Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Духтари тоҷик дар як маҳбаси Русия никоҳ кард

Дар яке аз зиндонҳои Ҷумҳурии Комии Русия духтари тоҷик бо як маҳбус никоҳ кардааст. Бино ба иттилои Оҷонси иттилоотии “Комиинформ” арӯс барои анҷом додани никоҳ аз 3 ҳазор километр аз Тоҷикистон рафтааст. Домод маҳбус аст ва дар ин муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо мекунад.

Никоҳи ин духтари тоҷик бо шавҳари маҳбусашро рӯзи 9-уми сентябри имсол муфтии Ҷумҳурии Коми Валиаҳмад Ҳазрат Гаязов хондааст. Ному насаби духтар ва домоди маҳбус зикр нашудааст.

“Комиинфром” навиштааст, никоҳ бо риояи ҳама қоида гузашт. Аз ҷумла, дар маросими никоҳ ду шоҳид иштирок карданд.

Ин расона менависад, дар зиндони рақами 24-и Ҷумҳурии Коми бори севум аст, ки маросими никоҳ сурат мегирад.

Дар Узбекистон зане тифлашро аз ошёнаи 2-юм ба замин партофт

Шаби 8 ба 9-уми сентябр дар пушти бинои таваллудхонаи ноҳияи Намангони Узбекистон ду тифли зиндаро пайдо карданд, ки 2-юми сентябр ба дунё омада буданд.

Навзодон зуд ба бахши эҳёгарӣ интиқол дода шуданд, вале табибон натавонистанд, ҷони онҳоро наҷот диҳанд.

Ба огаҳии Додситонии кулли Узбекистон, бемор Д. Х., ки 2-юми сентябр кӯдак таваллуд карда буд, пас аз огаҳ шудан аз нуқси пои духтарчааш шаби 8 ба 9-уми сентябр, тахминан соатҳои 03:00 ӯро бо як тифли навзоди дигар аз тирезаи ошёнаи дувум ба замин партофтааст.

Дар натиҷа ҳар дуи навзодон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар шуъбаи эҳёгарӣ ҷон бохтанд.

Ба гуфтаи масъулони додситонии Узбекистон, зан тифли бегонаро ба хотири рӯйпуш кардани ҷинояткории худ ба замин партофтааст. Ҳоло зидди вай бо банди "Куштори барқасдона" парванда боз шуда, ба ӯ аз 15 то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

Зидди шахсони масъули таваллудхона низ барои "дуруст анҷом надодани вазифаҳои худ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар сурати исботи гуноҳашон то 8 сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд гашт.

Сокинони ноҳияи Араван вазъи марз бо Узбекистонро баррасӣ мекунанд

Вазъи марзи байни Қирғизистону Узбекистон баъди ҳодисаи 10-уми сентябр муътадил аст. Гуруҳе аз сокинони ҷамоати Керкидани ноҳияи Араван ба қабули намояндаи ҳукумати вилояти Ӯш рафтанд.

Мирлан Озорбоев, раиси ҷамоати Керкидан мегӯяд, тасмим доранд, иттилоъ дар бораи "тақдими 400 гектар замини Керкиданро ба Узбекистон дар ивази ҳамин миқдор замин ба ноҳияи Араван дар соли 2017 бисанҷанд". Вай ҳамчунин гуфт, талаб доранд, ки мушкили истифодаи обанбори Керкидан ҳал шавад ва ба сокинони ҳар ду кишвар шароити баробар таъмин шавад.

Рӯзи 10-уми сентябр дар ноҳияи Аравани вилояти Уши Қирғизистон насби аломат дар наздикии обанбори Керкидан аз сӯи низомиҳои Узбекистон норизоии сокинони маҳаллиро ба бор овард.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки сокинони маҳаллӣ бо низомиҳои Узбекистон баҳс доранд.

Дар пасманзари эътирозҳои зиддичинӣ Тоқаев ба Пекин рафт

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар пасманзари эътирозҳои зиддичинӣ дар кишвараш, бо як сафари расмӣ вориди Пекин, пойтахти Чин шуд.

Вебсайти президенти Қазоқистон навишт, Тоқаев рӯзи 11-уми сентябр бо раиси комиссиюни марказии умури хориҷии Чин Янг Ҷиечӣ дидор кард.

Фаъолон дар шаҳри саркаши Жанаозен давоми чанд рӯз зидди сармоягузориҳои чинӣ эътироз карданд. Онҳоро нафарони дигар дар Алматӣ, Нурсултон ва шаҳрҳои кишвар ҳамовозӣ карда, ба хиёбонҳо баромаданд.

Эҳсосоти мухолифат ба сармояҳои чинӣ баъди он боло гирифт, ки гузоришҳо аз вуҷуди қароргоҳҳои бозтарбияи мусалмонон дар вилояти Шинҷони Чин нашр шуданд.

СММ гуфт, соли гузашта тахминан 1 миллион мусалмон – сокинони бумии уйғуртабори Чин дар “марказҳои зиддитеррористӣ” нигаҳдорӣ шуданд.

Вале мақомот дар Қазоқистон гуфтанд, ки аз нақшаҳои бунёди 55 корхонаи саноатӣ бо сармояҳои чинӣ даст намекашанд.

Донишомӯзони низомиро дар Узбекистон иҷборан ба пахтачинӣ мебаранд

Сар аз 10-уми сентябр аз донишомӯзони Донишкадаи низомӣ-техникии Горди миллӣ, Академияи ВКД ва Донишкадаи олии низомии гумруки Узбекистон дар бораи иштироки довталабона дар пахтачинӣ забонхат мегиранд.

Донишомӯзон дар забонхат навиштаанд, ки дар сурати саркашӣ кардан аз иҷрои уҳдадориҳо "ба ҳама гуна муҷозот омода ҳастанд".

Дар ҳамин ҳол бархе аз донишомӯзон гуфтанд, ки ин гуна забонхатҳоро аз онҳо маҷбурӣ гирифтаанд ва ҳамакнун онҳо сар аз 15-уми сентябр ба ҷамъоварии пахта дар вилояти Сирдарё фиристода мешаванд.

"Фармонро роҳбари донишкада дод ва сардорони курс аз мо забонхат гирифтанд. Ба мо талқин карданд, ки дар забонхат чи нависем", - гуфт як донишомӯзи Академияи ВКД Узбекистон.

Дар забонхати донишмоӯз омадааст, ки: "Ман огоҳонида шудаам, ки бояд майдони пахтаро бидуни иҷозати роҳбарият тарк накунам ва бо сокинони маҳаллӣ ҳамгап нашавам. Ман, дар сурати иҷро накардани ин уҳдадориҳо, ба ҳама гуна муҷозот омодаам. Вазифадор мешавам, ки ҳамаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунам".

Мақомоти Академияи ВКД Узбекистон ҷамъоварии забонхатҳоро тасдиқ карданд.

"Ин фармон на аз роҳбарияти мо, балки аз "боло" содир шуд. Донишомӯзони мо соли гузашта ҳам ба ҷамъоварии пахта рафта буданд. Чӣ бадӣ дорад? Чунин меҳнат ба нафъи худи онҳо аст!", - гуфтанд аз раёсати Академияи ВКД.

12-уми августи соли ҷорӣ президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фиристодани хонандагони мактаб, донишҷӯён ва кормандони бахши буҷавиро ба саҳрои пахта манъ карда буд.

CPJ аз Тоҷикистон хост, дастрасӣ ба сайти "Азия-Плюс"-ро таъмин кунад

"Азия-Плюс" 19 август дар бораи сабаби дастнорас шудани вебсайтҳои хабариаш таҳқиқи худро пешниҳод кард, вале аз он замон то кунанд мақомоти масъули доменҳои .tj ҳеҷ иқдоме накардаанд

Кумитаи ҳимоят аз журналистон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки қазияи “зоҳиран махсус дастнорас шудани” вебсайтҳои медиа-гурӯҳи “Азия-Плюс”-ро таҳқиқ ва дастрасӣ ба ин расонаро таъмин кунанд. CPJ, мақарраш дар Ню-Йорк, бо нашри изҳороте 10 сентябр навишт, ки аз 19 август ба ин тараф ду вебсайт ва имейлҳои кории ширкати “Азия-Плюс” комилан аз фаъолият мондаанд. Коршиносон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар исми домени вебсайтҳои news.tj ва asiaplus.tj махсусан тағйирот ворид шуд ва ҳамин чиз боиси дастнорас шудани матолиби “Азия-Плюс” шуд. Мутахассисони фанновариҳои интернетӣ ҳолатеро, ки “Азия-Плюс” бо он дучор шудааст, ҳамчун “ҳамлаи ҳакерӣ” ва ҳам “дахолати моҳирона бо фанновариҳои навин” шарҳ додааст. Вале дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, ки ба ин ҳолат ҳеҷ рабте надоранд ва шикояти расонро ҳатман мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд. Вале зоҳиран, мушкиле, ки ба қавли мутахассисони фаннӣ имкони ҳал шуданаш дар фурсати кӯтоҳ имконпазир аст, наздики як моҳ аст, ки ҳал намешавад ваё ба дарозо кашида шудааст. Феълан оҷонсии маъруфи хабарӣ тавассути вебсайти https://asiaplustj.info дастрас аст.

Корхонаи коркарди нафти Туркманбошӣ аз кор мондааст

Бино ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, корхонаи коркарди нафти Туркманбошӣ беш аз 6 моҳ мешавад, фаъолият надорад.

"Ҳудуди 500 корманди корхона ба рухсатии бемузд фиристода шуданд. Барои таъмири пурраи корхона сармояи хориҷӣ лозим аст, зеро Туркманистон дар ҳоли ҳозир тавони харидории таҷҳизоти лозимиро надорад. Бинобар ин, фаъолияти корхона муваққатан қатъ карда шудааст", - иттилоъ дод хабарнигори радио рӯзи 9-уми сентябр.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар корхона ҳудуди 20 муҳофиз ва фаррош боқӣ мондаанд. "Ин кормандонро низ аз моҳи октябри соли равон ба рухсатии бемузд мефиристанд", - афзуд хабарнигор.

Талошҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ барои дарёфти назари расмии масъулони корхонаи коркарди нафти Туркманбошии Туркманистон дар ин замина бенатиҷа буданд.

Бар пояи иттилои нашрияи Маҷмааи нафту гази Туркманистон, корхонаи мазкури Туркманбошӣ дар бахши саноати коркарди нафти ин кишвар яке аз корхонаҳои калидӣ ба шумор меравад.

Қарори нави Трамп террористонро ҳадаф қарор дод

Нахустин шуда бар асоси қарори нав гурӯҳи "Давлати исломӣ" мавриди таҳрими молии ИМА қарор гирифт

Президент Доналд Трамп қарори наве имзо намуд, ки ҷорӣ кардани таҳрим болои террористони эҳтимолӣ ва дороиву тарафдорони онҳоро ба маъмурияти президенти ИМА осон мекунад.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар як нишасти матбуотии рӯзи 10 сентябр гуфт, ки “қарори имрӯз аз ҷониби президент Доналд Трамп имзошуда ба тадбирҳои зиддитеррористии ИМА нирӯи бештар зам мекунад”.

Қарори нав дар остонаи ёдбуди ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 болои ИМА имзо шуд.

Помпео санади навро дар амри мубориза бо терроризм аз замони ин ҳамлаҳо “хеле муҳим” арзёбӣ кард. Бар асоси ин қарор, вазорати молияи Амрико тавони ба таври мустақим ҳадаф қарор додани пешвоҳои эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ ва шабакаҳои вобаста ба онро хоҳад дошт.

Ӯ гуфт, ки қарори нав ҳамчунин сохторҳои молии хидматкунанда ба террористонро ҳадаф қарор медиҳад.

Нахустин гурӯҳҳое, ки бар асоси қарори нави зиддитерристии Трамп аз ҷониби вазорати молия таҳрим шуданд, “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Таҳрики Толибон”-и Покистон ва Нирӯҳои қудс – бахши хориҷии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон мебошанд.


Тоҷикистон боз 50 маҳбуси дигари афғонро ба Кобул медиҳад

Сафорати Афғонистон дар Душанбе хабар дод, ки рӯзҳои наздик 50 маҳбуси дигари афғон аз Тоҷикистон ба Кобул интиқол меёбанд.

Ба гуфтаи масъулони сафорат, барои ин кор мунтазири як ҳайат аз намояндагони додситонӣ, вазорати умури дохилӣ ва вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳастанд.

Як манбаи наздик ба сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, 50 маҳбус ба Афғонистон супурда мешавад.

Ҷониби Тоҷикистогн дар бора иттилои арсмӣ надодааст.

Пеш аз ин дар моҳи июли имсол 80 маҳбуси афғон ба воситаи гузаргоҳи Панҷи Поён ба дасти мақомоти Афғонистон супурда шуданд. Бештари шаҳрвандони Афғонистон барои қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз дар Тоҷикистон ҷазо гирифтаанд.

Духтари 13-сола чӣ гуна зери тепловоз монд? Парванда боз шуд

Акс аз бойгонӣ

Додситонии нақлиёт дар вилояти Суғд зидди ёвари ронандаи тепловозе, ки моҳи августи имсол Аниса Насимзодаи 13-соларо пахш кард, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Азамат Самеъҷонов ба вайрон кардани қоидаи ҳаракат даи роҳ муттаҳам аст. Дар сурати тасдиқи иттиҳом аз тарафи додгоҳ, ба ӯ то ду сол корҳои ислоҳӣ ё ҳабс таҳдид мекунад.

Низомиддин Қурбонализода, муфаттиши додситонӣ, рӯзи 11-уми сентябр гуфт, “тибқи қоидаҳои истифодаи нақлиёти роҳи оҳан, тарафи чапи роҳи ҳаракати тепловозро ронанда ва тарафи рости онро ёвараш назорат мекунад. Духтар аз тарафи рости роҳи оҳан зери чархи тепловоз мондааст. Барои ҳамин, ёвари ронандаро дар рухдоди ин садама гумонбар медонем”.

Ба иттилои масъулони додситонӣ, парвандаро рӯзи 6-уми сентябр кушодаанд ва дар замони тафтиш ёвари ронандаи тепловоз дар озодӣ ба сар мебарад.

Ҳодиса дар шаҳри Бӯстон (Чкаловски собиқ) рӯзи 28-уми августи имсол рух дод. Аниса Насимзодаи 13-сола зери чархи тепловоз монд ва аз пой ва як қисми дасташ ҷудо шуд.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, Аниса мехост роҳи оҳанро гузарад, вале пояш дармонд. Ҳоло ӯ дар бемористони шаҳри Бӯстон қарор дорад ва пизишкон вазъи саломати ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ҳукумати Австралия боздошти се шаҳрвандаш дар Эронро тасдиқ кард

Ҳукумати Австралия гузоришҳо дар бораи боздошти се шаҳрванди ин кишвар дар Эронро тасдиқ кард ва гуфт, ки ба хонаводаҳои онҳо кӯмак мерасонанд. Вазорати умури хориҷӣ ва тиҷорат рӯзи 11-уми сентябр гуфт, ки ду нафар аз боздоштшудагон тобеияти Бритониёро ҳам доштаанд.

Вазорат аз ин бештар иттилоъ надод, вале чанде аз расонаҳои Австралия ва Бритониё гуфтанд, ки ин афрод чанд муддат аст, ки дар Эрон паси панҷара ҳастанд. Телевизиони АВС- и Австралия гузориш дод, як зане, ки шаҳрвандии Австралия ва Бритониёро дорад, тақрибан як сол мешавад, ки дар зиндон аст. Як хонуми дигар бо айни тобеият ва дӯстписари австралиягиаш 10 ҳафта пеш дастгир шудаанд.

Рӯзномаи “Таймс”-и Бритониё навишт, хонуми аввалӣ, ки пажуҳишгар аст, дар Эрон ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст, ҳарчанд иттиҳомот ба зидди ӯ маълум нест. Аммо дар Эрон умдатан бо иттиҳоми ҷосусӣ даҳ сол ба зиндон маҳкум мекунанд. Бино ба гузоришҳо занони хориҷиро дар зиндони Эвин дар Теҳрон нигаҳ медоранд, ки дар онҷо Нозанин Зағарӣ Ратклиф, як шаҳрванди Бритониёву Эрон низ зиндонӣ аст. Ӯро соли 2016 бо иттиҳоми ҷосусӣ ба зиндон маҳкум карданд.

Бахши форсии Би Би Си хабар дод, ки ҳарду занро аъзои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ҳангоми хайма задан дар як минтақаи низомӣ бо номи Ҷаҷруд дар вилояти Теҳрон дастгир кардаанд.

Дархости озодии раиси пешини "Казатомпром" дубора рад шуд

Додгоҳи вилояти Қазоқистони Шарқӣ дархости раиси пешини ширкати "Казатомпром" Мухтор Ҷакишев дар бораи пеш аз муҳлат аз зиндон озод шуданро рад кард. Ҷакишев аз соли 2009 ба ин тараф дар зиндон аст.

"Ҳукми додгоҳи шаҳри Семеи вилояти Қазоқистони Шарқӣ аз 24-уми июли соли равон зидди Ҷакишев бетағйир боқӣ монда, ҳамчунин шикояти ӯ ва вакилони дифоаш қонеъ карда нашуд", - иқтибос овардаанд расонаҳо аз баромади додраси парванда.

Худи айбдоршуда дар мурофиа ҳузур надошт. Гуруҳи фаъолони қазоқе, ки аз утоқи дигар ба воситаи оинаи нилгун раванди мурофиаро тамошо мекарданд, норозигии худро ба ҳукми додгоҳ баён карда, бо талаби раҳоии Ҷакишев "Озодӣ!" ва "Мухторро мекушанд!" шиор мепартофтанд.

Дар ҷараёни бозбинии парвандаи Ҷакишев дар шаҳрҳои Нурсултон, Алмато ва Актау бо талаби раҳоии ӯву маҳбусони сиёсии дигари қазоқ ҳамоишҳои эътирозӣ баргузор шуданд.

Додгоҳи Қазоқистон пештар, 24-уми июли имсол ва моҳи ноябри соли 2018 низ дархости озодии Ҷакишевро рад карда буд. Дар охири моҳи сентябри соли 2018 аз се ду ҳиссаи муҳлати зиндони Ҷакишев ба итмом расид ва вай ба ин далел дархости раҳоии пеш аз муҳлатро кард.

Додгоҳ дар соли 2009 ӯро бо айби фасодкорӣ 14 сол зиндонӣ кард. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ соли 2013 Ҷакишевро маҳбуси сиёсӣ эътироф карданд. Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар соли 2015 аз мақомоти Қазоқистон хоста буд, ки Ҷакишевро озод кунанд.

Таркиши мушак дар назди Сафорати Амрико дар Кобул

Оҷонсии Ассошиэйтед Пресс хабар додааст, ки як мушак ё рокет дар наздикии Сафорати Амрико дар Кобул таркидааст. Тибқи иттилои пешакӣ, ҳодиса нисфишаби 11-уми сентябр рух дода, дар соатҳои аввали ҳодиса ягон нафар ба ҳалокат нарасидааст.

Кормандони Сафорати Амрико тариқи баландгӯяк ин паёмро шуниданд, ки "дар ҳудуди маҷмаа таркиши мушак ба амал омадааст". То ҳол масъулини Сафорати Амрико дар Кобул дар ин бора шарҳи расмӣ надодаанд.

Аммо мақомоти Афғонистон мегӯянд, мушак на ба девори Сафорати Амрико, балки ба як бинои марбут ба Вазорати дифои Афғонистон бархӯрдааст, ки дар наздикии Сафорат қарор дошт.

Масъулияти ин ҳодисаро касе ба уҳда нагирифтааст.

Ин таркиш дар солгарди 18-уми ҳамла ба ду маҷмуаи тиҷоратии Амрико сурат мегирад, кисоли 2001 рух дод. Дар ҷараёни ҳамлаҳо ба бинои Вазорати дифои Амрико дар Вашингтон ва бурҷҳои Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк, ҳудуди 3 ҳазор нафар кушта ва тақрибан ду баробар ин теъдод, захмӣ шуданд.

Ин ҳодиса боис шуд, ки артиши Амрико барои сарнагун кардани Толибон вориди Афғонистон шавад. Инчунин бархӯрди мушак баъд аз як рӯзе сурат мегирад, ки Доналд Трамп эълон кард, ки музокирот бо Толибон "мурдааст". Трамп гуфт, Толибон мехоҳанд бо истифода аз хушунат мавқеи худро дар гуфтушунид беҳтар кунанд.

Доналд Трамп гуфтугӯи махфӣ бо роҳбарони толибон ва афғонро баъд аз он бекор кард, ки дар як таркиш дар Кобул 12 нафар бо шумули як сарбози амрикоӣ кушта шуданд. Масъулияти ин ҳодисаро гуруҳи Толибон ба уҳда гирифта буд.

Туркманистон кишвари дорои сахттарин сензура номида шуд

Туркманистон, Чин ва Эритрея дар рӯйхати кишварҳое, ки матбуоташон зери сензураи сахт қарор дорад, се ҷои аввалро касб кардаанд.

Таҳиякунандаи рӯйхат -- Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон (CPJ- Committee to Protect Journalists) мегӯяд, "дар Туркманистон воситаҳои ахбори ом вазифаи сухангӯии ҳукуматро иҷро карда, ҳамагуна рӯзноманигории мустақил бадарға карда мешавад".

"Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тақрибан ҳамаи бахшҳои зиндагӣ, аз ҷумла матбуотро зери назорат қарор дода, онро барои тарвиҷи парастиши шахсияти худ истифода мекунад. Низоми ӯ бо боздошту зиндонӣ кардани рӯзноманигорон ба манбаъҳои мустақили иттилоъ фишор меорад. Ҳамчунин ба иттилои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ҳатто онҳоро аз кишвар берун мекунад. Хабарнигорони ин радио дар Туркманистон бо номи мустаор фаъолият дошта, таҳти таъқиб қарор доранд ва бархеашон ҳатто зиндонӣ шудаанд. Ҳамчунин сафари онҳо ба хориҷ манъ аст", - омадааст дар гузориши кумита.

Ба рӯйхати CPJ кишварҳое шомил шудаанд, ки дар онҳо расонаҳо зери назорати шадиди ҳукумат қарор дошта, рӯзноманигоронро бо ҳукмҳои зиндону навъҳои дигари таъқиб метарсонанд, то хомуш нишинанд.

Туркманистон қаблан дар раддабандии "Озодии матбуот"-и созмони байналмилалии "Гузоришгарони бидуни марз" дар миёни 180 кишвари дунё мақоми охиринро касб карда буд.

Порлумони Украина қонуни нави изҳори нобоварӣ ба президентро қабул кард

Порлумони Украина лоиҳаи қонуни изҳори нобоварӣ ба президентро қабул кард. Ба ҷонибдорӣ аз лоиҳаи мазкур 245 вакил раъй доданд, ки 244 нафарашон намояндаи ҷиноҳи "Ходими мардум" ҳастанд.

Бар асоси қонуни нав, порлумони Украина президентро танҳо дар сурати хиёнат ба давлат ё даст задан ба ҷинояткорӣ метавонад аз мақом барканор кунад.

Лоиҳаи мазкур бо пешниҳоди раиси порлумони Украина Дмитрий Разумков қабул шуда, эътирози бархе аз вакилони мухолифро ба бор овард.

Дар Конститутсияи Украина барои изҳори нобоварӣ ба президент асосҳои қонунӣ дарҷ шудаанд, вале раванди он дар қонуни ҳамакнун пешини ин кишвар хеле душвор пешбинӣ гашта буд.

Порлумони Украина дорои 6 ҷиноҳ ва гуруҳи вакилон аст. Бештари курсиҳои онро намояндагони ҳизби ҳокими "Ходими мардум" дар ихтиёр доранд, ки 254 нафарро ташкил медиҳанд.

Оғози баррасии парвандаи мудири пешини бунёди расонаҳои мустақил дар Тошканд

Дар додгоҳи ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканди Узбекистон баррасии парвандаи ҷиноии роҳбари пешини Бунёди пуштибонӣ аз расонаҳои мустақил Саид-Абдулазиз Юсупов пушти дарҳои баста баргузор мегардад.

Саид-Абдулазиз Юсупов дар "дуздӣ бо роҳи азхудсозӣ ва ё масрафсозӣ", "қаллобӣ", "порадиҳӣ" ва "шарикӣ дар ҷиноят" айбдор мешавад.

Юсупови 37-сола 10-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуд. Бародари вай 12-уми май муроҷиатномаи видеоиеро ба президенти Узбекистон нашр кард.

Бародари Юсупов он замон гуфта буд, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати Саид-Абдулазиз ба фаъолиятҳои рӯзноманигориаш рабт дорад.

Мақомоти Қирғизистон 70 кӯдакро аз Ироқ ба ватан меоранд

Наздики 70 кӯдак - шаҳрвандони Қирғизистон аз Ироқ ба ватанашон оварда хоҳанд шуд. Дар ин бора Чингиз Айдарбеков, вазири корҳои хориҷии Қирғизистон хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, гуфтугуҳо барои берун овардани кӯдакон аз минтақаҳои ҷангӣ ба марҳилаи ниҳоӣ расидааст.

"Ҳайати ҳукуматӣ тасмими сафар ба Ироқро дорад. Созиши баргардонидани шаҳрвандони мо ҳосил шуд. Ҳоло сухан аз 70 кӯдак меравад", - афзуд вазир.

Гуруҳе аз қирғизистониҳо бо баргузории нишасти хабарие дар таърихи 1-уми август дар шаҳри Бишкек гуфтанд, омадаанд, ки 150 зан ва кӯдакро аз урдугоҳҳои Ироқ ба ватан баргардонанд. Аъзои гуруҳи ташаббускор пешниҳод карданд, ки харҷи баргардонии занону кӯдаконро аз Сурияву Ироқ мепардозанд.

Баъдтар ҳукумати Қирғизистон хабар дод, барои баргардонии шаҳрвандон аз Сурияву Ироқ гуруҳи кории байниидоравӣ ташкил шудааст.

Ба иттилои мақомоти қудратии Қирғизистон, наздики 800 шаҳрванди ин кишвар ба минтақаҳои ҷангии Сурия рафтаанд. Аз ин шумор бештар аз 200 тан кушта шудааст. Хабар дода мешавад, ки аз маҷмуи қирғизистониҳое, ки ба гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" пайвастаанд, наздики 140 танашон зан ҳастанд.

Барканории Болтон аз мақоми мушовири амнияти миллии Амрико

Ҷон Болтон

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, мушовири амнияти миллии ин кишвар Ҷон Болтонро барканор кард. Трамп рӯзи 10-уми сентябр дар “Твиттер” навишт, ба Болтон хабар додааст, ки дигар ба хизмати ӯ дар Кохи Сафед ниёз нест. Вай афзуд, бо пешниҳодҳои Болтон шадидан мухолиф буданд ва ба ҳамин далел аз ӯ хостааст, аз мақом биравад. Раиси ҷумҳури Амрико аз хадамоти Ҷон Болтон сипосгузор карда ва гуфтааст, ҳафтаи ояндаи шахси дигарро ба ҳайси мушовири амнияти миллии Амрико таъйин мекунад.

"Духтари обӣ"-и эронӣ, ки барои хоҳиши дидани футбол ба ҳабс маҳкум шуд, даргузашт

Саҳар ҳаводори тими "Истиқлол" буд, ки бо либоси обиаш маъруф аст

Зани 29-солаи эронӣ, ки баъди эълони айб барои талоши ширкаташ дар бозии мардонаи футбол даст ба худкушӣ зад, рӯзи 9 сентябр даргузашт. Саҳар Худоёрӣ, як ҳаводори футбол , ки ба хотири исми тими дӯстдоштаи футболаш “Духтари обӣ” ном гирифт, дар як бемористони Теҳрон даргузашт. Дар ин бора матбуоти Эрон дирӯз хабар дод. Гузоришҳои тасдиқношуда ҳокист, ки ӯ дар яке аз рӯзҳои истироҳати гузашта даргузашт ва ҷанозааш таҳти чораҳои шадиди амниятӣ дар шаҳри муқаддаси шиаён - Қум ба хок супурда шуд.

Ӯ чанд рӯз баъди он даргузашт, ки додгоҳ рӯзи 2 сентябр ӯро даъват кард ва гуфт, ки қонуни манъи ҳузури занон дар варзишгоҳи футболро нақз кардааст. Баъди шунидани қарори додгоҳ Саҳар Худоёрӣ ба танаш бензин рехт ва худро оташ зад. Табибон гуфтанд, ки 90 дарсади тани духтар сӯхта буд. Хоҳари Саҳар гуфт, ки ӯ дучори бемории ихтилоли дутарафа буд ва дар гузашта ҳам талош кардааст худкушӣ кунад.

Хоҳари Саҳар ба матбуоти эронӣ гуфтааст, ки баъди боздошт шудан ва шунидани хабари ин ки ӯро ба мӯҳлати шаш моҳ ҳабс мекунанд, ҳолати рӯҳии хоҳараш бад шуд.

Ба нақли ин зан, Саҳар дар миёнаҳои моҳи март мехост бо плаш ва мӯи сунъии ранги обӣ ба варзишгоҳи “Озодӣ”-и Теҳрон ворид шавад. Хоҳараш гуфт, вақте муҳофизон хостанд ӯро ҷустуҷӯ кунанд, ӯ иқрор шуд, ки духтар аст. “Онҳо ҳамон ҷо ӯро боздошт карданд”, гуфт зан рӯзи 5 сентябр дар сӯҳбат бо вебсайти Shahrvandonline.ir.

Саҳар баъди шунидани ҳукми додгоҳ худро бензин рехта оташ зад. Табибон гуфтанд, ки 90 дарсади тани ӯ сӯхта буд сӯхта
Саҳар баъди шунидани ҳукми додгоҳ худро бензин рехта оташ зад. Табибон гуфтанд, ки 90 дарсади тани ӯ сӯхта буд сӯхта


Боздошту талоши худкушӣ кардан ва дар ниҳоят марги Саҳар дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёд кард ва бисёриҳо давлатро гунаҳгор карданд, ки дар давоми наздики чаҳор даҳсола занонро аз ворид шудан ба варзишгоҳ манъ мекунанд.

Дар гузашта танҳо гурӯҳҳои ҷудогонаи занон барои тамошои футболи мардона ва дигар навъҳои варзиши мардона иҷоза гирифтаанд. Дар бархе ҳолатҳои ҷудогона занони ҳаводори футбол тавонистаанд, ки бо либоси мардона вориди варзишгоҳ шаванд.

Парвона Салоҳшӯрӣ, як вакили зани эронӣ ҳодисаи ахирро маҳкум кард ва гуфт: “Ӯ духтари Эрон буд”. Ба гуфтаи ӯ, “занон аз ҳуқуқи бунёдии худ маҳрум шудаанд” ва ин қонунҳоро “мардон кӯркӯрона эҷод карда аз занон тақозо мекунанд, ки онҳоро риоя кунанд”. Салоҳшӯрӣ дар твиттери худ навишт: “Дар ҳабс ва оташ задани Саҳари ин кишвар ҳамаи мо масъулият дорем”.

Чанд бозигари тими “Истиқлол”-и Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги пурфоҷеаи Саҳар таассуф баён карда гуфтанд, ки “шармзада” шуданд. Ҳусейн Маҳинӣ, бозигари тими миллии футболи Эрон дар саҳифаи твиттери худ як расми ба хотири Саҳар эҷодкардаи карикатуристи маъруфи эронӣ Умар Моманиро бознашр карда, онро “Духтари обӣ” ном гузошт.

Як мақоми эронӣ, ки номаш нашр нашуд, ба матбуоти маҳаллӣ гуфтааст, ки ин духтар барои он боздошт шуд, ки либоси муносиб надошт ва бо ходимони амниятӣ моҷаро барпо кард.

Марги Саҳар дар ҳоле рух дод, ки FIFA – Федератсияи байналмилалии футбол ба Эрон фишор меорад, ки қонуни 40 сол пеш қабулшуда дар бораи манъи ҳузури занон дар варзишгоҳи футболро бекор кунад.

Рӯзи 25 август ниҳоят муовини вазири варзиши Эрон вокуниш кард ва гуфт, ки занон ба тамошои бозии Эрон-Камбоҷа, ки дар чаҳорчӯби бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳонӣ баргузор мешавад, роҳ дода хоҳанд шуд.

Вале яке аз раҳбарони созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch Минкӣ Ворден FIFA-ро барои он интиқод кард, ки ба Эрон ба хотири манъи комили қонуни табъизомез бештар фишор наовард.

Ӯ гуфт, ҳодисае, ки бо Саҳар рух дод, “як фоҷеаи пешгӯишаванда барои Эрон буд” ва изҳори умедворӣ кард, ки шахсони гунаҳгор дар ин ҳодиса муҷозот мешаванд.

Аз мақомоти Нурсултон хостанд, таъқибҳои сиёсиро қатъ кунанд

Мишел Бачелет, комисари олии СММ дар умури ҳуқуқи инсон зимни ҷаласаи 42-уми Шӯрои ҳуқуқи инсон рӯзи 9-уми сентябр аз Қазоқистон хост, маҳдудиятҳои баргузории эътирозҳои осоишта, фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳо ва ҷамъиятҳои диниро бекор кунад.

Бачелет ҳамчунин аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, қонунҳоеро бозбинӣ кунанд, ки "имкони пахши норозиҳоро фароҳам овардаанд, мафҳумҳои "забони душманона" ва "туҳмат"-ро маънии густарда додаанд".

Бачелет афзуд, дар Қазоқистон дар пайи эътирозҳои осоишта, ки моҳи марти соли ҷорӣ шуруъ шуданд, бештар аз 4 ҳазор сокин боздошт гардидааст. Комисари олӣ илова кард, ки ба ҳабс гирифтани одамон бо ангезаҳои сиёсӣ ва амалан манъ кардани ҷамъомадҳои мухолифон ба гуфтугӯҳои воқеӣ мусоидат намекунанд.

Шабакаи "Апрел"-и Қирғизистон баъди баста шудан дар Интернет фаъол шуд

Шабакаи телевизионии "Апрел", ки амволаш ба ҳабс гирифта шуда буд, фаъолияташро тариқи Интернет ба роҳ монд. Дар ин бора сармуҳаррири шабака Самат Качкинов иттилоъ дод.

"Шабака муҷаввиз дорад, бозхонд нашудааст. Бино бар ин, мо ҳақ дорем, фаъолияти рӯзноманигорӣ анҷом диҳем. Ягона монеа ин аст, ки мо ба эфир баромада наметавонем", - гуфт Качкинов.

Шаби 9-уми август ВКД Қирғизистон бо такя ба қарори додгоҳ амволи ширкати саҳҳомии "Медиа-Форум" ва шабакаи "Апрел ТВ"-ро ба ҳабс гирифт. Идораи шабака ва чанде аз коршиносон ин амали мақомотро фишор ба озодии матбуот унвон карданд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, "амволи шабака ҳамчун амволи шахсе ба ҳабс гирифта шудааст, ки дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин гумонбар мешавад". Мақомот мегӯянд, ин амвол ба президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рабт дорад, ки дар асоси чанд моддаи кодекси ҷиноӣ айбдор ва айни ҳол дар ҳабс нигаҳдорӣ мешавад.

Куриёи Шимолӣ ҳаштумин партоби мушакашро анҷом дод

Куриёи Шимолӣ сӯи баҳри Ҷопон ду мушак партоб кард. Дар ин бора хабаргузориҳои Куриёи Ҷанубӣ иттилоъ доданд. Мушаххасоти мушакҳо иттилоъ дода намешавад.

Тӯли парвози мушакҳо 330 километрро ташкил додааст. Истифодаи мушакҳои кутоҳпарвозро манобеи хабаргузории Reuters дар ҳукумати Амрико низ тасдиқ кардаанд. Вазорати мудофиаи Ҷопон гуфт, партоби мушакҳо ба амнияти ин кишвар хатар эҷод накардааст.

Сар аз моҳи июни соли ҷорӣ, баъди дидори президенти ИМА Доналд Трамп бо роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин ба ин тараф, ин ҳаштумин партоби мушак аз ҷониби Куриёи Шимолӣ аст. Ахиран муовини вазири умури хориҷии Куриёи Шимолӣ гуфт, ки Пхенян омода аст, то охири моҳи сентябр сари мизи гуфтугӯ нишинад.

Ба иттилои коршиносони амрикоӣ, Пхенян ин озмоишҳоро барои фишор овардан ба Вашингтон дар пайи бенатиҷа анҷом шудани гуфтугӯҳои холисозии нимҷазираи Куриё аз силоҳи ҳастаӣ, анҷом медиҳад. Гуфтугуҳои холисозии нимҷазира аз силоҳи ҳастаӣ қатъи комили барномаи Куриёи Шимолиро дар ивази бекор кардани таҳримҳои амрикоӣ дар назар дорад.

182 корманди милисаи Қашқадарёро аз "рӯйхати фарбеҳон" хориҷ карданд

Аз маҷмуъи 1118 корманди мақомоти корҳои дохилии вилояти Қашқадарё, 188 корманд, ки дар "рӯйхати фарбеҳон" шомил шуда буданд, то 31-уми апрели сол ҷорӣ вазни барзиёди худро кам кардаанд.

Дар ин бора Раёсати корҳои дохилии вилояти Қашқадарё хабар дод.

Дар натиҷаи андозагирии антропометрии кормандон дар ҳолати 30-уми июни соли 2019 дар маҷмуъ вазни 741 корманд дараҷаи I, 237 тани дигар - дараҷаи II, 18 - дараҷаи III, 2 - тан дараҷаи IV баҳо дода шуд.

182 корманд аз рӯйхати дорандагони вазни барзиёд хориҷ карда шуд.

Ду деҳаи Самарқанд бе таваллудхона монд

Баста шудани таваллудхонае, ки дар ноҳияи Каттақурғони вилояти Самарқанд ба ду деҳа хизмат мерасонд, барои занҳои ҳомила мушкилии ҷиддӣ ба бор овардааст.

Мақомоти тандурустии вилояти Самарқанд гуфтанд, таваллудхона ба далели камбуди кормандони касбӣ ва дастгоҳҳои тиббӣ баста шудааст.

Занҳои ҳомилаи ду деҳае, ки дар маҷмуъ 9 ҳазор зани синни таваллуд доранд, маҷбур ҳастанд, ё дар хона ва ё дар роҳ ба сӯи таваллудхонаи шаҳрӣ фарзанд ба дунё оранд. Деҳаҳои онҳо дар фосилаи 30-40 километр аз маркази ноҳия қарор доранд. Сокинон аз мақомот мехоҳанд, роҳи ҳалле пайдо карда шавад.

Дар деҳаҳои Мойлисой ва Куксой, ба иттилои расмӣ, 35 ҳазор аҳолӣ истиқомат мекунад, ки аз ин шумор 9 ҳазор зани синни таваллуд мавҷуд аст. Наздики 400 зани дар ҳоли ҳозир ҳомила гуфтанд, баста шудани таваллудхона барои онҳо мушкили ҷиддӣ эҷод кардааст.

Гузоришҳо: Хабаррасони CIA дар Кремлин соли 2017 аз Русия берун бурда шуд

Матбуоти амрикоӣ хабар дод, ки Оҷонсии марказии истихборот (CIA) як ҷосуси баландпояи худро, ки дар бораи президенти Русия Владимир Путин, аз ҷумла, дар бораи мудохилаи Русия ба интихоботи президентии соли 2016-и ИМА маълумот медод, соли 2017 ба ИМА кӯч дода буд.

Нашрияву хабаргузориҳои мисли New York Times, CNN ва Washington Post рӯзи 9 сентябр гузориш доданд, ки ин мард ба унвони як манбаи хеле арзишманди иттилоотии Амрико арзёбӣ мешавад. Бо вуҷуди ин ки ӯ ба доираи наздики ҳамкорони Путин ворид набуд, ба тамоми нақшаҳо ва иттилоти махфии амниятӣ дастрасӣ дошт.

Вале як манбаи беном дар ҳукумати Русия ба нашрияи “Коммерсант” гуфт, ки ин гузоришҳо ҳама дурӯғ ҳастанд. Сухангӯи CIA ба телевизиони CNN гуфт, ки ин хабар “ҳадсу гумонҳои иштибоҳӣ” мебошад. Сухангӯи Кохи Сафед гузориши CNN-ро носаҳҳеҳ хонд.

Нашрияи Times гузориш дод, ки ин шахс давоми даҳсолаҳо ба ИМА гузоришҳо дода, аз ҷумла ба оҷонсиҳои истихборотӣ кӯмак кардааст, ки ба хулосае биёянд, ки воқеан ҳам Путин ба хотири пирӯзии Трамп дар интихоботи президентӣ дар ҷараёни интихоботи соли 2016 мустақиман дахолат кардааст.

Хулосаҳо дар ин замина январи соли 2017 шаш ҳафта баъди интихобот, ки бо пирӯзии Трамп дар муқобили рақиби демократаш Ҳилларӣ Клинтон анҷомид, нашр шуд. Кумитаҳои Конгресс ҳам, ки маъракаи интихоботии соли 2016-ро таҳқиқ карданд, бо ин хулосаҳо розӣ шуданд.

Охири соли 2016 ва 2017, ба навиштаи Times, CIA дар фикри аз Маскав берун овардани ин шахс шуд, вале ӯ бо сабаби нигарониҳои оилавӣ ин пешниҳодро рад кард. Вале ниҳоят ин мард дар нимаи аввали соли 2017 ба кӯчидан розӣ шуд.

Times ҳам мегӯяд, ки ин шахс аз доираи афроди наздик ба Путин набуд, вале ба тамоми иттило дар сатҳи баланд ва ҳам доираҳои тасмимгиранда дар Кремлин дастрасӣ дошт.

CNN инчунин гузориш дод, ки қарори ба ИМА кӯч додани ин шахс ба нигарониҳо аз сарнавишти ӯ бастагӣ дошт, чунки мақомоти иттилоотӣ дар ҳарос буданд, ки Трам метавонад иттилои бисёр махфиро дар ихтиёри мақомоти Русия гузорад. Ин иттило аз ҷониби сухангӯи Кохи Сафед қотеона рад шудааст.

Вале Times ва Post гузориш доданд, ки қарори мазкур аз нигарониҳо дар бораи вуҷуди шахси иттилоърасон дар Маскав бармеомад.

Дар ҳамин ҳол нашрияи “Коммерсант” гузориш дод, ки хабаррасони эҳтимолӣ метавонист корманди баландпояи дастгоҳи президент ва дар гузашта як коргари сафорати Русия дар Вашингтон бошад. Ин нашрия ӯро Олег Смоленков номидааст.

Дар посух ба саволи ин нашрия сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков тасдиқ кард, ки марде бо чунин ном воқеан ҳам дар маъмурияти президент кор кардааст, “вале чанд сол пеш аз мақомаш озод шуд”.

Ба савол дар бораи ин ки чаро русҳо натавонстанд ҷосуси хориҷиро сари вақт ошкор кунанд, Песков гуфтааст: “фаъолияти идораҳои зидди ҷосусии Русия хуб аст”.

Дар иттилои расмии ҳукумати Русия гуфта шудааст, ки шахсе бо номи Олег Смоленков воқеан ҳам дар солҳои 2008 то 2010 дар маъмурияти Дмитрий Медведев кор кардааст. Медведев солҳои 2008 то 2012 раиси ҷумҳурии Русия буд. Дар гузоришҳои расмӣ гуфта шудааст, ки воқеан ҳам шахсе бо номи Олег Смоленков дар мақоми котиби дуюми сафорати Русия дар Вашингтон ҳам кор карда буд.

Дар гузорише, ки вебсайти Daily Storm соли 2017 нашр кардааст, гуфта мешавад, ки муфаттишони рус баъди хабари гӯё нопадид шудани Смоленков ва оилааш дар Монтенегро (Черногория) барои тақиқи моддаи “куштор” парванда боз карданд. “Коммерсант” бо такя ба як афсари беном навишт, ки таҳқиқи куштор чандин бор боз ва ҳамингуна баста шудааст.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Манъи парвариши чорво дар гӯшаҳои нави пойтахти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
XS
SM
MD
LG