Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоеву Эрдуғон ҷаҳони исломро ба "оштӣ" хонданд


Нурсултон Назарбоев ва Раҷаб Тайип Эрдуғон, раисони ҷумҳурии Қазоқистон ва Туркия дар поёни мулоқоти дурӯза дар шаҳри Истанбул кишварҳои мусалмониро ба оштӣ даъват кардаанд.

Президентҳо аз ташдиди ташаннуҷ миёни кишварҳои пешрафтаи мусалмонӣ ибрози нигаронӣ карда ва гуфтаанд, "ин амр ба ваҳдати мусалмонон" таҳдид мекунад.

Ин ду раиси ҷумҳур аз кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ хостаанд, то аз даъвати оштӣ миёни кишварҳои мусалмонӣ пуштибонӣ карда ва инро ҳамчун як платформаи сиёсии нав барои мусалмонон дар солҳои оянда қабул кунанд.

XS
SM
MD
LG