Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Муовини Помпео ва вазири хориҷии Тоҷикистон аз чӣ гуфтанд?

Девид Ҳейл, муовини котиби давлатии Амрико дар масоили сиёсӣ, бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин

Девид Ҳейл, муовини котиби давлатии Амрико дар масоили сиёсӣ, бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот кардааст.

Суҳбати онҳо рӯзи 21-уми август дар шаҳри Нурсултон (Остонаи собиқ) дар чаҳорчӯби нишасти С5+1 (панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико) сурат гирифт.

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, дар ин мулоқот "вазъ ва дурнамои муносибатҳои Душанбеву Вашингтон ва рушди робитаҳо" баррасӣ шуд. Сомонаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон навишт, ки "тарафҳо масъалаи рушди минтақавӣ ва мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои амниятӣ"-ро низ баҳс кардаанд.

Ҷузъиёти аз ин бештари мулоқот дастрас нест.

Дэвид Ҳейл, муовини котиби давлатии Амрико, то 23-юми август дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. Вай дар доираи самити С5+1 бо намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Қазоқистону Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон ҳам гуфтугӯ мекунад.

Мулоқоти С5+1 моҳи ноябри соли 2015 "бо ҳадафи ҳалли масоили муштараки амниятиву иқтисодӣ, беҳсозии тиҷорати минтақавӣ ва рушди минбаъдаи тиҷорату сармоягузории Амрико дар минтақа" таъсис шуда буд.

Зариф аз иқдомҳои "пешгӯинашаванда"-и Эрон ҳушдор дод

Муҳаммаҷавод Зариф

Эрон мегӯяд, ба паймони паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ (NPT) содиқ мемонад, аммо сиёсати "пешгӯинашаванда"-и президенти Амрико Доналд Трамп метавонад посухҳои монандро аз Теҳрон талаб кунад.

Вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф рӯзи 21-уми август дар Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Тадқиқоти Сулҳи Стокҳолм (SIPRI) ҳамсоягони худро огоҳ кард, ки "хароҷоти зиёд барои силоҳҳои ғарбӣ ба Халиҷи Форс оромии пурра нахоҳад овард".

Зариф гуфт: "Пешгӯинашаванда будани ду тараф боис ба бетартибӣ мешавад. Президент Трамп наметавонад интизор дошта бошад, ки ӯ пешгӯинашаванда ва дигарон пешгӯишаванда бошанд."

"Арабҳои Халиҷи Форс наметавонанд бо харҷ кардани миллиардҳо доллар ё харидани аслиҳаи ғарбӣ ба оромӣ дар минтақа даст ёбанд... Ҳеҷ миқдори низомии хориҷӣ бо буданаш (дар Халиҷи Форс) наметавонад ноамниро пешгирӣ кунад", -- афзуд Зариф.

Кашмакашҳо миёни Вашингтон ва Теҳрон аз он дам боло гирифтанд, ки Трамп аз созишномаи ҳастаии соли 2015 баромад ва ба Эрон таҳримҳои нав бор кард.

Суханони Муҳаммадҷавод Зариф як рӯз пас аз он садо дод, ки котиби давлатии Амрико Майк Помпео Теҳрон ва наздикони онро дар барангехтани "террор ва нооромӣ" дар муноқишаҳо дар Ироқ, Лубнон, Сурия ва Яман "бо пайомадҳои вайронгари башарӣ" айбдор кард.

Блогерони тоҷик барои видеои танфурӯшон дар додгоҳ ҷавоб мегӯянд? ВИДЕО

Блогерҳои тоҷик мегӯянд, ки ҷинояте содир накардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Додситонии шаҳри Душанбе ҳафтаи гузашта таҳқиқи парвандаи чаҳор блогери тоҷикро, ки моҳи июли имсол дар бораи занони танфурӯш гузориш карда буданд, ба анҷом расондааст.

Мақомот онҳоро ба "ғайриқонунӣ ҷамъ овардан ва паҳн кардани маълумоти шахсӣ" муттаҳам медонанд. Ин иттиҳом аз 11 то 27 ҳазор сомонӣ ҷарима ё як сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ мекунад. Худи блогерон мегӯянд, ки ҳадафашон нишон додани мушкилоти иҷтимоӣ буд, на паҳн кардани иттилоти шахсӣ.

Бо ин вуҷуд, онҳо баъди бозпурсии аввал навори видеоро аз Ютуб ҳазф карданд.

Як мақоми Додситонии шаҳри Душанбе бе зикри номаш рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи блогерон барои баррасӣ ба додгоҳ фиристода шудааст. Худи блогерон ҳам гуфтанд, ки аз онҳо хоста шудааст, барои иштирок дар додгоҳ омода шаванд.

Чаҳор блогер як моҳи пеш бо ҳадафи анҷоми як навори таҷрибавӣ занҳоеро, ки аз онҳо "фоҳиша" ном мебурданд, дар хиёбонҳои пойтахт савори мошин карда, дар бораи нарху хадамоташон пурсиданд.

Тибқи иттилои дарёфтӣ парванда алайҳи блогерон бар асоси шикояти шаш қаҳрамони навори пахшшуда дар шабакаи Ютуб боз шудааст. Шахсияти ин занон ва ҳамин тавр назари онҳо дар бораи ин қазия барои мо дастрас нест. Мақомот шахсияти онҳоро ошкор намекунанд. Дар видеое, ки блогерон ҳам пахш карданд, чеҳраи онҳо пӯшида буд.

Рустам Ашӯров, яке аз блогерон, рӯзи 21-уми август гуфт, ҳеҷ гоҳ фикр намекарданд, ки кор то ба ин ҷо кашида мешавад. “Мо ба ҷуз аз матраҳ кардани мушкили ҷомеа ягон мақсади дигар надоштем”, -- афзуд ӯ.

Дар ин миён баъзе аз ҳуқуқшиносон гуфтанд, бархӯрд бо наворҳое, ки дар онҳо фаҳш дида мешавад, дар Тоҷикистон яксон нест. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, агар нисбат ба блогерон барои ин навор парванда боз шудааст, пас, масъулине, ки наворҳои бадахлоқонаро бо зикри ному насаби шахс дар телевизионҳои давлатӣ пахш мекарданд, низ бояд муҷозот шаванд.

Машғул шудан ба фаъолиятҳои блогерӣ солҳои ахир миёни ҷавонони тоҷик маҳбубият пайдо мекунад. Мавзӯи суҳбати блогерон бештар ба мушкилоти ҷавонон рабт мегирад.

Аммо пас аз қазияи чаҳор блогер бархе ба ин боваранд, ки ин гуруҳро дар иҷрои кори худ эҳтиёткор мекунад.

Нишасти изтирории ҳавопаймои Душанбе-Маскав дар Оренбург

Ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии”, ки субҳи 21-уми август аз Душанбе ба самти Маскав парвоз кард, бо сабаби бад шудани саломатии як мусофири хурдсол дар шаҳри Оренбург нишасти изтирорӣ анҷом дод. Умедҷон Лолаев, намояндаи ширкати "Уралские авиалинии" дар Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қазия ба хубӣ анҷом шуд ва баъд аз муоинаи табибон ва бо хости волидони кӯдак, ҳавопаймо ба Маскав парвозашро идома дод. "Ҳама чиз хуб аст ва ҳавопаймо тахминан ду соат пеш дар Маскав нишаст", -- гуфт Лолаев.

Ба иттилои ӯ, ҳангоми парвоз духтари 13-сола, ки бо волидонаш ба самти Жуковский парвоз мекарданд, аз бад шудани саломатии кӯдак шикоят карданд. Дар оғоз гуфта шуд, ки кӯдак аз норасоии қалб (сердечная недостаточность) азият мешавад, вале баъдан ин диагноз тасдиқ нашудааст. Халабонҳо қарор карданд, ки дар фурудгоҳи Оренбург нишасти изтирорӣ анҷом дода, табибони ёрии таъҷилиро ба назди бемор даъват кунанд.

“Баъди муоинаи кӯдак табибон ба волидонаш пешниҳод карданд, ки дар бемористон бистарӣ шавад, вале онҳо ин пешниҳодро рад карда гуфтанд, ки парвозро идома медиҳанд", -- гуфт Лолаев. – Баъди ин ҳавопаймо ҳамроҳ бо духтари бемор ба самти Жуковский парвоз карда ба фурудгоҳ расиданд”.

Ба иттилои расмӣ, дар дохили ҳавопаймое, ки соати 8-и субҳи имрӯз парвоз кард, 17 тифли ноболиғ буд.

Нишастҳои изтирорӣ бо сабаби бад шудани вазъи саломатии мусофирон дар дохили ҳавопаймо дар гузашта ҳам рух додааст. Соли 2018 дар давоми як ҳафта ду мусофири ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии" даргузаштанд. Сабаби марги мусофирони калонсол дар бад шудани вазъи саломатии онҳо гуфта шуд.

Помпео Эронро ба доман задани низоъ дар Ховари Миёна муттаҳам кард

Майк Помпео

Вазири корҳои хориҷии Амрико дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи мушкилоти сулҳу амният дар Ховари Миёна ба таври мушаххас аз Эрон ном гирифт. Ин нишаст рӯзи 20-уми август баргузор шуд.

Майк Помпео Теҳрон ва ҳомиёнашро ба доман задан ба даҳшатафканӣ ва нооромӣ дар Ироқу Лубнон ва Сурияву Яман муттаҳам кард. Вай гуфт, “ин паёмадҳои вайронгари башарӣ дорад”.

Вазири умури хориҷии Амрико афзуд, агар Созмони Милали Муттаҳид иҷоза диҳад, ки таҳрими зидди Эрон дар моҳи октябри соли 2020 хотима ёбад, Теҳрон ба эҷоди нооромии нав рӯй хоҳад овард.

Ин таҳрим шомили манъи сафари Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои қудс, ҷиноҳи хориҷии нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоб, мешавад. Манъи сафари 23 эронии дигар низ ба ин таҳрим дохил аст.

Вазири умури хориҷии Амрико афзуд, “аз вақте ки Амрико ба дунболи ба сифр расондани фурӯши нафти Эрон аз моҳи апрели соли гузашта аст, оятуллоҳ тамоми талоши худро сарфи дипломатияи зӯргӯёна кардааст. Ва ин листи кӯтоҳи корҳоест, ки режим аз моҳи июл ба ин тараф раво дид. Эрон рӯзи 1-уми июл захираи ураниюми ғализиаш камро аз ҳудуди таъйиншуда 300 кило баландтар бурд. Рӯзи 2-юми июл ҳусиҳои зери ҳимояти Эрон дар Яман ба як фурудгоҳ дар Арабистони Саудӣ ҳамла карданд ва ҳанӯз ба ин корашон идома медиҳанд.”

Таниши миёни Эрон ва Амрико баъд аз он афзоиш ёфт, ки Вашингтон соли гузашта аз созиши ҳастаии соли 2015 миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳон хориҷ шуд ва таҳримҳои зидди ин кишварро аз сар гирифт.

Роҳбари пешини Оҷонсии муҳоҷирати Узбекистон 12 сол зиндонӣ шуд

Додгоҳи шаҳрии Тошканди Узбекистон Равшан Иброҳимов, раиси пешини Оҷонсии муҳоҷирати ин кишварро 12 сол зиндонӣ кард. Иброҳимов дар фасодкорӣ ва қаллобӣ айбдор шуд. Ба иттилои додгоҳ, Иброҳимов бо моддаҳои "қаллобӣ", "порадиҳӣ", "қонунисозии даромадҳои ғайриқонунӣ" айбдор дониста шуд.

Муовини пешини раиси оҷонсӣ Улуғбек Назаровро ҳам 12 сол зиндонӣ карданд. Ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2018 Иброҳимову Назаров ва ду тани дигар аз кормандони Оҷонсии муҳоҷирати Узбекистон боздошт шуда буданд.

Он замон гуфта мешуд, ки мансабдорони оҷонсии мазкур барои ирсоли муҳоҷирони меҳнатӣ ба Кореяи Ҷанубӣ аз шаҳрвандон бештар аз 20 миллион доллари ИМА пора гирифтаанд.

Ҷонибдорони Отамбоев аз Ҷеенбеков хостанд, монеи "истибдод" шавад

Сокинони деҳаи Кой-Тош ва Арашани ноҳияи Аламудини Қирғизистон ба президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков муроҷиатнома фиристоданд. Дар муроҷиатнома омадааст, ки "ҳамдеҳагон аз Отамбоев бо даъвати виҷдон ҳимоят карданд ва ба манзили вай ба он хотир омаданд, ки изҳори пуштибонӣ кунанд".

"7 август неруҳои вижа бидуни огоҳӣ ба бачаҳои мо ҳамла кард. Одамони ношинос аз болои девор вориди хонаи Отамбоев шуда, ба латту кӯб ва паррондани сокинон сар карданд. Занону куҳансолонро ҳам заданд. Дар қонун омадааст, ки шаҳрвандон ба ҳимояти худ ҳақ доранд, аз ҷумла ба ҳимоят аз амалҳои ғайриқонунии мақомоти махсус. Ва мо аз ин ҳуқуқ истифода кардем",-омадааст дар муроҷиатнома.

Сокинони Кой-Тош ва Арашан хабар медиҳанд, ки мақомот "ҳоло онҳоро таъқибу таҳдид доранд ва парванди ҷиноӣ боз мекунанд". Сокинон аз президент хостанд, ки "таъқибу тарс додан қатъ ва онҳое аз кор ронда шаванд, ки дастури ғайриқонунии ҳамларо додаанд".

Рӯзҳои 7-8 август дар манзили Отамбоев дар деҳаи Кой-Тоши вилояти Чуй бо ҳадафи иҷборан ба бозпурсӣ ҳозир кардани президенти пешин ҳамла сурат гирифт. Баъди боздошт нисбати Отамбоев дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани дузди қонунӣ Азиз Батукаев, бо моддаҳои "Фасодкорӣ" ва "Иштирок дар ҷиноят" парванда боз шуд. Бо қарори додгоҳ, Отамбоев то 26 август ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Додситонии Қирғизистон 13 август хабар дод, ки нисбати президенти пешин дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош чанд парвандаи дигар боз шудааст.

Трамп бозгашти Русияро ба "Ҳафтгонаи бузург" қобили қабул хонд

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи сешанбеи 20 август гуфт, ки бозгашти Русия ба "Ҳафтгонаи бузург" (G7) қобили қабул аст. Бритониё, Олмон, Италия, Канада, ИМА, Фаронса ва Ҷопон шомили G7 ҳастанд.

Расонаҳои амрикоӣ бо такя ба манобеи худ дар Кохи Сафед хабар доданд, ки Трамп бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар гуфтугӯи телефонӣ изҳори ризоият кардаанд, ки Русия дар нишасти "ҳафтгона" дар соли 2020 даъват шавад. Пештар аз ин Макрон дар мулоқот бо Владимир Путин, президенти Русия гуфт, ки агар Русия барои танзими низоъи Украина иқдомҳои мушаххасе рӯи даст гирад, ин кишвар ба мизи гуфтугӯ даъват хоҳад шуд.

Дар рӯзҳои оянда дар Фаронса саммити навбатии G7 баргузор мешавад, ки Русия ба он даъват нашудааст. Узвияти Русия дар ин созмон соли 2014, ба далели ғасби Қрим, бекор шуд. "Ман фикр мекунам, ки созмон бояд Ҳафтгонаи бузург номида шавад, зеро бештари мавзуҳои баррасишаванда ба Русия дахл доранд",-гуфт Трамп.

Ин бори аввал нест, ки Трамп аз бозгашти Русия ба созмон ҷонибдорӣ мекунад. Моҳи июни соли 2018 Трамп ба Москва пешниҳод кард, ки дар саммити созмон дар Канада ширкат варзад. Вале Путин гуфт, ки Русия омодаи қабули кишварҳои узви созмон дар Москва аст.

Русия дар соли 1997 бо даъвати президенти вақти ИМА Билл Клинтон ва сарвазири вақти Бритониё Тонӣ Блэр шомили G7 шуд.

Ҳамҷинсгарои узбек баъди муроҷиат ба Мирзиёев дар пайгард қарор гирифт

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон Шохрух Салимовро ҷустуҷӯ доранд, ки бо нашри як муроҷиати видеоӣ дар Интернет президент Шавкат Мирзиёевро ба ҳимояти ҷомеаи ҳамҷинсгароён дар ин кишвар даъват карда буд.

Салимов, ки ҳоло дар Туркия ба сар мебарад, гуфт, пас аз нашри он видео маъмурони пулис ба хонаи наздиконаш дар Узбекистон рафта, гуфтаанд, ки мехоҳанд, вайро дастгир кунанд. Шохрух Салимов пештар бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ ба номи президенти Узбекистон хостори ҳазфи банди "Бачабозӣ" аз Кодекси ҷиноии ин кишвар шуда буд.

"Ба хонаи мо кормандони пулис рафта, гуфтаанд, ки маро боздошт карданианд. Сабаб муроҷиати ман ба президенти Узбекистон будааст. Дар Узбекистон барои айбдор кардани шахсе шарт нест, ки ӯ коре кунад. Барои намуна, маъмурони пулис метавонанд ба хонаи шумо ба далели изҳори назаре биёянд, ки зидди назари президент ё ҳукумат аст. Ман зидди банди 120-и Кодекси ҷиноӣ ҳастам. Ман хоста будам, ки он банд ҳазф ва ҳуқуқи ҳамҷинсгароён ҳифз шавад",-гуфт ӯ.

Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон гуфтанд, зидди Салимов парвандае боз нашудааст. Вале боздиди кормандони пулис аз хонаи наздикони ӯро шарҳ надоданд.

Қонунгузории Узбекистон "Бачабозӣ"-ро ҷиноят шумурда, барои он аз 1 то се соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назарбоев мухолифони ҳукумати кунунии Қазоқистонро танқид кард

Нурсултон Назарбоев

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки моҳи марти имсол аз мақоми худ истеъфо дод, интиқодгарони ҳукумати кунунии кишварашро танқид кард.

Назарбоев рӯзи 21-уми август дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон гуфт, ҳамаи интихоботҳо дар муҳлате баргузор хоҳанд шуд, ки Конститутсия муайян кардааст.

Ӯ хост, ба суханони "мухолифони инфиродӣ"-е, ки интихоботи пеш аз муҳлати порлумониро пешниҳод доранд, посух дода шавад.

"Мо суханони мухолифони худ ва блогерҳоеро мешунавем, ки баргузории интихоботи пеш аз муҳлати порлумониро пешниҳод доранд. Бояд ба ин баромадҳо имрӯз посух дода шавад. Далелҳои асоснок нест. Танҳо чун ҳамеша маҳкумкунӣ ҳаст. Вақте ҳукуматро танқид мекунанд, ба ҷуз аз суханҳои холӣ дигар чизе нест. Ҳадди ақал пешниҳод кунанд, ки чи бояд кард", - изҳор дошт Назарбоев.

​Президенти пешини Қазоқистон, ки аз унвони "элбасӣ" (пешвои миллат) ва ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдор аст, дақиқ нагуфт, ки манзури ӯ аз мухолифони инфиродӣ ва блогерҳо кӣ ҳаст. Ҳамчунин шарҳ надод, ки аз интиқодгарон кадом пешниҳодҳоро мунтазир аст.

Бар асоси Конститутсияи Қазоқистон, қарор аст, дар ин кишвар соли 2021 интихоботи порлумонӣ баргузор шавад.

Интихоботҳои пеш аз муҳлати президентӣ ва порлумонӣ дар Қазоқистон борҳо баргузор шудааст. Ягона интихоботе, ки дар Қазоқистон дар муҳлати муайяншуда баргузор шуд, интихоботи президентии соли 2005 аст. Пас аз қабули Конститутсияи Қазоқистон дар соли 1995 ягон интихоботи порлумонӣ дар муҳлати муайяншуда баргузор нашудааст.

Назарбоев соли гузашта ва ибтидои соли равон низ гуфта буд, ки интихоботи президентии кишвараш пеш аз муҳлат баргузор намешавад. Вале бар хилофи гуфтаҳои ӯ, интихоботи президентии ахири Қазоқистон рӯзи 9-уми июни соли равон пеш аз муҳлат баргузор шуд.

Ҳалокати ҳадди ақал ду нафар дар даргириҳои Кашмир

Мақомоти пулиси Ҳинд мегӯянд, ки нерӯҳои амниятии ин кишвар рӯзи 21-уми август дар як даргирӣ дар Кашмир ду ниманизомиро ба қатл расонданд. Ба гуфтаи мақомоти ҳиндӣ, дар ин даргирӣ, ки дар минтақаи Барамулла воқеъ дар Кашмири зери контроли он кишвар рух дод, як афсари пулис низ кушта шудааст.

"Ҳазорон нерӯи нав ба минтақа фиристода шуданд ва рӯзи 20-уми август қисмати қадимаи Барамулла тайи амалиёте аз сӯи нерӯҳои амниятӣ, бозҷӯӣ шуд",-гуфт як афсари пулис.

Покистон ҳамзамон гуфтааст, ки се ғайринизомии ин кишвар дар даргирӣ бо нерӯҳои ҳиндӣ дар минтақаи марзӣ бо Ҳинд, ки бо "Хати назоратӣ" ё Line of Control (LoC) шинохта мешавад, кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузориҳои ҳиндӣ, бар асари тирандозии нерӯҳои покистонӣ дар ин хатти марз дар рӯзи душанбеи 19-уми август, як сарбози Ҳинд ҷон бохта ва чаҳор нафари дигар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти баландпояи пулис дар Кашмир, пас аз лағви ихтиёроти ин минтақа аз сӯи ҳукумати Ҳинд дар чанд рӯзи пеш, ҳадди ақал 2300 нафар дар Кашмир боздошт шуда ва дастрасии интернету иртиботи мобилӣ қатъ шудааст. Аксари онҳое, ки боздошт шудаанд, ҷавонон ва раҳбарони ҳаракатҳои зиддиҳиндӣ мебошанд.

Бозгашти нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик аз ҳаҷ

Гурӯҳи 180-нафарии зоирони тоҷик субҳи имрӯз, 21-уми август тавассути ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" аз шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ба Душанбе расиданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зоирони тоҷикро намояндагони Кумитаи дин ва пайвандон пешвоз гирифтанд.

Афшини Муқим сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, бозгашти нахустин гурӯҳи зоирони шоми дируз 20-уми август ба Хуҷанд сурат гирифт.

Раванди бозгашти зоирони тоҷик аз Арабистони Саудӣ ба ватан, то 1-уми сентябр идома хоҳад кард. Имсол барои адои фаризаи ҳаҷ аз Тоҷикистон беш аз панҷ ҳазор нафар рафтааст.

Дар мавсими Ҳаҷҷи имсола се нафар аз сокинони Тоҷикистон бинобар бемориҳои гуногун фавтиданд ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуданд.

Ҳаҷ барои ҳар мусалмон дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ, фарз мебошад. Аммо тибқи қарори чанд соли пеши мақомоти тоҷик, танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳақ доранд, ки ба ҳаҷ бираванд.

65 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон дар "рӯйхати сиёҳ"-и Русия ҳастанд

Хадамоти муҳоҷирати Қирғизистон мегӯяд, 64 ҳазору 792 шаҳрванди ин кишвар дар "рӯйхати сиёҳ"-и Русия қарор доранд. Ба иттилои хадамот, моҳи майи соли равон 999 шаҳрванди Қирғизистон афв ва аз рӯйхат берун карда шудаанд.

Бар асоси қонунгузории Русия, ба "рӯйхати сиёҳ" онҳое ворид мешаванд, ки бидуни иҷозат зиндагӣ ё кор мекунанд ва ҳамчунин қоидаҳои дигари будубош дар Русияро риоя нахоҳанд кард. Ин гуна муҳоҷирон аз Русия ихроҷ шуда, ҳаққи вуруд ба он кишварро ба муҳлати 5 сол надоранд.

Пештар сафири Қирғизистон дар Москва Аликбек Ҷекшенқулов гуфта буд, ки дар Русия 1,2 миллион қирғизистонӣ ба сар мебаранд.

Беш аз 9 ҳазор нафарро аз ҷазираи Канарияи Испания кӯчонданд

Беш аз 9 ҳазор нафарро дар натиҷаи оташ гирифтани ҷангал аз ҷазираи Гран-Канарияи Испания ба ҷои амн кӯчонданд. Масоҳати оташсӯзӣ 10 ҳазор ҳектар заминро ташкил медиҳад.

Сухангӯи Хадамоти ёрии изтирории Испания гуфт, ҳудуди 100 сокини як деҳаро натавонистанд, сари вақт ба ҷои амн интиқол диҳанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, кӯчонидани онҳо хеле хатарнок буд.

Сӯхтор ба боғи табиии Тамадаба, дар шимолу ғарби ҷазира низ расидааст. Шамоли сахт ва ҳарорати гармии ҳаво хомуш сохтани сӯхторро мушкил мегардонад. Баландии алангаи оташ дар баъзе аз ноҳияҳо то ба 50 метр мерасад.

Ҷазираи Гран-Канария яке аз маконҳои дустдоштаи сайёҳон шумурда мешавад. Соли гузашта 13,5 миллион нафар аз он боздид карда буданд.

Болоравии нархҳо дар Қазоқистон дар пайи беқурбшавии рубли русӣ

Вазири иқтисоди миллии Қазоқистон Руслан Даленов 20 август дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, нархи як қатор маҳсулот, аз ҷумла пиёз, сабзӣ, картошка, биринҷ ва орди навъи якум дар бозорҳои ин кишвар боло рафтааст.

Ба ҳисоби вазорат, пиёз 79%, сабзӣ 59,3%, картошка 32,9%, биринҷ 23,8% ва орди навъи якум 15,3% гарон шудаанд. Вазири савдои Қазоқистон Бахит Султонов сабаби болоравии нархҳоро набудани истеҳсоли мунтазам, шумори зиёди миёнаравҳо, риоя нашудани шартҳои нигаҳдорӣ ва таъсири иқтисоди Русия номид.

Дар ҷаласаи ҳукумати Қазоқистон гуфтанд, 10 навъи маҳсулотеро муайян карданд, ки нархи онҳо ба хотири нигаҳ доштани таваррум зери назорат хоҳад буд. "Онҳо пиёз, сабзӣ, картошка, лаблабу, биринҷ, орд, гӯшти гову гусфанд ва асп, нон мебошанд. Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки барои поин бурдани нархи онҳо чора андешида шавад", - изҳор дошт Даленов.

Туркманистон ба шаҳрвандон иҷоза намедиҳад, барои таҳсил ба хориҷ раванд

Шаҳрвандони Туркманистон, ки қасди хориҷ шудан ба берун аз кишварро бо ҳадафи таҳсил доранд, ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Шоҳидон мегӯянд, дар фурудгоҳи шаҳри Ишқобод мақомот монеи ба хориҷ рафтани шаҳрвандоне мешаванд, ки қасди таҳсилро доранд.

"Соли ҷорӣ номгӯи донишгоҳҳое нашр шуд, ки дипломашон дар Туркманистон эътироф мешавад. Аммо ҳоло ҳатто онҳоеро намегузоранд ба хориҷ раванд, ки донишгоҳҳои шомили рӯйхати мақомоти Туркманистонро интихоб кардаанд. Як моҳи охир даҳҳо ҷавондухтару ҷавонписарро нагузоштанд, ба хориҷ раванд",-гуфт як сокини маҳаллӣ рӯзи 19 август.

Як сокини Туркманистон нақл кард, ки ӯро нагузоштанд барои таҳсил ба Кипр равад. "Сарфи назар аз он ки бисёриҳо визаи корӣ ва таҳсилӣ доранд, мақомот намегузоранд, ки онҳо аз кишвар хориҷ шаванд",-гуфт як шаҳрванди Туркманистон, ки айни ҳол дар Туркия қарор дорад.

Дар Узбекистон гардиши пули миллӣ озод гузошта шуд

Бонки марказии Узбекистон сар аз 20 август қурби асъори миллӣ - сӯми узбекиро озод гузошта, эълом кард, ки аз ин ба баъд қурби онро бозори арз муайян мекунад.

"Ҳамакнун қурби сӯмро харидорону фурӯшандагон муайян мекунанд. Ин зарурати иқтисодӣ аст",-гуфт раиси Бонки марказии Узбекистон Мамаризо Нурмуратов.

Бонки марказии он кишвар ҳамчунин рӯзи сешанбе ба бонкҳои тиҷорӣ иҷозат дод, ки асъори хориҷиро ба таври нақди ба фурӯш бароранд. То рӯзи 20 август дар бонкҳои Узбекистон мумкин буд, асъори хориҷӣ фурӯхт, аммо бонкҳо иҷозаи ба мизоҷон фурӯхтани асъори хориҷиро надоштанд.

Дар бозорҳои молии Узбекистон рӯзи 20 август 1 доллари ИМА 9384 сӯм табодул мешуд. Ҳамакнун 1 доллари ИМА 9350 табодул мешавад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ибтидои моҳи ҷорӣ дар Узбекистон 1 доллари ИМА 8760 сӯм қурб дошт. Давоми чанд ҳафтаи охир арзиши доллар якбора боло рафт.

Бонки марказии Узбекистон гуфт, ба он хотир назорати қурби сӯм бекор шуд, ки истеҳсолгарони узбекистонӣ наметавонистанд, дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ рақобатпазир бошанд.

Трамп тасвири "меҳмонсарояш" дар Гренландияро нашр кард

Президенти ИМА Доналд Трамп дар Твиттер тасвири бинои баландошёнаеро бо навиштаи "Trump" дар минтақаи аҳолинишине нашр кард, ки як қисми Гренландия гуфта мешавад. Трамп ба таври шухиомез навишт, "ваъда медиҳам, ки ин корро бо Гренландия нахоҳам кард!".

Трамп 17 август гуфт, аз нигоҳи стратегӣ алоқаманд ҳаст, ки Греландияро барои ИМА бихарад. Вале ба гуфтаи президенти ИМА, ин кор яке аз иқдомҳои афзалиятноки маъмурияти вай нест. Трамп ба рӯзноманигорон афзуд, ки "ин мавзуи рақами як нест".

Нахуствазирони Дания ва Гренландия -- Метте Фредериксен ва Ким Килсен пас аз он гуфтанд, ки минтақаи нимамухтори Дания фурӯхта нахоҳад шуд.

Ба иттилои нашрияи Greenland Sermiatsiaq, Килсен дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, "ҳеҷ кас ба ҷои мо набояд тасмим бигирад. Моро бояд эҳтиром кунанд. Манфиатҳои мо ҳамеша бояд дар мадди авал бошанд".

Гренландия ҳудуди 56 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Ин ҷазира бахши худмухтори Дания буда, мақомоти маҳаллӣ бо умури сиёсии дохилӣ машғуланд ва дар робита ба сиёсати хориҷиву масоили амниятӣ Копенгаген тасмим мегирад.

Интизор меравад, Трамп моҳи оянда ба Дания сафар кунад.

Садама дар Бухоро. Нӯҳ муҳоҷири тоҷик маҷруҳ шуданд

Дар садамаи мусофирбаре дар ҳудуди вилояти Бухоро нӯҳ муҳоҷири тоҷик маҷруҳ шудаанд.

Ин мусофирбари хурди навъи «Мерседес» 18 нафарро аз Русия меовард. Садама рӯзи 19-уми август дар ҳудуди ноҳияи Ҷондори Узбекистон рух додааст.

Мақомот мегӯянд, чархи мусофирбар кафида, «мошин аз роҳ ба берун баромад».

Бино ба хабари расонаҳои Узбекистон, нӯҳ муҳоҷири тоҷикро бо захмҳои гуногун ба бемористон бурдаанд. Ба шаш нафари онҳо ҷавоб шудааст, се тани дигар дар шифохона ҳастанд.

Дар робита ба ин ҳодиса парванда боз гардидааст.

Дар оғози моҳи август низ як мусофирбари ҳомили муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Рязани Русия ба садама дучор шуд. Дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла як духтари 14-сола ҷон бохта, ҳашт тани дигар (ду шаҳрванди Русия) захмӣ шуданд. Ин мусофирбар низ дар роҳ ба сӯи Тоҷикистон буд.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Бархе барои муддати тӯлонӣ дар онҷо мемонанд, бархеи дигар дар се ё чаҳор моҳ дубора ба ватан бармегарданд. Онҳо мегӯянд, азбаски нархи билети ҳавопаймо гарон аст, бештар аз хадамоти мусофирбарҳо истифода мекунанд.

Шубҳаҳо дар бораи бештар будани зиёни таркиш дар Архангелск

Пас аз чанд рӯзи таркиши шубҳабарангез дар як озмоишгоҳи мушакҳои баллистикӣ дар Русия ин нигаронӣ ба вуҷуд омадааст, ки Маскав миқёси зарарро пинҳон медорад. Бино ба иттилои расмӣ, дар таркиши рӯзи 8-уми август панҷ нафар кушта шуданд.

Созмони паймони манъи фарогири озмоишҳои ҳастаӣ дар Вена гуфт, ҳангоми таркиш чаҳор дастгоҳи ташхиси радиатсия дар Русия ба таври асроромез аз кор мондаанд. Лассина Зербо, масъули созмон, рӯзи 19-уми август дар Твиттер навишт, дар ду истгоҳи ташхиси радиатсия гуфтаанд, ки “мушкили техникӣ” доранд.

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи душанбе дар нишасти хабарии якҷоя бо президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар Фаронса гуфт, “ҳеҷ хатаре онҷо нест ва ҳеҷ заминае барои афзоиши тобиши радиатсия ҳам вуҷуд надорад. Коршиносон, аз ҷумла коршиносони мустақил, ба онҷо фиристода шуданд ва онҳо вазъро таҳти назорат доранд”.

Қаблан низ мақомоти Русия гуфта буданд, ки дар натиҷаи таркиш “ҳеҷ гуна моддаҳои кимиёӣ ба ҳаво хориҷ нашудааст”. Аммо дар шаҳри Северодинск, 30 километр дуртар аз маҳалли таркиш, “афзоиши якбора ва кӯтоҳ”-и радиатсия мушоҳида шудааст.

Ҳушдори Амрико ба Юнон дар бораи киштии ҷанҷолии Эрон

Иёлоти Муттаҳида рӯзи 19-уми август ба Юнон ва ҳамаи бандарҳои баҳри Миёназамин барои расондани ёрӣ ба киштии нафткаши эронӣ огоҳӣ додааст. Дар ин бора хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як намояндаи расмии Департаменти давлатии Амрико гузориш дод.

Вашингтон гумон мезанад, ин киштии нафткаши эронӣ, ки ба Сурия нафт мебурд, ба як созмони таҳримшуда пайванд дорад. Ҳаргуна ёрӣ чун дастгирии моддӣ ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ба шумор меравад, ки Вашингтон онро як созмони террористии хориҷӣ медонад.

Ин мақоми Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, ёрирасонӣ ба киштии нафткаш, ба муҳоҷирати эҳтимолӣ ва паёмадҳои ҷиноятӣ оварда мерасонад.

Огоҳӣ ба киштии "Адриан Дарё 1" дода шудааст, ки пештар "Грейс 1" ном бурда мешуд ва рӯзи 19-уми август пас аз 45 рӯз аз Гибралтар рафт. Ба гумони Бритониё, ин киштӣ таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Сурияро вайрон кардааст ва дар боздошт буд.

Мақомоти расмӣ дар Гибралтар рӯзи 18-уми август дархости Амрикоро дар бораи нигоҳ доштани киштии нафткаш инкор карданд ва ба киштӣ иҷоза доданд бо нафте, ки 130 миллион доллар нарх дошт, бандари Гибралтарро тарк кунад.

Вазири корҳои хориҷии Амрико Майк Помпео рӯзи 19-уми август ба телевизиони Fox News гуфт, озод шудани киштӣ "нохуш" буд. "Агар Эрон фоидаи бори киштиро ба даст орад, он гоҳ сипоҳи он барои идома додани маъракаи террористии худ пул, сарват ва захираҳои бештар хоҳад дошт", -- гуфт Помпео.

Дэвид Хейл дар саммити С5+1 дар Қазоқистон ширкат мекунад

Дэвид Хейл, муовини котиби давлатии ИМА дар умури масоили сиёсӣ рӯзҳои 20 то 23 август ба Осиёи Марказӣ меояд. Ҳадафи асосии сафари вай ширкат дар саммити панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон дар рӯзи 21 август аст.

Дар доираи саммити маъруф ба С5+1 Хейл бо намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон гуфтугӯ мекунад.

"Онҳо талошҳои муштараки барқарории равобити густарда, шукуфоӣ ва амнияти Осиёи Марказиро баррасӣ мекунанд",-омадааст дар хабари департаменти давлатии ИМА.

Мулоқоти С5+1 моҳи ноябри соли 2015 "бо ҳадафи ҳалли масоили муштараки амниятиву иқтисодӣ, беҳсозии тиҷорати минтақавӣ ва рушди минбаъдаи тиҷорату сармоягузории ИМА дар минтақа" таъсис шуда буд.

Хейл ҳамчунин бо мақомоти дигари Қазоқистон мулоқот хоҳад кард.

Алмосбек Отамбоев то 26 октябр дар ҳабс мемонад

Муҳлати ҳабси пешакии президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев то 26 октбяр тамдид шуд. Дар ин бора додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек қарор қабул кард.

Бар асоси қарори пешин, Отамбоев то 26 август ба ҳабс гирифта шуда буд. Замир Жоошев, вакили мудофеи Отамбоев гуфт, ки ин қарор "поймолсозии навбатии қонун аст".

"Додгоҳ дархости додситонро қонеъ кард. Чунин муҳокимаҳо бояд дар бинои додгоҳ ва ошкоро баргузор шаванд. Вале ин бор ҳам баррасии додгоҳӣ дар бинои КДАМ барпо шуд. Ин хилофи қонун аст",-гуфт вакили мудофеъ.

Рӯзи 16 август додгоҳи сайёри ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек дар бинои КДАМ барпо шуд, ки он замон дархости вакилони мудофеи Отамбоев дар бораи бозбинии ҳукми ҳабси пешакӣ рад гардид.

Рӯзҳои 7-8 август дар манзили Отамбоев дар деҳаи Кой-Тоши вилояти Чуй бо ҳадафи иҷборан ба бозпурсӣ ҳозир кардани президенти пешин ҳамла сурат гирифт. Баъди боздошт нисбати Отамбоев дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани дузди қонунӣ Азиз Батукаев, бо моддаҳои "Фасодкорӣ" ва "Иштирок дар ҷиноят" парванда боз шуд. Бо қарори додгоҳ, Отамбоев то 26 август ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Додситонии Қирғизистон 13 август хабар дод, ки нисбати президенти пешин дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош чанд парвандаи дигар боз шудааст.

Ҷамъоварии пул аз хонандагон барои харидани парчам ва аксҳои президент

Дар мактабҳои миёнаи вилояти Марии Туркманистон аз хонандагон талаб мекунанд, ки барои харидани парчам, аксҳои президент ва дигар эҳтиёҷҳо маблағ ҷамъ оранд. Аммо волидони кӯдакон мегӯянд, эҳтимол дорад, омӯзгорон барои эҳтиёҷҳои худ ин маблағро ҷамъоварӣ мекунанд.

"Як омӯзгор аз мактаби шаҳри Байрамалии вилояти Марӣ аз хонандагони синфи 11 бештар аз 100-долларӣ талаб дорад. Вай мегӯяд, ин маблағро барои харидани парчам, акси президент, ҳуҷҷатҳо ва дигар лавозимот сарф мекунад",-гуфт як сокини маҳаллӣ.

Сокинон мегӯянд, омӯзгорон барои ҷамъоварии маблағ хонандагонро аз таҳсили тобистона бозхонд мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи волидон, омӯзгорон таҳдид кардаанд, ки насупоридани маблағ ба баҳои хатмкунандагон дар поёни сол таъсир хоҳад дошт.

Эрон ИМА-ро ҳушдор дод, то "Grace 1"-ро боздошт накунад

Теҳрон Вашингтонро ҳушдор дод, ба боздошти киштии нафткаши эроние талош накунад, ки шаби якшанбе ҳудуди обии Гибралтарро тарк карда, бино ба баъзе маълумот, озими бандари Каламатаи Юнон шудааст.

Киштии Grace 1 ҳомили 2 миллион бушка нафти хом буда, дар говсандуқи утоқи капитани он ҳудуди як миллион доллар нақдина мавҷуд аст. "Grace 1"-ро мақомоти Бритониё 4 июли соли равон бо гумони нақзи таҳримҳо ва интиқоли нафт ба Сурия боздошт карданд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар посух ду ҳафта баъд киштии нафткаши Stena Impero-ро бо парчами Бритониё дар нақзи "қоидаҳои обии байналмилалӣ" айбдор ва боздошт намуд. Stena Impero ҳоло ҳам дар ҳабс аст.

ИМА дар робита ба он, ки мақомоти Гибралтар дархости ҳабси киштии Эронро рад ва онро озод карданд, "таассуфи амиқ" изҳор намуд. "Grace 1" гӯиё ба шарти он озод шудааст, ки нафтро дар бандарҳои шомили рӯйхати таҳримшудаҳои Иттиҳоди Аврупо холӣ нахоҳад кард.

Ҳабси "Grace 1"-ро Вазорати адлияи ИМА рӯзи ҷумъа дархост карда буд. Вазорат Эронро ба нақзи қонунҳои зиддитеррористиву мубориза бо пулшӯӣ ва истифодаи ғайриқонунии низоми молии Амрико барои интиқоли нафт ба Сурия айбдор мекунад.

ИМА моҳи апрели соли равон Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро ба руйхати созмонҳои террористӣ шомил карда буд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 22-уми ноябри соли 2019
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG