Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Трамп гуфт, кишвар бояд зидди тирандозиҳои хунин чора андешад

Президенти ИМА Доналд Трамп ду тирандозиҳои густардаро дар охири ҳафта, дар Иёлоти Муттаҳида маҳкум кард ва гуфт, ки "дар кишвари мо нафрат ҷое барои будан надорад".

Трамп рӯзи 4 август ба хабарнигорон дар Морристаун ва Ню Ҷерсӣ гуфт, "мо бартараф кардани ин душвориро баррасӣ хоҳем кард". Вай гуфт, ки бо додситони кулл, раҳбари FBI ва аъзои Конгресс сӯҳбат кардааст ва 5 август изҳороти иловагӣ хоҳад дод. Дар тирпаррониҳо дар Эл Пасо, Техас, Дейтон, Огайо ҳадди аққал 29 нафар кушта ва даҳҳо кас ҷароҳат бардоштанд, чун тирандозиҳои густарда дар кишвар давом доштанд.

Баъзе номзадҳо ба вазифаи президентӣ аз ҳизби демократ, Трампро дар барангехтани зиддияти нажодӣ айбдор карданд, ки боиси куштор шуд. Дар шаҳри Эл Пасо, як шаҳри сарҳадӣ бо аҳолии сершумори испанӣ, як мусаллаҳи 21-сола дар мағозаи Walmart пеш аз таслим шудан, 20 нафарро куштааст.

Мақомот гуфтанд, ки тирпарронӣ гӯиё нажодпарастона аст ва додситонҳои федералӣ ин амалро ҳамчун як амали террористии дохилӣ баррасӣ мекунанд. Полис ҳамчун далели он ки хунрезӣ нажодпарастона буд,ба як баёни ишора карда, ки гумонбар дар Интернет чоп кардааст.

Сабаби тирпаронӣ дар Дейтон аз сӯи як ҷавони 24-сола номаълум мемонад.

Ҳафт пулиси афғон аз "тири худӣ" кушта шуданд

Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки рӯзи 4 август камаш 7 корманди пулис ҳангоми ба онҳо оташ кушодани як ҳамкорашон дар вилояти ҷанубии Қандаҳор кушта шуданд.

Толибон иддаъои даст доштан дар ин ҳамларо кардаанд. Ин ҳамла, ки дар минтақаи Тор Котал дар ноҳияи Шоҳ Валӣ Кот рӯй дода ва ба гуфтае, охирин “ҳамлаи худӣ “ будааст, яъне ҳангоме афсари полис ё сарбоз силоҳашро ба сӯи қувваҳои афғон ва ё нерӯҳои байналмилалӣ мегардонад.

Ҷамол Носир Борекзай, сухангӯи вилоят мегӯяд, ки ҳамлагар аз маҳалли тирпарронӣ фирор кардааст ва тафтишот идома дорад. Сухангӯи Толибон Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ мегӯяд, ҳамлагар, ки " ҷосуси онҳо" буд, ба Толибон пайвастааст. Толибон ҳоло назорати тақрибан нисфи Афӯғонистонро дар даст доранд ва ҳамарӯза ҳамла мекунанд. Ҳафтаи гузашта дар ҳамин ноҳия ду сарбози амрикоӣ аз тарафи як сарбози афғон кушта шуданд. Толибон ҳамлагарро, ки боздошт шудааст, “қаҳрамон” номидаанд.

ИА аз қарори бастани зиндони "Жаслиқ"-и Узбекистон истиқбол кард

Эдуардс Стипрайс, роҳбари ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Узбекистон аз қарори Шавкат Мирзиёев, президенти ин кишвар дар робита ба бастани зиндони "Жаслиқ" истиқбол кард.

Расонаҳои маҳаллӣ менависанд, қарори мазкур ҳамкориҳои Узбекистонро бо Иттиҳоди Аврупо ба сатҳи нав хоҳад расонд. Мирзиёев 2-юми август қарор "Дар бораи маҳви маҳбаси "Жаслиқ" дар ноҳияи Кунград"-ро имзо кард.

Чанд созмони дигари ҳомии ҳуқуқи байналхалқӣ низ аз ин иқдом истиқбол карданд. Стив Свердлов, намояндаи созмони Human Rights Watch дар умури Осиёи Марказӣ гуфт, "бо бастани ин муассисаи ислоҳӣ президент ҷасорати бузурги сиёсӣ ба намоиш гузошт".

"Ҳамаи шиканҷаҳои пурсару садо дар Узбекистон маҳз дар "Жаслиқ" рух медод. Таърихро бояд омӯхт, иштибоҳҳо набояд такрор шаванд",-гуфт Свердлов.

Зиндони "Жаслиқ" солҳои тӯлонӣ аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқ барои шиканҷа шудани зиндониён танқид мешуд. Дар ин маҳбас бештар зиндониҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ нигаҳдорӣ мешуданд.

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ҳанӯз дар соли 2002 ба Узбекистон тавсия дода буд, ки зиндони мазкурро бандад.

Модарони серфарзанди Нурсултон аз фишори мақомот шикоят доранд

Наздики 30 тан аз модарони серфарзанд субҳи 5-уми август назди ҳукумати шаҳри Нурсутони Қазоқистон ҷамъ шуда, талаби ҳалли мушкили манзилро карданд.

Онҳо аз шартҳои барномаи манзилии ҳукумат изҳори норозигӣ карда, ҳамзамон талаб намуданд, ки ҳокими шаҳр Алтай Кулгинов ба мулоқоташон барояд.

Як қисми ин занҳоро муовини раиси пойтахт Бахтиёр Макенов барои гуфтугӯ ба дохили бинои ҳукумат даъват кард.

Занҳои ҷамъшуда гуфтанд, бегоҳии дирӯз баъди он, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи ҷамъшавиро баррасӣ карданд, пулис ва намояндагони ҳукумат онҳоро огоҳ намудаанд, ки дар сурати дар кӯча ҷамъ шудан, эҳтимол аст, нисбаташон "чораҷӯӣ" шавад.

Бахтиёр Макен, муовини раиси пойтахти Қазоқистон гуфт, "дар кӯча ҳеҷ мушкиле ҳал намешавад". Вай афзуд, намояндагони ҳукумат модаронро танҳо "огоҳ кардаад", ки дар кӯча ҷамъ нашаванд.

Давоми чанд ҳафтаи охир ин бори чандум аст, ки модарони серфарзанд дар Қазоқистон талоши мулоқот бо мансабдорони баландпояро мекунанд. Занҳо пештар низ талош доштанд, барои ҳалли мушкилашон бо президент ва ҳокимони шаҳрҳо мулоқот кунан

Кӯдакони қирғизро аз урдугоҳҳои Ироқу Сурия ба ватан меоранд

Ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, барои баргардонидани кӯдакон -- шаҳрвандони ин кишвар, ки дар урдугоҳҳои Ироқ ва Сурия ба сар мебаранд, омодагӣ мебинад.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон, ҳоло ба раҳбарии муовини сарвазири ин кишвар Жениш Разоқов барои баргардонидани кӯдакон гуруҳи корие ташкил шудааст ва ҳамаи аъзои гуруҳ аллакай раводид (виза)-и Ироқро дарёфт кардаанд.

Ин гуруҳи корӣ моҳи сентябри соли равон ба шаҳри Бағдод хоҳад рафт. Ҳамчунин тариқи корпусҳои дипломатӣ ва консулгарии Қирғизистон дар Туркия масъалаи роҳ ёфтан ба урдугоҳҳои курдҳо дар Сурия ва таъйини шахсияти шаҳрвандони дар онҷо буда баррасӣ мешавад.

Ёдрас мешавем, як гуруҳи фаъолони қирғиз 1-уми августи соли равон дар шаҳри Бишкек нишасти хабариеро баргузор карда, гуфтанд, омодаанд, моҳи сентябри соли равон 150 зану кӯдак -- шаҳрвандони Қирғизистонро ба ватан баргардонанд. Онҳо гуфтанд, харҷи баргардонидани шаҳрвандони Қирғизистонро аз Ироқу Сурия пардохт хоҳанд кард.

Ба иттилои Кумитаи амнияти Қирғизистон, ҳудуди 800 шаҳрванди ин кишвар ба ҷангҳои Ироқу Сурия рафтаанд, ки 140 касашон занонанд.

Бердимуҳаммадовро дар назди "Дарвозаи ҷаҳаннам" нишон доданд

Телевизиони давлатии Туркманистон дар давоми беш аз даҳ рӯзи ахир бори нахуст президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро намоиш дода, иттилоъ дод, ки раисҷумҳур дар рухсатиаш бо варзиш машғул аст.

Дар барномаи "Ватан" нишон дода шуд, ки Бердимуҳаммадов чи гуна, дучархаронӣ, аспсаворӣ ва аз силоҳ оташ мекушояд. Ҳамчунин дар навор дида мешуд, президенти Туркманистон пушти фармони мошини варзишие нишаста, тариқи биёбони Қароқум то ба даҳонаи гази сӯзон, ки бо номи "Дарвозаи ҷаҳаннам" маъруф аст, ҳаракат мекунад.

Президенти Туркманистон бори охир, пас аз паҳни овозаи маргаш 24-уми июли соли равон намоиш дода шуд. Вале навори нашршуда дар рӯзи 24-уми июл таваҷҷӯҳи бисёре аз нозирон ва коршиносонро ба худ ҷалб карда, ҳамзамон "шубҳа"-и онҳоро ба бор овард. Аз ҷумла, коршиносони соҳаи телевизион гуфтанд, навори 24-уми июл ба наворе монанд буд, ки 10-уми майи соли равон дар барномаи "Ватан" пахш шуд.

Пештар расонаҳои расмии Туркманистон хабар дода буданд, ки Бердимуҳаммадов ба муҳлати як моҳ -- аз 15-уми июл то 15-уми августи имсол ба рухсатӣ баромадааст. Президенти Туркманистон дар гузашта ба муҳлати то ба ин ҳад тӯлонӣ ба рухсатӣ намерафт. Якбора ва ба муддати тӯлонӣ аз мазҳари ом нопадид шудани Бердимуҳаммадов миёни сокинони ин кишвар сару садоҳоеро ба миён овардааст.

Рӯзи 21-уми июли соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое паҳн шуд, ки гӯиё Бердимуҳаммадов 20-уми июл даргузаштааст. Аммо хабаргузории русии ТАСС ҳамон рӯз бо такя ба намояндагони сафорати Туркманистон дар Русия навишт, "иттилоъ дар бораи даргузашти Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳақиқат надорад".

Тирпаронӣ дар Техас ва Огайои Амрико: Даҳҳо кас кушта шуд

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи якшанбе дастур дод, ки ба хотири қурбониёни тирпарониҳои Техас ва Огайо парчами ин кишвар дар Кохи Cафед ва ниҳодҳои давлатӣ поин оварда шавад. Дар натиҷаи ин ду ҳамлаи мусаллаҳона 29 кас кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.

Телевизиони CBS бо истинод ба иттилои пулис хабар дод, ки дар натиҷаи тирпаронӣ дар боғи Чикаго 7 кас захмӣ шуданд. Шахси ношиносе дар майдони кӯдакони боғ тирпаронӣ ва аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Ба иттилои CBS, рӯзи ҷумъаи гузашта ду модари ҷавон -- 25 ва 35-сола, узви ташкилоти ҷамъиятии "Модарон зидди кушторҳои беасос"-ро дар ҷануби Чикаго паронданд. Пулис мегӯяд, занон тасодуфан ҳадафи гулӯла қарор гирифтаанд.

Ба иттилои NPR, чанд соат пеш аз ин ҳодиса шахси ношинос дар минтақаи Дейтони иёлати Огайо 9 касро ба қатл расонда, 27 тани дигарро захмӣ кард. Пулис ҳамлагарро парондааст. Ба иттилои пулис, ҳамлагар Коннор Беттси 24-сола ба танҳоӣ амал карда, ангезаҳои даст задани ӯ ба ин кор ҳанӯз маълум нест.

Дар Эл-Пасои иёлати Техас рӯзи шанбе ҷавони мусаллаҳе ба фурӯшгоҳи "Walmart" ҳамла кард, ки 20 кушта ва ҳудуди 30 захмӣ бар ҷой гузошт. SkyNews хабар дод, ки ҳамлагари 21-сола худро ба пулис таслим кард.

Бино ба иттилои "Садои Амрико", тирпарониҳои Эл-Пасо ва Дейтон 21 ва 22-умин куштори дастаҷамъӣ аз аввали соли равон ба ҳисоб мераванд.

Манобеъ: Дар эътирозҳои Москва беш аз 1000 кас боздошт шудааст

ИМА ва Иттиҳоди Аврупо саркӯби эътирозҳои Москваро ба ҷонибдорӣ аз номзадҳои мустақил дар маҷлиси шаҳрӣ маҳкум ва раҳоии боздоштшудаҳоро талаб карданд.

"Мақомоти Русия маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ба изҳори назари худ тавассути интихоботи одилонаву шаффоф ва ташкили ҷамъомади осоиштаро, ки Конститутсияи ин кишвар кафолат додааст, идома медиҳанд. Мақомоти рус 3-юми август ба амале даст заданд, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро барои иштироки ҳамаҷониба дар раванди демократисозӣ нақз мекунад",-гуфт сухангӯи сафорати ИМА дар Москва.

Масъули Бахши умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо Майя Котсянчич гуфт, иттиҳод аз Русия раҳоии фаврии 600 эътирозгари боздоштшударо мунтазир аст. Вазири умури хориҷии Шветсия Маргот Валстрём аз Москва даъват кард, ки номзадҳои мустақилро ба интихобот роҳ диҳад.

Ахиран Вазорати умури дохилии Русия хабар дод, ки дар ҷараёни эътирозҳои 3-юми август 600 касро боздошт кардааст. Сомонаи "ОВД-Инфо" шумори боздоштшудаҳоро 1001 кас номид. Ин сомона пештар аз боздошти 828 кас хабар дода буд. Бештари онҳоро аллакай раҳо кардаанд, вале рӯзи якшанбе 19 тан дар шуъбаи пулис буданд.

Эътирозҳо ба ҷонибдорӣ аз номзадҳои мустақил дар интихоботи маҷлиси Москва ҳудуди як моҳ мешавад дар пойтахти Русия идома доранд. Комиссияи марказии интихоботи Русия тақрибан ба тамоми ҷонибдорони мухолифони сиёсӣ Алексей Навалний ва Дмитрий Гудков, бештари номзадҳои Ҳизби "Яблоко" иҷозат надоданд, ки дар интихобот иштирок кунанд. Бузургтарин тазоҳурот дар Москва 27-уми июл баргузор шуд, ки дар ҷараёни он 1300 касро дастгир карданд.

Қирғизистон соли 2020-ро "Соли Русия" эълом мекунад

Нахуствазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев.

Сарвазири Қирғизистон Муҳаммадқулӣ Абилғозиев сафири Русия дар Бишкек Николай Удовиченкоро ба ҳузур пазируфт.

Ба огаҳии ҳукумати Қирғизистон, Абилғозиев гуфтааст, кишвараш ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо бо Русия таваҷҷуҳи хос дорад. "Рӯзҳои наздик сарвазири Русия Дмитрий Медведев барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё ба Чолпон-Ота меояд. Бинобар ин, мехоҳам қайд кунам, ки ҳамкориҳои Бишкеку Москва дар сатҳи хеле баланд ҳастанд ва барои идома ёфтани ин раванд дар оянда низ тамоми талошро хоҳем кард", - изҳор доштааст Абилғозиев.

Сарвазир ҳамчунин хабар додааст, ки ҷониби Бишкек дар доираи созиши қаблан ҳосилшуда барои соли 2020-ро эълом кардани "Соли Қирғизистон дар Русия" ва "Соли Русия дар Қирғизистон" кумитае таъсис додааст ва дар ҳоли ҳозир нақшаи муштараки чорабиниҳо баррасӣ мешавад.

Фаъолони Қазоқистон раҳоии маҳбусони сиёсиро талаб доранд

Дар наздикии шаҳри Нурсултони Қазоқистон, дар деҳаи Акмол 4-уми август ҳудуди 20 нафар ба ҷонибдорӣ аз маҳбусон ва шаҳрвандоне тазоҳурот карданд, ки зери таъқиби мақомоти ин кишвар қарор доранд. Онҳо аз ҳукумати Қазоқистон озодии "маҳбусони сиёсӣ"-ро талаб карданд.

Тазоҳургарон дар даст акси сокини 28-солаи Қазоқистонро доштанд, ки ба гуфтаи онҳо, бо ангезаҳои сиёсӣ дар ҳабс аст. Фаъолони қазоқ ҳамчунин рӯйхати 28 касеро тартиб дода буданд, ки ба иддаояшон, аз сӯи мақомот таъқиб шудаанд.

"Мо ба "Алжир" -- урдугоҳи занҳои "хоинони ватан"-и Акмолин дар давраи Сталин -- беҳуда наомадаем. Мутаассифона, мо имрӯз низ ҳамон гуна қурбониёни низоми худкомаро дорем. Шармандагӣ ҳаст, ки пас аз 30 соли истиқлоли давлатӣ ҳанӯз ҳам маҳбуси сиёсӣ дорем",-гуфт яке аз иштирокдорони тазоҳурот.

Дар миёни онҳое, ки тазоҳургарон раҳоияшонро талаб карданд, шоир ва дигарандеш Отабек, президенти пешини ширкати "Қазтомпром" Мухтор Ҷакишев, фаъоли маданӣ Макс Бокаев ва соҳибкор Искандар Еримбетов низ буданд. Тазоҳургарон ҳамчунин норозигии худро ба боз шудани парванда зидди модарони серфарзанд -- Оксана Шевчук, Жазира Демеуова ва Гулзипа Ҷаукерова бо гумони иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ баён карданд.

Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон низ 4-уми август як гурӯҳи сокинон раҳоии президенти пешини ширкати "Қазтомпром" Мухтор Ҷакишевро талаб карданд, ки соли 2009 ба 14 соли зиндон маҳкум шудааст. Додгоҳ ҳафтаи гузашта дархости озодии вайро пеш аз муҳлат рад кард.

Ҷамъомадагон гуфтанд, дар Қазоқистон озодии расонаҳо ва ҳаққи шаҳрвандон ба ташкили ҷамъомадҳои осоишта маҳдуд мешавад. Бархе онҳо барои тағйирот дар кишвар интихоботи одилонаро талаб карданд. Гуруҳи дигар гуфтанд, бекорӣ ва мушкили манзили зист сокинонро ба ташкили ҳамоишҳои эътирозӣ маҷбур мекунад.

Медведев дар пайи овозаҳои марги Бердимуҳаммадов ба Ишқобод меравад

Дмитрий Медведев, сарвазири Русия тасмим дорад, моҳи ҷорӣ ба Туркманистон сафар кунад. Интизор меравад, сафари Медведев ба Туркманистон рӯзҳои 11-12-уми август анҷом шавад. Вай дар нахустин Форуми иқтисодии Каспий ширкат хоҳад кард. Дар доираи ин сафар мулоқоти Медведев бо президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар назар аст.

Бердимуҳаммадов сар аз 5-уми июл ба ин тараф дар мазҳари ом ҳозир нашудааст. Вай ҳатто рӯзи 6-уми июл дар мулоқот бо роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерика Могеринӣ ҳузур надошт.

Нопайдоии Бердимуҳаммадов боис шуд, бархеҳо дар бораи бад шудани вазъи сиҳатиаш ҳадс зананд. Мақомоти Туркманистон борҳо гуфтанд, ки Бердимуҳаммадов то 15-уми август дар рухсатии меҳнатӣ хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки Форуми иқтисодии Каспий пеш аз анҷоми муҳлати рухсатии президент баргузор мешавад.

Рӯзи 21-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаи марги Бердимуҳаммадов нашр шуд. Вале намояндагиҳои дипломатии Туркманистон дар кишварҳои хориҷ як рӯз баъд ин овозаро рад карданд.

Президенти Узбекистон дастур дод, "ҳокимони хоин" муҷозот шаванд

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба зердастонаш дастур дод, ки масъалаи аз мақом барканор кардани ҳокимони вилоятҳои Фарғона, Хоразм ва Қашқадарёро баррасӣ кунанд. Мирзиёев рӯзи 2-юми август дар як ҷаласа дар робита ба тахриби манзилҳо ва амволи сокинон дар бархе аз ноҳияҳои Узбекистон изҳори назар кард.

"Ман ба Абдулло Орипов (сарвазир) ва Зайниалобиддин Низомиддинов (раиси дастгоҳи президент) дастур медиҳам, ки дар робита ба барканор кардани ҳокимон чораҷӯӣ кунанд. Ин ба ман даркор нест! Ман бори дигар такрор мекунам, мо бо ин сиёсат дур намеравем - бо сиёсати хушунатбор! Агар ин сиёсат кор медод, мо дар 30 сол ба беҳтаринҳо табдил мешудем",-гуфт Мирзиёев.

Мирзиёев дар он ҷаласа ҳокими вилояти Хоразм Фарҳод Эрмановро танқид кард, ки ба далели тахриб кардани манзилҳо, сокинон маҷбур шудаанд, роҳи мошингарди Урганҷро банданд.

"Ба сиёсати ман аз ҳама бештар Эрматов зиён овард. Ман ба ту ва амсоли ту "табрикот"-и бешармонаеро аз Интернет ирсол мекунам. Вақте ман гуфтам, ки раиси шаҳри Урганҷ (Шуҳрат Абдуллоев)-ро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунем, ту ба ҳайси вакили дифоъ аз сарвазир хоҳиш кардӣ, ки ин корро накунем. Ана натиҷаи "дӯстӣ"-и ту. Бихон, ки имрӯз дар бораи дӯстии ману ту дар шарҳҳо чи менависанд. Агар ту, бе виҷдон, дӯсти ман мебудӣ, ин гуна рафтор намекардӣ. Чаро биноҳоро тахриб кардӣ? Шарҳҳоро дар интернет бихон. Онҷо акси ту нест. Танҳо акси сарвазир нашр шудааст ва зери он одамон шарҳ менависанд, ба сиёсати президент нафрин мехонанд. Ту ва зердастони ту ба ман ҳамчун душман муносибат кардед. Оё душвор буд, ки пеш аз тахриби биноҳо бо майнаат фикр бикунӣ? Боз худнамоӣ мекунад, ки ба ҳар кадоми онҳо 30-50 миллиард сумӣ ҷубронпулӣ ҷудо кардааст. Оё ин маблағи туст? Ин маблағи вазорати молия аст! Ё Узбекистон аз ту қарздор аст? Бо хондани ин гуна шарҳҳо ман чи гуна метавонам, дар утоқам ором шинам?", - гуфт президенти Узбекистон.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки шаби 26 ба 27 июл ҳазорон сокини манзилҳои тахрибшудаи кӯчаи "Ишқобод" дар ноҳияи Урганҷи вилояти Хоразм роҳи мошингарди Урганҷ-Ҳазораспро баста, аз мақомоти маҳаллӣ пардохти ҷубронпулӣ талаб карданд. Баъди тахриби манзилҳо бештар аз 400 оила чанд моҳ маҷбур буданд, зери хаймаҳо истиқомат кунанд. Рӯзи 27 июн сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов барои шиносоӣ бо вазъ ба Урганҷ рафт. Як рӯз баъд ба ҳамаи эътирозгарон ҷубронпулӣ пардохт шуд.

Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи рӯзи 2-юми август ҳокимони вилоятҳои Фарғонаву Қашқадарёро ҳам танқид кард.

Эрон як нафткаши хориҷии дигарро дастгир кардааст

Нафткаши Stena Impero рӯзи 19-уми июл дар гулӯгоҳи Ҳурмуз дастгир шуд.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, як нафткашии хориҷиро боздошт кардааст, ки ба кишварҳои арабӣ нафт қочоқ мекард. Дар баёнияи сипоҳ, ки матбуоти давлатии Эрон нашр кард, омадааст, нафткаш 700 ҳазор литр нафт дошт ва дар наздикиҳои Ҷазираи Форсӣ дастгир шуд.

Хабаргузории ИРНА навишт, ки киштии хориҷиро бо амри додгоҳ боздошт кардаанд. Маълум нест, нафткаш ба кадом кишвар тааллуқ доранд, вале онро ба вилояти Бушеҳр бурдаанд. Ба қавли хабаргузории Форс маллоҳони киштиро дастгир кардаанд ва боздошт рӯзи 31-уми июл сурат гирифтааст. Сипоҳи панҷуми Амрико, ки дар Баҳрайн пойгоҳ дорад, гуфтааст, ҳанӯз ин гузоришҳоро тасдиқ карда наметавонад.

Моҳи гузашта ва дар рӯзи 19-уми июл Эрон киштии муттааллиқ ба ширкатҳои бритониёӣ бо номи “Стена Имперо”- ро бо иттиҳоми риоят накардани “меъёрҳои байналмилалии шино дар қаламравҳои байналмилалии обӣ” дастгир кард. Рӯзи 4-уми июл нерӯҳои баҳрии Бритониё як нафткаши Эронро дар соҳилҳои ҷанубии Испониё дастгир кард ва гуфт, ки ин нафткаш бар хилофи таҳримоти Иттиҳодияи Аврупо ба Сурия нафт мебурд. Баъд аз ин танишҳо байни ду тараф авҷ гирифт.

Халилзод мегӯяд, омодаи имзои созиш бо Толибон ҳастанд

Залмай Халилзод

Фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон мегӯяд, Вашингтон омода аст, барои поён додан ба ҷанги 18-сола дар Афғонистон бо Толибон “созиши хубе” имзо кунад. Залмай Халилзод дар ин бора рӯзи 2-уми август пеш аз музокироти намояндагони Амрико ва Толибон дар шаҳри Доҳа пойтахти Қатар сӯҳбат кард. Ду тараф бори ҳаштум аст, ки дар бораи шарту шароити музокироти сулҳ дар Афғонистон гуфтугӯ мекунанд.

Созиши дуҷонибаи Амрикову Толибон берун кардани нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистонро дар бар мегирад вале ба ин шарт, ки Толибон ба гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар паноҳгоҳ надиҳанд. Ин созиш бояд барои музокироти сулҳи байни афғонҳо, созиши пойдори оташбас ва ҳалли сиёсии муноқиша дар Афғонистон замина бигузорад. Залмай Халилзод дар Твиттер навишт: “Толибон аломат додаанд, ки мехоҳанд, созиш ниҳоӣ шавад. Мо барои созиши хуб омодаем.” Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, “умед аст, ки созиш дар ин давра ниҳоӣ шавад” ва афзудааст, ки баъзе аз масоили ҳалношуда боқӣ мондаанд.

Фарди мусаллаҳ 20 нафарро дар Тексас кушт

Пулис дар маҳалии ҳодиса

Дар натиҷаи тирандозии як фарди мусаллаҳ дар мағозае дар аёлати Тексаси Амрико 20 нафар кушта ва 26 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти аёлат рӯзи 3-уми август гуфтанд, ҷавони 21-солае бо иттиҳоми тирандозӣ дар мағозаи серодами Волмарт дар шаҳри Эл-Пасо дастгир шудааст. Онҳо гуфтанд, саҳнаи тирандозӣ “ваҳшатангез” буд.

Грег Аллен, сардори идораи пулиси шаҳр гуфт, мақомот баёнияҳоеро дар Интернет ёфтаанд, ки зоҳиран ба ин ҷавон тааллуқ дорад ва ба зидди муҳоҷирон нигаронида шудааст. Ӯ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ҷиноят ғолибан ангезаҳои бегонаситезиро дорад. Эл-Пасо бо аҳолии 680 ҳазор нафарӣ дар марз бо Мексика дар ғарби аёлати Тексас ҷойгир аст ва аҳолиаш аксаран испанитаборон ҳастанд. Пулис гуфт, ҳангоми тирандозӣ дар мағозаи Волматр 3 ҳазор нафар будаанд ва аксарияташон ҳам шаҳрвандони Мексика, ки маъмулан барои харид ба инҷо меоянду мераванд.

Боздошти бештар аз 800 нафар дар тазоҳуроти Маскав

Яке аз саҳнаҳои муносибат бо тазоҳургарон.

Мақомоти интизомии Русия дар ҷараёни тазоҳуроти бидуни иҷоза дар шаҳри Маскав бештар аз 800 нафар, аз ҷумла яке аз пешвоёни мухолифони давлатро дастгир кардаанд. Пештар аз боздошт онҳо ҳушдор доданд, ки барои роҳ надодан ба тазоҳурот “тамоми чораҳои лозим”-ро меандешанд. Як ҳафта пештар аз ин пулиси Маскав дар як тазоҳуроти шабеҳи мухолифон бо талаби баргузории интихоботи озоду одилонаи маҷлиси шаҳри Маскав 1300 нафарро дастгир карданд.

Рӯзи 3-уми август, садҳо нафар аз маъмурони ОМОН, нерӯҳои вижаи зиддиюришро барои монеъ шудан ба тазоҳурот дар Маскав сафарбар карданд. Созмони ғайриҳукуматии “ОВД-инфо” аз боздошти 828 нафар дар ин рӯз гузориш дод. Маъмурони пулис Любов Собол, аз пешвоёни мухолифони давлатро бо берун омадан аз қароргоҳаш дастгир карданд. Ӯро, ки аз баргузоркунандагони тазоҳурот аст ва мехост, ба тазоҳургарон ҳамроҳ шавад, аз дохили таксӣ гирифтанд ва ба мошини пулис савор карда бурданд.

Помпео гуфт, қодир ба ташкили эътилоф дар Халиҷи Форс ҳастанд

Майк Помпео

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 4-уми август гуфт, ки “боварии комил” дорад, кишвараш метавонад, эътилофе барои таъмини амнияти баҳрнавардӣ дар Халиҷи Форс ташкил кунад. Аммо ӯ нагуфт, кадоме аз кишварҳои ҷаҳон омодаанд, ба ин эътилоф бипайванданд. Майк Помпео дар ин бора дар як нишасти муштараки хабарӣ бо Марк Эспер, вазири дифои Амрико дар шаҳри Сиднейи Австралия сухан гуфт. Марк Эспер гуфт, ӯ дар ин бора аз баъзе шарикони Амрико посухҳои хубе гирифтааст ва қарор аст, ба зудӣ дар ин замина хабар бидиҳанд.

Линда Рейнолдс, вазири дифои Австралия гуфт, кишвараш дархости Амрико барои ташкили эътилофро ба баррасии ҷиддӣ гирифтааст, аммо то ҳол қароре қабул накардаанд. Ба гуфтаи Линда Рейнолдс, Австралия бо назардошти манофеи худ тасмим мегирад. Барномаи Амрико барои таъсиси эътилоф барои таъмини амнияти баҳрнавардӣ дар Халиҷи Форс ба сабаби авҷ гирифтани танишҳо бо Эрон то кунун, ҳаводори зиёде дар байни кишварҳои дигар пайдо накардааст.

Боздошти Любов Собол, яке аз фаъолони мухолифон дар Маскав

Любов Собол

Пулиси Маскав дар остонаи баргузории тазоҳуроти рӯзи 3-юми август Любов Собол, яке аз намояндагони мухолифон дар Русияро дастгир кард.

Собол ҳуқуқшиноси Бунёди мубориза бо коррупсия ва номзади сабтиномнашуда дар интихоботи Маскав аст. Ӯ чанд муддат боз гуруснанишинӣ мекунад.

Боздошти Собол замоне сурат гирифт, ки ӯ ба таксӣ нишаста, бояд ба маҳалли баргузории эътирозҳо мерафт. Ӯ чанд дафъа аз маъмурони пулис пурсид, “бо чӣ асос дастгир мекунанд?” вале посух нагирифт.

Бино ба хабари расонаҳои Русия то кунун даҳҳо нафар барои иштирок дар тазоҳуроти рӯзи 3-юми август дастгир шудаанд. Мақомот ба баргузории тазоҳурот иҷоза надодаанд.

Садҳо нерӯи пулис ва артиш ва инчунин техникаи низомӣ дар кӯчаҳо ҷойгир шудаанд. Дар баъзе аз минтақаҳои Маскав нерӯҳои пулису артиш ҳалқаеро эҷод кардаанд, ки сокинонро аз як тараф ба тарафи дигар гузаштан намемонанд.

Мухолифон аз он ки номзадҳои мустақил ва намояндагони оппозитсиюн барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси Маскав сабтином нашуданд, эътироз доранд. Мақомот мегӯянд, онҳо имзои зарурӣ ҷамъ наовардаанд.

Ҳафтаи гузашта дар чунин эътирозҳо беш аз 1300 нафар дастгир шуд. Додгоҳе дар Маскав рӯзи 2-юми август чаҳор нафар, аз ҷумла як зодаи Тоҷикистонро бо ҷурми иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ то ду моҳ ҳабс кард.

Чин пешниҳодро барои пайвастан ба паймони нав напазируфт

Сӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин

Чин пешниҳоди раиси ҷумҳури Амрикоро, ки дар як паймони маҳдудияти аслиҳа бо Вашингтону Маскав ҳамроҳ шавад, рад кардааст.

Жонг Ҷун, сафири Чин дар Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 2-юми август гуфт, Пекин аз лағви паймони маҳдудияти мушакҳои миёнпарвоз байни Амрикову Русия мутаассуф аст ва пешниҳоди нави Доналд Трампро дар мавриди маҳдудияти силоҳ намепазирад.

Паймони маҳдуд сохтани мушакҳои миёнбурд миёни Русия ва Амрико дар соли 1987 миёни раиси ҷумҳури вақти Амрико Роналд Рейган ва раҳбари Шӯравии собиқ Михаил Горбачев ба имзо расид. Вашингтон рӯзи 1-уми август расман аз ин паймон хориҷ шуд.

Дар аввали имсол Амрико ва НАТО Русияро ба ҷобаҷо кардани мушакҳои 9M729 муттаҳам сохтанд. Маскав ин иттиҳомотро рад кардааст.

Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъаи 2-юми август изҳор дошт, ки майл дорад як паймони навро бо Русия имзо намояд ва Чинро ҳам ба он дохил кунад.

Расонаҳо як нақшаи Трампро то интихоботи 2020 маълум карданд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ба ҳамкорони худ гуфтааст, мехоҳад, то интихоботи ояндаи президентӣ дар моҳи ноябри соли 2020 тамоми сарбозони амрикоиро аз Афғонистон хориҷ кунад.

Дар ин маврид расонаҳои амрикоӣ аз қавли манобеи худ дар мақомоти ин кишвар хабар доданд. Номи ин манобеъ зикр намешавад.

Ҳамзамон бо ин, расонаҳои амрикоӣ аз қавли манобеи мухталиф навиштаанд, Вашингтон ҳозир аст, дар сурате ки Толибон барои хатми ҷанги 18-сола бо ҳукумати Кобул мустақим музокира кунанд, бахши зиёде аз сарбозони амрикоиро аз Афғонистон берун намояд.

Рӯзномаи “Вашингтон Пост” ва шабакаи телевизионии CNN аз қавли манобеи амрикоӣ гузориш додаанд, ки гуфтаанд агар Толибон шарти Амрикоро қабул кунад, ҳамин сол шумори сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон аз 14 ҳазор ба 9 ҳазор ва ҳатто 8 ҳазор нафар коҳиш хоҳад ёфт.

Вашингтон гуфтааст, умед дорад, ки то аввали моҳи сентябр музокироти сулҳро бо Толибон ниҳоӣ намояд.

Қазияи Скрипал. Таҳримҳои нави Амрико зидди Русия

Маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 2-юми август зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард.

Амрико Русияро ба даст доштан дар заҳролудшавии Сергей Скрипал, ҷосуси дугона, муттаҳам кардааст. Скрипал соли 2018 бо духтараш Юлия дар Бритониё бо маводи заҳрии "Новичок" ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.

Скрипал ва духтараш дар вазъияти бисёри вазнин ба шифохона бурда шуда, аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурданд.

Дар робита ба ин қазия Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 1-уми август фармонеро имзо кард ва бар асоси он таҳримҳои нав алайҳи Русия ҷорӣ шуд.

Русия дар вокуниш гуфт, Амрико аз ин иқдомаш пушаймон хоҳад шуд. Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, ин иқдоми Вашингтон бо интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Амрико иртибот дорад ва ӯро мутааҷҷиб сохтааст.

11 август – рӯзи таҷлил аз Иди Қурбон дар Тоҷикистон

Намози иди қурбон дар масҷиди марказии Душанбе. Соли 2017

Имсол Иди Қурбон ё Азҳо дар Тоҷикистон рӯзи якшанбеи 11-уми август таҷлил хоҳад шуд. Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар ин бора рӯзи 3-юми август содир гардид.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори шуъбаи фатвои Шӯрои уламо, ба Радиои Озодӣ гуфт, намози ид дар масҷидҳои ҷомеи кишвар соати 6:30 хонда мешавад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон чанд сол пеш ҳангоми таҳияи беш аз 500 номгӯи фарҳанги ғайримоддӣ Иди Қурбонро ба қатори ҷашнҳои нимфаъол дар кишвар шомил карда буд. Муаллифон гуфтанд, "қаламрави таҷлили Иди Қурбон чандон густарда нест".

Иди Қурбон, яке аз ду иди мусалмонӣ, солҳо боз дар Тоҷикистон истироҳати расмӣ эълон шудааст. Дар ин рӯз сокинон барои адои намоз ба масҷидҳо рафта, сипас, онҳое, ки тавон доранд, ба қурбонӣ ва дигарон барои зиёрати қабри гузаштагону аёдати хешутабор мераванд.

Вале Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрико соли гузашта дар гузориши худ гуфт, "шогирдони мактабҳо ва донишҷӯёну кормандони сохторҳои давлатӣ соли 2017 натавонистанд ба "идгардак" бароянд ва бо талаби ғайрирасмӣ ҳама дар ин рӯз ба дарс ва кор рафтанд.​"

Ҳокими Самарқанд бо ҷурми порагирӣ 13 сол зиндонӣ шуд

Тӯробҷон Ҷӯраев

Додгоҳе дар Узбекистон рӯзи 2-юми август ҳокими пешини вилояти Самарқанд ва чанде аз ёрони ӯро ба ҳабс маҳкум кард. Тӯробҷон Ҷӯраев ба сӯистифода аз мансаб ва порагирӣ гунаҳкор шуд.

Манобеи бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ҳокими пешини Самарқанд 13 сол ва муовинаш Уткир Абдуллоев 11 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Чанд ҳамкори собиқи онҳо аз 5 то 7 сол гирифтаанд.

Мурофиа паси дарҳои баста баргузор шуд ва ҷузъиёти бештари он дастрас нест.

Мақомот мегӯянд, Тӯробҷон Ҷӯраев ба ҳайси "раҳбари гурӯҳи ҷиноӣ" ба гирифтани беш аз 2 миллион доллар айбдор аст. Гуфта мешавад, вай ин миқдор пулро дар ивази ҷудо кардани замин барои бунёди хонаҳои баландошёна дар маркази шаҳри Самарқанд гирифтааст.

Вале наздикони маҳкумшудаҳо мегӯянд, мақомдорони собиқ ҳангоми таҳқиқи парванда шиканҷа шудаанд.

Тӯробҷон Ҷӯраев то соли 2013 ҳокими вилояти Қашқадарё буд. Баъдан дар соли 2017 раиси ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд ва пас аз чанд моҳаш ҳокими вилояти Самарқанд таъйин гардид.

Ба занони Саудӣ ҳақ додаанд, ки бе мардон сафар кунанд

Дар Арабистони Саудӣ ба занон ҳақ додаанд, ки аз ин ба баъд бидуни шавҳар ё падару бародари худ ба ҷое сафар кунанд. Қарор рӯзи дувуми август ба иҷро даромад.

Пеш аз ин занони Саудӣ ҳақ надоштанд, ки танҳо ба ҷое бираванд ва ҳатто шиносномаи худро бигиранд. Ҳоло занони Саудӣ метавонанд барои сабти асноди издивоҷ, талоқ ва таваллуди тифл муроҷиат кунанд ва ба танҳоӣ онҳоро ба даст оваранд.

Бархе дар Арабистони Саудӣ аз ин ислоҳот хуш истиқбол кардаанд, вале шумори дигари мухолифанд. Муна Абусулаймон, муҷрии яке аз барномаҳои пурбинанда дар Арабистони Саудӣ дар Твиттер навиштааст: "Насли нави духтарон дар озодии комил ва баробар бо бародаронашон бузург мешаванд." Аммо Саҳро, як зани чиҳилсолаи Саудӣ ба хабаргузории Рейтерс гуфтааст, "кишвари мо як ҷомеаи исломӣ аст, на ғарбӣ."

Дар Арабистони Саудӣ, ки ба унвони як ҷомеаи хеле маҳдуд ва муҳофизакору суннатӣ маъруф аст, дар гузашта ҳуқуқи хеле каме барои занон қоил буданд. Вале чанд муддат боз тағйироте дар ин кишвар ба миён омадааст. Гуфта мешавад дар паси ин ҳама Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ меистад.

Пеш аз ин, ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла Порлумони Аврупо аз Арабистони Саудӣ хоста буданд, ки қонунҳои сахти марбут ба маҳдудият бар занон тавассути мардони хонаводаро лағв кунад

Парвандаи қатли Ҳувайдо дар додгоҳи Русия баҳс мешавад

То чанд рӯзи дигар Додгоҳи вилояти Маскав ба баррасии парвандаи қатли Ҳувайдо Тиллозода, кӯдаки 5-солаи тоҷик оғоз хоҳад кард. Падари Ҳувайдо мегӯяд, аз додгоҳ талаб дорад, ки гумонбари қатли духтарашро ба ҳабси абад маҳкум кунад.

Ҳодисаи қатли Ҳувайдо Тиллозода як сол қабл, рӯзи 22-юми июли соли 2018, рух дод. Мақомоти тафтишотии Русия парвандаи муттаҳами аслӣ дар ин қазия Александр Сёминро анҷом дода, ин ҳафта парвандаро ба Додгоҳи вилояти Маскав фиристодаанд.

Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо, рӯзи 3-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, мурофиаи аввал рӯзҳои наздик баргузор шавад. “Мехоҳам, ки қотили фарзандам ба ҳабси абад маҳкум шавад. Ӯро девона набароранд. Мехоҳанд, ки ӯро девона нишон диҳанд, аммо ӯ девона нест. Қотили фарзандамро ҳабс кунанд, баъд хотири ман ҷамъ мешавад”, -- гуфт ӯ.

Наздикони Александр Сёмин вайро гирифтори бемории рӯҳӣ муаррифӣ кардаанд.

Ҳувайдо Тиллозода, зодаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 22-юми июли соли 2018 дар назди хонаашон аз майдончаи бозӣ дар шаҳри Серпухово нопадид шуд ва ҷасади ӯро рӯзи дигар дар борхалтаи варзишӣ дар назди роҳи оҳан пайдо карданд.

Дар курсии айбдорӣ танҳо Александр Сёмин нишастааст. Сёмин аз рӯи чаҳор иттиҳом аз ҷумла куштору таҷовузи кӯдак, озори ҷинсии ноболиғ ва амалҳои бадахлоқона дар додгоҳ посух мегӯяд.

Қазияи қатли Ҳувайдо Тиллозода аз пурсарусадотарин қазияҳо дар соли гузашта буд. Ин фоҷиа муҳоҷирони тоҷик ва ҷомеаи Русияро такон дод ва ҷониби Тоҷикистон низ бо ирсоли нота аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифонаи ин қазияро хост. Шӯрои ҳуқуқи инсон дар назди президенти Русия гуфта буд, ки дар мавриди ҷазо гирифтани қотили кӯдаки 5-солаи тоҷик дар Серпухово шакке нест.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Барфи аввал дар Душанбе (бидуни шарҳ)
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00
XS
SM
MD
LG