Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Эътирозҳои зиддичинӣ дар Қазоқистон: рӯзи ҳафтум. Тоқаев ба сафари Чин омода мешавад

Дар ҳоле, ки президенти Қазоқистон Қосимжомарт Тоқаев барои як сафари дурӯза ба Пекин омодагӣ мебинад, даҳҳо фаъоли ҷамъиятӣ дар шаҳри ҷанубуғарбии Жанаозен рӯзи ҳафтум аст, ки зидди сармоягузориҳои чинӣ ва тарҳҳои саноатӣ эътироз мекунанд.

Эътирозгарон рӯзи 9 сентябр дар маркази шаҳри Жанаозен ҷамъ омада, аз ҳукумат талаб карданд, ки ба гуфтаашон, “тавсеаи Чин”-ро аз роҳи бунёди корхонаву дигар тарҳҳо дар хоки Қазоқистони ғанӣ аз нафт хотима диҳанд. Эътирозгарон талаб доранд, ки сармоягузорӣ ба кишвар тавассути ҳамкориҳо бо Аврупо, Ҷопон ва ИМА афзоиш дода шавад. Ба гуфтаи эътирозгарон, ин кишварҳо мисли Чин дар фикри “ба Қазоқистон овардани ҳазорҳо ҳамватанонашон нестанд”.

Рӯзҳои охир фаъолон дар пойтахт - шаҳри Нурсултон, бузургтарин шаҳри кишвар - Алмати ва чандин шаҳру манотиқи дигар ба нишони ҳамраъйӣ бо сокинони Жанаозен, ки аз 2 сентябр ба ин тараф раҳпаймоӣ мекунанд, ба хиёбонҳо баромадааст.

Рӯҳияи зиддичинӣ дар Қазоқистон баъди он боло гирифт, ки фаъолон аз тақдири риққатбори аққалиятҳои миллии мусалмон дар минтақаи Шинҷони Чин, аз ҷумла қазоқҳо изҳори нигаронӣ карданд. Соли гузашта СММ гуфт, ки тахминан 1 миллион аҳолии уйғуртабори Чин ва дигар қавмҳои туркзабони бумии ин кишвар ба “марказҳои зиддиэкстремистӣ” ворид карда шуданд. Мухолифон мегӯянд, ки ин маконҳо дар асл қароргоҳҳои тарбиявӣ мебошанд, ки дар он ҷо мутобиқ ба идеологияи ҳукуматии Чин таҳти фишор қарор дода мешаванд.

Вале мақомот дар Қазоқистон гуфтаанд, ки нақшаҳои бунёди 55 корхонаи саноатӣ бо маблағгузории Чинро идома медиҳанд.

Толибон аз ду ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистон ронда шуданд

Ноҳияи Юмгони Бадахшони Афғонистон

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ду ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро аз дасти гурӯҳи Толибон бозпас гирифтанд.

Ноҳияи Юмгон ва Вардуҷ, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгиранд, панҷ сол боз дар дасти гурӯҳи Толибон қарор доштанд.

Амалиёт барои пас гирифтани ин ду ноҳия 11 рӯзи пеш оғоз шуд. Асадуллоҳ Муҳаммадӣ, фармондеҳи пулиси Бадахшон мегӯяд, дар пайи амалиёт наздики 200 ҷангҷӯ кушта шуд, ки дар миёни онҳо ҷангҷӯёни хориҷӣ низ ҳастанд.

Озодсозии ду ноҳия аз дасти Толибон дар ҳолест, ки рӯзи 8-уми сентябр Доналд Трамп, президенти Амрико гуфтугӯҳои сулҳ бо ин гурӯҳро қатъ кард. Чунин тасмимро президенти ИМА пас аз ҳамлаи маргбори чанд рӯзи пеши Толибон гирифт, ки дар он як сарбози амрикоӣ низ кушта шуда буд.

Дар ҳамлаҳои ҳавоии Сурия 18 нафар кушта шуд

Ҳамлаҳои ҳавоӣ дар шарқи Сурия мавқеъҳои нирӯҳоеро ҳадаф қарор дод, ки аз ҷониби Эрон ва дигар ҷангиёни муттафиқи онҳо пуштибонӣ мешаванд. Дар натиҷаи ҳамлаҳои рӯзи 9 сентябр, ба иттилои созмони бритониёии Нозирони ҳуқуқи башар дар Сурия, 18 ҷангӣ кушта шуд. Ин созмон гуфт, ки рейдҳо шабонгоҳ аз ҷониби ҳавопаймоҳои ношинос дар минтақаи Ал-Букамоли ҳаммарз бо Ироқ анҷом шуд.

Созмони Нозирони ҳуқуқи башар дар Сурия гуфт, ки ҳамлаҳо гузаргоҳҳои низомӣ, мошинҳои ҳарбӣ ва захирагоҳҳои силоҳро ҳадаф қарор доданд. Ин созмон мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд, шумори қурбониҳо афзоиш меёбад.

Як созмони ҷамъиятии фаъол дар шарқи Сурия бо номи “Садову акс” ҳам дар бораи ҳамлаҳои ҳавоӣ гузориш дод ва гуфт, ки дар паи ин ҳамлаҳо як захирагоҳи силоҳи гурӯҳи ба ном “Ҳашт шаъбӣ” – ҷангиёни шиамазҳабе, ки аз Эрон пуштибонӣ мешаванд, ҳадаф қарор гирифт.

Эрон ва Русия дар тамоми муддати ҷанги Сурия ба ҳукумати Башор Асад кӯмак кардааст.

Исроил, ки Эронро таҳдиди калони худ арзёбӣ мекунад, дар ҳафтаҳои гузашта бовар меравад, ки маконҳои марбут ба Эронро дар хоки Сурия, Ироқ ва Лубнон ҳадаф қарор додааст.

Низомиёни исроилӣ рӯзи 9 сентябр гуфтанд, ки чандин мушак дар берун аз қаламравҳои Димишқ, пойтахти Сурия партоб шуд, вале ҳеҷ якаш натавонист ба қаламрави Исроил асобат кунад.

Як полковники пешини СНБ дар додгоҳ посух мегӯяд

Додгоҳи низомии Узбекистон 5-уми сентябр баррасии парвандаи нави сардори пешини Идораи тафтишотии Хадамоти амнияти миллии ин кишвар ё худ СНБ, полковник Нодир Турақуловро оғоз кард.

Ба гуфтаи як манбаъ дар мақомоти қудратии Узбекистон, парвандаи мазкур дар асоси шикояти намояндаи ширкати олмонии "International Spedition Willi Bets" – яке аз қурбониёни амалҳои Турақулов боз шудааст.

Ҷониби ҷабрдида Турақуловро дар ҳабси ғайриқонунии 17 мошини "Mercedes Bens Aktros"-и ширкат ва расонидани хисорот ба андозаи 4 миллиону 800 ҳазор евро айбдор мекунад.

Ёдрас мешавем, додгоҳи Узбекистон дар мурофиаи 25-уми октябри соли гузашта даъвои ширкати олмониро қонеъ накарда буд. Мурофиаҳои навбатии Турақулов низ ба иллати сирри давлатӣ доштани парвандааш пушти дарҳои баста баргузор мешаванд.

Сардори пешини Идораи тафтишотии Хадамоти амнияти миллии Узбекистон 25-уми октябри соли гузашта бар асоси як қатор бандҳои Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла "тамаъҷӯӣ, дуздӣ, гирифтани ришва, тақаллубкорӣ, боздошт, ҳабс ва муҷозоти афроди бегуноҳ, кушиши дахолат ба раванди тафтишот ва пулшӯӣ 16 сол аз озодӣ маҳрум ва 81 миллион сӯм (беш аз $9,7 ҳазор) ҷарима шуд

Полковники пешини Хадамоти амнияти миллии Узбекистон Нодир Турақулов 22-уми январи соли гузашта дар шаҳри Тошканд дастгир шуда буд. Ҳамсари ӯ духтари бародари додситони кулли пешини Узбекистон Рашид Қодиров аст. Худи Қодиров низ дар ҳабс аст.

Дар бораи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон филм гирифтанд

Соли 2015, Аскар Узабаев

Синамогарони қазоқ филми нави бадеие бардоштанд, ки дар бораи ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон қисса мекунад. Филми “Казбат”-и коргардон Аскар Узабаев ва продюсер Дониёр Иброҳимов дар бораи ҳодисаҳои соли 1995 дар дараи Пшихарви воқеъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва муқовиматҳои ротаи ҳафтуми қазоқӣ қисса мекунад. Он замон, ба қавли муаллифон ва мушовирони низомии филм, дар шабехуне 7 апрел задухӯрди шадиде миёни нирӯҳои таъиноти вижа ва ҳамлагарон сурат гирифт, ки дар он 17 низомии қазоқ кушта шуд. Зудухӯрде дар тӯли 5 соат ва хеле пурқурбонӣ, ба назари муаллифони филм, бо ҳадафи гиромидошти хотири қурбониёни он ҳодисаи мудҳиш таҳия шудааст. Ҳамаи қурбониҳои ин задухӯр дар Қазоқистон баъди марг бо нишони давлатӣ қадрдонӣ шудаанд. Филм ҳафтаҳои наздик ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Дар дорухонаҳои Узбекистон дурбинҳои назоратӣ насб мешавад

Дар ҳамаи дорухонаҳои Узбекистон бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои фурӯши ғайриқонунии доруҳо дурбинҳои назоратӣ насб карда мешавад. Дар ин бора президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 6-уми сентябр фармонеро ба имзо расонд.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Узбекистон, аз 1-уми январи соли оянда дар ҳамаи дорухонаҳои ин кишвар дурбинҳои назоратӣ насб ва фурӯши доруҳо 24 соат назорат хоҳад шуд.

Бар асоси фармони Мирзиёев, аз 1-уми декабри соли 2019 доруҳои шомил ба феҳристи маводи сахттаъсирро танҳо дорухонаҳои иҷтимоӣ ва онҳое мефурӯшанд, ки барои нигаҳдорӣ ва фурӯши моддаҳои нашъадору психотропӣ иҷозатнома доранд.

Ҳамчунин дар Узбекистон аз 1-уми январи соли 2021 Низоми ироаи дорухатҳои электрониро ҷорӣ карданианд, ки барои тамоми муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳои ин кишвар ҳатмӣ хоҳад буд.

Тасарруфи $583 ҳазор. Як корманди ҳукумати Бишкек боздошт шуд

Як корманди шаҳрдории Бишкек дар азхудсозии маблағи фурӯши 8 манзил гумонбар мешавад. Дар ин бора мақомоти шаҳри Бишкеки Қирғизистон хабар доданд.

Ӯро ҳангоми убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон дар ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд боздошт карданд. Ин корманди шаҳрдории Бишкек мехост, тавассути Тоҷикистон ба Туркия равад.

Боздоштшударо ба ҳабс гирифтаанд.

Пештар аз ин мақомоти шаҳрдории Бишкек хабар дода буданд, ки Эрик Аширалиев, масъули Раёсати амволи шаҳрдорӣ 8 манзили мутааллиқ ба шаҳрдориро фурӯхта, ғайб задааст. Ба иттилои мақомот, вай ҳамагӣ 1,5 моҳ дар шаҳрдории Бишкек фаъолият кардааст.

Пулис ҳаҷми зарари расонидаи ӯро 583 ҳазор доллар арзёбӣ мекунад.

Дар шаҳри Нурсултон эътирозҳои алоҳида баргузор шуд

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон рӯзи душанбеи 9-уми сентябр чанд эътирози алоҳидае баргузор шуд, ки ширкатдорони он талабҳои гуногун доштанд.

Бархе аз онҳо гуфтанд, бо қарори додгоҳҳо, ки нисбати онҳо ё наздиконашон содир шудааст, розӣ нестанд.

Ширкатдорон аз беамалии мақомот нисбати шикоятҳояшон изҳори нигаронӣ карданд.

Дар Хонаи вазирони шаҳри Нурсултон эътирозгарон шиор ва овезаҳое бо танқиди бархе аз судяҳо ва кормандони додситонӣ паҳн карданд. Бархе аз онҳо дар даст овезаҳое бо талаби барканории судяи додгоҳи олии Қазоқистон Жакип Асановро доранд.

Эътирозгарон гуфтанд, сар аз 9-уми сентябр ҳадди ақал то 10 рӯзи дигар даст ба чунин эътироз хоҳанд зад.

Эътирозҳо ва баромадҳои мухталиф бо талабҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва тағйироти дигар дар Қазоқистон аз оғози соли ҷорӣ то кунун идома дорад.

Президенти ИМА Залмай Халилзодро бозхонд

َ

ИМА фиристодаи аршади ин кишвар дар музокироти сулҳи Афғонистон бо Толибонро як рӯз баъди аз ҷониби президент Доналд Трамп бекор шудани гуфтугӯҳои пинҳонӣ бо Толибон бозхонд. Трамп ахиран гуфт, ки тасмими боздошта шудани музокираҳо бо сабаби даст аз ҳамлаҳо набардоштани ҷангиён гирифта шуд. Дар ҳамлаи ахири ин гурӯҳ дар Кобул 12 нафар, аз ҷумла як сарбози амрикоӣ кушта шуд.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар як суханронии телевизиониаш рӯзи 8 сентябр эълон кард, ки фиристодаи амрикоӣ Залмай Халилзода бозхонд шуда, музокираҳо бо гурӯҳи шӯришӣ феълан қатъ мешавад. Помпео гуфт, ки Толибон бо ҳамлаҳои ахирашон “аз ҳад гузаштанд” ва қарори Трамп ҳам бо ҳамин сабаб содир шудааст. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҷангиён рафтори худро дигар накунанд, музокираҳо аз сар гирифта намешаванд. Помпео дар сӯҳбат бо телевизиони Fox News гуфт, ки “Толибон нишон медиҳанд, ки ҳеҷ хоҳиш ваё тавони кам кардани хушунатҳоро надоранд”. Рӯзи 7 сентябр дар як силсила паёмҳои твиттериаш Трамп навишт, ки дар остонаи маросими ёдбуди қурбониёни ҳамлаҳои террористии соли 2001, ки аз ҷониби Ал-Қоида анҷом шуда буд, ният дорад бо ҳарду ҷониб дидору гуфтугӯ кунад. Он замон раҳбарони Ал-Қоидаро Толибон сарпаноҳ дода буданд.

Гумонбари суқути ҳавопаймои Малайзия бозпурсӣ шуд

Владимир Тсемах, ки аз ӯ ба унвони «як шахси манфиатдор» дар парвандаи суқати ҳавопаймои Малайзия MH17 ном бурда мешавад, қабл аз парвозаш ба Маскав рӯзи 7 сентябр дар чаҳорчӯби барномаи табодули зиндониёни миёни Русия ва Украина, аз ҷониби додситонҳои ҳолландӣ бозпурсӣ шуд. Дар ин бора рӯзи шанбе дар парлумони Ҳолланд вазири хориҷаи ин кишвар Стеф Блок изҳорот дод. Блок дар ҷаласаи парлумон гуфт, ки “то замони табодули зиндониҳо”, ки дар ҷараёни он Киеву Маскав 35 зиндониро ба ҳамдигар доданд, додситонҳои ҳолландӣ тамоми талошашонро ба харҷ доданд, то ки “аз роҳи шабакаҳои дипломатӣ дастрасӣ ба Тсемах имконпазир бошад”.

Ӯ гуфт, дар посух Украина ваъда дод, ки ҷараёни табодули зиндониҳоро каме ба таъхир мегузорад ва ҳамин тавр ҳам кард. Ӯ нагуфт, ки дар ҷараёни бозпурсӣ чӣ иттилое ба даст омадааст. Вале Тсемахро шахсе маноманд, ки замони рӯй додани суқути ҳавопаймои ширкати ҳавоии Малайзия раҳбарии воҳиди дифои ҳавоиро дар миёни ҷудоиталабони рӯ ба Кремлин ба ӯҳда дошт. Муфаттишони ҳолландӣ гуфтанд, ки ҳавопаймои мусофирбар аз ҷониби системаи дифои мушакии “Бук”-и Русия июли соли 2014 суқут дода шуд.

Гуфтугӯи Путину Макрон дар бораи Украина ва Эрон

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия бо ҳамтои фаронсавиаш Эммануэл Макрон дар бораи муноқиша дар шарқи Украина ва созиши атомии Эрон гуфтугӯ кардааст. Вебсайти расмии ҳукумати Русия хабар дод, ки гуфтугӯ рӯзи 8-уми сентябр сурат гирифтааст.

Раҳбарони ду кишвар як рӯз пештар аз мулоқоти вазирони дифои Русия ва Фаронса дар Маскав табодули назар кардаанд. Ба навиштаи хабаргузории давлатии ТАСС, Сергей Шойгу ва Флоренс Парли рӯзи 9-уми сентябр дар бораи таҳаввулот дар Халиҷи Форс, аз ҷумла Эрон, вазъ дар Украина ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ гуфтугӯ мекунанд.

Вазири фаронсавӣ ба хабаргузории русӣ гуфтааст, ки гуфтугӯҳо дар бораи масоили зиёде “ошкоро” хоҳад буд. Ба қавли ӯ, "чолишҳои зиёди геостратегие ҳастанд, ки Фаронсаву Русия дар он манофеи муштарак доранд. Албатта дар баъзе аз масоил мо ихтилофоти назар дорем, вале ҳамин моро водор мекунад, ки муколамаро бештар кунем. Мо мехоҳем, муколамаи ошкору мубрам доштам бошед ва шартҳои худро пеш гузорем."

Айни замон қарор аст, Ян Ив Ле Драян, вазири умури хориҷии Фаронса бо ҳамтои русаш Сергей Лавров низ гуфтугӯ кунад. Ле Драян қабл аз сафараш ба Маскав ба телевизиони Фаронса гуфтаааст, ки ҳанӯз бисёр зуд аст, ки Иттиҳоди Аврупо таҳримҳо ба зидди Русияро аз байн бардорад. Ин таҳримоти иқтисодӣ баъди ишғоли нимҷазираи Қрими Украина ва ҳимояти Русия аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина ба зидди Маскав эъмол шуд.

Омӯзгоре дар Узбекистон ба таҷовузи шогирдаш муттаҳам аст

Мақомоти ноҳияи Олтинсойи Узбекистон аз рӯи далели таҷовузи як хонандаи мактаб аз сӯи омӯзгори 62-сола парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Ба гуфтаи хонанда, омӯзгор ӯро давоми 1,5 сол дар ҳудуди мактаб мудовим таҷовуз кардааст. Вай мегӯяд, хушунати ҷинсӣ нисбати вай аз моҳи сентябри соли 2017 то марти соли 2019 давом кардааст.

"Омӯзгор ба ман шароб нӯшонида, ба синфхонаи кимиё даровард ва таҷовуз кард. Баъзан ин ҳолат як рӯз дар миён, баъзан дар се рӯз як маротиба рух медод. Ҳолатҳое мешуд, ки вай маро аз дарс берун бароварда, ин амалро содир мекард. Бори аввал хушунати ҷинсӣ аввали соли хониши синфи 9-ум рух дод. Вай пешниҳод кард, ки ман дар синф боқӣ монам ва барои иштирок дар олимпиада омодагӣ бинам. Он замон вай ба ман шароб дода, таҷовуз кард. Баъд маро тарс медод, ки ба касе дар ин бора сухан накунам, дар акси ҳол маро аз мактаб хориҷ мекунад", - нақл кард хонанда.

Модари хонанда мегӯяд, бори аввал моҳи марти имсол, вақте дар дасти духтараш телефони гаронбаҳо ва маблағ дид, тахмину гумонҳояш пайдо шуданд. "Духтарам гуфт, ки инҳоро омӯзгори фанни кимиё ба вай додааст. Баъди пурсишҳои зиёд, духтарам ба ман иқрор шуд", - гуфт модари духтар.

Айни ҳол омӯзгори 62-сола дар таҷовузи хонанда гумонбар ва аз мактаб ронда шудааст.

Як фаъоли туркманистонӣ аз зиндон раҳо шуд

Гаспар Маталаев

Гаспар Маталаев, як фаъоли туркманистонӣ баъди 3 соли зиндон рӯзи 6-уми сентябр ба озодӣ баромад. Айни ҳол вай дар манзилаш қарор дорад.

Ба иттилои расонаҳо, Маталаевро, ки ба мониторинги меҳнати маҷбурӣ дар ҷамъоварии ҳосили пахта машғул буд, шаби 4 ба 5-уми октябри соли 2016 боздошт карданд. Пеш аз боздошташ вай чанд маротиба бо кормандони бахшҳои буҷавӣ ва хонандагони мактабҳо дар бораи меҳнати иҷборӣ дар саҳрои пахта суҳбат карда буд.

Дувуми октябри соли 2016 сомонаи turkmen.news акси Маталаевро аз ноҳияи Фороб бо сарлавҳаи "Одамонро дар болои мошини борбар мисли гӯсфандон мебаранд" нашр кард. Ду рӯз баъд аз он Қурбонгули Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон нисбати вазири вақти амнияти миллии кишвараш барои "иҷро накардани вазифаҳои хизматӣ" танбеҳи қатъӣ эълом кард.

Ҳамон шаб Маталаев боздошт шуд. Пулис зери шиканҷа ӯро маҷбур кард, ки ба қаллобӣ ва додани пора эътироф кунад. Ба ҳамин тартиб, додгоҳ ӯро 3 сол зиндонӣ кард.

Моҳи апрели соли 2018 Гуруҳи кории СММ боздошти Маталаевро худсарӣ унвон кард. СММ гуфт, Маталаев аз дастрасӣ ба додгоҳи одилона маҳрум буд ва барои амалӣ кардани ҳуқуқҳояш зиндонӣ шудааст.

Дар Русия рӯзи ягонаи раъйдиҳӣ баргузор шуд

Дар Русия ва нимҷазираи ишғолии Қрим 8-уми сентябр раҳбари 19 федератсия, вакилони 13 маҷлиси шаҳриву минтақавиро интихоб карданд.

Аз ҳама бештар раъйгириҳо дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва Хабаровск мавриди таваҷҷуҳ қарор доштанд. Интихоботи маҷлиси пойтахти Русия пас аз роҳ наёфтани номзадҳои мустақил ба он эътирозҳои густардаеро ба миён овард.

Дар шаҳри Санкт-Петербург номзади ҳизби ҳоким ба мақоми раисии шаҳр Александр Беглов дар рӯзи интихобот бидуни рақиби калидӣ монд. Дар Хабаровск соли 2018 дар пайи эътирозҳо номзади Ҳизби либерал-демократии Русия раиси шаҳр интихоб шуда буд ва ҳоло ин ҳизб дар интихоботи порлумонии минтақа пешсаф аст.

Коршиносони "Маъмурияти либерал" иттилоъ доданд, ки дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ рақобатҳои сиёсӣ коҳиш ёфта буд.

Рӯзи 8-уми сентябр сокинони Алтай, Бошқиристон, Калмикия, Забайкал, Ставропол, вилоятҳои Астрахан, Вологодский, Волгоград, Қурған, Курск, Липетск, Мурманск, Оренбург, Сахалин, Челябинск ва шаҳри Санкт-Петербург раҳбари худро интихоб карданд. Дар Москва рӯзи якшанбе интихоботи вакилони маҷлиси шаҳрӣ баргузор шуд. Сокинони Севастополи ишғолӣ ҳам вакилони маҷлиси шаҳрии худро интихоб карданд.

Муҷтамаи нави Русияро дар Байконур Назарбоев ном гузоштанд

Муҷтамаи кайҳониву мушакии Русия барои партоби мушакҳои борбар, ки айни ҳол дар Байконури Қазоқистон сохта мешавад, ба ифтихори президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев номгузорӣ шуд.

Дар ин бора сомонаи "Роскосмос"-и Русия иттилоъ дод.

Созишнома дар бораи сохтмони ин муҷтамаъ соли 2018 имзо шуда буд. Пештар он "Байтерек" ном дошт. Дар мулоқоти охири Назарбоев дар Русия бо президенти он кишвар Владимир Путин дар ҳафтаи гузашта, президенти Русия пешниҳоди тағйири номи "Байтерек"-ро кард.

Эҳтимол меравад, нахустин мушак аз муҷтамаи "Назарбоев" соли 2022 партоб шавад.

Ёдрас мешавем, ба ифтихори Назарбоев, нахустин президенти Қазоқистон, ки моҳи марти соли ҷорӣ аз мақомаш истеъфо дод, пойтахти Қазоқистон номгузорӣ шудааст. Чанд моҳ аст, ки шаҳри Остонаи пешин ҳамакнун Нурсултон ном дорад.

Ҳукумати Қазоқистон ҳамчунин фурудгоҳи байналхалқии Остонаро ба Нурсултон табдили ном кард ва кӯчаҳои марказии чанде аз шаҳрҳои Қазоқистон ҳам Нурсултон номида шуданд. Чанд пайкараи Назарбоев низ дар Қазоқистон қомат афрохтаанд.

ВКД: ҳомиёни Отамбоев шиносоӣ бо парвандаро ба дарозо мекашанд

Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, вакилони дифои президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоев шиносоӣ бо маводи парвандаи марбут ба ғайриқонунӣ озод шудани саркардаи олами ҷиноӣ Азиз Батукаевро ба дарозо мекашанд.

Ин ниҳод ҳамчунин хабарҳо дар бораи онро ки гӯиё вакилони дифои президенти пешини Қирғизистон имкони шиносоӣ бо парвандаи мазкурро 5 август дарёфт кардаанд, рад кард.

"Отамбоев ва ҳомиёни ӯ -- Слеварев ва Жоошев 30-юми август огаҳ карда шуданд, ки таҳқиқи парванда ба поён расид. Рӯзҳои 2 ва 3-юми сентябр вакилони дифоъ барои шинос шудан бо парванда наомаданд ва сабабҳоеро пеш оварданд, ки тасдиқи худро наёфтанд. Отамбоев ва ҳомиёнаш рӯзи 4-ум низ аз имзои санади эъломи ба поён расидани тафтишот худдорӣ карданд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати умури дохилии Қирғизистон, ба вакилони дифои Отамбоев аз 6 то 11-уми сентябр муҳалат дода шудааст, ки бо маводи парванда шинос шаванд.

Вакили дифои Отамбоев -- Замир Жоошов дар навбати худ иддаои вазорат дар бораи имзо нашудани санади анҷоми тафтишотро рад кард. "Отамбоев аз рӯзҳои аввал чизеро имзо намекунад. Вакилони дифоъ имзо мекунанд. Санади эъломи анҷоми тафтишотро мо имзо кардаем. Дар мавриди шиносӣ бо парванда бояд гуфт, ки додгоҳ бо дархости муфаттишон муҳлати тафтишот ва ҳабси пешакии Отамбоевро то 26 октябри соли равон дубора дароз кардааст ва бинобар ин, мо барои шиносоӣ вақти кофӣ дорем. Қонун ҳам муҳлати шиносоиро маҳдуд накардааст. Вале вазорат бо сабабҳое мехоҳад, раванди тафтишотро зудтар ба поён расонад", - изҳор дошт Жоошев.

Соли 2013 додгоҳи шаҳрии Норини Қирғизистон дар асоси ташхиси табибон қарори пеш аз муҳлат озод кардани Азиз Батукаевро қабул кард. Батукаев ҳамон рӯзи озодшавиаш аз Бишкек ба Русия парвоз кард. Ин ҳодиса баҳси густардаеро ба миён овард.

Дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани Батукаев зидди як қатор мансабдорони вақти қирғиз тафтишот оғоз шудааст. Дар миёни онҳо вазири пешини тандурустӣ Динара Сагинбаева, мушовири пешини раҳбари Хадамоти зиндонҳо Калибек Качкиналиев, муовини пешини сарвазир Шомил Атахонов, додситони кулли пешини Қирғизистон Аида Салянова ва чандин табиб низ ҳастанд.

Дар робита ба озодии Батукаев зидди президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев низ айб эълом шуд

Корнамоии тоҷири 33-солаи тоҷик дар Иркутски Русия

Иркутск. Акс аз бойгонӣ

Расонаҳои Русия рӯзи 8-уми сентябр аз корнамоии як тоҷири тоҷик дар шаҳри Иркутски Русия гузориш доданд. Онҳо гуфтанд, Шамс Ширинови 33-сола гарданбанди ғоратшудаи як пиразани русро аз дасти дузде гирифта, ба ӯ баргардондааст.

"Комсомолская Правда-Байкал" навишт, ҳодиса рӯзи 6-уми сентябр рух дод. Ба навиштаи нашрия, "зани бознишастае дод мезад, ки ӯро ғорат карданд. Шамс Ширинов барои дастгир кардани дузд аз паси ӯ давид. Ба ӯ ҳамватанонаш кумак карданд. Онҳо ба самте, ки дузд давид, ишора намуданд. Баъдан ноболиғони дучархасавор ба дузд имкон надоданд, ки пинҳон шавад."

Ба навиштаи расона, ба Шамс Ширинов муяссар шуд, ки дуздро дар назди Донишгоҳи Байкал дастгир кунад ва ба пулис супорад.

Бисёре аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз чунин рафтори тоҷири тоҷик изҳори хушӣ кардаанд. Дар гузашта низ чанде аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба кумаки дармондаҳо шитофта, номашон дар сархатти расонаҳо қарор гирифта буд.

Баъзеи онҳо мехоҳанд, бо чунин рафтор дидгоҳи шаҳрвандони Русияро нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ба самти мусбат тағйир диҳанд. Баъзеи дигар мегӯянд, бо вуҷуди кумак ба дармондаҳо дар Русия натанҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифтанд, балки заҳмати онҳо ба номи дигарон сабт шудааст.

Дар бархе ҳолат, исми муҳоҷир зикр шавад ҳам, шаҳрвандиаш пинҳон мемонад, мисли корнамоии Алиназар Баҳодурови 21-сола, ки ҷони худро дар хатар гузошта, барои боздошти як марди мусаллаҳ кумак расонда буд. Расонаҳои Русия ин корнамоии Баҳодуровро нашр карданд, аммо аз кадом кишвар ва намояндаи кадом миллат будани ҷавонро нагуфтанд.

Ҳодисаи дигар ба қаҳрамонии Собир Хаспаллаев рабт дорад. Рӯзи 5-уми декабри соли 2017 Собир шоҳиди ба дарё рафтани мошини сабукрав шуд ва зиёд фикр накарда, худро ба дарё андохту ронандаи ин мошинро наҷот дод, вале дар гузоришҳо аз ӯ ном гирифта нашуд.

Аммо дар мисоли сӯхтори маркази тиҷоратии "Зимняя вишня" дар Кемерово корнамоиҳои Фарзон Салимовро худи раиси Кумитаи тафтишотии Русия қадрдонӣ карда буд.

Вокунишҳо ба мубодилаи зиндониён миёни Русия ва Украина

Раҳбарони шуморе аз кишварҳои ҷаҳон аз иқдоми Украина ва Русия барои табодули 70 зиндонӣ ва афроди боздоштшуда ситоиш карданд.

Аз миёни 35 зиндонии украинӣ, ки Русия рӯзи шанбе озод кард ва ба ватанашон фиристод, 24 дарёнавард низ ҳастанд. Русия онҳоро соли гузашта дар тангии Керч дар дарёи Азов боздошт карда буд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, аз 35 украинӣ дар фурудгоҳи Бориспол бо гармӣ пазироӣ кард. Вай гуфт, “дар қадами баъдӣ дар мавриди бозгардондани тамоми зиндониён иқдом хоҳем кард ва тибқи созишномаи Минск ба хуруҷи нерӯҳо дар ду минтақаи шарқи Украина дар ду марҳила идома медиҳем. Сипас оташбаси пурра ва поёни ҷанг.”

Филмсоз Олег Сентсов ҳам дар миёни украиниҳои озодшуда аст. Вай баъд аз ишғоли Қрим аз тарафи Русия ба иттиҳоми даст доштан дар фаъолияти террористӣ дастгир шуда буд. Сентсов рӯзи шанбе пас аз расидан ба фурудгоҳи Бориспол ба хабарнигорон гуфт, "умед дорам, тамоми зиндониёни украинӣ ба зудӣ озод шаванд, аммо бо вуҷуди раҳоии охирин зиндонӣ ҷанги мо поён нахоҳад ёфт. Пирӯзӣ ҳанӯз бисёр дур аст. Душман қавӣ асту даст намебардорад, аммо яқин ки пирӯзӣ аз они мо хоҳад буд."

35 зиндонии Русия ҳам дирӯз ба Маскав расиданд. Кирилл Вишинский, хабарнигори РИА Новости ва Владимир Семах, гумонбар ба сарнагунии ҳавопаймои Малайзия дар миёни онҳо ҳастанд. Дар ин ҳодиса дар соли 2014-ум 298 тан ҷон бохтанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, мубодилаи зиндониён миёни Русияву Украинро “хабари хуб" дониста ва ба ҳар ду тараф муборакбод гуфтааст. Курт Волкер, намояндаи хоси Амрико барои Украина, изҳори умед кард, ки ин иқдом заминаро барои музокирот ба ҳадафи поён додани хушунат дар шарқи Украина фароҳам меорад.

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, мубодилаи зиндониён миёни Русия ва Украинро “нишонаи умедворкунанда" хонд. Федерика Моғеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо аз ҳар ду тараф хост, ин иқдомро тақвият бахшанд.

Мақомоти Фаронса гуфтаанд, мубодилаи зиндониён нишон дод, ки эътимоди байни ду кишвар афзоиш ёфта ва ду тараф барои аз саргирии гуфтугӯ ирода доранд.

Аз моҳи апрели соли 2014 ба ин сӯ, ки ҷанг миёни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва нерӯҳои ҳукуматии Украина дар шарқи ин кишвар идома дорад, беш аз 13 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ дар Русия пас аз эътирозҳои густарда

Шаҳрвандони Русия рӯзи 8-уми сентябр пас аз мавҷи эътирозҳои густарда дар тобистони имсол барои иштирок дар интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ ба пойи сандуқҳои райъдиҳӣ рафтанд. Интихобот дар ҳоле баргузор гардид, ки оморҳо баёнгари кам шудани маҳбубияти раҳбарони феълии Кремлин, аз ҷумла президент Владимир Путин аст. Нигоҳҳо бахусус ба интихоботи Маҷлиси шаҳри Маскав дӯхта шуда буд. Ҷое, ки ба қавли мухолифон номзадҳои мустақил ва намояндагони оппозитсиюн роҳ дода нашуданд. Тобистони имсол даҳҳо ҳазор тан ба хиёбонҳои пойтахти Русия баромада, зидди сиёсатҳои давлат ва фасод эътироз карданд. Ин эътирозҳо аз назари шумори роҳпаймоён тайи дастикам ҳашт соли гузашта бесобиқа будааст. Дар ин эътирозҳо пулис ба камияш 2000 ҳазор нафарро боздошт кард. Чанде аз онҳоро ҷарима ва бархеро ҳабс намуданд. Интихоботи рӯзи якшанбе дар 83 минтақаи Русия баргузор шуд. Дар ин интихобот волӣ ё губернаторон низ баргузида шуданд.

Даргузашти модари Давлат Худоназаров ва Далер Назаров

Меҳрубон Назаров, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон бо ҳамсараш Нодирамо Қадамшоева. Акс аз саҳифаи Музаффари Имдод дар Фейсбук

Нодирамо Қадамшоева, модари сиёсатмадору коргардони маъруфи тоҷик Давлат Худоназаров ва овозхони шинохта Далер Назаров дар 97-солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Қадамшоева ҳамсари вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон Меҳрубон Назаров мебошад. Ӯ дар гузашта ба ҳайси ровии Радиои Хоруғ ва мусаҳҳеҳи нашрияи "Бадахшони Советӣ" кор кардааст.

Қадамшоева як ҳафта пеш аз ҷашни таваллудаш ва дар рӯзи 60-солагии Далер Назаров ҷон дод. Ӯро рӯзи 8-уми сентябр дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳри Душанбе дафн карданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо нафар ба Далер Назаров ва Давлат Худоназаров изҳори таслият гуфтаанд.

Тамошои муҳориба ва "ҷашн"-и пирӯзии Нурмагомедов дар Душанбе. ВИДЕО, АКС

Ҳабиб Нурмуҳаммадов (Нурмагомедов), варзишкори маъруфи доғистонӣ, дар муҳорибаи бидуни қоида ба рақибаш Дастин Поре аз Амрико пирӯз омад ва унвони қаҳрамониро дар созмони UFC ҳифз кард.

Рақобати Нурмуҳаммадов ва Поре шаби 8-уми сентябр дар шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуд. Сабқат хеле пуршиддат ҷараён гирифт. Нурмуҳаммадов дар даври севум бо роҳи буғӣ кардан Пореро шикаст дод.

Дар Тоҷикистон садҳо нафар ин мусобиқаро тавассути экранҳои бузург тамошо карданд. Бештари онҳо гуфтанд, ки аз Нурмуҳаммадов ҷонибдорӣ намудаанд. Баъд аз пирӯзии ин варзишкори доғистонӣ дар кӯчаҳои Душанбе гурӯҳи бузурги ҷавонон садои "Ҳабиб, Ҳабиб" сар доданд.

Тамошои муҳориба ва "ҷашн"-и пирӯзии Нурмагомедов дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:33 0:00

Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз чунин рафтори ҷавонони тоҷик интиқод карда, онро як навъ "бегонапарастӣ" номидаанд.

Қаблан масъулони нуқтаҳои букмекерӣ дар Тоҷикистон гуфта буданд, ки барои сабқати Нурмуҳаммадов ва Поре шартбандиҳои зиёде қабул кардаанд.

Нурмуҳаммадов қаҳрамони мутлақи созмони UFC дар вазни сабук аст ва Поре соҳиби ҷоизаи муваққатии ин созмон мебошад. Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар моҳи октябри соли гузашта Конор Макгрегор, варзишгари ирландиро шикаста дода буд.

Ин варзишгари доғистонӣ дар феҳрасти маҳбубтарин варзишгарони созмони UFC дар мақоми дувум меистад. Тибқи навиштаи маҷаллаи “Forbes”, ӯ дар соли 2018 дар миёни варзишгарони Русия аз ҳама бештар даромад дошт.

Нурмуҳаммадов соли 2017 ба Тоҷикистон омада буд.

Видео: Ҷашни пирӯзии Нурмагомедов дар зодгоҳаш Доғистон:

Дар Доғистон пирӯзии Ҳабиб Нурмагомедовро ҷашн гирифтанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

Мулоқоти пайвандон бо Маҳмадалӣ Ҳайит дар зиндон. Боз шикоят аз шиканҷа

Маҳмадалӣ Ҳайит

Пайвандони Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини пешини ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, рӯзи 7-уми сентябр ва пас аз ним соли шикоят аз шиканҷа бо ӯ дидор кардаанд.

Маҳмадалӣ Ҳайит соли 2015 боздошт ва дар мурофиаҳои паси дарҳои баста ба ҳабси абад маҳкум шуд. Мақомот ӯ ва ҳамроҳонашро ба узвият дар гурӯҳҳои ҷиноӣ, қатлу терорризм, талоши ғасби қудрат ва ошӯби мусаллаҳона гунаҳкор карданд. Чизе, ки онҳо ва наздиконашон бофта мехонанд.

Савриннисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, рӯзи шанбе дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, мулоқоти онҳо дар зиндон аз пушти шиша ва ду соат идома кард. Ба қавли ӯ, шавҳараш шикоят кардааст, ки вайро дигарбора мавриди шиканҷаву азият қарор додаанд.

"Гуфт, баъд аз шикояти мо дар моҳи марти имсол ду моҳ ором гузоштаанд. Баъд аз он дигарбора шиканҷаро оғоз кардаанд. Вазъияташ хуб набуд. Лабаш кафида буд. Худаш гуфт, доруҳояшро намедиҳанд. Ҳатто оби гарм намедиҳанд. Ҷойхоб ва радиоашро гирифтаанд. Мехоҳанд, зидди раҳбарияти ҳизб изҳорот диҳад, ки ӯ қабул намекунад", -- нақл кард Ҷӯраева.

Талошҳои мо барои пайдо кардани мақомоти зиндон рӯзи шанбе бенатиҷа буд. Вале Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, моҳи марти имсол дар номаи расмӣ шиканҷа шудани Маҳмадалӣ Ҳайитро рад карда буд.

Вай дар номаи ҷавобӣ (25-уми марти 2019) ба шикояти ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит навиштааст, "Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия аризаи шуморо вобаста ба ҷой доштани ҳолатҳои шиканҷа нисбат ба шавҳаратон – маҳкумшуда Ҳаитов Маҳмадалӣ Раҳмонович баррасӣ намуд. Дар рафти санҷиши хизматӣ ваҷҳҳои дар ариза қайднамудаи шумо тасдиқи худро наёфтанд."

Наздикони Маҳмадалӣ Ҳайит ду дафъа дар моҳҳои март ва июли имсол дар бораи шиканҷа шудан ва вазъи бади ӯ ба мақомот ва расонаҳо шикоят карданд. Онҳо гуфтанд, ӯ латту кӯб шуда, дар як утоқи "тангу ифлос" нигоҳдорӣ мешавад.

Он вақт Омбудсмени Тоҷикистон аз Додситонии кул хост, ки хабари шиканҷа шудани Ҳайитро таҳқиқ кунад. Савриннисо Ҷӯраева мегӯяд, бо гузашти ним сол аз Додситонии кул ҳеч посух нагирифт.

Як гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид, ки парвандаҳои боздоштҳои худсарона дар кишварҳои ҷаҳонро таҳқиқ мекунад, моҳи майи соли 2018 хулоса дода буд, ки боздошти Маҳмадалӣ Ҳайит, як узви раёсати ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ “ғайриқонунӣ аст” ва аз ин рӯ, “бояд фавран озод карда шавад”. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, моҳи июл дар ҷаласаи Кумитаи ҳуқуқи башари СММ гуфт, "...ин афрод наметавонанд озод шаванд, чун ҷиноятҳои махсусан вазнин кардаанд ва дар доираи муҷозоти пешбиникардаи қонуни Тоҷикистон бояд ҷавоб гӯянд, на бар асоси кадом қонунҳои дигар".

Болтон гуфт, киштии нафткаши Эрон ба Сурия расид

Ҷон Болтон

Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед, гуфт, киштии нафткаши Эрон, ки моҳи гузашта аз боздошт дар Гибралтар озод шуд ва ҳанӯз ҳам таҳти ҷустуҷӯи мақомоти амрикоист, ба бандари Тартус дар Сурия расидааст.

Болтон рӯзи 7-уми сентябр дар Твиттер тасвири моҳвораиро аз рӯзи 6-уми сентябр нашр кард. Дар он киштии "Адриан Дарё 1" дар зери осмони абрӣ ва дар соҳили Тартус нишон дода шудааст.

Ҷон Болтон навишт, "ҳар касе, ки гуфт "Адриан Дарё 1" ба тарафи Сурия намеравад, ҳамеша дурӯғ гуфтааст. Барои Теҳрон таъмини молии режими қотили Башор Асад муҳимтар аз таъмини мардуми худаш аст. Мо метавонем гуфтугӯ кунем, аммо то замоне ки Эрон дурӯғ гуфтан ва густариши терроризмро бас накунад, ҳеч яке аз таҳримҳояш бекор нахоҳад шуд."

Теҳрон моҳҳо пойфишорӣ карда буд, ин киштии нафткаш, ки қаблан "Грейс 1" ном дошт, ба ҳеч ваҷҳ ба сӯи Сурия намеравад.

Киштии нафткаши Эрон рӯзи 4-уми июли имсол аз сӯи нерӯҳои баҳрии Бритониё ба гумони интиқоли нафт ба Сурия боздошта шуда буд, вале онро рӯзи 19-уми август озод карданд.

Иёлоти Муттаҳида дар охири моҳи агусти имсол ба нафткаши эронии мавсум ба "Адриан Дарё 1" ва капитан ё нохудои ҳиндии он таҳрим бор кард. Вазорати хазонадории Амрико рӯзи 30-юми август гуфт, барои он ба нафткаш таҳрим бор шуд, ки аз он нерӯҳои қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон фоида мегиранд.

Табодули зиндониён миёни Украина ва Русия. ВИДЕО, АКС

Мақомоти Украина ва Русия ба табодули зиндониён оғоз карданд.

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 7-уми сентябр гуфт, ин «қадами аввал барои ҳалли низоъ» дар кишвараш аст. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова мегӯяд, “бо вуҷуди баъзе иғвоҳо ва мушкилоти воқеӣ, ин раванд билохира анҷом шуд. Қадами бисёр муҳим аст.”

Рӯзи 7-уми сентябр ҳавопаймои ҳомили шаҳрвандони Русия, ки дар Украина зиндонӣ буданд ва ё дар боздошт нигоҳдорӣ мешуданд, ба фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав расид.

Аз пойтахти Русия ба фурудгоҳи Борисполи Киев шаҳрвандони маҳкумшудаи Украинаро фиристоданд.

Табодули зиндониён миёни Украина ва Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:40 0:00

Бар асоси рӯйхате, ки нашрияи "Украинская правда" рӯзи шанбе чоп кард, Киев ба Маскав 35 нафарро супурдааст. Манобеъ мегӯянд, Русия низ ҳамин миқдор шаҳрвандони боздоштшуда ва маҳкумшудаи Украинаро озод намуд.

Шаҳрвандони озодшудаи Украинаро дар фурдугоҳи Бориспол наздиконашон ва президенти Украина Владимир Зеленский пешвоз гирифтанд. Яке аз онҳо коргардони украинӣ Олег Сентсов аст, ки бо ҷурми омодагӣ ба таркишҳо дар Қрими ишғолшуда ба 20 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Сентсов ҳаргиз ба ин гуноҳ эътироф накардааст. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ӯро "зиндонии сиёсӣ" медонистанд.

Олег Сентсов рӯзи шанбе гуфт, баъди панҷ соли раҳоӣ аз зиндонҳои Русия ва бозгашт ба ватан хушҳол аст. Вай ба ҳамаи онҳое, ки барои ӯ ва дигарон мубориза кардаанд, сипосгузорӣ намуд.

Дар миёни афроди озодшуда 24 маллоҳи украинӣ ҳам ҳастанд. Ин маллоҳон моҳи ноябри соли 2018 дар наздикии гарданаи Керч, наздик ба нимҷазираи аз ҷониби Русия ғасбшудаи Қрим боздошт ва зиндонӣ шуданд.


Киев мегӯяд, Русия дар зиндонҳои худ тахминан 150 шаҳрванди ин кишварро ба таври ғайриқонунӣ нигаҳ медорад. Мақомоти украинӣ ин оморро моҳи июли имсол, замони омодагиҳо ба табодули зиндониён бо Русия дар музокираҳои ваколатдорони ҳуқуқи башари ду кишвар ба забон оварданд.

Бино ба рӯйхате, ки нашр шуд, ҷониби Украина ба Русия 35 нафар, аз ҷумла сардабири оҷонсии РИА “Новости” дар Украина Кирилл Вишинский ва Владимир Семах, гумонбар ба сарнагунии ҳавопаймои Малайзияро додааст.

Озодии ноҳияи Вардуҷи Бадахшон аз дасти Толибон

Мақомоти Вазорати мудофиаи Афғонистон гуфтанд, ки нерӯҳои ин кишвар рӯзи 7-уми сентябр маркази ноҳияи Вардуҷи Бадахшонро аз дасти Толибон гирифтаанд. Ин ноҳияи стратегии вилояти Бадахшони Афғонистон тақрибан чаҳор сол пеш ба дасти шӯришиён афтода буд.

Фавод Амон, муовини сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон, рӯзи 7-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни амалиёти бозпасгирии Вардуҷ даҳҳо ҷангҷӯи Толибон, бо шумули бархе аз фармондеҳони калидии ин гурӯҳ кушта шудаанд. Вай афзуд, “дар ҷараёни амалиёт дар даҳ рӯзи гузашта сад ҷангҷӯи дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла Қорӣ Фасеҳуддин, волии Толибон барои Бадахшон, кушта шуданд.”

Муовини сухангӯи Вазорати дифои Афғонистон ҳамчунон гуфт, амалиёти нерӯҳои афғон барои бозпасгирӣ баъзе аз минтақаҳои дигари вилояти Бадахшон ба шумули ноҳияи Юмгон идома дорад.

Толибон ҳанӯз дар ин маврид ба расонаҳо чизе нагуфтаанд.

Шӯришён ба тозагӣ ҳаракаташонро дар минтақаҳои гуногуни Афғонистон, аз ҷумла Кундузу Форёб афзоиш додаанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Манъи парвариши чорво дар гӯшаҳои нави пойтахти Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
XS
SM
MD
LG