Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Якшанбе – дарс, шанбе – истироҳат. Оғози соли нави хониш дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хонандагон ва омӯзгоронро рӯзи якшанбеи якуми сентябр ба мактаб даъват кардаанд.

Мақомот мегӯянд, бо вуҷуди он ки якуми сентябр ба рӯзи якшанбе рост омада, истироҳат аст, дар Тоҷикистон рӯзи дониш баргузор хоҳад шуд.

“Ба ҷойи он, рӯзи 7-уми сентябри соли 2019 (шанбе) рӯзи истироҳат муқаррар карда шавад”, -- гуфта шудааст дар як дастури Вазорати маориф ва илм.

Аз масъулони идораҳои маориф дар минтақаҳои кишвар низ талаб кардаанд, ки рӯзи якуми сентябр ҳузури хонандагону омӯзоронро дар мактаб таъмин намоянд.

Ин тасмими Вазорати маориф ва илм аз ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ боис ба вокунишҳои гуногун шудааст. Бархе онро поймол кардани ҳуқуқи омӯзгорону хонандагон донистаанд.

Солҳои охир мақомоти маорифи Тоҷикистон чанд тасмиме гирифтанд, ки дар ҷомеа баҳсҳои зиёдеро ба по кард. Аз ҷумла, соли 2017 бо вуҷуди он ки соли нави хониш ба рӯзи иди қурбон рост омад ва дар тақвим рӯзи итсироҳатист, хонандагонро ба мактаб бароварданд.

Сокинон аз ин тасмимҳо интиқод мекунанд, мақомот онро дуруст мешуморанд.

Дар Тоҷикистон шумораи хонандагони мактабҳо ба 1 миллиону 900 ҳазор мерасад.

Трамп гуфт, Путинро ба нишасти соли оянда даъват мекунад

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 26-уми август такрор кард, ки Владимир Путинро ба саммити калонтарини иқтисодии ҷаҳон даъват мекунад, сарфи назар аз он ки Маскав соли 2014 барои ишғоли Қрим аз Украина аз гурӯҳ берун карда шудааст. Нишасти Гурӯҳи 7 (G7) соли оянда дар Иёлоти Муттаҳида баргузор хоҳад шуд.

“Ман, албатта, ӯро даъват мекунам”, -- гуфт Трамп дар поёни нишасти “ҳафтгона”, дар осоишгоҳи соҳилии ҷанубу ғарбии Биарритс дар Фаронса.

“Новобаста аз он ки ӯ омада метавонад ё не, аз назари равоншиносӣ, фикр мекунам, кори душворе аст”, -- гуфт Трамп ва афзуд, "ӯ шахси боғурур аст."

Трамп дар як ҳафта дар Биарритс бори дуввум аст, ки ба тарафдории иҷозаи баргаштани Русия ба G7 сухан гуфт. "Ман албатта инро дастгирӣ мекунам", -- гуфт ӯ рӯзи 21-уми август ба хабарнигорон дар Кохи Сафед.

Вай афзуд, "баргаштани Русия хеле муносиб аст. Ин бояд G8 бошад, зеро бисёре аз он чизҳое, ки мо дар бораи он сӯҳбат мекунем бо Русия вобастагӣ доранд."

Трамп дар бораи баргаштани Русия ба ин гурӯҳ гуфт, "агар касе ин корро кунад, ман албатта бечуну чаро дар ин бора фикри нек мекунам."

Русия пас аз ҳамла ва ишғоли Қрими Украина дар соли 2014 аз қолаби кӯҳна G8 берун карда шуд. Хадамоти иктишофии ИМА мегӯянд, ки Маскав ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 дахолат кардааст.

Раҳбари Русия Владимир Путин инчунин ба супориш додани куштори мухолифон дар кишвар ва берун аз он, аз ҷумла дар Бритониё ва дигар ҷойҳои Аврупо айбдор мешавадю. Худи ӯ ин иттиҳомотро рад мекунад.

Ҳамсари Отамбоев иҷоза ёфт бо шавҳараш мулоқот кунад

Раиса Отамбоева, бо шавҳараш Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон мулоқот кард, ки айни ҳол дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад. Сергей Слесарев, вакили мудофеи Отамбоев гуфт, мулоқот 23 август баргузор шуд. Вакили мудофеъ афзуд, ӯ низ бо Отамбоев мулоқот мекунад ва президенти пешин дар ҳолати хуб қарор дорад.

Рӯзҳои 7-8 август дар деҳаи Кой-Тоши ноҳияи Аламудини Қирғизистон "амалиёти иҷборан ба бозпурсӣ овардани президенти пешин Алмосбек Отамбоев" сурат гирифт. Бо қарори додгоҳ, вай то 26 октябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи Слесарев, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

Рӯҳонӣ: Гуфтугӯ бо ИМА танҳо баъди лағви таҳримҳо имконпазир аст

"То замоне, ки Вашингтон таҳримҳои зидди Теҳронро бекор насозад, Эрон бо ИМА вориди гуфтугӯ намешавад", -гуфт Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи сешанбеи 27-уми август зимни маросиме дар Теҳрон.

Президенти Эрон ба ин тартиб ба изҳороти ҳамтои амрикоияш, Доналд Трамп посух дод. Трамп дар нишасти хабарие баъди анҷоми нишасти "Ҳафтгонаи бузург" гуфт, эҳтимол дорад, барои танзими нофаҳмиҳо атрофи барномаи ҳастаии Теҳрон, бо президенти Эрон мулоқот кунад.

Трамп рӯзи душанбе гуфт, омода аст, ки дар сурати мавҷудияти шароит, бо ҳамтои эрониаш барои бартарафсозии нофаҳмиҳо оид ба созишномаи ҳастаии соли 2015 мулоқот кунад. Ба иттилои Reuters, дар ҳоли ҳозир имкониятҳои боз кардани сармоягузорӣ ба иқтисоди Эрон баррасӣ мешавад.

Ҳамла ба сокинони Алмато бо банди "Қасди куштор" таҳқиқ мешавад

Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон гуфт, яке аз гумонбарони ҳамла ба анбуҳи сокинони маҳаллиро, ки се захмӣ бар ҷой гузошт, боздошт кардааст.

Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба муовини сардори бахши тафтишотии пулиси Алмато Думан Аухадиев навиштанд, ки тафтиши ҳодисаи мазкур бо банди "Қасди куштор" оғоз шудааст.

Гумонбар, соли таваллудаш 1995 сокини вилояти Алмато буда, бо мошини сафеди Toyota Camry ба одамон ҳамла кардааст.

Ҳодиса 26 август дар чорроҳаи Гагарини ноҳияи Бостандик рух додааст. Миёни ронанда ва сокинон баҳси лафзӣ сар мезанад ва дар натиҷа ронанда бо мошин онҳоро пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.

Раиси додгоҳро барои латтукӯби зертобеаш $2 ҳазор ҷарима карданд

Раиси Додгоҳи вилояти Навоии Узбекистон Отабек Тошев барои латтукӯби як зертобеаш 20 227 000 сӯм ( $2,1 ҳазор) ҷарима шуд. Додгоҳи вилояти Қашқадарёи Узбекистон 12 август ҳамчунин Тошевро аз ҳаққи ишғоли вазифаҳои расмӣ, аз ҷумла кор дар мақомоти додгоҳӣ, ҳифзи ҳуқуқ ба муҳлати 2 сол маҳрум кардааст.

Бино ба хабарҳо, Тошев зертобеи худ Дилшод Норовро 15 феврали соли равон барои иҷро накардани супоришаш зери мушту лагад қарор додааст. Дар натиҷа Норов осеб дида, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Додгоҳ Тошеви 43-соларо дар баромадан аз салоҳиятҳои худ айбдор донистааст. "Раиси додгоҳи Навоӣ бо ин амали худ обурӯи мақомоти додгоҳии Узбекистонро дар назди ҷомеа паст зад", - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

Ҷонсон: "Охири октябр аз ИА бо созишнома ё бе он, хориҷ мешавем"

Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, омодааст, бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) то охирин дақиқаҳои пеш аз 31 октябр гуфтугӯ кунад. Ба гуфтаи Ҷонсон, агар то 31 октябри соли равон дар робита ба бурунрафти Бритониё аз ИА созише ҳосил нашавад, пас кишвараш иттиҳодро бидуни он тарк хоҳад кард.

Ҷонсон дар посух ба суоли хабарнигори Reuters, ки оё воқеан ҳам ӯ омодааст, то 31 октябр бо ИА гуфтугӯ кунад, изҳор дошт, "фикр мекунам, иттиҳод қасд дорад, ба имзои созишномаи нав дар охирин лаҳзаҳо розӣ шавад".

Порлумони Бритониё се бор созишномаи сарвазири пешини Бритониё Тереза Мэйро бо ИА рад кард. Ин се раъйгирии ноком бо истеъфои Мэй анҷомид. Ба гуфтаи хабаргузории Reuters, идома ёфтани буҳрони бурунрафти Бритониё аз ИА ба обрӯи Лондон ҳамчун яке аз марказҳои муътабари молии ҷаҳонӣ латма хоҳад зад.

Эътирози нақбканон дар Узбекистон нуҳ мансабдорро бе курсӣ кард

Ширкати саҳҳомии "Роҳи оҳани Узбекистон", ки корхонаи "Шаргункумир" ҳам дар ҳайати он аст, эътирози 200 нақбканро шарҳ дод.

Рӯзҳои 14 ва 15 август дар ноҳияи Сариасини вилояти Сурхандарёи Узбекистон қариб 200 нақбкани кони "Шаргункумир" бо талаби бештар кардани музди меҳнат корпартоӣ эълом карданд.

Онҳо гуфтанд, сабаби корпартоияшон шароити номусоиди корӣ - музди ками меҳнат (каме бештар аз 100 доллари ИМА) ва кори иҷборӣ дар рӯзҳои истироҳату ҷашнҳо буд.

Ба ҷуз ин, нақбканон гуфтанд, роҳбарияти корхона амволи онро ғорат мекунад. Ба гуфтаи коргарон, ҳафт тона сӯзишвории дизелии корхона ғорат ва фурӯхта шудааст.

Масъулони "Роҳи оҳани Узбекистон" назди нақбканон рафта, гуфтанд, ки "аз чунин низоъ касе фоида намебинад".

"Роҳи оҳани Узбекистон" ахиран хабар дод, ки баъди омӯзиши норизоии нақбканон, нуҳ масъулро аз мақом барканор кардааст. Айни ҳол дар кони "Шаргункумир" 596 кас кор мекунад.

Кашфи шаҳри қадимӣ дар Узбекистон

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, дар Кампиртеппаи вилояти Сурхандарё шаҳреро пайдо кардаанд, ки ду ҳазор сол пеш маҳв шуда буд.

"Мо мушаххас кардем, ки Кампиртеппа - ҳамон Окси Искандария аст. Мо маводи зиёде дар ин робита таҳия мекунем. Талош хоҳем кард, ки ин макон дар харитаи ҷаҳон зикр шавад. Ин кашфиёти хубе хоҳад буд барои тамоми дунё, ки олимону сайёҳонро ҷалб хоҳад кард. Мо далелҳои кофӣ дар ихтиёр дорем",-гуфт муовини сарвазири Узбекистон Азиз Абдуҳакимов.

Изҳороти олимон ва ҳукумати Узбекистон кашфи бесобиқае унвон мешавад. Шаҳри Окси Искандария танҳо дар китобҳои таърихӣ зикр мешуд. Аз ду ҳазор сол пеш то кунун касе намедонист, ки ин шаҳр дар куҷо ҷойгир аст.

Дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ дар Кампиртеппа дар соли 1972 Эдуард Ртвеладзе, академики узбекистонӣ харобаҳои шаҳри қадимиеро пайдо карда буд. Гуфта мешавад, Ртвеладзе аз он замон то кунун чандин чизи дигаре пайдо кардааст, ки ба Искандария будани шаҳр далолат мекунанд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки Искандария, шаҳре дар Амударё - Окси Искандария - қалъаи ҳимоявии шарқии давалати Юнону Бохтари Искандари Мақдунӣ буд. Окси Искандария дар қарнҳои 3 ва 2 пеш аз мелод давраи шукуфонеро пушти сар мекард.

Баррасии парвандаи Омурбек Текебоев 29 август оғоз мешавад

Баррасии парвандаи роҳбари зиндонии Ҳизби "Ота Макон" Омурбек Текебоев ва сафири пешини Қирғизистон Дуйшенқул Чотонов 29 август дар додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек оғоз хоҳад шуд.

Дар ин бора вакили дифоъ Таалайгул Токтакунова хабар дод. "Мо дархост кардем, ки ҳукми онҳо ба ҳабси хонагӣ тағйир дода шавад. Мурофиаро ба рӯзи 29 август гузоштанд",-афзуд ӯ. Дар Додгоҳи Якуми май низ тасдиқ карданд, ки баррасии парвандаи мазкур 29 августи соли равон оғоз хоҳад шуд.

Додгоҳи олии Қирғизистон рӯзи 3 май парвандаи сиёсатмадорони зиндонӣ Омурбек Текебоев ва Дуйшенқул Чотоновро аз рӯи кодексҳои нав дубора баррасӣ карда, ҳукми 8 соли зиндони онҳоро бетағйир гузошта буд. Вале ҳукми мусодираи амволи онҳо тағйир дода шуда, дороиҳои мусодирашудае, ки ба парвандаи ҷиноӣ ҳеч рабте надоранд, ба сиёсатмадорон баргардонида мешавад.

Раиси Ҳизби "Ота Макон", вакили порлумони Қирғизистон Омурбек Текебоев ва ҳамҳизби ӯ - сафири пешини ин кишвар дар Кореяи Ҷанубӣ Дуйшенқул Чотонов моҳи феврали соли 2017 боздошт шуданд.

Текебоев дар асоси баёноти шаҳрвандони Русия Алексей Модин ва Леонид Маевский боздошт гашт, ки гуфтанд, ба ӯ барои кумак дар харидории саҳмияҳои ширкати қирғизии "Мегаком" 1 миллион доллар доданд. Вале худи Текебоев парвандаро сиёсӣ меномад.

Ҳамла ба фаъоли мадании қазоқ Галина Арзамасова

Фаъоли мадании қазоқ Галина Арзамасова 26 август дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Талгари вилояти Алмато мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт.

Арзамасова гуфт, ӯро бо силоҳи пневматӣ паронданд. "Кормандони "ёрии таъҷилӣ" омаданд ва гуфтанд, шумо бояд бистарӣ шавед. Маъмурони пулис низ ба суханҳои ман гуш дода, рафтанд, вале чизеро ба қайд нагирифтанд",-афзуд вай.

Фаъоли мадании қазоқ мегӯяд, тасмим дорад, худ ба шуъбаи пулис рафта, барои таҳқиқи ҳодиса ариза бинависад.

Намояндаи пулиси маҳаллӣ Толкин Саметова гуфт, Арзамасова ҳангоми ворид шудан ба бинои ҳукумати Талгар ҳадафи гулӯла қарор гирифтааст ва ҳоло онҳо навори дурбинҳои назоратиро баррасӣ доранд. "Пулис ҳодисаро таҳқиқ дорад",-изҳор дошт Саметова.

Арзамасова мегӯяд, афроди ҳамлагар мехостанд, ӯ дар мулоқоти сокинон бо раиси ноҳияи Талгар иштирок накунад. Галина Арзамасова сокини деҳаи Қарабулоқ буда, бо даъватҳои худ ба шаффофияти кори ниҳодҳои давлатӣ ва муборизаҳояш зидди фурӯши замин ба хориҷиҳо маъруф аст. Ӯ соли 2017 низ ду бор мавриди ҳамла қарор гирифта буд.

Туркманҳо барои навбатпоӣ дар назди банкомат боздошт мешаванд

Дар вилояти Лебапи Туркманистон сокинон барои навбатпоӣ дар назди банкоматҳо боздошт ва бозпурсӣ мешаванд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Лебап, кормандони пулис онҳоеро боздошт ва бозпурсӣ мекунанд, ки дар назди банкоматҳо навбат меистанд. Ҳамчунин дар муассисаҳои давлатӣ ба кормандон таъкид мешавад, ки дар назди банкоматҳо "нанамоянд".

Ба гуфтаи хабарнигор, ин иқдом пас аз танбеҳи президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба раиси Бонки марказии ин кишвар рӯи даст гирифта шудааст.

Бердимуҳаммадов 19 август дар як ҷаласа гуфт, ки "дар муассисаҳои молӣ маблағ ба таври кофӣ мавҷуд аст". Вай афзуд, агар назорати доим аз болои кори банкоматҳо анҷом шавад, ҳеч мушкиле намемонад. Ӯ дар ин робита ба раиси Бонки марказӣ Мардон Аннадурдиев барои бе назорат мондани кори банкоматҳо танбеҳ эълом кард.

Буҳрони норасоии маблағ дар банкоматҳои он кишвар беш аз ду сол ин ҷониб идома дорад. Мунтазам маҳдудият ҷорӣ мешавад ва дар саросари он кишвар одамон пушти банкоматҳо навбатпоӣ мекунанд.

АП: Барои интихоботҳои соли оянда 80 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст

Ба тарҳи буҷаи давлатии Тоҷикистон дар соли 2020 мақомот пешниҳод карданд, ки барои харҷи баргузории интихоботи парлумониву президентии соли ояндаи кишвар 80 миллион сомонӣ (муодили беш аз 8 миллион доллари Амрико) пешбинӣ шавад. Оҷонсии “Азия-плюс” рӯзи 26 август ин хабарро бо такя ба манобеаш дар бахши иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон нашр кард. Ин манбаъ гуфтааст, ки қисме аз ин маблағҳо инчунин барои баргузории пурсиши банақшагирии аҳолӣ сарф хоҳад шуд, ки ҳамчунин ба соли 2020 таъин шудааст.

Дар вазорати молияи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тарҳи буҷаи давлатӣ барои соли 2020 омода ва ба баррсии ҳукумат ирсол шудааст, вале дар ин ниҳод аз гуфтани рақами дақиқи марбут ба сарфу харҷи буҷа худдорӣ мекунанд. Ҳамсуҳбати мо афзуд, қарор аст то охири моҳи сентябр тарҳи ниҳоии буҷет барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон ирсол шавад ва он вақт ҷузъиёти бештари он расонаӣ хоҳад шуд. Тибқи муқаррарот тарҳи буҷет аз ҷониби Маҷлиси намояндагон бояд тасдиқ шавад ва баъд аз он президент ба он имзо мегузорад.

Қарор аст интихоботи парлумонӣ моҳи март ва президентӣ дар мавсими тирамоҳ баргузор шавад. Ҳеҷ як интихобот дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол демократӣ ва мутобиқ ба муқаррарот арзёбӣ нашудааст.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои қочоқчии тамоку дар Русия

Соле то 200 миллион дона сигори ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ба Русия ворид мешавад.

Мутахассисони соҳаи тамоку мегӯянд, ки хисороти буҷаи Русия аз ҳисоби сигори ғайриқонунӣ ҳамасола то 70 миллиард рублро ташкил медиҳад. Ин хисорот, ба ҳисоби мутахассисони соҳа ва ҳам вазорати молияи Русия, аз ҳисоби ба бозори Русия ворид шудани маҳсулоти тамокуи ғайриқонунӣ ё тақаллубӣ ба вуҷуд меояд. Гарон будани қимати аксиз, ба гуфтаи мутахассисон, барои бозори сиёҳи тамокуро гарм кардааст.

Рӯзи 26 август зимни баррасии мавзӯи вазъ дар соҳаи тамоку дар кишварҳои Иттиҳоди Авруосиё, ки дар шаҳри Бишкек баргузор шуд, мутахассисони соҳа гуфтанд, ки Беларус ва Қазоқистон 45 дарсади ҳаҷми сигори қочоқшударо ба Русия ворид мекунанд ва 16 дарсади бозори сиёҳи тамокуро кишварҳои дури мисли Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Сербия, Руминия, Булғористон ва Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба мутахассисон менависад, ки агар аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ соле ба Русия то 2 миллиард дона сигор ворид шавад, аз Беларусу Қирғизистон – то 1,5 миллиард ва аз Тоҷикистон 0,2 миллиард ё 200 миллион дона ворид мешавад.

Бишкек ҳимояти сармоягузорони чиниро аз сӯи нерӯҳои Чин рад кард

Ҳукумати Қирғизистон хабарҳо дар бораи ҳимояти сармоягузорони чиниро аз сӯи низомиёни Чин, рад кард. Роҳбари маркази матбуотии ҳукумати Қирғизистон Чингиз Эсенгул уулу дар саҳифаи "Фейсбук" навишт, ки "иттилоъ воқеият надорад ва нисбати касоне, ки онро нашр кардаанд, чораҷӯӣ мешавад".

Пештар аз ин бархе аз расонаҳо навиштанд, ҳукуматҳои Қирғизистону Чин лоиҳаи қонунеро омода мекунанд, ки бар асоси он, неруҳои низомии чинӣ метавонанд, аз сармоягузорони Чин дар Қирғизистон ҳимоят кунанд.

Дар кони тилои Солтон-Сарӣ, ки ширкати чинии Zhong Ji Mining Company онро коркард мекунад, рӯзи 5 август иқдоми эътирозӣ баргузор шуд. Ин эътироз ба занозанӣ ва захмӣ шудани 47 шаҳрванди Чин ва як сокини Қирғизистон шуд. Ҳукумати Қирғизистон 7 август хабар дод, ки фаъолияти кон муваққатан боз дошта шудааст. Сафорати Чин дар Қирғизистон талаб кард, ки ҳодиса бетарафона таҳқиқ шавад.

Шаҳрдори Андиҷон аз мақомаш барканор шуд

Бино ба иттилои манобеъ, раиси шаҳри Андиҷони Узбекиситон Дилмурод Раҳматуллоев аз мақом барканор шудааст. Раҳматуллоев пештар барои дашноми раҳбарони муассисаҳои давлатӣ ҷарима шуда буд.

Як блогер аз шаҳри Андиҷон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, Раҳматуллоев 24 август аз мақом барканор шуда, қарор аст, имрӯз 26 август дар як ҷаласа барканории Раҳматуллоев эълом ва шаҳрдори нави Андиҷон муаррифӣ шавад.

Сомонаи Kun.uz низ дар ин бора бо истинод ба манбаи худ хабар додааст. Манобеъ дар ҳоли ҳозир сабаби барканории Раматуллоевро намегӯянд.

Додситонии кулли Узбекистон моҳи декабри соли 2017 хабар дода буд, ки шаҳрдори Андиҷон Дилмурод Раҳматуллоев барои суханҳои қабеҳ гуфтан ба мудирони коллеҷу литсейҳои маҳаллӣ 30 нишондиҳанда, баробар ба 650 доллари ИМА ҷарима карда шуд.

Шаҳрдори Андиҷон дар як ҷаласае, ки 16 октябри соли 2017 сурат гирифт, мудирони муассисаҳои таълимиро ба хотири кам фиристодани пахтачинон ба саҳро дашном дод. "Ҳайвонҳо", "шағолҳо", "харҳо", "лаънат бар падаратон" - гуфта буд Раҳматуллоев. Ҳамчунин вай дар ҷаласаи 18 ноябр омӯзгори 64-соларо дашном дод.

Талоши баргузории гирдиҳамоӣ дар шаҳри Нурсултон ноком монд

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон наздики даҳ ҷавон рӯзи 25 август боздошт ва ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурда шуданд. Ин ҷавонон мехостанд, гирдиҳамоӣ ташкил кунанд.

Алия Избасарова, яке аз иштирокчиёни гирдиҳамоӣ гуфт, намояндаи ҳукумат ба далели ғайриқонунӣ будани гирдиҳамоӣ онҳоро нагузошт, ки маъракаро давом диҳанд.

Ба гуфтаи Избасарова, ҷавонон пароканда шуданд, аммо пулис онҳоро боздошт ва ба шуъба бурда, қисмеро ҷарима кард.

Избасарова мегӯяд, ҷавонон барои баргузории гирдиҳамоӣ шиорҳое амсоли "Ду гов омодаанд, кишварро наҷот диҳанд" омода карда буданд. "Пулис шиорҳои моро гирифт",-гуфт фаъоли дигар Анастасия Гузева.

Таҳримҳо зидди Русия дар робита ба қазияи Скрипалҳо ба иҷро даромад

Бастаи дувуми таҳримҳои ИМА нисбати Русия дар робита ба парвандаи заҳролудсозии Скрипалҳо имрӯз, 26 август ба иҷро даромад. Ҳуҷҷати мудирият оид ба назорати дороиҳои хориҷии вазорати молияи ИМА (OFAC) дар сомонаҳои расмии Амрико нашр шуд. Доналд Трамп, президенти ИМА ин ҳуҷҷатро оғози моҳи август имзо карда буд.

Дар ҳуҷҷат омадааст, ки:

ИМА аз созмонҳои молии байналхалқӣ талаб мекунад, ба Русия ҳеҷ гуна қарз ва ё кумаки моливу техникӣ нарасонанд.

Ҳукумати ИМА ҳама бонкҳои Амрикоро аз ҷудо кардани вом ва ё ҳама навъи қарз ба ҳукумати Русия манъ мекунад - ба истиснои вом ва қарзҳое, ки барои харидани ғизо ё дигар маҳсулоти кишоварзӣ равона шудаанд. Бастаи нави таҳримҳо ҳамчунин бонкҳои амрикоиро қисман аз харидани коғазҳои қимматноки Русия манъ мекунад.

Нахустин бастаи таҳримҳои ИМА дар робита ба парвандаи Скрипалҳо 22 августи соли 2018 ҷорӣ шуда буд. Таҳримҳои нахустин ба заҳролудсозии корманди пешини мақомоти иктишофии Русия Сергей Скрипал ва духтараш Юлия рабт доштанд.

Скрипалҳо дар ҳудуди Бритониё аз моддаи "Навичок" заҳролуд шуданд. Дар пайи ин заҳролудсозӣ шаҳрванди Бритониё - Дон Стреҷесс кушта шуд. Ин ҳодиса аз сӯи мақомоти ИМА ва Бритониё ҳамчун истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар ҳудуди кишвари дигар унвон шуд.

Таҳримҳои нахустин харидории бархе аз маҳсулот ва дастгоҳҳои саноати кайҳонӣ, инчунин дастгоҳҳо барои бахши нафтро аз Русия дар бар мегирифт.

"Рейд" алайҳи ришдорон дар яке аз бозорҳои калонтарини Тошканд

Маъмурони ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон рӯзи 23 август дар натиҷаи рейде дар бозори "Малика", яке аз бозорҳои калонтарини шаҳри Тошканд, даҳҳо марди ришдорро боздошт ва ба шуъбаи пулис бурданд. Боздоштшудаҳо пас аз тарошидани ришашон дубора озод шуданд.

Як соҳибкор, ки дар бозори "Малика" бо фурӯши техникаҳои маишӣ машғул аст, гуфт, 23 август кормандони пулис ӯро низ боздошт карда, ба шуъба бурда буданд.

"Рейд пас аз нисфирӯзӣ оғоз шуд. Кормандони пулис дар либоси мулкӣ ҳамаи мардони ришдорро боздошт карда, бо худ бурданд. Дар онҷо ба мо таҳдид карданд, ки агар ришатонро натарошед, зиндонӣ хоҳед шуд. Касоне, ки розӣ шуданд, пас аз гирифтани ришашон озод гаштанд ва касоне, ки мухолиф баромаданд, дар боздоштгоҳ монданд", - афзуд ӯ.

Шаҳрвандони Узбекистон, ки боздошт ва иҷборан ришҳояшон тарошида шуд, ҳоло аз сардори пулиси шаҳри Тошканд талаб доранд, то қазия расман шарҳ дода шавад.

Дар Идораи мусулмонони Узбекистон низ бо ин амали кормандони пулис розӣ нестанд. "Мондани риш барои ҳар як мусулмон суннат аст. Боздошти шаҳрвандон танҳо барои мондани риш ғайриқонунӣ аст", - афзуд намояндаи идораи мазкур.

Дар Тоҷикистони ҳамсоя ҳам, ки солҳои охир мубориза бо ифротгароиро шиддат бахшидааст, аз риши мардон ва ҳиҷоби занон назорат ҷорӣ шудааст. Сокинон дар Тоҷикистон аз ин кори мақомот ҳамчун дахолат ба умури хусусии шаҳрвандон интиқод мекунанд.

"Фаъолони ҳомии Украина дар Қрим таҳти фишору пайгард ҳастанд"

Ду узви Гурӯҳи ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Қрим мегӯянд, онҳое, ки мехоҳанд дар ин нимҷазираи ишғолшуда аз ҷониби Русия шаҳрвандии украинии худро ошкор кунанд, мавриди пайгарди қонун қарор мегиранд ва ё исмашон ба феҳристи сиёҳ ворид мешавад. Раис ва узви ин созмон - Олҳа Скрипник ва Володимир Чекрихин мегӯянд, ҳар нафаре, ки талош мекунад нишонаҳои парчами миллии Украинаро дар манзил ё сохтмони хусусиаш насб кунад, бо ҷарима, парвандаи ҷиноӣ ва ё навъи дигари муҷозот рӯбарӯ мешавад. Дар сӯҳбат бо Радио “Култура” Чекрихин гуфт, ки дар шаҳри Севастопол, ки онро истгоҳи киштиҳои русӣ дар баҳри Сиёҳ меноманд, форуми интернетие бо номи “Тарафдорони Бандераро дар шаҳри мо оташ занед” ташкил шудааст. Инчунин бо даъвати қатли фаъолони укаинӣ як маъракаи имзоҷамъкунӣ амал мекунад, гуфт ӯ. Дар як гузориши 150-саҳифагӣ аксу суроғаҳои фаъолони украинӣ оварда шудааст, ки дар он ҷузъиёти мисли исми фарзандон ва кӯдакистонҳои онҳо дида мешавад.

Русия соли 2014 нимҷазираи украинии Қримро ишғол ва ин амали Маскавро ҷомеаи ҷаҳонӣ шадидан интиқод кард.

Гурҷистон: интихоботи президентии минтақаи ҷудоиталаби Абхозистонро эътироф намекунем

Рӯзи 25 август дар Абхозистон интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. Гурҷистон гуфт, интихоботро дар минтақаи ҷудоиталаби худ эътироф намекунад

Минтақаи ҷудоиталаби Абхозистони Гурҷистон рӯзи 25 август “интихоботи президентӣ” баргузор кард ва мақомот дар Тифлис гуфтанд, ки ин як “сохтакорӣ” аст. Русия Абхозистонро баъди як ҷанги кӯтоҳмуддати соли 2008 бо Гурҷистон ҳамчун як давлати мустақил эътироф кардааст. Бар асоси иттилои мақомоти маҳаллии Абхозистон, раҳбари ҷудоиталабон Раул Хаҷимба дар интихобот дар муқобили 8 довталаб қарор гирифт. Мақомот гуфтанд, ки барои ширкат дар овоздиҳӣ, ки дар 152 нуқта ташкил шуд, 116 ҳазор нафар сабтином шуданд.

Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвилӣ интихоботро “як сохтакорӣ” номид. Ӯ гуфт, ки мақомоти Абхозистон дар асл “як интихоботи ғайриқонунӣ” барпо карданд. “Гурҷистон ин ҷараёни сохтакоришударо ҳамчун як ҳолати дигари нақзи истиқлолият маҳкум мекунад”, навишт Зурабишвилӣ дар саҳифаи худ дар Twitter. Чанде пеш аз ин вазорати хориҷаи Гурҷистон дар як изҳороте гуфт, ки ин таҳаввулот “иқдоми дигари ғайриқонунӣ алайҳи истиқлолият ва ҳам тамомияти арзии Гурҷистон мебошад”. Дар изҳорот инчунин аз Русия тақозо шудааст, ки даст аз эътирофи Абхозистон ва минтақаи дигари ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубӣ бардорад.

Сӯхторҳои ҷангалҳои Амазон дар маркази таваҷҷӯҳи G7

Раҳбарони кишварҳои узви Гурӯҳи Ҳафтгонаи саноатӣ рӯзи 26 август ҷаласаи худро бо баррасии мушкилоти муҳими ҷаҳон, аз ҷумла, сӯхторҳои нобудкунандаи ҷангалҳои Амазон ба анҷом мерасонанд. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, ки дар мулоқоти раҳбарон дар осоишгоҳи воқеъ дар соҳилҳои ҷанубуғарбии Биарритс созиши эҳтимолӣ бар сари ироаи кӯмакҳои “фанниву молӣ” қабул хоҳад шуд. Гурӯҳи кишварҳои Ҳафтгона аз ИМА, Ҷопон, Олмон, Фаронса, Итолиё, Бритониё ва Канада иборат аст.

Сӯхторҳои шадиде ҷангалҳои Амазон, ба вижа қаламравҳои Бразилияро осеб расонида, боиси эҷоди нигарониҳои ҷиддӣ аз харобшавии муҳити зист гардидааст. Мунаққидон президенти Бразилия Жаир Болсонаруро барои тадбирҳои зидди ҳифзи муҳити зист ва изҳороти харобкоронааш интиқод карданд.

Ҷаласаи аъзои кишварҳои Гурӯҳи Ҳафтгона рӯзи 25 август баъди ногаҳон дар маҷлис ҳозир шудани вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф ранги дигар гирифт. Зариф гуфт, ки ба хотири баррасии бӯҳрони баамаломадаи дипломатӣ дар атрофи барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ба ин ҷаласа ҳозир шуд.

Соҳиба Давлатшоева Тоҷикистонро дар ҷашнвораи “Таронаҳои Шарқ” намояндагӣ мекунад

Овозхони маъруфи таронаҳои мардумӣ ва фалаксарои бадахшӣ Соҳиба Давлатшоева рӯзи 28 август дар ҷашнвораи мусиқии “Таронаҳои Шарқ” ҳунарнамоӣ мекунад, ки қарор аст дар майдони Регистони шаҳри Самарқанд баргузор шавад. Ҷашнвора рӯзи 26 август ифтитоҳ мешавад ва имсол як намояндаи дигари Тоҷикистон – оҳангсоз Аслиддин Низомов узви ҳайати ҳакамони байналмилалии ҷашнвора хоҳад буд. Ташаббускорон ба матбуот гуфтаанд, ки имсол дар фестивали мусиқии зери назари дафтари фарҳанги СММ – ЮНЕСКО намояндагони беш аз 140 кишвари ҷаҳон иштирок хоҳанд кард.

Ҷашнвораи мусиқии байналмилалии "Таронаҳои Шарқ" шурӯъ аз соли 1997 дар ду сол як бор бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Узбакистон ва, инчунин, ширкати мусиқии "Узбекнаво" ташкил мешавад.

Соли 2009 дар ин озмун Озода Ашӯрова барандаи ҷои дувум ва Олим Бобоев дар соли 1999 соҳиби ҷои сеюми озмун шудаанд.

Трамп гуфт, дар мавриди бозгашти Русия ба "G7" ихтилофи назар вуҷуд дорад

"Бархеҳо бо ман розӣ ҳастанд, бархеи дигар не",-гуфт Трамп дар шарҳи гуфтугӯҳои саммити "Ҳафтгона" дар Фаронса ба рӯзноманигорон. Худи Трамп ҷонибдори даъват шудани Русия ба он саммит аст. Ӯ имкони даъват шудани Русияро ба саммит "мусбат" ва "гоми зарур" номид. Трамп пештар низ гуфта буд, ки даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин ба саммити соли оянда "қобили қабул аст". Ба гуфтаи Трамп, дар робита ба иштироки Русия қароре гирифта нашудааст. "Мо дар ин замина раъйгирӣ накардем", - афзуд ӯ.

Пештар дар бораи имкони бозгашти Русия ба "Ҳафтгонаи бузург" президенти Фаронса Эммануэл Макрон низ суҳбат карда буд. Ӯ гуфт, калиди бозгашти Русия "дар Украина" аст. Олмон низ ба далели идома доштани низоъ дар шарқи Украина зидди бозгашти Русия баромад. Аз ин мавқеъ раҳбарони Канада ва Бритониё низ ҷонибдорӣ карданд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати хабаргузории France Press, раҳбарони G7 созиш кардаанд, ки дар робита ба як қатор масоил бо Русия ҳамкориҳоро тақвият хоҳанд бахшид, вале ба хулосае расидаанд, ки барои бозгашти Русия ба "Ҳафтгонаи бузург" ҳоло "хеле барвақт аст".

Ин бори аввал нест, ки Трамп аз бозгашти Русия ба созмон ҷонибдорӣ мекунад. Моҳи июни соли 2018 Трамп ба Москва пешниҳод кард, ки дар саммити созмон дар Канада ширкат варзад. Вале Путин гуфт, ки Русия омодаи қабули кишварҳои узви созмон дар Москва аст.

Русия дар соли 1997 бо даъвати президенти вақти ИМА Билл Клинтон ва сарвазири вақти Бритониё Тонӣ Блейр шомили G7 шуд. Вале иштироки он соли 2014, пас аз ғасби нимҷазираи Қрим қатъ карда шуд.

Дар Қазоқистон "гунаҳкорон"-и таркишҳои Арисро боздошт карданд

Фармондеҳ ва муовини фармондеҳи қисми низомии шаҳри Ариси Қазоқистон боздошт шуданд. Дар ин шаҳр анбори аслиҳаи қисми низомие моҳи июн таркид ва боиси марги инсонҳову харобии шаҳр шуд.

Дар бораи боздошти фармондеҳу муовини фармондеҳи қисми низомӣ рӯзи 23 август вазири корҳои дохилии Қазоқистон хабар дод.

Ин низомиҳо дар "вайрон кардани тартиби муносибат бо маводи тарканда" ва "хунукназарӣ, ки боиси оқибати сангин шудааст", айбдор мешаванд. Додгоҳ онҳоро то ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Таркиш дар анбори аслиҳаи шаҳри Арис рӯзи 24 июн рух дод. Сокинонро ба ҷои амн интиқол доданд. Ба иттилои мақомот, 85 дарсади манзилҳои Арис тахриб ва бештар аз 20 хонаи дигар оташ гирифт. Дар пайи он ҳодиса чаҳор тан кушта шуд.

Давоми 10 соли охир бори чаҳорум аст, ки дар шаҳри Арис таркиши аслиҳа боиси марги инсонҳо мешавад. Бино бар арзёбиҳои мақомоти Қазоқистон, барои барқарории шаҳри Арис на камтар аз 20 миллиард танга сарф хоҳад шуд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ҷашни 30-умин солгарди инқилоби махмалии Чехия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00
XS
SM
MD
LG