Додгоҳе дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон қарори вазорати фарҳанг, иттилоъ, варзиш ва сиёсати ҷавонони он кишварро оид ба маҳдуд кардани сомонаи хабарии "Клооп" ғайриқонунӣ донист. Дар ин бора "Клооп" 18 март хабар дод.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бо роҳбарии Милош Костичи словенӣ ба тамрин шуруъ кард.
Арзиши имсолаи сафари сокинони Тоҷикистон барои ҳаҷҷи фарзӣ 57 ҳазор сомонӣ, зиёда аз панҷ ҳазор доллар, муқаррар шудааст.
Русия шаҳрванди Узбекистон Ҳасанҷон Аминовро, ки ба куштани соҳиби як меҳмонхона дар шаҳри Истанбул гумонбар мешавад, ба Туркия истирдод кардааст.
Як автобуси масири Чимкент-Новосибирск дар ҳудуди вилояти Алтайи Русия чаппа шудааст.
Ба панҷ донишҷӯйи хориҷии мусулмон, аз ҷумла як нафар аз Тоҷикистон, ҳангоми намозгузорӣ дар ҳудуди Донишгоҳи Гуҷарат ҳамла шудааст.
Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-23) зери роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев омодагиро ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 15-уми апрел то 3-юми май дар Қатар баргузор мешавад, оғоз кард.
Роҳбари ташкилот оид ба ҳуқуқи инсон дар Узбекистон "Эзгулик" Абдураҳмон Ташанов дар бораи муносибати бераҳмона нисбати як кӯдак дар Самарқанд хабар дод.
Низомиҳои қазоқистонӣ ба баландиҳои Ҷулон расиданд. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи Қазоқистон рӯзи 16 март хабар доданд. Онҳо нахуст ба шаҳри Димишқи Сурия рафта ва аз онҷо бо мошин то пойгоҳи ҳифзи сулҳи Фавар расидаанд.
Дар Русия ҳадди ақал 80 касро дар 20 шаҳр боздошт кардаанд, хабар медиҳад тарҳи ҳомии ҳуқуқи "ОВД-Инфо".
Додситонии Русия барои ҳомии ҳуқуқи 72-солаи муҳоҷирон Татяна Котляр 1,5 соли зиндон талаб кардаанд.
Умар Зиёев, овозхони шинохта, узви пешини дастаи "Гулшан" ва ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, рӯзи 17-уми март даргузашт.
Ёфтҳои бештар