Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Дар як қисми низомии Қирғизистон як афсар худро ба дор овехт

Дар қисми низомии №73809 дар Кой-Тоши вилояти Чӯи Қирғизистон як афсар худро ба дор овехтааст. Хабарро сухангӯи Ситоди кулли Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон Гулзод Жарашева тасдиқ кард. Ба гуфтаи ӯ, ҳодиса 10 ноябри соли равон дар шаҳраки низомие рух дод.

"Ӯ афсар буд ва рутбаи майор дошт. Ҷасадашро дар утоқи хидматӣ пайдо карданд. Парвандаро Додситонии низомӣ таҳқиқ дорад ва ҳамчунин санҷиши хидматӣ оғоз шудааст",-афзуд Жарашева.

Соли 2018 расонаҳо дар бораи латтукӯб шудани сарбозон дар қисми низомии мазкур хабар дода буданд. Дар пайи шикояти як қатор волидон, чандин афсар аз мақомҳои худ барканор шуданд.

Дар Қазоқистон дар натиҷаи лағзиши замин ду кас ҷон бохт

Дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон бар асари лағзиши замин ҳангоми кофтани ҷои таҳкурсии бинои баландошёна ду корманд ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса 8 ноябр дар маҳаллаи Нурсат рух додааст.

Сардори Идораи нозироти меҳнати Чимкент Бауирҷон Калжанов гуфт, дар натиҷаи лағзиши замин 2 кас ҷон бохта, як тани дигар захмӣ шуд.

"Дар робита ба ҳодисаи мазкур комиссияи махсус ташкил шуд. Таҳқиқ карда мешавад, ки ҳангоми фаъолияти кормандон талаботи қонуни меҳнат ва бехатарии техникӣ риоя шудааст, ё не",-афзуд Калжанов.

Дар Департаменти пулиси Чимкент гуфтанд, ки ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои ҳифзи меҳнат" тафтиш мешавад.

Сабаби асосии бештари ҳодисаҳое, ки бо кормандони Қазоқистон дар маҳалли кор рух медиҳанд, ташкили ғайриқаноатбахши корҳо, нақзи қоидаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат номида мешавад.

Максим Галкин ТВ-ҳои Русия ва Путинро масхара кард

Ҳунарманди рус Максим Галкин дар як консерт дар шаҳри Новосибирск гуфт, дар телевизионҳои Русия замони шӯравӣ ба "бадтарин маънояш" баргаштааст ва Путин, ки "дар фикраш Марсро фатҳ дорад", бо русҳо "дилтанг" шудааст. Видеои баромади Галкин ҳанӯз 3 октябри соли равон ба Ютуб роҳ ёфта аст, вале расонаҳо танҳо ҳоло ба он таваҷҷуҳ кардаанд. Ба иттилои расонаҳо, то ҳол онро ним миллион нафар тамошо кардааст.

"Агар ба вазъи телевизионҳо назар кунем, дар мо замони шӯравӣ баргаштааст. Зеро ба мо имкон намедиҳанд, ки майнаро об кунем. Зуд мехоянду мегӯянд, ин душман аст, ин мумкин нест, шумо ба онҷо, шумо ба инҷо. Мо менишинему ҳарос дорем, ки ҳоло бо зонуяшон ба ҷоғамон мезананд. Вале дар асл, ба шумо мегӯям, ки феълан дар консертҳо мумкин аст, ҳар чизеро, ки мехоҳед, бигӯед",-афзуд Галкин.

Ҳунарманд чанд нуктаро низ дар бораи президенти Русия Владимир Путин изҳор доштааст. "Худи Путин бо мо дилтанг шудааст. Дарк мекунед. Мо мушкилиҳо дорем, нафақа надорем. Дар онҷо кореро накардаанд, дар инҷо онро накардаанд. Вай аллакай ба таври дигар меандешад. Дар фикраш аллакай Марсро фатҳ дорад. Мо инҷо шикоят дорем, ки "чи гуна дар оянда зиндагӣ мекунем" ва ӯ ба мо мегӯяд, "таҳаммул кунед, миёнро маҳкам бандед". Мо ҳам маҳкам мебандем, яке миёнашро, дигарӣ гарданашро",-шӯхӣ кардааст Галкин.

Муҷрии рус Дмитрий Киселёв бо андешаи Галкин розӣ нест ва мегӯяд, дар телевизионҳои Русия сензура вуҷуд надорад. "Дар мо ҳар чизеро, ки мехоҳед, дар эфир гуфтан мумкин аст". ​Муҷрии барномаи "Вақт нишон медиҳад" Артём Шейнин гуфт, Галкин танҳо "барои он ранҷ мебарад, ки унвони ҳунарманди мардумиро соҳиб нашуд".

Аз гуфтаҳои Галкин танҳо муҷрии телевизиони Шабакаи аввали Русия Владимир Познер ҷонибдорӣ кард. Муҷрии рус гуфт, ӯ ҳақ аст. "Шабакае вуҷуд надорад, ки дар он дар бораи сиёсат ҳама чиз гуфта шавад", - изҳор дошт ӯ.

Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо 1 килову 200 грамм тилло

Акс аз бойгонӣ

Матбуоти Ҳинд аз боздошти ду шаҳрванди Тоҷикистон хабар додаанд, ки ба қочоқи тилло ва ҷавоҳирот бо арзиши 70 ҳазор доллар муттаҳам мешаванд. Нашрияи “Таймс оф Индиа” ва чанд вебсайти хабарии ин кишвар бо такя ба баёнияи Идораи гумруки Ҳинд навиштаанд, як марди тоҷикро рӯзи 9-уми ноябр дар фурудгоҳи Деҳлӣ бо бештар аз 627 грамм хиштҳои тиллоӣ ва ду ангуштарии алмосӣ дастгир кардаанд.

Дар ин баёния аз рӯзи 10-уми ноябр омадааст, шаҳрванди Тоҷикистон аз Зеландияи Нав ба фурудгоҳи Деҳлӣ ворид шудааст. Шаҳрванди дигари Тоҷикистон ба навиштаи расонаҳои Ҳиндустон зани 44-сола буда ва бо 650 грам тиллову дигар ҷавоҳирот рӯзи 8-уми ноябр дастгир шудааст.

Ӯро ҳангоми вуруд аз Истанбул ба Деҳлӣ боздошт кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ин хабарҳоро шарҳ надодаанд. Дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Ҳинд бо иттиҳоми қочоқи тилло то кунун бисёр кам гузориш шудааст.

Тазоҳурот бо талаби ислоҳоти сиёсӣ дар Қазоқистон

Тазоҳурот дар шаҳри Алмаато

Даҳҳо нафар аз сокинони Қазоқистон рӯзи 9-уми ноябр дар ду шаҳри кишвар ҷамъ омада ва хостори ислоҳоти сиёсӣ ва демократӣ дар кишвар шуданд. Дар шаҳри Алмаато тарафдорони ҳаракати «Қазоқистон бедор шав» ҷамъ омаданд ва бо вуҷуди иҷоза нагирифтан барои гирдиҳамоӣ пулис ба кори онҳо дахолат накард. Баъзе аз онҳо чунин шиоре дар даст доштанд: «Ман дар сухан гуфтан озодам».

Дар шаҳри Нурсултон пойтахти Қазоқистон, фаъолони ҳаракати «Республика» дар боғи марказӣ ҷамъ омаданд ва талаб карданд, ки низоми раёсати ҷумҳурӣ ба низоми порлумонӣ табдил дода шавад. Мақомот ба гирдиҳамоӣ дар инҷо иҷоза дода буданд.

Баъди истеъфои ногаҳонии Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон дар моҳи март ва ба мақоми ӯ расидани ворисаш Қосимҷомарт Тоқаев, дар кишвар чанд дафъа тазоҳурот баргузор шуд. Тоқаев, ки раиси собиқи порлумон буд, дар интихоботи рӯзи 9-уми июн ғолиб эълон шуд, вале нозирони байналмилалӣ гуфтаанд, ки ин корзори сиёсӣ дар Қазоқистон ба қонуншиканиҳои зиёд олуда буд.

Аз хонаи таърихшиноси рус пораҳои ҷасади зан ва арра ёфтаанд

Олег Соколов

Мақомоти интизомии Русия як таърихшиноси шинохтаро бо иттиҳоми қатл дастгир кардаанд. Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 10-уми ноябр хабар дод, ки Олег Соколовро рӯзи 9-уми ноябр аз дохили рӯдхонаи Мойка дар маркази шаҳри Санкт Петербург берун кашидаанд ва дар дохили борхалтааш, ду дасти зан ва туфанги пневматикӣ пайдо кардаанд.

Ба навиштаи вебсайти «Фонтанка» Олег Соколов, дотсенти Донишгоҳи Давлатии Санкт Петербург зоҳиран хостааст, ки борхалтаро дар об ғарқ кунад, вале натавонистааст ва худаш ҳам ба об афтодааст. Ба навиштаи расонаҳои Русия ҳангоми тафтиш аз хонаи Олег Соколов, арра ва ҷасади пора-пораи зани 24 соларо ёфтаанд, ки шояд аз шогирдони собиқи таърихшинос бошад. Баъди нашри хабар дар бораи таърихшинос, маълумот дар бораи ӯро аз вебсайти донишгоҳ пок карданд.

Олег Соколови 63-сола яке аз поягузорони ҳаракати бозсозии таърих дар Русия ва раҳбари Ҳаракати низомӣ – таърихӣ аст, ки саҳнаҳои қадимаи ҷангҳоро аз нав месозанд. Ӯ барои бозсозии саҳнаҳои ҷанги Русия бо Наполеон ҷоизаи мӯътабари Фаронсаро соҳиб шудааст.

Соли 2018 дар Интернет як видеое нашр шуд, ки нишон медод, Олег Соколов барои суоли номуносиб ба ӯ, ду донишҷӯро мезанад. Соли 2008-ум ба навиштаи нашрияи «Московский Комсомолетс» як донишҷӯ таърихшиносро ба хушунати хонаводагӣ муттаҳам карда, ба пулис шикоят бурдааст. Маълум нест, ки шикояти ӯро баррасӣ кардаанд ва ё не.

Анвар Қарқош Эронро ба музокироти фарогир даъват кард

Анвар Қарқош

Аморати Муттаҳидаи Арабӣ аз Эрон хост, бо қудратҳои ҷаҳонӣ ва ҳамсоягонаш дар Халиҷи Форс музокироти васееро ба роҳ монад, ки на танҳо барномаи атомӣ, балки мушакҳои баллистикӣ ва гурӯҳҳои мавриди ҳимояташ дар хориҷро ҳам фаро бигирад. Пештар аз ин баёнияи мақомоти Аморати Муттаҳидаи Арабӣ, як шарики Амрико, ки бо Эрон баҳси қаламрав дорад, Теҳрон гуфт, ки иҷрои баъзе аз тааҳудоти созиши атомии соли 2015 -ро бас кард.

Анвар Қарқош, вазири умури хориҷии Аморати Муттаҳидаи Арабӣ рӯзи 10-уми ноябр дар як нишасте дар Дубай гуфтааст: “Айни замон шиддат гирифтани вазъ ба нафъи касе нест ва мо боварии қатъӣ дорем, ки дипломатияи муштарак метавонад, муввафақ бошад. Анвар Қарқош гуфтааст, ки созиши нави атомӣ бо Эрон мумкин аст, танишҳоро дар минтақа фӯру нишонад ва барои ба по хестани иқтисоди рӯ ба таназзули Эрон кӯмак расонад.

Танишҳо байни Амрико ва Эрон ва ҳамчунин дар минтақа баъд аз он авҷ гирифт, ки раиси ҷумҳур Доналд Трамп, моҳи майи соли 2018 Амрикоро аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ кард ва таҳримоти иқтисодӣ ба зидди Эронро аз нав барқарор кард. Тарафҳои дигари созиши атомӣ, Русияву Чин, Олмону Фаронсаву Бритониё талош карданд, ки созишро нигаҳ доранд, аммо Теҳрон гуфт, то замоне, ки таҳримот бардошта нашавад, музокироте намекунад.

Ёҳанис дар роҳ ба сӯи курсии раёсати ҷумҳурии Руминия

Клаус Ёҳанис - аз сиёсатмадорони рости марказгаро аст.

Дар Руминия интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад ва мумкин аст, Клаус Ёҳанис, раҳбари собиқи Ҳизби Миллии Либералӣ ин мақомро соҳиб шавад ва мақоми ҳизбро мустаҳкамтар кунад. Раъйдиҳӣ дар байни мардуми хориҷ аз кишвар рӯзи 8-уми ноябр шуруъ шуд.

Дар интихобот 14 нафар, аз ҷумла Виорика Данчила, нахуствазири барканоршуда ва раиси Ҳизби Сотсиал Демократ ширкат мекунад. Бино ба назарсанҷиҳо, мумкин аст, Клаус Ёҳанис 40 дар сади раъйи мардумро ба даст оварад, вале ин ҳам барои раиси ҷумҳур шудан кофӣ нест ва шояд интихобот ба даври дуввум кашида шавад.

Агар ҳеҷ яке аз номзадҳо бештар аз 50 дар сади раъйи мардумро ба даст наёрад, даври дуввуми интихобот рӯзи 24-уми ноябр баргузор мешавад. Клаус Ёҳанис ваъда додааст, ки сохторҳои давлатии Руминияро пешрафта ва аз фасодкорӣ пок карда ва волоияти қонун дар кишварро тақвият мебахшад. Руминия дар чанд соли ахир шоҳиди моҷароҳои зиёди фасоду ришвахорӣ шуд.

Ҳушдори ҳукумати Бритониёи Кабир аз сафар ба Тоҷикистон

Ҳукумати Бритониёи Кабир аз эҳтимоли такрори ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистон ҳушдор додааст.

Дар як баёния, ки дар сомонаи ҳукумати ин кишвар нашр шудааст, бо зикри ҳамлаи маргбори 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ гуфта мешавад, ки “эҳтимолан террористон дар Тоҷикистон боз талоши ҳамла кунанд”.

Ҳукумати Бритониё аз шаҳрвандони ин кишвар хостааст, ки ҳангоми сафар ба Тоҷикистон, ба хусус ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои марзӣ эҳтиёт кунанд.

Гуфта мешавад, бори дуюм аст, ки ДОИШ ҳамлаҳои маргбор дар Тоҷикистонро ба душ мегирад.

Дар баёния ба ҳамлаи 29-уми июли соли 2018 ишора шудааст, ки дар пайи он чор дучархаронӣ хориҷӣ кушта шуд.

Ба шаҳрвандони Бритониё таъкид шудааст, ки ҳангоми дучархаронӣ эҳтиёт кунанд.

“Дар сурати пеш омадани мушкил ба сафорат ё наздиктарин консулгарӣ тамос гиред”,--таъкид шудааст, дар баёния.

Дар ҳамлаи рӯзи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи марзӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 15 ҷангҷӯи, ба гуфтаи мақомот, марбут ба ДОИШ кушта ва 5 нафар боздошт шуданд.

Инчунин, панҷ марзбон ва як корманди Вазорати корҳои дохилӣ дар ин задухурд кушта шудааст.

ДОИШ масъулияти ҳамларо ба душ гирифт.

Дар Эрон 80 деҳа бар асари заминларза хароб шуд

Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки теъдоди захмиён дар заминларзаи 8-уми ноябр аз 300 ба 520 нафар расидааст.

Бархе хабаргузориҳои Эрон аз кушта шудани шаш нафар низ хабар нашр карданд.

Заминларза бо қувваи 5,9 дараҷа бар асоси ҷадвали Рихтер дар шарқи вилояти Озарбойҷони Эрон, 400 километр дуртар аз Теҳрон рух додааст.

Заминларза беш аз 80 деҳаро хароб ва ба сокинон зарари зиёд расонидааст.

Мақомоти Эрон мегӯянд, ҳоло 28 нафар захмиён дар беморхона бистарӣ ҳастанд ва онҳое, ки захми сабук доштанд, рухсат шудаанд.

Дар Эрон зуд-зуд заминҷунбӣ сабт мешавад.

Дар соли 2003 заминҷунбии шиддаташ 6.6 дараҷа бар асоси ҷадвали Рихтер шаҳри таърихии Бамро ларзонд ва 26,000 нафар кушта шуд.

Соли 2017 заминларзаи шадид бо қувваи 7 дараҷа дар ғарби Эрон рух дод, ки беш аз 600 нафар кушта ва беш аз 9000 нафар маҷрӯҳ шуда буданд.

Танқиди Амрико аз ҳамлаҳои ҳавоии Сурия

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои ҳукумати Сурияро маҳкум кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти ИМА, ин ҳамлаҳои нерӯҳои Сурия, ки аз ҳимояти Русия бархурдор ҳастанд, ба аҳдофи ғайринизомӣ дар шимолу ғарби Сурия сурат гирифтааст.

Морган Ортагус, сухангӯи Вазорати хориҷаи ИМА дирӯз гуфт, дар ин ҳамлаҳо 12 нафар кушта ва наздики 40 нафар захмӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳамла инчунин, чандин хона, як мактаб ва як беморхона хароб шудааст.

Режими Башор Асад, перзиденти Сурия аз моҳи апрели имсол амалиёти густардаро дар вилояти Идлиб оғоз карда буд. СММ рӯзи 8-уми ноябр гуфт, ки дар шаш моҳи гузашта дар ин вилоят беш аз 60 марказҳои табобатӣ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.

Трамп гуфт, ки ҳанӯз даъвати Путинро қабул накардааст

Доналд Трамп, президенти Амрико мегӯяд, дар бораи даъвати Владимир Путин, президенти Русия барои ширкат дар ҷашни бахшида ба пирӯзӣ ба Олмони нозӣ дар соли 1945 фикр мекунад.

9-уми май ҳамчун рӯзи пирӯзӣ ба Олмони нозӣ таҷлил мешавад.

Доналд Трамп гуфтааст, ки 9-уми майи соли оянда авҷи маъракаи интихоботи дар Амрико аст, аз ин рӯ, ҳанӯз тасмим нагирифтааст, дар ин ҷашн иштирок кунад ё на.

Ӯ гуфтааст, ки агар аз ҳоло имкон медошт, даъватро қабул мекард.

Дмитрий Песков, сухангӯи Крмел низ гуфтааст, ҳанӯз аз Вашингтон дар ин маврид посухе дастрас накардаанд.

Рӯзи 9-уми майи соли 1945 Олмони фошистӣ дар ҷанг мағлуб шуд. Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Русия худро меросбари он мехонад, яке аз ғолибони калидии ин ҷанг буд.

Нишондоди зидди Доналд Трамп нашр шуд

Александр Виндман, мутахассиси аршади Шӯрои милии бехатарӣ

Кумитаи палатаи намояндагони Конгреси ИМА оид ба истихборот нишондоди Александр Виндман, мутахассиси аршади Шӯрои амнияти миллӣ дар масоили Украинаро нашр кард.

Подполковник Виндман ба суоли аъзои Конгерс дар доираи таҳқиқи эҳтимолии импичменти президент, ки дар охири моҳи октябр сурат гирифтааст, вале он тоза ошкор шуд, нишондод додааст.

Виндман тасдиқ кардааст, ки барои сӯҳбати телефонии 25-уми июли соли равон миёни Доналд Трамп бо Владимир Зеленский, президенти Украина мавзуҳои калидиеро омода карда буданд.

Виндман гуфтааст, ки замони сӯҳбати телефонии ду президент, ки ҳоло мавриди таҳқиқи Конгрес қарор дорад, ҳузур дошт.

Ба гуфтаи подполковник, мавзуҳои пешниҳодкардаи ӯ муҳокимаи дахолати эҳтимолии Киев дар интихоботи президентии ИМА ё тафтиши фаъолиятҳои Ҷо Байден, рақиби Трампро дар бар намегирифт. Тармп ногаҳонӣ ин мавзуро бардошт.

Виндман ҳамчунин гуфт, намедонист, ки Ҷон Болтон, мушовири собиқ дар масоили амниятӣ сӯҳбатҳои ду президентро гуш мекунад.

Демократҳо дар Маҷлиси намояндагон таҳқиқеро сар карданд, ки метавонад ба импечменти Трамп сабаб шавад. Таҳқиқот ба сӯҳбати телефонии Трамп ва Зеленский рабт дорад, ки дар ҷараёни он Трамп аз Зеленский хостааст, ки ноиби президенти пешин Ҷо Байден ва писари ӯ Ҳантерро, ки дар Украина тиҷорат дошт, тафтиш кунад. Демократҳо даъво доранд, ки Трамп ба Зеленский бо таҳдиди боздошти кӯмаки низомӣ фишор овардааст , ки Байденро тафтиш кунад. Трамп ин иддаоро рад карда гуфтааст, ки ягон кори иштибоҳе накардааст.

Помпео аз таҳдиди Русия ва Чин ба озодиҳои демократӣ ҳушдор дод

Майк Помпео

Майк Помпео, котиби давлатии Амрико, аз таҳдиди Русия ва Чин ба озодиҳои демократӣ ҳушдор дод ва аз ҳампаймонони ғарбӣ даъват кард, ки озодии худро ҳимоя кунанд.

Помпео дар остонаи 30-солагии шикастани Девори Берлин дар пойтахти Олмон ҳангоми суханронӣ гуфт, миллатҳои озод бо онҳое, ки ҳуқуқи шаҳрвандони худро рад кардаанд, дар “рақобати арзишҳо” буданд. Вай, ки чанд метр дуртар аз дарвозаи номдори Бранденбург истода буд, гуфт, “миллатҳои озод ва Ғарб вазифадоранд, ки таҳдидҳоро ба мардуми мо аз ҳукуматҳои монанди Чин, Русия ва Эрон бардоранд.”

Вазири умури хориҷии Амрико бо ишора ба шикаста шудани деворе, ки бахши демократии ғарби Берлинро аз шарқи коммунистӣ ҷудо мекард, гуфт: “Ғарб - ҳамаи мо - пас аз он лаҳзаи мағрурона роҳи худро гум кардем. Фикр мекардем, ки захираҳоямонро аз иттифоқҳо ва низомиёни худ дур мекунем. Мо хато кардем.”

Майк Помпео аз ин сафари дурӯза барои барқарории равобит бо муттаҳидони аврупоие, ки муноқишаҳои дипломатӣ ва тиҷориро бо Иёлоти Муттаҳида ба ларза овардаанд, истифода мекунад. Сафари ӯ як рӯз пас аз он фаро мерасад, ки президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба маҷаллаи The Economist гуфт, паймони НАТО аз сабаби нарасидани ҳамоҳангӣ миёни Аврупо ва Вашингтон ба “марги мағзи сар” гирифтор шудааст.

Пентагон гуфт, пули нафти Сурия ба курдҳо меравад, на ба хазинаи Амрико

Пентагон мегӯяд, даромад аз истихроҷ ва фурӯхтани нафт дар шимолу шарқи Сурия, ки аз тарафи нерӯҳои Амрико нигоҳбонӣ карда мешаванд, ба курдҳо ва ҳампаймононашон равона мешавад, на ба хазинаи Вашингтон.

Сухангӯи Пентагон Ҷонатан Ҳофман рӯзи 7-уми ноябр бо ишора ба нирӯҳои демократии Сурия зери роҳбарии курдҳо ба рӯзноманигорон гуфт, “даромади нафт ба Амрико намерасад, ба Нирӯҳои Демократии Сурия мерасад”.

Ҳофман афзуд: “Мақсад ин аст, ки ба Нирӯҳои Демократии Сурия ба роҳбарии курдҳо иҷозат дода шавад, барои пурзӯр кардани қудраташон дар маъракаи ба зидди “Давлати исломӣ” тавоноӣ дошта бошанд. Ҳамин тавр, он ДОИШ-ро аз гирифтани даромади нафт пешгирӣ мекунад ва ба курдҳою Нирӯҳои Демократии Сурия имкон медиҳад, он ҷоро низ назорат кунанд.”

Нирӯҳои Демократии Сурия бо роҳбарии курдҳо ҳампаймони асосӣ буда, аз дастгирии низомӣ дар мубориза ба зидди ДОИШ дар минтақаи Сурия наздик ба сарҳади Туркия бархӯрдор шудааст.

Фармондеҳи нирӯҳои баҳрии Амрико Уилям Бирн гуфт, вақте ки ҷангҷӯён майдонҳои нафтро назорат мекарданд, тавонистанд дар як рӯз 45 ҳазор бушка бо нархи тақрибан 1,5 миллион долларро барои ёрӣ расонидан ба ҳамлаҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба даст оранд. “Мо танҳо намехоҳем, ки ин дубора рӯй диҳад”, -- афзуд ӯ.

Сарватманде дар Маскав барои муҳоҷирон табобати ройгон ташкил кард

Дар шаҳри Маскави Русия Бунёди молии Фаттоҳ Шодиев ва Калисои православии Русия барои муҳоҷирон ёрии бепули тиббӣ ташкил карданд.

Аз мақомоти бемористони марказии Руҳонӣ Алексия, ки хизматрасонии мазкур онҷо ба роҳ монда шудааст, хабар доданд, дар ҳафта ба 10 тан аз муҳоҷирон табобати ройгон расонида мешавад.

"Дар ҳақиқат, табиби мо хидмати ройгон мерасонад. Маҳдудияти синну соле мавҷуд нест. Танҳо шумори одамон маҳдуд аст: мо метавонем, ду маротиба дар ҳафта панҷ нафариро қабул кунем. Барои ин бояд аз қабл тавассути телефон номнавис кард", - гуфт навбатдори бемористон.

Сӯхтору таркиш дар қаҳвахонае дар маркази Бишкек

Дар қаҳвахонае дар маркази шаҳри Бишкеки Қирғизистон сӯхтор рух дод. Дар ин бора Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи он кишвар хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, соати 13:42 се мошини сӯхторнишонӣ ба ҷои ҳодиса рафт.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навореро аз ҷойи ҳодиса нашр карданд. Дар навор таркиш сабт шудааст. Ба иттилои шоҳидон, лӯлаи газ таркидааст.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар сӯхтор ва таркиш дар қаҳвахонаи "Антошка" 13 кас, аз ҷумла се кӯдак маҷруҳ шуда, як тан дар ҷои ҳодиса фавтидааст. Дар ҳоли ҳозир нуҳ тан аз маҷруҳон дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Фаъоли қазоқистонӣ Алибек Молдин 15 рӯз ҳабс шуд

Додгоҳи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон рӯзи 7 ноябр фаъоли ҷамъиятӣ Алибек Молдинро ҳабси маъмурӣ кард. Додгоҳ ӯро панҷ рӯз барои иштирок дар гирдиҳамоии зиддичинӣ дар оғози моҳи сентябр ва 10 рӯзи дигар "барои итоат накардан ба талаботи пулис" зиндонӣ кард.

Ба иттилои тафтишот, фаъоли ҷамъиятӣ рӯзи 3 сентябр дар шаҳри Оқтеппа бо навиштаҷоти "Нест бод густариши Чин" назди бинои ҳукумат ҳозир шуда, ҳамчунин шиор додааст: "Қазоқҳо, бедор шавед". Ба гуфтаи додгоҳ, Молдин 7 ноябр талаби қонунии кормандони пулисро иҷро накардааст.

Жадир Нугманова, ҳамсари Молдин мегӯяд, кормандони пулис ӯро субҳи рӯзи панҷшанбе, замоне боздошт карданд, ки духтарашро ба мактаб мебурд.

"Чаҳор кас ба шавҳари ман ҳамла карданд ва ӯро иҷборан ба мошин шинонданд. Дар оғоз мо дар ин бора иттилоъ надоштем. Баъди чанде ман ба мактаб рафтам, ба бемористонҳо ва пулис тамос гирифтам. Дар идораи пулис ба ман гуфтанд, ки шавҳарам дар идораи онҳост ва ба додгоҳ бурда мешавад. Тамоми рӯз дар додгоҳ будам ва танҳо шом соати 8 ба хона омадам. Ин ки мегӯянд, ба талаби пулис итоат накардааст, дурӯғи маҳз аст",-гуфт Жадир Нугманова.

Ҳафтаи гузашта хабар расид, ки нисбати Алибек Молдин бо моддаи "Таҳқир" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар додгоҳ маълум шуд, ки гуруҳе аз модарони серфарзанд нисбати Молдин шикоят кардаанд. Жанар Кулмамбетова, яке аз занони ҷабрдида дар парвандаи Молдин мегӯяд, вай тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ модарони серфарзандро таҳқир кардааст. Аммо ҷонибдорони Молдин мегӯянд, ин парванда фармоишӣ аст.

Алибек Молдин давоми ним соли охир се маротиба ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд. Вай ин ҳабсҳоро сиёсӣ меномад.

Туркманҳое, ки барои "бачабозӣ" муҷозот шуда буданд, ба пулис даъват мешаванд

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркманистон ҳамҷинсгароён ва онҳоеро барои "суҳбат" даъват мекунанд, ки бо ҷурми "бачабозӣ" (банди 135-и Кодекси ҷиноии ин кишвар) зиндонӣ шуда буданд.

"Барои суҳбат онҳоеро даъват мекунанд, ки ҳамчун ҳамҷинсгаро шинохта шудаанд. Ҳатто онҳоеро низ даъват доранд, ки замони раҳбарии Сафармурод Ниёзов дар солҳои 1985-2006 ба далели ҳамҷинсгаро буданашон ба хидмати ҳарбӣ ҷалб нашуданд. Ҳамчунин бо онҳое "суҳбат" доранд, ки бо ҷурми "бачабозӣ" зиндонӣ шуда буданд", - иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 5 ноябр ба вазири амнияти миллии ин кишвар Яйлим Бердиев огоҳии ҷиддӣ дод. Як манбаъ дар ҳукумати Туркманистон гуфт, Бердимуҳаммадов ба ғазаб омадааст, ки дар расонаҳои хориҷӣ "матлаби шармовар барои туркманҳо" нашр шудааст. Ӯ ҳамчунин изҳори норозигӣ кардааст, ки қаҳрамони матлаб ба монанди худи президент намояндаи касби тиббист.

Табиби бемориҳои дил аз Туркманистон Қосимбердӣ Гараев ахиран дар суҳбат бо расонаҳо иқрор кард, ки ҳамҷинсгаро аст. Ӯ афзуд, ки бо вуҷуди фаъолияти амакаш дар хадамоти муҳофизати президенти Туркманистон зери фишор аст.

Ба гуфтаи Гараев, ӯ баъд аз таҳсил дар Белорус ба ватан баргашта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавоне шинос шуд ва дертар маълум гашт, ки ба доми кормандони пулис афтидааст. Агар ӯро падару амакаш наҷот намедоданд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешуд.

Гараев 24 октябр, пас аз чанд рӯзи нашри суҳбаташ дар сомонаи бахши туркмании Радиои Озодӣ ба пулис даъват шуд.

Дар Туркманистон барои ҳамҷинсгароӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ мекашанд.

Дар бемористони шаҳри Ишқобод, ки Гараев онҷо кор мекард, ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, "табибе бо ин ном дигар надорем".

Трамп барои сӯистифода аз бунёди хайрия $2 млн ҷарима шуд

Додгоҳи Ню-Йорк президенти ИМА Доналд Трампро вазифадор кард, ки барои истифодаи пулҳои бунёди хайрияи "Trump Foundation" бо ҳадафҳои сиёсӣ ва манфиатҳои корӣ ба як қатор созмонҳои ғайритиҷорӣ 2 миллион доллар бидиҳад. Дар ин бора "Садои Амрико" иттилоъ дод.

Зидди Трамп Додситонии кулли Ню-Йорк тобистони 2018 шикоят карда буд. Додситонӣ гуфта буд, ки Трамп ва се фарзандаш қонуни сармоягузории маъракаҳои интихоботиро нақз карда, ҳудуди се миллион доллари бунёди хайрияро дар маъракаҳои пешазинтихоботии Трамп дар соли 2016 истифода бурданд. Ба гуфтаи додситонӣ, Трамп ҳамчунин як қисми маблағи бунёдро ба манфиати шахсияш истифода бурдааст.

Трамп эътироф кард, ки ба истифодаи пулҳои бунёди хайрия шахсан дастур додааст. Президенти ИМА ва Додситонии кулли Ню-Йорк ба созиш расиданд, ки ҳаҷми ҷаримаро додгоҳ муайян мекунад.

Ҳуқуқшиносони Трамп ва Додситонии кулли Ню-Йорк моҳи гузашта созиш карданд, ки бунёди "Trump Foundation"-ро барҳам дода, дороии он (беш аз 1,5 миллион доллар)-ро ба созмонҳои ғайритиҷорӣ медиҳанд.

Бар асари тирпарронӣ дар Ироқ 10 нафар кушта шуд

Бар асари тирпарронии пулиси Ироқ ба зидди эътирозгарон камаш шаш нафар дар Бағдод ва чаҳор тан дар Басра кушта шудаанд.

Мақомоти пулис ва тандурустии Ироқ рӯзи 7-уми ноябр гуфтанд, дар бархӯрди эътирозгарон ва нирӯҳои амниятӣ даҳҳо нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Дар шаҳри Бағдод нирӯҳои амниятӣ ба зидди сокинон тир кушодаанд, ки дар натиҷа тақрибан 35 нафар захмӣ шудааст. Пулис роҳ ба сӯи минтақаеро маҳдуд кард, ки дар онҷо биноҳои ҳукуматӣ ва аксар сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ҷойгир ҳастанд.

Дар шаҳри Басра – пойтахти саноати нафтии Ироқ – пулис ба сӯи сокиноне тир кушод, ки ба эътирози оромона даст зада буданд.

Тазоҳурот дар Ироқ дар оғози моҳи октябри имсол ба зидди фасод ва бекорӣ оғоз шуд. Эътирозгарон хостори ҳисобдиҳии ҳукумат, адолат ва мубориза бо фасоданд.

Онҳо ба зидди ҳукумати Одил Абдулмаҳдӣ, сарвазири ин кишвар ба хиёбонҳо баромада, ӯро ба фасоди густарда муттаҳам кардаанд.

Аз сохтмони пул то бозорҳои наздимарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон ва Оқохони 4 чӣ гуфтанд?

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ки бо як сафар дар Аврупост, бо раҳбари исмоилиёни ҷаҳон Оқохони чаҳор мулоқот кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ин дидор рӯзи 7-уми ноябр дар Фаронса сурат гирифт.

Дар Тоҷикистон садҳо ҳазор пайрави шохаи исмоилияи дини ислом ба сар мебаранд ва онҳо асосан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндагӣ мекунанд.

Оқохони чаҳор, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон дастикам панҷ сол боз ба Тоҷикистон нарафтааст. Чанд дафъа сафари ӯ ба таъхир афтод ва аз ҷумла қарор буд, ӯ соли 2015 дар ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон иштирок кунад, вале наомад.

Аммо вай қаблан дар чанд маърака, аз ҷумла ҳангоми ба истифода додани пули байни Тоҷикистону Афғонистон ва кушодани бинои Маркази исмоилия дар Душанбе, иштирок кардааст. Мулоқоти ахир дар ҳоле сурат гирифт, ки дар авоили соли ҷорӣ раиси Бунёди Рушди Оқохон дар Тоҷикистон иваз шуд ва бори аввал раёсати онро як шаҳрванди Тоҷикистон ба ӯҳда гирифт.

Хадамоти матбуоти президент дар хабарномае гуфт, масоили ҳамкории Тоҷикистон бо "Ташкилоти Оқохон оид ба рушд", яке аз мавзӯъҳои сӯҳбат буд. Шоҳзода Оқохон тарҳҳои зиёдеро тавассути бунёди ҳамноми худ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ пиёда мекунад, ки аксаран тарҳҳои башардӯстона ҳастанд.

Ин бунёд аз ҷумла, саҳмияи сад дар садии ширкати мобилии "Tcell"-ро дар даст дошта, Бонки хурди молиявӣ ва меҳмонхонаи "Серена-Душанбе" низ ба он марбут дониста мешавад. Таъсиси Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ, аз дигар тарҳҳои бузурги Бунёди рушди Оқохон дар Тоҷикистон мебошад. Бунёди Рушди Оқохон соли 2017 дар Тоҷикистон 107 миллиону 144 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ кардааст.

Дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳашт пул вуҷуд дорад, ки панҷтои он давоми солҳои истиқлоли Тоҷикистон аз сӯи Бунёди Рушди Оқохон сохта шуданд. Бунёди ин пулҳо бахше аз барномаи тақвияти ҳамкориҳои байни ду кишвар ва ҳамчунин мусоидат ба эҳёи кишвари ҳамсоя ва аз ин роҳ коҳиши ноамнӣ дар Афғонистон гуфта мешавад.

Хадамоти мабуоти президент гуфт, "дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони пул ва таъсиси бозорҳои байнимарзӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ва саҳми Донишгоҳи Осиёи Марказӣ барои рушди соҳаи маориф низ баррасӣ карда шуд".

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4-уми ноябр сафари худро ба Аврупо аз Швейтсария оғоз кард ва рӯзи 7-уми ноябр ба Фаронса рафт. Мақомот гуфтанд, ин сафари расмист. Гурӯҳе аз мухолифони тоҷик дар Швейтсария ва Фаронса ба зидди ин сафари раиси ҷумҳур таҷаммӯи эътирозӣ карданд. Онҳо ҳукуматро ба саркӯби мунтақидон, поймол кардани ҳуқуқи инсон ва маҳдуд кардани озодиҳои демократӣ муттаҳам карданд.

Мансабдорони Қазоқистон иҷозаи истифодаи смартфонҳоро пайдо мекунанд

Ба ходимони давлатии Қазоқистон дар фурсатҳои наздик дубора иҷозат медиҳанд, ки дар коргоҳҳояшон аз смартфонҳо истифода баранд. Дар ин бора Аблайхон Оспанов, муовини вазири рушди рақамӣ, инноватсионӣ ва саноати кайҳонии Қазоқистон хабар дод.

"То ҷое ман иттилоъ дорам, қарор то ҳукумат расидааст ва дар фурсатҳои наздик мо дар бораи он хабар пайдо мекунем. Ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ ҳамоҳанг кардаанд, баъди ин қарор дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ мешавад. Мо интизор дорем, ки дар моҳи ноябр эълом шавад",-гуфт Оспанов рӯзи 7-уми ноябр.

"Масъала гузошта шудааст, ки истифодаи смартфонҳо ба ҳамаи ходимони давлатӣ иҷозат шавад. Ин дастури роҳбари давлат аст", - гуфт вай.

Моҳи марти соли 2016 ба ходимони давлатии Қазоқистон дастур шуд, ки аз смартфонҳо истифода набаранд: истифодаи телефонҳое мамнуъ гардид, ки имконияти пайвастан ба интернет ва аксу навор гирифтанро доранд.

Дар ивази ин ба мансабдорон иҷозат доданд, танҳо аз телефонҳои тугмадоре истифода кунанд, ки имкони тамос гирифтан ва паёмак фиристоданро доранд. Он замон аз дастгоҳи президенти Қазоқистон хабар дода буданд, ки чунин тасмим дар пайи оммавишавии иттилои хизматӣ гирифта шудааст.

Оспанов низ огоҳ кард, ки ҳар кадом ходими давлатӣ ба мисли пешин масъули иттилое аст, ки дар коргоҳаш дарёфт мекунад ва барои паҳн кардани он дар асоси қонун муҷозот мешавад.

Марги рӯзноманигори узбекистонӣ дар садамаи нақлиётӣ

Рӯзноманигор Давлатназар Рӯзматов (Давлат Назар), ки ба инъикоси масоили Хоразми Узбекистон машғул буд, шоми 6-уми ноябр дар садамаи нақлиётӣ вафот кард. Ба гуфтаи наздикони Назар, ӯро 7-уми ноябр ба хок супурданд.

Ду тан аз ҳамсуҳбатони рӯзноманигор дар суҳбат бо расонаҳо гуфтанд, ки Давлат Назар шоми 6-уми ноябр аз қаҳвахона берун ва савори мошини кироя (таксӣ) сӯи хонааш равон шуд. Ҳоло дақиқ нест, ки вай дар куҷо аз мошини кироя берун шуда ва чаро зери чархи мошини дигар ҷон додааст. Айни ҳол ронандаи таксӣ ба бозпурсӣ даъват ва ронандаи мошине, ки рӯзноманигорро пахш кард, боздошт шудааст.

Давлат Назар, ки бо бахши узбекии Радиои Озодӣ ҳамкорӣ мекард, мегуфт, вақтҳои охир назорат мешавад. "Ман наметавонам аз хона берун шавам. Аз ду сӯи кӯча нигаҳбонон нишастаанд",-гуфта буд Давлатназар рӯзи 12-уми октябр.

Додситонии кулли Узбекистон хабари марги рӯзноманигорро нашр кард. Ба иттилои додситонӣ, Давлат Назар дар садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст.

Мудири Оҷонси иттилоот ва иртибототи оммавии назди Дастгоҳи президенти Узбекистон Комил Алламҷонов дар робита ба даргузашти рӯзноманигор изҳори ҳамдардӣ кард.

Давлатназар Рӯзматови 48-сола, ки бо имзои Давлат Назар мақола менавишт, пештар дар нашрияи "Ёшлар овозӣ" (Овози ҷавонон)-и вилояти Хоразм кор мекард. Солҳои охир бо нашрияи иҷтимоиву сиёсии "Ҷамъият" ҳамкорӣ дошт.

Давлат Назар яке аз корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" буд. Ду соли охир вай барои назарҳо ва мақолаҳои танқидиаш борҳо боздошт шуда буд.

Пулис: рӯзноманигори "Росбалт" дар ҳаққи Алишер Усмонов туҳмат кард

Пулиси Русия зидди рӯзноманигори хабаргузории "Росбалт" Александр Шварев бо гумони туҳмат ва тамаъҷӯӣ айб эълом кард. Дар ин бора расонаҳои русӣ бо истинод ба вакилони дифоъ иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи вакилони дифоъ, муфаттишон гуфтаанд, ки рӯзноманигор дар бораи соҳибкори маъруф Алишер Усмонов маълумоти дуруғ нашр ва аз соҳибкоре дар Қазоқистон беш аз 50 ҳазор доллар тамаъ кардааст.

Вакилони дифоъ мегӯянд, рӯзноманигор барои табобат ба Латвия рафтааст. Рӯзи душанбе қарор аст, додгоҳ масъалаи ғоибона ба ҳабси пешакӣ маҳкум кардани вайро баррасӣ кунад.

Ҷониби ҳимоятгар айби зидди Шваревро бофта ва парвандаро фармоишӣ меномад. Худи рӯзноманигор иттиҳомро комилан рад мекунад.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

"Бачаҳоро аз дохили ҷойгаҳашон гирифта бурданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00
XS
SM
MD
LG