Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Макрон гуфт, дар пайи наҷоти созиши ҳастаӣ бо Эрон аст

Эммануел Макрон

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо мақсади наҷот додани созиши соли 2015, барои коҳиши барномаи ҳастаии Эрон, ҷаласаеро ба нақша гирифтааст.

Маъмурияти Макрон рӯзи 23-юми август дар Париж тасдиқ кард, ки нишаст як рӯз пеш аз оғози саммити серӯзаи G7 дар шаҳри Биарриҷи Фаронса баргузор хоҳад шуд.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, изҳор дошт, ки Теҳрон омодааст пешниҳоди Фаронсаро оид ба наҷоти созиши ҳастаӣ баррасӣ кунад. Ин муомила ба ивази сабук кардани таҳримҳо аз Теҳрон талаб мекунад, ки барномаи ҳастаиашро боздорад.

Зариф афзудааст, Эрон дахолати Амрикоро дар Халиҷи Форс таҳаммул нахоҳад кард.

Кашмакашҳо миёни Эрону Амрико пас аз баромадани Иёлоти Муттаҳида аз созишномаи байналмилалии ҳастаӣ дар моҳи майи соли 2018 ва дубора бор кардани таҳримҳо ба зидди ин кишвар афзоиш ёфтааст. Иқтисоди Эрон аз таҳримҳое, ки бахшҳои нафту молии онро нишон гирифтааст, зарар дидааст.

Дар кӯшиш барои пеш бурдани ин созишнома, Макрон ҳафтаи равон пешниҳод кард, ки ё таҳримотро нисбат ба Эрон сабуктар кунад, ё механизми ҷуброни зарарро фароҳам намояд, "то мардуми Эрон тавонанд беҳтар зиндагӣ кунанд".

Теҳрон даъво дорад, ки созишномаро вайрон накардааст.

Дастури Путин дар вокуниш ба озмоиши мушакии Амрико

Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар супориш додааст, ки дар ҷавоб ба санҷиши мушакии Амрико “чораҳои ҳамаҷониба бинанд”.

Дар хабари Кремл омадаст, ин санҷиши мушакӣ пас аз пошхӯрии Паймони “манъи мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз” гузаронида мешавад, ки хавфи мусобиқаи таслиҳотии навро афзоиш додааст.

Аз рӯи матни нишасти Путин бо аъзои Шӯрои Амнияти Русия, ки рӯзи 23-юми август баргузор шуд, президент гуфтааст, озмоиши мушакии Амрико танҳо 16 рӯз пас аз баромадан аз паймони “манъи мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз” анҷом дода шуд ва нишон медиҳад, ИМА барои баромадан аз паймон пештар омодагӣ доштааст.

Путин аз Вазорати дифоъ ва ниҳодҳои дигари давлатии Русия хостааст, ки “таҳдиди мушакии нави Амрико”-ро таҳлил ва баррасӣ кунанд.

Пас аз муттаҳам кардани Русия дар вайрон кардани ин созиш, Амрико рӯзи 2-юми август расман аз созиши соли 1987 берун шуд, ки партоби мушакҳои круз ва балистикии замин ба заминро аз масофаи 500 то 5500 километр иҷоза намедод.

Бонкҳои Узбекистон дар як рӯз 10 миллион доллар фурӯхтаанд

Бонкҳои тиҷоратии Узбекистон дар рӯзи аввали дарёфти иҷозаи фурӯши доллари Амрико 9,6 миллион доллар фурӯхтанд. Дар ин бора палатаи савдо ва саноати он кишвар иттилоъ дод.

Рӯзи 20-уми август Бонки марказии Узбекистон эълон кард, ки бонкҳои тиҷоратӣ тавассути нуқтаҳои мубодилаи асъор ҳақ доранд, асъори хориҷӣ ба фурӯш гузоранд.

Бонки марказии Узбекистон ҳамчунин хабар дод, ки қурби сӯми миллӣ озод гузошта мешавад.

Пештар аз ин Бонки марказии Узбекистон гуфта буд, динамикаи табодули қурби доллар моҳҳои охир аз ҳисоби омилҳои хориҷиву дохилӣ шакл гирифтааст.

Беларус мехоҳад, аз Амрико нафт бихарад

Беларус мехоҳад, имкониятҳои харидории нафти амрикоиро баррасӣ кунад ва ба ин тартиб, аз вобастаги нафти Русия раҳо шавад.

Таваҷҷуҳи Минск ба нафти амрикоӣ баъди он пайдо шуд, ки Маскав талош дорад, ҳамгироӣ бо Беларусро дар доираи тарҳи Кишвари муттаҳидаи Русияву Беларус тақвият бахшад.

Ширкати давлатии нафти Беларус, ки бо ширкати коркарди нафти "Белнефтехим" пайвандӣ дорад, Дэвид Ҷенкареллиро барои кумак кардан дар бардоштани таҳримҳои амрикоӣ аз Беларус киро кардааст.

Бар асоси қарордод, Ҷенкареллӣ бояд мусоидат кунад, ки Вазорати молияи Амрико барои фурӯши нафти амрикоӣ ба Беларус иҷозатнома диҳад.

Дар ин бора Дэвид Ҷенкареллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Мақомоти Беларус то кунун дар ин робита иттилое надодаанд.

Додгоҳи Қазоқистон як занро, ки аз Сурия баргашта буд, зиндонӣ кард

Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон 22 август сокини маҳаллӣ Акмарал Алмагамбетоваро, ки аз Сурия ба ватан баргардонида шуда буд, бо ҷурми таблиғи терроризм ва ангехтани бадбинии миллӣ 5 сол зиндонӣ кард.

Алмагамбетоваи 32-сола дар доираи як амалиёти мақомоти махсуси Қазоқистон аз Сурия ба ватан баргардонида шуд ва ӯро ба ҷиноятҳое айбдор донистанд, ки соли 2014 анҷом додааст.

Ба гуфтаи муфаттишон, ин сокини Оқтеппа моҳи августи соли 2013 тариқи Қирғизистон ба Туркия парвоз карда, аз онҷо ба Сурия рафтааст. Фарзандонашро дар назди шавҳараш, ки аз ӯ ҷудо шуда буд, гузоштааст. Алмагамбетова чанд моҳ пас бо хонаводаи худ тамос гирифта, гуфтааст, дар маҳалли задухурдҳо қарор дорад. Ӯ гӯё он замон ба шавҳараш Мирболат Жаманкулов наворҳоеро фиристодааст, ки ақидаҳои гуруҳи террористии "Давлати исломӣ"-ро тарғиб мекунанд.

Алмагамбетова ҳамроҳи ду кӯдаки хурдсолаш, ки дар Сурия ба дунё омадаанд, ба Қазоқистон оварда шудааст. Ин кӯдакон ҳоло зери ҳимояти давлат қарор доранд.

Дар доираи амалиёти мақомоти Қазоқистон аз Ховари Миёна 516 шаҳрванди ин кишвар ба ватан оварда шуданд, ки 360 нафарашон кӯдаконанд.

Дар Узбекистон садҳо ангишткан коршиканӣ карданд

Дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхандарёи Узбекистон ҳудуди 200 ангишткани ширкати "Шаргункумир" рӯзҳои 14 ва 15 август ба нишони эътироз корпартоӣ карданд. Ба гуфтаи яке аз ангиштканон, шароити номусоиди корӣ ва амалҳои ғайриқонунии раҳбарияти ширкат онҳоро ба корпартоӣ водор кард.

"14 август ҳамаи ангиштканон ба кӯча баромада, вохӯрӣ бо раҳбарияти ширкатро талаб карданд. Раҳбари ширкат Анвар Очилдиев ба назди корбарон омад, дар натиҷаи миёни ӯ ва эътирозгарон низоъ сар зад. Сипас кормандони пулис ва раиси ноҳия омаданд. Онҳо ваъда доданд, ки бегоҳ масъалаи аз мақом барканор кардани Очилдиев ва мушкили моро ҳал хоҳанд кард",-афзуд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, он шаб дар коргоҳи ширкати "Шаргункумир" мулоқоти раиси ноҳия бо ангиштканони норозӣ баргузор шуд. "Вохӯриро раиси ноҳия раҳбарӣ кард. Ӯ тамоман дар бораи дигар чиз суҳбат кард. Раиси ноҳия гуфт, ба лагерҳои тобистона ба ҷои фарзандони ангиштканон фарзандони сардорон фиристода шудаанд ва ҳамчунин раиси иттифоқи касабаро барои аз худ кардани пулҳое барканор кардааст. Вале масъалаи раҳбарияти ширкат баррасӣ нашуд, ки норозигии ангиштканонро ба бор овард",-изҳор дошт вай.

​Пас аз он ки мушкили ангиштканон дар вохӯрӣ бо раиси ноҳия ҳал нашуд, онҳо тасмим гирифтанд, ба назди мушовири президенти Узбекистон Алишер Усмонов бираванд, ки дар доираи як сафари корӣ дар ноҳияи Сариосиё қарор дошт.

"Садҳо нафар ба кӯча баромаданд, то бо Усмонов мулоқот кунанд. Ба ӯ вазъиятро фаҳмондем. Мушовири президент ваъда дод, ки фардо раҳбари ширкатро барканор мекунад. Вале фардо низ ин мушкил ҳалношуда монд",-гуфт яке аз ангиштканон.

Дар натиҷа ангиштканон 15 август низ ба кор набаромаданд ва даст ба эътироз заданд. ​Раиси "Шаргункумир"​ Анвар Очилдиев хабари корпартоии кормандонашро тасдиқ кард, вале дар он баъзе аз "туҳматчиён"-ро айбдор кард, ки дар ширкат кор мекунанд.

Оғози баррасии парвандаи қатли духтари панҷсолаи тоҷик дар Русия

Имрӯз, 23-юми август Додгоҳи вилояти Маскав ба баррасии қазияи қатли ваҳшиёнаи Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки панҷсолаи тоҷик шурӯъ мекунад. Дар курсии айбдорӣ танҳо Александр Сёмин нишастааст. Сёмин аз рӯи чаҳор иттиҳом, аз ҷумла куштору таҷовузи кӯдак, озори ҷинсии ноболиғ ва амалҳои бадахлоқона, дар додгоҳ посух мегӯяд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо рӯзи 23-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи гумонбари асосии қатли духтараш соати 14 ба вақти Маскав шуруъ мешавад. Саидов афзуд, ӯ ҳамроҳ бо вакили дифоаш Дагир Хасапов ба додгоҳ мераванд. Падари Ҳувайдо мегӯяд, аз додгоҳ талаб дорад, ки муттаҳам дар қатли духтарашро ба ҳабси абад маҳкум кунад.

Ҳодисаи қатли Ҳувайдо Тиллозода дақиқан 13 моҳи пеш рӯзи 22-юми июли соли 2018, рух дода буд. Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва ҷасади ӯро рӯзи дигар дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.

Қазияи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз пурсарусадотарин қазияҳо дар соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод ва ҷониби Тоҷикистон низ бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи ин қазияро хост. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия гуфта буд, ки дар мавриди ҷазо гирифтани қотили кӯдаки 5-солаи тоҷик дар Серпухово шакке нест.

Шӯрои Амният озмоиши мушаки нави Амрикоро баррасӣ кард

Шӯрои Амнияти СММ бо даъвати Чин ва Русия дар робита ба озмоиши мушаки болдор дар ИМА ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард. Ба назари Чин ва Русия, ин амали Вашингтон ба амнияти байналмилалӣ хатар дорад.

Иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии ИМА дар СММ Ҷонатан Коэн дар ҷаласа Русияро ба нақзи шартҳои созишномаи дуҷониба ва сохтани мушаке айбдор кард, ки мамнуъ буд. Коэн аз Москва даъват кард, ки ҳодисаи 8 август дар Северодвинскаро шарҳ диҳад. Ӯ ҳамчунин Чинро ба афзоиши иқтидори мушакӣ айбдор кард.

Иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии Русия дар СММ Дмитрий Полянский дар навбати худ гуфт, ба далели ҷоҳталабии геопалитикии ИМА то мусобиқаи таслиҳотӣ як қадам мондааст. Ба гуфтаи ӯ, иддаои Вашингтон дар мавриди нақзи созишнома аз сӯи Москва беасос аст.

Намояндаи Чин дар СММ Лю Сзей гуфт, созишномаи мазкур барои пешгирӣ аз мусобиқаи таслиҳотӣ муҳим буд. Ӯ ИМА ва Русияро ба муколама даъват карда, гуфт, хориҷшавияшон аз созишнома паёмади нохуб дорад. Сзей иттиҳомоти ИМА зидди Чинро беасос номид.

Вашингтон хабар дод, ки 19 август, баъди хориҷ шуданаш аз созишномаи мушакӣ бо Русия бори нахуст мушаки болдореро озмоиш кард. Ба огаҳии Пентагон, мушаке, ки аз ҷазираи Сан-Николаси Калифорния партоб шуд, беш аз 500 километр парвоз карда, ҳадафро маҳв кард.

Пештар ИМА бар асоси Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз ҳақ надошт, мушакеро бисозад, ки аз 500 то 5 500 километр парвоз мекунад. Вашингтон аз ин созишнома, ки соли 1987 бо Иттиҳоди Шӯравӣ имзо карда буд, 2 августи соли равон хориҷ шуд. Дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, ки Русия тайи чандин сол онро нақз мекард.

Як ҳамсангари Отамбоев дар "гаравгонгирӣ" гумонбар мешавад

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 22 август вакили порлумони он кишвар Ирина Карамушкинаро ба ҳабси хонагӣ гирифт.

Карамушкина - ҳамсангари президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев - дар "гаравгонгирӣ" гумонбар мешавад. Дар ин бора додситонии кулли Қирғизистон иттилоъ дод.

Карамушкина пештар аз ин гуфта буд, ки ӯро аз шоҳид ба гумонбар табдил додаанд. Вай гуфт, ки ин амал "фурӯрезии комили қонун ва худсарии мақомот" аст.

Рӯзҳои 7-8 август дар манзили Алмосбек Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош амалиёти "иҷборан ба бозпурсӣ овардани президенти пешин" сурат гирифт. Дар ҷараёни ин ҳодиса як кас кушта, даҳҳо одам маҷруҳ ва шаш тан аз кормандони неруҳои махсус гаравгон гирифта шуданд. Онҳоро бештар аз 20 соат дар манзили Отамбоев нигаҳ доштанд.

Баъди боздошти Отамбоев чанд тан аз ҷонибдорони вай, аз ҷумла вакилони порлумон Асел Кодуранова ва Ирина Карамушкина, вакили пешин Равшан Ҷеенбеков, мушовири пешини роҳбари давлат Кундуз Жолдубоев, раиси пешини КДАМ Абдил Сегизбоев ба бозпурсӣ даъват шуданд.

Ҳамчунин то кунун чанд тани дигари ҷонибдорони Отамбоев бо гумони гаравгонгирӣ боздошт ва то 8 октябр ба ҳабс гирифта шудаанд.

Варзишгари узбек ба "ангехтани бадбинии қавмӣ" айбдор мешавад

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон нисбати варзишкор Нурсултон Рӯзибоев бо айби "ангехтани бадбинии нажодӣ, қавмӣ, миллӣ, динӣ ва ё минтақавӣ" парванда боз кард.

Вазорат рӯзи 21 август хабар дод, ки Рӯзибоев дар мусобиқаи варзишии шаҳри Кара-Суу Қирғизистон рӯзи 18 август ширкат ва аз рақиби қирғизистониаш шикаст хӯрд. Баъдтар ин варзишкор дар саҳифаи Инстаграм навори таҳқиромезеро нашр кард. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки Рӯзиебоев айни ҳол дар Узбекистон аст ва тафтишот бар асоси Конвенсияи Минск пеш бурда мешавад.

Рӯзибоев навори пешинро пок ва як навори нав нашр кард. Вай мегӯяд: "Нахуст, довар парчами моро ба замин афканд, ба дашному теладиҳӣ шуруъ кард. Вай чи ҳак дорад, ки парчами моро партояд?! Моро дашном кунад?! Як гуруҳи одамон талош карданд, ки маро бизананд... Чаро онҳо нисбати меҳмонон чунин рафтор карданд?".

Мирзиёев ба муҳоҷирон иҷозат дод, қарзҳояшонро бо рубл баргардонанд

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо имзои як фармон ба муҳоҷирони кишвараш иҷозат дод, ки сар аз соли 2020 сӯмҳои қарз гирифтаи худро аз бонкҳои ватанӣ бо рубли русӣ пардохт кунанд.

Дар ин бора Вазорати адлияи узбекистон 22 август хабар дод.

Ҳамчунин аз соли 2020 ба муҳоҷирони кории Узбекистон, ки шароити зисти хуб надоранд, дар биноҳои баландошёна 3 462 хона қарз дода мешавад.

Аҳолии Узбекистон 33 миллион нафар буда, 19 миллиони онҳо қобилияти корӣ доранд. Аз ин миён 5,6 миллионашон дар Русия кор мекунанд.

Сокинони Туркманбошӣ чанд рӯз аст, об надоранд

Сокинони шаҳри Туркманбошии Туркманистон чандин рӯз мешавад, ки об надоранд. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар низоми обу корези шаҳр нуқси техникӣ пеш омадааст.

"Чандин рӯз мешавад, низоми обу корези шаҳри Туркманбошӣ хуб кор намекунад. Ин мушкил тақрибан аз замони таъсисёбии шаҳр вуҷуд дошт. Барои намуна, ба сокинони марказ ва минтақаҳои аҳолинишини атрофи шаҳр субҳ, соатҳои 9:30 ҳудуди 15 дақиқа об медоданд. Ҳоло ҳаминро ҳам намедиҳанд",-иттилоъ дод хабарнигор 22 август.

Ба гуфтаи ӯ, мақомот сабаби қатъ шудани интиқоли об ба сокинонро шарҳ намедиҳанд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ барои дарёфти назари шаҳрдории Туркманбошӣ дар ин замина талош дорад.

Қатъи интиқоли об талабот ба оби нушокиро дар Туркманбошӣ афзоиш дода, нархи онро дар фурӯшгоҳҳо низ боло бурдааст. Ба гуфтаи хабарнигор, нархи як зарфи оби панҷлитрӣ аз 8 манат то ба 15 манат боло рафтааст (3,5 манат 1 доллар аст).

Дар Узбекистон ниҳоди наве муҳтавои филмҳоро назорат мекунад

Яке аз ҳадафҳои асосии Маркази ҷумҳуриявии иҷораи филмҳои Узбекистон пешгирӣ аз паҳншавии филмҳоест, ки хушунат, фаҳшо, иттилои носаҳеҳ дар бораи Узбекистон нашр мекунанд.

Вазорати адлияи Узбекистон хабар дод, бо ин ҳадаф рӯзи 19 август Маркази ҷумҳуриявии иҷораи филмҳо таъсис шудааст.

Ҳамакнун дар синамоҳои Узбекистон филмҳое нишон дода мешавад, ки аз сӯи ин марказ тасдиқ шудаанд.

Интиқоди Путин аз озмоиши мушаки нави Амрико

Владимир Путин, президенти Русия дар сафараш ба Финландия аз озмоиши мушаки болдори ИМА интиқод кард. Вай ҳамчунин дар ин сафар эътирозҳои сокинони Москваро барои интихоботи озод камаҳамият баҳо дод ва ҳамчунин гуфт, таркиши силоҳи атомӣ дар размоишгоҳи Северодвини Русия ба ҳамсояҳо хатар эҷод намекунад.

Путин дар ин бора дар нишасти хабарии муштарак бо президенти Финландия Саулӣ Ниинистё рӯзи 21 август дар шаҳри Ҳелсинкӣ изҳори назар кард. Мулоқоти Путин бо Саулӣ ба равобити дуҷониба дар бахши тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ бахшида шуда буд. Аммо дар нишасти хабарӣ Путин бештар дар бораи мавзуоти дохилии Русия ва мушкилоту баҳсҳои байналхалқӣ изҳори назар кард.

Президенти Русия дар ин нишаст гуфт, ки озмоиши мушаки нав дар ИМА хатарҳои наверо эҷод кардааст, ки Кремл бояд ба онҳо посух диҳад.

Пентагон рӯзи 18 август дар бораи озмоиши мушаки нави болдоре хабар дод, ки қодир аст, аз масофаи бештар аз 500 километр ба ҳадаф бирасад.

"Bilan": Қасри амаки Оқохонро дар Швейтсария духтари Назарбоев харид

Динара Қулибоева

Динара Қулибоева, духтари хурдии президенти пешини Қазоқистон, қасри амаки Оқохонро дар Швейтсария ба маблағи 62 миллион франки швейтсарӣ харидааст. Ин қасрро дар асри ҳабдаҳум сохтаанд.

Дар ин бора маҷаллаи швейтсарии "Bilan" рӯзи 21-уми август хабар дод. Қасре бо номи "Белерив" дар минтақаи Женева ҷойгир буда, ба феҳрасти сарватҳои миллии Швейтсария шомил аст.

Як корманди идораи маҷаллаи “Bilan” рӯзи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, Динара Қулибоева ин қасрро "чанд рӯз пеш харид". Муҳаррири маҷалла хабарро дар шумораи рӯзи гузашта ҳамчун матлабе нашр кард, ки аз манобеи махфӣ ба даст омадааст.

Дар хабари маҷаллаи швейтсарӣ гуфта мешавад, қасри Белеривро соли 1997 падарандари бародарон Сарсок – шоҳзода Садруддин Оқохон – тақдим кард, ки худ бефарзанд буд. Садруддин Оқохон соли 2003 дар 70-солагӣ даргузашт.

Ӯ солҳои зиёд дар ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид кор кардааст. Аз ҷумла, солҳои 1970-ум ба ҳайси раиси Комиссариати олии СММ оид ба паноҳандагон ифои вазифа намудааст.

Ба иттилои манобеи интернетӣ, ӯ ду дафъа оиладор шуда, ҳеҷ гоҳ фарзанд надошт ва ҳамсари дуюми ӯ Кетрин Сарсок буд, ки писаронаш дар охир соҳиби қасри зебое дар ҳудуди 28,700 метри мураббаъ шуданд.

“Bilan” менависад, қасри Белеривро се сол пеш бо арзиши 120 миллион франки швейтсарӣ ба фурӯш гузоштанд ва ниҳоят чанд рӯз пеш аз ҷониби духтари президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо нархи 62 миллион франк харида шуд.

Нашрия менависад, Динара Қулибоева соли 2009 низ дар Женева бар ивази 75 миллион франк хона харида буд.

Ҳанӯз худи Динара Қулибаева ва ё намояндаи расмии ӯ ба ин хабар вокуниш накардааст.

Путин гуфт, ба озмоиши мушаки нави Амрико посух медиҳанд

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Финландия Саулӣ Ниинистё

Владимир Путин, президенти Русия дар сафараш ба Финландия аз озмоиши мушаки болдори Амрико интиқод кард.

Вай ҳамчунин дар ин сафар эътирозҳои сокинони Маскавро барои интихоботи озод камаҳамият баҳо дод ва ҳамчунин гуфт, таркиши силоҳи атомӣ дар размоишгоҳи Северодвини Русия ба ҳамсояҳо хатар эҷод намекунад.

Путин дар ин бора дар нишасти хабарии муштарак бо президенти Финландия Саулӣ Ниинистё рӯзи 21-уми август дар шаҳри Ҳелсинкӣ изҳори назар кард.

Мулоқоти Путин бо Саулӣ ба равобити дуҷониба дар бахши тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ бахшида шуда буд. Аммо дар нишасти хабарӣ Путин бештар дар бораи мавзӯъҳои дохилии Русия ва мушкилу баҳсҳои байналмилалӣ изҳори назар кард.

Президенти Русия дар ин нишаст гуфт, озмоиши мушаки нав дар ИМА хатарҳои наверо эҷод кардааст, ки Кремл бояд ба онҳо посух диҳад.

Пентагон рӯзи 18-уми август дар бораи озмоиши мушаки нави болдор хабар дод, ки қодир аст, аз масофаи бештар аз 500 километр ба ҳадаф бирасад.

Эрон як системаи нави мушакии дурпарвозро рӯнамоӣ кард

Ҳасан Рӯҳонӣ

Эрон як системаи нави мушакии дурпарвози сохти маҳаллиро рӯнамоӣ кард. Президенти Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ рӯзи 22-юми август ҳангоми пардабардорӣ аз системаи нави мушакӣ гуфт, "душманони Эрон мантиқро намепазиранд ва инҷо ҷое нест, ки мо дар баробари зӯр, агар бихоҳем, бо мантиқ ҷавоб диҳем."

Вай афзуд: "Вақте душман ба зидди мо мушак мефиристад, мо наметавонем суханронӣ кунем ва бигӯем: "Ҷаноби мушак, инҷо кишвари мо ҳаст, инҷо мардуми бегуноҳ ҳастанд. Ҷаноби партояндаи мушак, агар метавонед тугмаро пахш кунед ин мушак дар мобайни ҳаво нобуд шавад."

Суханронии Рӯҳонӣ ва системаи мушакӣ як амали охирини ҷанги гуфтугӯ миёни Теҳрон ва Вашингтон аст, ки нигарониҳои зиёдеро ба бор овардааст. Бисёриҳо аз он нигаронанд, ки ин радду бадалҳо метавонад ба муноқишаи мусаллаҳона кашонад.

Иёлоти Муттаҳида як сол пеш аз созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳон бо Эрон даст кашид ва ба Эрон таҳримҳои нав бор кард, ки соҳаҳои нафту молии онро нишон гирифтааст. Иқтисоди Эрон аз таҳримҳо зарар дидааст.

Ҳалокати як сарбози тоҷик ҳангоми хидмат дар артиш

Акс аз бойгонӣ

Як сарбози Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз захми тир ба ҳалокат расидааст.

Мақомот шоми 21-уми август ҷасади Ҳадиятулло Тағоев, сарбози Вазорати дифоъро ба волидонаш дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара супурданд.

Тағоев моҳи октябри соли 2017 довталабона ба артиш пайваст ва то анҷоми муҳлати хизмати сарбозиаш ҳамагӣ 40 рӯзи дигар монда буд.

Наздикони Тағоев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тир ба миёнаи ду абрӯяш задааст ва онҳо то ҳанӯз дақиқ намедонанд фарзандашон дар кадом шароит ҷон бохтааст.

Мақомот гуфтаанд, ӯ худкушӣ кардааст, вале наздикон ба ин фарзия бовар надоранд.

Wall Street Journal: ИМА бо Венесуэла гуфтугӯи пинҳонӣ дорад

Ҳукумати Доналд Трамп, президенти ИМА бо афроди наздик ба президенти Венесуэла Николас Мадуро бо ҳадафи ташкили шароити аз қудрат рафтани Мадуро ва баргузории интихоботи шаффоф дар он кишвар гуфтугӯи пинҳонӣ дорад. Дар ин бора The Wall Street Journal ​бо такя ба манобеи хабар дод, ки дар гуфтугӯҳои ширкат мекунанд.

Диосдадо Кабело, роҳбари Анҷумани конститутсионии Венесуэла, ки дар гузашта раиси порлумони он кишвар буд ва ахиран шомили таҳримҳои ИМА шуд, бо ҳукумати Трамп гуфтугӯ дорад. Ҳадафи ин гуфтугӯҳо - ҳалли буҳрони сиёсии кишвар бо роҳи осоишта унвон шудааст. Муколамаи ду кишвар дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад.

Кабело ва дигар ширкатдорони венесуэлии шомили гуфтугӯҳо ҳавасманд ҳастанд, ки барои боқӣ мондан дар кишварашон кафолати амрикоӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро дошта бошанд ва амнияташон таъмин гардад. Ин кафолатро ҳукумате, ки дар Венесуэла дар натиҷаи гуфтугӯи сулҳомез сари қудрат меояд, бояд эътироф кунад.

Бори нахуст дар бораи гуфтугӯҳо бо наздикони Мадуро рӯзи сешанбе президенти ИМА Доналд Трамп хабар дод. Дертар Николас Мадуро ҳам ин хабарро тасдиқ кард.

Додситони пешини Қирғизистон дар робита ба озодии Батукаев ҳабс шуд

Зидди додситони кулли пешини Қирғизистон Индира Ҷолдубоева дар доираи парвандаи озодсозии ғайриқонунии ҷинояткори бонуфуз Азиз Батукаев бо гумони фасодкорӣ айб эълом шудааст. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Индира Ҷолдубоеваро ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард.

Индира Ҷолдубоева аз моҳи январи соли 2015 то моҳи апрели соли 2018 додситони кулли Қирғизистон буд. Ӯ қаблан раҳбарии шуъбаи ислоҳоти додгоҳӣ ва волоияти қонуни дастгоҳи президентро бар зимма дошт.

Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаев зидди як қатор мансабдорони вақти қирғиз тафтишот оғоз шудааст. Дар миёни онҳо вазири пешини тандурустӣ Динара Сагинбаева, мушовири пешини раҳбари Хадамоти зиндонҳо Калибек Качкиналиев, муовини пешини сарвазир Шомил Атахонов, додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Салянова ва чандин табиб низ ҳастанд.

Дар робита ба озодии Батукаев зидди президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ айб эълом шудааст.

Дар Қазоқистон тағйири қонуни интихоботро пешниҳод доранд

Як гуруҳи фаъолони мадании Қазоқистон 21 август дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Нурсултон пешниҳод карданд, ки барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои интихоботии ин кишвар раъйпурсии умумимиллӣ баргузор карда шавад. Иштирокдорони нишаст гуфтанд, интихоботи пеш аз муҳлати президентие, ки моҳи июн дар Қазоқистон баргузор шуд, одилона набуд.

Раиси "Бунёди рушди парламентаризм дар Қазоқистон" Зауреш Батталова бештари ҳизбҳои сиёсии ин кишварро ба "ҳамкорӣ бо мақомот" айбдор кард. Ӯ гуфт, бо тағйири қонун шумори аъзои лозимиро барои сабти номи ҳизб аз 40 то ба 10 ҳазор бояд поин бурд.

"Бовар надорам, ки аҳзоби сиёсии кунунӣ мустақил шуда тавонанд. Бинобар ин, 50 дарсади вакилон бояд аз ҳисоби аҳзоб ва 50 дарсади боқӣ аз ҳавзаҳо интихоб шаванд", - афзуд ӯ.

Бар асоси Конститутсияи Қазоқистон, интихоботи навбатии порлумонии ин кишвар соли 2021 баргузор хоҳад шуд. Вале фаъолони маданӣ нигаронанд, ки он ба монанди интихоботи президентии имсола пеш аз муҳлат баргузор карда мешавад.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, ки моҳи марти соли равон аз мақоми худ истеъфо дод, 21 август дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизби ҳокими "Нур Отан"-и Қазоқистон гуфт, ҳамаи интихоботҳо дар муҳлате баргузор хоҳанд шуд, ки Конститутсия муайян кардааст".

"Мо суханони мухолифони худ ва блогерҳоеро мешунавем, ки баргузории интихоботи пеш аз муҳлати порлумониро пешниҳод доранд. Бояд ба ин баромадҳо имрӯз посух дода шавад. Далелҳои асоснок нест. Танҳо чун ҳамеша маҳкумкунӣ ҳаст. Вақте ҳукуматро танқид мекунанд, ба ҷуз аз суханҳои холӣ дигар чизе нест. Ҳадди ақал пешниҳод кунанд, ки чи бояд кард",-изҳор дошт Назарбоев.

Шаҳрдори Тошканд дар вохӯрӣ бо сокинони норозӣ худро идора карда натавонист

Масъулони ҳукумати шаҳри Тошканд даҳҳо сокини норозии ноҳияи Мирободи пойтахти Узбекистонро, ки 16 август ба қабулгоҳи шаҳрдор Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев рафта буданд, аз толор пеш карданд. Худи шаҳрдор Ортиқхоҷаев низ бо онҳо муносибати дағалона кардааст.

Дар наворе, ки дастраси мо шуд, шунида мешавад, сокинони Миробод аз Ортиқхоҷаев дархост мекунанд, қарори шаҳрдори пешини Тошканд дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин барои як соҳибкор дар кӯчаи Нукусро бекор кунад.

Ба гуфтаи сокинон, шаҳрдори пешин Раҳмонбек Усмонов соли 2017 ба соҳибкор қитъаи заминеро ҷудо кардааст, ки барои таваққуфгоҳи мошин ва майдони бозии кӯдакон пешбинӣ шуда буд ва ин қарори ӯ хилофи Кодекси банақшагирии шаҳр ва талаботи санитарӣ аст.

Ортиқхоҷаев дар аввал ба сокинони норозӣ оромона мефаҳмонад, ки наметавонад қарори шаҳрдори пешинро бекор кунад. Вале пас аз он ки сокинон мегӯянд, дар сурати бекор нашудани қарор ба президент муроҷиат мекунанд ё даст ба тазоҳурот хоҳанд зад, шаҳрдори Тошканд ба тундгӯӣ гузашта, мегӯяд, "шумо ба онҳо муроҷиат кунед ва онҳо муроҷиати шуморо боз ба мо мефиристанд. Ман ба додгоҳ эътироз карда наметавонам. Қонун ин ҳақро ба ман намедиҳад".

"Шумо моро ба додситонӣ мефиристед, додситонӣ ба додгоҳ ва додгоҳ боз ба назди шумо мефиристад. Шумо магар мардумро масхара мекунед? Шумо салоҳияти бекор кардани қарори шаҳрдори пешинро доред",-изҳор медоранд сокинон дар посух ба суханони шаҳрдор.

Сипас шаҳрдори Тошканд ба додзанӣ даромада, мегӯяд, "маро ба додгоҳ кашед! Ба куҷое мехоҳед, муроҷиат кунед! Мехоҳед, ба президент, мехоҳед, ба Худо муроҷиат кунед. Мехоҳед, ҳатто ба Брюссел шикоят баред. Агар мехоҳед, гирдиҳамоӣ низ бикунед".

Дар ҳамин ҳол занони дар толор буда аз шаҳрдори Тошканд дархост мекунанд, ки ба онҳо иҷозат диҳад, дар сурати ҳал нашудани мушкил ҳамоиши эътирозӣ баргузор кунанд. Дар натиҷа шаҳрдор ба ғазаб омада, ба мардони дар толор нишаста мегӯяд, "шумо мард ҳастед? Ору номус доред? Шумо мардон аз чӣ метарсед, аз зиндонӣ шудан?".

Ӯ ҳамчунин ба занон хитоб карда, суол мекунад, ки "шумо шавҳар, фарзанд ва номус доред? Вақте мард гап мезанад, зани мусулмон бояд сарашро хам карда, хомуш бинишинад".

Сокинони Миробод мегӯяд, дар вохӯрӣ бо Ортиқхоҷаев натавонистанд, мушкили худро ҳал кунанд ва масъулони шаҳрдорӣ низ дар охир аз онҳо хостанд, ки толорро тарк намоянд.

Ду низомии амрикоӣ дар Афғонистон кушта шуданд

Маъмурияти ҳимояти қотеъ таҳти раҳбарии НАТО шоми 21-уми август таъйид намуд, ки ду сарбози он дар Афғонистон кушта шудаанд.

Дар ин эъломия омадааст, ки ду сарбози амрикоӣ рӯзи чаҳоршанбе дар Афғонистон ба қатл расиданд. Дар ин эъломия маълумоти бештаре ироа нашудааст, ки ин сарбозон дар куҷо кушта шудаанд.

Аз оғози соли равон то ба ҳол 16 сарбози амрикоӣ дар Афғонистон ҷон бохтаанд. Шумораи сарбозони кушташудаи амрикоӣ аз оғози ҳамлаи ин кишвар ба Афғонистон дар соли 2001, ба беш аз 2400 нафар мерасад.

Душанбе ва Кобул дар рафъи оқибати ҳодисаҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунанд

Мақомоти умури изтирории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шоми 21-уми август дар чаҳорчӯби як ҳамоиши минтақавӣ дар Душанбе созишномаи ҳамкорӣ дар бораи ҳамкорӣ дар умури пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои табийӣ созишнома имзо карданд.

Наҷиби Фаҳим, вазири давлат дар умури расидагӣ ба ҳаводиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин созишнома шароити қонунӣ барои эъзоми наҷотдиҳандагони ду кишвар барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ба кишварҳои ҳамдигарро фароҳам мекунад.

Ба гуфтаи Наҷиби Фаҳим, ҳамчунин омӯзиши наҷотдиҳандагони афғон дар марказҳои таълимии Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст ва тибқи бандҳои ин созишнома барои фиристодани сареи наҷотдиҳандагон зарурати дарёфти визо бекор карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки наҷотдиҳандагони тоҷик метавонанд танҳо ба он минтақаҳои офатзадаи Афғонистон эъзом шаванд, ки таҳти назорати сохторҳои давлатӣ қарор доранд. "Ҳеҷ кишваре наҷотдиҳандагони худро ба кишваре, ки дар он ҷо ба ҷони наҷотдиҳандагон хатар вуҷуд дорад, намефиристад",-афзуд Рустам Назарзода.

Афғонистон ва Тоҷикистон 1400 километр марзи муштарак доранд. Ҳодисаҳои табиӣ дар минтақаҳои марзии яке аз ин кишварҳо метавонад ба дигаре таъсир расонад. Аз ҷумла дар тобистони соли 2017 фаромадани сел дар ду мавзеи Дарвози Афғонистон маҷрои дарёи Панҷро баст ва ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғро барои чанд ҳафта ба мушкил рӯбарӯ намуд.

Марги як сарбози 18-сола дар артиши Туркманистон

Овезалӣ Экаеви 18-сола, сарбози туркманистоние, ки дар шаҳри Балканободи он кишвар адои хизмати ҳарбӣ мекард, ба иттилои расмӣ, субҳи 20 август фавтидааст. Шоми ҳамон рӯз ҷасади ӯро ба волидонаш доданд.

"Ҷасадро ба маҳзи овардан ба манзили волидонаш, ба хок супурданд. Аз наздикони сарбоз забонхат гирифтанд, ки ин ҳодисаро оммавӣ намекунанд",-гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Овезалӣ Экаев се моҳ пеш ба хизмати сарбозӣ даъват шуда ва аз саломатиаш шикояте надошт. Мақомоти ҳарбӣ сабабҳои марги сарбозро ба волидонаш шарҳ надодаанд. Аммо наздикони сарбоз мегӯянд, вай бар асари шиканҷа кушта шудааст.

Дар як моҳи охир ин дувумин сарбоз аст, ки дар артиши Туркманистон кушта мешавад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ахбори Озодӣ аз 22-уми ноябри соли 2019
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
XS
SM
MD
LG