Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Зани тоҷик ба қатли фарзанди навзодаш муттаҳам шуд

Додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ таҳқиқи парвандаи як модари 24-соларо идома медиҳад, ки ба қатли фарзанди 6-моҳааш муттаҳам мешавад. Ҷамила Каримова, сокини деҳаи Файзободи ҷамоати Даштигул ба он муттаҳам мешавад, аз сари хашму ғазаб Муҳаммадҷони нимсоларо ба наҳри назди хонаашон андохтааст. Ҷасади тифли навзодро як ҳафта баъд пайдо кардаанд.

Бозоралӣ Одиназода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ аввали ҳамин моҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, зани ҷавон баъд аз он фарзандашро ба наҳр андохтааст, ки модарарӯс ӯро ба дуздидани пул аз хона муттаҳам кардааст. Дар сурати исбот шудан иттиҳом ба Ҷамила Каримова аз то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон зане аз сари хашму ғазаб қасди ҷони фарзанди худ мекунад. Моҳи июн додгоҳи Кӯлоб як занеро, ки ба қатли ҳамсару ду фарзанди хурдсолаш муттаҳам мешуд, ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Муфаттишон гуфтанд, зоҳиран модари панҷ фарзанд мехостааст, аввал фарзандонашро кушта ва сипас худкушӣ кунад. Равоншиносон мушкилоти зиёди иҷтимоӣ, аксаран даъвову ҷанҷолҳои хонаводагӣ ва зӯроварӣ ба занонро аз сабабҳои худкушӣ ва ё қасди ҷони фарзанд кардани модарон медонанд.

Боздошти 29 тазоҳургар дар Ҳонконг

Раҳпаймоӣ дар рӯзи 25-уми август дар Ҳонгконг

Пулиси Ҳонконг мегӯяд, ки 29 нафар аз тазоҳургарони зиддидавлатиро шаби гузашта дар ҷараёни даргирӣ бо маъмурони пулис дастгир карданд. Дар ин маркази молии Осиё 11 ҳафта аст, ки эътирозҳои густурда идома доранд. Мардум талаб доранд, ки ҳукумати марказии Чин дахолати зиёд ба умури ин шаҳрро, ки низоми иқтисодиву сиёсиаш дигар аст, бас кунад ва демократияи комил барқарор шавад. Онҳо ҳамчунин талаб доранд, ки раҳбарони Ҳонконг истеъфо диҳанд.

Тазоҳурот дар Ҳонконг ки қаламрави нимамухтори Чин аст 11 ҳафта пеш ба зидди тарҳи қонуне сар шуд, ки иҷоза медод, муттаҳамон ба ҷиноят аз инҷо ба Чин истирдод шаванд. Баъдан талаботи тазоҳургарон зиёдтар шуд. Тазоҳурот дар Ҳонконг, ки то соли 1997 мустамликаи Бритониё буд, яке аз бадтарин буҳронҳо дар таърихи Ҳонконг ва ҳам барои ҳукумати коммунистии Чин ба шумор меравад. Рӯзи 24-уми август маъмурони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурданд.

Каюмарси Марзбон ба 23 соли зиндон маҳкум шуд

Каюмарси Марзбон

Додгоҳе дар Эрон нависанда ва ҳаҷвнигор Каюмарси Марзбонро бо гуноҳи ҳамкорӣ бо кишвари душман, аз ҷумла Амрико ба 23 солу 9 моҳи зиндон маҳкум кардааст. Вакили дифои ӯ Муҳаммад Ҳусейн Оғосӣ рӯзи 24-уми август ба Радиои Фардо гуфт, Каюмарси Марзбон ҳамчунин ба тарғибот ба зидди низом ва тавҳин дар ҳаққи муқаддасот ва мақомот гунаҳкор дониста шудааст.

Муҳаммад Оғосӣ афзуд, нависанда ҳеҷ гуноҳе накардааст ва “фақат мақолаҳои ҳаҷвӣ навишта, дар матбуот нашр кардааст. Ӯ гуфт, ки аз ҳукми додгоҳи Теҳрон шикоят мебаранд. Каюмарси Марзбон соли 2009 Эронро тарк карда ва соли 2018 барои аёдати модари бемораш баргаштааст. Ӯро моҳи сентябри соли гузашта дастгир карданд.

Нишасти Гуруҳи 7 дар Фаронса идома мекунад

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса бо Доналд Трамп

Раҳбарони 7 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон мавсум ба Гуруҳи 7 мулоқоти серӯзаашонро дар Фаронса идома медиҳанд ва ғолибан ба ҷанҷолҳои тиҷоратӣ дар ҷаҳон таммаркуз хоҳанд кард.

Мулоқотҳои расмӣ рӯзи 25-уми август дар шаҳри соҳилии Беатриз дар доир мешавад ва ҳимоят аз демократия, нобаробарӣ дар ҷомеа, тағйироти иқлим ва боло бурдани мақоми зан аз мавзӯъҳои дигари мавриди баррасӣ аст.

Дар рӯзи аввали нишаст, вақти зиёде барои баррасии пешниҳоди Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, сарф шуд, ки мехоҳад, Русия дигарбора ба узвияти Гуруҳи 7 қабул шавад, ки пештар Гуруҳи 8 буд. Русияро соли 2014 баъди ишғоли нимҷазираи Қрими Украина аз ҳайати гурӯҳ хориҷ карданд.

Русия ҳамчунин аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина ҳимоят мекунад, ки соли 2014 ҷангро оғоз карданд ва аз он замон то кунун 13 ҳазор нафар кушта шуданд. Доналд Туск, президенти Шурои Аврупо, пешниҳоди Доналд Трампро рад кард ва гуфт, ки ҳоло Гуруҳи 7 ваҷҳҳои зиёди дигар дорад, ки Русияро қабул накунад.

Сафири Русия дар Лондон мақомашро тарк кард

Александр Яковенко

Александр Яковенко, сафири Русия дар Лондон маъмурияташро ба поён расонидааст ва қарор аст ба Маскав баргардад. Сафорати Русия дар Бритониё рӯзи 24-уми август бо нашри хабаре дар ин бора гуфт, ки Яковенко мақомашро тарк кард ва масъулиятҳояшро дипломати дигари сафорат Иван Володин иҷро хоҳад кард.

Дмитрий Песков, сухангӯи ҳукумати Русия гуфт, тарки мақом кардани сафир, “ҷой иваз кардани маъмулии раҳбарони сафоратхонаҳост ва ҳеҷ иртиботе ба бад шудани муносибатҳои Русияву Бритониё надорад. Нашрияи “Коммерсант” навишт, ки мумкин аст, Андрей Келин, сардори раёсати ҳамкориҳон бо кишварҳои Аврупо, сафири нави Русия дар Бритониё таъйин шавад.

Ҳарирӣ ҳамлаи Исроилро "таҷовузи нав" номид

Саъд Ҳарирӣ

Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон, ҳамлаи Исроил ба мавзеи созмони Ҳизбуллоҳ дар Бейрутро ҳамлаи бешармона ба истиқлоли кишвараш номид. Саъд Ҳарирӣ рӯзи 25-уми август гуфт, ки “таҷовузи нав”-и Исроил хатаре ба амнияти минтақавӣ аст.

Пештар аз ин артиши Лубнон гуфт, ки ду ҳавопаймои бесарнишини Исроил ба як қароргоҳи Ҳизбуллоҳ зарба задаанд. Худи созмон гуфт, ки маркази матбуотиаш дар ҳамла осеб дидааст. Ба гуфтаи артиши Лубнон, ҳавопаймоҳои бесарнишин шоми 24-уми август ба қаламрави ҳавоии Лубнон ворид шудаанд ва яке аз он суқут карда ва дуввумӣ дар ҳаво таркидааст ва сабаби “хисороти моддӣ” шудааст.

Муҳаммад Афиф, сухангӯи Ҳизбуллоҳ, ки аз тарафи Эрон ҳимоят мешавад, гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишин моддаҳои тарканда доштанд ва таркиши яке аз онҳо “ба маркази матбуотӣ зарари бисёр зиёд расонидааст.” Мақомоти Исроил ин ҳодисаҳоро шарҳ надоданд, вале чанд соат пештар гуфтанд, ки барои пешгирӣ аз ҳамлаи эрониҳо бо дронҳои қотил, нерӯҳои Эронро дар Сурия ҳадаф гирифтаанд.

Артиши Исроил гуфт, ба нерӯҳои махсуси Қудси Эрон дар маҳаллаи Ақрабо дар ҷанубушарқи Димишқ зарба задааст. Хабаргузории ИЛНА-и Эрон аз қавли Муҳсин Ризоӣ, фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, ҳадаф қарор гирифтани нерӯҳои эрониро рад кардааст.

Исроил то кунун ба садҳо ҳадаф дар Сурия зарбаи ҳавоӣ зада ва гуфтааст, ки мавзеъҳои нерӯҳои Эрон, аз ҷумла шарикони он ба мисли созмони Ҳизбуллоҳи Лубнонро ҳадаф гирифтааст. Эрон ва Русия дар ҷанги дохилии Сурия, ки соли 2011 оғоз шуд, ба ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад кӯмак мекунанд.

Худкушии омӯзгори ҷавон дар Хатлон. Қадамшоҳ аз чӣ шикоят дошт?

Як омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон худкушӣ кардааст. Пайвандони Қадамшоҳ Давлатови 36-сола гуфтанд, ки ҷасади ӯро субҳи 23-юми август дар хона овезон пайдо намуданд.

Мақомот сабаби худкушии омӯзгори ҷавонро таҳқиқ доранд. Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса рафтаанд. "Тафтишот ба зудӣ маълум мекунад, ки сабаби чунин рафтори муаллим чӣ будааст", -- афзуд ӯ.

Пайвандонаш мегӯянд, ин ҳодиса онҳоро дар ҳолати ошуфтагӣ қарор дод. Ба қавли онҳо, Қадамшоҳ ба соли нави хониш омода мешуд ва аз мушкили ҷиддие шикоят надошт. Вай соҳиби хона ва зану фарзанд будааст.

Солҳои охир аз қасди худкушӣ ва худкушии сокинон хабарҳои зиёд мерасад.

Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарии моҳи июл гуфт, ки дар шаш моҳи аввали имсол дар минтақаҳои гуногуни кишвар 258 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки беш аз панҷоҳ нафари онҳо ноболиғ будаанд. Сабабҳои асосии худкушӣ моҷарои оилавӣ ва мушкили иқтисодӣ гуфта мешавад.

Аз барномаи ҳастаии Эрон то бозгашти Русия. Нишасти G7 дар Фаронса

Қарор аст, ҷаласаи дурӯзаи раҳбарони Гурӯҳи ҳафт кишвари бузурги саноатии ҷаҳон (G7) рӯзи 24-уми август дар Фаронса оғоз шавад. Барномаи ҳастаии Эрон ва роҳ ёфтани дубораи Русия ба ин гурӯҳ аз мавзуъҳои асосии нишаст хоҳад буд. Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико ва Борис Ҷонсон – нахуствазири Бритониё ва дар миёни раҳбарони G7 шомил хоҳанд буд. Трамп ҳангоми сафар ба Фаронса ба хабарнигорон гуфт, чашм ба роҳи музокироти бисёр самарбахш бо аъзои G7 аст. Интизор меравад, Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд, ба унвони меҳмон дар ин ҷаласа иштирок кунад. Вай бо бисёре аз иштироккунандаҳои ҷаласа ба шакли алоҳида мулоқот хоҳад кард ва эҳтимоли зиёд меравад дар мавриди буҳрони Кашмир баҳс кунад.

Ҷудоӣ аз Атмар. Муҳаққиқ ба тими интихоботии Абдулло Абдулло пайваст

Муҳаммад Муҳаққиқ

Баҳси “аввал интихоботи президентӣ ё музокироти сулҳ бо Толибон?” дар Афғонистон ҷиддӣ мешавад. Ин ду раванд ба кори дастаҳои интихоботӣ ҳам таъсир гузоштааст.

Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари ҳизби ваҳдати исломии Ағфонистон, рӯзи 23-юми август расман аз дастаи интихоботии сулҳу эътидол ба раҳбарии Ҳаниф Атмар ҷудо шуд ва ба тими интихоботии доктор Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумат пайваст.

Вай далели ҷудоиаш аз дастаи Атмарро “авлавият ёфтани раванди сулҳи нисбат ба интихобот” донист.

Муҳаққиқ рӯзи 23-юми август дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт: “Медонед, ки мо пеш аз ин бо як тими қавие таҳти номи сулҳу эътидоли будем, заҳмати зиёд кашидем, аммо вақте омад ки онҳо сулҳро нисбат ба интихобот дар авлавият қарор доданд. Мо гуфтем, ки раванди сулҳ ҳанӯз равшан нест ва мо роҳи худро интихоб мекунем."

Дастаи интихоботии сулҳу эътидол дар бораи ҷудо шудани Муҳаммад Муҳаққиқ, ки муовини дувуми ин даста буд, чизе нагуфтааст.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадкарим Халилӣ, раиси шӯрои олии сулҳ ва яке аз пуштибонҳои тими интихоботии доктор Абдулло дар нишасти хабарӣ ба тағйири низоми феълӣ таъкид кард. Вай гуфт, “шароит дар кишвар омадани тағйирро талаб мекунад, агар ба бозор равед, мардум ба дод омадаанд."

Пеш аз ин ҳам аз миёни 17 номзади раёсати ҷумҳурӣ 14 дастаи интихоботӣ гуфта буданд, ки сулҳро нисбат ба интихобот беҳтар медонанд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ пофишорӣ дорад, ки интихобот дар вақташ баргузор шавад. Толибон ваъда додаанд, ки ба баргузории интихобот “халал мерасонанд”.

Қарор аст, интихоботи президентии Афғонистон дар нимаи дувуми моҳи сентябри имсол баргузор шавад .

Трамп ба ширкатҳои амрикоӣ дастур дод, аз Чин хориҷ шаванд

Доналд Трамп

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – гуфт, ба ширкатҳои амрикоӣ дастур додааст, дар посух ба ҷанҷолҳои тиҷоратии як соли гузашта бо Чин, ки бозорҳои молиро такон дод, аз Чин хориҷ шаванд.

Трамп рӯзи 23-юми август дар Твиттер навишт, «ба ширкатҳои бузурги амрикоӣ аз ҳоло дастур дода мешавад, ки фавран дунболи ёфтани интихобе ба ғайр аз Чин шаванд, ба шумули баргашти ширкатҳо ба Амрико ва тавлидот дар дохили кишвар.»

Раиси ҷумҳури Амрико аз нигоҳ қонунӣ наметавонад ширкатҳои тиҷоратиро ба тарки фаврии Чин водор кунад. Худи ӯ ҳам нагуфтааст, ки ин дастур чӣ гуна иҷро хоҳад шуд.

Чин барои воридоти маҳсулоти амрикоӣ таърифаҳои баландтар эълон кард. Доналд Трамп низ таърифаҳои навро барои амволи чинӣ, ки вориди Амрико мешаванд, таъйин намуд.

Эрдуғон ба Маскав меравад ва аз мушкили Сурия хоҳад гуфт

Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Интизор меравад, Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия – барои дидори расмии якрӯза ва мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин рӯзи сешанбеи 27-уми август ба Маскав биравад.

Дафтари раёсати ҷумҳурии Туркия рӯзи 23-юми август нақшаи ин сафарро баъд аз он эълон кард, ки Эрдуғону Путин бо ҳам суҳбати телефонӣ карда, дар бораи таҳаввулот дар шимоли ғарби Сурия гуфтугӯ карданд.

Ба иттилои манбаъ, Эрдуғон ба Путин гуфтааст, натиҷаи ҳамлаҳои нерӯҳои Башор Асад бо пуштибонии Маскав як буҳрони башарӣ дар Сурия шуда ва таҳдидро барои амнияти миллии Туркия эҷод мекунад.

Кремлин рӯзи ҷумъа гуфт, Путину Эрдуғон дар ин тамоси телефонӣ тавофуқ карданд, талошҳои муштаракро бо ҳадафи беҳбуди вазъият дар вилояти Идлиб анҷом диҳанд. Ҷое, ки ташдиди хушунатҳо сабаб шудааст, ки даҳҳо ҳазор нафар фирор кунанд.

Аз оғози ҷанги дохилии Сурия дар моҳи марти соли 2011 то ба ҳол, Туркия беш аз 3,5 миллион паноҳҷӯи Сурияро дар хоки худ ҷо додааст.

Ҳукумати Сурия ва артиши Русия аз поёни моҳи апрели имсол то ба ҳол, ҳамлаҳои ҳавоиро ба вилояти Идлиб анҷом додаанд. Маҳалле, ки охирин қароргоҳи нерӯҳои зидди режими Башор Асад дониста мешавад.

Русия ва Туркия аз ҷонибҳои мухталиф дар ҷанги Сурия пуштибонӣ мекунанд.

Ташвиши ҳамсояҳо аз санҷиши мушаки балистикии Куриёи Шимолӣ

Куриёи Шимолӣ он чиро, ки ду мушаки балистикии кӯтоҳбурд ба назар мерасад, рӯзи 24-уми август ба соҳилҳои шарқии худ партоб кард.

Ин мавриди тозае аз санҷиши мушакии Пхенян аст, ки ба афзоиши кашмакашҳои Куриёи Шимолӣ бо Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон шудааст.

Нерӯҳои горди соҳилии Ҷопон рӯзи шанбе гуфтанд, озмудани як мушаки балистикии машкук аз сӯи Куриёи Шимолиро шиносоӣ кардаанд.

Артиши Куриёи Ҷанубӣ ҳам гуфтааст, Пхенян ду ракетро ба соҳилҳои шарқии худ партоб кардааст.

Агар хабари санҷиши мушакии Куриёи Шимолӣ дар рӯзи шанбе тасдиқ шавад, ин ҳафтумун озмоиши мушобеҳ дар камтар аз як моҳ хоҳад буд.

Зариф мулоқоташро бо Макрон дар бораи созиши ҳастаӣ “созанда” хонд

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса бо вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон, гуфт, мулоқоташ бо Эммануел Макрон, президенти Фаронса, бо ҳадафи наҷоти мувофиқатномаи ҳастаии соли 2015-и Эрон бо қудратҳои ҷаҳон “хеле созанда буд”. Мулоқот рӯзи 23-юми август дар Париж баргузор шуд.

Расонаҳои Эрон аз қавли Зариф гузориш додаанд, ки баъд аз дидор бо Макрон гуфт, “Фаронса ва Эрон дар мавриди шеваи иҷрои ин мувофиқатнома пешниҳодҳоеро ба якдигар ироа кардаанд”.

Вай дар суҳбат бо хабаргузории Фаронса гуфтааст, “раҳбарони Фаронса ва Эрон дар чанд ҳафтаи гузашта бо ҳам суҳбат ҳое доштаанд. Ҳадафи гуфтугӯҳо ин аст, ки дида шавад чӣ гуна метавонем ин тавофуқро наҷот диҳем”.

Баъд аз он ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар моҳи май соли гузашта аз мувофиқатномаи ҳастаии шаш қудрати ҷаҳон бо Эрон хориҷ шуд ва таҳримҳои зидди Теҳронро аз сар гирифт, ин мувофиқатнома бо хатари аз байн рафтан рӯбарӯ шудааст.

Имзокунандагон аврупоии ин мувофиқатнома хоҳони наҷоти он ҳастанд.

Вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 23-юми август аз пешниҳодҳои раиси ҷумҳури Фаронса барои наҷоти ин тавофуқнома ситоиш кард ва гуфт, “ба самти дуруст дар ҳаракатанд”.

Макрон гуфт, дар пайи наҷоти созиши ҳастаӣ бо Эрон аст

Эммануел Макрон

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон бо мақсади наҷот додани созиши соли 2015, барои коҳиши барномаи ҳастаии Эрон, ҷаласаеро ба нақша гирифтааст.

Маъмурияти Макрон рӯзи 23-юми август дар Париж тасдиқ кард, ки нишаст як рӯз пеш аз оғози саммити серӯзаи G7 дар шаҳри Биарриҷи Фаронса баргузор хоҳад шуд.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, изҳор дошт, ки Теҳрон омодааст пешниҳоди Фаронсаро оид ба наҷоти созиши ҳастаӣ баррасӣ кунад. Ин муомила ба ивази сабук кардани таҳримҳо аз Теҳрон талаб мекунад, ки барномаи ҳастаиашро боздорад.

Зариф афзудааст, Эрон дахолати Амрикоро дар Халиҷи Форс таҳаммул нахоҳад кард.

Кашмакашҳо миёни Эрону Амрико пас аз баромадани Иёлоти Муттаҳида аз созишномаи байналмилалии ҳастаӣ дар моҳи майи соли 2018 ва дубора бор кардани таҳримҳо ба зидди ин кишвар афзоиш ёфтааст. Иқтисоди Эрон аз таҳримҳое, ки бахшҳои нафту молии онро нишон гирифтааст, зарар дидааст.

Дар кӯшиш барои пеш бурдани ин созишнома, Макрон ҳафтаи равон пешниҳод кард, ки ё таҳримотро нисбат ба Эрон сабуктар кунад, ё механизми ҷуброни зарарро фароҳам намояд, "то мардуми Эрон тавонанд беҳтар зиндагӣ кунанд".

Теҳрон даъво дорад, ки созишномаро вайрон накардааст.

Дастури Путин дар вокуниш ба озмоиши мушакии Амрико

Владимир Путин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар супориш додааст, ки дар ҷавоб ба санҷиши мушакии Амрико “чораҳои ҳамаҷониба бинанд”.

Дар хабари Кремл омадаст, ин санҷиши мушакӣ пас аз пошхӯрии Паймони “манъи мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз” гузаронида мешавад, ки хавфи мусобиқаи таслиҳотии навро афзоиш додааст.

Аз рӯи матни нишасти Путин бо аъзои Шӯрои Амнияти Русия, ки рӯзи 23-юми август баргузор шуд, президент гуфтааст, озмоиши мушакии Амрико танҳо 16 рӯз пас аз баромадан аз паймони “манъи мушакҳои ҳастаии миёнапарвоз” анҷом дода шуд ва нишон медиҳад, ИМА барои баромадан аз паймон пештар омодагӣ доштааст.

Путин аз Вазорати дифоъ ва ниҳодҳои дигари давлатии Русия хостааст, ки “таҳдиди мушакии нави Амрико”-ро таҳлил ва баррасӣ кунанд.

Пас аз муттаҳам кардани Русия дар вайрон кардани ин созиш, Амрико рӯзи 2-юми август расман аз созиши соли 1987 берун шуд, ки партоби мушакҳои круз ва балистикии замин ба заминро аз масофаи 500 то 5500 километр иҷоза намедод.

Бонкҳои Узбекистон дар як рӯз 10 миллион доллар фурӯхтаанд

Бонкҳои тиҷоратии Узбекистон дар рӯзи аввали дарёфти иҷозаи фурӯши доллари Амрико 9,6 миллион доллар фурӯхтанд. Дар ин бора палатаи савдо ва саноати он кишвар иттилоъ дод.

Рӯзи 20-уми август Бонки марказии Узбекистон эълон кард, ки бонкҳои тиҷоратӣ тавассути нуқтаҳои мубодилаи асъор ҳақ доранд, асъори хориҷӣ ба фурӯш гузоранд.

Бонки марказии Узбекистон ҳамчунин хабар дод, ки қурби сӯми миллӣ озод гузошта мешавад.

Пештар аз ин Бонки марказии Узбекистон гуфта буд, динамикаи табодули қурби доллар моҳҳои охир аз ҳисоби омилҳои хориҷиву дохилӣ шакл гирифтааст.

Беларус мехоҳад, аз Амрико нафт бихарад

Беларус мехоҳад, имкониятҳои харидории нафти амрикоиро баррасӣ кунад ва ба ин тартиб, аз вобастаги нафти Русия раҳо шавад.

Таваҷҷуҳи Минск ба нафти амрикоӣ баъди он пайдо шуд, ки Маскав талош дорад, ҳамгироӣ бо Беларусро дар доираи тарҳи Кишвари муттаҳидаи Русияву Беларус тақвият бахшад.

Ширкати давлатии нафти Беларус, ки бо ширкати коркарди нафти "Белнефтехим" пайвандӣ дорад, Дэвид Ҷенкареллиро барои кумак кардан дар бардоштани таҳримҳои амрикоӣ аз Беларус киро кардааст.

Бар асоси қарордод, Ҷенкареллӣ бояд мусоидат кунад, ки Вазорати молияи Амрико барои фурӯши нафти амрикоӣ ба Беларус иҷозатнома диҳад.

Дар ин бора Дэвид Ҷенкареллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Мақомоти Беларус то кунун дар ин робита иттилое надодаанд.

Додгоҳи Қазоқистон як занро, ки аз Сурия баргашта буд, зиндонӣ кард

Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон 22 август сокини маҳаллӣ Акмарал Алмагамбетоваро, ки аз Сурия ба ватан баргардонида шуда буд, бо ҷурми таблиғи терроризм ва ангехтани бадбинии миллӣ 5 сол зиндонӣ кард.

Алмагамбетоваи 32-сола дар доираи як амалиёти мақомоти махсуси Қазоқистон аз Сурия ба ватан баргардонида шуд ва ӯро ба ҷиноятҳое айбдор донистанд, ки соли 2014 анҷом додааст.

Ба гуфтаи муфаттишон, ин сокини Оқтеппа моҳи августи соли 2013 тариқи Қирғизистон ба Туркия парвоз карда, аз онҷо ба Сурия рафтааст. Фарзандонашро дар назди шавҳараш, ки аз ӯ ҷудо шуда буд, гузоштааст. Алмагамбетова чанд моҳ пас бо хонаводаи худ тамос гирифта, гуфтааст, дар маҳалли задухурдҳо қарор дорад. Ӯ гӯё он замон ба шавҳараш Мирболат Жаманкулов наворҳоеро фиристодааст, ки ақидаҳои гуруҳи террористии "Давлати исломӣ"-ро тарғиб мекунанд.

Алмагамбетова ҳамроҳи ду кӯдаки хурдсолаш, ки дар Сурия ба дунё омадаанд, ба Қазоқистон оварда шудааст. Ин кӯдакон ҳоло зери ҳимояти давлат қарор доранд.

Дар доираи амалиёти мақомоти Қазоқистон аз Ховари Миёна 516 шаҳрванди ин кишвар ба ватан оварда шуданд, ки 360 нафарашон кӯдаконанд.

Дар Узбекистон садҳо ангишткан коршиканӣ карданд

Дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхандарёи Узбекистон ҳудуди 200 ангишткани ширкати "Шаргункумир" рӯзҳои 14 ва 15 август ба нишони эътироз корпартоӣ карданд. Ба гуфтаи яке аз ангиштканон, шароити номусоиди корӣ ва амалҳои ғайриқонунии раҳбарияти ширкат онҳоро ба корпартоӣ водор кард.

"14 август ҳамаи ангиштканон ба кӯча баромада, вохӯрӣ бо раҳбарияти ширкатро талаб карданд. Раҳбари ширкат Анвар Очилдиев ба назди корбарон омад, дар натиҷаи миёни ӯ ва эътирозгарон низоъ сар зад. Сипас кормандони пулис ва раиси ноҳия омаданд. Онҳо ваъда доданд, ки бегоҳ масъалаи аз мақом барканор кардани Очилдиев ва мушкили моро ҳал хоҳанд кард",-афзуд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, он шаб дар коргоҳи ширкати "Шаргункумир" мулоқоти раиси ноҳия бо ангиштканони норозӣ баргузор шуд. "Вохӯриро раиси ноҳия раҳбарӣ кард. Ӯ тамоман дар бораи дигар чиз суҳбат кард. Раиси ноҳия гуфт, ба лагерҳои тобистона ба ҷои фарзандони ангиштканон фарзандони сардорон фиристода шудаанд ва ҳамчунин раиси иттифоқи касабаро барои аз худ кардани пулҳое барканор кардааст. Вале масъалаи раҳбарияти ширкат баррасӣ нашуд, ки норозигии ангиштканонро ба бор овард",-изҳор дошт вай.

​Пас аз он ки мушкили ангиштканон дар вохӯрӣ бо раиси ноҳия ҳал нашуд, онҳо тасмим гирифтанд, ба назди мушовири президенти Узбекистон Алишер Усмонов бираванд, ки дар доираи як сафари корӣ дар ноҳияи Сариосиё қарор дошт.

"Садҳо нафар ба кӯча баромаданд, то бо Усмонов мулоқот кунанд. Ба ӯ вазъиятро фаҳмондем. Мушовири президент ваъда дод, ки фардо раҳбари ширкатро барканор мекунад. Вале фардо низ ин мушкил ҳалношуда монд",-гуфт яке аз ангиштканон.

Дар натиҷа ангиштканон 15 август низ ба кор набаромаданд ва даст ба эътироз заданд. ​Раиси "Шаргункумир"​ Анвар Очилдиев хабари корпартоии кормандонашро тасдиқ кард, вале дар он баъзе аз "туҳматчиён"-ро айбдор кард, ки дар ширкат кор мекунанд.

Оғози баррасии парвандаи қатли духтари панҷсолаи тоҷик дар Русия

Имрӯз, 23-юми август Додгоҳи вилояти Маскав ба баррасии қазияи қатли ваҳшиёнаи Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки панҷсолаи тоҷик шурӯъ мекунад. Дар курсии айбдорӣ танҳо Александр Сёмин нишастааст. Сёмин аз рӯи чаҳор иттиҳом, аз ҷумла куштору таҷовузи кӯдак, озори ҷинсии ноболиғ ва амалҳои бадахлоқона, дар додгоҳ посух мегӯяд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо рӯзи 23-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи гумонбари асосии қатли духтараш соати 14 ба вақти Маскав шуруъ мешавад. Саидов афзуд, ӯ ҳамроҳ бо вакили дифоаш Дагир Хасапов ба додгоҳ мераванд. Падари Ҳувайдо мегӯяд, аз додгоҳ талаб дорад, ки муттаҳам дар қатли духтарашро ба ҳабси абад маҳкум кунад.

Ҳодисаи қатли Ҳувайдо Тиллозода дақиқан 13 моҳи пеш рӯзи 22-юми июли соли 2018, рух дода буд. Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва ҷасади ӯро рӯзи дигар дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.

Қазияи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз пурсарусадотарин қазияҳо дар соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод ва ҷониби Тоҷикистон низ бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи ин қазияро хост. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия гуфта буд, ки дар мавриди ҷазо гирифтани қотили кӯдаки 5-солаи тоҷик дар Серпухово шакке нест.

Шӯрои Амният озмоиши мушаки нави Амрикоро баррасӣ кард

Шӯрои Амнияти СММ бо даъвати Чин ва Русия дар робита ба озмоиши мушаки болдор дар ИМА ҷаласаи изтирорӣ баргузор кард. Ба назари Чин ва Русия, ин амали Вашингтон ба амнияти байналмилалӣ хатар дорад.

Иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии ИМА дар СММ Ҷонатан Коэн дар ҷаласа Русияро ба нақзи шартҳои созишномаи дуҷониба ва сохтани мушаке айбдор кард, ки мамнуъ буд. Коэн аз Москва даъват кард, ки ҳодисаи 8 август дар Северодвинскаро шарҳ диҳад. Ӯ ҳамчунин Чинро ба афзоиши иқтидори мушакӣ айбдор кард.

Иҷрокунандаи вазифаи намояндаи доимии Русия дар СММ Дмитрий Полянский дар навбати худ гуфт, ба далели ҷоҳталабии геопалитикии ИМА то мусобиқаи таслиҳотӣ як қадам мондааст. Ба гуфтаи ӯ, иддаои Вашингтон дар мавриди нақзи созишнома аз сӯи Москва беасос аст.

Намояндаи Чин дар СММ Лю Сзей гуфт, созишномаи мазкур барои пешгирӣ аз мусобиқаи таслиҳотӣ муҳим буд. Ӯ ИМА ва Русияро ба муколама даъват карда, гуфт, хориҷшавияшон аз созишнома паёмади нохуб дорад. Сзей иттиҳомоти ИМА зидди Чинро беасос номид.

Вашингтон хабар дод, ки 19 август, баъди хориҷ шуданаш аз созишномаи мушакӣ бо Русия бори нахуст мушаки болдореро озмоиш кард. Ба огаҳии Пентагон, мушаке, ки аз ҷазираи Сан-Николаси Калифорния партоб шуд, беш аз 500 километр парвоз карда, ҳадафро маҳв кард.

Пештар ИМА бар асоси Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз ҳақ надошт, мушакеро бисозад, ки аз 500 то 5 500 километр парвоз мекунад. Вашингтон аз ин созишнома, ки соли 1987 бо Иттиҳоди Шӯравӣ имзо карда буд, 2 августи соли равон хориҷ шуд. Дар шарҳи ин тасмимаш гуфт, ки Русия тайи чандин сол онро нақз мекард.

Як ҳамсангари Отамбоев дар "гаравгонгирӣ" гумонбар мешавад

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 22 август вакили порлумони он кишвар Ирина Карамушкинаро ба ҳабси хонагӣ гирифт.

Карамушкина - ҳамсангари президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев - дар "гаравгонгирӣ" гумонбар мешавад. Дар ин бора додситонии кулли Қирғизистон иттилоъ дод.

Карамушкина пештар аз ин гуфта буд, ки ӯро аз шоҳид ба гумонбар табдил додаанд. Вай гуфт, ки ин амал "фурӯрезии комили қонун ва худсарии мақомот" аст.

Рӯзҳои 7-8 август дар манзили Алмосбек Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош амалиёти "иҷборан ба бозпурсӣ овардани президенти пешин" сурат гирифт. Дар ҷараёни ин ҳодиса як кас кушта, даҳҳо одам маҷруҳ ва шаш тан аз кормандони неруҳои махсус гаравгон гирифта шуданд. Онҳоро бештар аз 20 соат дар манзили Отамбоев нигаҳ доштанд.

Баъди боздошти Отамбоев чанд тан аз ҷонибдорони вай, аз ҷумла вакилони порлумон Асел Кодуранова ва Ирина Карамушкина, вакили пешин Равшан Ҷеенбеков, мушовири пешини роҳбари давлат Кундуз Жолдубоев, раиси пешини КДАМ Абдил Сегизбоев ба бозпурсӣ даъват шуданд.

Ҳамчунин то кунун чанд тани дигари ҷонибдорони Отамбоев бо гумони гаравгонгирӣ боздошт ва то 8 октябр ба ҳабс гирифта шудаанд.

Варзишгари узбек ба "ангехтани бадбинии қавмӣ" айбдор мешавад

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон нисбати варзишкор Нурсултон Рӯзибоев бо айби "ангехтани бадбинии нажодӣ, қавмӣ, миллӣ, динӣ ва ё минтақавӣ" парванда боз кард.

Вазорат рӯзи 21 август хабар дод, ки Рӯзибоев дар мусобиқаи варзишии шаҳри Кара-Суу Қирғизистон рӯзи 18 август ширкат ва аз рақиби қирғизистониаш шикаст хӯрд. Баъдтар ин варзишкор дар саҳифаи Инстаграм навори таҳқиромезеро нашр кард. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ки Рӯзиебоев айни ҳол дар Узбекистон аст ва тафтишот бар асоси Конвенсияи Минск пеш бурда мешавад.

Рӯзибоев навори пешинро пок ва як навори нав нашр кард. Вай мегӯяд: "Нахуст, довар парчами моро ба замин афканд, ба дашному теладиҳӣ шуруъ кард. Вай чи ҳак дорад, ки парчами моро партояд?! Моро дашном кунад?! Як гуруҳи одамон талош карданд, ки маро бизананд... Чаро онҳо нисбати меҳмонон чунин рафтор карданд?".

Мирзиёев ба муҳоҷирон иҷозат дод, қарзҳояшонро бо рубл баргардонанд

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо имзои як фармон ба муҳоҷирони кишвараш иҷозат дод, ки сар аз соли 2020 сӯмҳои қарз гирифтаи худро аз бонкҳои ватанӣ бо рубли русӣ пардохт кунанд.

Дар ин бора Вазорати адлияи узбекистон 22 август хабар дод.

Ҳамчунин аз соли 2020 ба муҳоҷирони кории Узбекистон, ки шароити зисти хуб надоранд, дар биноҳои баландошёна 3 462 хона қарз дода мешавад.

Аҳолии Узбекистон 33 миллион нафар буда, 19 миллиони онҳо қобилияти корӣ доранд. Аз ин миён 5,6 миллионашон дар Русия кор мекунанд.

Сокинони Туркманбошӣ чанд рӯз аст, об надоранд

Сокинони шаҳри Туркманбошии Туркманистон чандин рӯз мешавад, ки об надоранд. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, дар низоми обу корези шаҳр нуқси техникӣ пеш омадааст.

"Чандин рӯз мешавад, низоми обу корези шаҳри Туркманбошӣ хуб кор намекунад. Ин мушкил тақрибан аз замони таъсисёбии шаҳр вуҷуд дошт. Барои намуна, ба сокинони марказ ва минтақаҳои аҳолинишини атрофи шаҳр субҳ, соатҳои 9:30 ҳудуди 15 дақиқа об медоданд. Ҳоло ҳаминро ҳам намедиҳанд",-иттилоъ дод хабарнигор 22 август.

Ба гуфтаи ӯ, мақомот сабаби қатъ шудани интиқоли об ба сокинонро шарҳ намедиҳанд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ барои дарёфти назари шаҳрдории Туркманбошӣ дар ин замина талош дорад.

Қатъи интиқоли об талабот ба оби нушокиро дар Туркманбошӣ афзоиш дода, нархи онро дар фурӯшгоҳҳо низ боло бурдааст. Ба гуфтаи хабарнигор, нархи як зарфи оби панҷлитрӣ аз 8 манат то ба 15 манат боло рафтааст (3,5 манат 1 доллар аст).

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Барфи аввал дар Душанбе (бидуни шарҳ)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00
XS
SM
MD
LG