Тибқи хулосаи муқаддамотии назарсанҷии миллӣ дар Украина, ҳаҷвнигори шинохта, аммо бе таҷрибаи фаъолиятҳои сиёсӣ Владимир Зеленский бо беш аз 30 дар сади раъйи мардум дар даври аввали интихоботи президентии рӯзи якшанбе пирӯз хоҳад шуд.
Мардуми Украина рӯзи якшанбе ба пои сандуқҳои раъй рафтанд, то раиси ҷумҳури нави худро интихоб кунанд. Аз миёни беш аз 30 довталаби курсии президентӣ се нафар – Владимир Зеленский – ҳаҷвнигори шинохта, Петро Порошенко – раиси ҷумҳури кунунӣ ва Юлия Тимошенко – нахуствазири собиқ – пештозанд.
Мардуми Украина, ки аз ҷанги панҷсола дар шарқи ин кишвар хаста шудаанд, рӯзи якшанбе президенти нави худро интихоб мекунанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мусоҳиба ё "эътирофи" навбатии Владимир Квачков – полковники мустафъии РАИ (ГРУ), фармондеҳи бригадаи 15-уми таъйиноти махсус, ки замоне дар Узбекистон мустақар шуда буд, нашр шуд.
Оҳангари собиқ ва фаъоли ҳизби коммунист аз худ мероси зиддунақизе монд: Комёбии иқтисодӣ якҷо бо мудирияти худкома, ки дар ҷараёни он ҳама меъёрҳои демократӣ маҳв шуда, расонаҳои мустақил баста ва ҳамагуна эътироз ва шаклҳои мухолифат саркӯб гардиданд.
Шаҳрвандони Украина, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд, аз имкони иштирок дар интихоботи президентии он кишвар маҳруманд. Онҳо барои раъйдиҳӣ бояд ба сафорати Украина дар Узбекистон раванд.
То баргузории интихоботи президентӣ дар Украина як ҳафтаи дигар мондааст. Баъди интихобот таваҷҷӯҳ натанҳо ба шахси аввал, балки ба ҳамсари ӯ низ бештар мегардад.
Роберт Мюллер, прокурори вижа ва масъули таҳқиқи дахолати Русия дар интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико, гузориши ниҳоии худро ба додситони кулли ИМА Виллиам Бар супурд.
Нӯҳ созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки Маҳмадалӣ Ҳайитро “фавран” ва “бе қайду шарт” аз зиндон озод кунад.
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабарҳо дар бораи фаъолияти пойгоҳи низомии Чин дар хоки ин вилоятро рад кард. Файзов гуфт, танҳо дар марзи Бадахшон дидбонгоҳи марзбонони Чин вуҷуд дорад, вале он ҳам дар хоки Тоҷикистон нест.
Департаменти давлатӣ ё Вазорати умури хориҷии Амрико дар гузориши нави худ оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон гуфтааст, “ҳукумати худкомаи ин кишвар аз назари сиёсӣ аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдоронаш назорат мешавад”.
Шарофиддин Гадоев, як фаъоли мухолифон, ки мегӯяд, аз ҷониби сохторҳои интизомии Тоҷикистону Русия дар Маскав “рабуда ва бидуни ихтиёраш ба Душанбе бурда шуд”, ҳоло ният дорад мақомоти ин ду кишварро ба ҷавобгарӣ кашад.
Ёфтҳои бештар
Маорифи н Восе хеле хуб кор када истодааст бисёр мактабхоро обод кардан Иншаоллох инашрохам хал мекунанд
БАЛЕ ШАХРВАНД !!!!!!!!
На аз демократаш фойда на аз комунисташ. Безор шидем аз хамаш
Тавба кардам ин партия Ягон идора офис е ин ки чои чаласа гузарони Хам надорад . Ман Хайрон ин хел Хам Будаст ?????
И беном ачаб содда будааст. Хиел мекна союз СССР мешава. И ховта бра да ов бгу. Наход ика бесавод боши.
Маорифи н Восе хеле хуб кор када истодааст бисёр мактабхоро обод кардан Иншаоллох инашрохам хал мекунанд
БАЛЕ ШАХРВАНД !!!!!!!!
На аз демократаш фойда на аз комунисташ. Безор шидем аз хамаш
Тавба кардам ин партия Ягон идора офис е ин ки чои чаласа гузарони Хам надорад . Ман Хайрон ин хел Хам Будаст ?????
И беном ачаб содда будааст. Хиел мекна союз СССР мешава. И ховта бра да ов бгу. Наход ика бесавод боши.