Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти шоҳиди марги Маҳмадназар Солеҳов


Маҳмадназар Солеҳов
Маҳмадназар Солеҳов

Раҳматулло Асадуллоев, собиқ раиси Кумитаи ҷавонон, аз пайвандон ва шоҳиди марги Маҳмадназар Солеҳов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон даргузаштааст.

Яке аз наздикони ӯ, ки аз овардани номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, солҳои ахир Раҳматулло Асадуллоев аз маризиҳои қанду саратони гурда азият мекашид ва барои табобат ба Эрон рафта буд. Вай афзуд, табибони эронӣ тасмим гирифтанд, ки як гурдаи ӯро нав кунанд, аммо ба далели он, ки собиқ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон бемории гепатити С низ дошт, ба ӯ маслиҳат доданд, то ба Тоҷикистон баргардад ва пас аз табобати гепататиташ ба Эрон ояд. Ин манбаъ гуфт, Раҳматулло Асадуллоев дигар ба Эрон рафта натавонист.

Раҳматулло Асадуллоев ҳанӯз дар поёни соли 2013 даргузаштааст, вале наздиконаш аз нашри хабари ӯ то ҳол худдорӣ кардаанд.

Раҳматулло Асадуллоев ягона шоҳиди марги Маҳмадназар Солеҳов, собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд, ки 17-уми июни соли 2009 дар манзили зисташ, ба таъйиди мақомоти расмӣ, худкушӣ кард. Аммо ҳамсар ва писараш ба расонаҳо гуфтанд, ки ӯро ба ҳалокат расонданд.

Рӯзи ​18-уми июни ҳамон сол бо ширкати Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он овозаҳо дар бораи кушта шудани Маҳмадназар Солеҳовро инкор карданд. Абдураҳмон Бузмаков, он замон сарвари раёсати кофтукоби ҷиноии вазорати корҳои дохилӣ ва ҳоло муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ки гурӯҳи боздошти Маҳмадназар Солеҳовро раҳбарӣ мекард, дар шарҳи ин ҳодиса аз ҷумла гуфт, ки қабл аз худкушӣ генерал Раҳматулло Асадуллоевро ба ҳузури худ хонд ва ӯ шоҳид аст, ки собиқ вазири корҳои дохилӣ худро бо туфангчааш ба ҳалокат расондааст.

Аз рост. Раҳматулло Асадуллоев ва Эмомалӣ Раҳмон.
Аз рост. Раҳматулло Асадуллоев ва Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ин нишасти матбуотӣ додситонӣ Раҳматулло Асадулоев, собиқ раиси Кумитаи ҷавонони Тоҷикистонро минҳайси хешованд ва шоҳиди ҳодиса даъват кард. Мавсуф фарзияи расмиро дар бораи худкушии Маҳмадназар Солеҳов тасдиқ кард, аммо гуфт, «вақте санксияи боздоштро оварданд, Маҳамадназар Соҳибович хостанд, ки ҳамчун ҷинояткор не, балки ҳамчун генерали ҳақиқӣ аз дунё равад.»

Маҳмадназар Солеҳов аз соли 1992 то 2009 яке аз афроди калидии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёфт. Ӯ дар ин муддат додситони кул, муовини вазири корҳои дохилӣ, раҳбари дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур, раиси Додгоҳи конститутсионӣ ва раиси Шӯрои адлияи Тоҷикистон буд. Соли 2006 вазири корҳои дохилӣ таъин ва моҳи январи соли 2009 аз ин вазифа сабукдӯш шуд.

Додситонии кулли Тоҷикистон ӯро бар асоси 5 иттиҳом - сӯъистифода аз мақом, дахолат ба тафтишот, пинҳон доштани муттаҳам ва хариди ду мошини хориҷӣ аз ҳисоби буҷа муттаҳам мекард. Иттиҳоми “сӯъистифода аз мақом” ба куштори фармондеҳи ОМОН–и вазорати умури дохила Олег Захарченко дар санаи 2 феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм рабт дошт.

Раҳматулло Асадуллоев, номзади улуми сиёсӣ, дар гузашта дар мақомҳои муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонони Тоҷикистон, узви Шӯрои амният ва мудири шӯъбаи мудофиаи дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон буд. Солҳои 2003 - 2005 Кумитаи кор бо ҷавонони Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.

Дар интихоботи парлумонии соли 2005 аз рӯйхати 22-нафарии ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон(ҲХДТ) ба узвияти Маҷлиси намояндагон нафари охирин буд. Он сол 16 нафар аз ин рӯйхат узвияти парлумонро ба даст оварданд. Соли 2009 вақте яке аз онҳо вазифа гирифт ва бояд Раҳматулло Асадуллоев ба Маҷлиси намояндагон мерафт, вале номзадии ӯро ҲХДТ қабул накард.

Бино ба гуфтаи манбаи Озодӣ, пас аз он сол Раҳматулло Асадуллоев асосан дар беморхонаҳои дохилу хориҷ машғули табобат буд.
XS
SM
MD
LG