Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон – палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон дар суҳбат бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсиюни Русия, ба қазияи занозании хунини қабристони Хованское ва ихроҷу марги муҳоҷирони тоҷик дахл кардааст. Оқои Зуҳуров гуфтааст, дар панҷ соли охир аз Русия ба Тоҷикистон тобути 4815 муҳоҷири тоҷик фиристода шудааст, ки ҳудуди 400 нафари онҳоро ҷинояткорон куштаанд вале на ҳамаи гунаҳкорон ҷазо гирифтаанд.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи порлумони Тоҷикистон, ба Озодӣ гуфт, ки мулоқот 19 май дар Русия сурат гирифтааст. Ба қавли ӯ, Шукурҷон Зуҳуров хостори муҷозоти омилони занозании хунини Маскав шуда ва гуфтааст, ки "ин ҳодиса ба вазъи будубоши муҳоҷирони тоҷик таъсири манфӣ гузошт".
Инчунин, раиси порлумони Тоҷикистон аз ихроҷи, ба гуфтаи ӯ, бидуни асоси муҳоҷирони тоҷик аз қаламрави Русия шадидан нигаронӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, "суръати баррасии парвандаи муҳоҷирон ва судури қарорҳо касро ба ҳайрат меорад. Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти дахлдори кишвари иқомат ин корро на дар асоси қонунҳо, балки аз рӯи нақша амалӣ мекарда бошанд."
Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 17 май бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт Петербурги Русия рафта буд.