Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як сокини Рашт дар зери тарма


Дар пайи фаромадани тарма дар ноҳияи Рашт як сокини 22-солаи ин минтақа ҷон бохтааст. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса рӯзи 10 январи имсол дар мавзеи “Сари обпар”-и ноҳияи Рашт иттифоқ афтод. Ба қавли манбаъ, дар маҷмӯъ, ду сокини ноҳияи Рашт зери тарма монда буданд, аммо якеи онҳо бо ёрии атрофиён наҷот дода шудааст. “Онҳо барои ҷамъоварии ҳезум рафта, ҳангоми фаромадани тарма аз кӯҳ дар зераш монданд”, - гуфтанд дар Вазорати умури дохилӣ. Дар фасли зимистон дар минтақаҳои кӯҳии кишвар ҳтимоли фаромадани тарма бештар мешавад ва мақомот дар рӯзҳои сарду сербарф аз сокинон мехоҳанд, то ҳангоми сафар ба чунин минатқаҳо эҳтиёткор бошанд.

XS
SM
MD
LG