Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

27 арӯс дар Хатлон аз санҷиши бакорат гузаштанд

Дар 7 моҳи соли ҷорӣ 27 домоди ҷавон дар вилояти Хатлон баъди шаби аввали арӯсӣ ба ҳамсаронашон шубҳа карда, онҳоро барои исботи покдоманияшон ба тахшиси пардаи бакораташон ба Маркази ташхисию тиббӣ бурдаанд. Насиба Мирзалиева, духтури ташхисгар ва як масъули Маркази ташхиси тиббию додгоҳии вилояти Хатлон рӯзи 29 август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхис собит кард, ки ҳамаи 27 арӯсе, ки мавриди шубҳаи домодҳо буданд, бо касе ҷуз шавҳаронашон алоқаи ҷинсӣ надоштаанд.

Тибқи гузориши расмӣ, дар чаҳор моҳи соли 2018 дар Хатлон 12 домод барои санҷидани арӯсонашон ба ташхисгоҳ муроҷиат кардаанд. Ба гуфти духтурон, соли гузашта ҳолатҳое будааст, ки арӯсон низ гунаҳгор буда, пеш аз арӯсиашон амали ҷарроҳиеро анҷом додаанд. Духтарон бо анҷоми ҷарроҳӣ худро барои домодҳо бокира нишон медодаанд, вале хулосаи пизишкон барои домодҳо гуфта шудааст.

Мавзӯи бокирагии духтарони хона дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. Дар ҳолате, ки ба қавле арӯс “нодухтар” эълон мешавад, бархе хонаводаҳо арӯси навро пушти дар мекунанд. Бисёр духтарони хонавайроншуда худро шарманда эҳсос мекунанд ва ангуштнамои ҷомеа мешаванд. Ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани арӯсони бадномшуда ҳам сабт шудааст. Мунаққидони ин падида мегӯянд, санҷиши бокирагии духтар дар асл таҷрибаи мухолиф бо меъёрҳои ҳуқуқи башар аст ва ба ҳеҷ сурат набояд ба унвони меъёри покизагии духтар қабул шавад.

Аз ҷумла, мутахассисони СММ санҷиши бакоратро як ҳолати бисёр таҳқиромез меноманд ва мегӯянд, ки он ҳуқуқи занону духтаронро поймол мекунад ва ба сиҳҳатии таббиву равонии онҳо таъсири манфӣ мегузорад.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Идораи ҳуқуқи башар ва бахши СММ дар умури занон дар изҳороте моҳи октябри соли 2018 аз кишварҳои ҷаҳон даъват карданд, ки бояд таҷрибаи бисёр дардноку таҳқиромез ва осебгузори санҷиши бакорат, дар ҳолате, ки зарурати тиббии анҷоми чунин санҷиш вуҷуд надорад, бояд хотима дода шавад.

Тоҷикистон, аз назари онҳо, яке аз он кишварҳоест, ки мавзӯи бакорати духтарон ва нобоварии домодҳои ҷавон ба покдомании арӯсони ҷавон дар он то рафт дарднок мешавад.

Марказҳои махсуси тиббӣ чунин санҷишҳоро пеш аз арӯсии духтарҳо ҳам анҷом дода ба дасташон санад медиҳанд, ки пардаи бакорати духтар канда нашудааст. Ин ба маънои надоштани алоқаи ҷинсии ӯ мебошад.

Дар Киев нахустин ҷаласаи парлумони нав баргузор шуд

Дар Киев ҷаласаи нахустини Рада ё парлумони Украина баргузор шуд. 424 вакил савганд ёд кард. Дар маҷмӯъ, парлумони Украина аз 450 курсӣ иборат аст, вале дар ҳавзаҳои Қрими ишғошуда ва минтақаи берун аз назорати ҳукумати Украина дар Донбасс интихобот баргузор нашуд. Аксариятро дар парлумони Украина намояндагони ҳизби ҳокими «Хидматгори халқ» ташкил медиҳанд. Дар ҷаласаи аввали парлумонӣ президент Владимир Зеленский иштирок кард.

Онҳо 254 курсиро ташкил мекунанд. Дар ҷаласаи аввали парлумонӣ эълон шуд, ки аъзои ҳизби «Хидматгори халқ» эътилофи ҳокимро таъсис доданд. Ин ба он маъност, ки ин эътиилоф метавонад бидуни мувофиқа бо дигар аъзои маҷлис ба президент Владимир Зеленский номзадии нахуствазирро пешниҳод кунад. Бар асоси иттилои расонаҳо, нахуствазири ояндаи Украина метавонад Алексей Гончаруки 35-сола интихоб шавад, вале ҳанӯз қарори расмӣ дар ин замина содир нашудааст.

Нахуствазири собиқ Владимир Гройсман зимни суханронӣ дар баробари парлумон истеъфои ҳукумати қаблиро эълон кард. Ҷаласаи парлумонро президиуми муваққатӣ ва пешвои ҳизби «Хидматгори халқ» Дмитрий Разумков раҳбарӣ карданд. Интизор меравад, ки Разумков раиси нави парлумон интихобот мешавад.

Дар парлумон 6 фирқа ва гурӯҳҳо таъсис шудааст. Дар баробари “Хидматгоди халқ”, инчунин “Платформаи мухолифини барои зиндагӣ”, “Ҳамраъйии аврупоӣ”-и Петро Порошенко, “Батковшина”-и Юлия Тимошенко, “Голос”-и Святослав Вакарчук ва гурӯҳи вакилони мустақили “Барои оянда” таъсис шуданд.

Шаҳрдори собиқи Теҳрон пас аз 3 моҳи қатли ҳамсараш озод шуд

Додгоҳ, 22 июни соли 2019. Вакили дифоъ Ҳамид Ризо Гударзӣ ва Муҳаммад Алӣ Наҷафӣ

Собиқ шаҳрдори Теҳрон, ки барои қатли ҳамсари дуюмаш ба ҳукми марг маҳкум гардид, рӯзи 28 август баъди он ки хонаводаи қурбонӣ гуноҳашро бахшид, ба озодӣ баромад.

Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба вакили дифои ӯ Ҳамид Ризо Гударзӣ гуфтанд, ки Муҳаммад Алӣ Наҷафӣ бо васиқаи тахминан 240 ҳазор доллар озод шуд. Наҷафӣ, ки инчунин ба хотири доштани силоҳи ғайриқонунӣ ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд, ба бозбинӣ шудани ин ҳукм муроҷиат кардааст.

Муҳаммад Алӣ Наҷафии 67-сола рӯзи 28 май ҳамсари дуюми худ Митро Устоди 35-соларо дар хонааш дар як маҳаллаи Теҳрон ба қатл расонид. Полис ҷасади Устодро бо чанд осори тир дар қафаси синааш пайдо кард. Чанд соат баъди ин худи Наҷафӣ ҳам ба полис таслим шуд. Ӯ гуфт, ки онҳо дар зиндагӣ ихтилофи назар доштанд.

Бар асоси Кодекси ҷиноии Эрон, дар сурати қасдан куштани инсон, хонаводаи қурбонӣ метавонад аз қотил хунбаҳо талаб кунанд ва ҳам ӯро бубахшад. Бародари Митро Устод дар Инстаграми худ навишт, ки тасмими хонавода ин шуд, ки Наҷафиро бидуни талаби хунбаҳо мебахшанд. Ин ба он маъност, ки Наҷафӣ эъдом намешавад ва ҳам хунбаҳои қатли ҳамсарро пардохт намекунад. Ба иттилои вакили дифои Наҷафӣ, баъди ин қарор додгоҳ розӣ шуд, ки бо сабаби мариз будани зерҳимояаш ӯро ҳамчун ҳабси хонагӣ озод кунад.

Вале ҳукми Наҷафӣ онҳоеро хашмгин кард, ки барои ҷурмҳои сабук ва бештар сиёсӣ ҳукмҳои тӯлонии зиндон гирифтаанд. Аз ҷумла, ахиран бо як ҳукми додгоҳ зани 24-сола барои риоя накардани қоидаи пӯшидани ҳиҷоб ба 24 соли зиндон маҳкум шуд ва додрас ҳам гуфт, ки ин зан бояд пушти панҷара бимонад. Тарафдорони ин зан мегӯянд, ки низоми додгоҳӣ ба як қотил ва узви системаи ҳукумати Эрон иҷоза медиҳад, ки ба озодӣ барояд, вале барои як зан танҳо барои сарфи назар кардани ҳиҷоб ҳукми тӯлонии зиндон медиҳад.

Текебоев ва Чотонов ба озодӣ баромаданд

29 августи соли 2019

Дар додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек рӯзи 29 август мурофиаи таҷдиди назари парвандаҳои раҳбари ҳизби “Ота макон” Омурбек Текебоев ва собиқ сафир Дуйшонқул Чотонов шурӯъ шуд. Бо қарори додрас, шароити нигаҳдории гумонбарон тағйир дода шуд: ҳарду сиёсатмадор дар ҷараёни баррасии парвандаашон дар ҳабси хонагӣ, яъне дар озодӣ хоҳанд буд.

Текебоев ва Чотонов, ки аз соли 2017 ба ин сӯ дар зиндон буданд. Дар беруни бинои додгоҳ наздикону ҷонибдорони Текебоев бо шиору овезаҳо дар даст онҳоро истиқбол гирифтанд.

Рӯзи 21 август додгоҳи олии Қирғизистон парвандаи Текебоев ва Чотоновро ба баррасии дубора ба додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек фиристод. Додгоҳ гуфт, ки аз рӯи парвандаи онҳо ҳолатҳои нав ошкор шудааст. Соли 2017 бар асоси баёноти як соҳибкори рус Леонид Маевский оид ба додани пор дар ҳаҷми 1 миллион доллар, Омурбек Текебоев ва Дуйшонқул Чотонов ба 8 соли зиндон маҳкум шуданд. Худи сиёсатмадорон ин иттиҳомрот эътироф намекунанд ва худро қурбонии сиёсатҳои президенти собиқи ҳамакнун боздоштшуда Алмосбек Отамбоев меноманд.

Ҳалокати чаҳор нафар дар сохтмони маркази тиҷоратии Тошканд

Акс аз бойгонӣ

Дар ҷараёни сохтмони як маркази азими тиҷоратӣ дар Тошканд чор коргар кушта ва ду нафар захмӣ шуданд. Фоҷеа дар паи ба замин сарозер шудани як қолаби оҳании марбут ба сохтмон рух дод. Маъмурияти маркази тиҷоратии “Ривера” бо пахши хабар дар саҳифаи расмии фейсбукии худ 28 август, аз ҳодисаи рухдода изҳори таассуф кардааст. Ба навиштаи маъмурият, тамоми корҳои сохтмонӣ қатъ шуда, таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шудааст.

Дар Узбекистон модари се фарзанд худ ва хонаашро оташ зад

Сокини 31-солаи деҳаи "Чиялӣ"-и ноҳияи Чироқчии Узбекистон шаби 26 августи соли равон худро ҳамроҳи хонааш оташ задааст. Ба гуфтаи шоҳидон, ин зан он шаб се кӯдакашро барои бозӣ кардан ба кӯча фиристода, худро бо бензин оташ задааст. Дар шуъбаи пулиси Чироқчӣ гуфтанд, зан ба иллати он ки 90 дарсади баданаш сӯхта буд, 27 август дар беморхона ҷон бохт.

"Ӯ се кӯдак - 10-сола, 2-сола ва ширхора дошт. Яке аз ҳамсояҳо, ки ҳангоми баргашт аз саҳро нахустин шуда оташсӯзиро дид, гуфт, "вақте ба дохили хона даромадам, зан месӯхт. Вале на дод мезад ва на касеро барои кумак даъват мекард". Мард зуд болопӯшеро гирифта, ба болои зан ҳаво дода, оташро хомуш мекунад ва ба берун мебарояд, то хушдомани занро даъват кунад ва он замон дар хона оташе дида намешуд",-гуфт як ҳамсояи зан.

Ба гуфтаи ҳамсояҳо, вақте шавҳари зан пас аз тамоси онҳо ба манзили зисташ бармегардад, хона аллакай оташ гирифта буд. "Шавҳар ба зур занашро аз хона берун кард. Вале натавонист оташи хонаро хомуш кунад. Хонаи нав пурра ба коми оташ рафта, танҳо деворҳояш монданд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ҳамсояҳо занро он шаб зуд ба беморхона интиқол медиҳанд, вале субҳи 27 август ӯ ба ҳуш наомада, ҷон медиҳад. Дар додситонии Чироқчӣ гуфтанд, ки роҷеъ ба худсузии зан парванда боз ва санҷиш оғоз шудааст.

Ба гуфтаи ҳамсояҳо, зан нон пухта, дар бозор мефурӯхт ва шавҳараш бо корҳои мавсимӣ машғул буд. "Бархеҳо мегӯянд, ки зан пас аз ҷанҷол бо шавҳараш даст ба худсузӣ задааст. Вале ӯ ҳеҷ гоҳ аз шавҳари худ шикоят накарда буд. Мардум он рӯз диданд, ки шавҳараш ором бо дучарха ба куҷое мерафт. Ин мард низ мегӯяд, намедонад, ки ҳамсараш барои чи худро оташ зад",-изҳор дошт яке аз ҳамсояҳо.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мошинҳои оташнишонӣ низ он шаб вақте ба маҳалли ҳодиса омаданд, об надоштанд. "Оташнишонҳо омада, аз мардум пурсиданд, ки аз куҷо метавонанд, об гиранд. То рафтанд об оварданд, ки хона пурра маҳв шуда буд",-афзуд ӯ.

Маликаи Бритониё порлумони кишварашро ба танаффус фиристод

Маликаи Бритониё Елизавета II розӣ шуд, ки бо дархости сарвазир Борис Ҷонсон фаъолияти порлумонро қатъ кунад. Танаффус дар кори порлумон аз ҳафтаи дувуми моҳи сентябр шуруъ шуда, то 14 октябр давом мекунад.

Ба ин тартиб, ҳукумати Борис Ҷонсон имкон пайдо мекунад, бидуни муқовимати вакилон аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шавад, ки гуфта буданд, намегузоранд, кишварашон бе созиш аз Иттиҳод берун равад.

Ҳукумати Бритониё аз малика хоста буд, ки фаъолияти порлумон аз 10 сентябр қатъ кунад. Борис Ҷонсон гуфт, паёми малика, ки тибқи одат нақшаҳои марбут қонунгузории ҳукуматро эълом мекунад, рӯзи 14 октябр, ҳамагӣ ду ҳафта пеш аз санаи хориҷшавии Бритониё аз Иттиҳод баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, Бритониё 31 октябр аз Иттиҳод берун шавад. Дар ҳамин ҳол, Борис Ҷонсон мегӯяд, ба танаффус фиристодани порлумон ба хориҷшавӣ аз Иттиҳоди Аврупо рабт надорад.

Ҷон Беркоу, раиси Маҷлиси авом ин амали ҳукуматро "истибдоди конститутсионӣ" унвон кард. "Инро ҳар гуна, ки шарҳ диҳанд, комилан рушан аст, ки ҳадаф яке аст - монеъ шудан, то вакилон Брекзит (аз Иттиҳод хориҷ шудани Бритониё)-ро баррасӣ накунанд ва масъулиятҳояшонро дар муайян кардани самти ҳаракати кишвар иҷро нанамоянд... Ин сӯиқасд ба раванди демократия ва ҳаққи қонунгузорон ҳамчун намояндагони интихобшудаи мардум аст",-гуфт вай.

Мухолифон тасмим доранд, аз ин амали ҳукумат ба додгоҳ шикоят баранд. Аксари вакилони порлумони Бритониё зидди ба тундӣ хориҷ шудан аз Иттиҳоди Аврупо ҳастанд.

Ҷонсон - яке аз роҳбарони маъракаи Брекзит - моҳи июли соли ҷорӣ баъди он сарвазир таъйин гардид, ки дар интихоботи дохилии Ҳизби муҳофизакорон баъди истеъфои Тереза Мэй пирӯз шуд. Мэй бо Иттиҳоди Аврупо ба созиш расид, вале он созишро порлумон қабул накард ва Мэй маҷбур шуд аз курсии сарвазирӣ истеъфо диҳад.

Ҳоло Ҷонсон пойфишорӣ дорад, ки Бритониё дар ҳар сурат 31 октябр аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ хоҳад шуд. Ҳатто эҳтимол бидуни созиш. Вале пеш аз ба танаффус рафтан, вакилони порлумон ҳамагӣ чанд рӯз дар ихтиёр доранд, то аз хориҷшавии бидуни созиш пешгирӣ кунанд.

Бритониё бино бар натиҷаҳои раъйпурсии соли 2016, мебоист ҳанӯз 29 март аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шавад. Порлумон се маротиба созишномаи хориҷшавӣ аз Иттиҳодро рад кард. Ба ин тартиб, муҳлати хориҷшавӣ дар санаи 31 октябр таъйин шуд.

Мукофоти президент ба Шамсулло Соҳибов

Шамсулло Соҳибов ҳангоми гирифтани орден, шаҳри Душанбе, 28-уми августи соли 2019. Акс аз сомонаи президенти Тоҷикистон гирифта шудааст, ки дертар онро бардоштанд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми август ба чанде аз вазирон, намояндагони илму фарҳанг, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигарон ҷоизаҳои баланди давлатӣ супурд.

Дафтари матбуоти президент хабар дод, ки маросими супурдани ҷоиза ба истиқболи ҷашни истиқлол баргузор шуд. Дар миёни ҷоизадорони имсола шаш нафар, аз ҷумла соҳибкор ва домоди президент Шамсулло Соҳибов бо ордени “Шараф” (дараҷаи II) қадрдонӣ шуданд. Акси Шамсулло Соҳибов ҳангоми гирифтани ҷоиза рӯзи 29-уми август дар сомонаи президенти Тоҷикистон ва саҳифаҳои расмии он дар "Фликр" ва "Фейсбук" нашр шуд, аммо пас аз чанд лаҳза бардошта шуд.

Шамсулло Соҳибов муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст.

Дар феҳрасти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқии Кумитаи андози Тоҷикистон номи ӯ ба ҳайси муассиси Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Фароз" сабт шудааст.

Журналистони Маркази таҳқиқоти фасоду ҷиноятҳои муташаккилона (OCCRP) дар як гузориш дар моҳи июни соли 2018 гуфтанд, ширкати “Фароз” мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳури Тоҷикистон буда, як ширкати монополист дар бозори Тоҷикистон аст ва назорати бисёр соҳаҳои сердаромади кишвар, аз ҷумла фурӯши сӯзишворӣ ва ҷамъоварии шираи камолро дар ихтиёр дорад.

Дар иттилоияи расмии дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, ки аз шумора ва анвои ҷоизаҳо гузоиш додааст, шарҳи корнома ва хидматҳои барандаҳои ин ҷоизаҳо оварда намешавад. Аз рӯи аксҳои нашршуда дида мешавад, ки дар миёни мақомоти барандаи ҷоизаҳо мақомот ва кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ зиёданд.

Аз ҷумла, имрӯз раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири адлия Рустами Шоҳмурод, вазири маориф Нуриддин Саид, вазири рушди иқтисод Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе Шариф Назарзода, Ҳотам Маҷидзода, сардори раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва дигарон бо ҷоизаҳои баланди давлатӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар зимн, моҳи августи соли 2015 президенти Тоҷикистон ба духтараш Озода Раҳмон, ки он замон муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ буд, низ ордени “Шараф” (дараҷаи як) тақдим кардааст. Ҳоло Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон аст.

Матбуоти русӣ: Олеҳ Сентсов ба Маскав интиқол дода шуд

Ду хабаргузории русӣ гуфтанд, ки филмсози украинӣ Олеҳ Сентсов аз зиндони минтақаи дури Ямало-Ненетск ба шаҳри Маскав интиқол дода шуд. ТАСС ва Интерфакс дар нақли қавл аз манбаи беном рӯзи 29 август гуфтанд, ки Сентсов ба боздоштгоҳи рақами дуи шаҳри Маскав, ки бо номи “Зиндони Бутирская” маъруф аст, интиқол дода шуд.
Ин хабар дар ҳолест, ки рӯзи гузашта додгоҳе дар Украина журналисти маҳаллӣ Кирилл Вишинскийро ба шарти берун нарафтан аз макони зисташ озод кард.

Тибқи гузоришҳо, Киев ва Маскав ҳафтаҳои ахир дар мавриди табодули зиндониҳо дар музокира қарор доранд ва эҳтимол меравад дар ин чаҳорчӯб даҳҳо нафар озод шаванд.
Сентсов ба таври ошкоро зидди ишғол шудани нимҷазираи Қрим дар соли 2014 эътироз карда буд ва баъди ин бо иттиҳоми терроризм ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Худи ӯву тарафдоронаш ин иттиҳомро рад мекунанд.

Ҳукми зани тоҷик барои талбандагии кӯдаконаш дар Чеченистон

Додгоҳе дар Чеченистон як зани тоҷикро бо ҷурми маҷбур кардани фарзандони хурдсолаш ба талбандагӣ шартан аз озодӣ маҳрум кардааст. Сайёра Мамаёрова бо хонаводааш дар ноҳияи Ачхой-Мартанов зиндагӣ мекунад. Мақомоти додгоҳ гуфтаанд, ӯ дар ҳеч ҷой кор намекунад ва қаблан чанд дафъа ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. Вайро ба иҷро накардани масъулияташ дар тарбия ва таъмини фарзандон айбдор медонанд. Худи Мамаёрова ва ё вакили мудофеаш дар ин бора изҳори назар накардааст. Расонаҳои Чеченистон рӯзи 28-уми август навиштанд, бар асоси иттилои мақомоти тафтишотӣ, ӯ моҳи январи имсол гӯиё кӯдаконашро ба талбандагӣ маҷбур кардааст. Ҳукм ба иҷро даромадааст.

Болтон ба Молдова: Ба мубориза бо коррупсия комёбӣ мехоҳам

Мушовири амнияти миллии Амрико Ҷон Болтон баъди сафари дурӯза ба Украина, рӯзи 29-уми август бо ҳадафи баррасии “масоили амниятӣ” ба Молдова сафар мекунад. Ӯ як мақоми баландтарини амрикоист, ки баъди боздиди муовини президенти ИМА Ҷо Байден аз Кишинев дар соли 2011 ва котибони давлатӣ Мадрен Олбрайт ва Ҷеймс Бейкер дар солҳои 1994 ва 1992 ба Молдова меравад. Болтон дар нишасти хабарӣ бо нахуствазир Майя Санду дар Кишинев рӯзи 29-уми август гуфт:

“Аз номи ҳукумати ИМА мегӯям: Ба маъракаи зиддикоррупсионии шумо муваффақият орзу мекунам. Ин чиз барои ҷалби сармоягузорҳову шарикони тиҷоратӣ аз ИМА хеле муҳим аст, чунки онҳо ба системаи қавии қонунбунёд бовар доранд. Сохторҳои ҳукуматӣ бояд бомасъулият амал кунанд, то ки фазои озод аз коррупсия эҷод шавад. Аз ин рӯ, дастовардҳои шумо дар ин бахш на танҳо барои Молдова, балки ба ҳамкориҳо бо кишварҳои дигар таъсири зиёд хоҳад дошт."

Болтон дар идома гуфт, ки дар пасманзари таҳдидҳои амниятӣ дар минтақа, ИМА ба “тамомияти арзӣ ва истиқлолияти Молдова эътимоди зиёд дорад. Интихоби ояндаи кишвар ба дасти мардуми Молдова мебошад”, гуфт ӯ.

Санду гуфт, ки мизони кумакҳои ИМА ба бахшҳои дифоиву амниятии Молдова соле ба 15 миллион доллар расидааст ва ин кӯмакҳо, ба гуфтаи нахуствазир, барои ин кишвар хеле муҳим мебошанд.

Қарор аст дар Молдова Болтон инчунин бо ҳизби ғарбгарои “Платформаи имрӯза” ва ҳам ҳизби рӯ ба Русияи президент Игор Додон мулоқот кунад. Санду дар саҳифаи фейсбукии худ ҳафтаи гузашта навишт, ки “сафари як мақоми баландпоя аломати пуштибонии ҷиддӣ аз Молдова мебошад”.

Санду, ки дар гузашта дар Бонки Ҷаҳонӣ кор кардааст, гуфт, “Солҳои зиёд аст, ки Молдова дар инзиво мемонад ва дарҳо ба рӯи ин кишвар дар Вашингтон, Брюссел, Берлин... баста аст. Вале бо ин вуҷуд, вазъ тағйир ёфтааст ва шарикони хеле муҳим ба Молдова таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ва мо шоҳиди самимият, пуштибонӣ ва пешниҳоди ҳамкориҳо аз ҷониби онҳо мешавем”.

Баъди Молдова Болтон ба Минск сафар мекунад.

Сафари Болтон ба Молдова ва Беларус

Мушовири амнияти миллии ИМА Ҷон Болтон баъди сафари дурӯза ба Украина, рӯзи 29 август бо ҳадафи баррасии “масоили амниятӣ” ба Молдова сафар мекунад. Дар паи ин қарор аст ба Беларус ҳам биравад. Ӯ як мақоми баландтарини амрикоист, ки баъди боздиди муовини президенти ИМА Ҷо Байден аз Кишинев дар соли 2011 ва котибони давлатии ИМА Мадрен Олбрайт ва Ҷеймс Бейкер дар солҳои 1994 ва 1992 ба Молдова сафар мекунад. Болтон дар саҳифаи худ дар шабакаи Твиттер рӯзи 29 август навишт, ки ба тақвияти равобити иқтисодиву дипломатӣ бо Молдова “боумед менигарад”. Дар Молдова қарор аст мулоқоти ӯ бо нахуствазир Майя Санду баргузор шавад, ки аз ҳизби ғарбгарои “Платформаи имрӯза” намояндагӣ мекунад.

Санду дар саҳифаи фейсбукии худ ҳафтаи гузашта навишт, ки “сафари як мақоми баландпоя аломати пуштибонии ҷиддӣ аз Молдова мебошад”.

Санду, ки дар гузашта дар Бонки Ҷаҳонӣ кор кардааст, гуфт, “Солҳои зиёд аст, ки Молдова дар инзиво мемонад ва дарҳо ба рӯи ин кишвар дар Вашингтон, Брюссел, Берлин... баста аст. Вале бо ин вуҷуд, вазъ тағйир ёфтааст ва шарикони хеле муҳим ба Молдова таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ва мо шоҳиди самимият, пуштибонӣ ва пешниҳоди ҳамкориҳо аз ҷониби онҳо мешавем”. Болтон инчунин қарор аст, ки бо ҳизби рӯ ба Русияи президент Игор Додон ҳам дидору гуфтугӯҳо анҷом диҳад.

Тақдими ҷоизаи "Зарринтоҷ" ба Шукурҷон Зуҳуров

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии Порлумони Тоҷикистон мукофоти давлатии "Зарринтоҷ" дараҷаи 1 додааст. Маросими мукофотсупорӣ рӯзи 29 август дар Қасри раёсати ҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт.

Масъулини дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон рӯзи 29 август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мукофоти "Зарринтоҷ" дараҷаи 1-ро Эмомалӣ Раҳмон ба Шукурҷон Зуҳуров супоридааст.

Дафтари матбуотии президент дар ин бора ҳоло шарҳе надодааст. Ҳамасола дар остонаи Рӯзи истиқлол Эмомалӣ Раҳмон ба ходимони давлатӣ, шоирону нависандагон ва намояндагони касбу кори гуногун мукофотҳои давлатӣ месупорад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон савумин нафарест, ки соҳиби мукофоти давлатии "Зарринтоҷ" дараҷаи 1 мешавад. Пеш аз ӯ ин мукофот ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Си Ҷинпин, президенти Чин тақдим шуда буд.

Шукурҷон Зуҳуров 65-сол дошта, аз соли 2010 раиси Маҷлиси намояндагон мебошад. Ӯ аз соли 1990 дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фаъолият мекунад ва ҳам дар порлумон, ҳам дар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва ҳам дар сатҳи ноҳия кор кардааст.

Дар нахустин даври музокироти сулҳ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар апрели соли 1994 оқои Зуҳуров роҳбарии ҳайати ҳукуматро бар ӯҳда дошт. Аз соли 1993 то 1998 вазири меҳнати Тоҷикистон буд.

NYT: Чин ба воситаи LinkedIn ҷосусҳои хориҷиро ҷалб мекунад

Хадамоти махсуси Чин барои ҷалби ҷосусони хориҷӣ, аз ҷумла хидматчиёни пешин шабакаи махсуси иҷтимоии LinkedIn-ро истифода мебарад. Дар ин бора The New York Times бо истинод ба чандин манбаъ дар мақомоти иктишофии Амрико ва кишварҳои хориҷӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони нашрия, ба бисёре аз кормандони ниҳодҳои давлатӣ солҳои ахир дар Чин кори беҳтаре пешниҳод мешавад. Манобеъ мегӯянд, ин кор барои ҷалби ҷосусони тавонманд анҷом мешавад.

The New York Times мегӯяд, дар ИМА вақтҳои ахир боз шудани парвандаҳои марбут ба ҷосусӣ хеле зиёд шудааст. Аз ҷумла, як корманди пешини Идораи марказии иктишофиро баҳори соли равон 20 сол зиндонӣ карданд. Ба иттилои расонаҳо, ҳамкории ӯ бо мақомоти Чин ба воситаи LinkedIn оғоз гаштааст. Кормандони Вазорати умури дохилии Дания низ гуфтанд, аз ҷосусҳои эҳтимолии чинӣ паёмак дарёфт мекунанд.

Дар раҳбарияти шабакаи иҷтимоии мазкур гуфтанд, ки бо таҳлили саҳифаҳои сохта ниҳоди махсус машғул аст. Он аз манобеи гуногун, бо шумули ниҳодҳои давлатӣ маълумот ҷамъоварӣ мекунад

"Шаҳрдори Андиҷон ба далели аксҳои маҳрамона барканор нашудааст"

Дилмурод Раҳматуллоев.

Сухангӯи шаҳрдории Андиҷони Узбекистон Гулшаной Кучкарова мегӯяд, аксҳои маҳрамонаи дар Интернет нашршуда, ки нишон медиҳанд, шаҳрдори пешин Дилмурод Раҳматуллоев дар оғӯши зани бегонае хобидааст, сохта ҳастанд.

Дилмурод Раҳматуллоев, ки тайи чандин соли ахир шаҳрдори Андиҷон буд, 26 августи соли равон дар ҷаласаи ғайринавбатии вакилони маҷлиси шаҳрӣ аз мақом барканор шуд.

Яке аз иштирокдорони ҷаласа ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, раиси вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмонов сабаби барканории Раҳматуллоевро "роҳ додан ба хатогӣ ва шикояти сокинон" номидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи шаҳрдории Андиҷон, худи Раҳматуллоев аксҳои мазкурро сохта номидааст. "Замони нашри аксҳо ҳамроҳаш будам ва хеле дар ҳайрат буд. Ману Раҳматуллоев дарк кардем, ки аксҳо сохта ҳастанд ва маълум буд, касе мехоҳад, шаҳрдорро сиёҳ кунад",-афзуд ӯ.

Кучкарова дар посух ба суоли мо ки оё Раҳматуллоев барои муайян кардани муаллифони аксҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардааст, ё не, гуфт, дар ин бора хабар надорад.

Рӯзи 26 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ матни суҳбате нашр шуд, ки гӯиё бо Раҳматуллоев анҷом шудааст ва дар он нашри аксҳои мазкур кори дасти раиси вилояти Андиҷон гуфта мешавад. Ҳамчунин таҳдид шуда буд, ки Раҳматуллоев дар посух видеои амалҳои маҳрамонаи худи раиси вилояти Андиҷонро нашр хоҳад кард.

Вале Дилмурод Раҳматуллоев дертар бо нашри як изҳороти видеоӣ дар "Телеграм" гуфт, мусоҳиба сохта аст ва ӯ ин суханҳоро нагуфтааст.

Раҳбарияти "7 канал" рабт доштани амволи телевизион ба Отамбоевро рад кард

Раҳбарияти шабакаи телевизионии "7 канал", ки дороиҳояш дар доираи парвандаи президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҳабс шудаанд, талош дорад, фаъолияти шабака дубора аз сар гирифта шавад.

Мудири "7 канал" Олтинбек Жумаев гуфт, чанде пеш аз хориҷ ба ватан баргаштааст ва ҳоло талош дорад, муайян кунад, ки амволи шабака чаро ба ҳабс гирифта шудаанд.

"Телевизионро 16 август бастанд. Ҳоло мо кор намекунем. Иҷозатномаи пахши шабака ба "Форум" ва Отамбоев рабт дорад, вале амволи он аз Отамбоев нест", - афзуд Жумаев.

Додситонии кулли Қирғизистон 16 август рӯйхати дороиҳои ҳабсшудаи марбут ба Отамбоевро нашр кард. Амволи телевизиони "Апрел" ва бинои "Форум" дар шаҳри Бишкек низ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Алмосбек Отамбоев 8 август дар зодгоҳаш - деҳаи Кой-Тош боздошт ва то 26 август ба ҳабс гирифта шуд. Вале додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек муҳлати ҳабси вайро то ба 26 октябр дароз кард.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи Слесарев, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

Дар Қазоқистон Эътилофи даъват ба ислоҳот таъсис ёфт

Намояндагони чандин созмонҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Алмато 28 август аз таъсиси Эътилофи ташабусҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки ҳадафаш даъват ба ислоҳот ва бунёди давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқиву иҷтимоӣ дар Қазоқистон аст.

Аз таъсиси эътилоф Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон (ҲУСДҚ), гуруҳи "Ислоҳоти ВКД", "Маъданҳо ба мардум тааллуқ доранд" ва Иттиҳоди нозирони мустақил, ҷонибдорӣ карданд.

"Эътилоф ин як иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои тағйирот дар ҷомеа аст. Барои тағйирот роҳҳои классикии кор мавҷуд ҳастанд. Албатта, ин ҳамкории зич бо ҷомеа ва ҷалби фаъолон аз миёни ҷомеаи маданӣ аст. Ҳамчун раиси ҲСДҚ аз номи ҳизб тамоми шаҳрвандонро даъват мекунам, ки дар интихоботи порлумонии оянда иштирок кунанд",-гуфт раиси ҲУСДҚ Ёрмурод Бапӣ дар ин нишаст.

Интихоботи порлумонии навбатии Қазоқистон қарор аст, соли 2021 баргузор шавад. Вале нозирон мегӯянд, эҳтимол аст, он пеш аз муҳлати муайянкардаи қонун баргузор шавад.

Сарбози кушташудаи туркман "қурбони сарбозозорӣ" шудааст

Овезалӣ Экаев, сарбози 18-солаи артиши Туркманистон, ки рӯзи 20 август кушта шуд, қурбони муносибатҳои ғайриоинномавӣ шудааст.

"Овезалӣ Экаев, ки дар қисми низомии Балканобод адои хизмат мекард, қурбонии сарбозозорӣ шудааст. Онҷо як сарбози дигар ҳам фавтидааст. Сарбозони дигар нисбати онҳо бадрафторӣ кардаанд, ки дар натиҷа миёнашон низоъ бархоста, боиси марги ин ду сарбоз шудааст",-иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радио Озодӣ.

Намояндагони мақомоти низомӣ, ки ҷасади Овезалӣ Экаевро ба наздиконаш дода буданд, сабабҳои марги ӯро шарҳ надоданд. Экаев моҳи майи соли ҷорӣ ба артиш даъват шуд. Вай аз сиҳатиаш шикоят надошт.

Хешовандони сарбози фавтида гуфтанд, дар ҷасади вай нишонаҳои зиёди хушунатро мушоҳида кардаанд. "Чанд қабурға ва косахонаи сараш шикаста буд",-гуфт наздикони вай.

Дар ин бора дар артиши Туркманистон чораҷӯӣ шудааст. Чанд сарбоз боздошт ва бархе аз афсарон ба минтақаҳои дигар ирсол шудаанд.

Ихроҷи шаҳрвандони Узбекистон аз Финландия бинобар дипломҳои тақаллубӣ

Хадамоти муҳоҷирати Финландия баҳору тобистони соли ҷорӣ 139 шаҳрванди Узбекистонро аз кишвар ихроҷ кардааст. Ба навиштаи расонаҳои финландӣ, 219 шаҳрванди дигари Узбекистон дар ояндаи наздик ихроҷ хоҳанд шуд.

Ба ҷуз ин, дархости 258 зодаи Узбекистон барои дарёфти визаи корӣ рад шудааст. Дар шаш моҳи охир танҳо 42 тан аз узбекистониҳо тавонистаанд, ҳаққи кор дар Финландияро пайдо кунанд.

Хадамоти муҳоҷирати Финландия мегӯяд, узбекистониҳое, ки дар кишвар кор меҷӯянд, дипломҳои тақаллубӣ доранд. Аз он ҷо ки аксари узбекистониҳо дар Финландия дар сохтмонҳо кор мекунанд, мадракҳои онҳо ҳам гӯё аз омӯзишгоҳҳои сохтмонӣ дода шудааст.

"Нахустин дипломҳои тақаллубӣ дар соли 2015 ошкор шуданд. Соли 2016 чанд адад, соли 2017 бештар ва дар соли 2018 ба садҳо адад расид", - иттилоъ дод Хадамоти муҳоҷирати Финландия.

Мақомоти Финландия мегӯянд, ҳуҷҷатҳо бесифат буданд ва "омӯзишгоҳи сохтмоние, ки онҳоро додааст", 26 сол пеш баста шудааст.

Борис Катаев профессори ифтихории Донишкадаи фарҳанги Тоҷикистон шуд

Борис Катаев дар маросими тақдими унвони профессори ифтихорӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода. Июни соли 2019

Борис Катаев, коргардони маъруфи театр ва корманди собиқадори телевизиони Тоҷикистон, ки дар ИМА ба сар мебарад, бо унвони профессори ифтихории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода қадрдонӣ шуд. Борис Катаеви 75-сола зимни боздиди ахираш аз Душанбе тобистони имсол дар маросиме дар донишкадаи ҳунарҳои Тоҷикистон ин унвонро аз ректор Хайриддин Усмонзода ба даст овард.

Борис Катаев дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 28 август аз шаҳри Ню-Йорк гуфт, ки барои ӯ ин сафар ва ҳам гирифтани унвони донишкадае, ки замоне худаш дар он ҷо дарс гуфтааст, мояи ифтихор аст. Катаев гуфт, соли ҷорӣ бо ҳадафи ширкат дар таҷлили 55-солагии таъсиси ансамбли эстрадии “Гулшан” ҳамроҳ бо ҳамсари овозхон ва замоне узви ин гурӯҳи ҳунарӣ Тамара Катаева ба Душанбе рафт.

Таблои таблиғотии намоишномаи "Ҳофизи ҷаноби олӣ"
Таблои таблиғотии намоишномаи "Ҳофизи ҷаноби олӣ"

Борис Катаев мегӯяд: “Бо дархости маъмурияти донишкада барои донишомӯзони тоҷик чанд рӯз аз рӯи касби режиссерӣ мастер-класс додам, як филмамро намоиш додам. Як сабти видеоии спектакламро ҳам бурда будам, онро намоиш додам. Даврони шӯравӣ як спектакли маъруф бо номи “Баъди ин хомӯшӣ” (“А дальше тишина“ дар иҷрои Раневская ва Плятт) буд. Ман онро дар ин ҷо, дар Амрико ба саҳна гузоштам ва дар Душанбе нишон додам. Инчунин як намоишномаи дигар бо номи “Ҳофизи ҷаноби олӣ” дорам, ки дар бораи Амир Олимхон ва овозхони дарбор Левича-ҳофиз аст, онро нишон додам. Баъди ин шӯрои илмии донишгоҳ даъват ва ба ман унвони профессори ифтихорӣ тақдим шуд”.

Борис Катаев мегӯяд, аз чунин қадрдониҳо бисёр сарбаланд мешавад, чунки, ба гуфтааш, “Тоҷикистон – нури чашми ман аст, ман бисёр дӯст медорам Тоҷикистонро. Чунки то он мартабае, ки ман расидам, илме, ки ман гирифтам, ҳамааш дар Тоҷикистон буд”.

Коргардони маъруф мегӯяд, рӯзе нест, ки хабарҳои тоза дар бораи Тоҷикистонро пайгирӣ накунад: “Ҳар рӯз Радиои Озодиро мебинам, барномаҳои телевизионии шуморо мебинам, гӯш мекунам. Бе Тоҷикистон ман худро ҳис карда наметавонам”.

Тамара ва Борис Катаевҳо
Тамара ва Борис Катаевҳо

Борис Катаев сесола буд, ки соли 1947 хонаводааш аз зодгоҳ – шаҳри Самарқанд ба Душанбе кӯчиданд ва ӯ аз синни 16-солагӣ дар баробари таҳсил дар мактаб ба кор дар соҳаи ҳунару фарҳанг пардохт. Корро нахуст аз театри драмавии русии ба номи Маяковский ба ҳайси устои бутофория (маводи ҳунарӣ барои намоишномаҳо) шурӯъ кардааст. Дар 17-солагӣ нақши Собирро дар намоишномаи “Пролог”-и Шамсӣ Қиём бозӣ кардааст, ки дар бораи бунёди нирӯгоҳи Норак қисса мекард. Хатмкардаи Институти санъати Тоҷикистон (имрӯз Донишкадаидавлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода) буда, баъди хатми донишгоҳ дар Филармония ва телевизиони давлатии Тоҷикистон ба ҳайси режиссер ё коргардон кор кардааст.

Борис Катаев баъди тарки Тоҷикистон ҳамсараш бо ҳамсараш Тамара Катаева – овозхони насли аввали ансамбли эстрадии “Гулшан” ва хонаводааш дар Ню-Йорк ба сар мебаранд. Муассиси театри мусиқиву драмавии яҳудиёни Бухоро ба номи Борис Катаев дар шаҳри Ню-Йорк аст.

Бозпурсии фаъолони ҳаракати ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистон

.

Ҳадди ақал ду тан аз ширкатдорони ҳаракати шаҳрвандии «Oyan Qazaqstan»-ро дар шаҳри Алмато имрӯз ба идораи пулис даъват карданд. Дар ин бора Асем Жапишева, узви ҳаракати ҷавононе иттилоъ дод, ки хостори ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистон ҳастанд.

Ба гуфтаи Жапишева, субҳи 28 август пулис Жанел Шаханов ва Роман Захаровро бо худ бурдааст. Захаров баҳори имсол шиори "Ягона манбаи ҳокимияти давлатӣ мардум аст"-ро, ки баргирифта аз Конститутсия аст, овезон карда буд. Ӯро баъди ин амал боздошт ва ҷарима карданд.

Фаъолони ҳаракати мазкур пештар аз ин хабар доданд, ки тасмим доранд, ки 30 август, дар Рӯзи Конститутсияи Қазоқистон роҳпаймоӣ ташкил кунанд.

Онҳо мегӯянд, "салоҳиятҳои номаҳдуд"-и президент монеи пешрафти Қазоқистон шудааст. Фаъолон талаб доранд, ки салоҳиятҳои президент кам ва низоми сиёсӣ ислоҳ шавад. Онҳо ҳамчунин талаб доранд, ки меъёрҳои қонунгузорӣ дар бахши таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ, баргузории интихоботҳо тағйир дода шавад.

Ҳаракати «Oyan, Qazaqstan» (Бедор шав, Қазоқистон) рӯзи 5 июни соли ҷорӣ дар Алмато ташкил шуд.

Қадрдонӣ аз афсаре, ки дар амалиёти боздошти Отамбоев кушта шуд

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон ба корманди КДАМ Усенбек Ниёзбеков, ки дар амалиёти боздошти президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 7 август аз тири силоҳ кушта шуд, баъди маргаш медали "Эрдик" тақдим кард. Маркази матбуотии Ҷеенбеков хабар дод, ки 28 август президент фармони қадрдонии Усенбек Ниёзбековро имзо кардааст.

Муовини фармондеҳи неруҳои махсуси КДАМ-и Қирғизистон Усенбек Ниёзбеков рӯзи 7 август ҳангоми амалиёти боздошти Отамбоев дар деҳаи Кой-Тош аз тири силоҳ кушта шуд. Ӯро 9 август дар наздикии шаҳри Бишкек ба хок супурданд. 14 август мақомоти Қирғизистон аз боздошти гумонбари қатли Ниёзбеков хабар доданд.

Русия интиқоли қисмҳои эҳтиётии С-400-ро ба Туркия идома медиҳад

Туркия аз ибтидои соли оянда метавонад, маҷмаи мушакии С-400-и истеҳсоли Русияро кор фармояд. Русия ваъда додааст, ки то он замон низомиҳои туркро омӯзиш хоҳад дод. Интиқоли қисмҳои эҳтиётии мушакҳо ба Анқара 27 август идома кард.

Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия рӯзи сешанбе ба Москва омад. Владимир Путин, президенти Русия тирандозҳои Су-57-ро ба Эрдуғон нишон дод. Пештар аз ин хабар расид, ки Туркия мумкин аст, аз Русия ҳавопаймо бихарад. Роҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

"Гуфтугӯҳо на танҳо марбут ба бахши низомӣ буданд, балки бахшҳои шаҳрвандӣ, кайҳон, ҳавонавардиро ҳам дар бар гирифтанд",-гуфт Путин. Вай афзуд, соддасозии низоми раводид байни Русияву Туркия баррасӣ мешавад. Эрдуғон гуфт, гардиши мол байни ду кишвар бояд аз 25 миллиард доллари кунунӣ ба 100 миллиард расонида шавад.

Путин пешниҳод кард, ки барои ҳалли буҳрони Сурия бояд ба барқарории субот "дар замин" таваҷҷуҳ кард. Туркия пофишорӣ дорад, ки Русия аз пуштибонии неруҳои Асад дар вилояти Идлиб худдорӣ варзад.

Моҳи июли соли ҷорӣ Туркия хабар дод, ки ба харидани низоми мушакии С-400 аз Русия шуруъ кардааст.

Вашингтон таҳдид дорад, ки зидди Анқара ба далели ҳамкорӣ бо низомиҳои Русия таҳриҳ ҷорӣ хоҳад кард. Пештар аз ин ИМА аз интиқоли бомбаафканҳои F-35 ба Туркия худдорӣ варзид. Мақомоти ИМА инро ба ҳамкориҳои Туркия бо Русия рабт доданд.

Вишинский ба шарти берун нарафтан аз Украина озод шуд

Кирилл Вишинский

Додгоҳи Киев ҳукм кард, ки журналисти рус Кирилл Вишинский метавонад ба шарти тарк накардани маҳалли зист дар озодӣ ба сар барад. Ӯ то ин замон дар боздоштгоҳ буд.

Ҳукми додгоҳ рӯзи 28-уми август содир шуд. Ин хабарро расонаҳои русӣ нашр карданд.

Кирилл Вишинский, раиси дафтари хабаргузории РИА Новости дар Украина, моҳи майи соли 2018 бо иттиҳоми хиёнат дастгир шуд. Ба ӯ 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Киев Вишинскийро ба он муттаҳам кард, ки дар ҷангҳои гибрид ё интернетии таблиғотии Русия зидди Украина иштирок кардааст.

Ҷангҷӯёни Толибон дар Ҳирот 14 полиси афғонро куштаанд

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ҷангҷӯёни Толибон рӯзи 28-уми август камаш 14 полиси тарафдори ҳукуматро дар ғарби ин кишвар куштанд.

Абдулаҳад Вализода, сухангӯи полиси Ҳирот, гуфт, ҳодиса пас аз ҳамлаи нерӯҳои зиёди Толибон ба гузаргоҳи амниятӣ дар минтақаи Чордараи вилояти Ҳирот рух додааст.

"Дар рафти даргириҳо ҳадди ақал нӯҳ нафари дигар маҷрӯҳ шуд ва пас аз пурзӯр шудани нерӯҳои афғон ҷангҷӯёни Толибон ақибнишинӣ карданд", -- гуфт Абдулаҳад Вализода.

Ӯ афзуд, шумораи ҷангҷӯёни кушташуда номуайян аст.

Гуфта мешавад, мақомоти амрикоӣ ва Толибон пас аз чанд моҳи гуфтушунидҳо ба созише наздик мешаванд, ки бар пояи он Иёлоти Муттаҳида ба ивази ваъдаи Толибон нирӯҳояшро аз Афғонистон мебарорад. Ваъдаи Толибон ин аст, ки ба гурӯҳҳои дигари ифротгарои исломӣ иҷозат намедиҳанд дар ин кишвар паноҳ баранд.

Дар хабари дигар гуфта мешавад, ки дар шарқи вилояти Нангарҳор рӯзи 27-уми август дар таркише як устоди донишгоҳ кушта ва ду нафари дигар захмӣ шуданд.

Толибон масъулияти ҳамлаи Ҳиротро ба дӯш гирифтанд, аммо ҳамлаи Нангарҳорро, ки ҳам Толибон ва ҳам бахши маҳаллии гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" фаъол ҳастанд, касе ба дӯш нагирифтааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Тоҷикистону Эрон масъалаи визаро баррасӣ карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00
XS
SM
MD
LG