Волидони як ҷавон аз ноҳияи Фархор иддао доранд, ки мақомот 10 май писари гӯё бемори онҳоро маҷбурӣ ба комиссариати ҳарбӣ бурдаанд ва эҳтимол ӯ ба артиш фиристода шавад. Муҳаммад Сафаров 21-сола аст ва, ба гуфтаи наздикон, лакнати забон дорад ва дуруст гап зада наметавонад. Мақомот шарҳ намедиҳанд.
Гуруҳе аз афроди лол дар Тоҷикистон мехоҳанд, ки забони имову ишора дар муассисаҳои давлатӣ дарс дода шавад, то онҳоро ҳам фаҳманду дарк кунанд ва мушкилоташонро ҳал кунанд.
Муҳоҷири тоҷик Русия ба додгоҳи аврупоӣ кашид, дар саррофхонаҳои Тоҷикистон арзи хориҷӣ камчин шудааст, шикоят аз даъвати иҷборӣ ба артиш, болоравии нархи хун дар муассисаҳои беҳдоштии Тоҷикистон ва матолиби дигар.
Раҳбарон ва фаъолони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, омодагӣ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар соли 2020-ро шурӯъ кардаанд.
Бархе аз сокинони Душанбе доштани "шинос" ё хешу табор дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистонро зарур меҳисобанд, чун мегӯянд, "бо ёрии онҳо метавон бисёр мушкилҳоро ҳал кард". Назари дигаронро дар ин видео бинед.
Яке аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба Радиои Озодӣ видеои як бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар Маскавро фиристод, ки ба гуфтаи ӯ бесифат сохта шудааст ва ба ҷони сокинону биносозон хатар эҷод мекунад.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи душанбе гуфт, афзои боҷи маҳсулоти чинӣ ба хазинаи кишвараш миллиардҳо доллари изофӣ меорад. Ба қавли ӯ, аксуламали Чин ба қарори ӯ ҳеҷ таъсире ба иқтисоди Амрико нахоҳад дошт.
Пас аз панҷ рӯзи пур аз оби чашм ва интизорӣ, субҳи 14-уми май наздикони Гулбегим Раҳмонова ҷасади сарди ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешвоз гирифтанд. Онҳо мегӯянд, чунин пайомадро ҳаргиз чашмдор набуданд.
Зани муҳоҷири тоҷик Гулбегим Раҳмонова, ки дар Русия ҳалок шудааст, дар Тоҷикистон ба хок супурда шуд, падару писар бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуданд, молики қаҳвахонаи "Афсона" мунтазири ҷуброн аст ва матолиби дигар.
Додгоҳе дар Душанбе як падар ва писарро барои харидуфурӯши бангдона ба 17 сол зиндон маҳкум кард.
Ёфтҳои бештар