Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Андоз, барқ, сӯхтор... Парлумон 137 санҷиши соҳибкоронро кам накард


Сабаби барои бозбинӣ баргардондани тарҳи мазкур ин будаст, ки ба қавли вакилони парлумон лоиҳа ҳанӯз натавонистаст, барои фаъолияти шаффофи соҳибкорӣ дар кишвар заминаро фароҳам кунад.

Парлумони Тоҷикистон баъд аз баҳсу баррасиҳои зиёд лоиҳаи Қонун "Дар бораи санҷиши фаъолияти соҳибкорон"-ро қабул накард. Ин лоиҳа, ки ба гуфтаи муаллифонаш бо ҳадафи коҳиши теъдоди санҷишҳо ва ниҳодҳои санҷишӣ таҳия шудааст, дар иҷлосияи рӯзи 28 октябр саволҳои зиёди вакилонро ба миён овард ва барои бозбинӣ баргардонда шуд.

Сабаби барои бозбинӣ баргардондани лоиҳаи мазкур дар он аст, ки ба назари вакилони парлумон ҳанӯз ҳам лоиҳаи мазкур натавонистаст, барои фаъолияти шаффофу озоди соҳибкорӣ дар кишвар заминаро фароҳам кунад. Ин дар ҳолест, ки масъулони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ мегӯянд, дар сурати қабул ва иҷро шудани ин лоиҳа “шонаҳои бизнес” аз бори гарони тафтишу санҷишҳои бесасос раҳо хоҳад шуд.

Ҳоло, ба гуфтаи онҳо, фаъолияти соҳибкоронро дар Тоҷикистон 137 ниҳоди давлатӣ тафиш мекунанд, ки чунин санҷишҳои паёпай на ҳама вақт ба фоидаи давлат меанҷомад, балки баръакс, монеи рушди соҳибкорӣ дар кишвар мешавад.

Қодири Қосим
Қодири Қосим

Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ зимни муаррифии ин лоиҳа дар иҷлосияи парлумон гуфт, “лоиҳаи зерин санҷиши худсаронаи ниҳодҳои тафтишотиро аз байн мебарад ва дар моддаҳои нави қонун муайн шудааст, ки кадом мақомоти санҷишӣ кадом намуди фаъолиятро тафтиш мекунанд. Дар сатҳи ҳукумат як мақомоти ҳамоҳангсози фаъолияти санҷишӣ низ ташкил мешавад, ки аллакай аз як соли пеш шумораи санҷишҳоро ки нисбати ин ё он субъекти хоҷагидор сурат мегирад, муайян хоҳад кард,” -- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Қодири Қосим, то имрӯз шумори санҷишҳо номуаяйн буд ва соҳибкорон умдатан аз санҷишҳои такрориву беасоси ниҳодҳои зиёди тафтишии мақомот шикоят мекарданд. Дар аксар ҳолатҳо ҳамин тафтишоти беохир боис мешавад, ки соҳибкорон аз бизнесашон дилсард мешаванд ва корро канор мегузоранд.

Шариф Раҳимзода дар бораи санҷиши фаъолияти соҳибкорон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

Ҷамшед, як соҳибкори тоҷик, ки ба фурӯши маводи ғизоӣ машғул аст, мегӯяд, аз санҷишҳои пайвастаи ниҳодҳои давлатӣ хаста шудааст ва барои пешбурди кораш вақт намеёбад. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, рӯзе нест, ки ба мағозааш намояндагони идораи андозу “Тоҷикстандарт”, беҳдошту зиддисӯхтор ва пулис, ё нозири минтақавӣ меҳмон нашаванд ва ин бозрасон асосан на санҷиши кор, балки “чизи дигар” мехоҳанд.

Ҷамшед мегӯяд, ҳар моҳ аз се як ҳиссаи даромадаш барои “чойпулӣ”-и ин нозирон сарф мешавад.

Ҳарчанд таҳлилгарон дар шароити феълӣ, соҳибкориро яке аз роҳҳои хуби сарватманд шудани шаҳрвандон ва рушди иқтисод дар кишвар арзёбӣ мекунанд, аммо шурӯи тиҷорат ва пешбурди бомуваффақи он барои аксари соҳибкорони тоҷик ба осонӣ даст намедиҳад. Зиёд будани ниҳодҳои санҷишӣ ва пайваста мавриди тафтиш қарор гирифтани ширкатҳову корхонаҳо дар солҳои ахир мунҷар ба он гардидааст, ки аксари соҳибкорон тиҷоратро тарк кардаанд.

Тибқи омори расмӣ, дар як соли ахир 18 ҳазор соҳибкор дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ намудаанд.

Бежан Мирзоев аз ҷумлаи соҳибкоронест, ки 4 соли пеш бо охирин маблағҳои захиравиаш корхонаи нӯшокиву шарбати мева таъсис дод. Вай умедвор буд, ки як тиҷорати бузургу муваффақеро дар кишвар ба роҳ мемонад ва ба ин васила зиндагии худу хонаводаашро пеш мебарад. Аммо Бежан бо таассуф мегӯяд, бо гузашти 2 сол аз шурӯи кори худ, натавонист дар ин самт ба комёбӣ ноил шавад ва билохира аз ин фаъолият даст кашид. Вай мегӯяд, пеш аз ҳама мизони андозҳо хеле баланд буда, ба соҳибкори тозакор ягон имтиёз дода намешавад.

Шариф Раҳимзода
Шариф Раҳимзода

Дар ҳамин ҳол, Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва молияи парлумони Тоҷикистон рӯзи 28 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “дар қонуни нав ҳамаи субъектҳои хоҷагидор вобаста ба сатҳи таваккал гурӯҳбандӣ хоҳад шуд. Яъне агар субъекти хоҷагидор тамоми қавонинро риоя мекунад, он гоҳ ба гурӯҳе дохил мешавад, ки санҷишаш дар 5 сол як маротиба анҷом мегирад. Вале онҳое, ки ба нақзи қонун роҳ медиҳанд, муҳитро ифлос мекунанд ва ё вобаста аз технологияи истеҳсоли маҳсулоташон бояд пайваста таҳти назорат бошанд, онҳо ба дигар гурӯҳ ворид хоҳанд шуд.”

Иқтисоддонон ва соҳибкорон тафтишҳои сершумори ширкатҳои хусусиро аз тарафи ниҳодҳои давлатӣ яке аз монеаҳои ҷиддии рушди соҳа мешуморанд ва аз давраи таҳрими санҷишҳо, ки соли 2011 барои корхонаҳои истеҳсолӣ ба мӯҳлати се сол бо дастури раисиҷумҳур ҷорӣ шуда буд, ҳамчун муҳаррики рушди иқтисод ёдовар мешаванд. Ҳоли ҳозир аксаран онҳое, ки фаъолияти соҳибкориро ба роҳ мондаанд, ба тиҷорати хурду миёна машғул ҳастанд. Зеро, ба гуфтаи бархе аз мусоҳибони мо, дар Тоҷикистон ба роҳ мондани тиҷорати бузург, аз ҷумла тавлиду фурӯши моли саноатӣ ё истеҳсолот серхарҷ буда, ояндаи рӯшан надорад.

Зимнан, ба иттилои расмӣ дар Тоҷикистон, ҳудуди 300 ҳазор соҳибкори инфиродӣ фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG