Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Навраси 14-сола дар Узбекистон донишҷӯ шуд

Сокини 14-солаи ноҳияи Китоби Узбекистон Ҷасурбек Ғуломов бо касби 120,9 хол донишҷӯи Донишгоҳи давлатии вилояти Қашқадарё шуд.

Ба иттилои сомонаи донишгоҳ, наврас аз ҳисоби будҷаи давлат таҳсил хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, имсол дар Узбекистон маҳдудияти синни дохил шудан ба донишгоҳҳои ин кишварро бекор карданд.

Пештар хабар дода шуд, ки Маматқул Бердиалиеви 78-сола, Тухтамиш Султонови 80-сола ва як зани дигари 72-сола низ барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Узбекистон ҳуҷҷат супоридаанд.

Маркази давлатии тестии Узбекистон гуфт, калонсолтарин довталаби ин кишвар 87 сол дорад.

Президент "эътирозҳои зиддичинӣ"-ро ҳангома номид

Президент Қосимҷомарт Тоқаев имрӯз, 6-уми сентябр дар ҷаласаи Шӯрои миллии боварии ҷомеа дар шаҳри Нурсултон дар бораи "эътирозҳои зиддичинӣ", ки ахиран панҷ шаҳри Қазоқистонро фаро гирифтанд, суҳбат карда, гуфт, бархеҳо ҳадафи "ноором" кардани ин кишварро доранд.

Эътирозгарони қазоқ аз мақомот талаб доранд, ки иҷрои тарҳҳои муштарак бо Чин қатъ ва сафари президенти ин кишвар Тоқаев ба шаҳри Пекин дар рӯзҳои 11-12-уми сентябр бекор карда шавад.

Тоқаев гуфт, дар ҷомеаи Қазоқистон дар бораи "55 тарҳи муштараки сармоягузорӣ бо Чин" хабарҳои дурӯғе паҳн карда мешавад ва ҳамчунин дар миёни мардум овозаҳое чарх мезанад, ки гӯиё заминҳои ин кишварро ба Чин мефурӯшанд.

"Ин овозаҳоро бадхоҳон паҳн мекунанд, ки мехоҳанд, бо сӯистифода аз руҳияи ватандӯстии сокинон, бахусус мардуми эҳсосӣ ба ҳадафҳои худ бирасанд. Бояд дарк кард, ки ингуна сӯистифода кардани мардум як ҷузъи геополитика буда, ҳадафи он ба ҳам задани ягонагии сокинон ва ноором кардани вазъ дар Қазоқистон аст", - афзуд Тоқаев.

Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки кадом "бадхоҳон"-ро дар назар дорад ва кадом бозигарони геополитикӣ ба ноором сохтани Қазоқистон алоқаманданд.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев моҳи апрели соли 2019 дар ҷараёни сафараш ба Пекин хабар дод, ки бо Чин дар робита ба "55 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши сохтмон, саноат, истеҳсоли гушт, гандум созишномае ба имзо расидааст".

Сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон чандин рӯз мешавад, зидди бунёди 55 корхонаи чинӣ дар ин кишвар ва сафари президент Қосимҷомарт Тоқаев ба Пекин эътироз доранд. Дар як қатор шаҳрҳои дигари Қазоқистон ҳам ба ҷонибдорӣ аз сокинони Жанаозен эътирозҳо ҷараён доранд.

Рӯзи 3-юми сентябр ҳудуди 30 нафар дар майдони назди бинои шаҳрдории Нурсултон ҷамъ шуда, аз мавқеи сокинони Жанаозен зидди "тавсеаталабии Чин" ҷонибдорӣ карданд. Сардори Идораи рушди ҷомеаи шаҳрдории Нурсултон Талгат Раҳмонбердиев ба назди эътирозгарон баромада, гуфт, Чин дар Қазоқистон ягон корхона бунёд карданӣ нест.

Чин чаҳорумин сармоягузор ва севумин қарздиҳандаи бузурги Қазоқистон аст. Қазоқистон дар навбати худ барои Чин манбаи ашёи хом, бозори фурӯши маҳсулот ва минтақаи транзитӣ мебошад. Пекин имсол ба Нурсултон 2 миллиарду 62 миллион юан додааст. Қазоқистон дар ҳоли ҳозир аз Чин беш аз 12 миллиард доллар қарздор аст.

Узбекистон. Муҳлати сарбозӣ барои ҳама баробар мешавад

Муҳлати хизмати сарбозӣ дар Узбекистон расман 12 моҳро ташкил медиҳад. Қонуни мазкурро президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев рӯзи 5-уми сентябр имзо кард.

Тағйиру иловаҳо ба Қонун "Дар бораи уҳдадориҳои умумии низомӣ ва хизмати сарбозӣ" муҳлати адои хизмати сарбозиро 12 моҳ таъйин кард.

То ин замон дар Узбекистон хизмати низомӣ барои сарбозони қаторӣ ва ҳайати сержантҳо 12 моҳ ва барои афроди дорои маълумоти олӣ 9 моҳро ташкил медод.

Ба ҷуз ин, тибқи қонун, сабти шаҳрвандон дар қитъаҳои низомӣ моҳҳои апрел-май сурат мегирад. То кунун ин гуна сабт моҳҳои апрел-июн давом мекард.

Сабқати Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо Дастин Поре. Дар Тоҷикистон чиро интизоранд?

Навиштаҳо бо акси Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар зодгоҳаш Доғистон. 6-уми сентябри соли 2019

Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов), варзишкори маъруфи доғистонӣ, бо Дастин Поре аз Амрико дар шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ вориди рақобат мешавад. Бисёриҳо дар Тоҷикистон тамошои мусобиқаро интизоранд.

Чанд хонаи синамо дар Душанбе эълон карданд, ки мусобиқаро мустақим намоиш медиҳанд. Ҳамчунин масъулони нуқтаҳои букмекерӣ барои сабқати Нурмуҳаммадов ва Поре шартбандиҳои зиёде қабул кардаанд.

Идораҳои букмекерӣ пирӯзии Ҳабиб Нурмуҳаммадовро пешгӯӣ мекунанд. Вай аз 27 сабқати худ дар муҳорибаи бидуни қоида боре шикаст нахӯрдааст.

Шаби 7 ба 8-уми сентябр дар шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи 242-юми созмони UFC баргузор мешавад ва дар он чанд варзишгар дар муҳорибаи бидуни қоида бо ҳам сабқат мекунанд. Аммо таваҷҷуҳи бисёриҳо дар Тоҷикистон ба сабқати асосии ин мусобиқа миёни Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Дастин Поре нигаронда шудааст.

Нурмуҳаммадов қаҳрамони мутлақи созмони UFC дар вазни сабук аст ва Поре соҳиби ҷоизаи муваққатии ин созмон мебошад.

Дар Тоҷикистон бештар аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов тарафдорӣ мекунанд. Ҳазорҳо нафар аз пирӯзии ӯ ба Конор Макгрегор, варзишгари ирландӣ дар моҳи октябри соли гузашта ситоиш карда ва дар либоспӯшӣ аз ӯ пайравӣ намуда буданд.

Нурмуҳаммадов соли 2017 ба Тоҷикистон омадааст.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар феҳрасти маҳбубтарин варзишгарони созмони UFC дар мақоми дувум меистад. Тибқи навиштаи маҷаллаи “Forbes”, ӯ дар соли 2018 дар миёни варзишгарони Русия аз ҳама бештар даромад дошт.

Дар Туркманистон барои гирифтани нафақа навбат мепоянд

Дар шаҳри Туркманободи вилояти Лебапи Туркманистон нафақахӯроне, ки ҳанӯз нафақаашон ба кортҳои плостикии бонкӣ нагузаштааст, аз қабл барои дарёфти нафақа дар рӯйхати навбатпойӣ сабти ном кардаанд.

"Моҳи ҷорӣ дар Туркманобод нафақахӯроне, ки ҳанӯз нафақаашон нагузаштааст, рӯйхат тартиб дода, аз қабл пушти банкоматҳо навбат гирифтаанд. То имрӯз шумори навбатпоён ба 2 ҳазор расидааст", - гуфт як сокини Туркманобод.

Дар Туркманистон, маъмулан, нафақа санаҳои 1 то 5-уми ҳар моҳ ба кортҳои бонкӣ интиқол дода мешавад.

Ба гуфтаи сокинон, дар навбатпойӣ сабти ном кардани нафақахӯрон ба он рабт дорад, ки бештари вақт банкоматҳо пули нақд надоранд ва маблағе ҳам ки оварда мешавад, на ба ҳама мерасад.

"Ду моҳ аст, ки норасоии маблағ дар банкоматҳо идома дорад. Моҳҳои гузашта маблағ дар банкоматҳо кам буд, вале садҳо одам навбатпойӣ мекард. Одамон чандин рӯз, ҳатто ҳафтаҳо пушти банкоматҳо навбат гирифтанд, ки маблағи кортҳояшонро дарёфт кунанд. Ба ҳамин хотир ин бор аз қабл номнавис мекунанд", - гуфт сокини маҳаллӣ.

Ба иттилои Бонки марказии Туркманистон, то 1-уми январи соли 2019 бонкҳои он кишвар бештар аз 3 миллион корти бонкӣ нашр ва тақсим кардаанд. Ҳамзамон дар саросари Туркманистон наздики 2200 бонкомат насб шудааст. Дар ҳоли ҳозир аксари бонкоматҳо маблағи нақд надоранд.

Пас аз сӯхтор 16 соҳибкорро ба дигар ҷо кӯчониданд

Бозори "Саховат"-и Кӯлоб

Пас аз оташ гирифтани зарфи гази моеъ дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб маъмурияти бозор 16 фурӯшандаро маҷбур карданд, ки ҷояшонро иваз кунанд.

Рӯзи 5-уми сентябр зарфи гази моеъ дар ин нуктаи фуруши ғизо оташ гирифт, вале алангаи оташ зуд хомӯш карда шуд.

Ин фурушандаҳо, ки маъмурияти бозор онҳоро ба беаҳамияти гунаҳкор мекунад, дар дохили толори пушидаи бозори марказии шаҳр хуроки саридастӣ мепухтанд.

Бобоҷон Нуров, директори бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб рӯзи 6-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мехостанд, пеш аз сӯхтор фурушандаҳоро ба ҷойи дигар кӯчонанд, вале онҳо розӣ набуданд.

Ӯ гуфт, ҳоло онҳо ба макони дигари бозор интиқол дода шуданд ва шароиташон барои пухтупази хуроки саридастӣ бехатар аст.

Як фурушандаи ин бозор бидуни зикри номаш гуфт, ҷойе, ки ҳоло онҳоро бо баҳонаи сӯхтори хурд кӯчониданд, камодам буда, муштарӣ пайдо кардан душвор аст.

Дар бозорҳои Тоҷикистон сӯхторҳои зиёновар ба соҳибкорон зиёд ба назар мерасад. Дар аксар ҳолат, сабабҳои сӯхтор “расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ” унвон мешаванд.

Дар Қирғизистон ҳукми додситонҳои гунаҳкор ба фасодро кам карданд

Қиличбек Арпачиев

Муҳлати зиндони сардори пешини раёсати тафтишоти Додситонии кулли Қирғизистон Қиличбек Арпачиевро кам карданд. Арпачиев, ки соли 2016 барои порахӯрӣ 14 сол зиндонӣ шуда буд, ҳамакнун ба зиндони сукунтӣ интиқол ёфт.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, муҳлати зиндони корманди пешини додситонӣ дар робита ба тағйироти кодексҳои нав кам шудааст. Моҳи феврали соли ҷорӣ додгоҳ муҳлати зиндони Арпачиевро ба 10 сол расонд. Арпачиев ҳамчунин 15-уми июл ба маҳбаси сукунатӣ интиқол ёфтааст.

Баҳори соли 2015 як тоҷир ба КДАМ хабар дод, ки корманди додситонии кул барои қатъи парвандаи ҷиноӣ аз вай 200 ҳазор доллар талаб дорад.

Дар рафти амалиёти фаврӣ Арпачиев дар утоқи кориаш ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 100 ҳазор доллар боздошт шуд. Додгоҳ соли 2016 ӯро 14 сол зиндонӣ карда буд.

Бонки миллӣ: 1 доллар аз 9,65 то 9, 70 сомонӣ фурӯхта шавад

Қурбии расмии доллар дар Тоҷикистон пас аз ҷаҳиши якбора каме коҳиш ёфтааст. Бонки миллии Тоҷикистон санаи 6-уми сентябр қурби 1 доллари амрикоиро 9 сомониву 68 дирам таъйин кардааст. Аммо бо ин вуҷуд, Бонки миллӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ иҷозат додааст, ки долларро дар доираи 9 сомониву 65 дирам ва 9 сомониву 70 дирам хариду фурӯш кунанд. Чунин иқдоми Бонки миллӣ, ки ба ташкилотҳои моливӣ ҳақ додааст, ки дар доираи муайян мувофиқи салоҳдиди худ долларро хариду фурӯш кунанд, собиқа надошт.

Каме поён рафтани қурби доллар дар ҳолест, ки Бонки миллӣ рӯзи 20-уми август якбора қурби расмии долларо 27 дирам, яъне дар як шаб аз 9 сомониву 43 дирам то ба 9 сомониву 70 дирам боло бурд.

Вакилони амрикоӣ гуфтанд, русҳо аз Путин хаста шуданд

Эътироз дар Маскав бо шиори "Русия озод хоҳад шуд!" 31 августи соли 2019

Ду вакили мардумии баландпояи Амрико, Русияро барои баргузор накардани “интихоботи озоди маҷлисҳои маҳаллӣ” танқид карданд.

Дар баёнияи муштараки Элиот Эгел, вакили Ҳизби демократ ва Майкл Маккаул, вакили Ҳизби Ҷумҳурихоҳ омадааст, раҳпаймоиҳо бо талаби интихоботи озод “ҳамроҳ бо вокуниши Кремл ба он, далели дигарест, ки мардуми Русия аз шеваҳои истибдодии ҳукуматдории Владимир Путин хаста шудаанд”.

Дар шаҳрҳои гуногуни Русия аз моҳи июл ба ин тараф ҳазорон нафар бо талаби интихоботи озоду одилона ва барои роҳ наёфтани номзадҳои мухолифон ба интихоботи маҷлисҳои шаҳри Маскав ва Санкт Петербург тазоҳурот карданд. Мақомот мегуфтанд, ки номзадҳои мухолифин натавонистаанд, барои сабти ном ба қадри кофӣ имзо ҷамъ оваранд.

Рӯзи 5-уми сентябр мақомоти интизомии Русия ҳамчунин дафтари Алексей Навалний пешвои мухолифони давлат ва ду қароргоҳи дигари ӯро тафтиш карда ва се нафарро бо худ бурдаанд. Навалний ва ҳамсафонаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин бора хабар дода ва навиштанд, ки ин се нафар баъд аз муддате озод шудаанд.

Ҳабси абади се мард дар Покистон барои "қатли номусӣ"

Додгоҳе дар вилояти шимолуғарбии Хайбар Пахтунхоҳ дар Покистон се мардро барои “қатли номусӣ” ба зиндони якумрӣ маҳкум кардааст. Ҳарсеро барои он ҷазо доданд, ки соли 2012 се занро барои рақсидан дар як ҷашни арӯсӣ дар минтақаи дурафтодаи Куҳистон куштаанд.

Додгоҳи шаҳри Бешом рӯзи 5 -уми сентябр ҳангоми мурофиа панҷ марди дигарро бегуноҳ донист. Онҳое, ки зиндонӣ шуданд, бародар ва падарони занони кушташуда ҳастанд. Ҳодисаи ваҳшатангез 9 сол пеш дар ин минтақаи муҳофизакори Покистон рух дод. Мардони хонаводаи се духтар, баъди дидани видеои кафкӯбӣ ва сурудхонии онҳо дар як ҷашни арӯсӣ духтаронро куштаанд.

Дар ин видео ҳамчунин як марде мерақсидааст, ҳарчанд дар навори комилан алоҳидае дида мешавад. Марди дуввумӣ саҳнаро навор бардоштааст. Куҷо будани ин мардон ва сарнавишти ду зани дигаре, ки дар видео дида мешаванд, маълум нест. Дар бораи ин видео Афзал Кӯҳистонӣ бародари ду ҷавон дар видео хабар дод ва эълон кард, ки қабиласолорон амр додаанд, ки занон барои беобрӯ кардани оила кушта шаванд. Худи Кӯҳистониро моҳи марти имсол дар шаҳри Абатобод дар шимоли Исломобод бо зарби тири туфанг куштанд.

Эмомалӣ Раҳмон ба 42 корманди "Роғун" мукофотҳои давлатӣ дод

Чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун"

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба муносибати ба истифода додани чархаи дуввуми нерӯгоҳи “Роғун” ба 42 нафар мутахассисони ин иншоот мукофотҳои давлатӣ супоридааст.

Дафтари матбуоти Президент рӯзи 6-уми сентябр хабар дод, ки “барои саҳми муҳим дар сохтмони нерӯгоҳ коргарон бо ордени “Шараф дараҷаи II”, медали “Хизмати шоиста” ва “Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадр карда шуданд.”

Ба гуфтаи манбаъ, Президенти Тоҷикистон дар ин маросим таъкид кардааст, ки бунёди “Роғун” кишварро ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасонад.

Қарор аст чархаи дуввуми “Роғун” рӯзи 9-уми сентябр ба кор дарояд. Чархаи якуми нерӯгоҳ моҳи ноябри соли гузашта фаъол шуда буд. Ду чархаи нерӯгоҳи "Роғун" ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша то соли 2021 барқ истеҳсол мекунанд ва баъдан иваз мешаванд.

Омбудсмени Қирғизистон: мактаби "контейнерӣ" ба меъёрҳо ҷавобгӯ нест

Намояндагони Омбудсмени Қирғизистон бо шароити таҳсили хонандагони деҳаи Кенеши вилояти Норин ошно шуданд, ки ба далели садамавӣ будани бинои мактабашон дар контейнерҳо дарс мехонанд.

Ба гуфтаи онҳо, шароити таҳсили хонандагони мазкур ба талаботи меъёрҳои раванди омӯзиш ҷавобгӯ набуда, бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил, саломатӣ ва бехатарии шахсӣ аст.

"Контейнерҳо наметавонанд ҷои синфхонаҳоро иваз кунанд. Дар як контейнер танҳо 15-16 хонандаи синфҳои ибтидоӣ метавонанд ҷойгир шаванд ва ҳамчунин дохили онҳо дар фасли тобистон гарм ва дар зимистон аз кӯча дида сардтар аст", - омадааст дар изҳороти омбудсмен.

​Ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон афзуда, ки бо ирсоли як нома аз ҳукумати ин кишвар дархост хоҳад кард, ки бунёди бинои нави мактаби деҳаи Кенешро барои на камтар аз 200 хонанда дар наздиктарин фурсат оғоз карда, онро бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кунад.

Рӯзи 2-юми сентябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое аз кушодашавии мактаби ба истилоҳ, "контейнерӣ" дар деҳаи Кенеши вилояти Норин нашр шуданд, ки баҳсҳои тундеро дар ҷомеаи Қирғизистон ба бор оварданд. Дар он маросим намояндагони мақомоти маҳаллӣ низ иштирок доштанд.

Дар пайи ин баҳсҳо вазири маориф ва илми Қирғизистон Гулмира Кудойбердиева ва намояндаи ҳукумати ин кишвар дар вилояти Норин Амонбой Кайипов бо хости худ аз мақомашон канор рафтанд. Вале маълум нест, ки ба истеъфои онҳо баҳсҳо атрофи "мактаби контейнерӣ" сабаб шудааст, ё не.

Фаъолони мадании қирғиз бо кушодани ҳисоби бонкие гуфтанд, барои бунёди мактаб дар деҳаи Кенеш маблағ ҷамъоварӣ мекунанд. Вале ҳукумати Қирғизистон эълом кард, ки ин мушкилро худ ҳал хоҳад кард.

Президенти Узбекистон омодагиҳо ба "Олимпиада-2020"-ро танқид кард

Президенти Узбекистон 4-уми сентябр бо баргузории як ҷаласа дар шаҳри Тошканд масъалаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро дар ин кишвар баррасӣ кард.

Ба огаҳии Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, Мирзиёев сатҳи омодагиҳоро ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио ғайриқаноатбахш номида, сахт танқид кардааст.

Шавкат Мирзиёев ҳамчунин гуфтааст, ки федератсияҳои варзишӣ ва маъмуриятҳои Узбекистон барои варзишкорон шароити лозимиро фароҳам намекунанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин қайд карда шудааст, ки варзишкорон барои зуд барқарор кардани нерӯи худ пас аз мусобиқаҳо ба кумаки фармакологӣ ниёз доранд. Вале дар Узбекистон дар самти фармакологии варзишӣ ҳечгуна корҳое анҷом дода намешавад ва дар ин соҳа низ мутахассисони ботаҷриба мавҷуд нест.

"Бештари варзишкорон намедонанд, ки кадом доруҳоро бояд истеъмол кунанд ва кадоме аз онҳо мамнуъ ҳастанд. Ягон федератсия барои таҳлили омода кардани аъзои мунтахаби кишвар ба мусобиқаҳо ё барқарор кардани нерӯи онҳо озмоишгоҳ надорад. Раҳбари давлат ба ниҳодҳои дахлдор дастур дод, ки лоиҳаи қарори рушди фармакологии варзишӣ ва ташкили озмоишгоҳҳоро дар федератсияҳои варзишӣ таҳия ва пешниҳод кунанд", - афзуд манбаъ.

Путин табодули зиндониёнро бо Украина шарҳ дод

Гуфтугуҳо барои табодули зиндониён ва шахсоне, ки дар Русия ва Украина нигаҳдорӣ мешаванд, дар ҳоли анҷомёбӣ ҳастанд. Ин нуктаро президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи умумии Анҷумани иқтисодии Шарқ баён дошт.

Ба гуфтаи президенти Русия, табодул "дастаҷамъӣ" ва барои муътадил шудани муносибатҳои Маскав ва Киев "қадами хуб" хоҳад шуд.

Путин санаи дақиқи табодули зиндониёнро эълом накард. Вале манбаи хабаргузории русии Интерфакс дар доираҳои дипломатӣ дирӯз гуфта буд, ки он 7-уми сентябр баргузор мешавад. Президенти Украина Владимир Зеленский умед дорад, ки натиҷаҳои нахустини гуфтугӯҳо барои табодули зиндониён дар рӯзҳои наздик ба даст биёянд.

Субҳи 30-юми август дар бораи оғози табодули маҳбусон миёни Украина ва Русия хабарҳои зидду нақиз нашр шуданд. Вале дертар онҳо рад шуданд. "Гуфтугӯҳо барои табодули маҳбусон идома доранд", - иттилоъ дод сухангӯи Хадамоти амнияти Украина Елена Гитлянская.

Ноиб-сарвазири Қазоқистон: 15 тарҳи муштарак бо Чин иҷро шуд

Женис Қосимбек

Дар Қазоқистон 15 тарҳи муштарак бо Чин анҷом шуда, дар ҳоли фаъолият ҳастанд. Дар ин бора рӯзи 5-уми сентябр Женис Қосимбек, муовини сарвазири он кишвар хабар дод.

Иттилои Қосимбек дар ҳолест, ки дар чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон зидди тарҳҳои муштарак бо Чин эътироз баргузор мешавад. Вале ноиб-сарвазир мегӯяд, дар доираи барномаи саноатсозӣ интизор меравад, 55 тарҳи дигар амалӣ шавад.

"Барои иҷрои 15 тарҳи анҷомшуда 3,9 миллиард доллар харҷ гардид. Ин тарҳҳо бахшҳои мухталифи иқтисодро дар бар мегиранд. Дар маҷмуъ, дар доираи 15 тарҳ бештар аз чаҳор ҳазор ҷои кор муҳайё шуд, ки 95 дарсадашон шаҳрвандони Қазоқистон ҳастанд", - афзуд Қосимбек.

"Ҳоло мардум мегӯянд, ки корхонаҳои нав "ифлосанд" ва ин тарҳҳои куҳнашуда аст, ки ба ҳудуди Қазоқистон меоранд. Расман изҳор медорам, ки ягон корхонаи куҳна дар ҳудуди Қазоқистон нест. Ҳамаи ин тарҳҳо нав ҳастанд", - гуфт Қосимбек.

Ба гуфтаи вай, давоми 5-6 соли оянда ҳамаи 55 тарҳи дигар амалӣ хоҳад шуд.

Сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон чандин рӯз мешавад, зидди бунёди 55 корхонаи чинӣ дар ин кишвар ва сафари президент Қосимҷомарт Тоқаев ба Пекин эътироз доранд, ки қарор аст, рӯзҳои 11-12-уми сентябр сурат бигирад.

Президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев моҳи апрели соли 2019 дар ҷараёни сафараш ба Пекин хабар дод, ки бо Чин дар робита ба "55 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши сохтмон, саноат, истеҳсоли гушт, гандум созишномае ба имзо расидааст".

Дар як қатор шаҳрҳои дигари Қазоқистон ҳам ба ҷонибдорӣ аз сокинони Жанаозен эътирозҳо ҷараён доранд.

Рӯзи 3-юми сентябр ҳудуди 30 нафар дар майдони назди бинои шаҳрдории Нурсултон ҷамъ шуда, аз мавқеи сокинони Жанаозен зидди "тавсеаталабии Чин" ҷонибдорӣ карданд. Сардори Идораи рушди ҷомеаи шаҳрдории Нурсултон Талгат Раҳмонбердиев ба назди эътирозгарон баромада, гуфт, Чин дар Қазоқистон ягон корхона бунёд карданӣ нест.

Чин чаҳорумин сармоягузор ва севумин қарздиҳандаи бузурги Қазоқистон аст. Қазоқистон дар навбати худ барои Чин манбаи ашёи хом, бозори фурӯши маҳсулот ва минтақаи транзитӣ мебошад. Пекин имсол ба Нурсултон 2 миллиарду 62 миллион юан додааст. Қазоқистон дар ҳоли ҳозир аз Чин беш аз 12 миллиард доллар қарздор аст.

Олигархи рус мушовири президенти Туркманистон шуд

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон роҳбари ширкати байналхалқии "АРЕТИ", олигархи рус Игор Макаровро коршиноси умури нафту газ дар назди президент таъйин кард.

Вазорати молияи ИМА моҳи январи соли 2018 зидди Игор Макаров таҳрим ҷорӣ карда буд.

Ба иттилои маҷаллаи Forbes, Игор Макаров 2,1 миллиард доллар сармоя дорад. Расонаҳои Туркманистон навиштанд, ки Макаров аз таъйин шуданаш ба мақоми нав изҳори сипосгузорӣ кардааст. Вай ҳамзамон афзудааст, ки дар Туркманистон таваллуд шуда, ҳаводори варзиши дучархаронӣ аст.

Макаров ҳамзамон роҳбари Федератсияи варзиши дучархаронии Русия аст. Ба иттилои расонаҳо, ширкати "АРЕТИ" дар солҳои 1990 дар содироти гази Туркманистон тавассути Русия ба хориҷ нақши калидӣ дошт.

Соли 2010 расонаҳо навиштанд, ки ширкати мазкур ба президенти Туркманистон киштие бо арзиши 60 миллион доллари ИМА туҳфа кардааст.

Сафарҳои Макаров ба Ишқобод ахиран афзоиш ёфта ва вай рӯзи 9-уми август бо Бердимуҳаммадов мулоқот дошт.

Раҳоии "гумонбари асосӣ" дар сарнагунии ҳавопаймои Малайзия

Владимир Семах

Додгоҳе дар шаҳри Киев Владимир Семах, гумонбар ба сарнагунии ҳавопаймои Малайзияро озод кард, зеро президенти Русия Владимир Путин гуфтааст, доду гирифти зиндониён бо Украина дар остонаи поёнёбист.

Додгоҳи аппелятсионии Киев ин қарорро рӯзи 5-уми сентябр баровард ва гуфт, Семах бояд дарҳол, пас аз ваъдаи берун нарафтан аз кишвар, озод карда шавад.

Аз рӯи гузоришҳо, шаҳрванди Украина Владимир Семах дар миёни ҷудоиталабони Русия, дар шаҳре, ки ҳавопаймо сарнагун карда шуда буд, як воҳиди дифои ҳавоиро назорат мекард.

Пажуҳиши байналмилалии таҳти раҳбарии Ҳолланд, аллакай ба хулосае омадааст, ки ҳавопаймои тиҷоратӣ бо мушаки “Бук”-и Русия зада шудааст ва дар қаламрави ҷудоихоҳони тарафдори Маскав ҷойгир шудааст.

Ин қарор пас аз гуфтушунидҳо миёни Маскаву Киев дар бораи доду гирифти маҳбусон қабул мешавад, ки аз рӯи хабарҳои тасдиқнашуда Семахро низ дар бар мегирад.

Рӯзи 5-уми сентябр дар шаҳри шарқии Владивосток Путин гуфт, созишнома дар бораи доду гирифти зиндониён “наздик аст”.

Киев хостори бозгашти 24 маллоҳе мебошад, ки аз ҷониби Русия соли гузашта дар Қрими ҷудошуда дастгир шуданд ва инчунин коргардон Олег Сентсов ва дигарон, ки гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқ ва ҳукумати Киев "зиндониёни сиёсӣ" дар Русия меноманд.

Озодкунии Семах як рӯз пас аз он фаро мерасад, ки гурӯҳи 40-нафараи аъзои Порлумони Аврупо нома навишта, аз президенти Украина Владимир Зеленский дархост кард, гумонбарро ба ягон доду гирифт ҳамроҳ накунад.

Дар нома гуфта мешавад, Семах "гумонбари асосӣ" дар сарнагунии ҳавопаймои MH17 мебошад, ки дар он 298 нафар кушта шуд. Масъулони як таҳқиқоти байналмилалии таҳти раҳбарии Ҳолланд аллакай изҳори нигаронӣ кардаанд, ки фиристодани Семах ба хоки Русия имкон нахоҳад дод, ки ӯ дар доираи парванда пурсуҷӯ карда шавад.

Парвандаи таҷовуз ба номуси духтари 15-сола дар Узбекистон

Як марди 57-солаи сокини шаҳри Ширини Узбекистон дар таҷовузи духтари ҳамсояаш гумонбар мешавад. Бародари духтари таҷовузшуда, мегӯяд, марди гумонбар бо наздиконаш "талоши бастани парвандаро доранд".

Мақомоти милиса гуфтанд, баъди ҳодиса духтар дар бемористон бистарӣ ва тафтишот шуруъ шудааст.

Шоҳидон мегӯянд, марди 57-сола ба маҳзи огаҳӣ ёфтан дар бораи ин ки духтар дар хона танҳо аст, аз болои девор вориди манзили ҳамсоя шудааст.

Вакили мудофеи ҷабрдида мегӯяд, сарфи назар аз шоҳидии ҳамсояҳо, мақомот мехоҳанд, ин парвандаро ҳамчун "авбошӣ" унвон кунанд.

Садама дар як корхонаи Қазоқистон чаҳор нафарро кушт

Дар корхонаи оҳангудозии ширкати "АрселорМиттал Темиртау" дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон рӯзи 4-уми сентябр садама рух дод, ки дар натиҷа чаҳор кас маҷруҳ шуданд.

Иттилоъ дар бораи садамаро мақомот нахостанд, сари вақт расонаӣ кунанд. Расонаҳо дар ин бора рӯзи 5-уми сентябр иттилоъ ёфтанд.

Моҳи ноябри соли гузашта дар корхонаи мазкур садамаи бузурге рух дода буд.

Корхонаи оҳангудозӣ дар Темиртау охири солҳои 1950 сохта шудааст. Баъди пошхӯрии СССР корхонаро як тоҷири ҳиндӣ харид.

Нашрияи "Ачик Саясат"-ро 300 ҳазор сом ҷарима карданд

Кожобек Риспаев

Додгоҳи шаҳрии Бишкек қарори зинаҳои поёнии додгоҳро дар бораи рӯёнидани ҷуброн дар ҳаҷми 300 ҳазор сом (бештар аз 4300 доллар) аз нашрияи "Ачик Саясат" ба нафъи вакили порлумон Кожобек Риспаевро бе тағйир боқӣ гузошт.

Нозгул Мамитов, сармуҳаррири нашрия гуфт, қарори додгоҳ дар ин бора 5-уми сентябр содир шуд. Мамитова тасмим дорад, ба зинаҳои болотари додгоҳӣ шикоят барад.

Кожобек Риспаев, вакили порлумон аз нашрия барои расонидани зарари маънавӣ ҷуброни молӣ талаб кард. Нашрия гӯё дар моҳи августи соли 2018 бо нашри матлабе ба шаъну шарафи вакили порлумон зиён расонидааст. 24-уми майи соли ҷорӣ додгоҳи ноҳияи Октябри Бишкек даъвои вакилро қонеъ карда буд.

Дар зоишгоҳи Фарғона беморонро ба рӯйи фарш хобондаанд

Раҳбарияти таваллудхонаи ноҳияи Узбекистони вилояти Фарғона тасдиқ кард, ки ба далели афзоиши шумори беморон бархе аз онҳоро ҳамроҳи тифлонашон дар рӯи фарш хобонданд. Вале ба гуфтаи онҳо, ин вазъ ҳамагӣ 1-2 рӯз давом кард.

Як зан бо ирсоли чанд аксу видео навишт, ки "дар таваллудхонаи ноҳияи Узбекистон беморонро дар рӯи фарш хобондаанд. Дар миёни онҳо занони ҳомила ва онҳое низ ҳастанд, ки кӯдак таваллуд кардаанд".

Дар аксу видеоҳо дида мешавад, 4 зан ба рӯи фарш болопушеро партофта, нишастаанд ва яке аз онҳо кӯдаки худро шир медиҳад.

Муовини сардухтури таваллудхона Насиба Омонова гуфт, вазъи мавҷуда муваққатӣ аст, чун беморхонаи дар ҳамсоягӣ буда натавонистааст, ҳамаи беморонро қабул кунад. Вале ӯ гуфт, ин маънои онро надорад, ки беморон 15-20 рӯз дар рӯи фарш мехобанд.

"Идораи сабти ҳолати шаҳрвандӣ ба далели он ки рӯзҳои истироҳатӣ 3 рӯз давом карданд, кор намекард. Мо низ занҳоро бидуни санад ҷавоб дода наметавонем. Рӯзи 31-уми август ва 1-2-уми сентябр ҷамъан 60 зан таваллуд карданд. Худи беморхона 60 ҷой дорад ва бинобар ин, маҷбур шудем, бархеҳоро дар рӯи фарш хобонем", - афзуд ӯ.

Дар таркиши Кобул даҳ нафар кушта шуд

Акс аз инфиҷори 5-уми сентябр дар Кобул

Дар таркиши неруманди нисфирӯзии 5-уми сентябр дар Кобул 10 тан кушта ва 42 тани дигар маҷрӯҳ шудааст.

Нусрат Раҳимиӣ, сухангӯи Вазорати дохилаи Афғонистон гуфт, ҳодиса дар ҳавзаи нуҳуми амниятии Кобул рӯх дод. Ӯ гуфт, ҳодиса таҳқиқ мешавад ва ҷузъиёт дертар нашр хоҳад шуд.

Дар ин инфиҷор даҳҳо мошини сабукрави сокинони оддӣ низ хароб шудааст.

Захмиён, ки дар миёнашон занон ва кӯдакон низ ҳастанд, бе беморхона интиқол ёфтаанд.

Зоҳиран, ба гуфтаи мақомот, маводи тарканда дар дохили мошине қарор дошт ва ҳамлагар онро дар чорроҳаи пуриздиҳоми Кобул инфиҷор дод.

Феълан, ҳодисаро ҳеҷ гурӯҳе бар душ нагирифтааст.

Дар гузашта чунин ҳодисаҳоро гурӯҳи Толибон ва гурӯҳи тундрави ДИИШ дар Афғонистон бар душ мегирифтанд.

Толибон, ки худро як гурӯҳи мухолифи ҳукумати Афғонистон медонанд, бо Амрико барои сулҳи Афғонистон вориди музокира ҳастанд. Музокираи онҳо бо намояндаи ИМА давом дорад, вале ҳанӯз ҳамлаи гурӯҳи Толибон ба нерӯҳои давлатӣ коҳиш наёфтааст.

Пентагон барои бунёди девор дар марз бо Мексика $3,6 млрд дод

Вазири дифои ИМА Марк Эспер қабул кард, ки 3,6 миллиард доллари ҷудошуда барои сохтмони иншооти низомӣ ба бунёди девор дар марз бо Мексика равона шавад.

Бунёди девор дар марз бо Мексика яке аз ваъдаҳои калидии пешазинтихоботии президенти ИМА Доналд Трамп аст. Вале демократҳо дар Конгресс барои он пули кофӣ ҷудо накарданд. Трамп беш аз 6 миллиард доллар талаб кард, вале Конгресс ҳудуди 1 миллиард доллар ҷудо намуд. Трамп бо истифода аз эъломи ҳолати изтирорӣ дар марз дастур дод, ки пули боқимонда аз ҳисоби будҷаи низомӣ гирифта шавад.

"Садои Амрико" бо истинод ба намояндаи Пентагон иттилоъ дод, ки як қисми ин маблағ аз ҳисоби иншооти низомии дохилӣ ва як қисми дигар аз иншооти низомӣ дар хориҷ аз ИМА ситонида мешавад.

Демократҳо қарори Вазорати дифои ИМА-ро сахт танқид карданд. Ба гуфтаи онҳо, қарори мазкур ба 127 иншооти низомӣ дахл хоҳад кард, ки он сатҳи зиндагӣ ва руҳияи ҷангии неруҳои амрикоиро ба ҳам мезанад.

Дар Пентагон мегӯянд, бунёди девор имкон медиҳад, то шумори низомиён аз ҳисоби онҳое, ки ҳоло бо дастури Трамп барои пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар марз қарор доранд, кам карда шавад.

Рақами миллионҳо корбари Facebook дастраси умум шудааст

Марк Сукерберг, муассиси Facebook

Рақами телефони мобилии беш аз 400 миллион истифодабарандаи шабакаи иҷтимоии Facebook дар дастраси умум қарор гирифтааст. Дар ин бора 4-уми сентябр нашрияи "TechCrunch" хабар дод.

Дар махзани муҳофизатнашаванда садҳо ҳазор сабте вуҷуд дорад, ки рақамҳои махсус ва шумораҳои мобилии кормандон нигаҳдорӣ мешаванд.

Тавре нашрияи "TechCrunch" зикр кардааст, дар баъзе аз сабтҳо номи истифодабаранда, ҷинс ва кишвари иқоматаш ошкор аст.

Дар махзан рақами 133 миллион корбарон аз Амрико, 50 миллион аз Ветнам ва 18 миллион аз Британия зоҳир шудааст.

Нашрия навишт, дастраси ом шудани ин маълумот ба корбарон хатар эҷод мекунад ва онҳоро зери ҳамлаи қаллобон қарор медиҳад ва рақамҳои мобилашон мавриди сӯистифода қарор мегиранд.

Моҳи июли имсол комиссияи федеролии савдои Амрико Facebook-ро барои ҳифз накардани мушаххасоти корбарон панҷ миллиард доллар ҷарима карда буд.

Дастури Имрон Хон барои решакан кардани фасодкорӣ дар посгоҳҳо

Имрон Хон, нахуствазири Покистон

Имрон Хон, нахуствазири Покистон дастур додааст, ки барои “решакан кардани” ришваситонӣ дар посгоҳҳо дар ду шоҳроҳи муҳим, ки то ба Афғонистон меравад, чора биандешанд. Дар як ёддоште аз рӯзи 4-уми сентябр дафтари нахуствазири Покистон гуфтааст, манобеи беном ба нахуствазир аз он хабар додаанд, ки маъмурони пулис, гумрук, артиш дар шоҳроҳи Карочӣ аз мошинҳои молу коло фақат ришва меситонанд.

Дар ёддошт омадааст, “метавон ҳадс зад”, пуле ки аз ронандагону тоҷирон дар шоҳроҳҳои Карочӣ-Турхам ва Карочӣ -Чаман мегиранд, бо “мақомот дар сатҳи болотар тақсим мешавад.” Аз ин рӯ Имрон Хон ба мақомоти марбута дастур додааст, шеваҳои тафтиши мошинҳоро бознигарӣ кунанд, шумораи посгоҳҳоро коҳиш диҳанд ва ё посгоҳҳои алоҳидаи ҳар ниҳодро муштарак созанд.

Роҳи 1820 километрии Карочӣ – Турхам яке аз шоҳроҳҳои асосии Покистон аст, ки шимоли кишварро ба ҷануб мепайвандад. Он аз вилояти Синдҳ сар мешавад ва то ба шаҳри марзии Турхам дар Вилояти Хайбар Пахтунхоҳ мерасад. Шоҳроҳи Карочӣ-Чаман 800 километр аст ва аз шаҳри Кветта мегузарад ва ба шаҳри бандарии Чаман дар вилояти Балучистон мерасад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Манъи парвариши чорво дар гӯшаҳои нави пойтахти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
XS
SM
MD
LG