Парлумони Афғонистон аз 24 номзад ба ҳукумати ҷадид 17 нафар, аз ҷумла, як занро ба мақоми вазирӣ лоиқ надонист.
Давлати Афғонистон эълон кард, ки дар моҳи майи соли оянда интихоботи ҷадиди парлумониро барпо хоҳад кард. Ин эълон аз ҳоло сарусадоҳо эҷод кардааст.
Амрико ва Бритониё амали террористӣ дар минтақаи шимолу ғарби Покистонро, ки ҷони беш аз 90 нафарро рабуд, маҳкум карданд.
Дар саросари дунё, аз Маскав то Париж, аз Окленду Сидней то Бейрут, аз Пекину Токио то Душанбе аз Соли Нав бо шукӯҳу шаҳомат ва бо фейерверкҳои диданӣ таҷлил карданд.
Сар аз рӯзи якуми январи соли 2010 Қазоқистон раҳбари даврии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро барои як сол бар ӯҳда гирифт.
Ду сухангӯи гуногуни Толибон иддао кардаанд, ки ин гурӯҳ масъулияти ҳарду бомбгузории рӯзи 30 декабр дар Афғонистонро бар дӯш мегирад.
Эрон иттилоъи расонаҳои хабарӣ дар бораи талоши харидории ураниуми ғанишуда аз Қазоқистонро рад кард. Намояндаи Эрон дар СММ дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтер ин иттилоъро бепоя "фишори равонӣ болои Теҳрон" номидааст.
Дар вилояти Хуст, воқеъ дар ҷанубу шарқи Афғонистон, бар асари як ҳамлаи террористӣ 8 нафар амрикоӣ ба ҳалокат расиданд. Ин иттилоъро сафорати ИМА дар Кобул тасдиқ кардааст.
Нахуствазири Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки Маскав омодааст дар ивази иттилоъ оиди барномаҳои зиддимушакии Амрико, маълумоти системаи аслиҳаи таҳоҷумии худро ба Вашингтон дар миён гузорад.
Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, эътироф кард, ки дар талоше барои мунфаҷир сохтани ҳавопаймои Амрико дар рӯзи Милоди Масеҳ "холигоҳи феҷеаовари амниятӣ" вуҷуд доштааст.
Кормандони вазорати иттилооти Эрон хонум Нӯшин - хоҳари барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширин Ибодиро боздошт кардаанд. Ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Фардо Ширин Ибодӣ низ тайид кард.
Комиссиюни мустақили назорати ҳуқуқи инсон дар маҳбасҳои Русия муносибати мақомоти зиндон ба вакили мудофеъ Сергей Магнитскийро, ки 16 ноябр дар зиндони Маскав аз дунё гузашт, маҳкум кард.
Ёфтҳои бештар
Бовар кунед безор шудем ин на фархаг на маданият кучо мехони худатро дар азоб мемони .агар хохи шинохта дар дунё ту бояд хони аз Шерози аз Рудаки аз Лоик ин матнро ба ту ки навистас хайрон карди хамая .
6 сомонӣ, ин боҷ, ба бонк месупоред. Дар мо барои ин амалиёт ба ходимон ғайр аз ин пардот боз 10 сомонӣ ба даст медиҳед.
барои пул коркуни! дигар барои чи мешуд? аз инхо хама дилгир шуданд
6 сомони барои Чи????????
Озоди хоҳиш мекардам ҳамин саволро ба масъулин медодед охир шахсоне шиносномаҳои пластики доранд боз барои чи рафта изи ангушт месупоранд охир ҳама маълумотҳо дар шиносномаҳои нав ҳаст боз куҷоро тафтиш мекунанд??? Сим кортҳои алакай аз нав қайд карда шуд боз чихел тафтишот????