Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Борис Катаев профессори ифтихории Донишкадаи фарҳанги Тоҷикистон шуд

Борис Катаев дар маросими тақдими унвони профессори ифтихорӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода. Июни соли 2019

Борис Катаев, коргардони маъруфи театр ва корманди собиқадори телевизиони Тоҷикистон, ки дар ИМА ба сар мебарад, бо унвони профессори ифтихории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода қадрдонӣ шуд. Борис Катаеви 75-сола зимни боздиди ахираш аз Душанбе тобистони имсол дар маросиме дар донишкадаи ҳунарҳои Тоҷикистон ин унвонро аз ректор Хайриддин Усмонзода ба даст овард.

Борис Катаев дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 28 август аз шаҳри Ню-Йорк гуфт, ки барои ӯ ин сафар ва ҳам гирифтани унвони донишкадае, ки замоне худаш дар он ҷо дарс гуфтааст, мояи ифтихор аст. Катаев гуфт, соли ҷорӣ бо ҳадафи ширкат дар таҷлили 55-солагии таъсиси ансамбли эстрадии “Гулшан” ҳамроҳ бо ҳамсари овозхон ва замоне узви ин гурӯҳи ҳунарӣ Тамара Катаева ба Душанбе рафт.

Таблои таблиғотии намоишномаи "Ҳофизи ҷаноби олӣ"
Таблои таблиғотии намоишномаи "Ҳофизи ҷаноби олӣ"

Борис Катаев мегӯяд: “Бо дархости маъмурияти донишкада барои донишомӯзони тоҷик чанд рӯз аз рӯи касби режиссерӣ мастер-класс додам, як филмамро намоиш додам. Як сабти видеоии спектакламро ҳам бурда будам, онро намоиш додам. Даврони шӯравӣ як спектакли маъруф бо номи “Баъди ин хомӯшӣ” (“А дальше тишина“ дар иҷрои Раневская ва Плятт) буд. Ман онро дар ин ҷо, дар Амрико ба саҳна гузоштам ва дар Душанбе нишон додам. Инчунин як намоишномаи дигар бо номи “Ҳофизи ҷаноби олӣ” дорам, ки дар бораи Амир Олимхон ва овозхони дарбор Левича-ҳофиз аст, онро нишон додам. Баъди ин шӯрои илмии донишгоҳ даъват ва ба ман унвони профессори ифтихорӣ тақдим шуд”.

Борис Катаев мегӯяд, аз чунин қадрдониҳо бисёр сарбаланд мешавад, чунки, ба гуфтааш, “Тоҷикистон – нури чашми ман аст, ман бисёр дӯст медорам Тоҷикистонро. Чунки то он мартабае, ки ман расидам, илме, ки ман гирифтам, ҳамааш дар Тоҷикистон буд”.

Коргардони маъруф мегӯяд, рӯзе нест, ки хабарҳои тоза дар бораи Тоҷикистонро пайгирӣ накунад: “Ҳар рӯз Радиои Озодиро мебинам, барномаҳои телевизионии шуморо мебинам, гӯш мекунам. Бе Тоҷикистон ман худро ҳис карда наметавонам”.

Тамара ва Борис Катаевҳо
Тамара ва Борис Катаевҳо

Борис Катаев сесола буд, ки соли 1947 хонаводааш аз зодгоҳ – шаҳри Самарқанд ба Душанбе кӯчиданд ва ӯ аз синни 16-солагӣ дар баробари таҳсил дар мактаб ба кор дар соҳаи ҳунару фарҳанг пардохт. Корро нахуст аз театри драмавии русии ба номи Маяковский ба ҳайси устои бутофория (маводи ҳунарӣ барои намоишномаҳо) шурӯъ кардааст. Дар 17-солагӣ нақши Собирро дар намоишномаи “Пролог”-и Шамсӣ Қиём бозӣ кардааст, ки дар бораи бунёди нирӯгоҳи Норак қисса мекард. Хатмкардаи Институти санъати Тоҷикистон (имрӯз Донишкадаидавлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода) буда, баъди хатми донишгоҳ дар Филармония ва телевизиони давлатии Тоҷикистон ба ҳайси режиссер ё коргардон кор кардааст.

Борис Катаев баъди тарки Тоҷикистон ҳамсараш бо ҳамсараш Тамара Катаева – овозхони насли аввали ансамбли эстрадии “Гулшан” ва хонаводааш дар Ню-Йорк ба сар мебаранд. Муассиси театри мусиқиву драмавии яҳудиёни Бухоро ба номи Борис Катаев дар шаҳри Ню-Йорк аст.

Бозпурсии фаъолони ҳаракати ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистон

.

Ҳадди ақал ду тан аз ширкатдорони ҳаракати шаҳрвандии «Oyan Qazaqstan»-ро дар шаҳри Алмато имрӯз ба идораи пулис даъват карданд. Дар ин бора Асем Жапишева, узви ҳаракати ҷавононе иттилоъ дод, ки хостори ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистон ҳастанд.

Ба гуфтаи Жапишева, субҳи 28 август пулис Жанел Шаханов ва Роман Захаровро бо худ бурдааст. Захаров баҳори имсол шиори "Ягона манбаи ҳокимияти давлатӣ мардум аст"-ро, ки баргирифта аз Конститутсия аст, овезон карда буд. Ӯро баъди ин амал боздошт ва ҷарима карданд.

Фаъолони ҳаракати мазкур пештар аз ин хабар доданд, ки тасмим доранд, ки 30 август, дар Рӯзи Конститутсияи Қазоқистон роҳпаймоӣ ташкил кунанд.

Онҳо мегӯянд, "салоҳиятҳои номаҳдуд"-и президент монеи пешрафти Қазоқистон шудааст. Фаъолон талаб доранд, ки салоҳиятҳои президент кам ва низоми сиёсӣ ислоҳ шавад. Онҳо ҳамчунин талаб доранд, ки меъёрҳои қонунгузорӣ дар бахши таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ, баргузории интихоботҳо тағйир дода шавад.

Ҳаракати «Oyan, Qazaqstan» (Бедор шав, Қазоқистон) рӯзи 5 июни соли ҷорӣ дар Алмато ташкил шуд.

Қадрдонӣ аз афсаре, ки дар амалиёти боздошти Отамбоев кушта шуд

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон ба корманди КДАМ Усенбек Ниёзбеков, ки дар амалиёти боздошти президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 7 август аз тири силоҳ кушта шуд, баъди маргаш медали "Эрдик" тақдим кард. Маркази матбуотии Ҷеенбеков хабар дод, ки 28 август президент фармони қадрдонии Усенбек Ниёзбековро имзо кардааст.

Муовини фармондеҳи неруҳои махсуси КДАМ-и Қирғизистон Усенбек Ниёзбеков рӯзи 7 август ҳангоми амалиёти боздошти Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош аз тири силоҳ кушта шуд. Ӯро 9 август дар наздикии шаҳри Бишкек ба хок супурданд. 14 август мақомоти Қирғизистон аз боздошти гумонбари қатли Ниёзбеков хабар доданд.

Русия интиқоли қисмҳои эҳтиётии С-400-ро ба Туркия идома медиҳад

Туркия аз ибтидои соли оянда метавонад, маҷмаи мушакии С-400-и истеҳсоли Русияро кор фармояд. Русия ваъда додааст, ки то он замон низомиҳои туркро омӯзиш хоҳад дод. Интиқоли қисмҳои эҳтиётии мушакҳо ба Анқара 27 август идома кард.

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия рӯзи сешанбе ба Москва омад. Владимир Путин, президенти Русия тирандозҳои Су-57-ро ба Эрдуғон нишон дод. Пештар аз ин хабар расид, ки Туркия мумкин аст, аз Русия ҳавопаймо бихарад. Роҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

"Гуфтугӯҳо на танҳо марбут ба бахши низомӣ буданд, балки бахшҳои шаҳрвандӣ, кайҳон, ҳавонавардиро ҳам дар бар гирифтанд",-гуфт Путин. Вай афзуд, соддасозии низоми раводид байни Русияву Туркия баррасӣ мешавад. Эрдуғон гуфт, гардиши мол байни ду кишвар бояд аз 25 миллиард доллари кунунӣ ба 100 миллиард расонида шавад.

Путин пешниҳод кард, ки барои ҳалли буҳрони Сурия бояд ба барқарории субот "дар замин" таваҷҷуҳ кард. Туркия пофишорӣ дорад, ки Русия аз пуштибонии неруҳои Асад дар вилояти Идлиб худдорӣ варзад.

Моҳи июли соли ҷорӣ Туркия хабар дод, ки ба харидани низоми мушакии С-400 аз Русия шуруъ кардааст.

Вашингтон таҳдид дорад, ки зидди Анқара ба далели ҳамкорӣ бо низомиҳои Русия таҳриҳ ҷорӣ хоҳад кард. Пештар аз ин ИМА аз интиқоли бомбаафканҳои F-35 ба Туркия худдорӣ варзид. Мақомоти ИМА инро ба ҳамкориҳои Туркия бо Русия рабт доданд.

Вишинский ба шарти берун нарафтан аз Украина озод шуд

Кирилл Вишинский

Додгоҳи Киев ҳукм кард, ки журналисти рус Кирилл Вишинский метавонад ба шарти тарк накардани маҳалли зист дар озодӣ ба сар барад. Ӯ то ин замон дар боздоштгоҳ буд.

Ҳукми додгоҳ рӯзи 28-уми август содир шуд. Ин хабарро расонаҳои русӣ нашр карданд.

Кирилл Вишинский, раиси дафтари хабаргузории РИА Новости дар Украина, моҳи майи соли 2018 бо иттиҳоми хиёнат дастгир шуд. Ба ӯ 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Киев Вишинскийро ба он муттаҳам кард, ки дар ҷангҳои гибрид ё интернетии таблиғотии Русия зидди Украина иштирок кардааст.

Ҷангҷӯёни Толибон дар Ҳирот 14 полиси афғонро куштаанд

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ҷангҷӯёни Толибон рӯзи 28-уми август камаш 14 полиси тарафдори ҳукуматро дар ғарби ин кишвар куштанд.

Абдулаҳад Вализода, сухангӯи полиси Ҳирот, гуфт, ҳодиса пас аз ҳамлаи нерӯҳои зиёди Толибон ба гузаргоҳи амниятӣ дар минтақаи Чордараи вилояти Ҳирот рух додааст.

"Дар рафти даргириҳо ҳадди ақал нӯҳ нафари дигар маҷрӯҳ шуд ва пас аз пурзӯр шудани нерӯҳои афғон ҷангҷӯёни Толибон ақибнишинӣ карданд", -- гуфт Абдулаҳад Вализода.

Ӯ афзуд, шумораи ҷангҷӯёни кушташуда номуайян аст.

Гуфта мешавад, мақомоти амрикоӣ ва Толибон пас аз чанд моҳи гуфтушунидҳо ба созише наздик мешаванд, ки бар пояи он Иёлоти Муттаҳида ба ивази ваъдаи Толибон нирӯҳояшро аз Афғонистон мебарорад. Ваъдаи Толибон ин аст, ки ба гурӯҳҳои дигари ифротгарои исломӣ иҷозат намедиҳанд дар ин кишвар паноҳ баранд.

Дар хабари дигар гуфта мешавад, ки дар шарқи вилояти Нангарҳор рӯзи 27-уми август дар таркише як устоди донишгоҳ кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд.

Толибон масъулияти ҳамлаи Ҳиротро ба дӯш гирифтанд, аммо ҳамлаи Нангарҳорро, ки ҳам Толибон ва ҳам бахши маҳаллии гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" фаъол ҳастанд, касе ба дӯш нагирифтааст.

РАО/РО аз Тоҷикистон хост, хабарнигоронашро сабти ном кунад

Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Озодӣ ҳангоми мулоқот бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Душанбе. 27-уми августи 2019

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, пас аз мулоқот бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 27-уми август гуфт, аз имконоти матбуоти мустақил барои фаъолоияти озодона дар кишвар, аз ҷумла хабарнигорони Радиои Озодӣ ва ТВ "Настоящее время", нигарон аст.

Ҷейми Флай дар як сафари минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ қарор дорад. Ӯ рӯзҳои 26-27-уми август дар Душанбе бо мақомоти тоҷик, ҷомеаи журналистӣ ва кормандони дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе мулоқот кард.

​Дар изҳороти РАО/РО омадааст, Ҷеймӣ Флай дар мулоқот ба вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба таври ошкор баён дошт, ки Радиои Озодӣ дар бораи ҳар кишваре, ки гузориш медиҳад ва ҳар кишваре, ки дар он бюро дорад, меъёрҳои рӯзноманигориро риоя мекунад.

"Мо бетарафии худро ҳифз мекунем. Имкон медиҳем, ки назарҳои гуногуни сиёсӣ шунида шаванд", - гуфтааст Ҷейми Флай.

Президенти Радиои Озодӣ ҳамчунин умедворӣ кардааст, "ҳукумат ҳам инро дарк мекунад, ки ба нафъи ҳукумат аст, то мардуми тоҷик аз доираи васеътари назарҳои сиёсӣ огоҳ бошад".

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба нашри хабари мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Ҷейми Флай шоми сешанбе гуфт, ду ҷониб роҷеъ ба масъалаи фаъолияти Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ва ҳамчунин нақши расонаҳо дар ҳаёти ҷомеа гуфтугӯ кардаанд.

Дар хабарномаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамчунин омадааст, Сироҷиддин Муҳриддин "зимни таъкид бар зарурати риояи озодии сухан ва матбуот, ба масъулияти расонаҳо дар ҳифзи сулҳу оромиш дар ҷомеа ишора намуд".

Дар ҳоли ҳозир ҳашт хабарнигору кормандони дигари Радиои Озодӣ бинобар надоштани иҷозатномаи кор аз сӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, аз идомаи фаъолият маҳрум мебошанд.

Ду нафари онҳо хабарнигороне ҳастанд, ки нав қабул шуданд ва панҷ тани дигар мунтазири тамдиди аккредитатсияи худ ҳастанд. Як нафар аз соли 2017 мунтазири тамдиди иҷозатномаи кор аст. Аз моҳи июни имсол наворбардор Бароталӣ Назаров (Барот Юсуфӣ) низ аз ҳаққи фаъолият маҳрум шуд.

Дар соли 2016 низ пас аз нашри як мақола дар мавриди мақоми нави яке аз духтарони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати умури хориҷӣ, ин вазорат аккредитасияи шаш корманди Радиои Озодиро бозхонд карда буд.

Ҳамчунин дастрасӣ ба саҳифаи Радиои Озодӣ ва Фейсбуки он дар пасманзари мақолаҳо роҷеъ ба мухолифони сиёсӣ ва фасод, маҳдуд шуда буд.

Президенти Узбекистон 65 зиндониро авф кард

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар остонаи Рӯзи истиқлоли он кишвар фармон "Дар бораи авфи гуруҳе, ки аз кардаашон содиқона пушаймон шуда ва дар роҳи ислоҳшавӣ қарор доранд"-ро рӯзи 27 август имзо кард.

Дар асоси ин фармон, 65 зиндоние авф шуданд, ки дар маҳбасҳо адои ҷазо мекунанд.

Аз ин шумор 17 тан комилан озод, 13 тани дигар шартан авф шудаанд. Ҷазо нисбати 20 маҳбуси дигар сабуктар шуда, 15 каси дигар аз ҷазо дар намуди ҳабс озод шудаанд.

Миёни авфшудагон 4 зан, як шаҳрванди аз 60-сола боло, як шаҳрванди хориҷӣ, 39 шаҳрванде, ки дар созмонҳои мамнуъ аъзо буданд, ҳастанд.

Давоми 3 соли охир дар Узбекистон ҳафт маротиба авф татбиқ ва 3952 маҳбус озод шудааст.

Дар Руминия шабакаи қочоқи кӯдакон ошкор шуд

Муқоваи гузориши Департаментии давлатии ИМА оид ба қочоқи инсон дар соли 2009

Мақомоти Руминия гуфтанд, ки дар минтақаи шимолуғарби Марамуреши ин кишвар шабакаеро ошкор ва боздошт карданд, ки гӯё давоми панҷ соли охир бо қочоқи инсон, аз ҷумла, ба ғуломӣ водор кардани кӯдакон ва азияту озори онҳо машғул буд. Раёсати таҳқиқи ҷиноятҳои созмонёфта ва терроризм рӯзи 27 август дар ҳашт манзили маҳаллӣ рейде барпо кард, ки барои таҳқиқи нақши 8 нафари гумонбар дар қочоқ ва азияти кӯдакони олмонӣ равона шуда буд. Ин раёсат мегӯяд, ки гӯё атфоли 12 то 18-сола аз ғизо маҳрум буданд ва кори иҷборӣ мекарданд. Як маҷаллаи маҳаллӣ гуфт, ки баъзе кӯдакон дар фикри худкушӣ ҳам буданд. Дар миёни гумонбарон як ҷуфти ҳамсарон аз Олмон ҳам мебошад.

Онҳо масъули барномаи кӯдакони душвортарбия дар Марамуреш буда, бар асоси хулосаҳои пешакии раёсати тафтишот, дар саргаҳи ҷинояти қочоқу азияти кӯдакон қарор доштанд. Барномаи кӯмак ба атфоли душвортарбия бо иҷозатномаи вазорати кори Руминия фаъолият мекард. Гумон меравад, ки азияти кӯдакон аз соли 2014 то моҳи августи имсол идома доштааст. Ин раёсат мегӯяд, «дар асл кӯдакони хурдсол дар ҳолати гаравгон ба сар мебурданд, аз имкони муошират бо аъзои оилаашон ва дигарон ва ҳам мақомоти Руминия маҳрум буданд. Ин кӯдакон бо баҳонаи тарбия дар асл дар хонаву хоҷагиҳои сокинони маҳаллӣ ва ҳам афроди наздик ба гурӯҳҳои ҷиноӣ бо корҳои сангин машғул буданд».

Тоҷикистон дар миёни 20 кишваре, ки иқтисодашон рушд накардааст

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул, Тоҷикистон ба гуруҳи кишварҳои бистгонае шомил аст, ки иқтисодашон рушд накардааст.

Кишвар аз нигоҳи ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ё худ мизони истеҳсоли маҳсулот ва хидматрасонӣ дар соли 2018 дар миёнаҳои рӯйхате қарор дорад, ки шомили 200 кишвар аст.

ММД-и Тоҷикистон дар соли 2018 7,5 миллиард долларро ташкил додааст, ки нишонди он қадар бад нест. Бар асоси ин нишондод, Тоҷикистон дар раддабандӣ аз баъзеи минтақаҳои Аврупо, аз ҷумла Лихтенштейн, Монако ё Гренландия мақоми болотаре дорад. Вале агар онро бар сари аҳолӣ тақсим бикунем, мақом тағйир меёбад.

Бинобар ин, Тоҷикистон аз ин нигоҳ дар миёни 195 кишвари дунё 175-умро касб мекунад. Маълумоти марбут ба иқтисоди Сомалӣ ва Сурия ба далели ҷанг дар он кишварҳо дастрас нестанд. Вале бо вуҷуди назардошти онҳо, Тоҷикистон ҳоло ба гуруҳи кишварҳои бистгонаи қашоқтарини дунё шомил аст.

Дар раддабандии мазкур аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ Қирғизистон мақоми наздиктар бо Тоҷикистонро дорад. Аммо нишондоди ММД-и ин кишвар бар сари аҳолӣ беҳтар аст. Агар ММД-и Тоҷикистон бар сари аҳолӣ 807 долларро ташкил диҳад, дар Қирғизистон он 1254 доллар аст. ММД-и Узбекистон 50,5 миллиард долларро ташкил дода, бар сари аҳолӣ 1326 доллар рост меояд.

Вижагии умумие, ки баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказиро ба феҳристи кишварҳои сигонаи ақибмондатарин шомил месозад, сатҳи баланди муҳоҷирати корӣ ва вобастагии иқтисоди онҳо аз пули муҳоҷирон аст.

Пулис: Рӯймолу риш ба кори дурбинҳои чеҳрашинос "халал" мерасонанд

Раёсати пулиси шаҳри Тошканд 27 август бо нашри як изҳорот иҷборан тарошидани риши садҳо мардеро шарҳ дод, ки рӯзҳои 23 ва 24 августи соли равон дар бозори "Малика"-и ноҳияи Шайхонтоҳур боздошт шуда буданд.

Дар изҳороти пулиси Тошканд, ки зери унвони "Риши касе иҷборан тарошида нашудааст ва низ нахоҳад шуд", омадааст, "дар пойтахти Узбекистон имрӯзҳо амалиёти нақшавии "Минтақаи амн" идома дорад ва дар ҷараёни он ба ҷойҳои таҷаммуи одамон, аз ҷумла хиёбони Сайлигоҳ, боғу гулгашт, фурӯшгоҳ ва бозорҳо диққати махсус дода мешавад".

"Дар иншоотҳои алоҳида барои назорат дурбинҳои ҳушманди чеҳрашинос насб шудаанд. Дар пойгоҳи иттилоот маълумоти шиносномаҳои биометрӣ шомил аст, ки дар он сокинон бе айнак, рӯймол ва риш акс гирифта шудаанд",-афзудааст Раёсати пулиси Тошканд.

Раёсат дар шарҳи боздоштҳои бозори "Малика" гуфтааст, дар бозори мазкур дар доираи як парвандаи марбут ба ҳолатҳои дуздии телефонҳо амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ҷараён дошт. ​"Мутаассифона ин гуна ҳолатҳо ҳанӯз ҳам ҷой дорад. Бархе аз сокинон новобаста аз шакли зоҳирияшон барои суҳбат даъват шуданд. Ҳарчанд бояд иқрор кард, ки шумори афроди ришдор дар бозор хеле зиёд аст",-омадааст дар изҳорот.

Бинобар ин, ба сокинон тавсия дода шудааст, ки симои худро дар шакле нигаҳ доранд, ки дар шиносномаҳо омадааст. Ба гуфтаи пулиси шаҳри Тошканд, боздоштҳои 23 ва 24 август ангезаҳои мазҳабӣ надоштанд.

Ёдрас мешавем, бархе аз соҳибкорони бозори "Малика" қаблан гуфта буданд, ки кормандони пулис дар ҷараёни як амалиёт садҳо марди ришдорро боздошт карда ба шуъба бурданд ва танҳо пас аз тарошидани ришашон онҳоро озод карданд.

Дар ҳамлаи Толибон 14 узви нирӯҳои ҳукуматӣ кушта шуданд

7 август дар Ҳирот як бомба ҳам таркида буд

Ҷангиёни Толибон дар як задухӯрд дар ғарби Афғонистон рӯзи 28 август ҳадди аққал 14 узви нирӯҳои ҳукуматиро ба қатл расониданд. Абдулаҳад Вализод, сухангӯи полиси Ҳирот гуфт, ки шумори зиёди Толибон ба як посгоҳи амниятӣ воқеъ дар маҳаллаи Чаҳордараи ноҳияи Руботи Сангӣ юриш бурда якбора 14 нафарро куштанд. Ба гуфтаи Вализода, дасти кам 9 нафари дигар аз дасти Толибон маҷрӯҳ шуданд. Ӯ гуфт, ки шумори муайяне аз миёни Толибон ҳам дар ин ҳодиса ҷон доданд.

Мақомоти ИМА ва Толибон баъди чандин моҳи музокираҳо, ба марҳилаи ниҳоии гуфтугӯҳо наздик мешаванд. Бар асоси мувофиқаҳои онҳо, қарор аст ИМА ба берун кашидани нирӯҳо аз Афғонистон шурӯъ карда Толибон ваъда медиҳанд, ки дигар ҳеҷ навъ гурӯҳи ҷангиро ба хоки кишвар роҳ намедиҳанд.


Дар як ҳодисаи ҷудогонаи дигар дар Ҷалолобод, маркази вилояти шарқии Нангарҳор дар паи таркиши мошини бомбгузоришуда як профессори донишгоҳ кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд.

Толибон масъулияти ҳамла дар Ҳиротро ба дӯш гирифтанд, вале маълум нест, ки ҳодисаи Нангарҳор кори дасти кӣ буд. Дар ин минтақа ҳам ҷангиёни Толибон ва ҳам аъзои гурӯҳи “Давлати исломӣ” фаъол ҳастанд.

Ба сенатори мунаққиди Кремлин визаи Русия надоданд

Як сенатори мунаққиди Маскав гуфт, ки Русия ба ӯ барои сафар ба ин кишвар дар ҳайати аъзои дигари Конгресс виза надод. Сенатори демократ Крис Мӯрфӣ рӯзи 27 август дар вебсайти худ навишт, ки ҳукумати Русия додани визаро рад кард ва гуфт, ин як «шармандагӣ аст, ки Русия дар муколама манфиатдор нест».

Як рӯз пеш аз ин сенатори ҷумҳурихоҳ ва узви Кумитаи равобити хориҷӣ Рон Ҷонсон дар бораи айни чунин ҳодиса хабар дод. Дафтари Ҷонсон гуфт, ки раиси зеркумитаи Кумитаи равобити хориҷӣ оид ба ҳамкориҳои амниятӣ дар Аврупо ва минтақа қарор буд бо мақомоти Русия, соҳибкорони амрикоӣ ва ҳам созмонҳои маданӣ дидору гуфтугӯ анҷом диҳад. Мӯрфӣ гуфт, бо ин ки худро як мунаққиди шадиди Кремлин арзёбӣ мекунад, зарур медонад, ки дар чунин як марҳилаи пуршиддат боз ҳам муколамаҳо идома ёбад.

Ӯ бо таассуф изҳор кард, ки «ҳукумати Русия аз роҳи масдудкунии сафарҳои мо кишварашро боз ҳам бештар дар инзиво қарор медиҳад. Бо бекор шудани созиши боздорандаи тавсеаи силоҳҳо ва афзоиши мухолифатҳо ба режими худкомаи Владимир Путин, ин як марҳилаи бисёр хатарнок дар равобити байни ду кишвар буда, шармовар аст, ки Русия дар муколама манфиатдор нест».

Дар Узбекистон ҷарима барои кори маҷбурӣ даҳ баробар бештар шуд

Сенати Узбекистон тағйирот ба Кодекси ҷавобгарии маъмуриро қабул кард. Бар асоси ин тағйирот, ҷарима барои меҳнати маҷбурӣ боло бурда шуд.

Пештар аз ин Кодекси ҷавобгарии маъмурии Узбекистон ҷарима барои кори иҷбориро аз 1 то 3 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал муқаррар карда буд. Акнун ин нишондиҳанда аз 10 то 30 маоши ҳадди ақал муқаррар шуд.

Барои такроран содир кардани ин қонуншиканӣ аз 30 то 100 нишондиҳанда ҷарима пешбинӣ шудааст. Маҷбур кардани ноболиғон ба меҳнати иҷборӣ, бар асоси тағйироти нав, аз 30 то 50 маоши ҳадди ақал ҷарима дорад.

Бузургмеҳр Ёров номзад ба дарёфти Ҷоизаи Васлав Ҳавел шуд

Вакили дифои зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров номзад ба дарёфти Ҷоизаи солонаи ҳуқуқи башар ба номи Васлав Ҳавел шуд. Ин ҷоиза ҳамасола ба фаъолони ҳуқуқи башар дар Аврупо ва берун аз он дода мешавад.

Дар баробари Бузургмеҳр Ёров барои дарёфти ин ҷоиза дар соли 2019, инчунин Илҳом Тухтӣ, фаъоли ҳуқуқи башари уйғур аз Чин, ки дар зиндон ба сар мебарад ва низ созмони Youth Initiative for Human Rights, ки дар Балкан барои ҳуқуқи башар мубориза мебарад, пешниҳод шудаанд. Барандагони ин ҷоиза 30-юми сентябр эълон хоҳанд шуд.

Вакили дифои маъруф Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015, баъди омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҳизби дар Тоҷикистсон мамнуи Наҳзати исломӣ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири президент айбдор шуд. Додгоҳ соли 2017 ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Ҷоиза аз сӯи Китобхонаи Васлав Ҳавел, Бунёди "Хартия-77" ва Маҷмаъи парлумонии Шӯрои Аврупо таъсис дода шудааст. Маблағи он 60 000 евроро ташкил медиҳад ва ҳар сол ба афроди алоҳида ва созмонҳои фаъол дар масъалаи ҳимоят аз ҳуқуқи башар дода мешавад.

Ин ҷоиза аз соли 2013 то ба ҳол ба Алес Биалиатский (Белорус), Анор Маммадлӣ (Озарбойҷон), Людмила Алексеева (Русия), Нодия Мурод (Ироқ) ва Мурод Арслон (Туркия) тақдим шудааст.

Ин ҷоиза ҳар сол моҳи октябр эъто шуда, ба маҳзи муборизаи тӯлонии Васлав Ҳавел барои демократия ва ҳуқуқи башар ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст. Ин адиби дигарандеши чех, ки бо намоишномаҳои театриаш маъруф буд, дар даврони коммунистҳо таҳти таъқиби тӯлонӣ қарор дошт. Ӯ баъди суқути коммунизм раисиҷумҳури Чехословакия ва баъди ҷудо шудани он ба ду кишвар нахустин раисиҷумҳури Чехия шуд. Ҳавел соли 2011 дар синни 75 даргузашт.

Парвандаи Отамбоев: қарори ҳабси баъзе аз дороиҳо бекор шуд

Додситонии кулли Қирғизистон мегӯяд, ҳабси 20 иншооте, ки дар доираи парвандаи президенти пешин Алмосбек Отамбоев сурат гирифта буд, бекор карда шуд.

Аз ҷумла, қарори ҳабси бинои зисти бисёрҳуҷрагӣ дар маҳаллаи Ҷал-23-и шаҳри Бишкек, 18 ҳуҷраи он ва бинои "Иттиҳодияи радио ва телевизион", ки яке аз муассисонаш телевизиони "Апрел" аст, бекор шуд.

Дар Қирғизистон дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани саркардаи олами ҷиноӣ Азиз Батукаев ҷамъан 135 иншооту дороиҳои Отамбоев ва наздиконашон ба ҳабс гирифта шудаанд.

Дар ҳоли ҳозир санҷиши дороиҳои марбут ба Отамбоев ва наздиконаш идома дошта, ҳолатҳои ғайриқонунии дигар ҷустуҷӯ мешаванд.

Додситонии кулли Қирғизистон ваъда додааст, ки пас аз ба поён расидани тафтишот рӯйхати ниҳоии амволи ҳабсшудаи президенти пешин ва наздиконашро нашр хоҳад кард.

Алмосбек Отамбоев 8 август дар зодгоҳаш - деҳаи Кой-Тош боздошт ва то 26 август ба ҳабс гирифта шуд. Вале додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек муҳлати ҳабси вайро то ба 26 октябр дароз кард.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи Слесарев, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

Мақомот мағозаи соҳибкори "ҷабрдида"-ро таъмир карданд

Мақомоти ноҳияи Яккабоғи Узбекистон бинои дуошёнаи соҳибкор Баҳриддин Исомовро таъмир карданд, ки рӯзи 20 июли соли ҷорӣ ба сару рӯи муовини раиси ноҳия Мансур Туймаев бензин пошинда, оташ зада буд. Туймаев барои хароб кардани бинои соҳибкор омада буд.

"Дар рӯзи ҳодиса ҳамаи ашёи биноро ба кӯча бароварда буданд. Биноро ба тахриб омода карданд. Аммо рӯзи дигар, баъди ҳарфҳои президент, касе ба бино наздик нашуд. Баръакс, мақомот биноро дубора таъмир карданд. Инҷо мағоза ва сехи дузандагӣ фаъолият мекунад. Мақомот биноро ройгон таъмир карданд",-гуфт як сокини Яккабоғ.

Мақомот ҳам ин хабарро тасдиқ, аммо харҷи кардаашонро ошкор накарданд.

Соҳибкор Баҳриддин Исомов бо оташ задани муовини раиси ноҳия, талош дошт, амволашро аз тахриб ҳифз кунад. Соҳибкор гуфт, барои сохтани бино аз бонк қарз гирифта, ҳанӯз онро барнагардонидааст.

Мансур Туймаев, муовини раиси ноҳия дар бемористон бистарӣ ва соҳибкор боздошт шуд. Додситонӣ нисбати вай бо моддаи "Қасди куштори барқасдона" парванда боз кард.

Макрон аз нишасти чаҳоргона дар робита ба Украина хабар дод

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса хабар дод, ки роҳбарони Русия, Украина, Олмон ва Фаронса моҳи оянда бо ҳадафи хотима додан ба низоъ дар шарқи Украина мулоқот мекунанд.

Макрон рӯзи 26 август гуфт, "мо бар ин назарем, ки шароит барои баргузории гуфтугӯи судманд фароҳам шудааст". Вай афзуд, нишасти чаҳоргона моҳи сентябр баргузор хоҳад шуд, аммо аз санаи дақиқе ёд накард.

Низоъ дар шарқи Украина миёни неруҳои ҳукуматӣ ва ҷудоиталабони русиягаро аз замони ғасби Қрим аз сӯи Русия дар соли 2014, идома дорад.

Макрон дар остонаи саммити "Ҳафтгонаи бузург", ки рӯзҳои истироҳатии гузашта дар Фаронса баргузор шуд, бо роҳбари Украина Владимир Зеленский ва президенти Русия Владимир Путин мулоқот кард.

Баъди ғасби Қрим Русия аз ҳаққи ширкат дар саммитҳои "Ҳафтгонаи бузург" - пешгомони иқтисоди ҷаҳонӣ - маҳрум шуд. Макрон баъди мулоқоти рӯзи 19 август бо Путин гуфт, ки бо сари қудрат омадани Зеленский дар Украина "имконияти воқеӣ" барои ҳалли низоъ дар он кишвар фароҳам шудааст.

Ахиран Зеленский бо Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод ва ҳамзамон пешниҳоди мулоқот кард. Москва гуфт, ҳавасманди идома додани гуфтугӯҳои сулҳомез ҳаст.

Аз замони шуруи низоъ дар шарқи Украина дар соли 2014 бештар аз 13 ҳазор одам кушта шудааст. Ҳамзамон наздики 1,5 миллион сокини дигар маҷбур ба тарки манзилҳояшон шудаанд. Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва кишварҳои дигар ба далели нақши Москва дар низоъи шарқи Украина, нисбати Русия таҳрим ҷорӣ карданд.

Якшанбе – дарс, шанбе – истироҳат. Оғози соли нави хониш дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хонандагон ва омӯзгоронро рӯзи якшанбеи якуми сентябр ба мактаб даъват кардаанд.

Мақомот мегӯянд, бо вуҷуди он ки якуми сентябр ба рӯзи якшанбе рост омада, истироҳат аст, дар Тоҷикистон рӯзи дониш баргузор хоҳад шуд.

“Ба ҷойи он, рӯзи 7-уми сентябри соли 2019 (шанбе) рӯзи истироҳат муқаррар карда шавад”, -- гуфта шудааст дар як дастури Вазорати маориф ва илм.

Аз масъулони идораҳои маориф дар минтақаҳои кишвар низ талаб кардаанд, ки рӯзи якуми сентябр ҳузури хонандагону омӯзоронро дар мактаб таъмин намоянд.

Ин тасмими Вазорати маориф ва илм аз ҳоло дар шабакаҳои иҷтимоӣ боис ба вокунишҳои гуногун шудааст. Бархе онро поймол кардани ҳуқуқи омӯзгорону хонандагон донистаанд.

Солҳои охир мақомоти маорифи Тоҷикистон чанд тасмиме гирифтанд, ки дар ҷомеа баҳсҳои зиёдеро ба по кард. Аз ҷумла, соли 2017 бо вуҷуди он ки соли нави хониш ба рӯзи иди қурбон рост омад ва дар тақвим рӯзи итсироҳатист, хонандагонро ба мактаб бароварданд.

Сокинон аз ин тасмимҳо интиқод мекунанд, мақомот онро дуруст мешуморанд.

Дар Тоҷикистон шумораи хонандагони мактабҳо ба 1 миллиону 900 ҳазор мерасад.

Трамп гуфт, Путинро ба нишасти соли оянда даъват мекунад

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 26-уми август такрор кард, ки Владимир Путинро ба саммити калонтарини иқтисодии ҷаҳон даъват мекунад, сарфи назар аз он ки Маскав соли 2014 барои ишғоли Қрим аз Украина аз гурӯҳ берун карда шудааст. Нишасти Гурӯҳи 7 (G7) соли оянда дар Иёлоти Муттаҳида баргузор хоҳад шуд.

“Ман, албатта, ӯро даъват мекунам”, -- гуфт Трамп дар поёни нишасти “ҳафтгона”, дар осоишгоҳи соҳилии ҷанубу ғарбии Биарритс дар Фаронса.

“Новобаста аз он ки ӯ омада метавонад ё не, аз назари равоншиносӣ, фикр мекунам, кори душворе аст”, -- гуфт Трамп ва афзуд, "ӯ шахси боғурур аст."

Трамп дар як ҳафта дар Биарритс бори дуввум аст, ки ба тарафдории иҷозаи баргаштани Русия ба G7 сухан гуфт. "Ман албатта инро дастгирӣ мекунам", -- гуфт ӯ рӯзи 21-уми август ба хабарнигорон дар Кохи Сафед.

Вай афзуд, "баргаштани Русия хеле муносиб аст. Ин бояд G8 бошад, зеро бисёре аз он чизҳое, ки мо дар бораи он сӯҳбат мекунем бо Русия вобастагӣ доранд."

Трамп дар бораи баргаштани Русия ба ин гурӯҳ гуфт, "агар касе ин корро кунад, ман албатта бечуну чаро дар ин бора фикри нек мекунам."

Русия пас аз ҳамла ва ишғоли Қрими Украина дар соли 2014 аз қолаби кӯҳна G8 берун карда шуд. Хадамоти иктишофии ИМА мегӯянд, ки Маскав ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 дахолат кардааст.

Раҳбари Русия Владимир Путин инчунин ба супориш додани куштори мухолифон дар кишвар ва берун аз он, аз ҷумла дар Бритониё ва дигар ҷойҳои Аврупо айбдор мешавадю. Худи ӯ ин иттиҳомотро рад мекунад.

Ҳамсари Отамбоев иҷоза ёфт бо шавҳараш мулоқот кунад

Раиса Отамбоева, бо шавҳараш Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон мулоқот кард, ки айни ҳол дар боздоштгоҳ нигаҳдорӣ мешавад. Сергей Слесарев, вакили мудофеи Отамбоев гуфт, мулоқот 23 август баргузор шуд. Вакили мудофеъ афзуд, ӯ низ бо Отамбоев мулоқот мекунад ва президенти пешин дар ҳолати хуб қарор дорад.

Рӯзҳои 7-8 август дар деҳаи Кой-Тоши ноҳияи Аламудини Қирғизистон "амалиёти иҷборан ба бозпурсӣ овардани президенти пешин Алмосбек Отамбоев" сурат гирифт. Бо қарори додгоҳ, вай то 26 октябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи Слесарев, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

Рӯҳонӣ: Гуфтугӯ бо ИМА танҳо баъди лағви таҳримҳо имконпазир аст

"То замоне, ки Вашингтон таҳримҳои зидди Теҳронро бекор насозад, Эрон бо ИМА вориди гуфтугӯ намешавад", -гуфт Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи сешанбеи 27-уми август зимни маросиме дар Теҳрон.

Президенти Эрон ба ин тартиб ба изҳороти ҳамтои амрикоияш, Доналд Трамп посух дод. Трамп дар нишасти хабарие баъди анҷоми нишасти "Ҳафтгонаи бузург" гуфт, эҳтимол дорад, барои танзими нофаҳмиҳо атрофи барномаи ҳастаии Теҳрон, бо президенти Эрон мулоқот кунад.

Трамп рӯзи душанбе гуфт, омода аст, ки дар сурати мавҷудияти шароит, бо ҳамтои эрониаш барои бартарафсозии нофаҳмиҳо оид ба созишномаи ҳастаии соли 2015 мулоқот кунад. Ба иттилои Reuters, дар ҳоли ҳозир имкониятҳои боз кардани сармоягузорӣ ба иқтисоди Эрон баррасӣ мешавад.

Ҳамла ба сокинони Алмато бо банди "Қасди куштор" таҳқиқ мешавад

Пулиси шаҳри Алматои Қазоқистон гуфт, яке аз гумонбарони ҳамла ба анбуҳи сокинони маҳаллиро, ки се захмӣ бар ҷой гузошт, боздошт кардааст.

Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба муовини сардори бахши тафтишотии пулиси Алмато Думан Аухадиев навиштанд, ки тафтиши ҳодисаи мазкур бо банди "Қасди куштор" оғоз шудааст.

Гумонбар, соли таваллудаш 1995 сокини вилояти Алмато буда, бо мошини сафеди Toyota Camry ба одамон ҳамла кардааст.

Ҳодиса 26 август дар чорроҳаи Гагарини ноҳияи Бостандик рух додааст. Миёни ронанда ва сокинон баҳси лафзӣ сар мезанад ва дар натиҷа ронанда бо мошин онҳоро пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.

Раиси додгоҳро барои латтукӯби зертобеаш $2 ҳазор ҷарима карданд

Раиси Додгоҳи вилояти Навоии Узбекистон Отабек Тошев барои латтукӯби як зертобеаш 20 227 000 сӯм ( $2,1 ҳазор) ҷарима шуд. Додгоҳи вилояти Қашқадарёи Узбекистон 12 август ҳамчунин Тошевро аз ҳаққи ишғоли вазифаҳои расмӣ, аз ҷумла кор дар мақомоти додгоҳӣ, ҳифзи ҳуқуқ ба муҳлати 2 сол маҳрум кардааст.

Бино ба хабарҳо, Тошев зертобеи худ Дилшод Норовро 15 феврали соли равон барои иҷро накардани супоришаш зери мушту лагад қарор додааст. Дар натиҷа Норов осеб дида, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Додгоҳ Тошеви 43-соларо дар баромадан аз салоҳиятҳои худ айбдор донистааст. "Раиси додгоҳи Навоӣ бо ин амали худ обурӯи мақомоти додгоҳии Узбекистонро дар назди ҷомеа паст зад", - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

Ҷонсон: "Охири октябр аз ИА бо созишнома ё бе он, хориҷ мешавем"

Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, омодааст, бо Иттиҳоди Аврупо (ИА) то охирин дақиқаҳои пеш аз 31 октябр гуфтугӯ кунад. Ба гуфтаи Ҷонсон, агар то 31 октябри соли равон дар робита ба бурунрафти Бритониё аз ИА созише ҳосил нашавад, пас кишвараш иттиҳодро бидуни он тарк хоҳад кард.

Ҷонсон дар посух ба суоли хабарнигори Reuters, ки оё воқеан ҳам ӯ омодааст, то 31 октябр бо ИА гуфтугӯ кунад, изҳор дошт, "фикр мекунам, иттиҳод қасд дорад, ба имзои созишномаи нав дар охирин лаҳзаҳо розӣ шавад".

Порлумони Бритониё се бор созишномаи сарвазири пешини Бритониё Тереза Мэйро бо ИА рад кард. Ин се раъйгирии ноком бо истеъфои Мэй анҷомид. Ба гуфтаи хабаргузории Reuters, идома ёфтани буҳрони бурунрафти Бритониё аз ИА ба обрӯи Лондон ҳамчун яке аз марказҳои муътабари молии ҷаҳонӣ латма хоҳад зад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Гуфтугӯ бо Анваршоҳ Мирзоев дар бораи вазъи футболи тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:18 0:00
XS
SM
MD
LG