Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости зидди "манъи рӯймол" дар мактабҳои Қазоқистон баррасӣ нашуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи конститутсионии Қазоқистон шикояти сокинонро ба зидди фармони вазири маорифи ин кишвар дар бораи либоси ягонаи мактабӣ баррасӣ накард.

Ин ниҳод дар шарҳи қарори худ гуфтааст, аз таъйин, таҳқиқ ва тафтиши масъалаҳое, ки ба салоҳияти додгоҳу мақомоти давлатии дигари Қазоқистон шомил мешаванд, худдорӣ меварзад.

Ба назари волидон ва вакилони дифои онҳо, ин қарор бозгӯи он аст, ки додгоҳ танҳо намехоҳад масъалаи мазкурро баррасӣ кунад.

Волидони як гурӯҳ аз хонандаҳо дар Қазоқистон 14-уми май ба Додгоҳи конститутсионии ин кишвар шикоят карданд, ки фарзандони онҳоро бо рӯймоли сафед ба дарс роҳ намедиҳанд.

Онҳо аз додгоҳ дархост карданд, банди 13-и фармони вазири маорифи Қазоқистонро, ки вуруди хонандагонро бо рӯймоли сафед ба дарсҳо манъ мекунад, ғайриконститутсионӣ эълом кунад.

Дар ҳоли ҳозир ба додгоҳҳои шаҳру вилоятҳои Қазоқистон 13 шикоят бо талаби ғайриқонунӣ номидани банди фармони вазири маорифи ин кишвар, ки даромадани духтаронро ба дарс бо рӯймол манъ мекунад, ворид шудааст.

Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон низ моҳи декабри соли 2017 шикояти даҳҳо падару модареро қонеъ накард, ки мегуфтанд, қарори раҳбарияти мактабҳо барои роҳ надодани духтаронашон бо рӯймол ба дарс ғайриқонунӣ аст.

Дар Қазоқистон чанд сол пеш маъракаи зидди пӯшидани ҳиҷоб роҳандозӣ шуд. Мақомоти он кишвар гуфтанд, манъи ҳиҷоб дар мактбаҳо барои мубориза бо тундгароӣ зарур аст.

XS
SM
MD
LG