Додгоҳи шаҳри Душанбе Шоҳмансури пойтахт як хонаводаи афғонро, ки дар Тоҷикистон ҳаққи паноҳандагӣ хоста буд, ба риоят накардани меъёрҳои иқомат гунаҳкор донист ва амр дод, ки ӯро аз Тоҷикистон ихроҷ кунанд.
Баъди чаҳор соли бедарак будан, духтари Давлатбӣ Одинаева – сокини ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб – аз Сурия тамос гирифтааст. Вай аз модараш хостааст, ки агар тавонад пул фиристад, "то ҷони ӯ ва шаш фарзандашро харад".
Радиои Озодӣ давоми ҳафта дар бораи ошӯб дар зиндони Ваҳдат, фарзияи мақомоту мухолифон ва, инчунин, назари коршиносон дар бораи сар задани шӯриш ва вазъияти зиндонҳои Тоҷикистн гузориш дод. Ин дафъа аз чанд роҳгузар дар Душанбе пурсид, ки онҳо дар бораи ошӯб дар зиндон чӣ шуниданд ва чӣ медонанд?
Гулистон Ҳафтодова, сокини 44-солаи шаҳри Душанбе, дар суроғи писари гумшудааш ба қавле ба як детектив табдил ёфтааст. Ӯ тақрибан ду соли ахири умри худро ба ҷустуҷӯи фарзанд сарф кардааст.
Сокинони як бинои баландошёна мегӯянд, тай чаҳор соли ахире, ки дар ин макон зиндагӣ доранд, дар баробари набуди лифт, барои камбуди обу барқ ва дигар намуди хидматрасониҳо борҳо ба раҳбарияти ширкати “Мовароуннаҳр” муроҷиат кардаанд, вале бенатиҷа.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ду нафаре, ки шаби 21-уми май дар амалиёти Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) дар вилояти Владимир кушта шудаанд, бо эҳтимоли зиёд шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Марги ду муҳоҷир дар амалиёти ниҳодҳои амниятии Русия, талоши ҳомиёни ҳуқуқ ва наздикон барои раҳоии маҳбусон аз ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баъди ошӯб дар зиндони ноҳияи Ваҳдат, сарнавишти кӯдакони гумшуда ва матолиби дигар.
Сокини шаҳри Душанбе Умаралӣ Саидов, ки ахиран бо қарори нави Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳуқуқашро ба манзили аздастдодаи худ барқарор кард, рӯзи 23 май ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе омад, то аз нақши ин расона дар ҳалли парвандааш сипосгузорӣ кунад.
Тобистони имсол дар олимпиадаҳои ҷаҳонии риёзиёту физика ва информатика, ки аз ҷумла дар Лондон сурат мегирад, Тоҷикистонро 19 хонанда намояндагӣ мекунанд. Сездаҳ нафари онҳо аз литсейи хусусии "Ҳотам ПВ" ҳастанд.
Марями 5-сола аз деҳаи Алмосии ноҳияи Ҳисор наздик ба як сол аст, ки падарашро надидааст. Даъвати ӯ ин аст, ки падараш ҳарчи зуд ба ватан баргардад.
Як фаъоли ҳуқуқ ва раиси созмони "Ислоҳоти байналмилалии низоми маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ" гуфт, дар ним соли гузашта борҳо аз зиндони шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон дидан кардааст.
Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон бо иттиҳоми эътироз аснои сафари Президенти Тоҷикистон ба Русия ҷарима шуд, фарзандони Гулбегим Раҳмонова бесоҳиб намемонанд, падари сарбози фавтида ҷуброн мехоҳад, раҳоии "толиби амрикоӣ" ва матолиби дигар.
Ёфтҳои бештар