Маҳофили сиёсӣ ва коршиносӣ дар Тоҷикистон ба интихоботи президентӣ дар Украина вокуниш нишон доданд. Радиои Озодӣ назари раҳгузарон дар Душанберо ҳам пурсид.
Нахуст намоиши “Фирдавсӣ” шоми 9-уми апрел дар Театри драммавии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ бо иштироки вазири фарҳанг, аҳли ҳунар ва тамошобинони зиёд намоиш дода шуд.
Зане, ки бо бадани сӯхта аз боздоштгоҳи муваққатӣ (ИВС) берун шуд ва аз бадрафтори маъмурони милиса шикоят кард, дар курсии айбдорӣ нишастааст. Мақомот Истад Қурбонова, сокини 68-солаи ноҳияи Айнии вилояти Суғдро ба “ғасби замин” ва “қасдан нобуд кардани молу мулки ғайр” муттаҳам мекунанд.
Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсид, то масали “Камбағалро дар болои шутур саг мегазад”- шарҳ диҳанд. Посухҳои ҷолибе гирифт. Шумо ҳам бубинед ва назаратонро аз тариқи Вотсапп, Вайбер, Телеграм ва Имо ба ин шумора фиристед. +420 724 053 959
Оғози муҳокимаи зани муттаҳам бо ғасби замин дар Суғд, мушкили сокинони пойтахти Тоҷикистон баъди боронҳову обхезиҳои моҳи равон, барномаи ташкили маркази муштараки матбуотии хабарнигорони тоҷику қирғиз, сӯхтор дар ноҳияи Нуробод ва бекории маҳбусони собиқ дар Тоҷикистон.
Макрами Дарвозӣ, як тоҷири сарватманд аз Тунис барои ҷустуҷуи решаҳояш ба Дарвози Тоҷикистон омадааст ва мегӯяд, маркази фарҳангии Тоҷикистон ва Тунисро таъсис медиҳад.
Ӯлмас Боронов як корманди собиқи фурудгоҳи Душанбе ҳафт моҳ пеш ба сафи бекорон пайваст. Дар ин муддат тамоми талошҳояш барои пайдо кардани кори нав бенатиҷа анҷом ёфтааст. Ҳатто дар сохтмонҳо ҳам ӯро ба кор қабул намекунанд.
Борони сахти рӯзи 21-уми апрел сабаби сел дар баъзе аз рустоҳои ноҳияи Турсунзода шуд. Як навраси 16-сола дар натиҷаи офати табиӣ ҳалок шудааст.
Петро Порошенко ва рақибаш Владимир Зеленский 19 апрел дар рӯбарӯи даҳҳо ҳазор нафар дар варзишгоҳи олимпии Киев баҳси тунде карданд. Порошенко ҳаҷвнигор Зеленскийро барои бетаҷрибагии сиёсӣ танқид намуд. Зеленский гуфт, ӯ сиёсатмадор нест, аммо омадааст, то низомро тағйир диҳад.
Сандуқи Умаралӣ Саидов, сокини шаҳри Душанбе, пур аз аризаву мактубҳоест, ки дар 13 соли охир ба мақомот навиштааст. Ба баъзе аз ин номаҳо ҷавоб гирифтааст, аммо мегӯяд, розӣ нест.
Марги чор шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазоқистон, муҳокимаи имкони мусодираи амволи Кабирӣ, тасдиқи дахолати Русия ба интихоботи президентии ИМА, бетаваҷҷуҳии тоҷикон ба китобхонӣ ва ҳаёти яке аз фарбеҳтарин мардони Тоҷикистон.
Ёфтҳои бештар