Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба артиш. Боз "облава"?

Даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиши Тоҷикистон моҳи октябр оғоз хоҳад шуд. Дар ин бора президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 3-юми сентябр фармонеро содир кард. Ба иттилои мақомот маърака то охири моҳи ноябри имсол идома мекунад. Ҳар сол дар баҳору тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ даъват мешаванд. Аммо ҳамеша дар ҷараёни ин маъракаҳо аз ҷалби маҷбурӣ ё “облава”-и ҷавонон ба артиш гузориш шудааст. Баъзе аз сокинон мегӯянд, мақомоти интизомӣ ҳатто фарзандони онҳоро аз дохили хонаву ҷойи кор ба артиш мебаранд. Дар гузашта дар бораи ҷалби афроди бемор низ чанд дафъа гузориш шуда буд. Мақомот борҳо вуҷуди чунин падидаро рад кардаанд. Хидмат дар артиш яке аз масъалаҳои доғи ҷомеаи Тоҷикистон аст. Фаъолони ҳуқуқ мегӯянд, мушкилоте ба мисли зӯргӯӣ ва камбуди ғизо бисёре аз ҷавононро аз хидмат "гурезондааст".

Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтугӯҳои дуҷонибаро бо Амрико рад кард

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфтушунидҳои дуҷонибаро бо Иёлоти Муттаҳида рад кард, гарчанде ки бекор кардани таҳримҳои зидди он имкони гуфтушунидҳои бисёрҷонибаро, аз ҷумла бо онҳое, ки дар соли 2015 созишномаи ҳастаиро имзо кардаанд, фароҳам оварад.

Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин рӯзи 3-юми сентябр дар нишасти кушодаи порлумон гуфтааст, агар гуфтушунидҳои кунунӣ ҳосили дилхоҳ надиҳад, Эрон омодааст, “рӯзҳои наздик" ӯҳдадориҳои худро дар созишномаи 2015” коҳиш диҳад.

"Ҳеҷ гуна қарор дар бораи гуфтугӯҳо бо Амрико гирифта нашудааст ва барои музокирот пешниҳодҳои бисёре ҳастанд, аммо ҷавоби мо ҳамеша манфӣ хоҳад буд," – гуфт Рӯҳонӣ.

Вай афзуд, агар Иёлоти Муттаҳида таҳримҳоро бардорад, "ҳанӯз ҳам метавонад дар нишастҳои гуфтугӯии ба ном P5+1 миёни Теҳрон ва панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Миллали Муттаҳид ширкат кунад”.

Президенти Амрико Доналд Трамп пешниҳод кардааст, ки гуфтугӯҳо бо раҳбарони Эрон дар пасманзари маъракаи "фишори ҳадди аксар" ба Теҳрон баргузор шаванд.

Мақомоти Эрон борҳо гуфтаанд, ки пеш аз ҳама гуна гуфтушунидҳо таҳримҳо бояд бардошта шаванд. Рӯҳонӣ гуфтааст, кишварҳои Аврупо пас аз баромадани Иёлоти Муттаҳида аз созишнома ва дубора бор кардани таҳримҳои зараровар, ӯҳдадориҳои худро иҷро намекунанд.

Изҳороти Рӯҳонӣ пас аз он садо медиҳад, ки дипломатҳои эронӣ дар Фаронса баҳри наҷот додани созишнома лаҳзаҳои охири гуфтугӯҳоро мегузаронанд.

Боздошти падар баъди таваллуд кардани духтари 14-солааш

Дар деҳаи Жани-Пахтаи вилояти Чуйи Қирғизистон рӯзи 29-уми август як духтари 14-сола таваллуд кард.

Падари 53-солаи духтар бо гумони таҷовузи фарзандаш боздошт шудааст. Мақомоти умури дохилии он кишвар бо моддаи "таҷовуз" парванда боз кардаанд.

"Ҳоло кӯдакро ба оилаи дигар доданд. Баъди анҷоми тафтишот ба рафтори волидон ва табибон баҳои ҳуқуқӣ дода хоҳад шуд", - гуфт Нургул Нусупова, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Чуй.

Ба иттилои мақомот, духтари 14-сола фарзанди калонии хонавода аст. Айни ҳол вай дар маркази ҳифзи кӯдакон аст ва кумаки равонӣ дарёфт мекунад.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Қирғизистон борҳо изҳор доштанд, ки ҳомилашавии ноболиғон натиҷаи таҷовуз аст ва ҷинояткорон бештари вақт муҷозот намешаванд.

Додгоҳи Қазоқистон ҷаримаи се фаъоли боздоштшударо бекор кард

Додгоҳи байниноҳиявии шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи 2-юми сентбяр ҷаримаи се фаъолеро бекор кард, ки дар рӯзи интихоботи президентии он кишвар боздошт ва ба "ширкат дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ" айбдор шуданд.

Ба ин тартиб, додгоҳ дархости фаъолонро қонеъ кард.

Алия Избасарова, Айгерим Муҳаммадҷонова ва Жанбота Алжанова шоми 9-уми июн боздошт шуда буданд. Додгоҳ ҳар кадоми онҳоро наздики 130-долларӣ ҷарима карда буд. Фаъолон ба зинаи болоии додгоҳ шикоят бурда, гуфтанд, ки дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ ширкат накардаанд.

Баъди баргузории интихобот ин фаъолон муттаҳид шуда, гуруҳи "Қаҳрамон"-ро таъсис додан ва ба ҳифзи ҳуқуқи дигарон машғул шуданд.

Ба иттилои расмӣ, аз 9 то 12-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Алмато ва Нурсултон наздики 4 ҳазор кас боздошт шудааст. Садҳо боздоштшуда то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ шуданд. Ширкатдорони гирдиҳамоиҳои беиҷоза аз интихоботи қабл аз муҳлати президентӣ, ки 9-уми июн баргузор шуд, изҳори норизоӣ карданд.

Видоъ бо Валерия Порохова, тарҷумони маъруфи Қуръон фардо барпо мешавад

Маросими видоъ бо Валерия (Имон) Порохова, як тарҷумони маъруфи Қуръон ба забони русӣ, рӯзи 4-уми сентябр дар масҷиди марказии Русия воқеъ дар хиёбони "Проспект мира"-и шаҳри Маскав баргузор мешавад. Порохова рӯзи 2-юми сентябр дар Маскав дар 79-солагӣ даргузашт. Ӯро ҳамчун тарҷумони маъруф ва фаъоли ҳуқуқи мусалмонон дар Русия мешинохтанд. Донишмандони улуми Ислом ба тарҷумаҳои Порохова ба забони русӣ баҳои баланд дода, нусхаҳои кори ӯ, аз ҷумла дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо нашр шудааст.

Порохова соли 1975 бо як марди суриягӣ издивоҷ карда, дар Димишқ зиндагӣ ихтиёр кард. Соли 1981 дини Исломро қабул кард ва исми дуюми худро ба Имон тағйир дод. Дар Сурия ӯ ба тарҷумаи матни Қуръон пардохт ва соли 1991 ин кори худро ба анҷом расонид. Нусхаи тарҷумашудаи Қуръони Порохова 12 дафъа бознашр шудааст.

Додгоҳ масҷиди бунёдкардаи Отамбоевро ба ҳабс гирифт

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек масҷиди шаҳраки 7-уми шаҳрро ба ҳабс гирифт. Тафтишот таҳқиқ мекунад, ки президенти пешин Алмосбек Отамбоев маблағи сохтмони масҷиди мазкурро аз куҷо пайдо кардааст. Дар ин бора маркази матбуотии Додситонии кулли Қирғизистон хабар дод.

Қитъаи замини иборат аз як га ва масҷиди мазкур ба номи "Ширкати илмиву истеҳсолии Форум" сабт шудааст, ки ба президенти пешин Алмосбек Отамбоев марбут аст.

Масҷиди шаҳраки 7-ум - "7-апрел шейиттери" - моҳи апрели соли ҷорӣ кушода шуда буд. Алмосбек Отамбоев дар маросими кушоиши он ширкат дошт. Вай гуфт, дар сохтмони масҷид "дӯстонаш" кумак кардаанд. Дар соли 2016, замоне ки Отамбоев ҳанӯз президент буд, гуфт, дар қитъаи замини мутааллиқ ба раиси ҷумҳур масҷиде ба хотири гиромидошти қурбониёни ҳаводиси апрели соли 2010 сохта мешавад.

Алмосбек Отамбоев 8-уми август дар зодгоҳаш - деҳаи Кой-Тош боздошт ва то 26-уми август ба ҳабс гирифта шуд. Вале додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек муҳлати ҳабси вайро то ба 26-уми октябр дароз кард.

Додситонии кулли Қирғизистон Отамбоевро дар чандин ҷинояти сангин, аз ҷумла дар робита ба ҳаводиси Кой-Тош, ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев, фасодкорӣ ва ғайра айбдор кард. Ба гуфтаи Слесарев, дар маҷмуъ нисбати Отамбоев 14 айб эълом шудааст.

Дар Узбекистон хушдоман келину набераи 2-солаашро куштааст

Сокини ноҳияи Ғузори Узбекистон бо гумони куштори бераҳмонаи келин ва набераи 2-солааш боздошт шудааст. Ҷасадҳои пур аз захми корд рӯзи 28-уми август пайдо шуда, гумонбарро низ худи он рӯз дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи ду манбаъ дар Ғузор, сокини 50-солаи деҳаи "Янгикент" А. А. келини 26-сола -- Р. Э. ва набераашро 28-уми август куштааст ва ҷасади онҳоро дар болопӯше печонда дар хонаи хобашон гузоштааст.

Наздикони қурбониён гуфтанд, хушдоман дар пайи як низоъ келинашро ба қатл расондааст. Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, ин келин зани писари шавҳараш буд ва доим бо ҳам баҳсу ҷанҷол мекарданд.

"Шавҳари келин дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошта, гумонбар модарандари ӯ аст. Зан шаби 28-уми август тахминан соатҳои 2-3 ба хонаи келинаш даромада, ӯ ва кӯдакашро чанд корд мезанад. Мегӯянд, дар бадани келин ҷои бидуни захми корд набуд", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Яке аз наздикони хонаводаи мазкур мегӯяд, зан пас аз куштор ба раиси маҳалла муроҷиат карда, гуфтааст, ки ҷасади келину набераашро пайдо кардааст. "Ба раиси маҳалла гуфтааст, ки келину наберааш то нисфирӯзӣ аз хона набаромаданд ва вақте ӯ ба ҳуҷраашон даромад, ҷасади беҷони онҳоро пайдо кард", - изҳор дошт манбаъ.

Як манбаъ дар додситонии Ғузор гуфт, гумонбар дар рафти бозпурсӣ иқрор кардааст, ки келину набераашро вай куштааст.

Ҳизби ҳокими Гурҷистон вазири дохилиро ба мақоми нахуствазирӣ пешбарӣ кард

Гахариа аз чап ва Бахтадзе аз рост

Ҳизби ҳокими “Умеди Гурҷистон” вазири умури дохилӣ Гиорги Гахариаро ба унвони номзад ба мақоми нахуствазири нави ин кишвар пешбарӣ кард. Соҳибкори миллиардер Бидзина Иванишвилӣ, ки раиси ҳизб мебошад, рӯзи 3 сентябр дар поёни ҷаласаи яксоатаи шӯрои сиёсӣ аризаи ҳизбро дар бораи пуштибонӣ аз номзадии Гахариа ироа кард. Мамука Бахтадзе рӯзи 2 сентябр расман эълон кард, ки аз мақоми нахуствазирӣ канор меравад. Бахтадзе, ки дар ин мақом як сол кор кард, гуфт, ки вазифаҳои ба дӯши ӯ гузошташударо ҳал кард ва акнун аз мақомаш канор меравад.

Покистон ба консули Ҳинд иҷоза дод, ки бо "ҷосус" мулоқот кунад

Кулбҳушан Ҷадҳав

Покистон ба собиқ афсари нирӯҳои дарёии Ҳинд, ки ҳодисаи дар ҷосусӣ маҳкум шуданаш боиси як моҷарои калони дипломатӣ миёни ду ҳамсояи ҳастаӣ гардид, иҷоза дод, ки бо консули кишвараш мулоқот кунад. Вазорати хориҷаи Покистон гуфт, рӯзи 2 сентябр ба як дипломати ҳиндӣ иҷоза дод, ки дар Исломобод бо Кулбҳушан Ҷадҳав дар зиндон мулоқот кунад. Амри ташкили чунин мулоқотро моҳи июл Додгоҳи адолати байналмилӣ содир кард.

Додгоҳи байналмилалӣ дар ҳукми худ гуфт, ки бар асоси Эъломияи Вена оид ба равобити консулӣ Покистон бо тасмимаш оиди роҳ надодани консули Ҳинд ба зиндон ваё ширкати дипломатҳо дар додгоҳ ҳуқуқи Ҷадҳавро нақз кардааст. Сухангӯи вазорати хориҷаи Ҳинд гуфт, ки “ба назар расид, ки Ҷадҳав зери фишори зиёд маҷбур буд, ки шарҳи дурӯғини иддаоҳои ғайривоқеии Покистонро тасдиқ кунад”.

мошини дипломати ҳиндӣ вазорати хориҷаи Покистонро тарк мекунад
мошини дипломати ҳиндӣ вазорати хориҷаи Покистонро тарк мекунад


Ҷадҳав соли 2016 дар минтақаи ҷанубуғарби Балуҷистон, ки давоми даҳсолаҳо макони низоъҳои тӯлонии байни ҷудоиталабон ва нирӯҳои амниятӣ мебошад, ҳабс шуд. Ӯро бо иттиҳоми банақшагирии ҷосусӣ ва харобкорӣ ба марг маҳкум карданд. Деҳлӣ иттиҳомоти зидди шаҳрванди Ҳиндро рад карда гуфт, ки Ҷадҳав дар нирӯҳои баҳрии Ҳинд хидмат намекард ва ҳеҷ гоҳ ҷосус ҳам набуд. Ҳафтаҳои охир шиддати муносибот миёни ду кишвар боло гирифтааст.

Полиси Русия се ширкатдори эътирозҳои 31 августро боздошт кард

Мақомоти ҳифзи қонун дар Русия се фаъоли мухолифонро боздошт карданд, ки аз ин пештар дар намоишҳои эътирозии Маскав иштирок карданд. Ба иттилои матбуот ва ҳам изҳороти фаъолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзи 2 сентябр Любов Собол, вакили Алексей Навалний, як мунаққиди Кремлин ба идораи полисе дар канори Маскав бурда шуд. Собол боздошту ҳабси эътирозгарони намоиши ғайримуҷози аз ин пешро интиқод карда, мақомоти шаҳри Маскавро дар ин бетартибиҳо гунаҳгор карда буд. Бо вуҷуди он ки мақомот ба раҳпаймоӣ иҷоза надоданд, рӯзи 31 август ҳазорҳо сокини Русия дар кӯчаҳои марказӣ бо шиори “зидди фишорҳои сиёсӣ” ва бо талаби баргузории интихоботи озоду одилона маҳаллӣ дар рӯзи 8 сентябр гирдиҳамоӣ барпо карданд. Дар миёни боздоштшудаҳо инчунин узви як маҷлиси маҳаллӣ ва журналисти “Новая газета” Иля Азар низ мебошад.

Дар таркиши "Шоми Қалъа" дар Ҳисор 10 нафар маҷруҳ шуд

Бар асари таркиши баллони гази моеъ дар тарабхонаи "Шоми Қалъа" дар шаҳри Ҳисор даҳ нафар захмӣ шудаанд. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 3-юми сентябр гуфтанд, ҳодиса ду рӯз пеш "дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ" рух додааст. Ба иттилои расмӣ, ҳамаи маҷруҳон "коргарони тарабхона буда, дар шифохона бистарӣ шудаанд". Вазъи саломати онҳо "мӯътадил" гуфта мешавад. Таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Гузориши видеоии хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса дертар дар сомона нашр мешавад.

Эътирози сокинони Жанаозен ба бунёди корхонаҳои чинӣ дар Қазоқистон

Ҳудуди 100 сокини шаҳри Жанаозени вилояти Мангистау 2-юми сентябр дар назди бинои шаҳрдорӣ ҷамъ шуда, норозигии худро ба созишномаи байниҳукуматии Қазоқистону Чин дар бораи бунёди 55 коргоҳи саноатӣ баён карданд.

Ҷамъшудаҳо аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев талаб карданд, ки сафари худро дар рӯзҳои 12 ва 13-уми сентябр ба Чин бекор кунад. Онҳо ҳамчунин аз шаҳрдории Жанаозен хостанд, сабаби қарз гирифтан аз Чинро шарҳ диҳад.

Ба назди эътирозгарон муовини шаҳрдори Жанаозен Амонгалӣ Нурдаулетов баромада, талош кард, сокинонро ором созад. Вале ҷамъшудаҳо мулоқот бо раиси вилояти Мангистауро талаб карданд.

Ба гуфтаи тазоҳургарон, дар ниҳоят тасмим гирифта шуд, ки раиси вилояти Мангистау барои мулоқот бо сокинон ба Жанаозен хоҳад рафт. Дар натиҷа сокинон пароканда шуданд.

Рӯзи 18-уми августи соли равон сокини шаҳри Нурсултон Аскар Кайирбек низ бо шиори "55 корхона ба Чин баргардонида шавад!" тазоҳуроти инфиродӣ баргузор кард.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев моҳи апрели соли 2019 дар суҳбат бо расонаҳои чинӣ гуфт, аз 55 тарҳи муштараки бузург, иҷрои 15 тоашон оғоз шуда, 10 тои онҳо имсол ба истифода дода мешаванд.

Чин чаҳорумин сармоягузор ва севумин қарздиҳандаи бузурги Қазоқистон аст. Қазоқистон дар навбати худ барои Чин манбаи ашёи хом, бозори фурӯши маҳсулот ва минтақаи транзитӣ мебошад. Пекин имсол ба Нурсултон 2 миллиарду 62 миллион юан додааст. Қазоқистон дар ҳоли ҳозир аз Чин беш аз 12 миллиард доллар қарздор аст.

Қирғизистон кушодашавии роҳи Сӯх-Риштонро рад кард (видео)

Роҳи мошингарди Сӯх-Риштон, ки ҷазирақаламрави Сӯхро бо Ӯзбекистон мепайвандад, ҳанӯз кушода нашудааст. Дар ин бора ноиб-сарвазири Қирғизистон Жениш Разоқов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, барори кушодани роҳ нахуст бояд чанд масъала ҳал шавад. "Аввалан, бояд масоили марбут ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё танзим шаванд. Дар доираи иттиҳод, Қирғизистон дар робита ба амнияти бойториву фитосанитарӣ чанд уҳдадорӣ дорад. То ин масоил ҳал нашаванд, мо наметавонем роҳро боз кунем", - гуфт Жениш Разоқов.

Пештар аз ин хабар расид, ки роҳи мошингарди Сӯх-Риштон баъди шаш соли баста буданд, дубора боз шудааст.

Роҳи Сӯх - Риштон кушода шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:47 0:00

Ин роҳи мошингард дар натиҷаи задухӯрде баста шуд, ки 5-6 январи соли 2013 миёни сокинони анклав ва марзбонони Қирғизистон рух дода буд.

Роҳи мазкур, ки 70 километр дарозӣ дорад, тақрибан пурра аз ҳудуди Қирғизистон гузашта, ду ноҳияи вилояти Фарғонаро ба ҳам мепайвандад.

Сокинони Сӯх давоми шаш соли ахир маҷбур буданд, ба маркази Фарғона аз роҳи дигаре равуо кунанд, ки 130 километр дарозӣ дорад.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев соли гузашта дар мулоқоти ҳайатҳои расмии Тошканду Бишкек ваъда дод, ки марзҳои ҳар ду кишвар барои сокинон боз хоҳад шуд.

Дар ИМА ба далели хатари тӯфони "Дориан" беш аз як миллион сокинро мекӯчонанд

Дар ИМА ба далели наздикшавии тӯфони "Дориан" бештар аз як миллион сокини иёлоти назди соҳили уқёнуси Атлантика: Флорида, Каролинаи Ҷанубӣ ва Ҷорҷиро ба ҷои амн мекӯчонанд.

Шаби гузашта тӯфон ба ҷазираҳои Баҳама расид. Расонаҳои маҳаллӣ аз қурбонии нахустин - як бачаи 7-сола хабар доданд. Чанд каси дигар беному нишон шудааст. Ба иттилои маркази наҷотдиҳандагони ризокор, ҷазираҳои мазкур "зиёни фоҷиабор" дидаанд. Айни ҳол тӯфон ба самти Флорида ҳаракат дорад.

"Дориан" ба категорияи панҷум, хатарноктарин категория расидааст. Суръати шамол ба 200 км/соат мерасад. Ба иттилои Ҳилоли Аҳмар ва Салиби Сурх, бештар аз 13 ҳазор манзил қисман ва комилан хароб шудааст. Дар Флорида, Ҷорҷия, Каролинаи Ҷанубиву Шимолӣ ҳолати изтирорӣ эълом шуд.

Доналд Трамп, президенти ИМА ба далели наздикшавии тӯфон сафараш ба Лаҳистонро лағв кард. Трамп барои иштирок дар маросими 80-солагии шуруи Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ даъват шуда буд. Майк Пенс, ноиб-президенти ИМА ӯро дар ин сафар иваз кард.

Узбекистон дар Қазоқистон як консулгарии дигар боз кард

Консулгарии кулли Узбекистон дар шаҳри Актауи Қазоқистон рӯзи 31-уми август боз шуд.

Саидикром Ниёзхоҷаев, сафири Узбекистон дар Қазоқистон гуфт, ки консулгарии Актау яке аз муҳимтарин намояндагиҳои дипломатии Тошканд хоҳад буд.

"Актау дарвозаи баҳрии Қазоқистон ба ҳисоб меравад. Интиқоли мол тавассути баҳр аз ҳамин шаҳр мегузарад ва ин масири наздикест барои молҳои Узбекистон, ки тавассути Қазоқистон метавон, ба кишварҳои дигар интиқол дод", - афзуд сафир.

Дар солҳои охир Узбекистон дар чанд шаҳри Русия консулгарӣ таъсис дод. Аз ҷумла дар шаҳрҳои Новосибирск, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Владивосток, Ростов-на-Дону ва Қазон консулгариҳои Узбекистон кушода шуд.

Толибон масъулияти бомбгузорӣ дар Кобулро ба уҳда гирифтанд

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон

Гуруҳи Толибон, ки ба созиши сулҳ ва хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон мувофиқат кардааст, масъулияти бомбгузориеро бар дӯш гирифт, ки дар Кобул 6 нафарро кушт ва даҳҳо тани дигарро маҷруҳ кард.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, таркиш рӯзи 2-юми сентябр дар наздикии як бинои бузурги Кобул ба вуқуъ пайваст, ки дар онҷо созмонҳои хориҷӣ ва муассисаҳои имдодӣ ҷой гирифтаанд.

Дар натиҷаи бомбгузорӣ 119 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамла дар замоне ба вуқӯъ пайваст, ки Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико дар Кобул бо мақомоти Афғонистон тарҳи созиши сулҳ бо Толибонро баррасӣ мекард.

Дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки Толибон “дар усул” розӣ шудаанд, ки иҷоза намедиҳанд, ки ҳар минтақаеро, ки онҳо дар Афғонистон зери назорат хоҳанд, дошт, террористон барои тарҳрезии ҳамлаҳо ба зидди Амрикову ва муттаҳидонаш истифода баранд. Залмай Халилзод ҳамчунин гуфт, ки Амрико ва музокиракунандагони Толибон мувофиқат кардаанд, ки теъдоди сарбозони кишварҳои ғарбиро ба тадриҷ дар Афғонистон коҳиш дода ва “берун баранд.”

Ба қавли Залмай Халилзод, ин кор бо назардошти авзоъ дар маҳалл сурат мегирад. Айни замон ба гуфтаи Залмай Халилзод, созише, ки баъди нӯҳ даври музокирот бо Толибон дар Қатар ҳосил шуд, бе ризоияти раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп ниҳоӣ намешавад.

Духтари калонии Назарбоев дубора раиси сенат интихоб шуд

Дариға Назарбоева, духтари калонии президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дубораи раиси сенат -- палатаи болоии порлумони ин кишвар интихоб шуд.

Бино ба гузориши хабаргузориҳои расмӣ, номзадии Назарбоеваро, ки аз сӯи президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев пешниҳод шуда буд, бештари вакилони порлумон ҷонибдорӣ карданд.

Назарбоева сенати Қазоқистонро дар иҷлосияи гузашта раҳбарӣ мекард ва Тоқаев 12-уми август ӯро дубора вакили палатаи болоии порлумони ин кишвар интихоб кард. Ҳамин тариқ муҳлати мандати вакилии Назарбоева, ки соли 2016 дар давраи президенти падараш интихоб шуда буд, барои се соли дигар, то поёни ваколати вакилияш "дароз" карда шуд.

Дариға Назарбоеваи 56-сола моҳи сентябри соли 2016 бо фармони падараш вакили палатаи болоии порлумон -- сенати Қазоқистон таъйин шуд. То ин дам ӯ тайи чанд сол муовини сарвазир буд. Дар сенат кумитаи умури муносибатҳои байналхалқӣ, дифоъ ва амниятро раҳбарӣ мекард. Вай бо як қатор мукофотҳои давлатӣ низ қадрдонӣ шудааст.

Назарбоева моҳи марти соли равон, пас аз истеъфои падараш ва президенти муваққати Қазоқистон эълом шудани Тоқаев (раиси вақти сенат) раиси палатаи болоии порлумони он кишвар интихоб гашт.

Кони тиллои "Қумтор"-и Қирғизистон 16 ҳазор ҳектар васеъ мешавад

Ҳукумати Қирғизистон дар пайи имзои як созишномаи нав бо ширкати "Centerra Gold Inc." дубора иҷозат дод, ки дар 16 ҳазор ҳектар замини мамнуъгоҳи Саричат-Эрташи ин кишвар истихроҷи тилло ба роҳ монда шавад.

Ин хабарро мудири иҷроияи ширкати "Қирғизолтин" Алмос Олимбеков тасдиқ кард. Қирғизистон ҳанӯз дар соли 2009 бар ивази як қисми саҳмияҳои "Сентерра Голд Инк." ба "Қумтор" заминҳоеро дода буд, ки дар он ҳайвонҳои нодири шомили китоби сурх зиндагӣ мекарданд.

Вале соли 2012 дар натиҷаи фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни муҳити зист маҷбур шуд, ин қарори худро бекор кунад.

Бар асоси Созишномаи нави ба гуфтаи ҳукуматдорони қирғиз, "стратегӣ", қарори девони вазирони Қирғизистон аз соли 2012 бекор шуда, созишномаи соли 2009 ба иҷро хоҳад даромад. Ба гуфтаи Олимбеков, гӯиё ҳукумати Қирғизистон он уҳдадориҳоеро иҷро дорад, ки даҳ сол пеш бар зимма гирифта буд.

"Дар асоси созишномаи соли 2009 барои "Қумтор" бояд 26 ҳазор ҳектар замини иловагӣ аз ҳисоби мамнуъгоҳ ҷудо карда мешуд. Вале ҳукумат соли 2012 бо судури як қарор онро то ба 10 ҳазор ҳектар кам кард. Ҳоло мо уҳдадориҳои худ дар доираи созишномаи соли 2009-ро иҷро карда, 16 ҳазор ҳектар заминро баргардондем. Бар ивази ин заминҳо саҳмияи мо дар ширкат аз 15 то ба 33 дарсад афзоиш дода шуд", - афзуд ӯ.

Кони "Қумтор" калонтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки аз сӯи ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мешавад. Қирғизистон 26 дарсади саҳмияи ширкатро дар ихтиёр дошт.

“Ворисони Куруши Кабир” - гимназияи нави ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон гимназияи ҳарбии “Ворисони Куруши Кабир” таъсис ёфт. Ин гимназия барои нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон афсарони ояндаро омода мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи ҳарбии қўшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Ворисони Куруши Кабир"-ро таъсис додааст.

Қарори таъсиси ин гимназия рӯзи 2-уми сентябр дар махзани ягонаи ҳуқуқии Вазорати адлия ба нашр расид.

Дар ин қарор, ки зери он Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Ҳукумати Тоҷикистон имзо гузоштааст, ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ супориш дода мешавад, ки дар муддати ду моҳ оинномаи ин гимназияро тасдиқ намуда масълаи ташкили онро якҷо бо Вазорати маориф ва илм ҳал кунад.

Бинои ин гимназия дар шаҳри Душанбе бунёд шудааст ва президент Эмомалӣ Раҳмон дар поёни моҳи май аз он дидан карда буд.

Дар ин гимназия ҳар сол то 100 нафар хонандагон баъди хатми синфи 9-ум ва аксаран нафарони нимаятим ва ятимони кулл қабул карда мешаванд. Ба гуфтаи мақомот, пас аз хатм хонадагони аълохони ин гимназия барои таҳсил дар мактабҳои оили ҳарбии Чин, Русия Озарбойҷон таҳсилро идома хоҳанд дод.

Куруши Кабир яке аз шоҳони Эрони қадим аз сулолаи Ҳахоманишиҳо, ки бо чандин корномаҳояш машҳур аст.

Ӯро муаллифи аввалин эъломияи ҳуқуқи башар медонанд ки озодии эътиқод ва динро эътироф карда буд. Куруш дар қарни IV-III пеш аз милод зиндагӣ кардааст.

Бо маблағи Иттиҳоди Аврупо соҳилҳои Ҳафткӯлро тоза мекунанд

Бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо соҳилҳои Ҳафткӯл, яке аз минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистонро аз партов тоза мекунанд.

Дар иттилоияи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ки тозакунии соҳилҳои Ҳафткӯл дар доираи лоиҳаи “Тақвият бахшидани идоракунӣ ва ҳифзи манбаъҳои обӣ ва табии болооби ҳавзаи дарёи Зарафшон” сурат мегирад.

Манбаъ афзуд, муттаассифона гирду атрофи Ҳафткӯл аз бепарвоии меҳмонон зарар дида истодааст, чун меҳмонон партовҳои дар натиҷаи истироҳат ба вуҷуд омадаашонро ба ҷои он ки бо худ ба шаҳр баранд, ба соҳилҳои кӯл мепартоянд.

“Бинобар ин, дар доираи лоиҳаи дар боло зикршуда, ташкилоти Чезвӣ дар ҳамкорӣ бо деҳаҳои Рашнаи поён ва Сари сангпул, партовгоҳҳои хурдро, ки аз се қисм иборат аст, сохта ба истифода доданд,”-омадааст дар иттилоияи намояндагии Иттиҳоди Аврупо.

Ҳафткӯл дар шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, яке аз минтақаҳои маъруф дар миёни сайёҳон мебошад.

Додгоҳ нахост ҳамсарони русро аз ҳақи падару модарӣ маҳрум кунад

Ҳамсарон Петр ва Елена Хомскийҳо

Додраси ноҳияи Никулинскии шаҳри Маскав гуфт, ки ҳамсарон Петр ва Елена Хомскийро барои ширкаташон дар маъракаи пуштибонӣ аз номзадҳои мустақили думаи Маскав аз ҳақи падару модарӣ маҳрум намекунад. «Медиазона» хабар дод, ки волидон ҳушдор дода шуданд, ки «рафторашонро тағйир диҳанд».

Рӯзи душанбе ду додгоҳи ҷудогона талаби додситонӣ оиди аз ҳақи падару модарӣ маҳрум кардани ҳамсарон Проказови ва Хомскийҳоро пушти дарҳои баста баррасӣ кард. Ин парвандаҳо бар асоси моддаи «дар ҳолати хатарнок гузоштан» ва «сарфи назар шудани масъулиятҳои падару модарӣ дар тарбияи ноболиғон» таҳқиқ шудааст. Рӯзи 26 август маълум шуд, ки додситонҳо мехоҳад Петр ва Елена Хомскийҳоро барои ширкаташон дар намоиши эътирозӣ аз ҳақи падару модарӣ маҳрум кунанд. Дар додситонӣ гуфтанд, ки волидон иҷоза доданд, ки «духтарони хурдсолашон дар наздикии издиҳоми хашини эътирозгарон ва ҳам кормандони ҳифзи ҳуқуқи мусаллаҳ бо васоили вижа қарор дошта бошанд». Дар додситонӣ гуфтанд, ки волидон кӯдаконро ба хотири боздошт нашудан истифода карданд.

Қабл аз ин айни чунин шикоятро додситонҳо дар Маскав нисбати оилаи Проказовҳо ҳам анҷом доданд. Додситонӣ мегӯяд, ки дар маъракаи эътирозии 27 июл Дмитрий ва Олга Проказови кӯдаки яксолаашонро ба марди муттаҳам дар бетартибиҳои оммавӣ Сергей Фомин доданд, то ки ӯ аз тавонад аз дохили издиҳом берун шуда, боздошт нашавад. Исми Проказови дар парванда ба унвони шоҳид навишта шудааст. Проказов аз ин пеш гуфт, ки кӯдакро барои нигоҳубини муваққатӣ ба як хеши ҳамсараш бовар карда буд.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон Анна Кузнетсова аз додситонӣ дархост карда буд, ки аризаашонро барои боз шудани парванда бозхонад. Ҳоло дурустии дархости додситониро дар робита бо маҳрум кардани Проказовҳо аз ҳақи падару модарӣ додситонии кулли Русия тафтиш мекунад. Дар Маскав рӯзҳои 27 июл ва 3 август эътироз аз ширкати номзадҳои мустақил дар интихоботи думаи шаҳри Маскав баргузор шуд. Дар ҳарду ҳолат ҳам беш аз ҳазор нафар ширкатдорон боздошт шуданд, полис ва ходимони Росгвардия аз нирӯ истифода бурданд.

Нахуствазири Гурҷистон аз мақомаш канор рафт

Мамука Бахтадзе

Нахуствазири Гурҷистон Мамука Бахтадзе рӯзи 2 сентябр тавассути саҳифаи Фейсбукаш хабар дод, ки аз мақом канор меравад. Бахтадзе гуфт, ки сабабҳои аз мақом рафтанашро “каме дертар” шарҳ медиҳад ва афзуд, ки исми шахси ҷойгузини ӯ давоми як рӯзи наздик эълон мешавад.

Ӯ, аз ҷумла, навишт: “Ҳадаф ва салоҳиати муҳими номзадии ман дар мақоми нахуствазири Гурҷистон дар соли 2018 аз эҷод ва иҷрои чаҳорчӯби стратегияи рушд барои кишвар иборат буд, то ки тавонад дар солҳои наздик моро барои дастёбӣ ба ҳадафҳоямон наздик кунад ва ба як раҳнамои рушди кишвар табдил шавад”. Бахтадзе 37 сол дорад ва то расидан ба мақоми нахуствазирӣ дар соли 2018 ба унвони як раҳбари корхонаи тиҷоратӣ ва вазири молияи кишвар кор кардааст. Моҳи июни соли гузашта номзадии ӯро ба ин мақом ба хотири анҷоми ислоҳоти либералӣ ва идомаи ҳаракати кишвар ба самти Аврупо ва узвият дар НАТО пуштибонӣ карданд. Ҷумҳурии собиқи шӯравии Гурҷистон талош дорад бо кишварҳои ғарбӣ равобити наздик барпо кунад, вале ин талошҳояш Маскавро асабонӣ мекунад. Дар паи ҷанги кӯтоҳмуддати соли 2008 минтақаҳои Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ истиқлолияти худро аз Гурҷистон эълон карданд.

Қирғизистон роҳи Сӯхи Узбекистонро пас аз 6 сол дубора боз кард

Ягона роҳи мошингарде, ки анклави Сӯхро бо Узбекистон мепайваст, пас аз шаш сол, 31-уми августи соли равон дубора боз шуд. Ин роҳи мошингард дар натиҷаи задухӯрде баста шуд, ки 5-6 январи соли 2013 миёни сокинони анклав ва марзбонони Қирғизистон рух дода буд.

Роҳи мазкур, ки 70 километр дарозӣ дорад, тақрибан пурра аз ҳудуди Қирғизистон гузашта, ду ноҳияи вилояти Фарғонаро ба ҳам мепайвандад.

Сокинони Сӯх давоми шаш соли ахир маҷбур буданд, ба маркази Фарғона аз роҳи дигаре равуо кунанд, ки 130 километр дарозӣ дорад.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев соли гузашта дар мулоқоти ҳайатҳои расмии Тошканду Бишкек ваъда дод, ки марзҳои ҳар ду кишвар барои сокинон боз хоҳад шуд.

Тоқаев: аз ҳамагуна амалҳои зиддиконститутсионӣ пешгирӣ хоҳад шуд

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев имрӯз, 2-юми сентябр дар паёмаш ба мардуми ин кишвар гуфт, мақомоти маҳаллӣ бояд барои эътирозҳои осоишта иҷозат диҳанд ва макони баргузории онҳоро набояд дар "канори шаҳр" интихоб кунанд.

"Агар ҳамоишҳои осоиштаи эътирозӣ поймолшавии қонун ва ба ҳам задани оромии сокинонро дар пай надошта бошанд, бояд онҳоро дар доираи қонун иҷозат дод ва барои баргузорияшон макони махсусро ҳам интихоб кард", - изҳор дошт президенти Қазоқистон.

Вале ӯ таъкид кард, ки аз ҳама гуна амалҳои зиддиконститутсионӣ ва иқдомҳои авбошона дар доираи қонун пешгирӣ мешавад.

Дар Қазоқистон қонуне мавҷуд аст, ки сокинонро вазифадор мекунад, то барои баргузории ҷамъомад аз мақомоти маҳаллӣ иҷозат бигиранд. Мақомоти маҳаллӣ дархостро баррасӣ карда, ҳамеша макони баргузории ҳамоишҳоро дар канори шаҳру ноҳияҳо интихоб мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои байналмилалӣ ин қонуни Қазоқистонро танқид мекунанд, ки ба меъёрҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ нест.

Фаъолони мадании қазоқ мегӯянд, мақомот дар бештари ҳолатҳо барои баргузории ҳамоишҳои осоиштаи эътирозӣ иҷозат намедиҳанд ва иштирокчиёни ҳамоишҳои беиҷозат аз тарафи пулис боздошт ва ҷарима карда мешаванд.

Ҳушдори Эрон оид ба коҳиши ӯҳдадориҳои ҳастаиаш баъди 6 сентябр

Алӣ Робеӣ

Эрон ҳушдор дод, ки Аврупо бояд қабл аз зарбулаҷали 6 сентябр мӯҳлатҳои навро пешниҳод кунад, вагарна Теҳрон аз шарту шурути созиши ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон, ки соли 2015 имзо шудааст, шадидан канор меравад.

Зимни суханронӣ дар остонаи мулоқоти вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф бо раҳбари сиёсати хориҷии Русия Сергей Лавров дар Маскав, оҷонсии ИРНО дар нақли қавл аз сухангӯи ҳукумати Эрон Алӣ Робеӣ гуфт, ки “мавзеъгириҳо дар бисёр масоил ба ҳам наздик шудааст ва ҳоло қарор аст ба хотири иҷрои ӯҳдадориҳои аврупоиҳо (дар робита бо созиши ҳастаӣ) баррасиҳои фаннӣ ба роҳ монда шавад”.

Ӯ афзуд, дар ҳоле, ки баъди гуфтугӯҳои телефонии президентони Эрону Фаронса – Ҳасани Рӯҳонӣ ва Эммануэл Макрон - мавқеи ин ду кишвар ба ҳам наздик шудааст, агар аврупоиҳо мӯҳлати навро пеш аз фарорасии 6 сентябр пешниҳод накунанд, Теҳрон аз ин созиш ҷиддан канор меравад. Эрон гуфтааст, ки баъди 6 сентябр, дар сурати набуди вокуниш аз аврупоиҳо, масъулиятҳояш дар баробари иҷрои созиши ҳастаӣ кам мекунад.

Ҷавод Зариф, ки дар садри ҳайате аз аъзои ҳукумат ва мақомоти узви комиссиюни иқтисодии Эрону Русия ба Маскав рафтааст, гуфт, ки бо вазири хориҷаи Русия дар баробари масоили зиёди мавриди ҳамкорӣ, инчунин вазъ дар Афғонистону Сурия ва ҳам охирин таҳаввулоти атрофи барномаи ҳастаиро баррасӣ хоҳад кард.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Манъи парвариши чорво дар гӯшаҳои нави пойтахти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
XS
SM
MD
LG