Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Боздошти Любов Собол, яке аз фаъолони мухолифон дар Маскав

Любов Собол

Пулиси Маскав дар остонаи баргузории тазоҳуроти рӯзи 3-юми август Любов Собол, яке аз намояндагони мухолифон дар Русияро дастгир кард.

Собол ҳуқуқшиноси Бунёди мубориза бо коррупсия ва номзади сабтиномнашуда дар интихоботи Маскав аст. Ӯ чанд муддат боз гуруснанишинӣ мекунад.

Боздошти Собол замоне сурат гирифт, ки ӯ ба таксӣ нишаста, бояд ба маҳалли баргузории эътирозҳо мерафт. Ӯ чанд дафъа аз маъмурони пулис пурсид, “бо чӣ асос дастгир мекунанд?” вале посух нагирифт.

Бино ба хабари расонаҳои Русия то кунун даҳҳо нафар барои иштирок дар тазоҳуроти рӯзи 3-юми август дастгир шудаанд. Мақомот ба баргузории тазоҳурот иҷоза надодаанд.

Садҳо нерӯи пулис ва артиш ва инчунин техникаи низомӣ дар кӯчаҳо ҷойгир шудаанд. Дар баъзе аз минтақаҳои Маскав нерӯҳои пулису артиш ҳалқаеро эҷод кардаанд, ки сокинонро аз як тараф ба тарафи дигар гузаштан намемонанд.

Мухолифон аз он ки номзадҳои мустақил ва намояндагони оппозитсиюн барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси Маскав сабтином нашуданд, эътироз доранд. Мақомот мегӯянд, онҳо имзои зарурӣ ҷамъ наовардаанд.

Ҳафтаи гузашта дар чунин эътирозҳо беш аз 1300 нафар дастгир шуд. Додгоҳе дар Маскав рӯзи 2-юми август чаҳор нафар, аз ҷумла як зодаи Тоҷикистонро бо ҷурми иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ то ду моҳ ҳабс кард.

Чин пешниҳодро барои пайвастан ба паймони нав напазируфт

Сӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин

Чин пешниҳоди раиси ҷумҳури Амрикоро, ки дар як паймони маҳдудияти аслиҳа бо Вашингтону Маскав ҳамроҳ шавад, рад кардааст.

Жонг Ҷун, сафири Чин дар Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 2-юми август гуфт, Пекин аз лағви паймони маҳдудияти мушакҳои миёнпарвоз байни Амрикову Русия мутаассуф аст ва пешниҳоди нави Доналд Трампро дар мавриди маҳдудияти силоҳ намепазирад.

Паймони маҳдуд сохтани мушакҳои миёнбурд миёни Русия ва Амрико дар соли 1987 миёни раиси ҷумҳури вақти Амрико Роналд Рейган ва раҳбари Шӯравии собиқ Михаил Горбачев ба имзо расид. Вашингтон рӯзи 1-уми август расман аз ин паймон хориҷ шуд.

Дар аввали имсол Амрико ва НАТО Русияро ба ҷобаҷо кардани мушакҳои 9M729 муттаҳам сохтанд. Маскав ин иттиҳомотро рад кардааст.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъаи 2-юми август изҳор дошт, ки майл дорад як паймони навро бо Русия имзо намояд ва Чинро ҳам ба он дохил кунад.

Расонаҳо як нақшаи Трампро то интихоботи 2020 маълум карданд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ба ҳамкорони худ гуфтааст, мехоҳад, то интихоботи ояндаи президентӣ дар моҳи ноябри соли 2020 тамоми сарбозони амрикоиро аз Афғонистон хориҷ кунад.

Дар ин маврид расонаҳои амрикоӣ аз қавли манобеи худ дар мақомоти ин кишвар хабар доданд. Номи ин манобеъ зикр намешавад.

Ҳамзамон бо ин, расонаҳои амрикоӣ аз қавли манобеи мухталиф навиштаанд, Вашингтон ҳозир аст, дар сурате ки Толибон барои хатми ҷанги 18-сола бо ҳукумати Кобул мустақим музокира кунанд, бахши зиёде аз сарбозони амрикоиро аз Афғонистон берун намояд.

Рӯзномаи “Вашингтон Пост” ва шабакаи телевизионии CNN аз қавли манобеи амрикоӣ гузориш додаанд, ки гуфтаанд агар Толибон шарти Амрикоро қабул кунад, ҳамин сол шумори сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон аз 14 ҳазор ба 9 ҳазор ва ҳатто 8 ҳазор нафар коҳиш хоҳад ёфт.

Вашингтон гуфтааст, умед дорад, ки то аввали моҳи сентябр музокироти сулҳро бо Толибон ниҳоӣ намояд.

Қазияи Скрипал. Таҳримҳои нави Амрико зидди Русия

Маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 2-юми август зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард.

Амрико Русияро ба даст доштан дар заҳролудшавии Сергей Скрипал, ҷосуси дугона, муттаҳам кардааст. Скрипал соли 2018 бо духтараш Юлия дар Бритониё бо маводи заҳрии "Новичок" ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.

Скрипал ва духтараш дар вазъияти бисёри вазнин ба шифохона бурда шуда, аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурданд.

Дар робита ба ин қазия Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 1-уми август фармонеро имзо кард ва бар асоси он таҳримҳои нав алайҳи Русия ҷорӣ шуд.

Русия дар вокуниш гуфт, Амрико аз ин иқдомаш пушаймон хоҳад шуд. Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, ин иқдоми Вашингтон бо интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Амрико иртибот дорад ва ӯро мутааҷҷиб сохтааст.

11 август – рӯзи таҷлил аз Иди Қурбон дар Тоҷикистон

Намози иди қурбон дар масҷиди марказии Душанбе. Соли 2017

Имсол Иди Қурбон ё Азҳо дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11-уми август таҷлил хоҳад шуд. Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар ин бора рӯзи 3-юми август содир гардид.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори шуъбаи фатвои Шӯрои уламо, ба Радиои Озодӣ гуфт, намози ид дар масҷидҳои ҷомеи кишвар соати 6:30 хонда мешавад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чанд сол пеш ҳангоми таҳияи беш аз 500 номгӯи фарҳанги ғайримоддӣ Иди Қурбонро ба қатори ҷашнҳои нимфаъол дар кишвар шомил карда буд. Муаллифон гуфтанд, "қаламрави таҷлили Иди Қурбон чандон густарда нест".

Иди Қурбон, яке аз ду иди мусалмонӣ, солҳо боз дар Тоҷикистон истироҳати расмӣ эълон шудааст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, ба қурбонӣ ва дигарон барои зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.

Вале Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрико соли гузашта дар гузориши худ гуфт, "шогирдони мактабҳо ва донишҷӯёну кормандони сохторҳои давлатӣ соли 2017 натавонистанд ба "идгардак" бароянд ва бо талаби ғайрирасмӣ ҳама дар ин рӯз ба дарс ва кор рафтанд.​"

Ҳокими Самарқанд бо ҷурми порагирӣ 13 сол зиндонӣ шуд

Тӯробҷон Ҷӯраев

Додгоҳе дар Узбекистон рӯзи 2-юми август ҳокими пешини вилояти Самарқанд ва чанде аз ёрони ӯро ба ҳабс маҳкум кард. Тӯробҷон Ҷӯраев ба сӯистифода аз мансаб ва порагирӣ гунаҳкор шуд.

Манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ҳокими пешини Самарқанд 13 сол ва муовинаш Уткир Абдуллоев 11 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Чанд ҳамкори собиқи онҳо аз 5 то 7 сол гирифтаанд.

Мурофиа паси дарҳои баста баргузор шуд ва ҷузъиёти бештари он дастрас нест.

Мақомот мегӯянд, Тӯробҷон Ҷӯраев ба ҳайси "раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ" ба гирифтани беш аз 2 миллион доллар айбдор аст. Гуфта мешавад, вай ин миқдор пулро дар ивази ҷудо кардани замин барои бунёди хонаҳои баландошёна дар маркази шаҳри Самарқанд гирифтааст.

Вале наздикони маҳкумшудаҳо мегӯянд, мақомдорони собиқ ҳангоми таҳқиқи парванда шиканҷа шудаанд.

Тӯробҷон Ҷӯраев то соли 2013 ҳокими вилояти Қашқадарё буд. Баъдан дар соли 2017 раиси ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд ва пас аз чанд моҳаш ҳокими вилояти Самарқанд таъйин гардид.

Ба занони Саудӣ ҳақ додаанд, ки бе мардон сафар кунанд

Дар Арабистони Саудӣ ба занон ҳақ додаанд, ки аз ин ба баъд бидуни шавҳар ё падару бародари худ ба ҷое сафар кунанд. Қарор рӯзи дувуми август ба иҷро даромад.

Пеш аз ин занони Саудӣ ҳақ надоштанд, ки танҳо ба ҷое бираванд ва ҳатто шиносномаи худро бигиранд. Ҳоло занони Саудӣ метавонанд барои сабти асноди издивоҷ, талоқ ва таваллуди тифл муроҷиат кунанд ва ба танҳоӣ онҳоро ба даст оваранд.

Бархе дар Арабистони Саудӣ аз ин ислоҳот хуш истиқбол кардаанд, вале шумори дигари мухолифанд. Муна Абусулаймон, муҷрии яке аз барномаҳои пурбинанда дар Арабистони Саудӣ дар Твиттер навиштааст: "Насли нави духтарон дар озодии комил ва баробар бо бародаронашон бузург мешаванд." Аммо Саҳро, як зани чиҳилсолаи Саудӣ ба хабаргузории Рейтерс гуфтааст, "кишвари мо як ҷомеаи исломӣ аст, на ғарбӣ."

Дар Арабистони Саудӣ, ки ба унвони як ҷомеаи хеле маҳдуд ва муҳофизакору суннатӣ маъруф аст, дар гузашта ҳуқуқи хеле каме барои занон қоил буданд. Вале чанд муддат боз тағйироте дар ин кишвар ба миён омадааст. Гуфта мешавад дар паси ин ҳама Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ меистад.

Пеш аз ин, ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла Порлумони Аврупо аз Арабистони Саудӣ хоста буданд, ки қонунҳои сахти марбут ба маҳдудият бар занон тавассути мардони хонаводаро лағв кунад

Парвандаи қатли Ҳувайдо дар додгоҳи Русия баҳс мешавад

То чанд рӯзи дигар Додгоҳи вилояти Маскав ба баррасии парвандаи қатли Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки 5-солаи тоҷик оғоз хоҳад кард. Падари Ҳувайдо мегӯяд, аз додгоҳ талаб дорад, ки гумонбари қатли духтарашро ба ҳабси абад маҳкум кунад.

Ҳодисаи қатли Ҳувайдо Тиллозода як сол қабл, рӯзи 22-юми июли соли 2018, рух дод. Мақомоти тафтишотии Русия парвандаи муттаҳами аслӣ дар ин қазия Александр Сёминро анҷом дода, ин ҳафта парвандаро ба Додгоҳи вилояти Маскав фиристодаанд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо, рӯзи 3-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, мурофиаи аввал рӯзҳои наздик баргузор шавад. “Мехоҳам, ки қотили фарзандам ба ҳабси абад маҳкум шавад. Ӯро девона набароранд. Мехоҳанд, ки ӯро девона нишон диҳанд, аммо ӯ девона нест. Қотили фарзандамро ҳабс кунанд, баъд хотири ман ҷамъ мешавад”, -- гуфт ӯ.

Наздикони Александр Сёмин вайро гирифтори бемории рӯҳӣ муаррифӣ кардаанд.

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва ҷасади ӯро рӯзи дигар дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.

Дар курсии айбдорӣ танҳо Александр Сёмин нишастааст. Сёмин аз рӯи чаҳор иттиҳом аз ҷумла куштору таҷовузи кӯдак, озори ҷинсии ноболиғ ва амалҳои бадахлоқона дар додгоҳ посух мегӯяд.

Қазияи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз пурсарусадотарин қазияҳо дар соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод ва ҷониби Тоҷикистон низ бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи ин қазияро хост. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия гуфта буд, ки дар мавриди ҷазо гирифтани қотили кӯдаки 5-солаи тоҷик дар Серпухово шакке нест.

Дар ҳамлаи Толибон дар Афғонистон 10 пулис кушта шуд

Акс аз бойгонӣ

Дар ҳамлаи Толибон ба посгоҳе дар маркази вилояти Дайкундии Афғонистон даҳ маъмури пулис кушта шудаанд.

Анвар Раҳматӣ, волии Дайкундӣ, гуфт, 15 пулиси дигар захмӣ ҳастанд. Ҳодиса рӯзи 2-юми август дар ноҳияи Пато иттифоқ афтод.

Қориюсуф Аҳмадӣ, намояндаи Толибон, масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале ҷузъиёт надод.

Ҳамла замоне сурат гирифт, ки Толибон ба даври нави музкоирот бо фиристодаи Амрико дар сулҳи Афғонистон Залмай Халилзод омода мегиранд.

Толибон аз музокироти мустақим ё рӯ дар рӯ бо ҳукумати Афғонистон худдорӣ мекунанд, чун онҳоро “идораи зери назорати Амрико” медонанд.

Чанде аз расонаҳои амрикоӣ рӯзи 1-уми август гузориш доданд, ки Иёлоти Муттаҳида ҳозир аст, ҳазорҳо нерӯяшро аз Афғонистон берун кунад, ба шарте ки Толибон ба музокироти мустақим бо Кобули расмӣ розӣ шаванд.

Хадамоти онлайнӣ аз бастани IP-и сомонаҳо дар Қазоқистон интиқод кард

Платформаи маъруфи сомонасози Tilda аз бастани IP-и сомонаҳо дар Қазоқистон интиқод кард. Платформа гуфт, сомонабандӣ "таҷрибаи куҳна ва ваҳшиёна" аст.

Ширкати мазкур, ки дар Москва қарор дорад, рӯзи 31 июл гуфт, бештари корбарон шикоят карданд, ки сомонаи онҳо дар ҳудуди Қазоқистон боз намешавад. Ба навиштаи хадамоти онлайнӣ, дастарсӣ ба ҳазорон сомона дар Қазоқистон маҳдуд шудааст.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, бархе аз сомонаҳо ба далели вайрон кардани қонун "Дар бораи ҳуқуқи кӯдак" ва "Қонун дар бораи ВАО" баста шудаанд.

Tilda мегӯяд, бастани нишонии IP-ҳо ба абзорҳо ва усули маҳдудсозиҳои муосир ҷавобгӯ нест. Хадамоти мазкур аз корбарон хост, аз эҳтимоли вайроншавии меъёрҳои қонунгузорӣ иттилоъ диҳанд.

Tilda - хадамоти ройгонест, ки ба корбарон имкони сохтани сомонаро фароҳам меорад. Дар ин сервис ё хадамот даҳҳо сомонаи ширкатҳои қазоқистонӣ ҷойгир ҳастанд.

Дар Қазоқистон бастани сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва блогҳо аз дер боз таҷриба мешавад.

Сабти 118 ҳолати арусрабоӣ дар Қирғизистон дар ним соли охир

Давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар Қирғизистон 118 ҳолати арусрабоӣ ё "ала качуу" сабт шудааст. Дар ин бора сардори хадамоти амнияти ҷамъиятии ВКД Қирғизистон Улан Рисбеков хабар дод.

"Аз ин теъдод 94 ҳолат бо ҳадафи издивоҷ, 12 ҳолат бо ҳадафи маҷбур кардан ба издивоҷ содир шудааст. Бештари парвандаҳои ба додгоҳ ирсол шудаанд",-гуфт Рисбеков. Намояндаи вазорати корҳои дохилии он кишвар мегӯянд, аксари ҳолатҳои арусрабоӣ дар деҳот сурат мегирад.

Дар шаҳри Бишкек ҳомиёни ҳуқуқ, таърихнигорон ва мақомоти давлатӣ мушкили арусрабоиро баррасӣ ва роҳи ҳалли ин мавзуъро ҷустуҷӯ доранд. Ба иттилои СММ, 20 дарсади оилаҳо дар Қирғизистон дар натиҷаи арусрабоӣ ташкил шудаанд.

Кодекси нави ҷиноии Қирғизистон ҷазо барои арусрабоиро аз 5 ба 10 соли ҳабс боло бурд. Ба ҷуз ин, ҷарима дар ҳаҷми 200 ҳазор сом (ҳудуди 28 ҳазор сомонӣ) барои онҳое пешбинӣ шудааст, ки ноболиғонро ба никоҳ маҷбур мекунанд.

Моҳи майи соли ҷорӣ дар Қирғизистон иқдоме бахшида ба ёди қурбониёни арусрабоӣ ташкил шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти Қирғизистон наметавонанд, аз ҳуқуқи занону духтарон ҳимоят кунанд.

Коҳиши даромади ширкатҳои мобилӣ ба будҷаи Тоҷикистон зарба зад

Масъулини Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд, коҳиши даромади ширкатҳои мобилӣ, боиси иҷро нагардидани даромади будҷа гардидааст.

Маъруф Солеҳзода, муовини аввали раиси Кумитаи андоз рӯзи 2-юми август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе бо изҳори нигаронӣ гуфт, дар ин нимсола пардохти андоз аз сӯи ширкатҳои мобилӣ дар ҳаҷми беш аз 80 миллион сомонӣ кам шудааст.

Аз Кумитаи андоз ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки андозе, ки ширкатҳои мобилӣ дар ин нимсола пардохт намудаанд, 482 миллиону 394,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, даромади ширкатҳои мобилӣ дар нимсолаи соли равон 1 миллиарду 133 миллиону 807 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 88 миллион сомонӣ кам мебошад.

Муовини аввали Кумитаи андоз таъкид намуд, дар шашмоҳаи соли равон нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 98,6 дарсад иҷро гардида, ба ҷои 5 миллиарду 546,7 миллион сомонии пешбинишуда, ба будҷа 5 миллиарду 466,7 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 80 миллион сомонӣ кам аст.

Ӯ иброз дошт, ки дар баробари ширкатҳои мобилӣ, пардохт нагардидани маблағи андоз аз ҷониби бархе корхонаҳо низ ба иҷрои даромади будҷа таъсир гузошт.

Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир чаҳор ширкати мобилӣ фаъолият мекунад. Бинобар омори расмӣ, имрӯзи ҳудуди 3 миллион сокини Тоҷикистон аз хадамоти интернетӣ истифода мекунанд. Дар Тоҷикистон нархи интернет назар ба аксари кишварҳои Осиёи Марказӣ гаронтар аст.

Тоҷикистон ба модари Ҷей Остин чӣ қадар ҷуброн хоҳад дод?

Ҷеа Сантовско бо писараш Ҷей Остин

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, масъалаи талаби ҷуброн аз сӯи Ҷеа Сантоваско, модари Ҷей Остин – як сайёҳи кушташуда дар Данғара – дар баррасӣ қарор дорад. Ба гуфтаи Сироҷиддин Муҳриддин, бояд додгоҳ ҷубронпулӣ ба модари сайёҳи кушташударо муайян кунад.

Ӯ рӯзи 2-юми август дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумат ба таври истисно дархости модари сайёҳи кушташударо барои сафар ба Тоҷикистон қабул кард ва харҷи онро низ ба уҳда гирифт. Вале ба гуфтаи вазир, Ҷеа Сантоваско “бо сабаби беморӣ аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кард”.

“Дар таҷрибаи мо чунин ҳолат ҷой надорад. Бинобар ин, пешниҳод шуд, ки муайян кардани ҷубронпулӣ ба салоҳияти мақомоти судӣ вогузор шавад”, --афзуд вазири корҳои хориҷӣ.

Ҷей Остин – яке аз чаҳор сайёҳи хориҷӣ буд, ки рӯзи 29-уми июли соли 2018 дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон кушта шуд.

Модари ин сайёҳ мақомоти Тоҷикистонро барои пешгирӣ накардан аз ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ айбдор мекунад. Ӯ қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, “гуноҳи онҳо ин аст, ки натавонистанд пеши роҳи ҳодисаро бигиранд.”

Дар ин ҳамла, ки масъулияташро гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифтааст, чаҳор нафар – Ҷей Остин ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз аз Амрико, Воке Рене Виллемм аз Ҳолланд ва Хамел Маркус аз Швейтсария кушта шуданд. Дар ин ҳодиса се сайёҳи дигари хориҷӣ захм бардоштанд.

Дар Тошканд 23 гурӯҳи занони моил ба ҷинояткориро мушаххас карданд

Раиси шаҳри Тошканди Узбекистон қатъномаи муштараки Сарраёсати корҳои дохилӣ ва Кумитаи занҳоро тасдиқ кард, ки ба пешгирии ҷинояткорӣ миёни занон равона шудааст.

Қатънома баъди мулоқоти ба такрори мансабдорон бо занон ва хонаводаҳо қабул шудааст. Дар ин вохӯриҳо "мутахассисони бахши тақвияти ахлоқ ва рушди маънавӣ" ширкат доштанд. Дар ниҳоят мансабдорон ба хулоса расиданд, ки гурӯҳи корие бо ширкати кормандони милиса ва мутахассисони пешгирии ҷинояткорӣ аз Кумита занон ташкил шавад.

Дар қатънома 23 гурӯҳи заноне зикр шудааст, ки ба бовари мансабдорон, тамоюли содир кардани ҷиноятро доранд. Мақомот ин занҳоро чунин раддабандӣ карданд:

* пештар судшудаҳо,
* муътодони маводи мухаддир - майнӯшон,
* беморони равонӣ,
* онҳое, ки баъди солҳои тӯлонӣ ба ватан баргаштаанд,
* ниёзмандони кумаки маънавӣ,
* касоне, ки ба тарбияи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонанд,
* касоне, ки ҷиноятҳои ғайриахлоқӣ содир мекунанд,
* заноне аз оилаҳои носолим,
* дорои тамоюли худкушӣ,
* касоне, ки хонавода ё наздиконашон аз ҳам ҷудо шудаанд,
* бекорон,
* ниёзмандон,
* истиқоматкунандагони муваққат дар Тошканд,
* касоне, ки гадоӣ мекунанд,
* ноболиғон (то 18-сола) ва духтарони ҷавон (аз 18 то 30-сола),
* занони маъюб,
* талоқ гирифтаҳо,
* модарони танҳое, ки ноновар надоранд.

ИМА ва Русия пас аз 31 сол аз созишномаи мушакӣ хориҷ мешаванд

ИМА ва Русия рӯзи 2-юми август расман аз созишномаи ҳастаие хориҷ хоҳанд шуд, ки 31 сол пеш имзо гашта, ба маҳви як қатор мушакҳо мусоидат карда буд.

Созишномаи дуҷонибаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз сохтани мушакҳои болдорро барои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА манъ мекард. Онро президенти ИМА Роналд Рейган ва раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев соли 1987 имзо карданд, ки як сол пас ба иҷро даромад.

Мунтақидон ҳушдор медиҳанд, ки хориҷшавии ИМА ва Русия аз ин созишнома ба оғози мусобиқаи нави таслиҳотӣ миёни Вашингтону Москва сабаб хоҳад шуд.

Намояндагони ИМА ва НАТО борҳо Русияро ба коркарди низоми таслиҳотие айбдор карданд, ки хилофи Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвоз аст. Аз ҷумла, ба гуфтаи масъулони НАТО, мушакҳои нави русии 9М729 ва SSC-8 ҳудуди 1500 километр парвоз хоҳанд кард.

Дар Узбекистон марди 82-соларо дар таҷовузи духтари 9-сола айбдор мекунанд

Дар ноҳияи Қушрободи вилояти Самарқанд як марди 82-сола ба таҷовузи хонандаи синфи дувум гумонбар мешавад. Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Самарқанд, таҷовузи духтари 9-сола рӯзи 25 июли соли равон дар яке аз деҳаҳои куҳии вилоят рух додааст.

"Р.О.-и 82-сола 25 июл ба хонаи худ дар деҳа рафтааст, то дарахтҳоро об диҳад. Пас аз омадан ба хонааш бе ягон сабаб ба хонаи ҳамсояаш О. Б.-и 38-сола ворид шуда, духтари 9-солаи ӯро танҳо ёфтааст. Мӯйсафед аз танҳоии духтарча истифода ва ӯро таҷовуз кардааст. Дар натиҷа хонанда аз ҳуш рафтааст ва мард низ фирор кардааст",-изҳор дошт як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Самарқанд.

Гумонбар дертар боздошт шуда, алайҳи ӯ бо банди "Таҷовуз" парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Вале наздикони духтар шикоят доранд, ки кормандони пулис мардро пас аз бозпурсӣ раҳо кардаанд.

Дар идораи пулиси Қушробод гуфтанд, ки гумонбарро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод карданд. "Мо наметавонем, мӯйсафеди 82-соларо дар ҳабс нигоҳ дорем. Ба ҷуз ин, тамоми маҳалла кафили ӯ шудаанд. Муҳим ба додгоҳ ҳозир шавад",-афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи хешовандони духтарча, ҳоло наздикони гумонбар ба падару модари кӯдак фишор меоранд. "Падари духтар хост, ба додситонӣ шикоят барад, вале писарони сарватманди мӯйсафед вайро таҳдид доранд. Бинобар ин, аз шикоят ба додситонӣ худдорӣ мекунад. Ҳоло боз ба модараш фишор меоранд. Вале мо муҷозот шудани айбдоршавандаро талаб хоҳем кард",-гуфт холаи духтар.

Дар маркази Тайланд дар як рӯз якбора шаш таркиш рух дод

Ба навиштаи хабаргузориҳои ҷаҳон, рӯзи 2-юми август дар минтақаҳои гуногуни Бангкок, маркази Тайланд, шаш таркиш рух додааст. Ба иттилои пулис ва табибон, дар натиҷаи ин таркишҳо чаҳор нафар маҷруҳ шуда, як тани онҳо дар бемористон бистарӣ гардид.

Пулис аз боздошти ду гумонбар хабар дод. Дар изҳороти ҳукумати Тайланд гуфта шудааст, ки "мо зуд таҳқиқро оғоз мекунем. Ҷараёни минбаъдаҳои ҳодисаро назорат мекунем ва чораҳои амниятиро тақвият медиҳем. Аз мардум мехоҳем, нигарон набошанд."

Пулис мегӯяд, таркиши аввал дар маркази шаҳр соати 7-и субҳ ба вақти маҳаллӣ рух дод, баъди он пайи ҳам дар истигоҳи метро, дар минтақаи биноҳои ҳукуматӣ ва дар шоҳроҳи берунишаҳрӣ таркиш ба амал омад.

Яке аз дастгоҳҳои тарканда дар наздикии маркази конгресс рух дод, ки мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Эътилофи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқ онҷо баргузор мешуд. Соли ҷорӣ дар ин нишаст намояндагони Бритониё, Русия, Чин ва Амрико ширкат мекунанд.

ИМА ва Русия баъди 31 сол аз созишномаи мушакӣ хориҷ мешаванд

Президенти Амрико Роналд Рейган ва раҳбари Шӯравӣ Михаил Горбачев ҳангоми имзои созишномаи мушакӣ. Моҳи декабри соли 1987

Амрико ва Русия рӯзи 2-юми август расман аз созишномаи ҳастаие хориҷ хоҳанд шуд, ки 31 сол пеш имзо гашта, ба маҳви як қатор мушакҳо мусоидат карда буд.

Созишномаи дуҷонибаи маҳви мушакҳои кӯтоҳу дурпарвоз сохтани мушакҳои болдорро барои Иттиҳоди Шӯравӣ ва Амрико манъ мекард.

Онро президенти ИМА Роналд Рейган ва раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Михаил Горбачев соли 1987 имзо карданд, ки як сол пас ба иҷро даромад.

Мунтақидон ҳушдор медиҳанд, ки хориҷшавии Амрико ва Русия аз созишномаи мазкур ба оғози мусобиқаи нави таслиҳотӣ миёни Вашингтону Маскав сабаб хоҳад шуд.

Намояндагони ИМА ва НАТО борҳо Русияро ба коркарди низоми таслиҳотие айбдор карданд, ки хилофи Созишномаи маҳви мушакҳои кӯтоҳу дурпарвоз аст. Аз ҷумла, ба гуфтаи масъулони НАТО, мушакҳои нави русии 9М729 ва SSC-8 ҳудуди 1500 километр парвоз хоҳанд кард.

Амрико омодааст, ҳазорҳо нерӯи худро аз Афғонистон берун барад

Хабаргузориҳои амрикоӣ рӯзи 1-уми август гузориш доданд, ки Вашингтон ҳозир аст шумораи нерӯҳояшро дар Афғонистон ба таври ҷиддӣ коҳиш диҳад, то Толибон ба музокироти мустақим бо ҳукумати Афғонистон ташвиқ шаванд.

Бар пояи гузориши The Washington Post ва CNN, шумораи сарбозон аз 14 ҳазор то 8-9 ҳазор нафар кам карда хоҳад шуд. Ин яке аз шартҳои хатми ҷанги 18-сола дар Афғонистон будааст.

То ба ҳол гуруҳи ҷангҷӯи Толибон ҳукумати Кобулро «лӯхтак» номида, аз музокироти мустақим бо он худдорӣ меварзад.

Фиристодаи Амрико дар умури Афғонистон Залмай Халилзод рӯзи 31-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, барои расидан ба сулҳи фарогир чаҳор масъалаи калидӣ вуҷуд дорад.

Ӯ гуфт, «якум беруншавии нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон. Дувум кафолати Толибон дар масъалаи ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои террористӣ. Севум муколамаи миёни афғонҳо, ки бо дарёфти роҳҳали сиёсӣ ба анҷом расад. Ва шарти чаҳорум оташбасӣ доимӣ мебошад.»

Бо назардошти пешрафти музокироти Вашингтон бо Толибон рӯзи 31-уми июл ҳукумати Афғонистон эълон кард, ки як ҳайати 15-нафариро барои музокирот бо Толибон омода мекунад.

Марги як кӯҳнаварди рус дар қаторкӯҳҳои Зарафшон

Акс аз бойгонӣ

Василий Дроздов, кӯҳнаварди маъруф аз вилояти Архангелски Русия, рӯзи 29-уми июли имсол ҳангоми фатҳи қуллае дар Бодхона дар қаторкӯҳҳои Зарафшон ба таври фоҷиавӣ ҳалок шудааст.

Евгений Лоренс, ноиби президенти Федератсияи кӯҳнавардӣ, шӯхпаймоӣ ва парапланеризми Тоҷикистон, рӯзи 2-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, “Василий Дроздов аз рӯи хатсайри Житенев 6А, ки аз ҳама мушкилтарин аст, дар натиҷаи лағжиши кӯҳпора ба ҳалокат расидааст.”

Дроздов дар фатҳи қулла бо кӯҳнавардони пуртаҷрибаи вилояти Архангелск Дмитрий Чернишёв, Дмитрий Шпилёв ва Михаил Носенко ширкат доштааст.

Онҳо ҷасади Дроздовро ба Душанбе овардаанд. Дар ҳамин ҳол гурӯҳи кӯҳнавардон аз Русия бо таҳияи ҳуҷҷатҳо барои ташкили интиқоли ҷасади Дроздов ба зодгоҳаш – Северодвински вилояти Архангелск машғул аст.

Василий Дроздов барои фатҳи панҷ қуллаи ҳафтҳазорметрӣ, ки дар ҳудуди Шӯравии собиқ ҷойгир шудаанд, қуллаи Ғалаба, қуллаи Ленин, қуллаи Хан-Тенгри, қуллаи Исмоили Сомонӣ (собиқ қуллаи Коммунизм) ва қуллаи Корженевская ба унвони фахрии "Бабри барфӣ" мушарраф шудааст.

Ҳалокати панҷ нафар дар роҳ ба Бадахшон

Акс аз бойгонӣ

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳ ба вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон панҷ нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳодиса рӯзи 1-уми августи имсол дар мавзеи Яхчи Пуни ноҳияи Шамсиддини Шоҳин рух додааст.

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, мошини тамғаи "Опел-Астра" аз шаҳри Душанбе ба тарафи Хоруғ ҳаракат дошт. Ба иттилои расмӣ, ронанда Беҳзод Валиев "аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошинро ба дарёи Панҷ чаппа намудааст."

Дар натиҷаи садама худи ронанда ва чаҳор мусофири он – Садриддин Асоев, Ингра Қурбонова, Айшам Асоев ва Зифмо Асоева ҷон бохтаанд. Ҷустуҷӯи ҷасадҳо идома дорад.

Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Аксари ин садамаҳо, ба гуфтаи мақомот, аз беэҳтиётӣ сар задаанд. Баъзе аз ронандаҳо ноҳамвории роҳҳ ва ё адами аломатҳои роҳро далел пеш меоранд.

Дар оғози майи имсол вакили порлумон Ҷамшед Муртазозода барои пешгирӣ аз садамаҳои маргбор пешниҳод карда буд, ки ҷаримаи ронандаҳоро боло баранд. Вале сокинон мегӯянд, баъзе ронандагон интихобӣ муҷозот мешаванд ва ба ҳамин хотири ҳамагуна қонун низ нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро кам нахоҳад кард.

Имсол ба сохтмони "Роғун" 1,8 миллирад сомонӣ додаанд

Имсол барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" 1,8 миллиард сомонӣ ҷудо кардаанд. Мақомоти Вазорати молия гуфтанд, 1,4 миллиарди сомонии он аз ҳисоби будҷа ва боқимонда аз ҳисоби евробондҳо ва коғазҳои гаронбаҳост.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, рӯзи 2-юми август ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, барои дарёфти маблағ барои сохтмони "Роғун" як гуруҳи вижа таъсис шудааст. Вай афзуд, "дар назар аст, давоми сол боз 2,1 миллиард сомонии дигар аз ҳисоби будҷа ва манбаъҳои дигар барои "Роғун" пул ҷудо шавад."

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" яке аз тарҳҳои пурхарҷ дар Тоҷикистон аст. Соле садҳо миллион сомонӣ барои он сарф мешавад. Манбаи харҷ аз будҷаи давлат ва пулест, ки дар оғози сохтмон аз мардум дар ивази саҳмияҳо ҷамъ кардаанд ва евробондҳое, ки ба маблағи панҷсад миллион доллар ба ширкатҳои хориҷӣ фурӯхта шуд.

Чархаи якуми "Роғун" моҳи ноябри соли гузашта ва чархаи дувум чанд моҳи пеш фаъол шуд. Ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша то соли 2021 барқ истеҳсол мекунанд ва баъдан иваз мешаванд.

Дар Нурсултон даври нави гуфтугӯи сулҳи Сурия оғоз шуд

Акс аз бойгонӣ.

Намояндагони Русия, Эрон ва Туркия 1 август даври нави гуфтугӯҳои сулҳи Сурияро оғоз карданд. Ин вохӯрӣ дар доираи "раванди гуфтугӯҳои Остона", ҷудо аз музокироти зери сарпарастии СММ дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор шуда, ду рӯз идома меёбад.

Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Қазоқистион, дар даври 13-уми гуфтугӯи сулҳи Сурия, бештар ба вазъи кунунии ин кишвар, аз ҷумла вилояти Идлиб тамаркуз шуда, масъалаи ташкили кумитаи конститутсионӣ низ баррасӣ хоҳад гашт.

Москва, Теҳрон ва Анқара дар Сурия гуруҳҳои гуногунро дастгирӣ мекунанд. Вале мегӯянд, мехоҳанд, аз роҳи сиёсӣ ба ҷанги шаҳрвандие хотима бахшанд, ки беш аз 370 ҳазор қурбонӣ бар ҷой гузоштааст.

Русия ва Эрон дар ҷанги шаҳрвандии Сурия, ки аз соли 2011 ба ин сӯ идома дорад, аз президент Башор Асад ҳимоят мекунанд. Туркия гуруҳҳои гуногуни шӯришгаронро дастгирӣ менамояд.

Нидерландия пӯшидани ниқоб ва бурқаро манъ кард

Дар Нидерландия аз 1-уми августи соли равон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба бар кардани либосе расман манъ карда шуд, ки рӯйро мепӯшонад. Ин маҳдудият ба фаранҷӣ ва навъҳои он, аз ҷумла ниқобу бурқа дахл дорад. Пӯшидани онҳо дар муассисаҳои таълимӣ, беморхона ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ шуд.

Вазорати умури дохилии Нидерландия аз кормандони пулис даъват кард, ки иҷрои маҳдудияти мазкурро назорат ва таъмин кунанд. Барои намуна, маъмурони ҳифзи ҳуқуқ агар занеро бо ниқоб бинанд, онро маҷбур хоҳанд кард, ки рӯяшро кушояд. Дар сурати ғайр, вуруди ӯ ба бино манъ ва 150 евро ҷарима баста мешавад.

Ҳудуди 5 дарсади аҳолии Нидерландияро мусулмонон ташкил медиҳанд. Асосан онҳо зодагони Туркия, Индонезия ва Мағриб ҳастанд. Баъзе аз идораҳои пулис ва муассисаҳои тиббии Нидерландия аллакай ошкоро гуфтанд, ки ба риояи қонуни нав касеро маҷбур нахоҳанд кард.

Пештар дар Фаронса, Дания, Болгария, Австрия ва баъзе аз минтақаҳои Швейтсарияву Испания низ пӯшидани либосе, ки рӯйро пинҳон медорад, манъ карда шуда буд.

Дар Туркманистон "буҷавиҳо"-ро иҷборан ба пахтазор мебаранд

Мақомоти вилояти Лебапи Туркманистон муассисаҳои давлатиро вазифадор кардаанд, ки кормандони худро ба пахтазорҳо сафарбар ва маблағ ҷамъоварӣ кунанд.

Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Лебап, дар вилоят мавсими хишоваи ниҳоли пахта оғоз шудааст. "Ҳар рӯз одамонро ҷамъ карда, ба хишовакунӣ мебаранд",-гуфт хабарнигор.

"Ба хотири хишова аз корманд 20-манатӣ ҳам ҷамъ мекунанд. То поёни мавсим ҳар як муассисаи давлатӣ вазифадор аст, ки дар як рӯз 5-6 корманди худро ба пахтазор фиристад", - иттилоъ дод ӯ.

Дар Туркманистон замин моликияти давлат аст. Мақомоти Туркманистон мегӯянд, бояд аз 550 ҳазор ҳектар замин дар сол 1 миллиону 50 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шавад.

Созмонҳои байналмилалӣ ҳамеша Туркманистонро барои истифодаи нирӯи кӯдакон ҳангоми ҷамъоварии пахта интиқод мекунанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Мушкили ронандагоне, ки мошинҳояшон рақами хориҷӣ дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:17 0:00
XS
SM
MD
LG