Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Лавров гуфт, ҷанг дар Сурия ба поён расид

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ҷанг дар Сурия ба поён расид.

"Ҷанг дар Сурия воқеан поён ёфт. Ин кишвар тадриҷан ба ҳаёти осоишта ва муътадил бармегардад. Даргириҳо танҳо дар минтақаҳои берун аз идораи артиши ҳукумати Сурия, ба монанди вилояти Идлиб ва соҳили шарқии рудхонаи Фурот боқӣ мондаанд", - гуфт вазири умури хориҷии Русия дар суҳбат бо нашрияи ​"Труд".

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло акнун вазифаи асосӣ ироаи кумаки башардӯстона ва ҳалли буҳрони сиёсӣ дар ин кишвар аст.

Расонаҳо ибтидои моҳи сентябри соли равон аз кушта шудани се низомии Неруҳои ҳавоии Русия дар Сурия хабар доданд. Онҳо дар натиҷаи таркиши як мина ҷон бохтаанд. Вазорати дифои Русия ҳалокати сарбозони худро дар Сурия расман рад кард.

Нашрия "Новая газета" низ моҳи июли соли равон хабар дод, ки дар Сурия се шаҳрванди Русия кушта шуданд. Ба иттилои нашрия, кушташудаҳо барои ширкати низомии хусусии "Шит" кор мекарданд.

Эътирофи "ҷодугар" дар телевизиони Чеченистон: "аз шайтон бадтарам"

Сардухтури маркази тибби исломӣ дар Чеченистон Адам Элжуркаев бо зане суҳбат кард, ки мақомоти Чеченистон ӯро дар "ҷодугарӣ" айбдор мекунанд. Навори суҳбати сардухтурро бо зан рӯзи 11-уми сентябр дар шабакаи телевизионии "Грозний" нишон доданд.

Секинат Иброҳимоваро ҳамроҳ бо келинаш Зулай Эскерханова дар яке аз минтақаҳои Чеченистон боздошт карданд. Дар гузориши телевизион хабар дода шуд, ки зане бо номи Мария ӯро барои ҷодугарӣ даъват карда буд.

Аз Иброҳимова қулфу калид, хок аз қабри нав, коғазҳо бо навиштаҳои номаълум ва аксҳои зиёде аз одамони ношиносро пайдо карданд.

"Ин ҷодугарон хатарноктар аз терроризм, ваҳҳобизм ва нашъамандӣ ҳастанд", - гуфт руҳонӣ Адам Элжуркаев.

Элжуркаев зани "ҷодугар"-ро шайтон номид ва гуфт, вай дар оташи дузах хоҳад сӯхт.

Зан изҳори пушаймонӣ ва узрхоҳӣ кард. "Ман дар роҳи нодуруст будам. Ман инсони ифлосе ҳастам. Бадтар аз шайтонам. Ба ман дигар муроҷиат накунед", - гуфт Сакинат дар гузориши телевизион.

Дар Қазоқистон ҳашт хонанда заҳролуд шуданд

Дар мактаби №7 шаҳри Ленгери Қазоқистон дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз моддаи номушаххасе ҳашт хонанда дар бемористон бистарӣ шуданд.

Ба иттилои мақомоти маорифи шаҳри Ленгер, соати тақрибан 11 рӯзи 12-уми сентябр як хонанда дар долони мактаб қуттии дорои маводи ношинохтаеро кушод. Дар натиҷа бо нишонаҳои заҳролудшавӣ 23 хонанда, 2 омӯзгор ва як корманди дигари мактаб ба беморхона муроҷиат карданд.

"Аксари зарардидаҳо баъди гирифтани ёрии таъҷилии тиббӣ рухсат ёфтанд. Ҳашт хонанда барои идомаи табобат дар беморхона хобонида шуданд. Ду тан аз онҳо дар шуъбаи эҳё қарор доранд", - гуфт як намояндаи мақомоти маориф.

Хабар дода мешавад, ки дар робита ба ин ҳодиса тафтиш шуруъ шудааст.

Се қирғизистонӣ дар доираи парвандаи таҷовуз дар Ёқутистон зиндонӣ шуданд

Се шаҳрванди Қирғизистон дар доираи парвандаи пурсарусадои таҷовузе зиндонӣ шуданд, ки моҳи марти соли ҷорӣ эътирозҳои зидди муҳоҷиронро дар минтақаи Шарқи Дури Русия ба бор оварда буд.

Рӯзи 11-уми сентябр яке аз муҳоҷирон аз Қирғизистон бо айби рабудан ва таҷовуз кардани зани маҳаллӣ 14 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ду марди дигар дар иҷборан нигаҳ доштани зан айбдор шуданд. Яке дигар аз онҳо низ дар таҷовузи зан айбдор шуд. Онҳо мутаносибан ба 4 ва 6 сол зиндонӣ шуданд.

Таҷовузи зан дар пойтахти минтақаи Ёқутистон эътирозҳои оммавии сокинони маҳаллиро ба бор овард. Онҳо аз мақомот талаб карданд, ки муҳоҷирони Осиёи Марказиро аз минтақа биронанд.

Тақрибан ҳамаи корхонаҳои марбут ба зодагони Осиёи Марказӣ дар Ёқутистон баста шудаанд ва ҳаракати автобусҳо низ аз кор монд, ки бештари ронандагонашон муҳоҷирон буданд.

Донишҷӯёни туркман ба хабаркашӣ ҷалб мешаванд

Кормандони Хадамоти махсуси Туркманистон дар тамоми донишгоҳҳои кишвар донишҷӯёнро ба ҳамкории махфӣ ҷалб мекунанд.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ бо чанд донишҷӯе, ки ба ҳамкории пинҳонӣ ташвиқ шудаанд, сӯҳбат кардааст.

"Ба ман гуфтанд, ки агар ягон ҳамсабақам аз вазъият дар кишвар норозигӣ кард, ба онҳо хабар диҳам",--гуфтааст, яке аз донишҷӯён.

Ба қавли ин донишҷӯ, ба ӯ гуфтаанд, дар бораи ҳамсабақонаш, ки аз барномаҳои садшикан барои ворид шудан ба сомонаҳои мамнӯъ истифода мекунанд, хабар диҳад.

Агар аз ҳамкорӣ саркашӣ кунанд, ба онҳо хатари аз Донишгоҳ берун карда шудан таҳдид мекунад. Ба гуфтаи донишҷӯён, онҳо аввал барои суҳбат даъват мешаванд ва сипас пешашон шарти ҳамкорӣ мегузоранд.

Як мақоми Хадамоти махсуси Туркманистон бо шарти пинҳон мондани номаш ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтааст, барои суҳбат донишҷӯёне даъват мешаванд, ки майл ба гурӯҳҳои тундрав доранд ва аз онҳо талаби дигаре карда намешавад.

Дар Туркманистон дастрасӣ ба аксари сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд аст. Корбарон барои ворид шудан аз барномаҳои садшикан истифода мебаранд.

Соли 2020 чиниҳо метавонанд бе раводид ба Узбекистон раванд

Фурудгоҳи Тошканд

Узбекистон аз соли 2020 ба шаҳрвандони Чин иҷоза медиҳад, ки бераводид, ҳафт рӯз, дар ин кишвар бимонанд.

Ҳукумати Узбекистон эълон кард, ки ин тасмим ба хотири рушди соҳаи туризм гирифта шудааст. Қарорро рӯзи 12-уми сентябр Шавкат Мирзиёев имзо кард.

Коршиносон мегӯянд, Шавкат Мирзиёев дар беш аз се соли раҳбариаш дар Узбекистон ба бисёре аз кишварҳои ҷаҳон низоми раводидро барҳам дод ва роҳҳои сафар ба ин кишварро осонтар кард. Натиҷа ин буд, ки соли гузашта 5,3 миллион хориҷӣ ба Узбекистон сафар кардаанд, ки нисбати солҳои пеш бамаротиб бештар буд.

Соли гузашта Узбекистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон низ иҷоза дод, ки як моҳ бераводид дар ин кишвар бимонанд.

ВАО: Мансабдорони рус барои фирори ҷосуси эҳтимолӣ ҷазо гирифтанд

Манзили Олег Смоленков дар Амрико

Дастгоҳи президенти Русия чанд мансабдореро, ки дар соли 2017 барои аз кишвар хориҷ шудани Олег Смоленков роҳ додаанд, ҷазо додааст.

Дар ин бораи "Интерфакс" бо такя ба манбаҳои худ хабар дод.

Матбуот Олег Смоленковро хабаррасони Идораи иктишофии Амрико номиданд. Ҳамсӯҳбатони "Интерфакс" тасдиқ кардаанд, ки ду сол пеш Олег Смоленков бо хонаводааш барои истироҳат ба Черногория рафт, бо вуҷуде, ки барои мансабдорони рус сафар ба он ҷо манъ аст. Сафар ба Черногория вақте мамнӯъ шуд, ки мақомоти он Русияро ба ташкили табаддулот айбдор карданд. Русия инро рад мекунад.

Бархе мансабдорон барои хунукназарӣ, ки боиси хориҷ шудани Смоленков аз Русия шудааст, аз мансаб барканор шудаанд.

Қаблан, матбуоти амрикоӣ хабар дод, ки Оҷонсии марказии истихборот (CIA) як ҷосуси баландпояи худро, ки дар бораи президенти Русия Владимир Путин, аз ҷумла, дар бораи мудохилаи Русия ба интихоботи президентии соли 2016-и ИМА маълумот медод, соли 2017 ба ИМА кӯч дода буд.

Нашрияи Times гузориш дод, ки ин шахс давоми даҳсолаҳо ба ИМА гузоришҳо дода, аз ҷумла ба оҷонсиҳои истихборотӣ кӯмак кардааст, ки ба хулосае биёянд, ки воқеан ҳам Путин ба хотири пирӯзии Трамп дар интихоботи президентӣ дар ҷараёни интихоботи соли 2016 мустақиман дахолат кардааст.

Times ҳам мегӯяд, ки ин шахс аз доираи афроди наздик ба Путин набуд, вале ба тамоми иттилоъ дар сатҳи баланд ва ҳам доираҳои тасмимгиранда дар Кремлин дастрасӣ дошт.

Дар иттилои расмии ҳукумати Русия гуфта шудааст, ки шахсе бо номи Олег Смоленков воқеан ҳам дар солҳои 2008 то 2010 дар маъмурияти Дмитрий Медведев кор кардааст. Медведев солҳои 2008 то 2012 раиси ҷумҳурии Русия буд. Дар гузоришҳои расмӣ гуфта шудааст, ки воқеан ҳам шахсе бо номи Олег Смоленков дар мақоми котиби дуюми сафорати Русия дар Вашингтон ҳам кор карда буд.

Twitter саҳифаи раҳбари Кубаро баст

Раул Кастро, раҳбари Куба

Шабакаи иҷтимоии Twitter саҳифаи расмии ҳизби Коммунистии Куба, раҳбари кишвар Раул Кастро ва духтари ӯро баст. Дар ин бора оҷонсии Рейтерс хабар дод.

Ҳамчунин, саҳифаи Вазорати алоқа ва чанд расонаи маҳаллӣ низ дар Twitter дастнорас аст.

Иттиҳоди журналистони Куба ин иқдомро “сензураи оммавӣ” унвон кард.

Бастани саҳифаҳо 11-уми сентябр, замоне сар шуд, ки Мигел Диас-Канел, намояндаи Шӯрои давлатӣ ва Шӯрои вазирони Куба ба мардум муроҷиат кард, ки кишварро бар асари таҳримҳои ИМА бӯҳрони барқӣ таҳдид мекунад.

Намояндаи Twitter дар шарҳи ин қазия гуфт, ки ҳангоми истифода аз шабакаи онҳо қоидаҳои ширкат нақз шудааст. Ин шабака иҷоза намедиҳад, ки бо истифода аз саҳифаҳои сунъӣ хабареро дар сархат қарор диҳанд.

Вазорати хориҷаи Куба ин амалро “кори ҳамоҳангшуда ба хотири маҳдуд кардани дастраси ба изҳороти инқилобчиён барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ” унвон кард.

Раул Кастро, бародари Фидел Кастро аст, ки пас аз марги бародараш Кубаро идора мекунад.

Даҳ коршинос созмони "Ояндаи бузург"-и Узбекистонро тарк карданд

Созмони байналхалқии ғайритиҷории "Ояндаи бузург" эълом кард, ки даҳ тан аз аъзои Шӯрои коршиносон тарки ин созмон кардаанд. Коршиносон тасмими худро ба беэҳтиромӣ нисбаташон рабт доданд.

Иттилоъ дар бораи тарки созмон кардани коршиносонро яке аз аъзои пешини Шӯро Дилмурод Юсупов хабар дод.

"Ҳангоми таъсиси ин созмон мо хушҳол будем, ки барои амалисозии ислоҳот дар кишвар саҳм мегузорем. Ҳамаи мо дар ташаккули тарҳҳои созмон саҳм доштем. Вале мутаассифона, чанд омилу далелҳои дохилӣ моро водор кард, ки созмонро тарк кунем", - гуфт Дилмурод Юсупов.

Яке аз ҳадафҳои созмони мазкур мусоидат кардан ба ислоҳоти густардаи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев унвон мешавад. Ба аъзои созмони мазкур дастур шудааст, ки модели дарозмуддати рушди Узбекистонро барои то соли 2035 таҳия кунанд.

Аз Туркманистон хостанд, мушкили бедаракшавии иҷбории сокинонро решакан кунад

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи 5-уми сентябр дар ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Вена аз мақомоти Туркманистон даъват карданд, ки таҷрибаи бедаракшавии иҷбории сокинонро решакан намоянд.

"Мо ба монанди пешин аз тақдири шаҳрвандоне, ки дар маҳбасҳои Туркманистон бедарак мешаванд сахт нигаронем. Бино ба иттилои Маъракаи байналмилалии "Онҳоро зинда нишон диҳед!", 120 ҳолате ба қайд гирифта шудааст, ки дар зиндонҳои ин кишвар маҳбусонро комилан алоҳида нигаҳ медоранд. Тайи шаш соли ахир 27 кас дар маҳбас ҷон бохтаанд", - омадааст дар изҳороти ИА.

Ба рӯйхати афроди беномунишон гашта мухолифони машҳур ва мансабдрони баландпояе шомиланд, ки бо ангезаҳои сиёсӣ ва ҷурми фасодкорӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд.

ИА дар изҳороти худ аз Туркманистон қотеона даъват кардааст, ки мушкили бедаракшавии иҷбориро аз байн бибарад. "Вазъи маҳбусони бедаракшудаеро бодиққат пайгирӣ дорем, ки муҳлати ҷазояшон тамом шудааст ва ё дар соли 2019-2020 ба поён мерасад", - афзудаанд намояндагони ИА.

Мақомоти Туркманистон мушкили бедаракшавии иҷбориро эътироф намекунанд.

Қасди худкушии сокини Қазоқистон дар эътироз ба мушкили манзили зист

Як сокини шаҳри Нурсултон рӯзи 12-уми сентябр дар эътироз ба мушкили норасоии манзили зист дар пойтахти Қазоқистон ба болои пули мошингузар баромада, таҳдид кард, ки худро ба замин хоҳад партофт.

Бино ба маълумоти пешакӣ, ин мард ба навбатпоиҳои тӯлонӣ барои дарёфти манзили зист эътироз баён карда, дархости мулоқот бо шаҳрдори пойтахти Қазоқистонро кардааст.

Пуле, ки сокини Нурсултон ба он баромада буд, дар наздикии бинои маъмурияти президенти Қазоқистон ҷойгир аст.

Ба маҳалли ҳодиса муовини шаҳрдори Нурсултон Елнур Бейсенбоева ҳозир шуда, ба хотири ором кардан аз сокини шаҳри Нурсултон даъват кард, ки "фикри фарзандҳояшро бикунад" ва "мушкили норасоии хона ҳал хоҳад шуд". Мард ҳудуди як соат дар баландии 10 метр аз замин қарор дошт ва дар ниҳоят наҷотдиҳандагон дар натиҷаи гуфтугӯ тавонистанд, ӯро ба замин фароранд.

Равоншинос Гулим Жамиева, ки бо марди эътирозгар гуфтугӯ кард, мегӯяд, ӯ солим аст ва танҳо мехост, ки садояшро шунаванд. "Вай ҳаёти худу наздиконашро қадр мекунад", - афзуд ӯ.

Кормандони пулис мардро пас аз фаромаданаш ба замин бо худ бурданд. Сардори пулиси ноҳияи Есил Мадиёр Ойтуганов гуфт, ӯро барои "суҳбат" ба шуъба мебаранд ва зиддаш дар доираи Кодекси маъмурии Қазоқистон чораандешӣ хоҳад шуд.

Текебоев дар мулоқот бо президенти Қирғизистон парвандаашро баррасӣ карданӣ нест

Омурбек Текебоев

Раиси Ҳизби мухолифи "Ота Макон"-и Қирғизистон Омурбек Текебоев 12-уми сентябр, баъди берун шудан аз додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ба рӯзноманигорон гуфт, хабар дорад, ки президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков бо аъзои ҳукумати муваққатии пешин мулоқот карданист.

"Ман ҳоло даъватномаро дарёфт накардаам. Агар даъват кунанд, дар мулоқот иштирок хоҳам кард. Ба эҳтимоли зиёд, дар он вазъи кишвар ва ҷаҳон баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин эҳтимол дорад, парвандаи ҷиноии худро матраҳ накунам", - изҳор дошт Текебоев.

Пештар хабар доданд, аъзои ҳукумати муваққатии пешини Қирғизистон, ки дар пайи ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 ташкил шуда буд, бо президент Сооронбой Ҷеенбеков вохурданианд.

Мурофиаи навбатие, ки қарор аст, дар он парвандаи сиёсатмадорони мухолифи қирғиз Омурбек Текебоев ва Дуйшенқул Чотонов баррасӣ шавад, ба рӯзи 1-уми октябр гузошта шуд.

Дар Узбекистон як сармуҳаррир баъди нашри хабари "истеъфо"-и муфтӣ барканор шуд

Сармуҳаррири сомонаи Azon.uz-ро баъди он аз кор ронданд, ки хабари носаҳеҳе дар бораи истеъфои раиси Идораи мусалмонони Узбекистон муфтӣ Усмонхон Олимов нашр кард.

"10-уми сентябри соли ҷорӣ дар идораи "Azon New Media" ҷаласаи фаврӣ доир ва сармуҳаррири сомонаи Azon.uz барои бемасъулиятӣ ҳангоми таҳияи хабар аз кор ронда шуд", - омадааст дар хабари идораи ин расона.

10-уми сентябри соли ҷорӣ бархе аз расонаҳои маҳаллии Узбекистон иттилоъ доданд, ки муфтии Узбекистон аз мақом барканор шудааст. Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон ин хабарро рад кард.

Муфтӣ Усмонхон Олимов аз соли 2006 ба ин тараф дар мақоми мазкур фаъолият дорад. Соли 2018 вай шомили рӯйхати 500 мусалмони таъсиргузори дунё шуда буд.

Додгоҳи Алмаато шикояти вакили пешини порлумони Қирғизистонро баррасӣ мекунад

Додгоҳи шаҳрии Алмаатои Қазоқистон рӯзи 12-уми сентябр ба баррасии шикояти вакили пешини порлумони Қирғизистон шуруъ кард, ки бо айби қочоқи мол дар Қазоқистон зиндонӣ шудааст.

Дамирбек Асилбек уулу, вакили пешини порлумон бо айби "ташкил ва роҳбарии гуруҳи фаромиллии ҷиноӣ" ва "қочоқи иқтисодӣ" 10 сол зиндонӣ шудааст. Ҳамроҳ бо вакили пешин 11 тани дигар маҳкум ба зиндон шуданд.

Шаш тан аз маҳкумшудаҳои парвандаи мазкур, ки миёнашон Дамирбек Асилбек уулу низ ҳаст, ба зинаи болоии додгоҳ барои бозбинии парвандаашон шикоят бурдаанд.

Дамирбек Асилбек уулуи 38-сола аз 15-уми феврали соли 2018 дар ҳабс аст.

Ду шаҳрванди дигари Қирғизистон - Уланбек Мурадилови 39-сола ва Шингис Абакирови 34-сола дар узвияти гуруҳ айбдор дониста шуданд.

Айбдоршавандаҳои дигар аз 14 то 5-солии ҳабси шартӣ маҳкум шуданд.

Ҳамроҳ бо вакили пешин дар курсии айбдорӣ 11 каси дигар менишаст. Ҳамаи онҳо дар "қочоқи иқтисодӣ" ва "ширкат дар гуруҳи фаромиллии ҷиноӣ" айбдор мешуданд. Ба иттилои тафтишот, ин гуруҳ аз Чин ба Қазоқистону Русия ғайриқонунӣ мол интиқол медод.

Дар бораи боздошти вакили пешини порлумони Қирғизистон Асилбек уулу 16-уми феврали соли 2018 хабар расид. Мақомоти Қазоқистон дар пайи як рейд аз боздошти 29 гумонбар хабар доданд, ки се тани онҳо шаҳрвандони Қирғизистон буданд. Баъдтар Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон мандати вакилии Асилбек уулуро бекор кард.

Путин ва Натаняҳу ҳамкориро дар Ховари Миёна баррасӣ карданд

Исроил омода нест, ки таҳдидҳои низомии Эронро аз ҳудуди Сурия таҳаммул кунад. Ин нуктаро сарвазири Исроил Бенёмин Натаняҳу дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин дар шаҳри Сочӣ баён дошт.

Натаняҳу гуфт, Эрон барои насби мушакҳое, ки ба самти Исроил нигаронида шудаанд, аз хоки Сурия фаъолона истифода мекунад. Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, дар ингуна вазъ муколама миёни низомиёни Исроил ва Русия, ки дар минтақа ҳузур доранд, хеле муҳим аст.

Сарвазири Исроил иттилоъ дод, ки пеш аз мулоқот бо Путин бо вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфтугӯ карда, ҳамкории низомиии ду кишварро дар Ховари Миёна зарур номид.

Путин дар навбати худ изҳор дошт, ки ҳамкориҳои Русия ва Исроил дар пасманзари афзоиши таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ хеле муҳим аст. Президенти Русия гуфт, пешниҳоди ҷониби Исроилро барои боздид аз ин кишвар дар ибтидои соли 2020 пазируфт.

Ин бори севум аст, ки сарвазири Исроил дар соли равон бо президенти Русия мулоқот мекунад. Сафари ахири Натаняҳу ба Русия дар пешорӯи интихоботи порлумонии Исроил сурат мегирад, ки қарор аст, 17-уми сентябр баргузор шавад. Ба навиштаи расонаҳои Исроил, Натаняҳу пас аз мулоқот бо Путин ба афзоиши шумори ҷонибдоронаш дар интихобот ва боло рафтани рейтинги ҳизбаш "Ликуд" бовар дорад.

Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ чаҳор миллион евро дод

Иттиҳоди Аврупо барои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ чаҳор миллион евро маблағи иловагӣ ҷудо кардааст. Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз лоиҳаи нав пешгирии ифротгароии зӯроварона, муқовимат ба тундгароӣ ва дастгирии воситаҳои ахбори омма мебошад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи маблағи ҷудошуда бояд сатҳи касбии рӯзноманигорон ва кормандони масъули робита бо ҷомеа баланд бардошта шавад, то онҳо иттилои пурмуҳтаво пахш кунанд.

"Чунин фаъолият барои мубориза бар зидди иттилооти бардурӯғ, боло бурдани сатҳи огоҳии мардум ва ақаллиятҳо, омода намудани иттилооти ҷавобӣ ва вокуниш саҳмгузор хоҳад буд",-омадааст дар хабарномаи Иттиҳоди Аврупо.

Ҷузъиёти боздошти шаҳрвандони Австралия дар Эрон

Боздоштгоҳи Эвин дар Эрон

Як ҷуфти австралиягӣ, ки тақрибан ду моҳ пеш дар Эрон дастгир шуданд, Ҷули Кинг ва Фиркин Марк ном дошта, шаҳрванди Бритониё низ будаанд. Ба гузориши Би-Би-Сии Форсӣ, ин ду нафар барои хайма задан дар як минтақаи низомӣ дар атрофи Ҷайдар дар вилояти Теҳрон аз тарафи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дастгир шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Австралия рӯзи 12-уми сентябр аз номи оилаҳои ҳамсарон як изҳорот нашр кард: "Оилаҳои мо умедворанд, ки ҳарчӣ зудтар Марк ва Ҷулиро сиҳату саломат дар хона бинанд. Мо ҳоло дар ин марҳила шарҳе надорем",- омадааст дар изҳорот.

Ин ҳамсарон аз блогнависони саёҳатгар буда ва канали YouTubeашон 21,500 муштарӣ дорад. Телевизиони Маното, ки ба забони форсӣ дар Лондон барнома пахш мекунад, рӯзи 12-уми сентябр хабар дод, ки ҳамсарон аз надонистани қонунҳои Эрон дар бораи истифодаи дрон дастгир шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Бритониё рӯзи 11-уми сентябр гуфт, ки вазири корҳои хориҷӣ Доминик Рааб "бо сафири Эрон вохӯрда, дар бораи шумораи шаҳрвандони душаҳрвандӣ дошта, ки аз тарафи Эрон дастгир шудаан ва шароити нигоҳдории онҳо нигаронии ҷиддӣ кардааст".

Масҷиди бузурги Душанберо моҳи октябр ифтитоҳ мекунанд

Бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ, ки бо пули давлати Қатар дар Душанбе бунёд шуд, дар оғози моҳи октябр ифтитоҳ мешавад.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд дари масҷид 5-уми октябр ва дар рӯзи таваллуди президент Эмомалӣ Раҳмон боз шавад.

Як манбаъ дар мақомоти умури дин рӯзи 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, сохтмони масҷиди марказии Душанбе ба анҷом расида, дар оғози моҳи октябр намозгузорӣ дар он шуруъ мешавад.

Абдуалим Норасов, масъули бахши дини шаҳри Душанбе, низ тасдиқ кард, ки масҷиди марказӣ дар оғози моҳи октябр ифтитоҳ мешавад. Аммо Норасов, аз суҳбат дар бораи рӯзи дақиқи боз шудани масҷид худдорӣ кард.

Бузургтарини масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз 4 манораи баландиашон 65-метрӣ, гумбази 47-метрӣ, толори бузург, толорҳои хурди намозгузорӣ, китобхона ва нишеману утоқҳои сершумор барои ҷаласаҳо иборат аст.

Дар ин масҷид то 150 ҳазор нафар метавонанд дар як вақт намоз гузоранд.

Хишти аввали сохтмони ин масҷидро Эмомалӣ Раҳмон соли 2009, дар рӯзҳои таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта ва моҳи октябри соли 2011 низ аз маҳалли сохтмон дидан карда буд.

Дар гузашта мақомот гуфта буданд, ки сармоягузори аслии тарҳ Қатар аст, ки танҳо барои сохтмони он 70 миллион доллар ҷудо кард. Тоҷикистон ҳам гуфт, барои бунёди ин масҷид 30 миллион доллар додааст. Дар ҷараёни сохтмони он чанд нафар маҷруҳ шудаанд.

Дар Тошканд қаҳрамони ҳафткаратаи Узбекистонро куштанд

Бино ба иттилои пулиси шаҳри Тошканд, шаби 10 ба 11-уми сентябри соли равон дар қаҳвахонаи воқеъ дар ноҳияи Юнусободи пойтахти Узбекистон миёни ду гуруҳи ҷавонон низоъ сар задааст.

Ҷавонон барои идомаи баҳс аз қаҳвахона берун шуда, ба занозанӣ давом додаанд. Дар натиҷа се нафар бо захмҳои гуногун ба беморхона интиқол ёфтаанд. Яке аз онҳо Муслимбек Омонови 23-сола субҳи 11-уми сентябр дар беморхона ҷон бохт.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Қасдан расонидани осеби сахти ҷисмонӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Шахсияти тамоми иштирокдорони задухӯрд муайян карда шуда, тафтишот идома дорад.

Муслимбек Омонов варзишкори ҳирфаии муҳорибаи омехта, қаҳрамони ҳафткаратаи Узбекистон оид ба кикбоксинг ва қаҳрамони муҳорибаи омехта дар Осиё дар вазни 77 кило буд.

Ёдрас мешавем, моҳи августи соли гузашта дар натиҷаи занозанӣ бо муҳофизи клуби шабонаи шаҳри Тошканд қаҳрамони Узбекистон оид ба муҳорибаи омехта Ҷамшед Кенҷаев низ ҷон бохта буд.

Қирғизистон 407 ҳектар заминашро ба Узбекистон дод

Ҳукумати вилояти Ӯши Қирғизистон тасдиқ кард, ки 407 ҳектар замини назди обанбори Керкидани ноҳияи Араванро бар ивази минтақае дар наздикии деҳаи Гулбаар ба Узбекистон доданд.

Сухангӯи ҳукумати вилояти Ӯш Нуркиз Қодирбекқизӣ гуфт, масоҳати заминҳои табодулшуда яксонанд.

Деҳаи Гулбаар дар даромадгоҳи ноҳияи Араван, дар канори роҳе ҷойгир аст, ки ба сӯи шаҳри Ӯш меравад. Аз тарафи рости ин роҳ марзи Узбекистон мегузарад. Замине, ки ба Узбекистон дода шудааст, дар ҳамин минтақа ҷойгир мебошад.

​Қодирбекқизӣ иттилоъ дод, ки табодули заминҳои мазкурро ҷониби Қирғизистон аз қабл пешниҳод карда буд ва намояндагони ду кишвар дар ҷараёни гуфтугӯҳои ахири худ дар ин бора ба созиш расиданд.

Низомиёни Узбекистон рӯзи 10-уми сентябр атрофи минтақаеро дар наздикии обанбори Керкидан девор гирифтанд, ки норозигии сокинони Қирғизистонро ба бор овард. Видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад, чанд сокини маҳаллӣ бо низомиён занозанӣ мекунанд ва дар он тарафи марз аз сӯи Узбекистон техникаҳои ҳарбӣ қарор доранд.

Дар натиҷа ҳукумати Араван эълом кард, ки минтақаеро бо Узбекистон табодул карданд ва таъйину аломатгузории марзҳо низ анҷом шудааст.

Расонаҳо: Озмоишҳои мушаки "Буревестник" дар Русия ноком буд

Русия сар аз соли 2017 ба ин тараф ҳадди ақал панҷ маротиба озмоиши мушаки дорои муҳаррики ҳастаии "Буревестник"-ро анҷом додааст, ки ҳамаи ин озмоишҳо ноком будаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNBC бо такя ба манобеи худ дар мақомоти иктишофии Амрико хабар дод.

Ба иттилои мақомоти иктишофии Амирко, тӯлонитарин парвози мушаки "Буревестник" 2 дақиқа ва камтаринаш - чаҳор сония будааст. Манобеи амрикоӣ мегӯянд, Русия талош дорад, такмили мушакро тезонад ва онро то соли 2025 "барои ҷанг омода кунад".

Бори аввал мушаки "Буревестник"-ро бо кулоҳаки ҳастаӣ президенти Русия Владимир Путин дар ҷараёни паёмаш ба Маҷлиси федеролӣ дар соли гузашта муаррифӣ карда буд. Гуфта мешуд, муҳаррики ҳастаӣ ба мушак парвози номаҳдудеро фароҳам оварда, он метавонад чандин рӯз дар фазо сайр кунад ва бо давр задани масирҳое барои низомҳои зиддимушакӣ ғайри қобили ташхис, ба нуқтаҳои зарурӣ дар ИМА бирасад.

Озмоиши нокоми "Буревестник"-ро ба таркиши 8-уми август дар полигони Нёнокси вилояти Архангели Русия рабт медиҳанд. Дар ин бора президенти ИМА Доналд Трамп 13-уми август дар Твиттер хабар дод.

Мақомоти расмии Русия тасдиқ намекунанд, ки таркиш ба ин мушак рабт дошт. Вазорати мудофиаи Русия танҳо гуфт, таркиш ба озмоиши моеъи муҳаррики ҳастаӣ рабт дошт.

Тоқаев дар Пекин пешниҳод кард, нақши юан дар ҷаҳон тақвият дода шавад

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон, ки имрӯзҳо бо сафари давлатӣ дар Чин қарор дорад, дар мулоқот бо доираи соҳибкории Чин рӯзи 11-уми сентябр гуфт, тасмим дорад, дар Маркази байналхалқии молии "Остона" барои сармоягузорӣ бо асъори миллии Чин "шароит" фароҳам оварад.

"Тарҳи RMB Connect имкон медиҳад, ки сармоягузорӣ бо июн роҳандозӣ шавад. Бовар дорам ин тарҳ барои густарда шудани юани чинӣ саҳми бузурге хоҳад гузошт", - гуфт Тоқаев. Вай ҳамчунин афзуд, ҳамкориҳои Қазоқистону Чин дар самти молӣ ояндаи дурахшонеро таъмин месозанд.

Мақомоти Қазоқистон хабар доданд, ки дар поёни гуфтугӯҳои Тоқаев бо ҳамтои чиниаш Си Ҷинпин рӯзи 11-уми сентябр дар Пекин 11 ҳуҷҷат дар самти ҳамкориҳои кишоварзӣ, гумрукӣ ва технологӣ имзо шуд.

Тоқаев ҳамчунин дар Пекин гуфт, ки Чин "ба яке аз бузургтарин шарикони тиҷорӣ ва иқтисодии Қазоқистон" табдил шудааст.

Ба иттилои расмӣ, гардиши мол миёни ду кишвар дар соли гузашта 12 миллиард долларро ташкил додааст.

Мақомоти афғон гуфтанд, Бадахшонро аз Толибон тоза мекунанд

Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, амалиёт дар вилояти Бадахшон то поксозии комили шуришчиёни Толибон дар ин вилоят идома меёбад.

Фавод Омон, муовини сухангӯи Вазорати дифоъ, ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, давоми се ҳафтаи амалиёт вулусуволӣ ё ноҳияҳои Каронвамаҷнон, Вардуҷ ва Юмгон аз вуҷуди Толибон поксозӣ шудаанд.

Ин мақоми Вазорати дифои Афғонистон гуфт, артиши Афғонистон 200 узви гуруҳи Толибон азҷумла шуморе аз фармондеҳони калидии онро нобуд кардааст.

Оқои Омон аз пешрафти неруҳои давлатӣ дар Бағлон ва чанин вилояти дигар низ хабар дод.

Гуруҳи Толибон ноҳияҳои Янгиқалъа ва Дарқади вилояти Тахорро дар рӯзҳои ахир тасарруф кард, аммо дар мавриди ин изҳороти муовини сухангӯи Вазорати дифоъ изҳори назар накардааст.

Ҳузури сарбозони амрикоӣ дар марз бо Мексика тамдид мешавад

Намояндаи Вазорати дифои ИМА подполковник Крис Митчелл гуфт, Пентагон дар соли 2020 то 5,5 ҳазор сарбози амрикоиро барои мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар марз бо Мексика боқӣ мегузорад. Вазири дифои ИМА рӯзи 11-уми сентябр дархости Вазорати амнияти дохилиро дар ин замина қабул кард.

Ахиран намояндагони ИМА ва Мексика дар шаҳри Вашингтон роҷеъ ба созишномаи муҳоҷират гуфтугӯеро анҷом доданд. Вазири умури дохилии Мексика Марсело Эбрард гуфт, мулоқот "дӯстона" буд. Ба гуфтаи ӯ, ҳарчанд дар робита ба масоили муҳоҷират ба монанди пешин ихтилофи назар вуҷуд дорад, вале вазъи буҳроние, ки миёни ду кишвари ҳамсоя ва шарики тиҷорӣ ба миён омада буд, ҳалли худро ёфт.

Трамп қатъи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ИМА-ро яке аз самтҳои афзалиятноки маъмурияташ қарор додааст. ИМА сиёсати муҳоҷират ва иқдомҳо зидди муҳоҷирони ғайриқонуниро сахттар мекунад. Мақомоти Амрико моҳи июли соли равон эълом карданд, ки салоҳияти кормандони хадамоти муҳоҷират ба таври назаррас афзоиш дода шуд.

Дар ҳоли ҳозир дар марз бо Мексика беш аз 5 ҳазор сарбози амрикоӣ қарор доранд. Онҳо ба хадамоти марзбонии ИМА кумак мекунанд.

Ахиран Пентагон низ иҷозат дод, ки беш аз 3,5 миллиард доллари ҷудошуда барои сохтмони иншооти низомӣ ба бунёди девор дар марз бо Мексика равона карда шавад.

Аъзои ҳукумати муваққатӣ бо президенти Қирғизистон вохӯрданианд

Аъзои ҳукумати муваққатии пешини Қирғизистон, ки дар пайи ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 ташкил шуда буд, мулоқоти ғайрирасмиеро анҷом доданд. Онҳо бо президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков вохурданианд.

Баъзе аз аъзои ҳукумати муваққатӣ гуфтанд, ба мулоқоти онҳо раҳоии сиёсатмадорон Омурбек Текебоев ва Дуйшенқул Чотонов сабаб шуд. Онҳо ҳамчунин вазъи сиёсии Қирғизистонро баррасӣ карданд.

Сарвазири пешин ва узви ҳукумати муваққатӣ Темир Сариев гуфт, мулоқот бо президент ташаббуси дастгоҳи раҳбари давлати Қирғизистон аст, вале намедонад, ки дар он кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд.

Раиси пешини Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ва узви ҳукумати муваққатӣ Кенешбек Дуйшебоев изҳор дошт, ки назари иштирокдорони мулоқот ба вазъи сиёсии ин кишвар яксон аст.

Дар мулоқоти аъзои ҳукумати муваққатӣ Роза Отунбоева, Темир Сариев, Кенешбек Дуйшебоев, Азимбек Бекназаров, Эмилбек Каптагаев, Элмира Ибраимова, Болот Шер, Исмаил Исаков, Абдуғанӣ Эркебоев, Омурбек Текебоев ва Дуйшенқул Чотонов иштирок доштанд. Танҳо президенти пешин Алмосбек Отамбоев, ки дар боздоштгоҳ аст, ҳузур надошт.

Аъзои ҳукумати муваққатии Қирғизистон бори охир соли 2016 баъди он гирди ҳам омада буданд, ки президенти вақт Алмосбек Отамбоев гуфт, Конститутсияи ин кишварро ислоҳ мекунанд.

Дастгоҳи президенти Қирғизистон мулоқоти эҳтимолии аъзои ҳукумати муваққатиро бо Ҷеенбеков расман шарҳ намедиҳад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

XS
SM
MD
LG