Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Вазири амрикоӣ гуфт, таҳримҳои зидди Русия идома меёбад

Рик Перри

Рик Перри, вазири энержии Амрико, дар Варшава гуфт, ба эҳтимоли зиёд Вашингтон дар робита ба ишғоли Қрим аз тарафи Русия таҳримҳои зидди Маскавро идома хоҳад дод. Вазири амрикоӣ таъкид кард, ки нимҷазираи Қрим ба Украина тааллуқ дорад. Изҳороти Перри рӯзи 31-уми август дар Варшава, пойтахти Лаҳистон (Полша) садо дод. Вай дар он ҷо бо мақомоти Украина ва Лаҳистон дидору мулоқот кард. Таҳримҳои байналмилалӣ зидди Русия баъд аз дахолати низомии Маскав дар шарқи Украина дар охири моҳи феврали соли 2014 ҷорӣ шуд.

Рӯҳонӣ ва Макрон дар суҳбати телефонӣ аз якдигар чӣ хостанд?

Эммануэл Макрон ва Ҳасан Рӯҳонӣ

Эммануэл Макрон – раиси ҷумҳури Фаронса – аз раҳбари Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ хостааст, ки дар миёни афзоиши танишҳо дар минтақа хештандорӣ нишон диҳад.

Дар ҳоле ки раҳбари Эрон аз Аврупо хост, барои ҳифзи созиши ҳастаии соли 2015 иқдомоти заруриро рӯи даст гирад. Гуфтугӯи телефонии раҳбарони Эрону Фаронса рӯзи 31-уми август баргузор шудааст.

Дафтари Макрон хабар дод, ки раиси ҷумҳури Фаронса ҳамчунин хостори “ҳамкорӣ барои ҳаллу фасли мушкили минтақаӣ, аз ҷумла буҳрони Яман ва хештандории Эрон дар масъалаи Лубнон” шудааст.

Давлати Яман бо пуштибонии Арабистони Саудӣ ва муттаҳидони низомии он кишвар аз соли 2015 боз бо шӯришиёни ҳусии зери ҳимояти Эрон дар ҳоли ҷанг аст.

Дар ҳамин ҳол, байни Исроилу Эрон дар мавриди Лубнон ихтилофи тоза сар зада, нигарониҳоро аз эҳтимоли даргирии мусаллаҳона байни ду рақиб бештар кардааст.

Ҳукумати Фаронса мегӯяд, Эммануэл Макрон бори дигар фишор овардааст, ки Эрон ба тавофуқи ҳастаии худ пойбанд бимонад. Ҳасан Рӯҳонӣ дар ҷавоб ба Макрон ҳушдор додааст, ки Эрон қадами баъдиро барои коҳиши масъулиятҳояи худ дар ин тавофуқ бардоштааст.

Даргирии шадид миёни эътирозгарон ва пулиси Ҳонгконг

Рӯзи шанбеи 31-уми август маркази Ҳонгконг шоҳиди даргириҳои шадид миёни эътирозгарони тарафдори демократия ва пулис буд.

Тазоҳургарон оташ афрӯхта, бо "коктейли Молотов" ба пулис ҳамла карданд. Нерӯҳои давлатӣ барои пароканда намудани издиҳом аз гази ашковар ва обпош кор гирифтанд.

Эътирозҳо дар Ҳонгконг 12 ҳафта боз идома дорад. Норозиён аз ҳукумат мехоҳанд, қонунеро лағв кунад, ки бар асоси он муттаҳамони ҷурмҳои ҷиноӣ ба Чин супурда мешаванд.

Пеш аз ин, шуморе аз мардум рӯзи ҷумъа хостанд, ки бо роҳандозии эътирозҳо панҷумин солгарди ислоҳоти интихоботии нокоми ҳукумати Чинро баргузор кунанд, вале мақомот дар Ҳонгконг ба онҳо иҷоза надоданд.

Ҷоиза ба ҷойи ҷазо? Ордени президент ба ду ҳокими ҷанҷолӣ

Раиси ҷумҳури Узбекистон дар остонаи ҷашни истиқлоли ин кишвар, ки ҳар сол 1-уми сентябр таҷлил мешавад, ба даҳҳо нафар, аз ҷумла ҳокими вилояти Фарғона Шӯҳрат Ғаниев ва ҳокими вилояти Андиҷон Шӯҳрат Абдураҳмонов ҷоиза дод.

Ҳардуи ин мансабдор дар моҳҳои июл ва августи имсол мавриди интиқоди шадиди раиси ҷумҳури Узбекистон қарор гирифта буданд.

Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи рӯзи 2-юми август Шӯҳрат Ғаниевро ба "хиёнат" айбдор кард. Нороҳатии президенти Узбекистон аз он буд, ки бо дастури ҳокими вилояти Фарғона дар ноҳияи Риштон даҳҳо манзилро чаппа карданд ва сокинон зидди он баромаданд.

"Ту бо ин фармони беақлона мисли Эрманов (Фарҳод Эрманов, ҳокими вилояти Хоразм) бевиҷдон ҳастӣ. Пеш аз он ки ин хонаҳоро чаппа кунӣ, беҳтар буд каллатро мекандӣ. Магар барои ҳамин тӯли ин муддат туро тарбия кардам?" -- гуфта буд Мирзиёев ба Ғаниев.

Баъд аз он президенти Узбекистон ҳокими Фарғонаро маҷбур кард, ки барои чунин рафтораш дар назди мардум узр пурсад.

Охири моҳи июни имсол садои дашномҳои раиси вилояти Андиҷони Узбекистон нисбат ба сардори раёсати тандурустии вилоят Авазбек Абдураҳмонов дар интернет нашр шуд. Сабаби ин дашномҳо он буд, ки сардори раёсати тандурустӣ аз болои раиси вилоят ба додситонии кулли Узбекистон шикоят бурд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон рӯзи 5-уми июл дар ҷаласаи ҳукуматӣ раиси вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмоновро барои дашном додани сардухтури вилоят танқид кард.

Бисёриҳо дар Узбекистон интизор доштанд, ки ҳокимон барои рафтори нохуби худ ҷазо мегиранд, вале ғайриинтизор соҳиби ҷоиза шуданд. Коршиносон мегӯянд, чунин бархӯрди дугона дар дарозмуддат ба обрӯи раиси ҷумҳури Узбекистон нахоҳад афзуд.

"Русия озод хоҳад шуд". Эътирози ҳазорҳо нафар дар Маскав

Ҳазорон нафар рӯзи 31-уми август дар маркази шаҳри Маскав, пойтахти Русия, роҳпаймоӣ карданд ва бо ин ҳушдорҳои мақомотро ба фаъолони мухолифон нодида гирифтанд.

Эътирозгарон чанд километр дуртар аз Кремл шиор доданд, ки "Русия озод хоҳад шуд!".

Любов Собол, яке аз чеҳраҳои мухолифон, "Озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ"-ро талаб кард.

Мухолифон аз он ки номзадҳои мустақил ва намояндагони оппозитсия барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси Маскав сабтином нашудаанд, эътироз доранд.

Мақомоти Русия гуфтанд, номзадҳои мухолифин натавонистаанд имзои кофӣ ҷамъ биоранд ва аз ин рӯ имкони сабтиноми онҳо вуҷуд надорад. Вале раҳбарони оппозитсия бовар доранд, ки Кремл мехоҳад номзадҳои тарафдори ҳукумат дар ин интихобот бе рақиб монанд ва роҳашон то Маҷлис ҳамвор шавад.

Маҷлиси шаҳри Маскав аз 45 ҷой иборат аст. Интихоботи навбатӣ рӯзи 8-уми сентябри имсол баргузор мешавад.

Аъзои маҷлиси шаҳриро барои панҷ сол интихоб мекунанд.

Амрико киштии нафткаши Эрон ва нохудояшро таҳрим кард

Иёлоти Муттаҳида ба нафткаши эронии мавсум ба "Адриан Дарё -1" ва капитан ё нохудои ҳиндии он таҳрим ҷорӣ кард.

Вазорати хазонадории Амрико рӯзи 30-юми август гуфт, ба хотири он ба нафткаш таҳрим бор шуд, ки аз он нерӯҳои қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон фоида мегиранд.

Ин таҳрим бар асоси як фармон, ки террористон ва ҳомиёни тероризмро ҳадаф қарор медиҳад, ҷорӣ шудааст. Бар асоси ин фармони ҳукумати Амрико, тамоми дороиҳо, ки ин нафткаш ва капитан ё нохудояш дар ИМА доранд, бояд баста шаванд.

Нафткаши Эрон рӯзи 4-уми июл аз сӯи нерӯҳои баҳрии Бритониё ба гумони интиқоли нафт ба Сурия боздошта шуда буд, вале онро рӯзи 19-уми август озод карданд.

Майк Помпео – вазири корҳои хориҷии Амрико – мегӯяд, Вашингтон гумон мекунад, ки ин нафткаш ба сӯи Сурия равон шудааст. Помпео рӯзи 30-юми август дар Твиттер навишт, иттилооти мувассақ доранд, ки ин нафткаш ба тарафи Сурия ҳаракат кардааст.

Трамп: Мо дар таркиши мушаки эронӣ даст надорем

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, мегӯяд, Вашингтон дар инфиҷор ё таркиши мушаки моҳворабари эронӣ дахолат надорад. Ин мушак ба номи "Сафир" рӯзи 29-уми август дар маркази фазоии "Имом Хумайнӣ" барои партоб омода шуда буд, аммо ҷо ба ҷо таркид.

Трамп рӯзи 30-юми август дар Твиттер навишт, беҳтарин орзуҳоро барои Эрон дар заминаи мушаххас кардани он чӣ рух додааст дорад ва дар ин роҳ орзуи муваффақият мекунад.

Бо ин навиштаи Трамп як акси моҳворае ҳам нашр шудааст. Дар он як ракети тахрибшуда дида мешавад ва ҳамчунон ба чашм мехӯрад, ки ба маҳалли партоби ракет зиёни қобили мулоҳиза ворид шудааст.

Гумон меравад, ин севумин партоби нокоми мушак ба мадори замин аз сӯи Эрон аст.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як мақоми эронӣ, ки номаш фош нашудааст, гузориш дод, "ин рӯйдод ба иллати баъзе мушкили фаннӣ рух додааст".

Эрдуғон дар бораи харидани ҳавопаймои ҷангии Русия меандешад

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия бо ҳамтои русаш Владимир Путин

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, гуфтааст, Анқара дар мавриди ҳамаи интихобҳо, аз ҷумла харидани ҳавопаймоҳои ҷангии Русия фикр мекунад. Туркия мехоҳад, нерӯҳои ҳавоияшро тақвият бахшад ва замонавӣ кунад.

Иқдоми Амрико дар заминаи ба таъхир андохтани муомилаи фурӯши ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба Туркия сабаби ихтилоф миёни ду кишвар шудааст.

Эрдуғон рӯзи ҷумъа ба хабарнигорон гуфт, агар Иёлоти Муттаҳида ба мавқеаш дар ин замина идома диҳад, “аз худ мувозибат хоҳанд кард”.

Амрико пас аз он Туркия, муттаҳидаш дар созмони НАТО-ро аз барномаи тавлид ва харидани ҳавопаймоҳои “F-35” ҳазф кард, ки ин кишвар системаи мудофиаи ҳавоии “C-400”-ро аз Русия ба даст овард.

Ҳамлаи густардаи Толибон ба Кундуз дар пасманзари музокироти сулҳ

Бо вуҷуди музокироти сулҳи миёни Амрико ва Толибон, ки ҳадафаш поён додан ба ҷанги 18-сола дар Афғонистон аст ва тақрибан ниҳоӣ шудааст, ҷангҷӯёни Толибон ба вилояти Кундуз ҳамлаи густарда кардаанд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки ҳамла нимашаби 31-уми август аз чаҳор гӯшаи Кундуз сурат гирифт.

Сурур Ҳусейнӣ, сухангӯи пулиси Кундуз, рӯзи 31-уми август ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, нерӯҳои давлатӣ ҳамлаи Толибонро баргардондаанд. Намояндаи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар Твиттер ин ҳамларо “васеъмиқёс” хондааст.

Ғулом Раббонӣ, узви шӯрои вилоятӣ ба хабаргузории “Ассошиайтед Пресс” гуфтааст, Толибон бемористони маркази вилоятро зери назорат доранд. Вазорати умури дохилии Афғонистон хабар дод, ки дар даргирии миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон дастикам 34 ҷангҷӯ кушта шудаанд.

Як намояндаи бахши тандурустии Кундуз гуфтааст, 3 сокини маҳаллӣ ҷон бохта, 41 нафари дигар захмӣ шудаанд. Даргириҳо дар Кундуз дар пасманзари интизориҳо аз музокироти сулҳи байни Амрико ва Толибон сурат мегирад.

Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи 30-юми август гуфт, музокироми сулҳ хуб ҷараён дорад, вале ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Толибон хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистонро талаб доранд. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 20 ҳазор сарбозу афсари хориҷӣ, ки аксарашон аз Амрико ҳастанд, дар Афғонистон қарор доранд.

Марди тоҷик барои қатли зани дувумаш 11 сол зиндонӣ шуд

Азиз Азизов

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як мардро бо ҷурми куштани ҳамсари дувумаш 11 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Мақомоти додгоҳ гуфтанд, Азиз Азизови 54-сола давраи ҷазоро дар зиндони низомаш сангин паси сар мекунад. Вай аз як пой маҳрум ва маҷрӯҳи гурӯҳи аввал аст.

Додраси парванда ҳангоми эълони ҳукм гуфтааст, ҷазои Азиз Азизов барои куштани ҳамсараш метавонист аз ин бештар бошад, “вале маъюбӣ ва шаш фарзанди ноболиғи ӯро ба инобат гирифта, чунин ҷазои сабук таъйин додаанд”.

Вале то ҳол наздикон ва вакили мудофеи худи ӯ дар ин бора изҳори назар накардаанд. Маълум нест, ки онҳо аз рӯи ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят кардаанд, ё не.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд рӯзи 29-уми августи имсол дар гузориши телевизионӣ гуфт, Азизов шаби 11 ба 12-уми октябри соли гузашта бо завҷааш Малоҳат Ҷумъаева муноқиша карда, бо асояш ба сару рӯи ӯ мезанад ва ба ҳалокат мерасонад.

Ҷумаева 43-сола завҷаи дувуми Азизов буда, дар хонаи навбунёде дар мавзеи Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сар мебурд.

Ба гуфтаи мақомот, пас аз қатли ҳамсараш, Азизов "ҷасадро бо селофан ва матои синтетикӣ печонида, дар чуқурии семетраи назди ҳавлӣ гӯронида, барои пинҳон намудани ҷинояти худ ду мошин шағал оварда, ба рӯи он рехтааст”. Ҷасадро баъди тақрибан ҳашт моҳ аз чуқурии семетрии назди хонаи Азизов пайдо кардаанд.

Азиз Азизов қаблан дар моҳи майи соли 2014 ба Радиои Озодӣ шикоят карда буд, ки якуним сол пеш аз он дар "Тоҷиксодиротбонк" ба миқдори 200 ҳазор сомонӣ пасандоз монда, маблағашро бозпас гирифта наметавонад. Пас аз ин шикваи Азиз Азизов маълум шуд, ки корманди "Тоҷиксодиротбонк" маблағи пасандози ӯро аз худ карда, умуман дар суратҳисоби бонк нагузоштааст.

Моғеринӣ: Аврупо барои ҳифзи созиш бо Эрон талош дорад

Федерика Моғеринӣ дар Финландия

“Иттиҳодияи Аврупо барои ҳифзи созиши ҳастаии соли 2015 миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳон кӯшиш мекунад ва аз ҳар пешрафт дар ин замина истиқбол менамояд.” Ин нуктаро Федерика Моғеринӣ, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, рӯзи 30-юми август дар нишасте дар Ҳелсинкӣ, пойтахти Финландия, баён дошт.

Ҳадафи баргузории ин нишаст талош барои ҳифзи тавофуқномаи ҳастаӣ ва гуфтугӯ дар мавриди амнияти киштиҳо дар Халиҷи Форс будааст.

Моғеринӣ дар ҳошияи нишаст ба хабарнигорон гуфт, нақш ва ҳифзи иҷрои пурраи тавофуқнома мавҷуд аст. “Кори мо барои ҳифзи риояи комили тавофуқи ҳастаӣ аз сӯи Эрон идома дорад. Агар чизи дигаре ба он изофа мешавад, хабари мусбате хоҳад буд,” – афзуд ӯ.

Қарор аст, Моғеринӣ дар талош барои ҳифзи созиши ҳастаӣ бо вазирони умури хориҷии Бритониё, Фаронса ва Олмон мулоқот кунад. Ин се кишвари аврупоӣ бар иловаи Чину Русия то ҳанӯз дар тавофуқномаи ҳастаии Эрон мондаанд.

Иёлоти Муттаҳида соли гузашта аз ин созиш бо Эрон хориҷ шуд ва тавофуқномаро бо хатари аз байн рафтан рӯ ба рӯ сохт.

Ҳамзамон бо нишаст дар Финландия, танишҳо дар тангии стратегии Ҳурмуз пас аз он шиддат ёфт, ки Эрон иқдомотеро барои нигоҳ доштани нафткашҳои ғарбӣ рӯи даст гирифт. Бритониё ба маъмурияти Иёлоти Муттаҳида барои ҳифзи амнияти киштиҳо дар Халиҷи Форс пайвастааст. Вале гуфта мешавад, баъзе аз кишварҳои аврупоӣ аз бими он ки мабодо пайвастани онҳо бо ин маъмурият танишҳоро афзоиш диҳад ва ё мумкин ҳатто ба даргирии мусаллаҳона сабаб шавад, майл нишон надодаанд.

Президенти Қазоқистон тирамоҳи имсол ба Қирғизистон сафар мекунад

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон тирамоҳи соли ҷорӣ бо сафари расмӣ ба Қирғизистон меояд.

Ҷузъиёти сафари расмии Тоқаевро вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков ва сафири Қазоқистон дар Қирғизистон Карим Кокрекбоев баррасӣ карданд. Кокрекбоев баъди бештар аз як соли фаъолият аз мақоми сафирӣ барканор шуд.

Ахиран Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон ҳам бо Кокрекбоев мулоқот ва аз фаъолияташ сипосгузорӣ кард.

Карим Кокрекбоев моҳи феврали соли 2018 сафир таъйин шуда буд.

Мақомоти ду кишвар сабабҳои пеш аз муҳлат озод шудани Кокрекбоевро шарҳ намедиҳанд.

Зоирони ӯзбек барои Ҳаҷҷи беиҷоза бозпурсӣ шуданд

Дар фурудгоҳи шаҳри Тошканд рӯзи 28-уми август 35 шаҳрванди Ӯзбекистонро боздошт карданд, ки бе иҷозати Идораи мусулмонони ин кишвар (ИМӮ) барои зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ рафта буданд.

Яке аз зоирони боздоштшудаи ӯзбек гуфт, кормандони мақомоти махсус аз ӯ пурсиданд, ки бар ивази чи қадар маблағ, ҳамроҳи кӣ ба зиёрати Хонаи Худо рафтанд ва дар он ҷо бо кӣ вохӯрданд.

"Мо 28-уми август аз Дубай ба Тошканд парвоз кардем. Кормандони мақомоти махсуси Ӯзбекистон моро дар фурудгоҳ боздошт карда, ба утоқе бурданд ва дар онҷо бо ҷавони ришдор Даврон рӯбарӯ карданд. Аз мо пурсиданд, ки ба ӯ чи қадар маблағ додем. Вале як зан, ки ҳамроҳи мо буд, ҷанҷолро бардошт ва гуфт, "барои ба Ҳаҷ рафтан 30 сол дар навбат истодам, вале навбатам нарасид. Мо дар онҷо ягон ҷинояткорӣ накардем, танҳо зиёрат ва дар ҳаққи президенти худ дуои хайр кардем".

Пас аз суханҳои ин зан муносибатҳо дигар шуданд ва моро онҷо 7 соат нигаҳ доштанд. Сипас моро ҷавоб дода, гуфтанд, шиносномаҳоятонро аз идораи пулис мегиред", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Бар асоси қоидаи тартибу ташкили маросими иштирок дар Ҳаҷ ва Умра, ки аз сӯи Кумитаи умури дини Ӯзбекистон қабул шудааст, шаҳрвандони ин кишвар ҳақ надоранд, ба воситаи ширкатҳои хусусӣ ва бидуни мувофиқа бо Идораи мусулмонон ба Ҳаҷ бираванд.

Ҳамчунин бар асоси ин қоида, сафорати Арабистони Саудӣ додани раводидро ба шаҳрвандони Ӯзбекистон бе мувофиқа бо Идораи мусулмонони ин кишвар қатъ кардааст.

Трамп дар фикри масдуд кардани кӯмакҳои низомӣ ба Украина аст

Президенти ИМА дар фикри масдуд кардани ҳақи Украина барои дарёфти 250 миллион доллар ёрии низомӣ аст ва ин тасмими ӯ боиси мухолифатҳои вакилони ҳарду ҳизб дар Маҷлиси намояндагон шудааст. Politico ва Reuters бо такя ба мақомоти баландпоя дар маъмурияти Трамп хабар доданд, ки Трамп ба бозбинии барномаи кӯмакҳое амр додааст, ки Киев барои истифода дар муҳорибаҳо бар зидди ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар шарқи Украина истифода мебарад.

Politico навишт, ки дар шарҳи бозбинии барномаи кӯмакҳо навишта шудааст, ки “бояд ин маблағҳо ба хотири ҳифзи беҳтари манфиатҳои ИМА хидмат кунанд”. Ин вебсайт рӯзи 28 август бо нашри хабар гуфт, ки шарҳи мазкур ба маънои масдуд шудани пулҳо мебошад.

Reuters рӯзи 29 август бо такя ба як мақом дар ҳукумати Трамп навишт, ки “президент пинҳон намекунад, ки кӯмакҳои хориҷии Амрико бояд аз назари бартарият мушаххас шаванд ва кишварҳои дигари хориҷӣ бояд ҳақи худро одилона пардохт кунанд”. Кохи Сафед ҳанӯз ин хабарҳоро шарҳ надодааст. Вале дар вокуниш ба ин хабар сенатори демократ Дик Дурбин гуфт, ки ин тасмим “суботи дарозмуддати Украинаро таҳти хатар қарор медиҳад”.

Боздошти як мақоми қазоқ барои ҳамла бо ҳомии ҳуқуқ

Дар ноҳияи Талғари ҷануби Қазоқистон як мақомдори маҳаллӣ бо эҳтимоли даст доштан дар тирандозӣ ба як фаъоли ҳуқуқи маданӣ боздошт шуд. Сухангӯи раиси ноҳияи Талғар Жонкелдӣ Омиралиев рӯзи 29 август ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ки Нурғалӣ Аппазов, раиси минтақаи Панфилов дар робита бо ҳамла ба Галина Арзамасова боздошт шуд. Як навтабдори идораи полиси маҳаллӣ тасдиқ кард, ки Аппазов боздошт шуда, таҳқиқи парванда аз рӯи моддаи “авбошӣ” ба роҳ монда шудааст.

Рӯзи 26 август Арзамасова, ки мехост бо раиси ноҳия мулоқот карда мавзӯи фурӯши заминҳои боғҳои ҷамъиятиро баррасӣ кунад, аз фосилаи дур ҳадафи тир қарор гирифт. Ба эҳтимоли зиёд, тири силоҳи пневматикӣ, ки аз дохили мошин ба ӯ холӣ карда шуд, ба қисмати болои пояш расид. Рӯзи дигараш як марди 22-сола бо гумони авбошӣ боздошт шуд. Арзамасова аз бистарӣ шудан дар бемористон худдорӣ кард, вале гуфт, ки аз паи муолиҷа мешавад. Ин зан дар сӯҳбат бо бахши Қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ки бовар дорад ин ҳамла ба фаъолиятҳои мадании ӯ рабт дорад. Ӯ аз полис талаб кард, ки парвандаи ӯ ба унвони “талоши куштор” таҳқиқ шавад.

Фаъоли 63-солаи ҳуқуқ, ки шаффофияти фаъолиятҳои сиёсиро тақозо кардааст, гуфт, ки соли 2017 аз ҷониби афроди ношинос ду дафъа мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ӯ инчунин гуфт, ки як дафъа хонаашро ғорат карда мехостанд оташ бизананд.


Трамп ба фаъолияти неруҳои кайҳонии ИМА расман оғоз бахшид

Президенти ИМА Доналд Трамп 29-уми август дар як маросими Кохи сафед таъсиси Фармондеҳии кайҳонии Пентагонро эълом кард, ки ҳадафаш маҳви таҳдидҳо дар фазо аст.

Ба гуфтаи Трамп, "фармондеҳии нав аз манфиатҳои ҳаётан муҳими ИМА дар фазо ҳимоят хоҳад кард". Таъсиси фармондеҳии мазкур посух ба тавсеаи тавонмандии низомии Чин ва Русия дар фазо мебошад. Чин намоиш дод, ки моҳвораро бо мушак маҳв месозад ва Русия гуфт, мехоҳад, барои истифода дар фазо низоми нави аслиҳаеро бисозад.

Сенати Амрико моҳи июн генерал Ҷон Рэймондро сардори Фармондеҳии кайҳонӣ таъйин кард. Рэймон гуфт, ҳимояти иншооти амрикоӣ дар фазо, бо шумули моҳвораҳо, воситаҳои дифои зиддимушакӣ ва иртиботот яке аз вазифаҳои авалиндараҷаи ниҳоди зери раҳбарияш аст.

Фармондеҳии кайҳонии ИМА аз соли 1985 то соли 2002 фаъолият мекард. Пас аз ҳодисаҳои 11-уми сентябри соли 2011 идораи мазкур барҳам дода шуд, зеро тамоми талошҳои неруҳои ҳавоии ИМА ба мубориза бо терроризм равона карда шуданд.

"Рақиби" президенти Қирғизистонро бозпурсӣ мекунанд

Омурбек Бабанов, вакилини пешини порлумон ва рақиби аслии президенти кунунии Қирғизистон дар интихоботи соли 2017 рӯзи 29 август хабар дод, ки дар доираи 8 парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

"Дар КДАМ чаҳор парванда аст, дар пулиси молӣ чаҳор парвандаи дигар. Ман дар доираи онҳо бозпурсӣ мешавам", - гуфт Бабанов.

Вай афзуд, қисме аз парвандаҳо дар замони президентии Алмосбек Отамбоев боз шудаанд, қисми дигар соли ҷорӣ.

Омурбек Бабанов бори аввал рӯзи 19 август ба бозпурсӣ даъват шуд. Он замон гуфта мешуд, ки ӯро дар доираи парвандаи марбут ба бонки "Қирғизистон" бозпурсӣ кардаанд.

Пештар аз ин КДАМ хабар дода буд, ҳузури Бабанов дар ду парванда зикр шудааст. Яке аз онҳо марбут ба суханронии пешазинтихоботии Бабанов аст ва дувумӣ ба омодагии ғасби худсаронаи ҳукумат ва бетартибии оммавӣ. Парвандаи дувум дар ҳоли ҳозир бекор шудааст.

Дар интихоботи соли 2017 Бабанов баъд аз Сооронбой Ҷеенбеков дар мақоми дувум қарор гирифта буд. Вале баъди интихобот Қирғизистонро тарк ва аз анҷоми фаъолияти сиёсиаш хабар дод. Ҳамаи ин муддат вай дар Маскав буд ва рӯзи 9-уми августи соли ҷорӣ ба Бишкек баргашт.

Фаъолони Қазоқистон талаби тағйири Конститутсияро карданд

Чанд тан аз фаъолони Қазоқистон дар шаҳри Чимкент рӯзи 30-юми август бо баргузории як иқдом талаб карданд, ки Қазоқистон ба Конститутсияи соли 1993 баргардад.

Онҳо ҳамчунин дар ин иқдом озодии раиси пешини ширкати "Қазатомпром" Мухтор Ҷакишевро талаб карданд, ки бо айби фасодкорӣ 10 сол инҷониб дар зиндон аст. Фаъолон гуфтанд, Конститутсияи амалкунанда, ки борҳо тағйиру иловаҳо ба он ворид шудааст, ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳифз намекунад.

"Чаро ҳар ним сол ба Конститутсия тағйирот ворид мешавад? Қонуни асосӣ ба "сиёҳнавис"-и Назарбоев табдил шуда буд. Соли 1998 тағйиру иловаҳо ворид шуд, соли 2007, соли 2011 ва соли 2017. Барои ҳадафҳои худ тағйир медиҳанд. Набояд ин гуна бошад. Бигзор Конститутсия соли 1993 баргардонида шавад ва ё сарқонуни наве қабул шавад, ки манфиати мардумро ҳимоя кунад", - гуфт Давлат Носиров, сокини Чимкент.

Фаъолони дигар гуфтанд, сарфи назар аз он ки 30 август Рӯзи Конститутсия аст, вале фазои ҷашнӣ эҳсос намешавад.

Пулис гирдиҳамоии сокинонро назорат, аммо касеро боздошт накард.

Ӯзбекистон шиносномаҳои муттаҳам ба ҷиноятро беэътибор мекунад

Аз ин ба баъд дар Ӯзбекистон муҳлати шиносномаи онҳое бекор мешавад, ки айбдоршаванда ва ё гумонбар эътироф шуда, дар ҷустуҷӯ ҳастанд ва эҳтимол дорад, кишварро тарк кунанд.

Ин тағйирот дар қонунгузории Ӯзбекистон ворид шуд, хабар медиҳад вазорати адлияи он кишвар.

Бекорсозии муҳлати шиноснома ба хотири пешгирӣ аз саркашии гумонбар, айбдоршаванда ва судшаванда сурат мегирад.

Бекорсозии муваққатии муҳлати эътибори шиноснома шиносномаҳои беометрӣ, шиносномаҳои хориҷӣ ва ё ҳуҷҷати шаҳрвандони бетабааро дар бар мегирад.

Гуфта мешавад, манъи эътибори шиноснома маънии бекорсозии шаҳрвандии Ӯзбекистонро надорад.

Киштии нафткаши эронӣ дубора самташро тағйир дод

18 август киштии эронӣ дар обҳои Гибралтар дида шуд

Як киштии нафткаши эронӣ, ки давоми чанд ҳафтаи ахир аз ҷониби ИМА дар обҳои баҳри Миёназамин таъқиб мешавад, дубора самташро иваз карда акнун маълум нест ба кадом сӯ ҳаракат мекунад. Ин тағйири сеюм дар даҳ рӯзи гузашта аст. Нишондодҳои Системаи шиносоии автоматикӣ рӯзи 30 август хабар дод, ки ҳайати киштиронҳои Adrian Darya 1, ки дар гузашта бо номи Grace 1 маъруф буд, ба самти соҳилҳои Искандаруни Туркия ҳаракат мекунад.

Вале мутахассисони соҳа мегӯянд, ки ҳайати киштиронҳо метавонанд ҳама гуна самти дилхоҳи худро ба системаи назорати ҳаракати киштиҳо ворид кунанд. Рӯзи 30 август Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия зимни боздид аз Норвегия дар шаҳри Осло гуфт, ки ба эҳтимоли ғолиб киштӣ ба самти Лубнон ҳаракат мекунад.

Вебсайти назораткунандаи ҳаракати киштиҳо бо номи MarineTraffic.com мегӯяд, ки киштии Adrian Darya 1 дар самти ғарбии Қибрис дар обҳои баҳри Миёназамин қарор дорад ва ҳоло ба самти муқобили дирӯзааш ҳаракат мекунад. Ин киштӣ соҳилҳои Мерсинро ҳамчун макони ниҳоии худ ишора кардааст.

Искандарун дар фосилаи 200-километрии соҳилҳои Бониёси Сурия қарор дорад. Бовар меравад, ки киштӣ дар оғози моҳи июл мехост маҳз ба Сурия биравад, вале дар соҳилҳои Гибралтар боздошт шуд. Соҳилҳои Сурия дар байни Туркияву Лубнон ҷойгир аст.

ИМА ҳушдор дод, ки киштии марбут ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст, ҳабс мешавад.

Украина: Музокираҳои табодули зиндониҳо бо Русия идома дорад

Декабри соли 2017 ҳам Русия ва Украина як барномаи табодули зиндониҳоро анҷом доданд

Украина гуфт, ки музокирот барои табодули зиндониҳо бо Русия ҳанӯз идома дорад, дар ҳоле, ки гузоришҳои қаблӣ дар бораи хотима ёфтани ин машваратҳо хабар доданд. Изҳороти фейсбукии рӯзи 30 августи сухангӯи президенти Украина Владимир Зеленский дар ҳоле нашр шуд, ки яке аз наздикони 24 маллоҳи ҳабсшудаи украинӣ ба дафтари Радиои Озодӣ барои Қрим гуфт, ки ҳамаи маллоҳон озод шуданд.

Қабл аз ин додситонии кулли Украина шарҳҳои як вакили парлумони ин кишварро бознашр кард, ки дар он омадааст: “Украина ва Русия барномаи табодули зиндониҳоро анҷом доданд ва дар миёни онҳо маллоҳони украинӣ ва режисссёр Олеҳ Сентсов ҳам мебошанд”.

Интизориҳо аз иҷро шудани барномаи табодули зиндониҳо дар ҳоле боло гирифт, ки рӯзи 29 август матбуоти русӣ хабар дод, ки Сентсов баъди панҷ соли нигаҳдорӣ дар зиндони минтақаи Ямало-Ненетск ба зиндони Бутирская дар Маскав интиқол ёфт. Нашрияи “Коммерсант” дар нақли қавл аз як мақоми украинии наздик ба Зеленский гуфт, ки табодули зиндониҳо дар охири моҳи август сурат мегирад ва дар миёни афроди озодшаванда 24 маллоҳи укаринӣ ҳам ном бурда мешаванд. Ин маллоҳон моҳи ноябри соли 2018 дар наздикии гарданаи Керч, наздик ба нимҷазираи аз ҷониби Русия ғасбшудаи Қрим боздошт ва зиндонӣ шуданд.

Киев мегӯяд, ки Русия дар зиндонҳои худ тахминан 150 шаҳрванди ин кишварро ба таври ғайриқонунӣ нигаҳ медорад. Мақомоти украинӣ ин оморро моҳи июл, замони омодагиҳо ба табодули зиндониҳо бо Русия дар музокираҳои ваколатдорони ҳуқуқи башари ду кишвар ба забон оварданд.

Феҳристи шаҳрвандони Русия, ки барои табодул пешниҳод мешаванд, ҳеҷ гоҳ расонаӣ нашудааст.

Гузоришҳо дар бораи ба Маскав интиқол ёфтани Сентсов дар ҳоле нашр шуданд, ки як рӯз пеш аз ин додгоҳе дар Украина амр дод, ки журналисти рус Кирил Вишинский ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шавад. Ба ӯ иҷоза доданд, ки пеш аз мурофиаи додгоҳӣ бар асоси иттиҳоми “хиёнат” дар озодӣ ба сар бубарад.

Паррандаҳо ҳавопаймо ба самти Хуҷанд аз роҳ гардонданд

Сабаби нишасти маҷбурии ҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии” дар фурудгоҳи Екатеринбург, ки рӯзи 30 август дар хатсайти Санкт-Петербург-Хуҷанд парвоз анҷом медод, бархӯрд бо паррандаҳо шуд. Дар ин бора ба оҷонсии ТАСС дар дафтари матбуоти додситонии нақлиётии минтақаи Урал хабар доданд.

Дар изҳороти ин ниҳод гуфта шудааст, ки “ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи Санкт-Петербург киштии ҳавоӣ дар ҳаво ба селаи паррандаҳо бархӯрд. Нишаст бо муваффақият анҷом дода шуд, ҳеҷ кас осеб надид. Дар дохили ҳавопаймо 193 мусофир, аз ҷумла 22 кӯдак ва 4 узви экипаж ҳузур доштанд”, гуфт додситонии нақлиётӣ. Баъди он ки мушкил рафъ шуд, ҳавопаймо ба парвозаш идома дод. Дар фурудгоҳи Пулково гуфтанд, ки ин ҳодиса ба нақшаи парвоз ҳеҷ таъсири манфӣ нагузошт ва ҳавопаймо ба роҳи худ идома дод.

Аз ин пеш хабаре пахш шуд, ки раҳбари экипаж тахмин задааст, ки шояд чархи ҳавопаймо дар натиҷаи бархӯрд бо парандаҳо осеб дидааст. Дар фурудгоҳ, ба гуфтаи мақомот, ҷасадҳои парандаҳо ошкор шудааст.

Кушта шудани як ҷангҷӯи тоҷик дар Бадахшони Афғонистон

Вазорати дифои Афғонистон рӯзи 30-юми август хабар дод, ки як ҷангии тоҷикистонӣ дар ҳамлаи ҳавоӣ дар ноҳияи Ҷурми вилояти Бадахшон, кушта шудааст. Манбаъ аз ин шаҳрванди Тоҷикистон Фатҳуллоҳ ном бурдааст.

Тибқи ин хабар, ба ҷуз ин шаҳрванди Тоҷикистон боз 10 нафар аз Толибон дар ин ҳамла кушта шудаанд. Ба гуфтаи Вазорати дифои Афғонистон, ҷасадҳои кушташудагон дар майдон боқӣ мондаанд. Ҷониби Толибон то ба ҳол дар мавриди ин хабар вокунише нишон надодааст.

Мақомоти тоҷик ҳам то ба ҳол дар мавриди ин хабар ибрози назар накардаанд. Аммо бархе манобеъ мегӯянд, ки Фатҳуллоҳ аз раҳбарони ҷангҷӯёни тоҷик дар Афғонистон ба шумор мерафт.

Кушта шудани ин ҷангии тоҷик дар вилояти Бадахшон дар ҳоле аст, ки сар аз рӯзи панҷшанбе амалиёти нерӯҳои интизомии афғон барои бозпасгирии ноҳияҳои Юмгон, Ҷурм ва Карон ва Минҷон аз Толибон, оғоз шудааст. Дар вулусволӣ ё ноҳияи Карон ва Минҷон тайи амалиёти рӯзи гузаштаи нерӯҳои амниятии афғон 19 тан аз Толибон кушта ва панҷ нафар ба шумули як фармондеҳи онҳо бо номи Бобоҷон захмӣ шуданд

Ин минтақаҳо аз чанд сол ба ин тараф дар тасарруфи гурӯҳи Толибон мебошанд. Нерӯҳои афғон мегӯянд, ки тасмим доранд ин бор минтақаро аз вуҷуди Толибон пок кунанд. Бархе аз ин вулусволиҳо дар марз бо Покистон ва Чину ва на чандон дурта аз сарҳади қарор доранд ва аз аҳамияти зиёд бархӯрдор мебошанд. Ин минтақаҳо ба хотири доштани маъдани лоҷувард низ дорои аҳамияти зиёд аст.

Тоҷикистон бо вилоятҳои Бадахшон, Тахор ва Кундузи Афғонистон марзи муштарак дорад. Мақомоти марзбонии тоҷик авоили соли ҷорӣ гуфтанд, ки дар ин вилоятҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон 16 ҳазору 770 ҷангҷӯ ҳузур доранд, ки 6 ҳазору 370 нафари онҳо хориҷиён ҳастанд ва дар 36 пойгоҳ тамрин мекунанд. Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ин ҷангҷӯёнро ба гурӯҳи "Толибон", "Ансоруллоҳ", "Ҳаракати исломии Туркистон шарқӣ" ва "Давлати исломӣ" марбут дониста буд.

Президенти Радиои Озодӣ дар Бишкек бо Сооронбой Ҷеенбеков мулоқот кард

Сооронбой Ҷеенбеков, раисҷумҳури Қирғизистон бо Ҷеймӣ Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ мулоқот кард. Дидори Ҷеенбеков бо Флай рӯзи 29-уми август дар шаҳри Бишкек сурат гирифт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ раисҷумҳури Қирғизистон гуфт, ки доимо "Азаттык"-ро (бахши қирғизии Радиои Озодӣ) гӯш мекунад. Чун ин радио ба қавли ӯ, ба ҳама ҷонибҳо минбар дода, назари онҳоро мешунавад ва расонаи бетараф аст.

Ҷеенбеков ҳамчунин афзуд, Қирғизистон дар минтақа кишваре аст, ки вазъи озодии баён дар он нисбатан беҳтар дониста мешавад. Президент гуфт, ният доранд ин озодиро ҳимоя ва онро рушд диҳанд.

Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми август ба шаҳри Бишкек сафар кард. То ин вақт ӯ аз Тоҷикистон ва Қазоқистон низ боздид карда буд. Дар шаҳри Душанбе Ҷейми Флай бо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ва дар шаҳри Алмаато бо намояндаи расмии Президенти Қазоқистон ва бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқот дошт.

Текебоев ва Чотонов ба озодӣ баромаданд

Омурбек Текебоев.

Дар додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек рӯзи 29 август мурофиаи таҷдиди назари парвандаҳои раҳбари ҳизби "Ота макон" Омурбек Текебоев ва собиқ сафир Дуйшонқул Чотонов шурӯъ шуд.

Бо қарори додрас, шароити нигаҳдории гумонбарон тағйир дода шуд: ҳарду сиёсатмадор дар ҷараёни баррасии парвандаашон дар ҳабси хонагӣ, яъне дар озодӣ хоҳанд буд.

Текебоев ва Чотоновро аз соли 2017 ба ин сӯ дар зиндон буданд. Дар беруни бинои додгоҳ наздикону ҷонибдорони Текебоев бо шиору овезаҳо дар даст онҳоро истиқбол гирифтанд.

Рӯзи 21 август додгоҳи олии Қирғизистон парвандаи Текебоев ва Чотоновро ба баррасии дубора ба додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек фиристод. Додгоҳ гуфт, ки аз рӯи парвандаи онҳо ҳолатҳои нав ошкор шудааст.

Соли 2017 бар асоси баёноти як соҳибкори рус Леонид Маевский оид ба додани пора дар ҳаҷми 1 миллион доллар, Омурбек Текебоев ва Дуйшонқул Чотонов ба 8 соли зиндон маҳкум шуданд. Худи сиёсатмадорон ин иттиҳомрот эътироф намекунанд ва худро қурбонии сиёсатҳои президенти собиқи ҳамакнун боздоштшуда Алмосбек Отамбоев меноманд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Гуфтугӯ бо Анваршоҳ Мирзоев дар бораи вазъи футболи тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:18 0:00
XS
SM
MD
LG