Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Президенти Қазоқистон тирамоҳи имсол ба Қирғизистон сафар мекунад

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон тирамоҳи соли ҷорӣ бо сафари расмӣ ба Қирғизистон меояд.

Ҷузъиёти сафари расмии Тоқаевро вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков ва сафири Қазоқистон дар Қирғизистон Карим Кокрекбоев баррасӣ карданд. Кокрекбоев баъди бештар аз як соли фаъолият аз мақоми сафирӣ барканор шуд.

Ахиран Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон ҳам бо Кокрекбоев мулоқот ва аз фаъолияташ сипосгузорӣ кард.

Карим Кокрекбоев моҳи феврали соли 2018 сафир таъйин шуда буд.

Мақомоти ду кишвар сабабҳои пеш аз муҳлат озод шудани Кокрекбоевро шарҳ намедиҳанд.

Зоирони ӯзбек барои Ҳаҷҷи беиҷоза бозпурсӣ шуданд

Дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд рӯзи 28-уми август 35 шаҳрванди Ӯзбекистонро боздошт карданд, ки бе иҷозати Идораи мусулмонони ин кишвар (ИМӮ) барои зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ рафта буданд.

Яке аз зоирони боздоштшудаи ӯзбек гуфт, кормандони мақомоти махсус аз ӯ пурсиданд, ки бар ивази чи қадар маблағ, ҳамроҳи кӣ ба зиёрати Хонаи Худо рафтанд ва дар он ҷо бо кӣ вохӯрданд.

"Мо 28-уми август аз Дубай ба Тошканд парвоз кардем. Кормандони мақомоти махсуси Ӯзбекистон моро дар фурудгоҳ боздошт карда, ба утоқе бурданд ва дар онҷо бо ҷавони ришдор Даврон рӯбарӯ карданд. Аз мо пурсиданд, ки ба ӯ чи қадар маблағ додем. Вале як зан, ки ҳамроҳи мо буд, ҷанҷолро бардошт ва гуфт, "барои ба Ҳаҷ рафтан 30 сол дар навбат истодам, вале навбатам нарасид. Мо дар онҷо ягон ҷинояткорӣ накардем, танҳо зиёрат ва дар ҳаққи президенти худ дуои хайр кардем".

Пас аз суханҳои ин зан муносибатҳо дигар шуданд ва моро онҷо 7 соат нигаҳ доштанд. Сипас моро ҷавоб дода, гуфтанд, шиносномаҳоятонро аз идораи пулис мегиред", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Бар асоси қоидаи тартибу ташкили маросими иштирок дар Ҳаҷ ва Умра, ки аз сӯи Кумитаи умури дини Ӯзбекистон қабул шудааст, шаҳрвандони ин кишвар ҳақ надоранд, ба воситаи ширкатҳои хусусӣ ва бидуни мувофиқа бо Идораи мусулмонон ба Ҳаҷ бираванд.

Ҳамчунин бар асоси ин қоида, сафорати Арабистони Саудӣ додани раводидро ба шаҳрвандони Ӯзбекистон бе мувофиқа бо Идораи мусулмонони ин кишвар қатъ кардааст.

Трамп дар фикри масдуд кардани кӯмакҳои низомӣ ба Украина аст

Президенти ИМА дар фикри масдуд кардани ҳақи Украина барои дарёфти 250 миллион доллар ёрии низомӣ аст ва ин тасмими ӯ боиси мухолифатҳои вакилони ҳарду ҳизб дар Маҷлиси намояндагон шудааст. Politico ва Reuters бо такя ба мақомоти баландпоя дар маъмурияти Трамп хабар доданд, ки Трамп ба бозбинии барномаи кӯмакҳое амр додааст, ки Киев барои истифода дар муҳорибаҳо бар зидди ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар шарқи Украина истифода мебарад.

Politico навишт, ки дар шарҳи бозбинии барномаи кӯмакҳо навишта шудааст, ки “бояд ин маблағҳо ба хотири ҳифзи беҳтари манфиатҳои ИМА хидмат кунанд”. Ин вебсайт рӯзи 28 август бо нашри хабар гуфт, ки шарҳи мазкур ба маънои масдуд шудани пулҳо мебошад.

Reuters рӯзи 29 август бо такя ба як мақом дар ҳукумати Трамп навишт, ки “президент пинҳон намекунад, ки кӯмакҳои хориҷии Амрико бояд аз назари бартарият мушаххас шаванд ва кишварҳои дигари хориҷӣ бояд ҳақи худро одилона пардохт кунанд”. Кохи Сафед ҳанӯз ин хабарҳоро шарҳ надодааст. Вале дар вокуниш ба ин хабар сенатори демократ Дик Дурбин гуфт, ки ин тасмим “суботи дарозмуддати Украинаро таҳти хатар қарор медиҳад”.

Боздошти як мақоми қазоқ барои ҳамла бо ҳомии ҳуқуқ

Дар ноҳияи Талғари ҷануби Қазоқистон як мақомдори маҳаллӣ бо эҳтимоли даст доштан дар тирандозӣ ба як фаъоли ҳуқуқи маданӣ боздошт шуд. Сухангӯи раиси ноҳияи Талғар Жонкелдӣ Омиралиев рӯзи 29 август ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ки Нурғалӣ Аппазов, раиси минтақаи Панфилов дар робита бо ҳамла ба Галина Арзамасова боздошт шуд. Як навтабдори идораи полиси маҳаллӣ тасдиқ кард, ки Аппазов боздошт шуда, таҳқиқи парванда аз рӯи моддаи “авбошӣ” ба роҳ монда шудааст.

Рӯзи 26 август Арзамасова, ки мехост бо раиси ноҳия мулоқот карда мавзӯи фурӯши заминҳои боғҳои ҷамъиятиро баррасӣ кунад, аз фосилаи дур ҳадафи тир қарор гирифт. Ба эҳтимоли зиёд, тири силоҳи пневматикӣ, ки аз дохили мошин ба ӯ холӣ карда шуд, ба қисмати болои пояш расид. Рӯзи дигараш як марди 22-сола бо гумони авбошӣ боздошт шуд. Арзамасова аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ кард, вале гуфт, ки аз паи муолиҷа мешавад. Ин зан дар сӯҳбат бо бахши Қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ки бовар дорад ин ҳамла ба фаъолиятҳои мадании ӯ рабт дорад. Ӯ аз полис талаб кард, ки парвандаи ӯ ба унвони “талоши куштор” таҳқиқ шавад.

Фаъоли 63-солаи ҳуқуқ, ки шаффофияти фаъолиятҳои сиёсиро тақозо кардааст, гуфт, ки соли 2017 аз ҷониби афроди ношинос ду дафъа мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ӯ инчунин гуфт, ки як дафъа хонаашро ғорат карда мехостанд оташ бизананд.


Трамп ба фаъолияти неруҳои кайҳонии ИМА расман оғоз бахшид

Президенти ИМА Доналд Трамп 29-уми август дар як маросими Кохи сафед таъсиси Фармондеҳии кайҳонии Пентагонро эълом кард, ки ҳадафаш маҳви таҳдидҳо дар фазо аст.

Ба гуфтаи Трамп, "фармондеҳии нав аз манфиатҳои ҳаётан муҳими ИМА дар фазо ҳимоят хоҳад кард". Таъсиси фармондеҳии мазкур посух ба тавсеаи тавонмандии низомии Чин ва Русия дар фазо мебошад. Чин намоиш дод, ки моҳвораро бо мушак маҳв месозад ва Русия гуфт, мехоҳад, барои истифода дар фазо низоми нави аслиҳаеро бисозад.

Сенати Амрико моҳи июн генерал Ҷон Рэймондро сардори Фармондеҳии кайҳонӣ таъйин кард. Рэймон гуфт, ҳимояти иншооти амрикоӣ дар фазо, бо шумули моҳвораҳо, воситаҳои дифои зиддимушакӣ ва иртиботот яке аз вазифаҳои авалиндараҷаи ниҳоди зери раҳбарияш аст.

Фармондеҳии кайҳонии ИМА аз соли 1985 то соли 2002 фаъолият мекард. Пас аз ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2011 идораи мазкур барҳам дода шуд, зеро тамоми талошҳои неруҳои ҳавоии ИМА ба мубориза бо терроризм равона карда шуданд.

"Рақиби" президенти Қирғизистонро бозпурсӣ мекунанд

Омурбек Бабанов, вакилини пешини порлумон ва рақиби аслии президенти кунунии Қирғизистон дар интихоботи соли 2017 рӯзи 29 август хабар дод, ки дар доираи 8 парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

"Дар КДАМ чаҳор парванда аст, дар пулиси молӣ чаҳор парвандаи дигар. Ман дар доираи онҳо бозпурсӣ мешавам", - гуфт Бабанов.

Вай афзуд, қисме аз парвандаҳо дар замони президентии Алмосбек Отамбоев боз шудаанд, қисми дигар соли ҷорӣ.

Омурбек Бабанов бори аввал рӯзи 19 август ба бозпурсӣ даъват шуд. Он замон гуфта мешуд, ки ӯро дар доираи парвандаи марбут ба бонки "Қирғизистон" бозпурсӣ кардаанд.

Пештар аз ин КДАМ хабар дода буд, ҳузури Бабанов дар ду парванда зикр шудааст. Яке аз онҳо марбут ба суханронии пешазинтихоботии Бабанов аст ва дувумӣ ба омодагии ғасби худсаронаи ҳукумат ва бетартибии оммавӣ. Парвандаи дувум дар ҳоли ҳозир бекор шудааст.

Дар интихоботи соли 2017 Бабанов баъд аз Сооронбой Ҷеенбеков дар мақоми дувум қарор гирифта буд. Вале баъди интихобот Қирғизистонро тарк ва аз анҷоми фаъолияти сиёсиаш хабар дод. Ҳамаи ин муддат вай дар Маскав буд ва рӯзи 9-уми августи соли ҷорӣ ба Бишкек баргашт.

Фаъолони Қазоқистон талаби тағйири Конститутсияро карданд

Чанд тан аз фаъолони Қазоқистон дар шаҳри Чимкент рӯзи 30-юми август бо баргузории як иқдом талаб карданд, ки Қазоқистон ба Конститутсияи соли 1993 баргардад.

Онҳо ҳамчунин дар ин иқдом озодии раиси пешини ширкати "Қазатомпром" Мухтор Ҷакишевро талаб карданд, ки бо айби фасодкорӣ 10 сол инҷониб дар зиндон аст. Фаъолон гуфтанд, Конститутсияи амалкунанда, ки борҳо тағйиру иловаҳо ба он ворид шудааст, ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳифз намекунад.

"Чаро ҳар ним сол ба Конститутсия тағйирот ворид мешавад? Қонуни асосӣ ба "сиёҳнавис"-и Назарбоев табдил шуда буд. Соли 1998 тағйиру иловаҳо ворид шуд, соли 2007, соли 2011 ва соли 2017. Барои ҳадафҳои худ тағйир медиҳанд. Набояд ин гуна бошад. Бигзор Конститутсия соли 1993 баргардонида шавад ва ё сарқонуни наве қабул шавад, ки манфиати мардумро ҳимоя кунад", - гуфт Давлат Носиров, сокини Чимкент.

Фаъолони дигар гуфтанд, сарфи назар аз он ки 30 август Рӯзи Конститутсия аст, вале фазои ҷашнӣ эҳсос намешавад.

Пулис гирдиҳамоии сокинонро назорат, аммо касеро боздошт накард.

Ӯзбекистон шиносномаҳои муттаҳам ба ҷиноятро беэътибор мекунад

Аз ин ба баъд дар Ӯзбекистон муҳлати шиносномаи онҳое бекор мешавад, ки айбдоршаванда ва ё гумонбар эътироф шуда, дар ҷустуҷӯ ҳастанд ва эҳтимол дорад, кишварро тарк кунанд.

Ин тағйирот дар қонунгузории Ӯзбекистон ворид шуд, хабар медиҳад вазорати адлияи он кишвар.

Бекорсозии муҳлати шиноснома ба хотири пешгирӣ аз саркашии гумонбар, айбдоршаванда ва судшаванда сурат мегирад.

Бекорсозии муваққатии муҳлати эътибори шиноснома шиносномаҳои беометрӣ, шиносномаҳои хориҷӣ ва ё ҳуҷҷати шаҳрвандони бетабааро дар бар мегирад.

Гуфта мешавад, манъи эътибори шиноснома маънии бекорсозии шаҳрвандии Ӯзбекистонро надорад.

Киштии нафткаши эронӣ дубора самташро тағйир дод

18 август киштии эронӣ дар обҳои Гибралтар дида шуд

Як киштии нафткаши эронӣ, ки давоми чанд ҳафтаи ахир аз ҷониби ИМА дар обҳои баҳри Миёназамин таъқиб мешавад, дубора самташро иваз карда акнун маълум нест ба кадом сӯ ҳаракат мекунад. Ин тағйири сеюм дар даҳ рӯзи гузашта аст. Нишондодҳои Системаи шиносоии автоматикӣ рӯзи 30 август хабар дод, ки ҳайати киштиронҳои Adrian Darya 1, ки дар гузашта бо номи Grace 1 маъруф буд, ба самти соҳилҳои Искандаруни Туркия ҳаракат мекунад.

Вале мутахассисони соҳа мегӯянд, ки ҳайати киштиронҳо метавонанд ҳама гуна самти дилхоҳи худро ба системаи назорати ҳаракати киштиҳо ворид кунанд. Рӯзи 30 август Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия зимни боздид аз Норвегия дар шаҳри Осло гуфт, ки ба эҳтимоли ғолиб киштӣ ба самти Лубнон ҳаракат мекунад.

Вебсайти назораткунандаи ҳаракати киштиҳо бо номи MarineTraffic.com мегӯяд, ки киштии Adrian Darya 1 дар самти ғарбии Қибрис дар обҳои баҳри Миёназамин қарор дорад ва ҳоло ба самти муқобили дирӯзааш ҳаракат мекунад. Ин киштӣ соҳилҳои Мерсинро ҳамчун макони ниҳоии худ ишора кардааст.

Искандарун дар фосилаи 200-километрии соҳилҳои Бониёси Сурия қарор дорад. Бовар меравад, ки киштӣ дар оғози моҳи июл мехост маҳз ба Сурия биравад, вале дар соҳилҳои Гибралтар боздошт шуд. Соҳилҳои Сурия дар байни Туркияву Лубнон ҷойгир аст.

ИМА ҳушдор дод, ки киштии марбут ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст, ҳабс мешавад.

Украина: Музокираҳои табодули зиндониҳо бо Русия идома дорад

Декабри соли 2017 ҳам Русия ва Украина як барномаи табодули зиндониҳоро анҷом доданд

Украина гуфт, ки музокирот барои табодули зиндониҳо бо Русия ҳанӯз идома дорад, дар ҳоле, ки гузоришҳои қаблӣ дар бораи хотима ёфтани ин машваратҳо хабар доданд. Изҳороти фейсбукии рӯзи 30 августи сухангӯи президенти Украина Владимир Зеленский дар ҳоле нашр шуд, ки яке аз наздикони 24 маллоҳи ҳабсшудаи украинӣ ба дафтари Радиои Озодӣ барои Қрим гуфт, ки ҳамаи маллоҳон озод шуданд.

Қабл аз ин додситонии кулли Украина шарҳҳои як вакили парлумони ин кишварро бознашр кард, ки дар он омадааст: “Украина ва Русия барномаи табодули зиндониҳоро анҷом доданд ва дар миёни онҳо маллоҳони украинӣ ва режисссёр Олеҳ Сентсов ҳам мебошанд”.

Интизориҳо аз иҷро шудани барномаи табодули зиндониҳо дар ҳоле боло гирифт, ки рӯзи 29 август матбуоти русӣ хабар дод, ки Сентсов баъди панҷ соли нигаҳдорӣ дар зиндони минтақаи Ямало-Ненетск ба зиндони Бутирская дар Маскав интиқол ёфт. Нашрияи “Коммерсант” дар нақли қавл аз як мақоми украинии наздик ба Зеленский гуфт, ки табодули зиндониҳо дар охири моҳи август сурат мегирад ва дар миёни афроди озодшаванда 24 маллоҳи укаринӣ ҳам ном бурда мешаванд. Ин маллоҳон моҳи ноябри соли 2018 дар наздикии гарданаи Керч, наздик ба нимҷазираи аз ҷониби Русия ғасбшудаи Қрим боздошт ва зиндонӣ шуданд.

Киев мегӯяд, ки Русия дар зиндонҳои худ тахминан 150 шаҳрванди ин кишварро ба таври ғайриқонунӣ нигаҳ медорад. Мақомоти украинӣ ин оморро моҳи июл, замони омодагиҳо ба табодули зиндониҳо бо Русия дар музокираҳои ваколатдорони ҳуқуқи башари ду кишвар ба забон оварданд.

Феҳристи шаҳрвандони Русия, ки барои табодул пешниҳод мешаванд, ҳеҷ гоҳ расонаӣ нашудааст.

Гузоришҳо дар бораи ба Маскав интиқол ёфтани Сентсов дар ҳоле нашр шуданд, ки як рӯз пеш аз ин додгоҳе дар Украина амр дод, ки журналисти рус Кирил Вишинский ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шавад. Ба ӯ иҷоза доданд, ки пеш аз мурофиаи додгоҳӣ бар асоси иттиҳоми “хиёнат” дар озодӣ ба сар бубарад.

Паррандаҳо ҳавопаймо ба самти Хуҷанд аз роҳ гардонданд

Сабаби нишасти маҷбурии ҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии” дар фурудгоҳи Екатеринбург, ки рӯзи 30 август дар хатсайти Санкт-Петербург-Хуҷанд парвоз анҷом медод, бархӯрд бо паррандаҳо шуд. Дар ин бора ба оҷонсии ТАСС дар дафтари матбуоти додситонии нақлиётии минтақаи Урал хабар доданд.

Дар изҳороти ин ниҳод гуфта шудааст, ки “ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи Санкт-Петербург киштии ҳавоӣ дар ҳаво ба селаи паррандаҳо бархӯрд. Нишаст бо муваффақият анҷом дода шуд, ҳеҷ кас осеб надид. Дар дохили ҳавопаймо 193 мусофир, аз ҷумла 22 кӯдак ва 4 узви экипаж ҳузур доштанд”, гуфт додситонии нақлиётӣ. Баъди он ки мушкил рафъ шуд, ҳавопаймо ба парвозаш идома дод. Дар фурудгоҳи Пулково гуфтанд, ки ин ҳодиса ба нақшаи парвоз ҳеҷ таъсири манфӣ нагузошт ва ҳавопаймо ба роҳи худ идома дод.

Аз ин пеш хабаре пахш шуд, ки раҳбари экипаж тахмин задааст, ки шояд чархи ҳавопаймо дар натиҷаи бархӯрд бо парандаҳо осеб дидааст. Дар фурудгоҳ, ба гуфтаи мақомот, ҷасадҳои парандаҳо ошкор шудааст.

Кушта шудани як ҷангҷӯи тоҷик дар Бадахшони Афғонистон

Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 30-юми август хабар дод, ки як ҷангии тоҷикистонӣ дар ҳамлаи ҳавоӣ дар ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшон, кушта шудааст. Манбаъ аз ин шаҳрванди Тоҷикистон Фатҳуллоҳ ном бурдааст.

Тибқи ин хабар, ба ҷуз ин шаҳрванди Тоҷикистон боз 10 нафар аз Толибон дар ин ҳамла кушта шудаанд. Ба гуфтаи Вазорати дифои Афғонистон, ҷасадҳои кушташудагон дар майдон боқӣ мондаанд. Ҷониби Толибон то ба ҳол дар мавриди ин хабар вокунише нишон надодааст.

Мақомоти тоҷик ҳам то ба ҳол дар мавриди ин хабар ибрози назар накардаанд. Аммо бархе манобеъ мегӯянд, ки Фатҳуллоҳ аз раҳбарони ҷангҷӯёни тоҷик дар Афғонистон ба шумор мерафт.

Кушта шудани ин ҷангии тоҷик дар вилояти Бадахшон дар ҳоле аст, ки сар аз рӯзи панҷшанбе амалиёти нерӯҳои интизомии афғон барои бозпасгирии ноҳияҳои Юмгон, Ҷурм ва Карон ва Минҷон аз Толибон, оғоз шудааст. Дар вулусволӣ ё ноҳияи Карон ва Минҷон тайи амалиёти рӯзи гузаштаи нерӯҳои амниятии афғон 19 тан аз Толибон кушта ва панҷ нафар ба шумули як фармондеҳи онҳо бо номи Бобоҷон захмӣ шуданд

Ин минтақаҳо аз чанд сол ба ин тараф дар тасарруфи гурӯҳи Толибон мебошанд. Нерӯҳои афғон мегӯянд, ки тасмим доранд ин бор минтақаро аз вуҷуди Толибон пок кунанд. Бархе аз ин вулусволиҳо дар марз бо Покистон ва Чину ва на чандон дурта аз сарҳади қарор доранд ва аз аҳамияти зиёд бархӯрдор мебошанд. Ин минтақаҳо ба хотири доштани маъдани лоҷувард низ дорои аҳамияти зиёд аст.

Тоҷикистон бо вилоятҳои Бадахшон, Тахор ва Кундузи Афғонистон марзи муштарак дорад. Мақомоти марзбонии тоҷик авоили соли ҷорӣ гуфтанд, ки дар ин вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон 16 ҳазору 770 ҷангҷӯ ҳузур доранд, ки 6 ҳазору 370 нафари онҳо хориҷиён ҳастанд ва дар 36 пойгоҳ тамрин мекунанд. Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ин ҷангҷӯёнро ба гурӯҳи "Толибон", "Ансоруллоҳ", "Ҳаракати исломии Туркистон шарқӣ" ва "Давлати исломӣ" марбут дониста буд.

Президенти Радиои Озодӣ дар Бишкек бо Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот кард

Сооронбой Ҷеенбеков, раисҷумҳури Қирғизистон бо Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мулоқот кард. Дидори Ҷеенбеков бо Флай рӯзи 29-уми август дар шаҳри Бишкек сурат гирифт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, ки доимо "Азаттык"-ро (бахши қирғизии Радиои Озодӣ) гӯш мекунад. Чун ин радио ба қавли ӯ, ба ҳама ҷонибҳо минбар дода, назари онҳоро мешунавад ва расонаи бетараф аст.

Ҷеенбеков ҳамчунин афзуд, Қирғизистон дар минтақа кишваре аст, ки вазъи озодии баён дар он нисбатан беҳтар дониста мешавад. Президент гуфт, ният доранд ин озодиро ҳимоя ва онро рушд диҳанд.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми август ба шаҳри Бишкек сафар кард. То ин вақт ӯ аз Тоҷикистон ва Қазоқистон низ боздид карда буд. Дар шаҳри Душанбе Ҷейми Флай бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва дар шаҳри Алмаато бо намояндаи расмии Президенти Қазоқистон ва бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот дошт.

Текебоев ва Чотонов ба озодӣ баромаданд

Омурбек Текебоев.

Дар додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек рӯзи 29 август мурофиаи таҷдиди назари парвандаҳои раҳбари ҳизби "Ота макон" Омурбек Текебоев ва собиқ сафир Дуйшонқул Чотонов шурӯъ шуд.

Бо қарори додрас, шароити нигаҳдории гумонбарон тағйир дода шуд: ҳарду сиёсатмадор дар ҷараёни баррасии парвандаашон дар ҳабси хонагӣ, яъне дар озодӣ хоҳанд буд.

Текебоев ва Чотоновро аз соли 2017 ба ин сӯ дар зиндон буданд. Дар беруни бинои додгоҳ наздикону ҷонибдорони Текебоев бо шиору овезаҳо дар даст онҳоро истиқбол гирифтанд.

Рӯзи 21 август додгоҳи олии Қирғизистон парвандаи Текебоев ва Чотоновро ба баррасии дубора ба додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек фиристод. Додгоҳ гуфт, ки аз рӯи парвандаи онҳо ҳолатҳои нав ошкор шудааст.

Соли 2017 бар асоси баёноти як соҳибкори рус Леонид Маевский оид ба додани пора дар ҳаҷми 1 миллион доллар, Омурбек Текебоев ва Дуйшонқул Чотонов ба 8 соли зиндон маҳкум шуданд. Худи сиёсатмадорон ин иттиҳомрот эътироф намекунанд ва худро қурбонии сиёсатҳои президенти собиқи ҳамакнун боздоштшуда Алмосбек Отамбоев меноманд.

Доналд Трамп сафараш ба Лаҳистонро бекор кард

Президенти ИМА Доналд Трамп сафари худро ба Лаҳистон бекор кард, ки қарор буд, рӯзҳои истироҳатии охири ҳафтаи равон сурат бигирад.

Трамп хабар дод, ки ҳайати амрикоиро дар сафар ба Лаҳистон муовини президент Майк Пенс раҳбарӣ мекунад. Худи ӯ дар Вашингтон мемонад, то вазъ дар Флоридаро назорат кунад. Ба ин иёлат тӯфони "Дориан" наздик мешавад, ки метавонад осеби сахт расонад.

Доналд Трамп қарор буд, дар маросими бахшида ба 80-солагии оғози Ҷанги Ҷаҳонии Дувум иштирок кунад. Ӯ ҳамтои лаҳистонии худ Анджей Дударо аз лағви сафараш хабар дода, гуфтааст, ки дар оянда аз Лаҳистон боздид хоҳад кард.

Агар пешгӯиҳои ҳавошиносон рост барояд, "Дориан" сахттарин туфон дар Флорида тайи 27 соли ахир хоҳад буд.

Алексей Гончаруки 35-сола сарвазири Украина шуд

Порлумони Украина номзадии Алексей Гончаруки 35-соларо ба мақоми сарвазирии ин кишвар тасдиқ кард. Дар ин бора "Интерфакс-Украина" хабар дод. Гончарук ҷавонтарин раиси ҳукумат дар таърихи Украина аст.

Номзадии ӯро ба мақоми сарвазирӣ президенти Украина Владимир Зеленский ва ҷиноҳи ҳокими "Ходими мардум" пешниҳод карда буданд. "Ходими мардум" ҷиноҳи аксарият дар порлумон буда, вазифаи эътилофи ҳокимро иҷро мекунад.

Гончаруки ҳуқуқшинос то ин дам раиси дафтари президент буд. Ӯ аз соли 2015 созмони таҳлилии вокуниши созанда ​BRDO-ро раҳбарӣ мекунад. BRDO созмони ғайридавлатиест, ки аз сӯи Иттиҳоди Аврупо сармоягузорӣ мешавад ва дар робита ба соддагардонии назорати давлатӣ дар бахши иқтисод пешниҳодҳоеро ироа мекунад. Гончарук ҳангоми суханронӣ дар порлумон гуфт, яке аз самтҳои афзалиятноки ҳукумати ояндаи Украина ислоҳот бо ҳадафи дастёбӣ ба рушди иқтисод ва мубориза бо коррупсия аст.

Порлумони Украина дар ин ҷаласа ҳамчунин раиси худро интихоб кард. Раҳбари Ҳизби "Ходими мардум" Дмитрий Разумков раиси порлумон, Руслан Стефанчук (аз "Ходими мардум") ва Алена Кондратюк (аз ҷиноҳи мухолифи "Баткившина") муовинони ӯ таъйин шуданд.

Президенти Украина низ дар ҷаласаи порлумон суханронӣ карда, гуфт, мардуми кишвараш аз вакилони нав интизориҳои зиёд доранд. Агар ин интизориҳо бароварда нашаванд, президент омодааст, онро як сол пас пароканда эълом кунад.

Дар шаҳри Киев 29-уми август нахустин ҷаласаи порлумони нави Украина баргузор шуд. 424 вакил савганд ёд карданд. Дар интихоботи нави порлумонии Украина ҳизби Зеленский 43%-и овозҳоро касб кард.

Дар Сурхандарёи аз маоши омӯзгорон $10 барои китобҳо меситонанд

Омӯзгорони чанд мактаби вилояти Сурхандарёи Узбекистон шикоят карданд, ки мудирони мактабҳо аз маоши онҳо барои иҷораи китобҳои дарсӣ 10-долларӣ мегардонанд.

Ба гуфтаи омӯзгорон, роҳбарияти шуъбаи маорифи маҳаллӣ дар ин бора ба мудирони мактабҳо дастур додааст.

Ин дар ҳолест, ки вазорати маорифи халқии Узбекистон хабар дод, иҷораи китобҳои дарсӣ дар соли хониши 2019-2020 боло бурда мешавад. Ин вазорат гуфт, нашр ва хизматрасонии тақсимоти китобҳо гарон шудааст ва ба ин далел, иҷораи он ҳам боло бурда шуд.

Мудирони мактабҳо ба омӯзгорон ваъда додаанд, ки маошашонро аз ҳисоби пардохти волидон барои иҷораи китобҳои дарсӣ бармегардонанд.

Мансабдори қазоқ барои ҳамла ба фаъоли маданӣ боздошт шуд

Арзамасова Cлева

Дар доираи тафтиши парвандаи ҳамла ба фаъоли маданӣ Галина Арзамасова, ки 26 август дар назди бинои ҳукумати Талгари Қазоқистон сурат гирифт, раиси ҷамоати деҳоти Панфилово Нургалӣ Аппазов дастгир шудааст.

Дар бораи боздошти Аппазов намояндаи ҳукумати Талгар Жанкелдӣ Омиралиев хабар дод. "Ӯро дар робита ба парвандаи Арзамасова боздошт карданд. Ҳоло дар шуъбаи пулис қарор дошта, баёнот медиҳад", - изҳор дошт Омиралиев.

Навбатдори Шуъбаи пулиси ноҳияи Талгар, ки худро Алибеков муаррифӣ намуд, боздошти Аппазовро бо банди "Авбошӣ" тасдиқ кард. Пулис тафтиши ҳамла ба Арзамасоваро бо банди "Авбошӣ" оғоз карда буд. Вале фаъоли маданӣ ва наздиконаш мегӯянд, ҳодиса бояд ҳамчун "қасди куштор" таҳқиқ карда шавад.

Галина Арзамасова 26 август дар назди бинои ҳукумати ноҳияи Талгари вилояти Алмато мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифт. Худи Арзамасова гуфт, ӯро бо силоҳи пневматӣ паронданд.

Арзамасова мегӯяд, афроди ҳамлагар мехостанд, ӯ дар мулоқоти сокинон бо раиси ноҳияи Талгар иштирок накунад. Галина Арзамасова сокини деҳаи Қарабулоқ буда, бо даъватҳои худ ба шаффофияти кори ниҳодҳои давлатӣ ва муборизаҳояш зидди фурӯши замин ба хориҷиҳо маъруф аст. Ӯ соли 2017 низ ду бор мавриди ҳамла қарор гирифта буд

27 арӯс дар Хатлон аз санҷиши бакорат гузаштанд

Дар 7 моҳи соли ҷорӣ 27 домоди ҷавон дар вилояти Хатлон баъди шаби аввали арӯсӣ ба ҳамсаронашон шубҳа карда, онҳоро барои исботи покдоманияшон ба тахшиси пардаи бакораташон ба Маркази ташхисию тиббӣ бурдаанд. Насиба Мирзалиева, духтури ташхисгар ва як масъули Маркази ташхиси тиббию додгоҳии вилояти Хатлон рӯзи 29 август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ташхис собит кард, ки ҳамаи 27 арӯсе, ки мавриди шубҳаи домодҳо буданд, бо касе ҷуз шавҳаронашон алоқаи ҷинсӣ надоштаанд.

Тибқи гузориши расмӣ, дар чаҳор моҳи соли 2018 дар Хатлон 12 домод барои санҷидани арӯсонашон ба ташхисгоҳ муроҷиат кардаанд. Ба гуфти духтурон, соли гузашта ҳолатҳое будааст, ки арӯсон низ гунаҳгор буда, пеш аз арӯсиашон амали ҷарроҳиеро анҷом додаанд. Духтарон бо анҷоми ҷарроҳӣ худро барои домодҳо бокира нишон медодаанд, вале хулосаи пизишкон барои домодҳо гуфта шудааст.

Мавзӯи бокирагии духтарони хона дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бисёр муҳим арзёбӣ мешавад. Дар ҳолате, ки ба қавле арӯс “нодухтар” эълон мешавад, бархе хонаводаҳо арӯси навро пушти дар мекунанд. Бисёр духтарони хонавайроншуда худро шарманда эҳсос мекунанд ва ангуштнамои ҷомеа мешаванд. Ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани арӯсони бадномшуда ҳам сабт шудааст. Мунаққидони ин падида мегӯянд, санҷиши бокирагии духтар дар асл таҷрибаи мухолиф бо меъёрҳои ҳуқуқи башар аст ва ба ҳеҷ сурат набояд ба унвони меъёри покизагии духтар қабул шавад.

Аз ҷумла, мутахассисони СММ санҷиши бакоратро як ҳолати бисёр таҳқиромез меноманд ва мегӯянд, ки он ҳуқуқи занону духтаронро поймол мекунад ва ба сиҳҳатии таббиву равонии онҳо таъсири манфӣ мегузорад.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт, Идораи ҳуқуқи башар ва бахши СММ дар умури занон дар изҳороте моҳи октябри соли 2018 аз кишварҳои ҷаҳон даъват карданд, ки бояд таҷрибаи бисёр дардноку таҳқиромез ва осебгузори санҷиши бакорат, дар ҳолате, ки зарурати тиббии анҷоми чунин санҷиш вуҷуд надорад, бояд хотима дода шавад.

Тоҷикистон, аз назари онҳо, яке аз он кишварҳоест, ки мавзӯи бакорати духтарон ва нобоварии домодҳои ҷавон ба покдомании арӯсони ҷавон дар он то рафт дарднок мешавад.

Марказҳои махсуси тиббӣ чунин санҷишҳоро пеш аз арӯсии духтарҳо ҳам анҷом дода ба дасташон санад медиҳанд, ки пардаи бакорати духтар канда нашудааст. Ин ба маънои надоштани алоқаи ҷинсии ӯ мебошад.

Дар Киев нахустин ҷаласаи парлумони нав баргузор шуд

Дар Киев ҷаласаи нахустини Рада ё парлумони Украина баргузор шуд. 424 вакил савганд ёд кард. Дар маҷмӯъ, парлумони Украина аз 450 курсӣ иборат аст, вале дар ҳавзаҳои Қрими ишғошуда ва минтақаи берун аз назорати ҳукумати Украина дар Донбасс интихобот баргузор нашуд. Аксариятро дар парлумони Украина намояндагони ҳизби ҳокими «Хидматгори халқ» ташкил медиҳанд. Дар ҷаласаи аввали парлумонӣ президент Владимир Зеленский иштирок кард.

Онҳо 254 курсиро ташкил мекунанд. Дар ҷаласаи аввали парлумонӣ эълон шуд, ки аъзои ҳизби «Хидматгори халқ» эътилофи ҳокимро таъсис доданд. Ин ба он маъност, ки ин эътиилоф метавонад бидуни мувофиқа бо дигар аъзои маҷлис ба президент Владимир Зеленский номзадии нахуствазирро пешниҳод кунад. Бар асоси иттилои расонаҳо, нахуствазири ояндаи Украина метавонад Алексей Гончаруки 35-сола интихоб шавад, вале ҳанӯз қарори расмӣ дар ин замина содир нашудааст.

Нахуствазири собиқ Владимир Гройсман зимни суханронӣ дар баробари парлумон истеъфои ҳукумати қаблиро эълон кард. Ҷаласаи парлумонро президиуми муваққатӣ ва пешвои ҳизби «Хидматгори халқ» Дмитрий Разумков раҳбарӣ карданд. Интизор меравад, ки Разумков раиси нави парлумон интихобот мешавад.

Дар парлумон 6 фирқа ва гурӯҳҳо таъсис шудааст. Дар баробари “Хидматгоди халқ”, инчунин “Платформаи мухолифини барои зиндагӣ”, “Ҳамраъйии аврупоӣ”-и Петро Порошенко, “Батковшина”-и Юлия Тимошенко, “Голос”-и Святослав Вакарчук ва гурӯҳи вакилони мустақили “Барои оянда” таъсис шуданд.

Шаҳрдори собиқи Теҳрон пас аз 3 моҳи қатли ҳамсараш озод шуд

Додгоҳ, 22 июни соли 2019. Вакили дифоъ Ҳамид Ризо Гударзӣ ва Муҳаммад Алӣ Наҷафӣ

Собиқ шаҳрдори Теҳрон, ки барои қатли ҳамсари дуюмаш ба ҳукми марг маҳкум гардид, рӯзи 28 август баъди он ки хонаводаи қурбонӣ гуноҳашро бахшид, ба озодӣ баромад.

Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба вакили дифои ӯ Ҳамид Ризо Гударзӣ гуфтанд, ки Муҳаммад Алӣ Наҷафӣ бо васиқаи тахминан 240 ҳазор доллар озод шуд. Наҷафӣ, ки инчунин ба хотири доштани силоҳи ғайриқонунӣ ба ду соли зиндон маҳкум шуда буд, ба бозбинӣ шудани ин ҳукм муроҷиат кардааст.

Муҳаммад Алӣ Наҷафии 67-сола рӯзи 28 май ҳамсари дуюми худ Митро Устоди 35-соларо дар хонааш дар як маҳаллаи Теҳрон ба қатл расонид. Полис ҷасади Устодро бо чанд осори тир дар қафаси синааш пайдо кард. Чанд соат баъди ин худи Наҷафӣ ҳам ба полис таслим шуд. Ӯ гуфт, ки онҳо дар зиндагӣ ихтилофи назар доштанд.

Бар асоси Кодекси ҷиноии Эрон, дар сурати қасдан куштани инсон, хонаводаи қурбонӣ метавонад аз қотил хунбаҳо талаб кунанд ва ҳам ӯро бубахшад. Бародари Митро Устод дар Инстаграми худ навишт, ки тасмими хонавода ин шуд, ки Наҷафиро бидуни талаби хунбаҳо мебахшанд. Ин ба он маъност, ки Наҷафӣ эъдом намешавад ва ҳам хунбаҳои қатли ҳамсарро пардохт намекунад. Ба иттилои вакили дифои Наҷафӣ, баъди ин қарор додгоҳ розӣ шуд, ки бо сабаби мариз будани зерҳимояаш ӯро ҳамчун ҳабси хонагӣ озод кунад.

Вале ҳукми Наҷафӣ онҳоеро хашмгин кард, ки барои ҷурмҳои сабук ва бештар сиёсӣ ҳукмҳои тӯлонии зиндон гирифтаанд. Аз ҷумла, ахиран бо як ҳукми додгоҳ зани 24-сола барои риоя накардани қоидаи пӯшидани ҳиҷоб ба 24 соли зиндон маҳкум шуд ва додрас ҳам гуфт, ки ин зан бояд пушти панҷара бимонад. Тарафдорони ин зан мегӯянд, ки низоми додгоҳӣ ба як қотил ва узви системаи ҳукумати Эрон иҷоза медиҳад, ки ба озодӣ барояд, вале барои як зан танҳо барои сарфи назар кардани ҳиҷоб ҳукми тӯлонии зиндон медиҳад.

Текебоев ва Чотонов ба озодӣ баромаданд

29 августи соли 2019

Дар додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек рӯзи 29 август мурофиаи таҷдиди назари парвандаҳои раҳбари ҳизби “Ота макон” Омурбек Текебоев ва собиқ сафир Дуйшонқул Чотонов шурӯъ шуд. Бо қарори додрас, шароити нигаҳдории гумонбарон тағйир дода шуд: ҳарду сиёсатмадор дар ҷараёни баррасии парвандаашон дар ҳабси хонагӣ, яъне дар озодӣ хоҳанд буд.

Текебоев ва Чотонов, ки аз соли 2017 ба ин сӯ дар зиндон буданд. Дар беруни бинои додгоҳ наздикону ҷонибдорони Текебоев бо шиору овезаҳо дар даст онҳоро истиқбол гирифтанд.

Рӯзи 21 август додгоҳи олии Қирғизистон парвандаи Текебоев ва Чотоновро ба баррасии дубора ба додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек фиристод. Додгоҳ гуфт, ки аз рӯи парвандаи онҳо ҳолатҳои нав ошкор шудааст. Соли 2017 бар асоси баёноти як соҳибкори рус Леонид Маевский оид ба додани пор дар ҳаҷми 1 миллион доллар, Омурбек Текебоев ва Дуйшонқул Чотонов ба 8 соли зиндон маҳкум шуданд. Худи сиёсатмадорон ин иттиҳомрот эътироф намекунанд ва худро қурбонии сиёсатҳои президенти собиқи ҳамакнун боздоштшуда Алмосбек Отамбоев меноманд.

Ҳалокати чаҳор нафар дар сохтмони маркази тиҷоратии Тошканд

Акс аз бойгонӣ

Дар ҷараёни сохтмони як маркази азими тиҷоратӣ дар Тошканд чор коргар кушта ва ду нафар захмӣ шуданд. Фоҷеа дар паи ба замин сарозер шудани як қолаби оҳании марбут ба сохтмон рух дод. Маъмурияти маркази тиҷоратии “Ривера” бо пахши хабар дар саҳифаи расмии фейсбукии худ 28 август, аз ҳодисаи рухдода изҳори таассуф кардааст. Ба навиштаи маъмурият, тамоми корҳои сохтмонӣ қатъ шуда, таҳқиқи ҳодиса шурӯъ шудааст.

Дар Узбекистон модари се фарзанд худ ва хонаашро оташ зад

Сокини 31-солаи деҳаи "Чиялӣ"-и ноҳияи Чироқчии Узбекистон шаби 26 августи соли равон худро ҳамроҳи хонааш оташ задааст. Ба гуфтаи шоҳидон, ин зан он шаб се кӯдакашро барои бозӣ кардан ба кӯча фиристода, худро бо бензин оташ задааст. Дар шуъбаи пулиси Чироқчӣ гуфтанд, зан ба иллати он ки 90 дарсади баданаш сӯхта буд, 27 август дар беморхона ҷон бохт.

"Ӯ се кӯдак - 10-сола, 2-сола ва ширхора дошт. Яке аз ҳамсояҳо, ки ҳангоми баргашт аз саҳро нахустин шуда оташсӯзиро дид, гуфт, "вақте ба дохили хона даромадам, зан месӯхт. Вале на дод мезад ва на касеро барои кумак даъват мекард". Мард зуд болопӯшеро гирифта, ба болои зан ҳаво дода, оташро хомуш мекунад ва ба берун мебарояд, то хушдомани занро даъват кунад ва он замон дар хона оташе дида намешуд",-гуфт як ҳамсояи зан.

Ба гуфтаи ҳамсояҳо, вақте шавҳари зан пас аз тамоси онҳо ба манзили зисташ бармегардад, хона аллакай оташ гирифта буд. "Шавҳар ба зур занашро аз хона берун кард. Вале натавонист оташи хонаро хомуш кунад. Хонаи нав пурра ба коми оташ рафта, танҳо деворҳояш монданд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Ҳамсояҳо занро он шаб зуд ба беморхона интиқол медиҳанд, вале субҳи 27 август ӯ ба ҳуш наомада, ҷон медиҳад. Дар додситонии Чироқчӣ гуфтанд, ки роҷеъ ба худсузии зан парванда боз ва санҷиш оғоз шудааст.

Ба гуфтаи ҳамсояҳо, зан нон пухта, дар бозор мефурӯхт ва шавҳараш бо корҳои мавсимӣ машғул буд. "Бархеҳо мегӯянд, ки зан пас аз ҷанҷол бо шавҳараш даст ба худсузӣ задааст. Вале ӯ ҳеҷ гоҳ аз шавҳари худ шикоят накарда буд. Мардум он рӯз диданд, ки шавҳараш ором бо дучарха ба куҷое мерафт. Ин мард низ мегӯяд, намедонад, ки ҳамсараш барои чи худро оташ зад",-изҳор дошт яке аз ҳамсояҳо.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, мошинҳои оташнишонӣ низ он шаб вақте ба маҳалли ҳодиса омаданд, об надоштанд. "Оташнишонҳо омада, аз мардум пурсиданд, ки аз куҷо метавонанд, об гиранд. То рафтанд об оварданд, ки хона пурра маҳв шуда буд",-афзуд ӯ.

Маликаи Бритониё порлумони кишварашро ба танаффус фиристод

Маликаи Бритониё Елизавета II розӣ шуд, ки бо дархости сарвазир Борис Ҷонсон фаъолияти порлумонро қатъ кунад. Танаффус дар кори порлумон аз ҳафтаи дувуми моҳи сентябр шуруъ шуда, то 14 октябр давом мекунад.

Ба ин тартиб, ҳукумати Борис Ҷонсон имкон пайдо мекунад, бидуни муқовимати вакилон аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шавад, ки гуфта буданд, намегузоранд, кишварашон бе созиш аз Иттиҳод берун равад.

Ҳукумати Бритониё аз малика хоста буд, ки фаъолияти порлумон аз 10 сентябр қатъ кунад. Борис Ҷонсон гуфт, паёми малика, ки тибқи одат нақшаҳои марбут қонунгузории ҳукуматро эълом мекунад, рӯзи 14 октябр, ҳамагӣ ду ҳафта пеш аз санаи хориҷшавии Бритониё аз Иттиҳод баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, Бритониё 31 октябр аз Иттиҳод берун шавад. Дар ҳамин ҳол, Борис Ҷонсон мегӯяд, ба танаффус фиристодани порлумон ба хориҷшавӣ аз Иттиҳоди Аврупо рабт надорад.

Ҷон Беркоу, раиси Маҷлиси авом ин амали ҳукуматро "истибдоди конститутсионӣ" унвон кард. "Инро ҳар гуна, ки шарҳ диҳанд, комилан рушан аст, ки ҳадаф яке аст - монеъ шудан, то вакилон Брекзит (аз Иттиҳод хориҷ шудани Бритониё)-ро баррасӣ накунанд ва масъулиятҳояшонро дар муайян кардани самти ҳаракати кишвар иҷро нанамоянд... Ин сӯиқасд ба раванди демократия ва ҳаққи қонунгузорон ҳамчун намояндагони интихобшудаи мардум аст",-гуфт вай.

Мухолифон тасмим доранд, аз ин амали ҳукумат ба додгоҳ шикоят баранд. Аксари вакилони порлумони Бритониё зидди ба тундӣ хориҷ шудан аз Иттиҳоди Аврупо ҳастанд.

Ҷонсон - яке аз роҳбарони маъракаи Брекзит - моҳи июли соли ҷорӣ баъди он сарвазир таъйин гардид, ки дар интихоботи дохилии Ҳизби муҳофизакорон баъди истеъфои Тереза Мэй пирӯз шуд. Мэй бо Иттиҳоди Аврупо ба созиш расид, вале он созишро порлумон қабул накард ва Мэй маҷбур шуд аз курсии сарвазирӣ истеъфо диҳад.

Ҳоло Ҷонсон пойфишорӣ дорад, ки Бритониё дар ҳар сурат 31 октябр аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ хоҳад шуд. Ҳатто эҳтимол бидуни созиш. Вале пеш аз ба танаффус рафтан, вакилони порлумон ҳамагӣ чанд рӯз дар ихтиёр доранд, то аз хориҷшавии бидуни созиш пешгирӣ кунанд.

Бритониё бино бар натиҷаҳои раъйпурсии соли 2016, мебоист ҳанӯз 29 март аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шавад. Порлумон се маротиба созишномаи хориҷшавӣ аз Иттиҳодро рад кард. Ба ин тартиб, муҳлати хориҷшавӣ дар санаи 31 октябр таъйин шуд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ҷашни 30-умин солгарди инқилоби махмалии Чехия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:05 0:00
XS
SM
MD
LG