Меҳмони гуфтугӯи навбатии интернетии сомонаи Радиои Озодӣ сафири ИМА дар Тоҷикистон Кеннет Гросс буд, ки дирӯз, 30-юми декабр, давоми ду соат ба саволҳои хонандагон посух дод.
Ҳар сол барои ҳар нафар як ё чанд ҳодисаи фаромӯшношуданӣ дорад, ки ҳатто боиси тағйири шакл кардани зиндагии ӯ мешавад. Аммо мардуми оддӣ ба дигаргунӣ дар зиндагии шахсиятҳои шинохта таваҷҷӯҳи бештар доранд.
Дар навори навбатии видеоии мо чанде аз чеҳраҳои саршиноси кишвар ва ҳам шаҳрвандони одӣ аз дастовардҳои соли 2009 ҳикоят мекунанд ва интизориҳои худро аз Соли Нав дар миён мегузоранд.
Дар наворе дигар аз силсилаи "Паёмҳои солинавӣ" чанде аз чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон ба ду суол посух медиҳанд, ки оё 2009 чӣ соле буд ва аз Соли Нави 2010 чӣ интизориҳо доранд.
Хонандаи сомонаи мо бо номи Ҳабиб аз Русия дархост кард, бо шаҷарашиноси тоҷик Содирхон Умаров мусоҳиб шавем ва дар бораи вазъи шинохти шаҷараҳо дар кишвар маълумот диҳем.
Сар аз 26-уми декабри соли ҷорӣ барномаҳои тозаи Сирки давлатии Тоҷикистон шурӯъ мешавад. Сирк аз ҳоло ба тамрини барномаҳои худ оғоз кардааст.
Ёфтҳои бештар