи Аврупо яке аз масоили мавриди ихтилофи ду кишвар дар солҳои охир боқӣ мемонад.
Орбан аз мунаққидони шадидлаҳни қарори соли 2015-уми Меркел дар заминаи боз кардани сарҳад ба рӯи муҳоҷирон аз Ховари Миёна мебошад. Мулоқоти охирини онҳо ҳам баъди се соли ин ҳодисаҳо дар июли соли гузашта дар Берлин сурат гирифт. Он замон Меркел Орбанро барои сиёсати шадиди зиддимуҳоҷираташ интиқод карда онро зиддиинсонӣ номида буд.

Дар Узбекистон ширкати "Ҳамагуна тиҷорат хуб аст" сабти ном шуд

Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев, шаҳрдори Тошканд.

Дар шаҳри Тошканди Узбекистон ширкати "LYUBAYA BIZNES XOROSHA" (Ҳама гуна тиҷорат хуб аст)-ро сабти ном карданд. Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоии Узбекистон аксе аз сомонаи Кумитаи давлатии омори ин кишвар нашр шуд, ки хабарнигорони расонаи Kun.uz тасмим гирифтанд, дурустии онро бисанҷанд.

Тавре хабарнигорон дақиқ карданд, дар воқеъ ширкате бо ин ном 16 августи соли равон дар пойтахти Узбекистон ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои Kun.uz, "LYUBAYA BIZNES XOROSHA" бо савдои яклухти ғайримушаххас машғул хоҳад шуд. Будҷаи ширкат 3 миллиард сӯмро ташкил дода, муассиси он як зан аст.

Моҳи майи соли равон шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев дар ҷараёни барномаи "Alter Ego" гуфта буд, ки "ҳама гуна тиҷорат хуб аст". Ин сухани шаҳрдори Тошкандро сокинони Узбекистон ба масхара кашида, он сари забонҳои омма қарор гирифт.

Путину Макрон вазъ дар Украинаро баррасӣ хоҳанд кард

Акс аз моҳи июни соли 2019

Рӯзи 19 август қарор аст президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин дидору мулоқот кунад. Дар меҳвари гуфтугӯҳои миёни ду раҳбар, ки қарор аст дар соҳилҳои баҳри Миёназамин дар макони Форт Брегансон баргузор шавад, талошҳо барои хатми низоъҳои миёни ҷудоиталабони рӯ ба Маскав ва нирӯҳои ҳукуматӣ дар шарқи Украина баррасӣ хоҳад шуд. Инчунин, интизор меравад, ки ду раҳбар ихтилофҳои ахир дар атрофи барномаи ҳастаии Эрон ва низоъҳо дар Сурияро ба баррасӣ мегиранд.

Ин мулоқот дар ҳоле барпо мешавад, ки моҳи ҷорӣ президенти Украина Владимир Зеленский аз Путин хост, ки барои хотима додан ба низоъҳо дар шарқи кишвараш мусоидат кунад. Аз апрели соли 2014 то имрӯз дар ин низоъҳо беш аз 13 ҳазор нафар кушта шуданд.

Зеленский пойфишорӣ дорад, ки ҷанг дар Украина аз роҳи дипломатӣ ҳалли худро пайдо кунад ва ба баргузории даври нави музокирот дар чаҳорчӯби Нормандия, яъне бо ширкати Фаронса, Олмон, Украина ва Русия даъват кард. Як мақоми ҳукуматии фаронсавӣ ба оҷонсии Франс Пресс гуфт, ки Путин бояд ба ин даъвати Зеленский посух диҳад.

Президенти Афғонистон: "Паноҳгоҳҳои ДИИШ-ро нобуд мекунем!"

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ таҳдид кард, ки ҳама паноҳгоҳҳои амни гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро дар қаламрави Афғонистон нобуд мекунад. Ҳушдори президент дар паи он садо дод, ки рӯзи 17 август дар натиҷаи бомбаборони як маъракаи арӯсӣ дар Кобул дасти кам 63 нафар, аз ҷумла кӯдакон кушта шуданд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳе марбут ба “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифт. Дар ин ҳодиса 200 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Изҳороти президенти Афғонистон дар ҳоле садо дод, ки рӯзи 19 август Афғонистон 100-умин солгарди истилолият аз Бритониёро таҷлил мекунад. Ғанӣ гуфт, “барои ҳар қатра хуни рехтаи мардуми оддӣ ниқор мегирем”. Ӯ гуфт, ки мубориза зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” бояд бар асоси як барномаи вижа ба роҳ монда шавад.

Бомбаборони пурхушунати ду рӯз пешро вазири хориҷаи Амрико Майк Помпео ҳам маҳкум кард ва гуфт, ки ин ҳодисаи террористӣ “ҳамла алайҳи инсоният аст”.

Нархи нерӯи гармӣ дар Душанбе боло бурда шуд

Нархи нерӯи гармӣ дар шаҳри Душанбе барои сокинон ва ташкилоту идораҳои будҷавӣ ва ҳам хусусӣ баланд бардошта шуд. Тибқи фармони Ҳукумати Тоҷикистон, ки 31-уми июл тасдиқ ва дар махзани ягонаи ҳуқуқии Вазорати адлия рӯзи 19-уми август ҷой шудааст, нархи нерӯи гармӣ барои 1 метри мураббаи манзили сокинон дар Душанбе 1 сомониву 18 дирам муқаррар шудааст. То ба ҳол сокинон барои 1 метри мураббаъ 1 сомониву 3 дирам пардохт мекарданд.

Бо нархи нав таъиншуда нархи нерӯи гармӣ барои як манзили ду ҳуҷрагӣ, ки ба ҳисоби миёна 40 метри мураббаъ аст, сокинон дар як моҳ бояд беш аз 47 сомонӣ пардохт кунанд.

Бо ҳамин қарор ҳамчунон нархи нерӯи гармӣ барои иншоотҳои будҷавӣ ва ҳам хусусӣ боло бурда шудааст. Аз ин ба баъд ташкилотҳои будҷавӣ барои 1 Гкалл нерӯи гармӣ 98 сомониву 67 дирам пардохт мекунанд. То ин замон идораҳои будҷавӣ ба ин миқдор гармӣ 67,44 сомонӣ мепардохтанд.

Ташкилоту идораҳои дигар мувофиқи ин қарор барои 1 Гкалл гармӣ минбаъд 113 сомониву 47 дирам пардохт хоҳанд кард.

То ду соли пеш аксарияти бинову иншоотҳои Душанбе аз нерӯи гармии марказонида шуда маҳрум буданд. Аммо бо ба кор даромадани Маркази гарму барқидиҳии Душанбе-2 ки бо 380 миллион доллар қарзи Чин сохта шуд, аксарияти бинову иншоотҳои шаҳр ба манбаи нерӯи гармӣ васл шуданд.

Дар Душанбе маъмулан мавсими гармидиҳӣ миёнаҳои моҳи ноябр шурӯъ шуда, то охири моҳи март идома мекунад.

Писари Отамбоев: "Ҳамаи амволи эъломшуда аз падарам нестанд"

Қодирбек Отамбоев, писари президенти пешин ва боздоштшудаи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев мегӯяд, Додситонии кулли ин кишвар қасдан ҷомеаро дар робита ба дороиҳои ҳабсшудаи падараш фиреб ва таҳрик медиҳад.

Ба гуфтаи Отамбоеви хурдӣ, ба хонаводааш авмолеро номнавис кардаанд, ки дар асл ба онҳо тааллуқ надоранд. "Аз 120 иншоот ва амволе, ки мақомот рӯйхат кардаанд, 101 тоашон ба Отамбоев ва аъзои оилаи ӯ тааллуқ надоранд. Ҳамчунин ширкати "Қирғизавтомаш" аз соли 2007 аз мо нест",-афзудааст ӯ.

Қодирбек Отамбоев гуфтааст, хонаводаи ӯ танҳо дар бонки "Қирғизистон" ҳисоби бонкӣ доранд, ки соли 2002 боз шудааст. Телевизиони "Апрел" низ дар ягон бонк ва вилояти Ҷалолобод амвол надорад. Иттиҳодияи радио ва телевизион низ аз хонаводаи ӯ нест.

"Амволи боқӣ, ба ҷуз аз хонаи воқеъ дар деҳаи Қой-Тош пеш аз давраи президентии Отамбоев харидорӣ шудаанд. Дар рӯйхати мақомот ҳатто хонаи бунёдкардаи падарбузургамро, ки соли 1985 вафот кардааст, шомил кардаанд. Падари ман ҳанӯз дар солҳои 90-ум ҳамчун соҳибкори муваффақ шинохта мешуд. Ӯ дороии худро на аз ҳисоби вазифаи давлатӣ, балки аз соҳибкорӣ ба даст овардаааст",-навиштааст ӯ.

Додситонии кулли Қирғизистон 16 август хабар дод, ки тамоми амвол, ҳисобҳои бонкии Отамбоев, дороии "Қирғизавтомаш", "ТВ Апрел" ва "Медиа Форум" ба ҳабс гирифта шуданд. Алмосбек Отамбоев дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти Қирғизистон қарор дошта, зиддаш бар пояи чандин банд айб эълом кардаанд.

Ёфтҳои бештар

Чаро нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон гарон шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Чаро нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон гарон шуд?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

90 соли парвози «Уқоб»-и санъати тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00
XS
SM
MD
LG