Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Трамп хабари марги писари бин Лодинро тасдиқ кард. ВИДЕО

Ҳамза бин Лодин

Доналд Трамп, президенти Амрико, марги Ҳамза бин Лодин, писари Усома бин Лодин, раҳбари пешини созмони террористии “Ал-Қоида”-ро тасдиқ кард.

Ӯ гуфт, писари Усома бин Лодин дар як амалиёти низомӣ дар марзи миёни Афғонистону Покистон кушта шудааст.

Президенти Амрико дар баёнияе, ки рӯзи 14-уми сентябр онро Кохи Сафед нашр кард, кушта шудани Ҳамза бин Лодинро зарбаи сахт ба “Ал-Қоида” номид.

Видео аз бойгонӣ:

Мақомҳои амрикоӣ мегӯянд, писари Усома бин Лодин "мурдааст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00


Аз ин пеш, рӯзи 31-уми июл матбуоти амрикоӣ бо такя ба манобеи худ дар Кохи Сафед аз кушта шудани писари поягузори шабакаи террористии "Ал-Қоида" хабар дода буданд.

Трамп он замон хабари марги Ҳамза бен Лодинро рад ва ё тасдиқ накарда, ба суоли хабарнигорон дар ин бора посух надода буд.

Ба навиштаи пажуҳишгоҳи амрикоии Брукингс, Ҳамза бин Лодин тахминан 30-сола буда, қабл аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001, дар Афғонистон будааст. Баъд аз оғози амалиёти эътилофи байналмилалии зери раҳбарии Амрико, Ҳамза муддате дар канори падараш дар Покистон ба сар бурдааст.

Ба қавли хабарнигори Рейтерс, моҳи майи соли 2011-ум, вақте нерӯҳои ИМА Усома бин Лодинро дар Покистон ба қатл расониданд, Ҳамза дар ҳабси хонагӣ дар Эрон қарор дошт. Бар пояи асноде, ки аз манзили Усома бин Лодин ёфт шуд, ёварони раҳбари пешини шабакаи даҳшатафкан саъй кардаанд, Ҳамза ва Усома бин Лодинро ба ҳам оранд.

Соли 2017 Департаменти давлатии Амрико Ҳамза бин Лодинро дар рӯйхати саросарии террористон шомил намуд. Зеро Ҳамза ба амалҳои террористӣ дар кишварҳои ғарбӣ даъват намуда, таҳдид карда буд, ки аз Амрико барои куштори падараш қассос хоҳад гирифт.

Департаменти давлатии Амрико Ҳамзаро раҳбари калидии Ал-Қоида унвон дода, барои маълумот дар бораи макони будубоши ӯ як миллион доллар ҷоиза ваъда дод. Вазорати умури хориҷии Амрико гуфта буд, Ҳамза бин Лодин "дар ҳоли пайдо кардани ҷойгоҳи раҳбарӣ" дар гурӯҳи Ал-Қоида буд. Созмони истихбороти марказии Амрико гуфта буд, ки аз қабл Ҳамза бин Лодин барои раҳбарии "Ал-Қоида" дар назар гирифта шуда буд.

Моҳи марти имсол Арабистони Саудӣ хабар дод, ки моҳи ноябри соли 2018 бо амри подшоҳ Ҳамза бин Лодин аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум шуд.

Таҳқиқи куштори ҷавони ҳамҷинсгаро дар Тошканд

Шокир Шавкатов

Шокир Шавкатов, як ҷавони 25 солаи узбек, ки чанде пеш дар Инстаграм ҳамҷинсгаро буданашро эътироф карда буд, шаби 12-уми сентябр дар Тошканд кушта шудааст.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод, ки ду марди чилсола бо гумони даст доштан дар ин куштор боздошт шудаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, Шокир шаби 12-уми сентябр ба клубе рафта буд, ки маъмулан, он ҷо ҳамҷинсгароён гирдиҳам меоянд.

Дӯстонаш гуфтаанд, ӯро ду мард аз клуб берун карда, пас аз лату куб, гулӯяшро буриданд.

Мақомоти ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд, ки ҳодиса он ҷо рӯх додааст, гуфтанд, ки «куштори барқасдона» таҳқиқ мешавад.

Модари Шавкат гуфтааст, ки ҷасади писараш ҳоло дар сардхона қарор дорад.

Дӯстони Шокир Ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки воқеан ӯ ҳамҷинсгаро буд.

Қаблан низ наворҳои лату куби ҷавонони зоҳиран ҳамҷинсгаро аз Узбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд.

Тирпарронии Янгиқaлъаро дар хоки Тоҷикистон шуниданд

Вилояти Тахори Афғонистон

Сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фархори Тоҷикистон мегӯянд, як ҳафта боз садои тирпарронӣ аз Афғонистонро мешунаванд.

Тайи як ҳафтаи ахир дар 20 километрии дур аз марзи Тоҷикистон, дар ноҳияи Янгиқалъаи вилояти Тахор миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳи Толибон задухӯрд ҷараён дорад.

Шаби 13-уми сентябр вулусуволӣ ё ноҳияи Янгиқалъа дар марз бо Тоҷикистон дубора аз дасти гурӯҳи Толибон пас гирифта шуд.

Ин ноҳияи вилояти Тахори Афғонистон дар рӯ ба рӯи ноҳияи Фархори Тоҷикистон қарор дорад. Гурӯҳи Толибон онро рӯзи 9-уми сентябр тасарруф карда буданд.

Давлатмоҳ Ашурова, сокини деҳаи наздимарзии ноҳияи Фархор ба Радиои Озодӣ гуфт, як ҳафтаи охир пайваста аз он сӯи марз садои тирпарронӣ ба гӯш мерасид.

“Мо ба ин садоҳо одат кардем. Чанд вақт он тараф ором буд, лекин боз садои тир пайдо шуд”,--гуфт ӯ.

Абдухалил Асир, сухангуи пулиси вилояти Тахор дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз ду рӯзи амалиёт, шаби гузашта, ин ноҳия аз дасти Толибон пас гирифта шуд.

“Даргириҳо дар атрофи маркази улусволӣ давом дорад, вале марказ зери назорати нерӯҳои давлатӣ аст”,--гуфт ӯ.

Мардум дар Янгиқалъа мегӯянд, ки ин вулусуволӣ ба далели “камтаваҷҷуҳии масъулини давлатӣ ва нарасидани неруҳои кӯмак ба минтақа” ба дасти гуруҳи Толибон афтода буд.

Маҳмадҷаводи Ҳиҷрӣ, сухангуи волии Тахор мегӯяд, пас аз Янгиқалъа нерӯҳои давлатӣ ба озодсозии ноҳияи Дарқад сафарбар мешаванд.

Ноҳияи Дарқад низ дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фархори Тоҷикистон қарор дорад. Амалан, дар ин ноҳия Толибон марз бо Тоҷикистонро зери назорат доранд.

Панҷ сол боз ноҳияҳои ҳаммарз ба Тоҷикистон гоҳ ба дасти нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва гоҳ ба дасти гурӯҳи Толибон меафтанд.

Сноуден гуфт, эҳтимол ба Амрико баргардад

Эдуард Сноуден

Эдуард Сноуден, корманди пешини Оҷонсии миллии амнияти Амрико гуфт, ки замони ахир танқид дар нисбаташ дар ИМА коҳиш ёфтааст ва эҳтимолан ба ватан баргашта, дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат кунад.

Эдуард Сноуден ҳоло дар Русия паноҳанда аст.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои миллии ҷамъиятии Амрико (NPR) шарҳ дод, ки иттилои маҳрамонаро ба хотири озодии шаҳрвандон ва ҳифзи арзишҳои демократӣ ба ихтиёри матбуот супурд.

Сноуден таъкид кард, ки ҳеҷ гоҳ ба Русия рафтан намехост ва парвозаш ба ин кишвар тасодуфӣ буд. Ӯ гуфт, дар фурудгоҳи Маскав фаҳмид, ки гузарномаи ӯро Амрико лағв кардааст.

Ӯ гирифтани маблағ ва ҳамкорӣ бо ҳукумат ё Хадамоти махсуси Русияро рад кард.

Ба қавли Сноуден, ӯ ҳоло аз роҳи маъруза хондан ба донишҷӯён ва фаъолони ҷомеа маблағ ба даст меорад.

Сноуден гуфт, ки борҳо сиёсати Русия ва шахси Владимир Путинро барои маҳдудияти дастрасӣ ба интернет танқид кардааст.

Дар сӯҳбат бо як нашрияи бритониёӣ Сноуден дар бораи зиндагиаш дар Русия бештар нақл кардааст.

Ӯ гуфтааст, ҳоло эҳсос мекунад, ки ба ҷонаш чандон хатар таҳдид намекунад ва дар қиёс ба солҳои аввал озодона дар хиёбонҳо қадам мезанад.

Русияро ӯ “яке аз кишварҳои зеботарини ҷаҳон” ва меҳмоннавоз тавсиф кардааст.

Сноуден гуфтааст, ки воқеан ду сол пеш бо як духтари амрикоӣ дар Русия издивоҷ кардааст.

Эдвард Сноуден соли 2013 пас аз он шинохта шуд, ки иттилои махфиеро ба ихтиёри матбуот супурд. Дар ҳуҷҷатҳо шеваи назорати Хадамоти махсуси Амрико тариқи технологияи навин аз болои шаҳрвандон дарҷ шуда буд. Ин иттилоъ сару садои зиёдеро ба бор овард. Дар Амрико нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз карданд, ки то 30 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Аризаи Узбекистон ба Шӯрои кишварҳои туркзабон

Ҷаласаи Шӯрои кишварҳои туркзабон дар соли 2018

Ҳукумати Узбекистон расман барои шомил шудан ба Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон, ки бештар бо номи «Шӯрои туркҳо» маъруф аст, ариза дод.

Мавлуд Човушоғлӯ, вазири корҳои хориҷии Туркия гуфтааст, ки аризаи Узбекистонро барои шомил шудан ба ин Шӯро дарёфт кардаанд ва рӯзҳои наздик роҳҳои қабул шудани ин кишвар баррасӣ мешавад.

«Шӯрои туркҳо» моҳи октябри соли 2009 бо ташаббуси Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия таъсис ёфт. Узбекистон моҳи апрели соли гузашта майли пайвастан ба ин Шӯроро нишон дода буд.

Шавкат Мирзиёев соли 2016 пас аз марги Ислом Каримов раҳбарии Узбекистонро бар ӯҳда гирифт. Дар беш аз се соли ахир ӯ талош кард, ки бо кишварҳои ҳамсоя муносибатро беҳбуд бахшад.

Ислом Каримов дар 27 соли раҳбарияш муносибати Узбекистонро бо кишварҳои ҳамсоя бад карда буд.

Ҷаласаи «Шӯрои туркҳо» соли гузашта дар Қирғизистон баргузор гашт. Дар ин ҷаласа Венгрия ба ҳайси кишвари нозир шомили Шӯро шуд.

Гуруҳе, ки ба 300 ҳазор компютер ҳамла кард, таҳрим шуд

Стивен Мнучин, вазири молияи Амрико

Вазорати молияи Амрико нисбат ба як гуруҳи ҳакерии Кореяи Шимолӣ таҳрим эълон кард. Дар изҳороти Идораи федеролии хазинадории ИМА гуфта мешавад, таҳрим ба гуруҳе дахл дорад, ки барои ҳимояи барномаи мушакии Кореяи Шимолӣ ҳамлаи киберӣ анҷом медиҳад.

Ба иттилои Идораи федеролии хазинадории ИМА сухан дар бораи гуруҳи “Lazarus Group,” “Bluenoroff,” ва “Andariel” меравад, ки ҳамчун василаи ҳамла аз ҷониби Кореяи Шимолӣ истифода мешаванд.

«Lazarus Group” соли 2007 дар Пхенян ташкил шудааст ва борҳо ба сохторҳои ҳукуматӣ, низомӣ ва молии чанд кишвари дунё ҳамлаҳои киберӣ анҷом додааст.

Тавре хабаргузории Ройтерс навиштааст, ин созмон дар ҳамлаи барои ба даст овардани фоида бо роҳи шантаж даст дорад.

Ин гурӯҳ алайҳи ИМА, Австралия, Конодо ва Британияи Кабир дар соли 2017 тариқи интернет ҳамлаи киберӣ анҷом додааст.

Дар умум, ин созмон ба 300 ҳазор компютерҳо дар 150 кишвари ҷаҳон ҳамла кардааст.

Пас аз лағви музокира бо Амрико Толибон ба Русия рафтанд

Ҳайати Толибон дар Русия. Моҳи майи соли 2019

Пас аз онки Доналд Трамп, президенти Ийолоти Муттаҳидаи Амрико дастури қатъ кардани музокирот бо Толибони Афғонистонро дод, гузоришҳое нашр шуд, ки намояндагони ин гуруҳ дар Маскав бо мақомоти Русия гуфтугӯ кардаанд.

Хабаргузории ТААС-и Русия бо такя ба гуфтаи Муҳаммадсуҳайли Шоҳин, сухангуи Дафтари Толибон дар Қатар навиштааст, ки рӯзи ҷумъа намояндагони гурӯҳ бо Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон дидор карданд.

Манобеи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ низ ҳузури намояндагони Толибон дар Русияро тасдиқ карданд.

Муҳаммадсуҳайли Шоҳин гуфтааст, ки музокироти Толибон бо намояндаи Владимир Путин, президенти Русия перомуни “охирин таҳаввулот дар робита ба сулҳ дар Афғонистон” буд.

Матбуоти Афғонистон навиштааст, ки гурӯҳ зери роҳбарии Шермуҳаммад Аббос Стонакзай ба Русия сафар кард.

Пас аз тасмими Доналд Трамп бори аввал аст, ки гурӯҳе аз Толибон ба Русия рафтаанд.

Доналд Трамп, президенти Амрико, рӯзи 7-уми сентябр эълон кард, ки гуфтугӯ барои сулҳ дар Афғонистон бо гуруҳи Толибон қатъ шудааст.

Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки дар як ҳамлаи Толибон 12 шаҳрванди одӣ ва як низомии амрикоӣ кушта шуд.

Лавров гуфт, ҷанг дар Сурия ба поён расид

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ҷанг дар Сурия ба поён расид.

"Ҷанг дар Сурия воқеан поён ёфт. Ин кишвар тадриҷан ба ҳаёти осоишта ва муътадил бармегардад. Даргириҳо танҳо дар минтақаҳои берун аз идораи артиши ҳукумати Сурия, ба монанди вилояти Идлиб ва соҳили шарқии рудхонаи Фурот боқӣ мондаанд", - гуфт вазири умури хориҷии Русия дар суҳбат бо нашрияи ​"Труд".

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло акнун вазифаи асосӣ ироаи кумаки башардӯстона ва ҳалли буҳрони сиёсӣ дар ин кишвар аст.

Расонаҳо ибтидои моҳи сентябри соли равон аз кушта шудани се низомии Неруҳои ҳавоии Русия дар Сурия хабар доданд. Онҳо дар натиҷаи таркиши як мина ҷон бохтаанд. Вазорати дифои Русия ҳалокати сарбозони худро дар Сурия расман рад кард.

Нашрия "Новая газета" низ моҳи июли соли равон хабар дод, ки дар Сурия се шаҳрванди Русия кушта шуданд. Ба иттилои нашрия, кушташудаҳо барои ширкати низомии хусусии "Шит" кор мекарданд.

Эътирофи "ҷодугар" дар телевизиони Чеченистон: "аз шайтон бадтарам"

Сардухтури маркази тибби исломӣ дар Чеченистон Адам Элжуркаев бо зане суҳбат кард, ки мақомоти Чеченистон ӯро дар "ҷодугарӣ" айбдор мекунанд. Навори суҳбати сардухтурро бо зан рӯзи 11-уми сентябр дар шабакаи телевизионии "Грозний" нишон доданд.

Секинат Иброҳимоваро ҳамроҳ бо келинаш Зулай Эскерханова дар яке аз минтақаҳои Чеченистон боздошт карданд. Дар гузориши телевизион хабар дода шуд, ки зане бо номи Мария ӯро барои ҷодугарӣ даъват карда буд.

Аз Иброҳимова қулфу калид, хок аз қабри нав, коғазҳо бо навиштаҳои номаълум ва аксҳои зиёде аз одамони ношиносро пайдо карданд.

"Ин ҷодугарон хатарноктар аз терроризм, ваҳҳобизм ва нашъамандӣ ҳастанд", - гуфт руҳонӣ Адам Элжуркаев.

Элжуркаев зани "ҷодугар"-ро шайтон номид ва гуфт, вай дар оташи дузах хоҳад сӯхт.

Зан изҳори пушаймонӣ ва узрхоҳӣ кард. "Ман дар роҳи нодуруст будам. Ман инсони ифлосе ҳастам. Бадтар аз шайтонам. Ба ман дигар муроҷиат накунед", - гуфт Сакинат дар гузориши телевизион.

Дар Қазоқистон ҳашт хонанда заҳролуд шуданд

Дар мактаби №7 шаҳри Ленгери Қазоқистон дар натиҷаи заҳролудшавӣ аз моддаи номушаххасе ҳашт хонанда дар бемористон бистарӣ шуданд.

Ба иттилои мақомоти маорифи шаҳри Ленгер, соати тақрибан 11 рӯзи 12-уми сентябр як хонанда дар долони мактаб қуттии дорои маводи ношинохтаеро кушод. Дар натиҷа бо нишонаҳои заҳролудшавӣ 23 хонанда, 2 омӯзгор ва як корманди дигари мактаб ба беморхона муроҷиат карданд.

"Аксари зарардидаҳо баъди гирифтани ёрии таъҷилии тиббӣ рухсат ёфтанд. Ҳашт хонанда барои идомаи табобат дар беморхона хобонида шуданд. Ду тан аз онҳо дар шуъбаи эҳё қарор доранд", - гуфт як намояндаи мақомоти маориф.

Хабар дода мешавад, ки дар робита ба ин ҳодиса тафтиш шуруъ шудааст.

Се қирғизистонӣ дар доираи парвандаи таҷовуз дар Ёқутистон зиндонӣ шуданд

Се шаҳрванди Қирғизистон дар доираи парвандаи пурсарусадои таҷовузе зиндонӣ шуданд, ки моҳи марти соли ҷорӣ эътирозҳои зидди муҳоҷиронро дар минтақаи Шарқи Дури Русия ба бор оварда буд.

Рӯзи 11-уми сентябр яке аз муҳоҷирон аз Қирғизистон бо айби рабудан ва таҷовуз кардани зани маҳаллӣ 14 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ду марди дигар дар иҷборан нигаҳ доштани зан айбдор шуданд. Яке дигар аз онҳо низ дар таҷовузи зан айбдор шуд. Онҳо мутаносибан ба 4 ва 6 сол зиндонӣ шуданд.

Таҷовузи зан дар пойтахти минтақаи Ёқутистон эътирозҳои оммавии сокинони маҳаллиро ба бор овард. Онҳо аз мақомот талаб карданд, ки муҳоҷирони Осиёи Марказиро аз минтақа биронанд.

Тақрибан ҳамаи корхонаҳои марбут ба зодагони Осиёи Марказӣ дар Ёқутистон баста шудаанд ва ҳаракати автобусҳо низ аз кор монд, ки бештари ронандагонашон муҳоҷирон буданд.

Донишҷӯёни туркман ба хабаркашӣ ҷалб мешаванд

Кормандони Хадамоти махсуси Туркманистон дар тамоми донишгоҳҳои кишвар донишҷӯёнро ба ҳамкории махфӣ ҷалб мекунанд.

Бахши туркмании Радиои Озодӣ бо чанд донишҷӯе, ки ба ҳамкории пинҳонӣ ташвиқ шудаанд, сӯҳбат кардааст.

"Ба ман гуфтанд, ки агар ягон ҳамсабақам аз вазъият дар кишвар норозигӣ кард, ба онҳо хабар диҳам",--гуфтааст, яке аз донишҷӯён.

Ба қавли ин донишҷӯ, ба ӯ гуфтаанд, дар бораи ҳамсабақонаш, ки аз барномаҳои садшикан барои ворид шудан ба сомонаҳои мамнӯъ истифода мекунанд, хабар диҳад.

Агар аз ҳамкорӣ саркашӣ кунанд, ба онҳо хатари аз Донишгоҳ берун карда шудан таҳдид мекунад. Ба гуфтаи донишҷӯён, онҳо аввал барои суҳбат даъват мешаванд ва сипас пешашон шарти ҳамкорӣ мегузоранд.

Як мақоми Хадамоти махсуси Туркманистон бо шарти пинҳон мондани номаш ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтааст, барои суҳбат донишҷӯёне даъват мешаванд, ки майл ба гурӯҳҳои тундрав доранд ва аз онҳо талаби дигаре карда намешавад.

Дар Туркманистон дастрасӣ ба аксари сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ маҳдуд аст. Корбарон барои ворид шудан аз барномаҳои садшикан истифода мебаранд.

Соли 2020 чиниҳо метавонанд бе раводид ба Узбекистон раванд

Фурудгоҳи Тошканд

Узбекистон аз соли 2020 ба шаҳрвандони Чин иҷоза медиҳад, ки бераводид, ҳафт рӯз, дар ин кишвар бимонанд.

Ҳукумати Узбекистон эълон кард, ки ин тасмим ба хотири рушди соҳаи туризм гирифта шудааст. Қарорро рӯзи 12-уми сентябр Шавкат Мирзиёев имзо кард.

Коршиносон мегӯянд, Шавкат Мирзиёев дар беш аз се соли раҳбариаш дар Узбекистон ба бисёре аз кишварҳои ҷаҳон низоми раводидро барҳам дод ва роҳҳои сафар ба ин кишварро осонтар кард. Натиҷа ин буд, ки соли гузашта 5,3 миллион хориҷӣ ба Узбекистон сафар кардаанд, ки нисбати солҳои пеш бамаротиб бештар буд.

Соли гузашта Узбекистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон низ иҷоза дод, ки як моҳ бераводид дар ин кишвар бимонанд.

ВАО: Мансабдорони рус барои фирори ҷосуси эҳтимолӣ ҷазо гирифтанд

Манзили Олег Смоленков дар Амрико

Дастгоҳи президенти Русия чанд мансабдореро, ки дар соли 2017 барои аз кишвар хориҷ шудани Олег Смоленков роҳ додаанд, ҷазо додааст.

Дар ин бораи "Интерфакс" бо такя ба манбаҳои худ хабар дод.

Матбуот Олег Смоленковро хабаррасони Идораи иктишофии Амрико номиданд. Ҳамсӯҳбатони "Интерфакс" тасдиқ кардаанд, ки ду сол пеш Олег Смоленков бо хонаводааш барои истироҳат ба Черногория рафт, бо вуҷуде, ки барои мансабдорони рус сафар ба он ҷо манъ аст. Сафар ба Черногория вақте мамнӯъ шуд, ки мақомоти он Русияро ба ташкили табаддулот айбдор карданд. Русия инро рад мекунад.

Бархе мансабдорон барои хунукназарӣ, ки боиси хориҷ шудани Смоленков аз Русия шудааст, аз мансаб барканор шудаанд.

Қаблан, матбуоти амрикоӣ хабар дод, ки Оҷонсии марказии истихборот (CIA) як ҷосуси баландпояи худро, ки дар бораи президенти Русия Владимир Путин, аз ҷумла, дар бораи мудохилаи Русия ба интихоботи президентии соли 2016-и ИМА маълумот медод, соли 2017 ба ИМА кӯч дода буд.

Нашрияи Times гузориш дод, ки ин шахс давоми даҳсолаҳо ба ИМА гузоришҳо дода, аз ҷумла ба оҷонсиҳои истихборотӣ кӯмак кардааст, ки ба хулосае биёянд, ки воқеан ҳам Путин ба хотири пирӯзии Трамп дар интихоботи президентӣ дар ҷараёни интихоботи соли 2016 мустақиман дахолат кардааст.

Times ҳам мегӯяд, ки ин шахс аз доираи афроди наздик ба Путин набуд, вале ба тамоми иттилоъ дар сатҳи баланд ва ҳам доираҳои тасмимгиранда дар Кремлин дастрасӣ дошт.

Дар иттилои расмии ҳукумати Русия гуфта шудааст, ки шахсе бо номи Олег Смоленков воқеан ҳам дар солҳои 2008 то 2010 дар маъмурияти Дмитрий Медведев кор кардааст. Медведев солҳои 2008 то 2012 раиси ҷумҳурии Русия буд. Дар гузоришҳои расмӣ гуфта шудааст, ки воқеан ҳам шахсе бо номи Олег Смоленков дар мақоми котиби дуюми сафорати Русия дар Вашингтон ҳам кор карда буд.

Twitter саҳифаи раҳбари Кубаро баст

Раул Кастро, раҳбари Куба

Шабакаи иҷтимоии Twitter саҳифаи расмии ҳизби Коммунистии Куба, раҳбари кишвар Раул Кастро ва духтари ӯро баст. Дар ин бора оҷонсии Рейтерс хабар дод.

Ҳамчунин, саҳифаи Вазорати алоқа ва чанд расонаи маҳаллӣ низ дар Twitter дастнорас аст.

Иттиҳоди журналистони Куба ин иқдомро “сензураи оммавӣ” унвон кард.

Бастани саҳифаҳо 11-уми сентябр, замоне сар шуд, ки Мигел Диас-Канел, намояндаи Шӯрои давлатӣ ва Шӯрои вазирони Куба ба мардум муроҷиат кард, ки кишварро бар асари таҳримҳои ИМА бӯҳрони барқӣ таҳдид мекунад.

Намояндаи Twitter дар шарҳи ин қазия гуфт, ки ҳангоми истифода аз шабакаи онҳо қоидаҳои ширкат нақз шудааст. Ин шабака иҷоза намедиҳад, ки бо истифода аз саҳифаҳои сунъӣ хабареро дар сархат қарор диҳанд.

Вазорати хориҷаи Куба ин амалро “кори ҳамоҳангшуда ба хотири маҳдуд кардани дастраси ба изҳороти инқилобчиён барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ” унвон кард.

Раул Кастро, бародари Фидел Кастро аст, ки пас аз марги бародараш Кубаро идора мекунад.

Даҳ коршинос созмони "Ояндаи бузург"-и Узбекистонро тарк карданд

Созмони байналхалқии ғайритиҷории "Ояндаи бузург" эълом кард, ки даҳ тан аз аъзои Шӯрои коршиносон тарки ин созмон кардаанд. Коршиносон тасмими худро ба беэҳтиромӣ нисбаташон рабт доданд.

Иттилоъ дар бораи тарки созмон кардани коршиносонро яке аз аъзои пешини Шӯро Дилмурод Юсупов хабар дод.

"Ҳангоми таъсиси ин созмон мо хушҳол будем, ки барои амалисозии ислоҳот дар кишвар саҳм мегузорем. Ҳамаи мо дар ташаккули тарҳҳои созмон саҳм доштем. Вале мутаассифона, чанд омилу далелҳои дохилӣ моро водор кард, ки созмонро тарк кунем", - гуфт Дилмурод Юсупов.

Яке аз ҳадафҳои созмони мазкур мусоидат кардан ба ислоҳоти густардаи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев унвон мешавад. Ба аъзои созмони мазкур дастур шудааст, ки модели дарозмуддати рушди Узбекистонро барои то соли 2035 таҳия кунанд.

Аз Туркманистон хостанд, мушкили бедаракшавии иҷбории сокинонро решакан кунад

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи 5-уми сентябр дар ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Вена аз мақомоти Туркманистон даъват карданд, ки таҷрибаи бедаракшавии иҷбории сокинонро решакан намоянд.

"Мо ба монанди пешин аз тақдири шаҳрвандоне, ки дар маҳбасҳои Туркманистон бедарак мешаванд сахт нигаронем. Бино ба иттилои Маъракаи байналмилалии "Онҳоро зинда нишон диҳед!", 120 ҳолате ба қайд гирифта шудааст, ки дар зиндонҳои ин кишвар маҳбусонро комилан алоҳида нигаҳ медоранд. Тайи шаш соли ахир 27 кас дар маҳбас ҷон бохтаанд", - омадааст дар изҳороти ИА.

Ба рӯйхати афроди беномунишон гашта мухолифони машҳур ва мансабдрони баландпояе шомиланд, ки бо ангезаҳои сиёсӣ ва ҷурми фасодкорӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд.

ИА дар изҳороти худ аз Туркманистон қотеона даъват кардааст, ки мушкили бедаракшавии иҷбориро аз байн бибарад. "Вазъи маҳбусони бедаракшудаеро бодиққат пайгирӣ дорем, ки муҳлати ҷазояшон тамом шудааст ва ё дар соли 2019-2020 ба поён мерасад", - афзудаанд намояндагони ИА.

Мақомоти Туркманистон мушкили бедаракшавии иҷбориро эътироф намекунанд.

Қасди худкушии сокини Қазоқистон дар эътироз ба мушкили манзили зист

Як сокини шаҳри Нурсултон рӯзи 12-уми сентябр дар эътироз ба мушкили норасоии манзили зист дар пойтахти Қазоқистон ба болои пули мошингузар баромада, таҳдид кард, ки худро ба замин хоҳад партофт.

Бино ба маълумоти пешакӣ, ин мард ба навбатпоиҳои тӯлонӣ барои дарёфти манзили зист эътироз баён карда, дархости мулоқот бо шаҳрдори пойтахти Қазоқистонро кардааст.

Пуле, ки сокини Нурсултон ба он баромада буд, дар наздикии бинои маъмурияти президенти Қазоқистон ҷойгир аст.

Ба маҳалли ҳодиса муовини шаҳрдори Нурсултон Елнур Бейсенбоева ҳозир шуда, ба хотири ором кардан аз сокини шаҳри Нурсултон даъват кард, ки "фикри фарзандҳояшро бикунад" ва "мушкили норасоии хона ҳал хоҳад шуд". Мард ҳудуди як соат дар баландии 10 метр аз замин қарор дошт ва дар ниҳоят наҷотдиҳандагон дар натиҷаи гуфтугӯ тавонистанд, ӯро ба замин фароранд.

Равоншинос Гулим Жамиева, ки бо марди эътирозгар гуфтугӯ кард, мегӯяд, ӯ солим аст ва танҳо мехост, ки садояшро шунаванд. "Вай ҳаёти худу наздиконашро қадр мекунад", - афзуд ӯ.

Кормандони пулис мардро пас аз фаромаданаш ба замин бо худ бурданд. Сардори пулиси ноҳияи Есил Мадиёр Ойтуганов гуфт, ӯро барои "суҳбат" ба шуъба мебаранд ва зиддаш дар доираи Кодекси маъмурии Қазоқистон чораандешӣ хоҳад шуд.

Текебоев дар мулоқот бо президенти Қирғизистон парвандаашро баррасӣ карданӣ нест

Омурбек Текебоев

Раиси Ҳизби мухолифи "Ота Макон"-и Қирғизистон Омурбек Текебоев 12-уми сентябр, баъди берун шудан аз додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ба рӯзноманигорон гуфт, хабар дорад, ки президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков бо аъзои ҳукумати муваққатии пешин мулоқот карданист.

"Ман ҳоло даъватномаро дарёфт накардаам. Агар даъват кунанд, дар мулоқот иштирок хоҳам кард. Ба эҳтимоли зиёд, дар он вазъи кишвар ва ҷаҳон баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин эҳтимол дорад, парвандаи ҷиноии худро матраҳ накунам", - изҳор дошт Текебоев.

Пештар хабар доданд, аъзои ҳукумати муваққатии пешини Қирғизистон, ки дар пайи ҳаводиси моҳи апрели соли 2010 ташкил шуда буд, бо президент Сооронбой Ҷеенбеков вохурданианд.

Мурофиаи навбатие, ки қарор аст, дар он парвандаи сиёсатмадорони мухолифи қирғиз Омурбек Текебоев ва Дуйшенқул Чотонов баррасӣ шавад, ба рӯзи 1-уми октябр гузошта шуд.

Дар Узбекистон як сармуҳаррир баъди нашри хабари "истеъфо"-и муфтӣ барканор шуд

Сармуҳаррири сомонаи Azon.uz-ро баъди он аз кор ронданд, ки хабари носаҳеҳе дар бораи истеъфои раиси Идораи мусалмонони Узбекистон муфтӣ Усмонхон Олимов нашр кард.

"10-уми сентябри соли ҷорӣ дар идораи "Azon New Media" ҷаласаи фаврӣ доир ва сармуҳаррири сомонаи Azon.uz барои бемасъулиятӣ ҳангоми таҳияи хабар аз кор ронда шуд", - омадааст дар хабари идораи ин расона.

10-уми сентябри соли ҷорӣ бархе аз расонаҳои маҳаллии Узбекистон иттилоъ доданд, ки муфтии Узбекистон аз мақом барканор шудааст. Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон ин хабарро рад кард.

Муфтӣ Усмонхон Олимов аз соли 2006 ба ин тараф дар мақоми мазкур фаъолият дорад. Соли 2018 вай шомили рӯйхати 500 мусалмони таъсиргузори дунё шуда буд.

Додгоҳи Алмаато шикояти вакили пешини порлумони Қирғизистонро баррасӣ мекунад

Додгоҳи шаҳрии Алмаатои Қазоқистон рӯзи 12-уми сентябр ба баррасии шикояти вакили пешини порлумони Қирғизистон шуруъ кард, ки бо айби қочоқи мол дар Қазоқистон зиндонӣ шудааст.

Дамирбек Асилбек уулу, вакили пешини порлумон бо айби "ташкил ва роҳбарии гуруҳи фаромиллии ҷиноӣ" ва "қочоқи иқтисодӣ" 10 сол зиндонӣ шудааст. Ҳамроҳ бо вакили пешин 11 тани дигар маҳкум ба зиндон шуданд.

Шаш тан аз маҳкумшудаҳои парвандаи мазкур, ки миёнашон Дамирбек Асилбек уулу низ ҳаст, ба зинаи болоии додгоҳ барои бозбинии парвандаашон шикоят бурдаанд.

Дамирбек Асилбек уулуи 38-сола аз 15-уми феврали соли 2018 дар ҳабс аст.

Ду шаҳрванди дигари Қирғизистон - Уланбек Мурадилови 39-сола ва Шингис Абакирови 34-сола дар узвияти гуруҳ айбдор дониста шуданд.

Айбдоршавандаҳои дигар аз 14 то 5-солии ҳабси шартӣ маҳкум шуданд.

Ҳамроҳ бо вакили пешин дар курсии айбдорӣ 11 каси дигар менишаст. Ҳамаи онҳо дар "қочоқи иқтисодӣ" ва "ширкат дар гуруҳи фаромиллии ҷиноӣ" айбдор мешуданд. Ба иттилои тафтишот, ин гуруҳ аз Чин ба Қазоқистону Русия ғайриқонунӣ мол интиқол медод.

Дар бораи боздошти вакили пешини порлумони Қирғизистон Асилбек уулу 16-уми феврали соли 2018 хабар расид. Мақомоти Қазоқистон дар пайи як рейд аз боздошти 29 гумонбар хабар доданд, ки се тани онҳо шаҳрвандони Қирғизистон буданд. Баъдтар Комисияи марказии интихоботии Қирғизистон мандати вакилии Асилбек уулуро бекор кард.

Путин ва Натаняҳу ҳамкориро дар Ховари Миёна баррасӣ карданд

Исроил омода нест, ки таҳдидҳои низомии Эронро аз ҳудуди Сурия таҳаммул кунад. Ин нуктаро сарвазири Исроил Бенёмин Натаняҳу дар мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин дар шаҳри Сочӣ баён дошт.

Натаняҳу гуфт, Эрон барои насби мушакҳое, ки ба самти Исроил нигаронида шудаанд, аз хоки Сурия фаъолона истифода мекунад. Бинобар ин, ба гуфтаи ӯ, дар ингуна вазъ муколама миёни низомиёни Исроил ва Русия, ки дар минтақа ҳузур доранд, хеле муҳим аст.

Сарвазири Исроил иттилоъ дод, ки пеш аз мулоқот бо Путин бо вазири дифои Русия Сергей Шойгу гуфтугӯ карда, ҳамкории низомиии ду кишварро дар Ховари Миёна зарур номид.

Путин дар навбати худ изҳор дошт, ки ҳамкориҳои Русия ва Исроил дар пасманзари афзоиши таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ хеле муҳим аст. Президенти Русия гуфт, пешниҳоди ҷониби Исроилро барои боздид аз ин кишвар дар ибтидои соли 2020 пазируфт.

Ин бори севум аст, ки сарвазири Исроил дар соли равон бо президенти Русия мулоқот мекунад. Сафари ахири Натаняҳу ба Русия дар пешорӯи интихоботи порлумонии Исроил сурат мегирад, ки қарор аст, 17-уми сентябр баргузор шавад. Ба навиштаи расонаҳои Исроил, Натаняҳу пас аз мулоқот бо Путин ба афзоиши шумори ҷонибдоронаш дар интихобот ва боло рафтани рейтинги ҳизбаш "Ликуд" бовар дорад.

Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ чаҳор миллион евро дод

Иттиҳоди Аврупо барои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ чаҳор миллион евро маблағи иловагӣ ҷудо кардааст. Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз лоиҳаи нав пешгирии ифротгароии зӯроварона, муқовимат ба тундгароӣ ва дастгирии воситаҳои ахбори омма мебошад.

Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи маблағи ҷудошуда бояд сатҳи касбии рӯзноманигорон ва кормандони масъули робита бо ҷомеа баланд бардошта шавад, то онҳо иттилои пурмуҳтаво пахш кунанд.

"Чунин фаъолият барои мубориза бар зидди иттилооти бардурӯғ, боло бурдани сатҳи огоҳии мардум ва ақаллиятҳо, омода намудани иттилооти ҷавобӣ ва вокуниш саҳмгузор хоҳад буд",-омадааст дар хабарномаи Иттиҳоди Аврупо.

Ҷузъиёти боздошти шаҳрвандони Австралия дар Эрон

Боздоштгоҳи Эвин дар Эрон

Як ҷуфти австралиягӣ, ки тақрибан ду моҳ пеш дар Эрон дастгир шуданд, Ҷули Кинг ва Фиркин Марк ном дошта, шаҳрванди Бритониё низ будаанд. Ба гузориши Би-Би-Сии Форсӣ, ин ду нафар барои хайма задан дар як минтақаи низомӣ дар атрофи Ҷайдар дар вилояти Теҳрон аз тарафи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ дастгир шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Австралия рӯзи 12-уми сентябр аз номи оилаҳои ҳамсарон як изҳорот нашр кард: "Оилаҳои мо умедворанд, ки ҳарчӣ зудтар Марк ва Ҷулиро сиҳату саломат дар хона бинанд. Мо ҳоло дар ин марҳила шарҳе надорем",- омадааст дар изҳорот.

Ин ҳамсарон аз блогнависони саёҳатгар буда ва канали YouTubeашон 21,500 муштарӣ дорад. Телевизиони Маното, ки ба забони форсӣ дар Лондон барнома пахш мекунад, рӯзи 12-уми сентябр хабар дод, ки ҳамсарон аз надонистани қонунҳои Эрон дар бораи истифодаи дрон дастгир шудаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Бритониё рӯзи 11-уми сентябр гуфт, ки вазири корҳои хориҷӣ Доминик Рааб "бо сафири Эрон вохӯрда, дар бораи шумораи шаҳрвандони душаҳрвандӣ дошта, ки аз тарафи Эрон дастгир шудаан ва шароити нигоҳдории онҳо нигаронии ҷиддӣ кардааст".

Масҷиди бузурги Душанберо моҳи октябр ифтитоҳ мекунанд

Бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ, ки бо пули давлати Қатар дар Душанбе бунёд шуд, дар оғози моҳи октябр ифтитоҳ мешавад.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд дари масҷид 5-уми октябр ва дар рӯзи таваллуди президент Эмомалӣ Раҳмон боз шавад.

Як манбаъ дар мақомоти умури дин рӯзи 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, сохтмони масҷиди марказии Душанбе ба анҷом расида, дар оғози моҳи октябр намозгузорӣ дар он шуруъ мешавад.

Абдуалим Норасов, масъули бахши дини шаҳри Душанбе, низ тасдиқ кард, ки масҷиди марказӣ дар оғози моҳи октябр ифтитоҳ мешавад. Аммо Норасов, аз суҳбат дар бораи рӯзи дақиқи боз шудани масҷид худдорӣ кард.

Бузургтарини масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз 4 манораи баландиашон 65-метрӣ, гумбази 47-метрӣ, толори бузург, толорҳои хурди намозгузорӣ, китобхона ва нишеману утоқҳои сершумор барои ҷаласаҳо иборат аст.

Дар ин масҷид то 150 ҳазор нафар метавонанд дар як вақт намоз гузоранд.

Хишти аввали сохтмони ин масҷидро Эмомалӣ Раҳмон соли 2009, дар рӯзҳои таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта ва моҳи октябри соли 2011 низ аз маҳалли сохтмон дидан карда буд.

Дар гузашта мақомот гуфта буданд, ки сармоягузори аслии тарҳ Қатар аст, ки танҳо барои сохтмони он 70 миллион доллар ҷудо кард. Тоҷикистон ҳам гуфт, барои бунёди ин масҷид 30 миллион доллар додааст. Дар ҷараёни сохтмони он чанд нафар маҷруҳ шудаанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Дар Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ оғоз ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00
XS
SM
MD
LG