Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

АП: Барои интихоботҳои соли оянда 80 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст

Ба тарҳи буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2020 мақомот пешниҳод карданд, ки барои харҷи баргузории интихоботи парлумониву президентии соли ояндаи кишвар 80 миллион сомонӣ (муодили беш аз 8 миллион доллари Амрико) пешбинӣ шавад. Оҷонсии “Азия-плюс” рӯзи 26 август ин хабарро бо такя ба манобеаш дар бахши иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон нашр кард. Ин манбаъ гуфтааст, ки қисме аз ин маблағҳо инчунин барои баргузории пурсиши банақшагирии аҳолӣ сарф хоҳад шуд, ки ҳамчунин ба соли 2020 таъин шудааст.

Дар вазорати молияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тарҳи буҷаи давлатӣ барои соли 2020 омода ва ба баррсии ҳукумат ирсол шудааст, вале дар ин ниҳод аз гуфтани рақами дақиқи марбут ба сарфу харҷи буҷа худдорӣ мекунанд. Ҳамсуҳбати мо афзуд, қарор аст то охири моҳи сентябр тарҳи ниҳоии буҷет барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон ирсол шавад ва он вақт ҷузъиёти бештари он расонаӣ хоҳад шуд. Тибқи муқаррарот тарҳи буҷет аз ҷониби Маҷлиси намояндагон бояд тасдиқ шавад ва баъд аз он президент ба он имзо мегузорад.

Қарор аст интихоботи парлумонӣ моҳи март ва президентӣ дар мавсими тирамоҳ баргузор шавад. Ҳеҷ як интихобот дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол демократӣ ва мутобиқ ба муқаррарот арзёбӣ нашудааст.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои қочоқчии тамоку дар Русия

Соле то 200 миллион дона сигори ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ба Русия ворид мешавад.

Мутахассисони соҳаи тамоку мегӯянд, ки хисороти буҷаи Русия аз ҳисоби сигори ғайриқонунӣ ҳамасола то 70 миллиард рублро ташкил медиҳад. Ин хисорот, ба ҳисоби мутахассисони соҳа ва ҳам вазорати молияи Русия, аз ҳисоби ба бозори Русия ворид шудани маҳсулоти тамокуи ғайриқонунӣ ё тақаллубӣ ба вуҷуд меояд. Гарон будани қимати аксиз, ба гуфтаи мутахассисон, барои бозори сиёҳи тамокуро гарм кардааст.

Рӯзи 26 август зимни баррасии мавзӯи вазъ дар соҳаи тамоку дар кишварҳои Иттиҳоди Авруосиё, ки дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, мутахассисони соҳа гуфтанд, ки Беларус ва Қазоқистон 45 дарсади ҳаҷми сигори қочоқшударо ба Русия ворид мекунанд ва 16 дарсади бозори сиёҳи тамокуро кишварҳои дури мисли Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Сербия, Руминия, Булғористон ва Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба мутахассисон менависад, ки агар аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ соле ба Русия то 2 миллиард дона сигор ворид шавад, аз Беларусу Қирғизистон – то 1,5 миллиард ва аз Тоҷикистон 0,2 миллиард ё 200 миллион дона ворид мешавад.

Бишкек ҳимояти сармоягузорони чиниро аз сӯи нерӯҳои Чин рад кард

Ҳукумати Қирғизистон хабарҳо дар бораи ҳимояти сармоягузорони чиниро аз сӯи низомиёни Чин, рад кард. Роҳбари маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон Чингиз Эсенгул уулу дар саҳифаи "Фейсбук" навишт, ки "иттилоъ воқеият надорад ва нисбати касоне, ки онро нашр кардаанд, чораҷӯӣ мешавад".

Пештар аз ин бархе аз расонаҳо навиштанд, ҳукуматҳои Қирғизистону Чин лоиҳаи қонунеро омода мекунанд, ки бар асоси он, неруҳои низомии чинӣ метавонанд, аз сармоягузорони Чин дар Қирғизистон ҳимоят кунанд.

Дар кони тилои Солтон-Сарӣ, ки ширкати чинии Zhong Ji Mining Company онро коркард мекунад, рӯзи 5 август иқдоми эътирозӣ баргузор шуд. Ин эътироз ба занозанӣ ва захмӣ шудани 47 шаҳрванди Чин ва як сокини Қирғизистон шуд. Ҳукумати Қирғизистон 7 август хабар дод, ки фаъолияти кон муваққатан боз дошта шудааст. Сафорати Чин дар Қирғизистон талаб кард, ки ҳодиса бетарафона таҳқиқ шавад.

Шаҳрдори Андиҷон аз мақомаш барканор шуд

Бино ба иттилои манобеъ, раиси шаҳри Андиҷони Узбекиситон Дилмурод Раҳматуллоев аз мақом барканор шудааст. Раҳматуллоев пештар барои дашноми раҳбарони муассисаҳои давлатӣ ҷарима шуда буд.

Як блогер аз шаҳри Андиҷон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, Раҳматуллоев 24 август аз мақом барканор шуда, қарор аст, имрӯз 26 август дар як ҷаласа барканории Раҳматуллоев эълом ва шаҳрдори нави Андиҷон муаррифӣ шавад.

Сомонаи Kun.uz низ дар ин бора бо истинод ба манбаи худ хабар додааст. Манобеъ дар ҳоли ҳозир сабаби барканории Раматуллоевро намегӯянд.

Додситонии кулли Узбекистон моҳи декабри соли 2017 хабар дода буд, ки шаҳрдори Андиҷон Дилмурод Раҳматуллоев барои суханҳои қабеҳ гуфтан ба мудирони коллеҷу литсейҳои маҳаллӣ 30 нишондиҳанда, баробар ба 650 доллари ИМА ҷарима карда шуд.

Шаҳрдори Андиҷон дар як ҷаласае, ки 16 октябри соли 2017 сурат гирифт, мудирони муассисаҳои таълимиро ба хотири кам фиристодани пахтачинон ба саҳро дашном дод. "Ҳайвонҳо", "шағолҳо", "харҳо", "лаънат бар падаратон" - гуфта буд Раҳматуллоев. Ҳамчунин вай дар ҷаласаи 18 ноябр омӯзгори 64-соларо дашном дод.

Талоши баргузории гирдиҳамоӣ дар шаҳри Нурсултон ноком монд

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон наздики даҳ ҷавон рӯзи 25 август боздошт ва ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурда шуданд. Ин ҷавонон мехостанд, гирдиҳамоӣ ташкил кунанд.

Алия Избасарова, яке аз иштирокчиёни гирдиҳамоӣ гуфт, намояндаи ҳукумат ба далели ғайриқонунӣ будани гирдиҳамоӣ онҳоро нагузошт, ки маъракаро давом диҳанд.

Ба гуфтаи Избасарова, ҷавонон пароканда шуданд, аммо пулис онҳоро боздошт ва ба шуъба бурда, қисмеро ҷарима кард.

Избасарова мегӯяд, ҷавонон барои баргузории гирдиҳамоӣ шиорҳое амсоли "Ду гов омодаанд, кишварро наҷот диҳанд" омода карда буданд. "Пулис шиорҳои моро гирифт",-гуфт фаъоли дигар Анастасия Гузева.

Таҳримҳо зидди Русия дар робита ба қазияи Скрипалҳо ба иҷро даромад

Бастаи дувуми таҳримҳои ИМА нисбати Русия дар робита ба парвандаи заҳролудсозии Скрипалҳо имрӯз, 26 август ба иҷро даромад. Ҳуҷҷати мудирият оид ба назорати дороиҳои хориҷии вазорати молияи ИМА (OFAC) дар сомонаҳои расмии Амрико нашр шуд. Доналд Трамп, президенти ИМА ин ҳуҷҷатро оғози моҳи август имзо карда буд.

Дар ҳуҷҷат омадааст, ки:

ИМА аз созмонҳои молии байналхалқӣ талаб мекунад, ба Русия ҳеҷ гуна қарз ва ё кумаки моливу техникӣ нарасонанд.

Ҳукумати ИМА ҳама бонкҳои Амрикоро аз ҷудо кардани вом ва ё ҳама навъи қарз ба ҳукумати Русия манъ мекунад - ба истиснои вом ва қарзҳое, ки барои харидани ғизо ё дигар маҳсулоти кишоварзӣ равона шудаанд. Бастаи нави таҳримҳо ҳамчунин бонкҳои амрикоиро қисман аз харидани коғазҳои қимматноки Русия манъ мекунад.

Нахустин бастаи таҳримҳои ИМА дар робита ба парвандаи Скрипалҳо 22 августи соли 2018 ҷорӣ шуда буд. Таҳримҳои нахустин ба заҳролудсозии корманди пешини мақомоти иктишофии Русия Сергей Скрипал ва духтараш Юлия рабт доштанд.

Скрипалҳо дар ҳудуди Бритониё аз моддаи "Навичок" заҳролуд шуданд. Дар пайи ин заҳролудсозӣ шаҳрванди Бритониё - Дон Стреҷесс кушта шуд. Ин ҳодиса аз сӯи мақомоти ИМА ва Бритониё ҳамчун истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар ҳудуди кишвари дигар унвон шуд.

Таҳримҳои нахустин харидории бархе аз маҳсулот ва дастгоҳҳои саноати кайҳонӣ, инчунин дастгоҳҳо барои бахши нафтро аз Русия дар бар мегирифт.

"Рейд" алайҳи ришдорон дар яке аз бозорҳои калонтарини Тошканд

Маъмурони ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон рӯзи 23 август дар натиҷаи рейде дар бозори "Малика", яке аз бозорҳои калонтарини шаҳри Тошканд, даҳҳо марди ришдорро боздошт ва ба шуъбаи пулис бурданд. Боздоштшудаҳо пас аз тарошидани ришашон дубора озод шуданд.

Як соҳибкор, ки дар бозори "Малика" бо фурӯши техникаҳои маишӣ машғул аст, гуфт, 23 август кормандони пулис ӯро низ боздошт карда, ба шуъба бурда буданд.

"Рейд пас аз нисфирӯзӣ оғоз шуд. Кормандони пулис дар либоси мулкӣ ҳамаи мардони ришдорро боздошт карда, бо худ бурданд. Дар онҷо ба мо таҳдид карданд, ки агар ришатонро натарошед, зиндонӣ хоҳед шуд. Касоне, ки розӣ шуданд, пас аз гирифтани ришашон озод гаштанд ва касоне, ки мухолиф баромаданд, дар боздоштгоҳ монданд", - афзуд ӯ.

Шаҳрвандони Узбекистон, ки боздошт ва иҷборан ришҳояшон тарошида шуд, ҳоло аз сардори пулиси шаҳри Тошканд талаб доранд, то қазия расман шарҳ дода шавад.

Дар Идораи мусулмонони Узбекистон низ бо ин амали кормандони пулис розӣ нестанд. "Мондани риш барои ҳар як мусулмон суннат аст. Боздошти шаҳрвандон танҳо барои мондани риш ғайриқонунӣ аст", - афзуд намояндаи идораи мазкур.

Дар Тоҷикистони ҳамсоя ҳам, ки солҳои охир мубориза бо ифротгароиро шиддат бахшидааст, аз риши мардон ва ҳиҷоби занон назорат ҷорӣ шудааст. Сокинон дар Тоҷикистон аз ин кори мақомот ҳамчун дахолат ба умури хусусии шаҳрвандон интиқод мекунанд.

"Фаъолони ҳомии Украина дар Қрим таҳти фишору пайгард ҳастанд"

Ду узви Гурӯҳи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Қрим мегӯянд, онҳое, ки мехоҳанд дар ин нимҷазираи ишғолшуда аз ҷониби Русия шаҳрвандии украинии худро ошкор кунанд, мавриди пайгарди қонун қарор мегиранд ва ё исмашон ба феҳристи сиёҳ ворид мешавад. Раис ва узви ин созмон - Олҳа Скрипник ва Володимир Чекрихин мегӯянд, ҳар нафаре, ки талош мекунад нишонаҳои парчами миллии Украинаро дар манзил ё сохтмони хусусиаш насб кунад, бо ҷарима, парвандаи ҷиноӣ ва ё навъи дигари муҷозот рӯбарӯ мешавад. Дар сӯҳбат бо Радио “Култура” Чекрихин гуфт, ки дар шаҳри Севастопол, ки онро истгоҳи киштиҳои русӣ дар баҳри Сиёҳ меноманд, форуми интернетие бо номи “Тарафдорони Бандераро дар шаҳри мо оташ занед” ташкил шудааст. Инчунин бо даъвати қатли фаъолони укаинӣ як маъракаи имзоҷамъкунӣ амал мекунад, гуфт ӯ. Дар як гузориши 150-саҳифагӣ аксу суроғаҳои фаъолони украинӣ оварда шудааст, ки дар он ҷузъиёти мисли исми фарзандон ва кӯдакистонҳои онҳо дида мешавад.

Русия соли 2014 нимҷазираи украинии Қримро ишғол ва ин амали Маскавро ҷомеаи ҷаҳонӣ шадидан интиқод кард.

Гурҷистон: интихоботи президентии минтақаи ҷудоиталаби Абхозистонро эътироф намекунем

Рӯзи 25 август дар Абхозистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. Гурҷистон гуфт, интихоботро дар минтақаи ҷудоиталаби худ эътироф намекунад

Минтақаи ҷудоиталаби Абхозистони Гурҷистон рӯзи 25 август “интихоботи президентӣ” баргузор кард ва мақомот дар Тифлис гуфтанд, ки ин як “сохтакорӣ” аст. Русия Абхозистонро баъди як ҷанги кӯтоҳмуддати соли 2008 бо Гурҷистон ҳамчун як давлати мустақил эътироф кардааст. Бар асоси иттилои мақомоти маҳаллии Абхозистон, раҳбари ҷудоиталабон Раул Хаҷимба дар интихобот дар муқобили 8 довталаб қарор гирифт. Мақомот гуфтанд, ки барои ширкат дар овоздиҳӣ, ки дар 152 нуқта ташкил шуд, 116 ҳазор нафар сабтином шуданд.

Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвилӣ интихоботро “як сохтакорӣ” номид. Ӯ гуфт, ки мақомоти Абхозистон дар асл “як интихоботи ғайриқонунӣ” барпо карданд. “Гурҷистон ин ҷараёни сохтакоришударо ҳамчун як ҳолати дигари нақзи истиқлолият маҳкум мекунад”, навишт Зурабишвилӣ дар саҳифаи худ дар Twitter. Чанде пеш аз ин вазорати хориҷаи Гурҷистон дар як изҳороте гуфт, ки ин таҳаввулот “иқдоми дигари ғайриқонунӣ алайҳи истиқлолият ва ҳам тамомияти арзии Гурҷистон мебошад”. Дар изҳорот инчунин аз Русия тақозо шудааст, ки даст аз эътирофи Абхозистон ва минтақаи дигари ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубӣ бардорад.

Сӯхторҳои ҷангалҳои Амазон дар маркази таваҷҷӯҳи G7

Раҳбарони кишварҳои узви Гурӯҳи Ҳафтгонаи саноатӣ рӯзи 26 август ҷаласаи худро бо баррасии мушкилоти муҳими ҷаҳон, аз ҷумла, сӯхторҳои нобудкунандаи ҷангалҳои Амазон ба анҷом мерасонанд. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки дар мулоқоти раҳбарон дар осоишгоҳи воқеъ дар соҳилҳои ҷанубуғарбии Биарритс созиши эҳтимолӣ бар сари ироаи кӯмакҳои “фанниву молӣ” қабул хоҳад шуд. Гурӯҳи кишварҳои Ҳафтгона аз ИМА, Ҷопон, Олмон, Фаронса, Итолиё, Бритониё ва Канада иборат аст.

Сӯхторҳои шадиде ҷангалҳои Амазон, ба вижа қаламравҳои Бразилияро осеб расонида, боиси эҷоди нигарониҳои ҷиддӣ аз харобшавии муҳити зист гардидааст. Мунаққидон президенти Бразилия Жаир Болсонаруро барои тадбирҳои зидди ҳифзи муҳити зист ва изҳороти харобкоронааш интиқод карданд.

Ҷаласаи аъзои кишварҳои Гурӯҳи Ҳафтгона рӯзи 25 август баъди ногаҳон дар маҷлис ҳозир шудани вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф ранги дигар гирифт. Зариф гуфт, ки ба хотири баррасии бӯҳрони баамаломадаи дипломатӣ дар атрофи барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ба ин ҷаласа ҳозир шуд.

Соҳиба Давлатшоева Тоҷикистонро дар ҷашнвораи “Таронаҳои Шарқ” намояндагӣ мекунад

Овозхони маъруфи таронаҳои мардумӣ ва фалаксарои бадахшӣ Соҳиба Давлатшоева рӯзи 28 август дар ҷашнвораи мусиқии “Таронаҳои Шарқ” ҳунарнамоӣ мекунад, ки қарор аст дар майдони Регистони шаҳри Самарқанд баргузор шавад. Ҷашнвора рӯзи 26 август ифтитоҳ мешавад ва имсол як намояндаи дигари Тоҷикистон – оҳангсоз Аслиддин Низомов узви ҳайати ҳакамони байналмилалии ҷашнвора хоҳад буд. Ташаббускорон ба матбуот гуфтаанд, ки имсол дар фестивали мусиқии зери назари дафтари фарҳанги СММ – ЮНЕСКО намояндагони беш аз 140 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.

Ҷашнвораи мусиқии байналмилалии "Таронаҳои Шарқ" шурӯъ аз соли 1997 дар ду сол як бор бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Узбакистон ва, инчунин, ширкати мусиқии "Узбекнаво" ташкил мешавад.

Соли 2009 дар ин озмун Озода Ашӯрова барандаи ҷои дувум ва Олим Бобоев дар соли 1999 соҳиби ҷои сеюми озмун шудаанд.

Трамп гуфт, дар мавриди бозгашти Русия ба "G7" ихтилофи назар вуҷуд дорад

"Бархеҳо бо ман розӣ ҳастанд, бархеи дигар не",-гуфт Трамп дар шарҳи гуфтугӯҳои саммити "Ҳафтгона" дар Фаронса ба рӯзноманигорон. Худи Трамп ҷонибдори даъват шудани Русия ба он саммит аст. Ӯ имкони даъват шудани Русияро ба саммит "мусбат" ва "гоми зарур" номид. Трамп пештар низ гуфта буд, ки даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин ба саммити соли оянда "қобили қабул аст". Ба гуфтаи Трамп, дар робита ба иштироки Русия қароре гирифта нашудааст. "Мо дар ин замина раъйгирӣ накардем", - афзуд ӯ.

Пештар дар бораи имкони бозгашти Русия ба "Ҳафтгонаи бузург" президенти Фаронса Эммануэл Макрон низ суҳбат карда буд. Ӯ гуфт, калиди бозгашти Русия "дар Украина" аст. Олмон низ ба далели идома доштани низоъ дар шарқи Украина зидди бозгашти Русия баромад. Аз ин мавқеъ раҳбарони Канада ва Бритониё низ ҷонибдорӣ карданд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати хабаргузории France Press, раҳбарони G7 созиш кардаанд, ки дар робита ба як қатор масоил бо Русия ҳамкориҳоро тақвият хоҳанд бахшид, вале ба хулосае расидаанд, ки барои бозгашти Русия ба "Ҳафтгонаи бузург" ҳоло "хеле барвақт аст".

Ин бори аввал нест, ки Трамп аз бозгашти Русия ба созмон ҷонибдорӣ мекунад. Моҳи июни соли 2018 Трамп ба Москва пешниҳод кард, ки дар саммити созмон дар Канада ширкат варзад. Вале Путин гуфт, ки Русия омодаи қабули кишварҳои узви созмон дар Москва аст.

Русия дар соли 1997 бо даъвати президенти вақти ИМА Билл Клинтон ва сарвазири вақти Бритониё Тонӣ Блейр шомили G7 шуд. Вале иштироки он соли 2014, пас аз ғасби нимҷазираи Қрим қатъ карда шуд.

Дар Қазоқистон "гунаҳкорон"-и таркишҳои Арисро боздошт карданд

Фармондеҳ ва муовини фармондеҳи қисми низомии шаҳри Ариси Қазоқистон боздошт шуданд. Дар ин шаҳр анбори аслиҳаи қисми низомие моҳи июн таркид ва боиси марги инсонҳову харобии шаҳр шуд.

Дар бораи боздошти фармондеҳу муовини фармондеҳи қисми низомӣ рӯзи 23 август вазири корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод.

Ин низомиҳо дар "вайрон кардани тартиби муносибат бо маводи тарканда" ва "хунукназарӣ, ки боиси оқибати сангин шудааст", айбдор мешаванд. Додгоҳ онҳоро то ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Таркиш дар анбори аслиҳаи шаҳри Арис рӯзи 24 июн рух дод. Сокинонро ба ҷои амн интиқол доданд. Ба иттилои мақомот, 85 дарсади манзилҳои Арис тахриб ва бештар аз 20 хонаи дигар оташ гирифт. Дар пайи он ҳодиса чаҳор тан кушта шуд.

Давоми 10 соли охир бори чаҳорум аст, ки дар шаҳри Арис таркиши аслиҳа боиси марги инсонҳо мешавад. Бино бар арзёбиҳои мақомоти Қазоқистон, барои барқарории шаҳри Арис на камтар аз 20 миллиард танга сарф хоҳад шуд.

Узбекистон - харидори аслии мошинҳои истеҳсоли Русия

Узбекистон бештари мошинҳои истеҳсоли Русияро харидорӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки Узбекистон шомили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё - иттиҳоди иқтисодии бо роҳбарии Русия - нест.

Ба иттилои оҷонси таҳлилии "Автостат", дар нимаи аввали соли 2019 Узбекистон аз Русия 4300 мошин харидааст. Ҷумҳурии Чех бо 4 ҳазор ва Латвия бо 3 ҳазор мошин дар ҷойҳои дувуму севум қарор гирифтааст.

Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки дар соли 2019 воридоти мошинҳои истеҳсоли Русия ба Узбекистон 32 дарсад афзудааст.

Ширкати ҳолдингии "Узавтосаноат" қасд дорад, ҳаҷми харидории мошинҳо ва қисмҳои эҳтиётиро аз Русия то 118,6 миллион доллар бирасонад. Дар соли 2018 ин нишондод 25,5 миллионро ташкил дода буд.

"Буҷавиҳо"-и ҷануби Туркманистон ба пахтачинӣ омодагӣ мебинанд

Дар вилояти Марии Туркманистон кормандони муассисаҳои давлатӣ дастур гирифтаанд, ки дар робита ба оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта барои "корҳои изофӣ" омодагӣ бигиранд. Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Марӣ, кормандони буҷавии вилоят дар мавсими пахтачинӣ бояд шахсан иштирок кунанд ё ба ҷои худ касеро киро намоянд.

"Онҳое, ки наметавонанд ба пахтазор бираванд, бояд ба ҷояшон нафари дигарро равон карда, худ ба кор бароянд. Кормандон ҳамчунин метавонанд рӯзона бо пардохти 20 манат (ҳудуди 6 доллар бо қурби расмӣ) ба раҳбарият аз пахтачинӣ озод шаванд. Агар пахтачинҳо ба ҷойҳои дур сафарбар шаванд ва қарор бошад, ки шаб онҷо истанд, ин маблағ то ба 300-400 манат боло хоҳад рафт",-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, кормандон ҳаққи эътироз карданро надоранд ва дар сурати изҳори камтарин норозигӣ ҷои корро аз даст хоҳанд дод. "Ҳамчунин бояд розӣ бошӣ. Агар камтар норозигӣ кунӣ, пешниҳод мекунанд, ки аризаи аз кор рафтанатро бинавис",-афзуд ӯ.

Зани тоҷик ба қатли фарзанди навзодаш муттаҳам шуд

Додситонии ноҳияи Ҳамадонӣ таҳқиқи парвандаи як модари 24-соларо идома медиҳад, ки ба қатли фарзанди 6-моҳааш муттаҳам мешавад. Ҷамила Каримова, сокини деҳаи Файзободи ҷамоати Даштигул ба он муттаҳам мешавад, аз сари хашму ғазаб Муҳаммадҷони нимсоларо ба наҳри назди хонаашон андохтааст. Ҷасади тифли навзодро як ҳафта баъд пайдо кардаанд.

Бозоралӣ Одиназода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ аввали ҳамин моҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, зани ҷавон баъд аз он фарзандашро ба наҳр андохтааст, ки модарарӯс ӯро ба дуздидани пул аз хона муттаҳам кардааст. Дар сурати исбот шудан иттиҳом ба Ҷамила Каримова аз то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон зане аз сари хашму ғазаб қасди ҷони фарзанди худ мекунад. Моҳи июн додгоҳи Кӯлоб як занеро, ки ба қатли ҳамсару ду фарзанди хурдсолаш муттаҳам мешуд, ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Муфаттишон гуфтанд, зоҳиран модари панҷ фарзанд мехостааст, аввал фарзандонашро кушта ва сипас худкушӣ кунад. Равоншиносон мушкилоти зиёди иҷтимоӣ, аксаран даъвову ҷанҷолҳои хонаводагӣ ва зӯроварӣ ба занонро аз сабабҳои худкушӣ ва ё қасди ҷони фарзанд кардани модарон медонанд.

Боздошти 29 тазоҳургар дар Ҳонконг

Раҳпаймоӣ дар рӯзи 25-уми август дар Ҳонгконг

Пулиси Ҳонконг мегӯяд, ки 29 нафар аз тазоҳургарони зиддидавлатиро шаби гузашта дар ҷараёни даргирӣ бо маъмурони пулис дастгир карданд. Дар ин маркази молии Осиё 11 ҳафта аст, ки эътирозҳои густурда идома доранд. Мардум талаб доранд, ки ҳукумати марказии Чин дахолати зиёд ба умури ин шаҳрро, ки низоми иқтисодиву сиёсиаш дигар аст, бас кунад ва демократияи комил барқарор шавад. Онҳо ҳамчунин талаб доранд, ки раҳбарони Ҳонконг истеъфо диҳанд.

Тазоҳурот дар Ҳонконг ки қаламрави нимамухтори Чин аст 11 ҳафта пеш ба зидди тарҳи қонуне сар шуд, ки иҷоза медод, муттаҳамон ба ҷиноят аз инҷо ба Чин истирдод шаванд. Баъдан талаботи тазоҳургарон зиёдтар шуд. Тазоҳурот дар Ҳонконг, ки то соли 1997 мустамликаи Бритониё буд, яке аз бадтарин буҳронҳо дар таърихи Ҳонконг ва ҳам барои ҳукумати коммунистии Чин ба шумор меравад. Рӯзи 24-уми август маъмурони пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон аз гази ашковар истифода бурданд.

Каюмарси Марзбон ба 23 соли зиндон маҳкум шуд

Каюмарси Марзбон

Додгоҳе дар Эрон нависанда ва ҳаҷвнигор Каюмарси Марзбонро бо гуноҳи ҳамкорӣ бо кишвари душман, аз ҷумла Амрико ба 23 солу 9 моҳи зиндон маҳкум кардааст. Вакили дифои ӯ Муҳаммад Ҳусейн Оғосӣ рӯзи 24-уми август ба Радиои Фардо гуфт, Каюмарси Марзбон ҳамчунин ба тарғибот ба зидди низом ва тавҳин дар ҳаққи муқаддасот ва мақомот гунаҳкор дониста шудааст.

Муҳаммад Оғосӣ афзуд, нависанда ҳеҷ гуноҳе накардааст ва “фақат мақолаҳои ҳаҷвӣ навишта, дар матбуот нашр кардааст. Ӯ гуфт, ки аз ҳукми додгоҳи Теҳрон шикоят мебаранд. Каюмарси Марзбон соли 2009 Эронро тарк карда ва соли 2018 барои аёдати модари бемораш баргаштааст. Ӯро моҳи сентябри соли гузашта дастгир карданд.

Нишасти Гуруҳи 7 дар Фаронса идома мекунад

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса бо Доналд Трамп

Раҳбарони 7 кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон мавсум ба Гуруҳи 7 мулоқоти серӯзаашонро дар Фаронса идома медиҳанд ва ғолибан ба ҷанҷолҳои тиҷоратӣ дар ҷаҳон таммаркуз хоҳанд кард.

Мулоқотҳои расмӣ рӯзи 25-уми август дар шаҳри соҳилии Беатриз дар доир мешавад ва ҳимоят аз демократия, нобаробарӣ дар ҷомеа, тағйироти иқлим ва боло бурдани мақоми зан аз мавзӯъҳои дигари мавриди баррасӣ аст.

Дар рӯзи аввали нишаст, вақти зиёде барои баррасии пешниҳоди Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, сарф шуд, ки мехоҳад, Русия дигарбора ба узвияти Гуруҳи 7 қабул шавад, ки пештар Гуруҳи 8 буд. Русияро соли 2014 баъди ишғоли нимҷазираи Қрими Украина аз ҳайати гурӯҳ хориҷ карданд.

Русия ҳамчунин аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина ҳимоят мекунад, ки соли 2014 ҷангро оғоз карданд ва аз он замон то кунун 13 ҳазор нафар кушта шуданд. Доналд Туск, президенти Шурои Аврупо, пешниҳоди Доналд Трампро рад кард ва гуфт, ки ҳоло Гуруҳи 7 ваҷҳҳои зиёди дигар дорад, ки Русияро қабул накунад.

Сафири Русия дар Лондон мақомашро тарк кард

Александр Яковенко

Александр Яковенко, сафири Русия дар Лондон маъмурияташро ба поён расонидааст ва қарор аст ба Маскав баргардад. Сафорати Русия дар Бритониё рӯзи 24-уми август бо нашри хабаре дар ин бора гуфт, ки Яковенко мақомашро тарк кард ва масъулиятҳояшро дипломати дигари сафорат Иван Володин иҷро хоҳад кард.

Дмитрий Песков, сухангӯи ҳукумати Русия гуфт, тарки мақом кардани сафир, “ҷой иваз кардани маъмулии раҳбарони сафоратхонаҳост ва ҳеҷ иртиботе ба бад шудани муносибатҳои Русияву Бритониё надорад. Нашрияи “Коммерсант” навишт, ки мумкин аст, Андрей Келин, сардори раёсати ҳамкориҳон бо кишварҳои Аврупо, сафири нави Русия дар Бритониё таъйин шавад.

Ҳарирӣ ҳамлаи Исроилро "таҷовузи нав" номид

Саъд Ҳарирӣ

Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон, ҳамлаи Исроил ба мавзеи созмони Ҳизбуллоҳ дар Бейрутро ҳамлаи бешармона ба истиқлоли кишвараш номид. Саъд Ҳарирӣ рӯзи 25-уми август гуфт, ки “таҷовузи нав”-и Исроил хатаре ба амнияти минтақавӣ аст.

Пештар аз ин артиши Лубнон гуфт, ки ду ҳавопаймои бесарнишини Исроил ба як қароргоҳи Ҳизбуллоҳ зарба задаанд. Худи созмон гуфт, ки маркази матбуотиаш дар ҳамла осеб дидааст. Ба гуфтаи артиши Лубнон, ҳавопаймоҳои бесарнишин шоми 24-уми август ба қаламрави ҳавоии Лубнон ворид шудаанд ва яке аз он суқут карда ва дуввумӣ дар ҳаво таркидааст ва сабаби “хисороти моддӣ” шудааст.

Муҳаммад Афиф, сухангӯи Ҳизбуллоҳ, ки аз тарафи Эрон ҳимоят мешавад, гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишин моддаҳои тарканда доштанд ва таркиши яке аз онҳо “ба маркази матбуотӣ зарари бисёр зиёд расонидааст.” Мақомоти Исроил ин ҳодисаҳоро шарҳ надоданд, вале чанд соат пештар гуфтанд, ки барои пешгирӣ аз ҳамлаи эрониҳо бо дронҳои қотил, нерӯҳои Эронро дар Сурия ҳадаф гирифтаанд.

Артиши Исроил гуфт, ба нерӯҳои махсуси Қудси Эрон дар маҳаллаи Ақрабо дар ҷанубушарқи Димишқ зарба задааст. Хабаргузории ИЛНА-и Эрон аз қавли Муҳсин Ризоӣ, фармондеҳи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, ҳадаф қарор гирифтани нерӯҳои эрониро рад кардааст.

Исроил то кунун ба садҳо ҳадаф дар Сурия зарбаи ҳавоӣ зада ва гуфтааст, ки мавзеъҳои нерӯҳои Эрон, аз ҷумла шарикони он ба мисли созмони Ҳизбуллоҳи Лубнонро ҳадаф гирифтааст. Эрон ва Русия дар ҷанги дохилии Сурия, ки соли 2011 оғоз шуд, ба ҳукумати раиси ҷумҳур Башшор Асад кӯмак мекунанд.

Худкушии омӯзгори ҷавон дар Хатлон. Қадамшоҳ аз чӣ шикоят дошт?

Як омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон худкушӣ кардааст. Пайвандони Қадамшоҳ Давлатови 36-сола гуфтанд, ки ҷасади ӯро субҳи 23-юми август дар хона овезон пайдо намуданд.

Мақомот сабаби худкушии омӯзгори ҷавонро таҳқиқ доранд. Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии минтақаи Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҷойи ҳодиса рафтаанд. "Тафтишот ба зудӣ маълум мекунад, ки сабаби чунин рафтори муаллим чӣ будааст", -- афзуд ӯ.

Пайвандонаш мегӯянд, ин ҳодиса онҳоро дар ҳолати ошуфтагӣ қарор дод. Ба қавли онҳо, Қадамшоҳ ба соли нави хониш омода мешуд ва аз мушкили ҷиддие шикоят надошт. Вай соҳиби хона ва зану фарзанд будааст.

Солҳои охир аз қасди худкушӣ ва худкушии сокинон хабарҳои зиёд мерасад.

Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарии моҳи июл гуфт, ки дар шаш моҳи аввали имсол дар минтақаҳои гуногуни кишвар 258 нафар даст ба худкушӣ задаанд, ки беш аз панҷоҳ нафари онҳо ноболиғ будаанд. Сабабҳои асосии худкушӣ моҷарои оилавӣ ва мушкили иқтисодӣ гуфта мешавад.

Аз барномаи ҳастаии Эрон то бозгашти Русия. Нишасти G7 дар Фаронса

Қарор аст, ҷаласаи дурӯзаи раҳбарони Гурӯҳи ҳафт кишвари бузурги саноатии ҷаҳон (G7) рӯзи 24-уми август дар Фаронса оғоз шавад. Барномаи ҳастаии Эрон ва роҳ ёфтани дубораи Русия ба ин гурӯҳ аз мавзуъҳои асосии нишаст хоҳад буд. Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико ва Борис Ҷонсон – нахуствазири Бритониё ва дар миёни раҳбарони G7 шомил хоҳанд буд. Трамп ҳангоми сафар ба Фаронса ба хабарнигорон гуфт, чашм ба роҳи музокироти бисёр самарбахш бо аъзои G7 аст. Интизор меравад, Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд, ба унвони меҳмон дар ин ҷаласа иштирок кунад. Вай бо бисёре аз иштироккунандаҳои ҷаласа ба шакли алоҳида мулоқот хоҳад кард ва эҳтимоли зиёд меравад дар мавриди буҳрони Кашмир баҳс кунад.

Ҷудоӣ аз Атмар. Муҳаққиқ ба тими интихоботии Абдулло Абдулло пайваст

Муҳаммад Муҳаққиқ

Баҳси “аввал интихоботи президентӣ ё музокироти сулҳ бо Толибон?” дар Афғонистон ҷиддӣ мешавад. Ин ду раванд ба кори дастаҳои интихоботӣ ҳам таъсир гузоштааст.

Муҳаммад Муҳаққиқ, раҳбари ҳизби ваҳдати исломии Ағфонистон, рӯзи 23-юми август расман аз дастаи интихоботии сулҳу эътидол ба раҳбарии Ҳаниф Атмар ҷудо шуд ва ба тими интихоботии доктор Абдулло Абдулло, раиси иҷроияи ҳукумат пайваст.

Вай далели ҷудоиаш аз дастаи Атмарро “авлавият ёфтани раванди сулҳи нисбат ба интихобот” донист.

Муҳаққиқ рӯзи 23-юми август дар нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт: “Медонед, ки мо пеш аз ин бо як тими қавие таҳти номи сулҳу эътидоли будем, заҳмати зиёд кашидем, аммо вақте омад ки онҳо сулҳро нисбат ба интихобот дар авлавият қарор доданд. Мо гуфтем, ки раванди сулҳ ҳанӯз равшан нест ва мо роҳи худро интихоб мекунем."

Дастаи интихоботии сулҳу эътидол дар бораи ҷудо шудани Муҳаммад Муҳаққиқ, ки муовини дувуми ин даста буд, чизе нагуфтааст.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадкарим Халилӣ, раиси шӯрои олии сулҳ ва яке аз пуштибонҳои тими интихоботии доктор Абдулло дар нишасти хабарӣ ба тағйири низоми феълӣ таъкид кард. Вай гуфт, “шароит дар кишвар омадани тағйирро талаб мекунад, агар ба бозор равед, мардум ба дод омадаанд."

Пеш аз ин ҳам аз миёни 17 номзади раёсати ҷумҳурӣ 14 дастаи интихоботӣ гуфта буданд, ки сулҳро нисбат ба интихобот беҳтар медонанд.

Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ пофишорӣ дорад, ки интихобот дар вақташ баргузор шавад. Толибон ваъда додаанд, ки ба баргузории интихобот “халал мерасонанд”.

Қарор аст, интихоботи президентии Афғонистон дар нимаи дувуми моҳи сентябри имсол баргузор шавад .

Трамп ба ширкатҳои амрикоӣ дастур дод, аз Чин хориҷ шаванд

Доналд Трамп

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – гуфт, ба ширкатҳои амрикоӣ дастур додааст, дар посух ба ҷанҷолҳои тиҷоратии як соли гузашта бо Чин, ки бозорҳои молиро такон дод, аз Чин хориҷ шаванд.

Трамп рӯзи 23-юми август дар Твиттер навишт, «ба ширкатҳои бузурги амрикоӣ аз ҳоло дастур дода мешавад, ки фавран дунболи ёфтани интихобе ба ғайр аз Чин шаванд, ба шумули баргашти ширкатҳо ба Амрико ва тавлидот дар дохили кишвар.»

Раиси ҷумҳури Амрико аз нигоҳ қонунӣ наметавонад ширкатҳои тиҷоратиро ба тарки фаврии Чин водор кунад. Худи ӯ ҳам нагуфтааст, ки ин дастур чӣ гуна иҷро хоҳад шуд.

Чин барои воридоти маҳсулоти амрикоӣ таърифаҳои баландтар эълон кард. Доналд Трамп низ таърифаҳои навро барои амволи чинӣ, ки вориди Амрико мешаванд, таъйин намуд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
XS
SM
MD
LG