Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ чаҳор миллион евро дод

Иттиҳоди Аврупо барои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ чаҳор миллион евро маблағи иловагӣ ҷудо кардааст. Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз лоиҳаи нав пешгирии ифротгароии зӯроварона, муқовимат ба тундгароӣ ва дастгирии воситаҳои ахбори омма мебошад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи маблағи ҷудошуда бояд сатҳи касбии рӯзноманигорон ва кормандони масъули робита бо ҷомеа баланд бардошта шавад, то онҳо иттилои пурмуҳтаво пахш кунанд.

"Чунин фаъолият барои мубориза бар зидди иттилооти бардурӯғ, боло бурдани сатҳи огоҳии мардум ва ақаллиятҳо, омода намудани иттилооти ҷавобӣ ва вокуниш саҳмгузор хоҳад буд",-омадааст дар хабарномаи Иттиҳоди Аврупо.

Ҷузъиёти боздошти шаҳрвандони Австралия дар Эрон

Боздоштгоҳи Эвин дар Эрон

Як ҷуфти австралиягӣ, ки тақрибан ду моҳ пеш дар Эрон дастгир шуданд, Ҷули Кинг ва Фиркин Марк ном дошта, шаҳрванди Бритониё низ будаанд. Ба гузориши Би-Би-Сии Форсӣ, ин ду нафар барои хайма задан дар як минтақаи низомӣ дар атрофи Ҷайдар дар вилояти Теҳрон аз тарафи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дастгир шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Австралия рӯзи 12-уми сентябр аз номи оилаҳои ҳамсарон як изҳорот нашр кард: "Оилаҳои мо умедворанд, ки ҳарчӣ зудтар Марк ва Ҷулиро сиҳату саломат дар хона бинанд. Мо ҳоло дар ин марҳила шарҳе надорем",- омадааст дар изҳорот.

Ин ҳамсарон аз блогнависони саёҳатгар буда ва канали YouTubeашон 21,500 муштарӣ дорад. Телевизиони Маното, ки ба забони форсӣ дар Лондон барнома пахш мекунад, рӯзи 12-уми сентябр хабар дод, ки ҳамсарон аз надонистани қонунҳои Эрон дар бораи истифодаи дрон дастгир шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Бритониё рӯзи 11-уми сентябр гуфт, ки вазири корҳои хориҷӣ Доминик Рааб "бо сафири Эрон вохӯрда, дар бораи шумораи шаҳрвандони душаҳрвандӣ дошта, ки аз тарафи Эрон дастгир шудаан ва шароити нигоҳдории онҳо нигаронии ҷиддӣ кардааст".

Масҷиди бузурги Душанберо моҳи октябр ифтитоҳ мекунанд

Бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ, ки бо пули давлати Қатар дар Душанбе бунёд шуд, дар оғози моҳи октябр ифтитоҳ мешавад.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд дари масҷид 5-уми октябр ва дар рӯзи таваллуди президент Эмомалӣ Раҳмон боз шавад.

Як манбаъ дар мақомоти умури дин рӯзи 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, сохтмони масҷиди марказии Душанбе ба анҷом расида, дар оғози моҳи октябр намозгузорӣ дар он шуруъ мешавад.

Абдуалим Норасов, масъули бахши дини шаҳри Душанбе, низ тасдиқ кард, ки масҷиди марказӣ дар оғози моҳи октябр ифтитоҳ мешавад. Аммо Норасов, аз суҳбат дар бораи рӯзи дақиқи боз шудани масҷид худдорӣ кард.

Бузургтарини масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз 4 манораи баландиашон 65-метрӣ, гумбази 47-метрӣ, толори бузург, толорҳои хурди намозгузорӣ, китобхона ва нишеману утоқҳои сершумор барои ҷаласаҳо иборат аст.

Дар ин масҷид то 150 ҳазор нафар метавонанд дар як вақт намоз гузоранд.

Хишти аввали сохтмони ин масҷидро Эмомалӣ Раҳмон соли 2009, дар рӯзҳои таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта ва моҳи октябри соли 2011 низ аз маҳалли сохтмон дидан карда буд.

Дар гузашта мақомот гуфта буданд, ки сармоягузори аслии тарҳ Қатар аст, ки танҳо барои сохтмони он 70 миллион доллар ҷудо кард. Тоҷикистон ҳам гуфт, барои бунёди ин масҷид 30 миллион доллар додааст. Дар ҷараёни сохтмони он чанд нафар маҷруҳ шудаанд.

Дар Тошканд қаҳрамони ҳафткаратаи Узбекистонро куштанд

Бино ба иттилои пулиси шаҳри Тошканд, шаби 10 ба 11-уми сентябри соли равон дар қаҳвахонаи воқеъ дар ноҳияи Юнусободи пойтахти Узбекистон миёни ду гуруҳи ҷавонон низоъ сар задааст.

Ҷавонон барои идомаи баҳс аз қаҳвахона берун шуда, ба занозанӣ давом додаанд. Дар натиҷа се нафар бо захмҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфтаанд. Яке аз онҳо Муслимбек Омонови 23-сола субҳи 11-уми сентябр дар беморхона ҷон бохт.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Қасдан расонидани осеби сахти ҷисмонӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шахсияти тамоми иштирокдорони задухӯрд муайян карда шуда, тафтишот идома дорад.

Муслимбек Омонов варзишкори ҳирфаии муҳорибаи омехта, қаҳрамони ҳафткаратаи Узбекистон оид ба кикбоксинг ва қаҳрамони муҳорибаи омехта дар Осиё дар вазни 77 кило буд.

Ёдрас мешавем, моҳи августи соли гузашта дар натиҷаи занозанӣ бо муҳофизи клуби шабонаи шаҳри Тошканд қаҳрамони Узбекистон оид ба муҳорибаи омехта Ҷамшед Кенҷаев низ ҷон бохта буд.

Қирғизистон 407 ҳектар заминашро ба Узбекистон дод

Ҳукумати вилояти Ӯши Қирғизистон тасдиқ кард, ки 407 ҳектар замини назди обанбори Керкидани ноҳияи Араванро бар ивази минтақае дар наздикии деҳаи Гулбаар ба Узбекистон доданд.

Сухангӯи ҳукумати вилояти Ӯш Нуркиз Қодирбекқизӣ гуфт, масоҳати заминҳои табодулшуда яксонанд.

Деҳаи Гулбаар дар даромадгоҳи ноҳияи Араван, дар канори роҳе ҷойгир аст, ки ба сӯи шаҳри Ӯш меравад. Аз тарафи рости ин роҳ марзи Узбекистон мегузарад. Замине, ки ба Узбекистон дода шудааст, дар ҳамин минтақа ҷойгир мебошад.

​Қодирбекқизӣ иттилоъ дод, ки табодули заминҳои мазкурро ҷониби Қирғизистон аз қабл пешниҳод карда буд ва намояндагони ду кишвар дар ҷараёни гуфтугӯҳои ахири худ дар ин бора ба созиш расиданд.

Низомиёни Узбекистон рӯзи 10-уми сентябр атрофи минтақаеро дар наздикии обанбори Керкидан девор гирифтанд, ки норозигии сокинони Қирғизистонро ба бор овард. Видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, чанд сокини маҳаллӣ бо низомиён занозанӣ мекунанд ва дар он тарафи марз аз сӯи Узбекистон техникаҳои ҳарбӣ қарор доранд.

Дар натиҷа ҳукумати Араван эълом кард, ки минтақаеро бо Узбекистон табодул карданд ва таъйину аломатгузории марзҳо низ анҷом шудааст.

Расонаҳо: Озмоишҳои мушаки "Буревестник" дар Русия ноком буд

Русия сар аз соли 2017 ба ин тараф ҳадди ақал панҷ маротиба озмоиши мушаки дорои муҳаррики ҳастаии "Буревестник"-ро анҷом додааст, ки ҳамаи ин озмоишҳо ноком будаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNBC бо такя ба манобеи худ дар мақомоти иктишофии Амрико хабар дод.

Ба иттилои мақомоти иктишофии Амирко, тӯлонитарин парвози мушаки "Буревестник" 2 дақиқа ва камтаринаш - чаҳор сония будааст. Манобеи амрикоӣ мегӯянд, Русия талош дорад, такмили мушакро тезонад ва онро то соли 2025 "барои ҷанг омода кунад".

Бори аввал мушаки "Буревестник"-ро бо кулоҳаки ҳастаӣ президенти Русия Владимир Путин дар ҷараёни паёмаш ба Маҷлиси федеролӣ дар соли гузашта муаррифӣ карда буд. Гуфта мешуд, муҳаррики ҳастаӣ ба мушак парвози номаҳдудеро фароҳам оварда, он метавонад чандин рӯз дар фазо сайр кунад ва бо давр задани масирҳое барои низомҳои зиддимушакӣ ғайри қобили ташхис, ба нуқтаҳои зарурӣ дар ИМА бирасад.

Озмоиши нокоми "Буревестник"-ро ба таркиши 8-уми август дар полигони Нёнокси вилояти Архангели Русия рабт медиҳанд. Дар ин бора президенти ИМА Доналд Трамп 13-уми август дар Твиттер хабар дод.

Мақомоти расмии Русия тасдиқ намекунанд, ки таркиш ба ин мушак рабт дошт. Вазорати мудофиаи Русия танҳо гуфт, таркиш ба озмоиши моеъи муҳаррики ҳастаӣ рабт дошт.

Тоқаев дар Пекин пешниҳод кард, нақши юан дар ҷаҳон тақвият дода шавад

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, ки имрӯзҳо бо сафари давлатӣ дар Чин қарор дорад, дар мулоқот бо доираи соҳибкории Чин рӯзи 11-уми сентябр гуфт, тасмим дорад, дар Маркази байналхалқии молии "Остона" барои сармоягузорӣ бо асъори миллии Чин "шароит" фароҳам оварад.

"Тарҳи RMB Connect имкон медиҳад, ки сармоягузорӣ бо июн роҳандозӣ шавад. Бовар дорам ин тарҳ барои густарда шудани юани чинӣ саҳми бузурге хоҳад гузошт", - гуфт Тоқаев. Вай ҳамчунин афзуд, ҳамкориҳои Қазоқистону Чин дар самти молӣ ояндаи дурахшонеро таъмин месозанд.

Мақомоти Қазоқистон хабар доданд, ки дар поёни гуфтугӯҳои Тоқаев бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин рӯзи 11-уми сентябр дар Пекин 11 ҳуҷҷат дар самти ҳамкориҳои кишоварзӣ, гумрукӣ ва технологӣ имзо шуд.

Тоқаев ҳамчунин дар Пекин гуфт, ки Чин "ба яке аз бузургтарин шарикони тиҷорӣ ва иқтисодии Қазоқистон" табдил шудааст.

Ба иттилои расмӣ, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли гузашта 12 миллиард долларро ташкил додааст.

Мақомоти афғон гуфтанд, Бадахшонро аз Толибон тоза мекунанд

Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, амалиёт дар вилояти Бадахшон то поксозии комили шуришчиёни Толибон дар ин вилоят идома меёбад.

Фавод Омон, муовини сухангӯи Вазорати дифоъ, ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, давоми се ҳафтаи амалиёт вулусуволӣ ё ноҳияҳои Каронвамаҷнон, Вардуҷ ва Юмгон аз вуҷуди Толибон поксозӣ шудаанд.

Ин мақоми Вазорати дифои Афғонистон гуфт, артиши Афғонистон 200 узви гуруҳи Толибон азҷумла шуморе аз фармондеҳони калидии онро нобуд кардааст.

Оқои Омон аз пешрафти неруҳои давлатӣ дар Бағлон ва чанин вилояти дигар низ хабар дод.

Гуруҳи Толибон ноҳияҳои Янгиқалъа ва Дарқади вилояти Тахорро дар рӯзҳои ахир тасарруф кард, аммо дар мавриди ин изҳороти муовини сухангӯи Вазорати дифоъ изҳори назар накардааст.

Ҳузури сарбозони амрикоӣ дар марз бо Мексика тамдид мешавад

Намояндаи Вазорати дифои ИМА подполковник Крис Митчелл гуфт, Пентагон дар соли 2020 то 5,5 ҳазор сарбози амрикоиро барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар марз бо Мексика боқӣ мегузорад. Вазири дифои ИМА рӯзи 11-уми сентябр дархости Вазорати амнияти дохилиро дар ин замина қабул кард.

Ахиран намояндагони ИМА ва Мексика дар шаҳри Вашингтон роҷеъ ба созишномаи муҳоҷират гуфтугӯеро анҷом доданд. Вазири умури дохилии Мексика Марсело Эбрард гуфт, мулоқот "дӯстона" буд. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд дар робита ба масоили муҳоҷират ба монанди пешин ихтилофи назар вуҷуд дорад, вале вазъи буҳроние, ки миёни ду кишвари ҳамсоя ва шарики тиҷорӣ ба миён омада буд, ҳалли худро ёфт.

Трамп қатъи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ИМА-ро яке аз самтҳои афзалиятноки маъмурияташ қарор додааст. ИМА сиёсати муҳоҷират ва иқдомҳо зидди муҳоҷирони ғайриқонуниро сахттар мекунад. Мақомоти Амрико моҳи июли соли равон эълом карданд, ки салоҳияти кормандони хадамоти муҳоҷират ба таври назаррас афзоиш дода шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар марз бо Мексика беш аз 5 ҳазор сарбози амрикоӣ қарор доранд. Онҳо ба хадамоти марзбонии ИМА кумак мекунанд.

Ахиран Пентагон низ иҷозат дод, ки беш аз 3,5 миллиард доллари ҷудошуда барои сохтмони иншооти низомӣ ба бунёди девор дар марз бо Мексика равона карда шавад.

Аъзои ҳукумати муваққатӣ бо президенти Қирғизистон вохӯрданианд

Аъзои ҳукумати муваққатии пешини Қирғизистон, ки дар пайи ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 ташкил шуда буд, мулоқоти ғайрирасмиеро анҷом доданд. Онҳо бо президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков вохурданианд.

Баъзе аз аъзои ҳукумати муваққатӣ гуфтанд, ба мулоқоти онҳо раҳоии сиёсатмадорон Омурбек Текебоев ва Дуйшенқул Чотонов сабаб шуд. Онҳо ҳамчунин вазъи сиёсии Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Сарвазири пешин ва узви ҳукумати муваққатӣ Темир Сариев гуфт, мулоқот бо президент ташаббуси дастгоҳи раҳбари давлати Қирғизистон аст, вале намедонад, ки дар он кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд.

Раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ва узви ҳукумати муваққатӣ Кенешбек Дуйшебоев изҳор дошт, ки назари иштирокдорони мулоқот ба вазъи сиёсии ин кишвар яксон аст.

Дар мулоқоти аъзои ҳукумати муваққатӣ Роза Отунбоева, Темир Сариев, Кенешбек Дуйшебоев, Азимбек Бекназаров, Эмилбек Каптагаев, Элмира Ибраимова, Болот Шер, Исмаил Исаков, Абдуғанӣ Эркебоев, Омурбек Текебоев ва Дуйшенқул Чотонов иштирок доштанд. Танҳо президенти пешин Алмосбек Отамбоев, ки дар боздоштгоҳ аст, ҳузур надошт.

Аъзои ҳукумати муваққатии Қирғизистон бори охир соли 2016 баъди он гирди ҳам омада буданд, ки президенти вақт Алмосбек Отамбоев гуфт, Конститутсияи ин кишварро ислоҳ мекунанд.

Дастгоҳи президенти Қирғизистон мулоқоти эҳтимолии аъзои ҳукумати муваққатиро бо Ҷеенбеков расман шарҳ намедиҳад.

Домоди Шавкат Мирзиёев аз Украина мураббӣ даъват кард

Виктор Земтсев, қаҳрамони Украина сармураббии тими мунтахаби Федератсияи триатлон (варзиши омехтаи иборат аз шиноварӣ ва дучархаронӣ)-и Узбекистон таъйин шуд. Ин федератсияро Отабек Умаров, домоди хурдии президент Шавкат Мирзиёев роҳбарӣ мекунад.

Ба иттилои Кумитаи Олимпии Узбекистон, Земтсеви 45-сола, ки қаҳрамони ҷаҳон ва қаҳрамони даҳкаратаи мусобиқаи триатлон аст, аз 15 август то 8-уми сентябри соли ҷорӣ тими Узбекистонро дар Фаронса машқ додааст.

"Тамрини тим тибқи нақша сурат гирифт. Варзишкорон талош доранд, натиҷаҳои хуб нишон диҳанд. Акнун онҳо нерӯяшонро дар ду мусобиқаи оянда хоҳанд санҷид", - гуфт Виктор Земтсев.

Отабек Умаров 7-уми марти соли ҷорӣ президенти Федератсияи триатлони Узбекистон интихоб шуд.

Қазоқистон хоҳони афзоиши содироти маводи ғизоӣ ба Чин шуд

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 11-уми сентябр дар Пекин дар расми кушоиши ҷаласаи доираи соҳибкорони Қазоқистону Чин гуфт, Чин "ба яке аз бузургтарин шарики хориҷии тиҷорӣ ва иқтисодии Қазоқистон табдил шудааст". Вай ҳамчунин ба афзудани содироти маводи ғизоии бештар ба Чин даъват кард.

"Тавре маълум аст, Қазоқистон ба даҳгонаи содиркунандагони гандуми босифат шомил мешавад. Соли гузашта содироти гандум ба Чин 550 ҳазор тонаро ташкил дод. Мо метавонем, ин нишондодро ба 2 миллион тона расонем", - гуфт Тоқаев.

"Мо ҳамчунин қодирем, ба бозори Чин намак, маҳсулоти ширӣ, гӯшти мурғ, гов, гӯсфанд, орд, равған ворид кунем. Тасмим дорем, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба Чин бештар созем", - афзуд президенти Қазоқистон.

Чин ҳамчунин истифодабарандаи нафту газ ва филизоти Қазоқистон аст.

Ба иттилои расмӣ, гардиши мол миёни Қазоқистону Чин дар соли 2018 ба 12 миллиард доллар расидааст. Ҳаҷми сармоягузории Чин дар иқтисоди Қазоқистон 20 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

Сафари давлатии Тоқаев ба Пекин дар ҳоле сурат мегирад, ки дар чанд шаҳри Қазоқистон ахиран эътирозҳои зиддичинӣ баргузор шуд. Эътирозгарон талаб доштанд, лоиҳаҳои муштараки сохтмони корхонаҳо бо Чин дар Қазоқистон бекор карда шавад.

Дар Узбекистон қонун дар бораи нерӯи сулҳомези ҳастаӣ қабул шуд

Дар Узбекистон қонун "Дар бораи истифодаи нерӯи ҳастаии сулҳомез" қабул шуд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Узбекистон рӯзи 11-уми сентябр хабар доданд.

Қонуни мазкур тартиби воридот ва содироти нерӯи ҳастаиро муайян мекунад. Ин қонун ҳамчунин истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ ва дигар навъи василаҳои таркандаи ҳастаиро манъ мекунад. Ба иттилои мақомоти Узбекистон, иншооти ҳастаӣ дар ихтиёри давлат ва ё дар ихтиёри шахсони ҳуқуқие қарор дода мешаванд, ки аз сӯи президент таъйин шудаанд.

Моҳи декабри соли 2017 ширкати давлатии "Ростатом"-и Русия бо Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ дар бахши энержии атомиро имзо кард. Соли 2018 бо қарори президенти Узбекистон оҷонси рушди энержии атомии "Ӯзатом" таъсис шуд.

Қарор аст, дар Узбекистон нерӯгоҳи муштараки ҳастаӣ бо Русия сохта шавад.

Узбекистон аз рӯи захираи уран дар ҷаҳон дар мақоми 7 қарор дорад.

Додгоҳи Қазоқистон падари кӯдаки захмии пайдошударо 5 сол зиндонӣ кард

Додгоҳи Қазоқистон Мурод Аскароғлу, падари писарбачаи 4-солаеро, ки сокинон як сол пеш дар канори роҳ захмӣ пайдо карда буданд, 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Аскароғлу худро бегуноҳ номида мегӯяд, фарзандашро мошин задааст.

Мурофиаҳои Аскароғлу беш аз якуним сол идома ёфта, ӯ дар сӯиқасд ба ҷони фарзандаш айбдор дониста шуд. Айбдоркунандаи давлатӣ барои гумонбар 11 соли зиндон талаб карда буд.

Муҳаммад Аскароғлуи 4-соларо дар шаҳри Алмато роҳгузарон моҳи июли соли 2017 бо ҷароҳати вазнин аз ноҳияи сараш пайдо карданд.

Сокинони шаҳри Алмато зуд ба ҷустуҷӯи мошине пардохтанд, ки эҳтимол дошт, кӯдакро пахш карда буд. Падари Муҳаммад гуфт, ӯ вақте ба кор мерафт кӯдакҳо дар саҳни бинои зисташон бозӣ мекарданд ва аз ҳодиса дар ҷои кораш огаҳ шуд.

Пас аз оғози тафтишот кормандони ҳифзи ҳуқуқ видеоеро нашр карданд, ки дар он Аскароғлуи калонӣ иқрор мекунад, Муҳаммади 4-соларо худаш латтукӯб кардааст. "Дар ҳолати мастӣ қарор доштам. Одами солим кӯдаки худро дар роҳ намепартояд", - изҳор дошт ӯ.

Вале Аскароғлу дертар дар додгоҳ гуфт, зери фишори муфаттишон айбро ба гардан гирифтааст ва вакили дифои вай низ исрор мекард, ки кӯдакро на падараш, балки мошин задааст.

Духтари тоҷик дар як маҳбаси Русия никоҳ кард

Дар яке аз зиндонҳои Ҷумҳурии Комии Русия духтари тоҷик бо як маҳбус никоҳ кардааст. Бино ба иттилои Оҷонси иттилоотии “Комиинформ” арӯс барои анҷом додани никоҳ аз 3 ҳазор километр аз Тоҷикистон рафтааст. Домод маҳбус аст ва дар ин муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо мекунад.

Никоҳи ин духтари тоҷик бо шавҳари маҳбусашро рӯзи 9-уми сентябри имсол муфтии Ҷумҳурии Коми Валиаҳмад Ҳазрат Гаязов хондааст. Ному насаби духтар ва домоди маҳбус зикр нашудааст.

“Комиинфром” навиштааст, никоҳ бо риояи ҳама қоида гузашт. Аз ҷумла, дар маросими никоҳ ду шоҳид иштирок карданд.

Ин расона менависад, дар зиндони рақами 24-и Ҷумҳурии Коми бори севум аст, ки маросими никоҳ сурат мегирад.

Дар Узбекистон зане тифлашро аз ошёнаи 2-юм ба замин партофт

Шаби 8 ба 9-уми сентябр дар пушти бинои таваллудхонаи ноҳияи Намангони Узбекистон ду тифли зиндаро пайдо карданд, ки 2-юми сентябр ба дунё омада буданд.

Навзодон зуд ба бахши эҳёгарӣ интиқол дода шуданд, вале табибон натавонистанд, ҷони онҳоро наҷот диҳанд.

Ба огаҳии Додситонии кулли Узбекистон, бемор Д. Х., ки 2-юми сентябр кӯдак таваллуд карда буд, пас аз огаҳ шудан аз нуқси пои духтарчааш шаби 8 ба 9-уми сентябр, тахминан соатҳои 03:00 ӯро бо як тифли навзоди дигар аз тирезаи ошёнаи дувум ба замин партофтааст.

Дар натиҷа ҳар дуи навзодон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар шуъбаи эҳёгарӣ ҷон бохтанд.

Ба гуфтаи масъулони додситонии Узбекистон, зан тифли бегонаро ба хотири рӯйпуш кардани ҷинояткории худ ба замин партофтааст. Ҳоло зидди вай бо банди "Куштори барқасдона" парванда боз шуда, ба ӯ аз 15 то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

Зидди шахсони масъули таваллудхона низ барои "дуруст анҷом надодани вазифаҳои худ" парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар сурати исботи гуноҳашон то 8 сол аз озодӣ маҳрум хоҳанд гашт.

Сокинони ноҳияи Араван вазъи марз бо Узбекистонро баррасӣ мекунанд

Вазъи марзи байни Қирғизистону Узбекистон баъди ҳодисаи 10-уми сентябр муътадил аст. Гуруҳе аз сокинони ҷамоати Керкидани ноҳияи Араван ба қабули намояндаи ҳукумати вилояти Ӯш рафтанд.

Мирлан Озорбоев, раиси ҷамоати Керкидан мегӯяд, тасмим доранд, иттилоъ дар бораи "тақдими 400 гектар замини Керкиданро ба Узбекистон дар ивази ҳамин миқдор замин ба ноҳияи Араван дар соли 2017 бисанҷанд". Вай ҳамчунин гуфт, талаб доранд, ки мушкили истифодаи обанбори Керкидан ҳал шавад ва ба сокинони ҳар ду кишвар шароити баробар таъмин шавад.

Рӯзи 10-уми сентябр дар ноҳияи Аравани вилояти Уши Қирғизистон насби аломат дар наздикии обанбори Керкидан аз сӯи низомиҳои Узбекистон норизоии сокинони маҳаллиро ба бор овард.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки сокинони маҳаллӣ бо низомиҳои Узбекистон баҳс доранд.

Дар пасманзари эътирозҳои зиддичинӣ Тоқаев ба Пекин рафт

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар пасманзари эътирозҳои зиддичинӣ дар кишвараш, бо як сафари расмӣ вориди Пекин, пойтахти Чин шуд.

Вебсайти президенти Қазоқистон навишт, Тоқаев рӯзи 11-уми сентябр бо раиси комиссиюни марказии умури хориҷии Чин Янг Ҷиечӣ дидор кард.

Фаъолон дар шаҳри саркаши Жанаозен давоми чанд рӯз зидди сармоягузориҳои чинӣ эътироз карданд. Онҳоро нафарони дигар дар Алматӣ, Нурсултон ва шаҳрҳои кишвар ҳамовозӣ карда, ба хиёбонҳо баромаданд.

Эҳсосоти мухолифат ба сармояҳои чинӣ баъди он боло гирифт, ки гузоришҳо аз вуҷуди қароргоҳҳои бозтарбияи мусалмонон дар вилояти Шинҷони Чин нашр шуданд.

СММ гуфт, соли гузашта тахминан 1 миллион мусалмон – сокинони бумии уйғуртабори Чин дар “марказҳои зиддитеррористӣ” нигаҳдорӣ шуданд.

Вале мақомот дар Қазоқистон гуфтанд, ки аз нақшаҳои бунёди 55 корхонаи саноатӣ бо сармояҳои чинӣ даст намекашанд.

Донишомӯзони низомиро дар Узбекистон иҷборан ба пахтачинӣ мебаранд

Сар аз 10-уми сентябр аз донишомӯзони Донишкадаи низомӣ-техникии Горди миллӣ, Академияи ВКД ва Донишкадаи олии низомии гумруки Узбекистон дар бораи иштироки довталабона дар пахтачинӣ забонхат мегиранд.

Донишомӯзон дар забонхат навиштаанд, ки дар сурати саркашӣ кардан аз иҷрои уҳдадориҳо "ба ҳама гуна муҷозот омода ҳастанд".

Дар ҳамин ҳол бархе аз донишомӯзон гуфтанд, ки ин гуна забонхатҳоро аз онҳо маҷбурӣ гирифтаанд ва ҳамакнун онҳо сар аз 15-уми сентябр ба ҷамъоварии пахта дар вилояти Сирдарё фиристода мешаванд.

"Фармонро роҳбари донишкада дод ва сардорони курс аз мо забонхат гирифтанд. Ба мо талқин карданд, ки дар забонхат чи нависем", - гуфт як донишомӯзи Академияи ВКД Узбекистон.

Дар забонхати донишмоӯз омадааст, ки: "Ман огоҳонида шудаам, ки бояд майдони пахтаро бидуни иҷозати роҳбарият тарк накунам ва бо сокинони маҳаллӣ ҳамгап нашавам. Ман, дар сурати иҷро накардани ин уҳдадориҳо, ба ҳама гуна муҷозот омодаам. Вазифадор мешавам, ки ҳамаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунам".

Мақомоти Академияи ВКД Узбекистон ҷамъоварии забонхатҳоро тасдиқ карданд.

"Ин фармон на аз роҳбарияти мо, балки аз "боло" содир шуд. Донишомӯзони мо соли гузашта ҳам ба ҷамъоварии пахта рафта буданд. Чӣ бадӣ дорад? Чунин меҳнат ба нафъи худи онҳо аст!", - гуфтанд аз раёсати Академияи ВКД.

12-уми августи соли ҷорӣ президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фиристодани хонандагони мактаб, донишҷӯён ва кормандони бахши буҷавиро ба саҳрои пахта манъ карда буд.

CPJ аз Тоҷикистон хост, дастрасӣ ба сайти "Азия-Плюс"-ро таъмин кунад

"Азия-Плюс" 19 август дар бораи сабаби дастнорас шудани вебсайтҳои хабариаш таҳқиқи худро пешниҳод кард, вале аз он замон то кунанд мақомоти масъули доменҳои .tj ҳеҷ иқдоме накардаанд

Кумитаи ҳимоят аз журналистон (CPJ) аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки қазияи “зоҳиран махсус дастнорас шудани” вебсайтҳои медиа-гурӯҳи “Азия-Плюс”-ро таҳқиқ ва дастрасӣ ба ин расонаро таъмин кунанд. CPJ, мақарраш дар Ню-Йорк, бо нашри изҳороте 10 сентябр навишт, ки аз 19 август ба ин тараф ду вебсайт ва имейлҳои кории ширкати “Азия-Плюс” комилан аз фаъолият мондаанд. Коршиносон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар исми домени вебсайтҳои news.tj ва asiaplus.tj махсусан тағйирот ворид шуд ва ҳамин чиз боиси дастнорас шудани матолиби “Азия-Плюс” шуд. Мутахассисони фанновариҳои интернетӣ ҳолатеро, ки “Азия-Плюс” бо он дучор шудааст, ҳамчун “ҳамлаи ҳакерӣ” ва ҳам “дахолати моҳирона бо фанновариҳои навин” шарҳ додааст. Вале дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯянд, ки ба ин ҳолат ҳеҷ рабте надоранд ва шикояти расонро ҳатман мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд. Вале зоҳиран, мушкиле, ки ба қавли мутахассисони фаннӣ имкони ҳал шуданаш дар фурсати кӯтоҳ имконпазир аст, наздики як моҳ аст, ки ҳал намешавад ваё ба дарозо кашида шудааст. Феълан оҷонсии маъруфи хабарӣ тавассути вебсайти https://asiaplustj.info дастрас аст.

Корхонаи коркарди нафти Туркманбошӣ аз кор мондааст

Бино ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, корхонаи коркарди нафти Туркманбошӣ беш аз 6 моҳ мешавад, фаъолият надорад.

"Ҳудуди 500 корманди корхона ба рухсатии бемузд фиристода шуданд. Барои таъмири пурраи корхона сармояи хориҷӣ лозим аст, зеро Туркманистон дар ҳоли ҳозир тавони харидории таҷҳизоти лозимиро надорад. Бинобар ин, фаъолияти корхона муваққатан қатъ карда шудааст", - иттилоъ дод хабарнигори радио рӯзи 9-уми сентябр.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар корхона ҳудуди 20 муҳофиз ва фаррош боқӣ мондаанд. "Ин кормандонро низ аз моҳи октябри соли равон ба рухсатии бемузд мефиристанд", - афзуд хабарнигор.

Талошҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ барои дарёфти назари расмии масъулони корхонаи коркарди нафти Туркманбошии Туркманистон дар ин замина бенатиҷа буданд.

Бар пояи иттилои нашрияи Маҷмааи нафту гази Туркманистон, корхонаи мазкури Туркманбошӣ дар бахши саноати коркарди нафти ин кишвар яке аз корхонаҳои калидӣ ба шумор меравад.

Қарори нави Трамп террористонро ҳадаф қарор дод

Нахустин шуда бар асоси қарори нав гурӯҳи "Давлати исломӣ" мавриди таҳрими молии ИМА қарор гирифт

Президент Доналд Трамп қарори наве имзо намуд, ки ҷорӣ кардани таҳрим болои террористони эҳтимолӣ ва дороиву тарафдорони онҳоро ба маъмурияти президенти ИМА осон мекунад.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар як нишасти матбуотии рӯзи 10 сентябр гуфт, ки “қарори имрӯз аз ҷониби президент Доналд Трамп имзошуда ба тадбирҳои зиддитеррористии ИМА нирӯи бештар зам мекунад”.

Қарори нав дар остонаи ёдбуди ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001 болои ИМА имзо шуд.

Помпео санади навро дар амри мубориза бо терроризм аз замони ин ҳамлаҳо “хеле муҳим” арзёбӣ кард. Бар асоси ин қарор, вазорати молияи Амрико тавони ба таври мустақим ҳадаф қарор додани пешвоҳои эҳтимолии гурӯҳҳои террористӣ ва шабакаҳои вобаста ба онро хоҳад дошт.

Ӯ гуфт, ки қарори нав ҳамчунин сохторҳои молии хидматкунанда ба террористонро ҳадаф қарор медиҳад.

Нахустин гурӯҳҳое, ки бар асоси қарори нави зиддитерристии Трамп аз ҷониби вазорати молия таҳрим шуданд, “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Таҳрики Толибон”-и Покистон ва Нирӯҳои қудс – бахши хориҷии Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон мебошанд.


Тоҷикистон боз 50 маҳбуси дигари афғонро ба Кобул медиҳад

Сафорати Афғонистон дар Душанбе хабар дод, ки рӯзҳои наздик 50 маҳбуси дигари афғон аз Тоҷикистон ба Кобул интиқол меёбанд.

Ба гуфтаи масъулони сафорат, барои ин кор мунтазири як ҳайат аз намояндагони додситонӣ, вазорати умури дохилӣ ва вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳастанд.

Як манбаи наздик ба сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, 50 маҳбус ба Афғонистон супурда мешавад.

Ҷониби Тоҷикистогн дар бора иттилои арсмӣ надодааст.

Пеш аз ин дар моҳи июли имсол 80 маҳбуси афғон ба воситаи гузаргоҳи Панҷи Поён ба дасти мақомоти Афғонистон супурда шуданд. Бештари шаҳрвандони Афғонистон барои қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз дар Тоҷикистон ҷазо гирифтаанд.

Духтари 13-сола чӣ гуна зери тепловоз монд? Парванда боз шуд

Акс аз бойгонӣ

Додситонии нақлиёт дар вилояти Суғд зидди ёвари ронандаи тепловозе, ки моҳи августи имсол Аниса Насимзодаи 13-соларо пахш кард, парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Азамат Самеъҷонов ба вайрон кардани қоидаи ҳаракат даи роҳ муттаҳам аст. Дар сурати тасдиқи иттиҳом аз тарафи додгоҳ, ба ӯ то ду сол корҳои ислоҳӣ ё ҳабс таҳдид мекунад.

Низомиддин Қурбонализода, муфаттиши додситонӣ, рӯзи 11-уми сентябр гуфт, “тибқи қоидаҳои истифодаи нақлиёти роҳи оҳан, тарафи чапи роҳи ҳаракати тепловозро ронанда ва тарафи рости онро ёвараш назорат мекунад. Духтар аз тарафи рости роҳи оҳан зери чархи тепловоз мондааст. Барои ҳамин, ёвари ронандаро дар рухдоди ин садама гумонбар медонем”.

Ба иттилои масъулони додситонӣ, парвандаро рӯзи 6-уми сентябр кушодаанд ва дар замони тафтиш ёвари ронандаи тепловоз дар озодӣ ба сар мебарад.

Ҳодиса дар шаҳри Бӯстон (Чкаловски собиқ) рӯзи 28-уми августи имсол рух дод. Аниса Насимзодаи 13-сола зери чархи тепловоз монд ва аз пой ва як қисми дасташ ҷудо шуд.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, Аниса мехост роҳи оҳанро гузарад, вале пояш дармонд. Ҳоло ӯ дар бемористони шаҳри Бӯстон қарор дорад ва пизишкон вазъи саломати ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ҳукумати Австралия боздошти се шаҳрвандаш дар Эронро тасдиқ кард

Ҳукумати Австралия гузоришҳо дар бораи боздошти се шаҳрванди ин кишвар дар Эронро тасдиқ кард ва гуфт, ки ба хонаводаҳои онҳо кӯмак мерасонанд. Вазорати умури хориҷӣ ва тиҷорат рӯзи 11-уми сентябр гуфт, ки ду нафар аз боздоштшудагон тобеияти Бритониёро ҳам доштаанд.

Вазорат аз ин бештар иттилоъ надод, вале чанде аз расонаҳои Австралия ва Бритониё гуфтанд, ки ин афрод чанд муддат аст, ки дар Эрон паси панҷара ҳастанд. Телевизиони АВС- и Австралия гузориш дод, як зане, ки шаҳрвандии Австралия ва Бритониёро дорад, тақрибан як сол мешавад, ки дар зиндон аст. Як хонуми дигар бо айни тобеият ва дӯстписари австралиягиаш 10 ҳафта пеш дастгир шудаанд.

Рӯзномаи “Таймс”-и Бритониё навишт, хонуми аввалӣ, ки пажуҳишгар аст, дар Эрон ба 10 соли зиндон маҳкум шудааст, ҳарчанд иттиҳомот ба зидди ӯ маълум нест. Аммо дар Эрон умдатан бо иттиҳоми ҷосусӣ даҳ сол ба зиндон маҳкум мекунанд. Бино ба гузоришҳо занони хориҷиро дар зиндони Эвин дар Теҳрон нигаҳ медоранд, ки дар онҷо Нозанин Зағарӣ Ратклиф, як шаҳрванди Бритониёву Эрон низ зиндонӣ аст. Ӯро соли 2016 бо иттиҳоми ҷосусӣ ба зиндон маҳкум карданд.

Бахши форсии Би Би Си хабар дод, ки ҳарду занро аъзои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ҳангоми хайма задан дар як минтақаи низомӣ бо номи Ҷаҷруд дар вилояти Теҳрон дастгир кардаанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Манъи парвариши чорво дар гӯшаҳои нави пойтахти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
XS
SM
MD
LG