Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Раҳоии "гумонбари асосӣ" дар сарнагунии ҳавопаймои Малайзия

Владимир Семах

Додгоҳе дар шаҳри Киев Владимир Семах, гумонбар ба сарнагунии ҳавопаймои Малайзияро озод кард, зеро президенти Русия Владимир Путин гуфтааст, доду гирифти зиндониён бо Украина дар остонаи поёнёбист.

Додгоҳи аппелятсионии Киев ин қарорро рӯзи 5-уми сентябр баровард ва гуфт, Семах бояд дарҳол, пас аз ваъдаи берун нарафтан аз кишвар, озод карда шавад.

Аз рӯи гузоришҳо, шаҳрванди Украина Владимир Семах дар миёни ҷудоиталабони Русия, дар шаҳре, ки ҳавопаймо сарнагун карда шуда буд, як воҳиди дифои ҳавоиро назорат мекард.

Пажуҳиши байналмилалии таҳти раҳбарии Ҳолланд, аллакай ба хулосае омадааст, ки ҳавопаймои тиҷоратӣ бо мушаки “Бук”-и Русия зада шудааст ва дар қаламрави ҷудоихоҳони тарафдори Маскав ҷойгир шудааст.

Ин қарор пас аз гуфтушунидҳо миёни Маскаву Киев дар бораи доду гирифти маҳбусон қабул мешавад, ки аз рӯи хабарҳои тасдиқнашуда Семахро низ дар бар мегирад.

Рӯзи 5-уми сентябр дар шаҳри шарқии Владивосток Путин гуфт, созишнома дар бораи доду гирифти зиндониён “наздик аст”.

Киев хостори бозгашти 24 маллоҳе мебошад, ки аз ҷониби Русия соли гузашта дар Қрими ҷудошуда дастгир шуданд ва инчунин коргардон Олег Сентсов ва дигарон, ки гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҳукумати Киев "зиндониёни сиёсӣ" дар Русия меноманд.

Озодкунии Семах як рӯз пас аз он фаро мерасад, ки гурӯҳи 40-нафараи аъзои Порлумони Аврупо нома навишта, аз президенти Украина Владимир Зеленский дархост кард, гумонбарро ба ягон доду гирифт ҳамроҳ накунад.

Дар нома гуфта мешавад, Семах "гумонбари асосӣ" дар сарнагунии ҳавопаймои MH17 мебошад, ки дар он 298 нафар кушта шуд. Масъулони як таҳқиқоти байналмилалии таҳти раҳбарии Ҳолланд аллакай изҳори нигаронӣ кардаанд, ки фиристодани Семах ба хоки Русия имкон нахоҳад дод, ки ӯ дар доираи парванда пурсуҷӯ карда шавад.

Парвандаи таҷовуз ба номуси духтари 15-сола дар Узбекистон

Як марди 57-солаи сокини шаҳри Ширини Узбекистон дар таҷовузи духтари ҳамсояаш гумонбар мешавад. Бародари духтари таҷовузшуда, мегӯяд, марди гумонбар бо наздиконаш "талоши бастани парвандаро доранд".

Мақомоти милиса гуфтанд, баъди ҳодиса духтар дар бемористон бистарӣ ва тафтишот шуруъ шудааст.

Шоҳидон мегӯянд, марди 57-сола ба маҳзи огаҳӣ ёфтан дар бораи ин ки духтар дар хона танҳо аст, аз болои девор вориди манзили ҳамсоя шудааст.

Вакили мудофеи ҷабрдида мегӯяд, сарфи назар аз шоҳидии ҳамсояҳо, мақомот мехоҳанд, ин парвандаро ҳамчун "авбошӣ" унвон кунанд.

Садама дар як корхонаи Қазоқистон чаҳор нафарро кушт

Дар корхонаи оҳангудозии ширкати "АрселорМиттал Темиртау" дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон рӯзи 4-уми сентябр садама рух дод, ки дар натиҷа чаҳор кас маҷруҳ шуданд.

Иттилоъ дар бораи садамаро мақомот нахостанд, сари вақт расонаӣ кунанд. Расонаҳо дар ин бора рӯзи 5-уми сентябр иттилоъ ёфтанд.

Моҳи ноябри соли гузашта дар корхонаи мазкур садамаи бузурге рух дода буд.

Корхонаи оҳангудозӣ дар Темиртау охири солҳои 1950 сохта шудааст. Баъди пошхӯрии СССР корхонаро як тоҷири ҳиндӣ харид.

Нашрияи "Ачик Саясат"-ро 300 ҳазор сом ҷарима карданд

Кожобек Риспаев

Додгоҳи шаҳрии Бишкек қарори зинаҳои поёнии додгоҳро дар бораи рӯёнидани ҷуброн дар ҳаҷми 300 ҳазор сом (бештар аз 4300 доллар) аз нашрияи "Ачик Саясат" ба нафъи вакили порлумон Кожобек Риспаевро бе тағйир боқӣ гузошт.

Нозгул Мамитов, сармуҳаррири нашрия гуфт, қарори додгоҳ дар ин бора 5-уми сентябр содир шуд. Мамитова тасмим дорад, ба зинаҳои болотари додгоҳӣ шикоят барад.

Кожобек Риспаев, вакили порлумон аз нашрия барои расонидани зарари маънавӣ ҷуброни молӣ талаб кард. Нашрия гӯё дар моҳи августи соли 2018 бо нашри матлабе ба шаъну шарафи вакили порлумон зиён расонидааст. 24-уми майи соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Октябри Бишкек даъвои вакилро қонеъ карда буд.

Дар зоишгоҳи Фарғона беморонро ба рӯйи фарш хобондаанд

Раҳбарияти таваллудхонаи ноҳияи Узбекистони вилояти Фарғона тасдиқ кард, ки ба далели афзоиши шумори беморон бархе аз онҳоро ҳамроҳи тифлонашон дар рӯи фарш хобонданд. Вале ба гуфтаи онҳо, ин вазъ ҳамагӣ 1-2 рӯз давом кард.

Як зан бо ирсоли чанд аксу видео навишт, ки "дар таваллудхонаи ноҳияи Узбекистон беморонро дар рӯи фарш хобондаанд. Дар миёни онҳо занони ҳомила ва онҳое низ ҳастанд, ки кӯдак таваллуд кардаанд".

Дар аксу видеоҳо дида мешавад, 4 зан ба рӯи фарш болопушеро партофта, нишастаанд ва яке аз онҳо кӯдаки худро шир медиҳад.

Муовини сардухтури таваллудхона Насиба Омонова гуфт, вазъи мавҷуда муваққатӣ аст, чун беморхонаи дар ҳамсоягӣ буда натавонистааст, ҳамаи беморонро қабул кунад. Вале ӯ гуфт, ин маънои онро надорад, ки беморон 15-20 рӯз дар рӯи фарш мехобанд.

"Идораи сабти ҳолати шаҳрвандӣ ба далели он ки рӯзҳои истироҳатӣ 3 рӯз давом карданд, кор намекард. Мо низ занҳоро бидуни санад ҷавоб дода наметавонем. Рӯзи 31-уми август ва 1-2-уми сентябр ҷамъан 60 зан таваллуд карданд. Худи беморхона 60 ҷой дорад ва бинобар ин, маҷбур шудем, бархеҳоро дар рӯи фарш хобонем", - афзуд ӯ.

Дар таркиши Кобул даҳ нафар кушта шуд

Акс аз инфиҷори 5-уми сентябр дар Кобул

Дар таркиши неруманди нисфирӯзии 5-уми сентябр дар Кобул 10 тан кушта ва 42 тани дигар маҷрӯҳ шудааст.

Нусрат Раҳимиӣ, сухангӯи Вазорати дохилаи Афғонистон гуфт, ҳодиса дар ҳавзаи нуҳуми амниятии Кобул рӯх дод. Ӯ гуфт, ҳодиса таҳқиқ мешавад ва ҷузъиёт дертар нашр хоҳад шуд.

Дар ин инфиҷор даҳҳо мошини сабукрави сокинони оддӣ низ хароб шудааст.

Захмиён, ки дар миёнашон занон ва кӯдакон низ ҳастанд, бе беморхона интиқол ёфтаанд.

Зоҳиран, ба гуфтаи мақомот, маводи тарканда дар дохили мошине қарор дошт ва ҳамлагар онро дар чорроҳаи пуриздиҳоми Кобул инфиҷор дод.

Феълан, ҳодисаро ҳеҷ гурӯҳе бар душ нагирифтааст.

Дар гузашта чунин ҳодисаҳоро гурӯҳи Толибон ва гурӯҳи тундрави ДИИШ дар Афғонистон бар душ мегирифтанд.

Толибон, ки худро як гурӯҳи мухолифи ҳукумати Афғонистон медонанд, бо Амрико барои сулҳи Афғонистон вориди музокира ҳастанд. Музокираи онҳо бо намояндаи ИМА давом дорад, вале ҳанӯз ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба нерӯҳои давлатӣ коҳиш наёфтааст.

Пентагон барои бунёди девор дар марз бо Мексика $3,6 млрд дод

Вазири дифои ИМА Марк Эспер қабул кард, ки 3,6 миллиард доллари ҷудошуда барои сохтмони иншооти низомӣ ба бунёди девор дар марз бо Мексика равона шавад.

Бунёди девор дар марз бо Мексика яке аз ваъдаҳои калидии пешазинтихоботии президенти ИМА Доналд Трамп аст. Вале демократҳо дар Конгресс барои он пули кофӣ ҷудо накарданд. Трамп беш аз 6 миллиард доллар талаб кард, вале Конгресс ҳудуди 1 миллиард доллар ҷудо намуд. Трамп бо истифода аз эъломи ҳолати изтирорӣ дар марз дастур дод, ки пули боқимонда аз ҳисоби будҷаи низомӣ гирифта шавад.

"Садои Амрико" бо истинод ба намояндаи Пентагон иттилоъ дод, ки як қисми ин маблағ аз ҳисоби иншооти низомии дохилӣ ва як қисми дигар аз иншооти низомӣ дар хориҷ аз ИМА ситонида мешавад.

Демократҳо қарори Вазорати дифои ИМА-ро сахт танқид карданд. Ба гуфтаи онҳо, қарори мазкур ба 127 иншооти низомӣ дахл хоҳад кард, ки он сатҳи зиндагӣ ва руҳияи ҷангии неруҳои амрикоиро ба ҳам мезанад.

Дар Пентагон мегӯянд, бунёди девор имкон медиҳад, то шумори низомиён аз ҳисоби онҳое, ки ҳоло бо дастури Трамп барои пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар марз қарор доранд, кам карда шавад.

Рақами миллионҳо корбари Facebook дастраси умум шудааст

Марк Сукерберг, муассиси Facebook

Рақами телефони мобилии беш аз 400 миллион истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии Facebook дар дастраси умум қарор гирифтааст. Дар ин бора 4-уми сентябр нашрияи "TechCrunch" хабар дод.

Дар махзани муҳофизатнашаванда садҳо ҳазор сабте вуҷуд дорад, ки рақамҳои махсус ва шумораҳои мобилии кормандон нигаҳдорӣ мешаванд.

Тавре нашрияи "TechCrunch" зикр кардааст, дар баъзе аз сабтҳо номи истифодабаранда, ҷинс ва кишвари иқоматаш ошкор аст.

Дар махзан рақами 133 миллион корбарон аз Амрико, 50 миллион аз Ветнам ва 18 миллион аз Британия зоҳир шудааст.

Нашрия навишт, дастраси ом шудани ин маълумот ба корбарон хатар эҷод мекунад ва онҳоро зери ҳамлаи қаллобон қарор медиҳад ва рақамҳои мобилашон мавриди сӯистифода қарор мегиранд.

Моҳи июли имсол комиссияи федеролии савдои Амрико Facebook-ро барои ҳифз накардани мушаххасоти корбарон панҷ миллиард доллар ҷарима карда буд.

Дастури Имрон Хон барои решакан кардани фасодкорӣ дар посгоҳҳо

Имрон Хон, нахуствазири Покистон

Имрон Хон, нахуствазири Покистон дастур додааст, ки барои “решакан кардани” ришваситонӣ дар посгоҳҳо дар ду шоҳроҳи муҳим, ки то ба Афғонистон меравад, чора биандешанд. Дар як ёддоште аз рӯзи 4-уми сентябр дафтари нахуствазири Покистон гуфтааст, манобеи беном ба нахуствазир аз он хабар додаанд, ки маъмурони пулис, гумрук, артиш дар шоҳроҳи Карочӣ аз мошинҳои молу коло фақат ришва меситонанд.

Дар ёддошт омадааст, “метавон ҳадс зад”, пуле ки аз ронандагону тоҷирон дар шоҳроҳҳои Карочӣ-Турхам ва Карочӣ -Чаман мегиранд, бо “мақомот дар сатҳи болотар тақсим мешавад.” Аз ин рӯ Имрон Хон ба мақомоти марбута дастур додааст, шеваҳои тафтиши мошинҳоро бознигарӣ кунанд, шумораи посгоҳҳоро коҳиш диҳанд ва ё посгоҳҳои алоҳидаи ҳар ниҳодро муштарак созанд.

Роҳи 1820 километрии Карочӣ – Турхам яке аз шоҳроҳҳои асосии Покистон аст, ки шимоли кишварро ба ҷануб мепайвандад. Он аз вилояти Синдҳ сар мешавад ва то ба шаҳри марзии Турхам дар Вилояти Хайбар Пахтунхоҳ мерасад. Шоҳроҳи Карочӣ-Чаман 800 километр аст ва аз шаҳри Кветта мегузарад ва ба шаҳри бандарии Чаман дар вилояти Балучистон мерасад.

Шикасти Борис Ҷонсон дар порлумони Бритониё

Борис Ҷонсон дар порлумони Бритониё

Борис Ҷонсон, нахуствазири Бритониё, ки мехост, интихоботи порлумонии зудрас баргузор кунад, дар раъйгирии рӯзи 4-уми сентябр муваффақ нашуд. Барои эълони интихобот ӯ ба раъйи мувофиқи 434 вакил эҳтиёҷ дошт, аммо дар ҷаласаи порлумон фақат 298 нафар пешниҳоди ӯро тарафдорӣ карданд.

Борис Ҷонсон гуфт, барои баргузории интихоботи зудрас дигарбора талош мекунад. Рӯзи 4-уми сентябр ҳамчунин порлумони Бритониё қарореро қабул кард, ки иҷоза намедиҳад, Борис Ҷонсон кишварашро бе созиш аз Иттиҳодияи Аврупо хориҷ кунад.

Дар раъйгирӣ вакилони мухолифи давлат аз Ҳизби Коргарӣ ва иддае вакилони норозӣ аз худи Ҳизби муҳофизакори Бритониё рӯзи 4-уми сентябр ин қарорро дастгирӣ карданд. Дар ин санад ҳамчунин аз нахуствазир Борис Ҷонсон хоста шудааст, аз Иттиҳоди Аврупо дархост кунад, ки замони хуруҷи Бритониёро то рӯзи 31-уми январ ва то замони ҳосил шудани созиш ба таъхир андозад. Ҳоло қарори мазкурро бояд палатаи болоии порлумони Бритониё тасвиб кунад.

Борис Ҷонсон ваъда дода буд, ки кишварашро то рӯзи 31-уми октябр бо созиш ва ё бидуни созиш аз Иттиҳодияи Аврупо хориҷ мекунад. Ӯ гуфт, агар вакилон ба ин кораш мухолифат кунанд, интихоботи порлумонии зудрас эълон хоҳад кард.

Раҳбари Ҳонконг қонуни ҷанҷолии истирдод ба Чинро бозхонд. ВИДЕО

Намоишҳо эътирозӣ дар Ҳонконг 31-уми августи соли 2019

Раҳбари Ҳонконг Кэррӣ Лам эълом кард, ки қонуни истирдоди гумонбарон ба Чинро бозхонд мекунад. Вай пештар лоиҳаи қонунро "мурда" ва раванди таҳияи онро "комилан номувафаққона" номида буд.

Дар Ҳонконг аз моҳи июни соли равон эътирозҳои оммавӣ бо иштироки ҳазорҳо нафар зидди лоиҳаи қонуни мазкур идома дорад.

Пулис эътирозгаронро бо мошинҳои обпош ва гази ашковар пароканда кард. Акунун гуруҳи ҷанговарон низ, ки эҳтимолан ба созмонҳои ҷиноии Ҳонконг марбутанд, ҳамла ба эътирозгарон ва рӯзноманигоронро оғоз кардаанд. Навори ингуна ҳамлаҳо дар телевизионҳои маҳаллӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст.

Норозигии мардуми Ҳонконг баъди он сар зад, ки мақомот тасмим гирифтанд, қонуншиканон ва ҷинояткоронро ба Чин истирдод кунанд. Мунтақидон мегӯянд, мақомоти ду кишвар мумкин аст, аз лоиҳаи қонун сӯистифода кунанд ва дигарандешонро ба Чин истирдод намоянд.

Ҳонконг ҳеч гоҳе давлати мустақил набуд. Дар муддатҳои мухталиф он аз сӯи Чин, Бритониё, Ҷопон идора мешуд. Соли 1997 Ҳонконг ба ихтиёри Чин гузашт. Вале Ҳонконг аз худмухтории расмӣ ва ҳаққи интихоби мустақилонаи роҳбар бархӯрдор аст.

Чин ҳангоми қабули Ҳонконг аз Бритониё ваъда дод, ки ҳадди ақал тайи 50 соли оянда ҳуқуқҳои асосии инсонро дар ин минтақа ҳифз мекунад.

Дар Туркманистон камбуди бензин идома дорад

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории вилоятҳои Туркманистон бензин вуҷуд надорад. Ба гуфтаи хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, камбуди бензин гардиши мошинҳоро дар роҳҳо коҳиш додааст.

"А-92 ва А-95 умуман мавҷуд нест, дар бархе аз нуқтаҳои фурӯш танҳо бензини навъи А-80 пайдо кардан мумкин аст. Сӯзишвории дизелӣ ҳам ёфт намешавад. Камбуди сӯзишворӣ то он ҳад эҳсосшаванда аст, ки ҳатто роҳҳо аз мошин холӣ шудаанд", - гуфт хабарнигор.

Дар пасманзари камчинӣ ва фурӯши бензини бесифат бисёре аз ронандаҳо аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки барои бисёриҳо мошин ягона манбаи даромад аст.

"Бисёриҳо аз ҳисоби кирокашӣ зиндагӣ мекунанд. Барои онҳо мушкил шуд. Дар чунин ҳолат барои зинда мондан бархеҳо чизу чораашонро дар фурӯш гузоштаанд", - гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Дар Туркманистон сар аз моҳи феврали соли 2018 инҷониб мушкили дарёфти сӯзишворӣ идома дорад. Он замон сӯзишворӣ дар он кишвар якбора гарон шуда ва дар нуқтаҳои фурӯш навбатпоиҳои тӯлонӣ ташкил шуд. Бисёре аз ронандаҳо бензинро барои захира мехариданд.

Анҷумани нависандагони кишварҳои Осиё миллионҳо тангаи буҷаи Қазоқистонро харҷ кард

Дар нахустин Анҷумани нависандагони Осиё, ки дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор мешавад, беш аз 281 миллион танга (наздики 722 ҳазор доллар) ҷудо шудааст.

Анҷуман рӯзи 4-уми сентябр кушода шуда, то 6-уми сентябр давом мекунад. Ба иттилои Иттифоқи нависандагони Қазоқистон, наздики 80 нависандаи бештар аз 30 кишвар дар Анҷуман иштирок доранд.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар маросими кушодашавии Анҷуман ширкат кард. Вай ҳамчунин пешниҳод кард, ки ҷоизаи махсуси байналхалқии адабӣ бо номи "Осиёи бузург" таъсис дода шавад.

Баргузории анҷуман ва харҷи миллионҳо тангаи буҷа дар ҳолест, ки мақомоти Қазоқистон барои харҷҳои аз ҳад зиёдашон бахшида ба чорабиниҳои бошукуҳ борҳо танқид шудаанд. Ба бовари коршиносон, мақомот тавассути ташкили чорабиниҳои байналхалқӣ талош доранд, ки нуфузи кишварро боло баранд, аммо самаранокии ин гуна талошҳо шубҳаовар аст.

Қирғизистон заминҳои наздики кони "Қумтор"-ро ба ширкатҳои дигар дод

Карибек Ибраев

Иҷозатномаи коркарди қитъаҳои замини Уч-Кул, Коёнду ва Қарасой дар наздикии кони тилои "Қумтор" ба ширкатҳои дигар дода шуд.

Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии саноат, энержӣ ва захираҳои оби Қирғизистон Карибек Ибраев хабар дод.

Вай афзуд, ки қитъаҳои мазкур ба ҳудуди мамнуъгоҳи Саричат-Ээрташ шомил намешаванд. Соли 2013 ширкати Centerra Gold Inc. аз иктишофи ин қитъаҳо худдорӣ варзида буд. Дар натиҷа, иҷозатномаи коркард ба ширкатҳои дигар дода шуд.

Пештар аз ин хабар расид, ки қитъаҳои Уч-Кул, Коёнду ва Қарасой дар ҳудуди мамнуъгоҳ шомил буда, ба "Қумтор" баргардонида шудаанд. Ҳукумати Қирғизистон ин иттилоъро рад кард.

Узбекистон 1150 нафарро аз шаҳрвандӣ маҳрум мекунад

Рӯйхати ашхосе, ки аз шаҳрвандии Узбекистон маҳрум хоҳанд гашт, нав шуд. Сафорати Узбекистон дар Москва шумори онҳоро 1150 нафар номидааст.

Бино ба хабарҳо, ин афрод беш аз се сол дар хориҷ аз кишвар кор карда, худро то ҳол дар қайди консулгариҳо намондаанд.

Дар рӯйхати мазкур 947 қазоқтабор, 84 рус, 43 ӯзбек, 25 қарақалпоқ ҳаст. Ҳамчунин дар миёни онҳо қирғизтабор, тотор, яҳудӣ, белорус, украин, куриёӣ, туркман ва турк низ дида мешавад.

Сафорати Узбекистон дар Москва гуфтааст, бар асоси банди 21-и қонун "Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Узбекистон", масъалаи маҳрум кардани афроди мазкур аз ҳаққи шаҳрвандӣ баррасӣ мешавад.

Курсан Асанов дар доираи се парванда бозпурсӣ мешавад

Курсан Асанов, муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон

Курсан Асанов, муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон дар доираи се парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад. Дар ин бора вакили мудофеи вай Таалайгул Токтакунова хабар дод.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, ҳамаи се парванда бо моддаи "сӯистифода аз мақоми хизматӣ" боз шудааст. Дар доираи ду парванда Асановро ҳамчун шоҳид бозпурсӣ мекунанд.

"Қонун талаб мекунад, ки на танҳо моддаи парванда, балки далелҳои онро ҳам бояд иттилоъ диҳанд. Аммо то ҳол далелҳоро нишон намедиҳанд. Саволҳои гуногун медиҳанд, аз ҳамин хотир мо намедонем, ки далелҳояшон чист", - гуфт вакили мудофеъ.

Додситонии кулли Қирғизистон субҳи 14-уми август нисбати Курсан Асанов, муовини пешини вазири корҳои дохилии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Асанов рӯзҳои 7-8-уми август дар ҳамла ба манзили президенти он кишвар Алмосбек Отамбоев ширкат ва президенти пешинро ба таслимшавӣ водор кард.

Асанов ахиран бо ҷурми "хиёнат ба манофеи милисаи Қирғизистон" аз мақом барканор шуд.

Мақомоти додситонӣ хабар доданд, ки парванда бо моддаи "Сӯистифода аз мақом" ба он хотир боз шудааст, ки Асанов: ҳангоми ҳамла дастурҳои вазири корҳои дохилиро нодида гирифта; худсарона амал карда; ҳангоми ҳамла ҳайати шахсиро беназорат гузошта ва бо ин рафтораш кормандони милисаро дар хатар гузоштааст.

Мақомот ҳамчунин гуфтанд, Асанов "ба таблиғи шахсии худ пардохта, ба кормандони милиса дастур дод, ки рӯйдодҳоро ба навор гиранд".

Асанов ахиран гуфт, ки дар манзили Отамбоев "қарзи хизматиашро иҷро карда" ва "назди кишвару виҷдонаш пок аст". "Манфиатҳои шахсиамро ман болотар аз манфиатҳои давлатӣ нагузоштаам", - гуфт вай.

Раиси ҷумҳури Эрон ҳушдор дод, ки "қадами севум"-ро мебардорад

Ҳасани Рӯҳонӣ

Президент Ҳасани Рӯҳонӣ ҳушдор додааст, ки Эрон барои кам кардани ӯҳдадориҳои худ дар доираи созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ метавонад "қадами муҳимтарин"-ро бардорад.

Ӯ гуфтааст, Теҳрон ба Аврупо барои нигоҳ доштани ин созишнома боз ду моҳ вақт медиҳад, чун гумон аст, ки ҳарду ҷониб “имрӯз ё пагоҳ” ба шартномае даст ёбанд.

Ба гузориши расонаҳои эронӣ, Рӯҳонӣ рӯзи 4-уми сентябр дар ҷаласаи ҳукуматӣ иброз доштааст, ки Теҳрон "қадами сеюм"-ро барои кам кардани ӯҳдадориҳои ҳастаии худ дар ин созишнома ва ҳамин тавр тезондани фаъолиятҳои ҳастаии худ эълон хоҳад кард. Вай гуфт, қадами сеюм "давраи муҳимтарин" хоҳад буд ва "оқибатҳои ғайриоддӣ хоҳад дошт”.

Ин суханони Ҳасани Рӯҳонӣ дар пасманзари гуфтугӯҳои охир миёни Эрон, Фаронса ва Русия барои нигоҳ доштани созишномаи ҳастаии соли 2015-и Эрон бо кишварҳои ҷаҳонӣ садо медиҳад. Президенти Амрико Доналд Трамп соли гузашта аз ин созишнома даст кашида буд.

Рӯзи 3-юми сентябр хабаргузориҳо гузориш доданд, ки Фаронса омода аст, то охири сол ба Эрон 15 миллиард доллар қарз пешниҳод кунад, ки бо нафт кафолат дода мешавад. Ба ивази ин қарз Теҳрон бояд ба шартҳои созишномаи ҳастаӣ пойбанд монад.

Аммо чунин менамояд, ин аҳднома ба ҳамкории Вашингтон вобаста аст, ки аз нав таҳримҳои якҷонибаро ба зидди Эрон ҷорӣ кард ва ба дигар кишварҳо фишор овард, то бо Эрон ҳамкории тиҷоратӣ накунанд.

Телевизиони давлатии Эрон Press TV бе номбар кардани сарчашмае гуфт, кишвар пешниҳоди 15 миллиард доллар қарзро рад кардааст.

Президент Трамп сиёсати "фишори ҳадди аксар"-ро ба роҳ мондааст, то мақомоти расмии Эронро ба гуфтушунидҳои нав дар бораи барномаҳои ҳастаӣ ва мушакиаш водор кунад.

Ҳушдор ба муҳоҷирони узбекистонӣ аз рейди мақомоти Туркия

Вазорати корҳои хориҷии (ВКХ) Узбекистон узбекистониҳоеро ҳушдор дод, ки дар Туркия қарор дорад. Ба гуфтаи ВКХ-и Узбекистон, мақомоти Туркия барои ошкор кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишвар рейд мегузаронанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Истамбул бо ҳадафи таъмини тартибот дар нақлиёт, ҷои зисту кор, инчунин ҷойҳои ҷамъиятӣ рейд анҷом шуда, шаҳрвандони хориҷии бидуни иҷозат пайдо ва ихроҷ мешаванд.

Ба иттилои мақомоти Туркия, аксари шаҳрвандони хориҷӣ фарқияти иҷозатномаи ҳаққи истиқомат ва иҷозатномаи ҳаққи корро намедонанд.

"Қонун талаб мекунад, шаҳрванди хориҷии дорои ҳаққи истиқомат агар хоҳиши кор карданро дошта бошад, бояд иҷозатномаи корро дарёфт кунад. Дар сурати ғайр, вай вайронкунандаи қонун ба ҳисоб меравад", - хабар додааст ВКХ Узбекистон.

Шаҳрвандони Узбекистон дар ҳоли ҳозир ҳақ доранд, давоми 90 рӯз бидуни виза дар Туркия ҳузур пайдо кунанд.

Арманистон ба Шишкин мақоми паноҳандаи сиёсӣ додааст

Виталий Шишкин

Арманистон ба як фаъоли мухолифон дар Русия, ки қаблан барои "нақш" доштан дар тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ чаҳор сол зиндонӣ шуда буд, мақоми паноҳандаи сиёсӣ додааст.

Виталий Шишкин рӯзи 3-юми сентябр дар Ереван ба бахши армании Радиои Озодӣ гуфт, ӯ моҳи январи имсол, пас аз чаҳор рӯзи озодӣ аз зиндон, ба Арманистон рафтааст.

Шишкин рӯзи дувуми сентябр дар Facebook ба мақомоти Арманистон изҳори сипос кард, ки ба ӯ паноҳгоҳи сиёсӣ доданд. Вай гуфтааст, дар Русия бо ангезаҳои сиёсӣ таҳти таъқиб аст.

Виталий Шишкин дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вай бо ID-корт, ки ҳамчун шиносномаи дохилии Русия истифода мешавад, кишварро тарк кард. Ереван ба шаҳрвандони Русия иҷоза медиҳад, ки бо ин санад ба Арманистон раванд.

Шишкин гуфт, "баъд аз озодӣ аз зиндон шиноснома надоштам. Вақте барои гирифтани паспорт рафтам, баъзе аз дӯстон гуфтанд, ки дастур шудааст танҳо дар ҳузури афсари Хадамоти федеролии амният шиноснома бигирам. Бинобар ин, наметавонистам ба ҷуз аз Арманистон, ки як сол пеш шоҳиди иттифоқоти бузург буд, ба ҷойи дигар биравам. Инчунин, фикр мекардам, ки Арманистон дигар шудааст, на он кишвари пешина."

Додгоҳе дар Русия моҳи феврали соли 2015 Шишкини 47-соларо чаҳор сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯро ба барангехтани кинаву адоват ва даъват ба бетартибии оммавӣ гунаҳкор карданд.

Маркази "Мемориал" ин фаъоли мухолифонро зиндонии сиёсӣ номида буд.

Сардори пешини пулиси Фарғона аз Доналд Трамп кумак мехоҳад

Сардори пешини пулиси шаҳри Фарғонаи Узбекистон майор Дилмурод Мадалиев, ки барои ифшои сирри давлатӣ маҳкум ба зиндон шуда буд, аз президенти ИМА Доналд Трамп хост, барои бозбинӣ шудани парвандааш кумак кунад.

Мадалиев 19-уми август дар номааш ба унвонии президенти ИМА навиштааст, ки "пеш аз ин 300 бор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳии Ӯзбекистон муроҷиат кардам, вале посухе надоданд".

Дилмурод Мадалиев ибтидои соли 2011 сардори пулиси шаҳри Фарғона таъйин, вале моҳи майи худи ҳамон сол бо гумони "ифшои сирри давлатӣ" боздошт шуд. Дертар додгоҳ вайро 8 сол зиндонӣ кард ва ӯ пас аз 6 сол аз зиндон озод шуд. Дар айбномаи Мадалиев омадаааст, ки вай бидуни иҷозат санадҳои махфиро ба як зертобеаш нишон додааст. Вале гуфта нашудааст, ки ӯ кадом санадҳоро ифшо кард.

Худи Мадалиев мегӯяд, дар Идораи пулиси Фарғона ҳеч гоҳ санадҳои махфӣ набуд ва ӯро туҳмат карданд. Вай худро қурбони амалҳои кормандони мақомоти додситонӣ меҳисобад.

Додгоҳи олии Узбекистон дар посух ба дархости Мадалиев гуфтааст, ки барои бозбинӣ шудани парвандаи ӯ асосеро намебинад.

Сардори пулиси Фарғона мегӯяд, то ҳол ба номааш аз ҷониби президенти ИМА посух нагирифтааст. "Бовар дорам, ки ба номаам аз номи Трамп посух мегирам. Парвандаи ман бозбинӣ ва бегуноҳ эълом хоҳам шуд. Бояд адолат барқарор карда шавад. Фикр мекунам, Доналд Трамп, ки тавони таъсир расондан ба ҳама гуна вазъро дорад, метавонад дар қазияи як корманди одии пулиси Ӯзбекистон ҳам кумак кунад", - афзуд Мадалиев.

Дар Сафорати Амрико дар шаҳри Тошканд гуфтанд, ки муаллифи нома пас аз рӯзҳои ҷашнӣ посухеро дарёфт хоҳад кард.

Як мард барои олуда кардани чанд зан ба ВИЧ зиндонӣ шуд

Додгоҳи ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон як марди 48-соларо бо ҷурми олуда кардани ҳамсараш ва чанд зани дигар ба вируси норасоии масунияти бадан ба панҷ соли зиндон маҳкум кардааст.

Мақомоти додгоҳ рӯзи 4-уми сентябр гуфтанд, ин мард давраи ҷазоро дар маҳбаси низомаш сангин паси сар мекунад. Мард ва наздиконаш шикоят накардаанд. Ҳукм ба иҷро даромадааст.

Ин сокини ноҳияи Шаҳритус дар моҳи апрели имсол дар як амалиёти нерӯҳои ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуда буд. Парвандаи ӯро бар асоси моддаи 125-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "сироят кардан ба инфексияи ВИЧ нисбати ду ё зиёда шахс", баррасӣ намуданд, ки аз 5 то 10 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Тибқи иттилои мақомоти Шаҳритус, ин мард панҷ соли пеш ҳангоми муҳоҷират дар Русия ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор шудааст. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, ӯ дар муҳоҷират бинобар содир кардани ҷиноят, як сол зиндонӣ низ будааст. Аммо мақомот нагуфтанд, ки ин мард дар дохили зиндон ба ин беморӣ гирифтор шудааст ва ё қаблан ба ин беморӣ мубтало будааст.

Шумораи онҳое, ки аз ҳамхобагӣ бо ин мард олудаи вируси СПИД шудаанд, низ эълон намешавад.

Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар Тоҷикистон аз се то чаҳор нафар ба ВИЧ – вируси норасоии масунияти бадан олуда мешудааст. Дар се соли ахир 6 сокини Тоҷикистон бо иттиҳоми дидаю дониста олуда кардани дигарон ба ВИЧ боздошт ва алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Аз Трамп хостанд, ба Украина кумаки фаврии молӣ расонад

Тарҳи молии "Ташаббуси мусоидат ба амният дар Украина" аз сӯи Конгресси ИМА қабул шуд, аммо ҳукумати Трамп ҳанӯз ба Киев маблағ ирсол накардааст.

Гуруҳи сенаторҳо - ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳо - бо ирсоли номае ба Доналд Трамп, аз вай даъват карданд, ки фавран ба Украина 250 миллион доллар кумаки молӣ расонад.

Як манбаъ аз ҳукумати Трамп гуфт, Кохи сафед мехоҳад, мутмаин шавад, ки кумаки мазкур барои таъмини ҳадафҳои ИМА харҷ хоҳад шуд.

Сенаторҳо дар номаашон гуфтаанд, ки кумаки молӣ барои таъмини фаъолияти неруҳои мудофиаи Украина "калидӣ" аст.

Бархе аз қонунгузорони ИМА аз Конгресс даъват карданд, ки масъулияти ҳифзи манфиатҳои Украинаро дар мубориза зидди Русия ба уҳда бигирад.

Бархе аз расонаҳо пештар аз ин навиштанд, ки манъи кумакҳои молии ИМА ба Украина ташаббуси Трамп аст. Трамп аз тимаш хостааст, ки барномаи кумакҳои молӣ ба Украинаро бозбинӣ кунанд.

Майк Пенс, ноиб-президенти ИМА дар мулоқот бо президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 1 сентябр дар Вараша гуфт, Амрико пуштибонӣ аз Украинаро дар мубориза зидди Русия идома медиҳад.

Вазири маориф баъд аз танқидҳо аз мақом барканор шуд

Гулмира Худойбердиева

Гулмира Худойбердиева, вазири маориф ва илми Қирғизистон аз мақом барканор шуд. Дар ин бора фармони президенти Қирғизистон Сооробой Ҷеенбеков содир шуд.

Маркази матбуотии президенти Қирғизистон хабар дод, ки вазири маориф дар бораи қатъ кардани фаъолияташа ариза навиштааст.

Вазорати маориф ва илми Қирғизистон дар як соли охир бо баҳонаҳои мухталиф борҳо танқид шуд. Иштибоҳ дар китобҳои дарсӣ вокуниши саросариро ба бор овард. Ҳамчунин ба хатмкардаҳои соли хониши 2018-2019 номаҳои камоле дода шуд, ки иштибоҳ доштанд.

Ҳафтаи ҷорӣ таъсиси мактаб дар хонаҳои оҳанин (контейнер) дар деҳаи Кенеши вилояти Норин баҳсҳои зиёдеро ба бор овард.

Ҳушдори нуҳ сафири собиқи Амрико аз ҷанги дохилӣ дар Афғонистон

Нуҳ сафири собиқи Амрико ҳушдор додаанд, ки ихроҷи шитобкоронаи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон сабаби як ҷанги дохилии дигар дар ин кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон мешавад. Онҳо гуфтаанд, то замоне, ки "созиши воқеии сулҳ" бо Толибон дар Афғонистон ба даст наояд, Амрико набояд сарбозонашро аз онҷо берун кунад.

Дипломатҳои амрикоӣ гуфтаанд, ихроҷи неруҳо бояд баъди созиши воқеии сулҳ сурат бигирад, на инки пеш аз он. Дар баёнияи сафирони собиқи Амрико дар Кобул, ки муассисаи таҳқиқотии Шӯрои Атлантик дар Вашингтон рӯзи 3-юми сентябр нашр кард, омадааст, “ихроҷи неруҳо набояд шитобкорона бошад, то ба Толибон ин эҳсосро диҳад, ки пирӯзии низомӣ ба даст овардаанд.”

Амрико ҳоло дар Афғонистон бештар аз 8 ҳазор сарбоз дорад. Як рӯз пештар аз ин баёния, Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико, ки тақрибан як сол бо Толибон дар Қатар музокирот анҷом медод, гуфт, ду тараф "усулан" ба созиши сулҳ ва хотима додан ба ҷанги 18 сола дар Афғонистон мувофиқат кардаанд.

Айни замон дар бомбгузорӣ ва ҳамлаи ҷангҷӯёни Толибон дар Кобул дар рӯзи 2-юми сентябр 16 ғайринизомӣ кушта ва 110 тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳукумати Қирғизистон: кони тилои "Қумтор" аз ҳисоби мамнуъгоҳ васеъ намешавад

Сухангӯи ҳукумати Қирғизистон Чингиз Эсенгул уулу гуфт, дар ҳудуди мамнуъгоҳи "Сарӣ-Чат – Ээр-Тош" корҳои иктишофӣ анҷом дода намешавад. Ӯ хабарҳо дар бораи додани 16 ҳазор ҳектар замини мамнуъгоҳро ба "Қумтор" рад кард.

"Дар ҳудуди "Сарӣ-Чат – Ээр-Тош" корҳои иктишофӣ анҷом нашудааст ва нахоҳад шуд. Инҷо сухан аз 16 ҳазор ҳектар замине меравад, ки ба мамнуъгоҳ тааллуқ надорад. Ҳудуди мамнуъгоҳ аз соли 2013 тағйир дода нашудааст. Барои ҳукумат манфиатҳои давлат аз ҳама боло аст. Дар созишномаи стратегӣ низ ҳарфе дар бораи замин нест. Ин масъала ҳатто баррасӣ нашудааст", - изҳор дошт Эсенгул уулу.

Ба гуфтаи ӯ, соли 1994 барои кони тилои "Қумтор" 10 ҳазор ҳектар замин ҷудо шуда буд ва соли 1997 онро то ба 26,6 ҳазор ҳектар афзоиш доданд. Соли 2005 дар пайи як тағйирот масоҳати заминҳо то ба 26,3 ҳазор ҳектар кам карда шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳукумати Қирғизистон дар пайи имзои як созишномаи нав бо ширкати "Centerra Gold Inc." дубора иҷозат дод, то дар 16 ҳазор ҳектар замини мамнуъгоҳи "Сарӣ-Чат – Ээр-Тош"-и ин кишвар истихроҷи тило ба роҳ монда шавад. Ин хабарро мудири иҷроияи ширкати "Қирғизолтин" Алмос Олимбеков тасдиқ кард.

Қирғизистон ҳанӯз дар соли 2009 бар ивази як қисми саҳмияҳои "Сентерра Голд Инк." ба "Қумтор" заминҳоеро дода буд, ки дар он ҳайвонҳои нодири шомили китоби сурх зиндагӣ мекарданд. Вале соли 2012 дар натиҷаи фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни муҳити зист маҷбур шуд, ин қарори худро бекор кунад.

"Дар асоси созишномаи соли 2009 барои "Қумтор" бояд 26 ҳазор ҳектар замини иловагӣ аз ҳисоби мамнуъгоҳ ҷудо карда мешуд. Вале ҳукумат соли 2012 бо судури як қарор онро то ба 10 ҳазор ҳектар кам кард. Ҳоло мо уҳдадориҳои худ дар доираи созишномаи соли 2009-ро иҷро карда, 16 ҳазор ҳектар заминро баргардондем. Бар ивази ин заминҳо саҳмияи мо дар ширкат аз 15 то ба 33 дарсад афзоиш дода шуд", - афзуд ӯ.

Кони "Қумтор" калонтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки аз сӯи ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мешавад. Қирғизистон 26 дарсади саҳмияи ширкатро дар ихтиёр дошт.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Зане, ки иддао дорад, шиканҷаву таҷовуз шудааст, адолат меҷӯяд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00
XS
SM
MD
LG