Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар нахустин рӯзи маъракаи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун мардуми кишвар бо маблағи 400 миллион сомонӣ ё муодили 92 миллион доллар саҳмия харидорӣ кардаанд. Ба гуфтаи ин сарчашма, дар ҳоли ҳозир иттилоъ дар бораи натоиҷи рӯзи аввали маърака дар минтақаҳо ҷамъоварӣ мешавад ва ҳаҷми умумии фурӯши саҳмияҳо да